ПАНДҲОИ БУЗУРГОН @pandhoi_buzurgon Channel on Telegram

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

@pandhoi_buzurgon


ДАР ИН САҲИФА ПАНДУ НАСИҲАТҲОИ БУЗУРГОН, АЗ ҲАДИСҲО ВА ДУЪОҲОИ МУБОРАК ГУЗОШТА МЕШАВАД!!!

"ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР,
НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР!!!".

БА МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА ИН САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД!!!

@PANDHOI_BUZURGON

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН (Tajik)

Дар каналҳои муҳим дар Телеграм, каналҳои кӯмакӣ ва маълумотӣ бо мавзӯъҳои мухталиф вуҷуд доранд. Центри каналҳои муздадифон, каналҳои кӯмакӣ аз феълияти пайваста ба пандёҳои маълумотӣ, илмиёт, муружаат ва дигар фанхо мубориза мекунанд

Канал ПАНДҲОИ БУЗУРГОН мекунад дастони барои гузаштан ва меҳнати бузургони таҳти ислом дар мавзӯъҳои хадисҳо ва дуъоҳо. Матни канал муборизати баррасони садои атрофи маҷлисҳои бузургони динии ислом ба шиехон ва оломуён дар таълимҳои диниву маърифатӣ пешгӯзор мекунад. Ин канал ёфтани маълумот таълимӣ ва интихоботи беҳтарро барои анҷом додани машғулётҳо ва фалсафаҳои динии анҷомӣ ҳам муборизат медиҳад

Дар канал ПАНДҲОИ БУЗУРГОН ба шумо муридони муҳтарам, ёрдамгар ва дустон обуният мебарзад. Ма намиид, шумо ба ин канал лутф мекунед ва маълумоти зиёд дар замонаи аст будан ва омӯзгории худ барои дигаронро парчайд. Ба мо биёйед ва ба дустонотонро ҳам ба ин канал таклиф намоед! @pandhoi_buzurgon

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 13:43


Ман нагӯям, ки маро аз қафас
озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам
шод кунед.
Фасли гул мегузарад,
ҳамнафасон баҳри Худо
Биншинед ба боғеву дилам шод
кунед.
Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, эй
мурғон,
Чун тамошои гулу лолаву
шамшод кунед.
Ошёни мани бечора агар сӯхт, чӣ
бок!
Фикри вайрон шудани хонаи
сайёд кунед

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 07:45


Эдисон дар сини пирӣ пас аз ихтироъи чароғи барқӣ яке аз сарватмандони Амрико ба шумор мерафт ва тамоми даромад ва сарвати худро дар озмоишгоҳаш, ки дар бинои бузурге ҷойгир буд, хазина мекард. Ин озмоишгоҳ бузургтарин ишқи пирамард буд.
Дар ҳамин рӯзҳо буд, ки намашабе ба писари Эдисон хабар доданд, ки озмоишгоҳи падараш оташ гирифта месӯзад ва коре аз дасти касе бар намеояд. Маъмурони оташнишонӣ танҳо дар фикри ба дигар биноҳо нагузаштани оташ ҳастанд. Онҳо тақозо доштанд, ки ин ҳодиса ба наҳваи қобили қабуле ба пирамард расонида шавад.
Писари Эдисон бо худ андешид, ки эҳтимол пирамард бо шунидани ин хабар сакта мекунад. Барои ин падарашро бедор накард ва худ ҷониби озмоишгоҳ равон шуд. Чун писари Эдисон ба маҳалли ҳодиса расид, дар камоли тааҷҷуб падарро дид, ки рӯ ба рӯи оташ дар сандалие нишаста сухтани озмоишгоҳашро тамошо мекунад.
Писар тасмим гирифт, ки наздик наравад ва падарашро нороҳат накунад. Ӯ меандешид, ки падараш дар бадтарин шароити умраш қарор дорад.
Ногаҳон Эдисон писарашро дид ва бо садои баланд ва саршор аз шодӣ фарёд зад: Писарам, ту инҷоӣ? Мебинӣ чи қадар зебост? Рангомезии шӯълаҳоро мебинӣ? Ҳайратовар аст. Ман фикр мекунам, ки он шӯълаҳои бунафш ба иллати сухтани гугирд дар канори фосфор ба вуҷуд омадаанд. Худои ман, хеле зебост. Кош ҳоло модарат низ инҷо мебуд ва ин манзараи зеборо медид. Камтар касе дар тули умраш имкони дидани чунин манзараи зеборо хоҳад дошт. Назари ту чист писарам?
Писар ҳайрон ва бо таааҷҷуб ҷавоб дод: Падар, тамоми зиндагиатон дар оташ месӯзад ва шумо аз зебоии шӯълаҳо суҳбат мекунед? Чи гуна метавонед? Ман ҳоло тамоми баданам меларзад, аммо шумо ором нишастаед?
Эдисон гуфт: Писарам, аз дасти ману ту коре намеояд. Маъмурон ҳам тамоми талошашонро карда истодаанд. Дар ин ҳолат беҳтарин кор лазат бурдан аз тамошои манзарае аст, ки дигар шояд асло дида натавонем.
Дар мавриди озмоишгоҳ ва бозсозии он фардо фикр мекунем. Ҳоло мавқеъи ин кор нест. Ба шӯълаҳои зебо нигоҳ кун, ки дигар ин имконро нахоҳӣ дошт.

Томас Алва Эдисон соле баъд дар озмоишгоҳи ҷадидаш машғули кор буд ва ҳамон сол яке аз бузургтарин ихтироъи башарият - дастгоҳи забти садоро тақдими ҷаҳониён кард. Оре ӯ фонографро расо як сол пас аз он ҳодиса ихтироъ намуд.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 07:45


Рӯзе ҷавоне аз пире насиҳат хост. Пир гуфт:
▪️Эй ҷавон! Қуръон бихон қабл аз он, ки бароят Қуръон (фотеҳа) бихонанд.
▪️Намоз бихон, қабл аз он ки бароят намоз (ҷаноза) бихонанд.
▪️Аз таҷрибаи дигарон истифода кун, қабл аз он ки таҷрибаи дигарон шавӣ.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 07:45


Ҳикояи дирӯзу имрӯз:

Марде барои дуздӣ аз девори хонае боло рафт ва хост аз панҷара ворид шавад, ки ногаҳон панҷара канда шуд ва дузд ба замин афтоду пояш шикаст. Дузд назди қозӣ шикоят кард. Қозӣ соҳибхонаро бозхост намуд ва гуфт, ки чаро панҷараат суст буд?
Соҳибхона гуфт:
— Наҷҷор (чӯбтарош) панҷараро суст сохтааст, ман бегуноҳам.
Қози наҷҷорро наздаш хост ва итоб намуд.
Наҷҷор гуфт:
— Ман панҷараро хуб сохтаам, бинокор онро хуб насб накардааст.
Қозӣ бинокорро хост ва иллат ҷӯё шуд.
Бинокор гуфт:
— Масолеҳи сохтмонӣ номуносиб фурӯхта шудааст.
Қозӣ савдогарро бозхост намуд.
Чун савдогар натавонист дигареро муқассир нишон диҳад, гунаҳгор дониста шуд ва қозӣ фармуд, ки ӯро ба дор овезанд.
Вақте ки савдогарро назди чуби дор бурданд, қадаш паст буд ва ба таноби дор намерасид. Мавзӯъро ба қозӣ расониданд.
Қозӣ гуфт:
— Як нафарро, ки қадаш баланд аст пайдо кунед ва ба дор овезед, то мавзӯъ хатм шавад ва ҳоким аз мо розӣ бошад.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 07:45


Искандари Румӣ дар овони ҷаҳонгирӣ бо ҳилаи зиёд ҳисореро бикушод ва ба вайрон кардани он фармон дод. Гуфтанд: "Дар онҷо ҳакимест доно ва бар ҳалли мушкилоти ҳикмат тавоно". Вайро талаб дошт. Чун биёмад, шакле дид аз қабули табъ дур ва табъи ақли қабул аз вай нуфур. Гуфт: "Ин чи сурати ғариб ва шакли муҳиб (бадҳайбат) аст"? Ҳаким аз он сухан барошуфт ва хандон-хандон дар он ошуфтагӣ гуфт:

Таъна бар ман мазан ба сурати зишт
Ай тиҳӣ аз фазилати инсоф!
Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,
Кор шамшер мекунад, на ғилоф!

📗 Баҳористон / Ҷомӣ

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 07:45


Муҷассамаи чубии Пиноккио (Pinocchio) вақеъ дар яке аз боғҳои Британия. Муҷассама барои он гузошта шудааст, ки кӯдакон бо дидани сарафкандагӣ ва димоғи дарози ӯ аз фарҷоми бади дуруғгӯӣ огоҳ шаванд.

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 07:45


Як паланги тезпо ва қудратманд агар бо ҳазор километр суръат ҳам бидавад, бозҳам наметавонад парвоз кунад, аммо як гунҷишки кӯчак бо камтарин суръат ҳам парвоз мекунад. Зеро барои параоз ниёз ба бол дорад, на суръат ва ё қудрат.
Боли парвози мо инсонҳо, зеҳнамон аст. Муваффақият ҳеҷ рабте ба ҷисм, зебоӣ, ҷинсият, қудрат ва сину сол надорад. Дарсади муваффақияти инсонҳо вобаста ба дарсади истифода аз қудрати зеҳнашон аст. Ба қавли Малоно ки мегуяд:

Раҳи осмон дарун аст, пари ишқро биҷунбон
Пари ишқ чун қавӣ шуд, ғами нардбон намонд.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 07:45


Аз шоҳ Амири Кабир пурсиданд, ки дар ин муддати кӯтоҳ чигуна тавонистӣ мамлакатро аз ҷабри дуздон халос намудӣ?
Шоҳ гуфт: Ман худам дуздӣ накардам ва нагузоштам, ки вазирам дуздӣ кунад ва онҳам бо пайравӣ аз ман намегузошт зердасташ дуздӣ кунад ва то охир ҳамин тавр...
Аагр ман худ дуздӣ мекардам, аркони давлат то охир дуздӣ мекарданд ва кишвар мешуд дуздхона ва ҳама дунболи дузд мегаштем. Дар ин ҳол чун ҳамаамон дузд будем, ҳеҷ дуздеро маҳкум карда наметавонистем.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya 🕊

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 07:45


🤲 Дуо барои дунё ва охират:

Худованди мутаол дар Қуръон аз ду гурӯҳ дуокунандагон ёд мекунад: Як гурӯҳи онҳо чашм ба дунё дӯхтаанд ва ба ҷаҳони охират беэътино ҳастанд. Онҳо дар моқоми дуо низ аз Худованд фақат дунёро мехоҳанд ва мегуянд: Худовандо, ончи мехоҳӣ ба мо бидиҳӣ, дар дунё бидеҳ. Чунин касоне дар охират бебаҳраанд.
Гурӯҳи дувум касоне ҳастанд, ки ҳам назар ба дунёи худ доранд ва ҳам эхтиқод ба охират. Онҳо ин гуна дуо мекунанд:

"Парвардигоро, дар дунё ба мо некӣ бидеҳ ва дар охират низ ба мо некӣ бидеҳ ва моро аз оташи дузах дур нигаҳ дор!"

t.me/azharzoveya 🕊

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 07:45


#Оя:

1. Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат;
2. Ва қасам мехӯрам ба нафси итоаткунанда, ки (одамӣ баъд аз мурдан, албатта, барангехта хоҳад шуд). (Сураи Қиёмат ояҳои 1-2)

#Тафсир:

1) Бовар кардан ба рӯзи қиёмат яке аз рукнхои асосии Ислом мебошад. Савганди Аллоҳтаъоло ба он рӯзи ҳавлнок аз як сӯ агар мақоми баланд доштани он рӯзро назди Ӯ таъоло собит созад, аз сӯйи дигар далолати бешакку шӯбҳаи воқеъ гаштани он рӯз аст. Аммо кадом вақт Қиёмат ба вуқӯъ меояд танҳо Худованди бузург медонад. Дар Қуръони маҷид нишонаҳои он рӯз дар чандин сура зикр гардидааст.

2) Нафси маломатгар нафси муъмини худотарсу парҳезгор аст, ки соҳиби худро бо иҷрои амали хилофи ризои Худо маломат мекунад. Агар гуноҳе аз сӯйи ӯ содир шавад, пас нафсаш бо маломат ба Ӯ мегӯяд: "Чаро чунин кардӣ? Магар аз Худо натарсидӣ? Дар охират чӣ ҷавоб хоҳӣ дод? Ту нигоҳ накун, ки гуноҳат сағира (хурд) аст, балки ту андеша намо, ки чӣ касеро нофармонӣ кардаӣ? ва монанди инҳо.
Агар кори хайру савоб намояд, пас нафсаш ба ӯ мегӯяд: чӣ кори накӯ вале кам кардӣ! Аз савоб фирефта нашав! Амали солехро бисёртар кун! Охир, ҳама ин ба фоидаи худат ҳаст ку! Ана, ҳамин тавр нафси мӯъмин дар ҳарду ҳалат ҳам соҳибашро маломат мекунад, ки ба манфиати соҳибаш аст. Хулоса, вақто ки Худованд ба нафси маломаткунанда қасам ёд кардааст, маълум мешавпд, ки нафси маломаткунанда ва соҳиби он назди Худо ҳурмати бузург дорад.

📖 Тафсири Осонбаён

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

07 Feb, 07:45


📖 Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро зикр кунед, зикри бисёр. (Аҳзоб 41)

▪️Ибни Аббос (р) мефармояд: Худованд ибодатеро бар бандагонаш фарз накарда, магар онки барояш ҳадде мушаххас қарор дода сипас аҳли онро дар ҳолати узр маъзур донистааст, магар зикр.

📗 (تفسیر بغوی)