Sputnik Тоҷикистон @sputnik_tajikistan Channel on Telegram

Sputnik Тоҷикистон

@sputnik_tajikistan


Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем

Бо забони русӣ: @SputnikTj

Сомона: https://sputnik-tj.com/

ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot

Sputnik Тоҷикистон (Tajik)

Даркор аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мебошед! Sputnik Тоҷикистон канали рسмии Sputnik бо забони тоҷикӣ ва русӣ барои шумо янгишавии рӯзгори Тоҷикистон ва хабарҳои сурудшудаи Осиёи Марказӣ пешкаш медиҳад. Агар шумо дорои пӯшоҳии хабарҳо ва рӯзгорҳои тоҷикистонии мушоҳанда иштирок намуда, ба Сputnik Тоҷикистон мешавед ва хабарҳои тажриб табло мегиринд.

Ба намудани канал дар ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Огози фикр ва пешгоҳиҳо: @SputnikTjfeedback_bot

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 17:15


Дар Русия қурби сомонӣ андаке поин рафт.

Дар бозори арзи Русия қурби сомонӣ нисбат ба рубли русӣ тамоюли поинравӣ нишон додааст. Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 16:51


Тоҷикистону Русия масоили расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва ҳифзи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ карданд.

Намояндагони Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳамроҳ бо масъулини Сафорати кишвар дар Маскав бо роҳбарони дастгоҳи кории Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия доираи васеи масъалаҳоро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла тарафи Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати мусоидат дар рушди ҳамкориҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак изҳор кардааст.

Ҷониби Русия изҳор дошт, ки барои ҳалли масоили марбут ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, мусоидат хоҳад кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 16:17


Канданиҳои фоиданок ба маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Феҳрасти маҳсулоти калидии содиротии Тоҷикистонро дар тасвирбаён бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 15:47


71 сол қабл Хрушёв Қримро ба ҳайати ҶШС Украина ворид кард.

"Аз Қрим то Русия роҳи дур аст. Украина наздиктар аст. Пешбурди ҳама гуна корҳои иқтисодӣ осонтар мешавад. Ман аллакай дар ин бора бо шахсоне сӯҳбат кардам. Украиниҳо, албатта, оби даҳонашон мерезад, онҳо хеле шод хоҳанд шуд, агар мо ба онҳо Қримро диҳем. Бо Федератсияи Русия фикр мекунам, ки ба созиш меоем”.

▪️Фармон дар бораи аз Федератсия Русия ба ҶШС Украина додани вилояти Қрим баъди ду моҳ — 26 апрели соли 1954 тасдиқ карда шуд.

▪️Моҳи январи соли 1991 93% сокинони Қрим барои барқарор кардани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Қрим ва ҷудо шудан аз ҶШС Украина овоз доданд.

Қрим дар моҳи марти соли 2014 дар пайи як раъйпурсӣ пас аз табаддулоти Украина дубора ба як минтақаи Русия табдил ёфт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 15:15


Тоҷикистон ҳаҷми воридоти гандумро 2,4 баробар афзоиш додааст.

Аз аввали сол ҷумҳурӣ ҳудуди 113 ҳазор тонна ғалла харид.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 14:49


Трамп ба ошкоргӯӣ одат кардааст - Лавров.

Ин гуна одамон андешаи худро дар бораи шахсиятчаҳое ба мисли ҷаноби Зеленский, пинҳон намекунанд, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Русия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 14:17


🇺🇦 🇺🇸 Трамп ба захираҳои маъдании Украина таваҷҷуҳ кард, зеро дар соли 2024 Киев баҳодиҳии ҳаҷми онро боло бурда, хостори ҳимояти Амрико шуд.

Воқеан, Украина он миқдор захираи металлҳои нодирро надорад, ки Вашингтон ба он умед мебандад, менависад Bloomberg бо истинод ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА.

Фоидаи иқтисодии истихроҷи маъданҳои исботшудаи Украина низ суолбарангез аст, таъкид кардаст нашрия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 13:47


ИМА ва Русия як қадами муҳиме дар роҳи ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина гузоштанд - Песков.

Сухангӯи раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки тасмим дар бораи баргузории интихобот дар Украина наметавонад дар Вашингтон ё Маскав қабул шавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 13:15


Тоҷикистон хостори дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам аст.

Ин нуктаро раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни қабули эътиромднома аз як қатор сафирони кишварҳои хориҷӣ баён дошт.

Тавсеаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самаранок миёни кишварҳоро Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои умдаи муштараки давлатҳо маънидод намуд, иттилоъ додаст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 13:10


Раҳмон барои даъвати баҳории ҷавонон ба қувваҳои муасаллаҳи Тоҷикистон фармон дод.

Хизматчиёне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ моҳҳои май ва апрел амалӣ мешавад, омадааст дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 12:55


Мусобиқаи навбатии муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов 15 март дар доираи мусобиқаи лигаи RCC Boxing дар Екатеринбург баргузор мешавад. Рақиб то ҳол маълум нест.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 12:37


Лавров манфиати Русия аз муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 12:19


Бахши гуфтугӯ ва гӯш кардан ба имтиҳони кӯдакони муҳоҷир дар Русия шомил мешавад - Рособрнадзор.

Дар умум санҷиши забони русии кӯдакон аз бахшҳои "Гуфтугӯ", "Гӯш додан", "Хондан", "Навиштан, "Луғат" ва "Грамматика" иборат хоҳад буд, иттилоъ додаст ин ниҳод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 12:00


Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Тафсилоти ҳавои рӯзи 20 февралро дар тасвирбаён бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 11:47


Нукоти асосии дигари изҳороти Лавров дар Думаи давлатӣ:

▪️Дар мулоқот дар Риёз ба мавзӯи Украина таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

▪️Музокирот дар Риёз оғози ҳаракатро барои ба эътидол овардани равобити Русия ва ИМА нишон дод.

▪️Дар ҷараёни музокираҳо дар Риёз ИМА нишон дод, ки ба рафъи монеаҳо дар роҳи лоиҳаҳои эҳтимолӣ бо Русия манфиатдор аст.

▪️Ҳафтаи оянда мулоқотҳои минбаъдаи сатҳи олӣ миёни Русия ва Сурия ба нақша гирифта шудаанд.

▪️Дар ду соли оянда Маскав ният дорад дар 7 кишвари Африқо сафоратхонаҳо кушояд.

▪️Си Ҷинпин дар баробари Рӯзи Ғалаба аз Русия боздид мекунад ва Путин дар моҳҳои август-сентябр ба Чин сафар мекунад.

▪️Русия метавонад танҳо қаламрави Арктикаи худро азхуд кунад, пас шарикони Шӯрои Арктика ҷуз аз барқарор кардани ҳамкориҳои муқаррарӣ чораи дигаре надоранд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 11:18


Монеасозиҳо барои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба манфиати Русия нест - Лавров.

Назорату тартибот зарур аст, аммо ташдиди бархӯрду роҳандозии низоми раводид бо кишварҳои собиқ шӯравӣ ба дурнамои манофеи Русия созгор нест, изҳор дошт вазири корҳои хориҷӣ дар Думаи давлатӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 10:47


Сарвазири Тоҷикистон ва раисҷумҳури Эрон то ним млрд доллар расондани гардиши колоро баррасӣ карданд.

Мулоқоти Коҳир Расулзода бо Масъуд Пизишкиён дар доираи сафари расмӣ ба Теҳрон сурат гирифт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Feb, 10:20


Тоҷикистон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи амволи давлатӣ ҳудуди 53 млн сомонӣ даромад гирифтааст.

Беш аз 40 млн сомонӣ ё 77% аз ҳисоби хусусигардонӣ ва беш аз 12 млн сомонӣ ё наздики 23% аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ соли 2024 ба буҷа ворид шудааст, иттилоъ дод Кумитаи идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 16:47


Ҷузъиёти нав аз ошӯб дар зиндони Ваҳдат.

Ҳабибулло Ваҳидзода, додситони кулли кишвар дар нишасти хабарӣ ин ҳодисаро шарҳ дода, гуфт, ошӯбгарон сардори зиндонро ҷароҳатдор карданд.

Ҳоло нисбати онҳо бо ду модда: "сӯиқасд ба куштор" ва "номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 16:21


Захарова: Ширкатҳои кишварҳои узви ИИАО бо назардошти оқибатҳои манфии эҳтимолии ҳамгироии Арманистон бо ИА ба ин кишвар умед баста наметавонанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 15:49


Сайёҳон ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар доранд.

Ҷамшед Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта аз ҷумҳурӣ беш аз 1 млн гардишгар дидан кард, ки ин рақам нисбат ба соли 2023, 17% бештар аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 15:22


Дар Тоҷикистон корхонае, ки як замон калонтарин истеҳсолкунандаи орд дар Осиёи Марказӣ буд дубора фаъол мешавад.

Ин корхона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавҷуд аст ва замони Шӯравӣ дар як шабонарӯз то 500 тон орд истеҳсол мекард.

Аммо солҳои охир аз фаъолият монд ва акнун ба иттилои раиси ин ноҳия моҳи март корхонаи мазкур дубора ба кор оғоз мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 14:49


Харҷ барои пуштибонӣ аз Исроил ба як "халои сиёҳ" дар иқтисоди ИМА табдил ёфтаст - Эрдуғон.

Мавҷи нави таҷовузи Исроил дар навори Ғазза бо ҳимояти Амрико боиси талафоти бештари исроилиён хоҳад шуд, изҳор дошт раисҷумҳури Туркия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 14:15


🇺🇸 🇺🇦 USAID дар тахриби Калисои православии Украина ширкат дошт.

Аз соли 2021 то 2024 оҷонси амрикоӣ барои Украина 30,6 млрд доллар харҷ кардааст. Ин 21% тамоми хароҷоти USAID-ро ташкил медиҳад. Сухангӯи ВУХ Русия, Мария Захарова муфассал гуфт, ки ин маблағ барои чӣ сарф шудааст:

▪️Барои "нигоҳ доштан"-и суботи макроиқтисодии Украина. Ҳатто Киев дар бораи самаранокии ин пулҳои ИМА саволҳо дорад. Дар асл, ин як тарҳи фасодист.

▪️Барои тоза кардани майдони иттилоотии Украина. "Дастгирӣ"-и Вашингтон аз матбуот ба он оварда расонд, ки дар мамлакат ягон фикри алтернативӣ намондааст.

▪️Барои таҷдиди сохтори судии Украина.

▪️Барои маблағгузории Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва сиёсӣ.

"Маҳз ҳамин сохтор буд, ки мунтазам таҳқиқоти сотсиологӣ таҳия мекард, ки дар он нишондодҳои бардурӯғи пуштибонии ҷамъият аз калисои ҷудоихоҳ мавҷуд буд. Маълум шуд, ки ин ҷунбиш аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шудааст. Амалан ин тахриби масеҳият дар Украина аст", - гуфт ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 13:37


Дар як хобгоҳи Маскав муҳоҷирони тоҷик заҳролуд шуданд.

Ба навиштаи расонаҳо ҳудуди 20 нафар иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол доданд.

Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо дар ҷои корашон дар майдони сохтмон хӯрок хӯрдаанд.

Ҳоло Роспотребнадзор тафтишоти эпидемиологиро оғоз кардааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 13:02


Ҳисоби пули интиқолдодаи муҳоҷирон имкон надорад - раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Интиқоли маблағҳо тариқи кортҳо, ҳамёнҳо ва ғайра ба чанд бонк сурат мегирад, гуфт Фирдавс Толибзода ба @Sputnik_Tajikistan ва тавзеҳ дод, ки таҳлилу таҷзияи маълумот дар бораи маболиғ, ки чӣ миқдор ба муҳоҷирин меҳнатӣ тааллуқ дорад ва чӣ қадар ба афроди дигар, вуҷуд надорад.

"Аз ин хотир, вақте имкони ҳисобу китоб ва табақабандии маболиғ вуҷуд надорад, мо ҳам наметавонем рақами мушаххасро эълон кунем”, - гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 12:42


14 феврали соли 1945 62 бомбандози В-17-и ИМА, ки аз пойгоҳҳои назди Лондон парвоз карда, ба чои Дрезден Прагаро бомбаборон карданд.

Амрикоиҳо инро ҳамчун "хатои навигатсионӣ" шарҳ доданд.

Дар бомбандозии 5-дақиқаӣ 701 нафар кушта ва 1184 нафар маҷруҳ шуданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 12:17


Дар Агентии мубориза бо коррупсия ҳамагӣ 19 нафар зан фаъолият доранд.

Аз 19 зане, ки ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият мекунанд, 6 нафар дар ҳайати роҳбарикунандаанд, иттилоъ дод Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 11:52


Дар доираи фасодкорӣ дар сохтори мудофиаи Тоҷикистон нисбати 78 мақомдор айб эълон шудаст.

Аз 123 млн сомонӣ зарари ошкоршуда беш аз 107 млн сомонӣ ба буҷет барқарор шуд. Вобаста ба қариб 15 млн сомонии дигар аризаи даъвогӣ пешниҳод шудаст, иттилоъ дод Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон.

Дар доираи парванда 43 нафар муттаҳам аз ҳисоби кормандони мудофиа, 3 нафар аз КДАМ, 2 нафар аз Вазорати молия ва боқимонда аз дигар сохторҳо буданд. Парванда ба додгоҳ ирсол шудаст, афзуд манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 11:30


Бӯи баҳор меояд: Ҳаво дар Тоҷикистон то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Тоҷикистонро ҳавои асосан бебориш дар пеш аст, иттилоъ доданд ҳавошиносон. Тафсилотро дар тасвирбаён бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 11:08


Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро дар сатҳи 21% ҳифз кард.

Ин ниҳод дурнамои меъёри миёнаи бозтамвилро барои соли 2025 аз 17-20%-и қаблӣ то 19-22% боло бурд.

Таварруми солона дар Русия, тибқи ҳисобҳо то 10 феврал, 10%-ро ташкил дод.

Бонки марказӣ афзуд, таварруми солона соли 2025 то 7-8% коҳиш ёфта, дар соли 2026 ба 4% хоҳад расид.

Ин ниҳод ҳамчунин пешгӯии афзоиши қарздиҳии ипотекиро дар соли 2025 аз 8-13%-и қаблӣ то 3-8% коҳиш дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 10:46


Пахта дар асл несту дар ҳисобот ҳаст: Масъулини омор дар Суғд боздошт шудаанд.

Алайҳи роҳбарони мақомоти омори ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ барои сохтакории ҳисобот дар мавриди ҷамъоварии пахта парванда боз шудаст, иттилоъ дод Агентии зидди коррупсия.

Манбаъ гуфт, ин мақомдорон якҷо бо ширкатҳо беш аз 1,4 ҳазор тонна пахтаи набударо ба ҳисобот ворид кардаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 10:25


Мақомдорони маҳаллӣ ва мудофиаю маориф дар садри фасодкорони Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Агентии мубориза бо фасод вазъи фасодкориро таҳлил карда, гуфт, соли гузашта аз ҷониби кормандони мақомоти маҳаллиии иҷроия 257 чунин ҷиноят содир шудаанд:

◾️Дар бахши маориф ва илм - 172 ҷиноят.
◾️Мудофиа - 171 ҷиноят.
◾️Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ - 123 ҷиноят,
◾️Вазорати корҳои дохилӣ - 74 ҷиноят.
◾️Кумитаи идораи замин ва геодезӣ - 94 ҷиноят.
◾️Ҳокимияти судӣ - 28 ҷиноят.
◾️Дар низоми тавлиду интиқолу тақсими барқ - 121 ҷиноят.
◾️Бонкҳои давлатию тиҷоратӣ - 65 ҷиноят.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 10:02


Санадҳои фасодзо дар Тоҷикистон ошкор шудаанд.

Дар пайи ташхиси 1426 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 293 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳод шуданд, иттилоъ дод Агентии зидди фасоди Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 09:45


Ҷудокорони ҷавони тоҷик аз Тунис бо ду медал бармегарданд.

Ворис Назаров дар вазни 73кг нишони нуқра ва Муҳаммад Фармонбеков дар вазни 66кг дар мусобиқаи Tunisia African Cup 2025 медали тило гирифт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 09:25


Трамп хориҷ шудани Русияро аз Ҳафтгонаи бузург - G7 хатои Обама хонд.

"Ман мехостам, ки Русия ба G7 баргардад", - гуфт ӯ.

Трамп афзуд, Маскав бояд дар сари миз ҷой дошта бошад, зеро "тамоми гуфтугӯҳои G7 дар бораи Русия аст".

Айни замон ба форумҳои G7 Британияи Кабир, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопон шомиланд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 09:02


Зарари аз ҳама калони молиявӣ дар сохтори Вазорати мудофиа ошкор шудаст.

Дар сохтори мудофиа 122,7 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, иттилоъ дод Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.

Инчунин дар сохтори гумрук 21 млн сомонӣ, дар сохтори ВКД 17 млн сомонӣ ва Вазорати адлия 6,9 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд, афзуд манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Feb, 08:35


Соз нашуд, савдо шуд: Устои мошин дар Душанбе "Тойота"-и мизоҷро ба ҷои таъмир, фурӯхтаст.

Таъмиргари 31-сола дар пойтахт мебоист мошинро давоми ду ҳафта таъмир карда, бармегардондаст, иттилоъ дод мақомоти милисаи Душанбе.

"Аммо нақлиёти мазкурро дар нуқтаи фурӯши нақлиётҳои корношоям ба маблағи 30-ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта, ба манфиати худ сарф намудааст", - иттилоъ дод манбаъ.

Тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи усто бо моддаи қаллобӣ идома дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 11:54


Дар вилояти Хатлон ҳудуди 5 ҳазор ҳодисаи нақзи қонунгузории замин ошкор шудааст.

Маблағи умумии ҷаримаҳо аз 2,4 миллион сомонӣ гузашт, шарҳ дод муовини сардори идораи заминсозии вилоят Дилшод Ризозода.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 11:38


Путин ба Девони вазирон дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо ФСБ ва Вазорати корҳои дохилӣ чораҳо барои ҷилавгирӣ аз зангҳои ҷиноӣ аз Украина ва дигар кишварҳои ғайридӯстро таҳия кунанд.

Мӯҳлати иҷрои фармон то 1 июли соли 2025 аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 11:14


Тоҷикистон соли 2024 ба қимати 6,5 млн доллар ва ё 186 ҳазор тонна ангишт содир кардааст.

Ин нисбат ба соли 2023 32,4 ҳазор тонна ё 1,9 млн доллар бештар аст.

Ба гузориши Вазорати саноати ҷумҳурӣ, харидори асосии ангишти тоҷик Узбекистон буда, содирот ба Афғонистон ва Покистон камар шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 11:09


Сохтмони 5 маркази логистикӣ дар Тоҷикистон то охири сол оғоз мешавад.

Онҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва Данғара бунёд мешаванд.

Лоиҳакашӣ, банақшагирӣ ва асосҳои техникӣ-иқтисодӣ аллакай анҷом ёфтанд, қайд кард вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 10:44


Эҳтимолияти бархӯрди астероиди 2024 YR4 бо Замин ду баробар афзоиш ёфтааст.

Агар пештар шонсҳо каме бештар аз 1% ҳисоб шуда бошанд, ҳоло онҳо 2,3% мебошанд. Олимон чунин мешуморанд, ки диаметри ҷисми осмонӣ хеле калонтар — на 70, балки 90 метр аст.

Санаи эҳтимолии бархӯрд аллакай 22 декабри соли 2032 ном бурда шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 10:21


🛫Фурудгоҳи Душанбе дар соли 2024 қариб ба 8,5 ҳазор парвоз хидматрасонӣ анҷом додааст, хабар медиҳад Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 10:11


Рӯзе бе фоҷиа нест: Дар Аляска зимни суқути ҳавопаймо 10 нафар кушта шуд.

Ҳавопаймо аз Уналаклет ба Номе парвоз мекард, аммо дар минтақаи Нортон Саунд аз назарҳо нопадид шуд. Пас аз як рӯз наҷотдиҳандагон харобаҳои ҳавопайморо ошкор карданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 09:55


Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон зиёд шуд.

Соли гузашта дар 13 кони ҷумҳурӣ беш аз 2,5 млн тонна ангишт истеҳсол шудааст.

Ба гузориши Вазорати саноат, истихроҷ нисбат ба соли 2023 наздики ним миллион тонна бештар аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 09:35


🇵🇸🇮🇱Артиши Исроил тасдиқ кард, ки се гаравгони исроилӣ дар Ғазза ба дасти кормандони Салиби Сурх супурда шуданд.

Дар маркази навори Ғазза дар чаҳорчӯби марҳилаи чаҳоруми табодули асирон раҳоии гаравгонҳо идома дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 09:21


🏭 Дар Тоҷикистон соли гузашта 74 корхона барҳам хурдааст, ки бештараш дар Суғду Хатлон будааст.

Ба гузориши Вазорати саноат, ин нисбат ба соли 2023 50-то кам аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 09:15


🇷🇺⛽️Русия манъи содироти бензинро то 28 феврал тамдид кард.

Тавре ки дар қарори ҳукумати Русия гуфта шудааст, мамнӯъият ба интиқол ба кишварҳои ИИАО дахл надорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 08:54


Муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, бояд то 30 апрел худро қонунӣ гардонанд.

Барои ин онҳо бояд ба пулис ё маркази муҳоҷирати "Сахарово" муроҷиат кунанд, то будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ ва аз ихроҷи худ пешгирӣ намоянд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба маводи Вазорати корҳои дохилии Русия.

Ин ба хориҷиёне дахл дорад, ки беш аз 3 моҳ дар Русия бидуни патент ё иҷозаи кор қарор дошта, иҷозаи иқомати муваққатӣ ё иҷозаи иқомати доимӣ надоранд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 08:21


Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия дар мулоқоти Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои узви СПАД ва раисони кумитаҳои порлумон ширкат дошт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 08:12


Пас аз боздиди Нетаняҳу Вашингтон интиқоли силоҳ ба Исроилро ба маблағи беш аз 7 млрд доллар тасдиқ кард, хабар дод Пентагон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 07:52


⬆️Дар Тоҷикистон маошу нафақа ва стипендия боло мешавад.

Ба арсоси фармони раисҷумҳур, ки моҳи сентябри имсол вориди амал мешавад, ҳадди ақалли музди меҳнат дар ҳама соҳаҳо 1000 сомонӣ хоҳад шуд.

Ҳамзамон моҳонаи хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, муаллимон, олимон, духтурон ва кормандони соҳаи тиб аз 20 то 30% боло мешавад.

Ҳамзамон нафақа ва инчунин иловапулҳо 10% зиёд мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 07:44


ИМА интиқоли силоҳро ба Исроил ба маблағи умумии 7,4 млрд доллар тасдиқ кард, хабар дод Пентагон.

Трамп қаблан хабар дода буд, ки Исроил метавонад баъди ба охир расидани ҷанг бахши Ғаззаро ба ИМА супорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 07:15


Содирот аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 96,2 млн долларро ташкил додааст.

Ин рақам дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2023 тақрибан сеяк коҳиш ёфтааст.

Тавре аз Агентии содиротии Тоҷикистон иттилоъ доданд, интиқоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон 39,2% кам шуда, маҳсулоти кишоварзӣ 44,7% зиёд шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 06:45


Зеленский изҳор дошт, ки омода аст бо Трамп созишнома бандад ва бо ӯ масъалаи истихроҷи якҷояи маъданҳои табииро дар Украина баррасӣ кунад.

Дар мусоҳиба бо Reuters ӯ қайд кард, ки сухан танҳо дар бораи даромади муштарак аз захираҳо ва "амнияти ҷаҳони ғарбӣ" меравад.

Трамп қаблан гуфта буд, ки Вашингтон ба ивази пуле, ки барои Украина сарф шудааст, ба чизе ниез дорад.

Вай инчунин гуфт, ки бо Зеленский мавзӯи маъданҳои табиии Украинаро муҳокима хоҳад кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Feb, 06:16


Сифати таҳсил дар Тоҷикистон соли гузашта беҳтар шудааст.

Чунин хулосаро Агентии назорат дар соҳаи маориф дар пайи санҷиши корҳои хаттӣ дар 15 муассисаи олӣ баровардааст.

Бар асоси додаҳои ин ниҳод, сифати таҳсилот 43,7% ва дараҷаи азхудкунӣ 70,2%-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 2023 сифати дониш 5,6% ва сатҳи азхудкунӣ 6,8% баланд гардиданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 16:07


Бӯстон нисфи нақшаи бунёди иншооти ҷашниро иҷро кард.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлол дар шаҳри Бӯстон беш аз 220 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудст, иттилоъ доданд мақомоти Суғд.

Манбаъ афзуд, ки то ҳол алакай беш аз 100 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 15:27


Тақрибан 1500 аскари ИМА ба марз бо Мексика расиданд.

Нерӯҳои низомӣ барои таҳкими минтақаи байни Сан Диего ва Тихуана фиристода шудаанд ва ба марзбонон кумак мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Амрикои Лотинӣ аллакай эътирози худро нисбат ба усулҳои президенти нави ИМА баён кардаанд.

Ҳамин тариқ, Густаво Петро, ​​раисиҷумҳури Колумбия гуфт, ки барои фуруд омадани ҳавопаймоҳои ҳомили шаҳрвандони депортшудаи Колумбия иҷоза намедиҳад ва Иёлоти Муттаҳида бояд тартиби ихроҷи муҳоҷиронро ба "бо шаъну шарафтар" иваз кунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 14:51


Маҷлиси миллӣ қонун дар бораи истеҳсолоти органикиро баррасӣ мекунад.

Аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 3 феврал ҳамчунин тағйирот ба қонунҳо дар "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ", "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" ва "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ"-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 14:12


Путин ҳафтаи оянда сафарҳои минтақавӣ анҷом хоҳад дод.

Масъалаҳои таҳияи ҳавопаймоҳои бесарнишинро баррасӣ мекунад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Россия 1".

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 13:33


🇮🇱🇱🇧 Лубнониҳо ба маконҳои иқоматашон бармегарданд.

Чанд соат пеш мӯҳлати 60-рӯза барои аз минтақаҳои ҷанубии кишвар баровардани артиши Исроил ба охир расид.

Сокинон алакай ба зодгоҳҳои худ баргаштанд, ки қаблан аз сабаби ҳамлаҳои Тел-Авив тарк карда буданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 12:53


Белорус ба чатри ​​ҳастаӣ ниёз дорад, то дар борони ҳастаӣ тар нашавад - Лукашенко.

"Ҳеч кас бо мамлакати ҳастаӣ намехохад ҷанг кунад, ҳатто ИМА", - изҳор дошт раисҷумҳури Белорус.

Президент қайд кард, ки силоҳи ҳастаӣ дар Белорус асосан ба шарофати Шойгу пайдо шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 12:12


Украина ҳанӯз шикаста нашудааст, вале бешубҳа дар зону қарор дорад, менависад The ​​Times.

Нашрия қайд мекунад, ки муноқишаи Украина 4 сенарияи эҳтимолиро дорад:

▪️Мағлубияти Украина, агар Трамп пуштибонӣ аз Киевро бас кунад, имконпазир хоҳад шуд

▪️Тақсимоти Украина

▪️созишнома дар бораи оташбас ҳамчун марҳилаи мобайнӣ пеш аз бастани созишномаи сулҳ.

▪️Музокираҳое, ки дар он "Украина аз мавқеи қавӣ ширкат хоҳад кард", аммо ин вариант ғайриимкон номида мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 11:32


Лукашенко дар шарҳи замони поёни низоъ дар Украина гуфт, чароғ дар охири нақб имсол пайдо мешавад.

Вай таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида Русияро маҷбур намекунад, ки ба манфиати худ дар робита ба Украина амал кунад.

Раисҷумҳури Белорус афзуд, русҳо ҳеҷ гоҳ Қримро ба Украина барнамегардонанд ва дар ҷойҳое, ки ҳастанд, тарк нахоҳанд кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 10:47


Ҳамос Исроилро дар нақзи оташбас муттаҳам кард.

Исроил бо ҷилавгирӣ аз бозгашти фаластиниҳо ба шимоли Ғазза созишро нақз мекунад, эълон дошт Ҳамос.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 10:08


🇺🇦 Зеленский гуфт, ба музокирот омода аст.

Таҳти фишори маъмурияти нави ИМА ӯ изҳор дошт, ки гуфтушунидро на барои худ, балки барои ҳамаи сокинони дигари Украина манъ кардааст.

"Ҳамаи ин ба хотири ҷилавгирии ҷудоихоҳӣ дар кишвар ва имкони муколамаи махфӣ анҷом дода мешавад", - таъкид кард Зеленский.

Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки Русия, Украина, Амрико ва Аврупо бояд дар ин раванд ширкат кунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 09:27


Додситони кулли Тоҷикистон дар парлумон ҳисобот хоҳад дод.

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, ки 3 феврал даъват шудаст, ҳисоботи Прокурори генералии Тоҷикистон дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди кишвар дар соли 2024 ҳисобот хоҳад дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 08:52


Сокини Твер Салоҳиддин Ашӯров дар сабти тақаллубии муттаҳамони ҳамла ба "Крокус" гунаҳкор дониста шуд.

Додгоҳ ӯро дар 14 ҳолати сабти тақаллубӣ, аз ҷумла ба қайд гирифтани бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳо гунаҳкор донистаст, ки дар мусоидат ба ҳамла ба "Крокус" муттаҳаманд.

Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо - падар ва ду писаранд. Диловар соҳиби мошини Renault Symbol будааст, ки террористон бо он аз ҷойи ҳодиса фирор карданд. Вай ин мошинро дар моҳи феврал фурӯхт, аммо полиси суғуртаро иваз накардаст.

Ҳеҷ кадоме аз Исломовҳо худро гунаҳкор намедонанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 08:08


🇺🇸 Трамп манотиқи аз сӯхтор осебдидаи Калифорнияро аз ҳаво тамошо кард.

Ҳангоми парвоз ӯ оқибатҳои сӯхтор, аз ҷумла дар Пасифик - Палисадро, ки ба харобазор табдил ёфтаст, арзёбӣ кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 07:27


Ҳайати нозирони СҲШ дар пайи панҷ рӯзи овоздиҳии пешакӣ дар интихоботи президентии Беларус ягон қонуншиканиро сабт накардааст.

Ин нуктаро дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Ермекбоев баён дошт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 06:52


Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе 270-солагии донишгоҳро ҷашн гирифт.

Ба таҷлили Рӯзи донишҷӯён мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон, Вера Хуторская ва дигар кормандони намояндагии дипломатӣ омаданд.

Вай саҳми бузурги филиалро дар таҳкими ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон қайд намуда, ҳайатро бо ҷоиза – ордени "Барои меҳнати шуҷоатнок", ки Владимир Путин супурдааст, табрик гуфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорат.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 06:07


Фарогирии кӯдакон дар Панҷакент бо таҳсили томактабӣ бештар мешавад.

Дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сохтмони кӯдакистон барои 300 кӯдак идома дорад, иттилоъ доданд мақомоти Суғд.

Дар умум ҳадаф гузошта шудаст, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар Тоҷикистон 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бунёд шавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 05:27


Дар Беларус интихоботи президентӣ оғоз шуд.

Ҳавзаҳои интихоботӣ аз соати 8 то 20 кор мекунанд. Овоздиҳӣ дар хориҷа пешбинӣ нашудааст.

Барои курсии раҳбари давлат 5 номзад, аз ҷумла президенти феълии ҷумҳурӣ Александр Лукашенко мубориза мебаранд.

Агар ҳеҷ яке аз номзадҳо бештар аз 50% овозҳоро ба даст наоварад, даври дуюми интихобот эълон мешавад.

Тибқи Конститутсияи Беларус, президент ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Вай бояд шаҳрванди кишвар бошад, ки синнашон аз 40 боло бошад, на камтар аз 20 сол дар ҷумҳурӣ зиндагӣ дошта бошад, шаҳрвандӣ ё иҷозати иқомат дар кишвари дигар ва доғи судӣ надошта бошад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Jan, 05:11


🇰🇵 Ҷумҳурии халқии демократии Корея мушаки болдори стратегии аз зери об партобшударо бомуваффақият озмоиш кард.

Ким Чен Ин санҷишро тамошо кард. Партоби мушак ба амнияти кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ нарасондааст, хабар медиҳад телевизиони марказии кишвар.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 15:45


Бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе ки ҳамкориро бо ду бозингари хориҷияш қатъ кард.

Инҳо футболбози хати ҳимоя – Кейта Сузукии ҷопонӣ ва Мэтю Миллари австралиягӣ мебошад.

Дафтари матбуоти даста гуфтааст, ки бо ба анҷом расидани қарордоди ҳамкорӣ, дар тасмим шуд, ки онро тамдид накунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 15:16


🇮🇷🇹🇯 Эрон мехоҳад аз Тоҷикистон об интиқол кунад.

Дар ин бора Муҳаммадризо Муҳсини Сонӣ, узви порлумони Эрон дар мусоҳибо бо хабаргузории ИРНА изҳор дошт.

Вай гуфт, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои бартар дар ҳавзаи тавлиди оби ширину дорои манобеи ғании об аст ва пас аз сафари Пизишкиён интизор дорем заминае фароҳам шавад то оби Тоҷикистон ба шарқи Эрон интиқол ёбад.

Эрон интизор дорад дар ҳавзаи масоили энержӣ ва об ба тафоҳумҳое бо Тоҷикистон бирасад, таъкид кард вай.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 14:47


Дар ИИАО боркашонӣ ва мусофиркашонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2024 ҳам гардиши умумии мусофирон дар саросари ИИАО (нисбат ба соли 2023 7,2%) ва ҳам нишондиҳандаҳои миллӣ афзоиш ёфт:

▪️ дар Қазоқистон - 13,6%
▪️ дар Беларус - 9,2%
▪️ дар Русия - 6,5%
▪️ дар Қирғизистон – 5,2%

Дар ҳамин ҳол, дар давраи ҳисоботӣ гардиши бор дар Қирғизистон 5,9%, Беларусу Қазоқистон 1,9% ва Русия 0,1% афзуд.
Суръати афзоиш дар иттидодия бошад, 0,3 фоизро ташкил дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 14:15


🇺🇸🇷🇺 Зиёд фикр накарда: Трамп рӯзҳои наздик ба Путин занг мезанад.

Раисиҷумҳури мунтахаби ИМА алакай ба ёварон дастур додааст, ки пас аз маросими савгандёдкунии имрӯза сӯҳбати телефонӣ ташкил кунанд, хабар медиҳад CNN.

Сиёсатмадор мехоҳад имкони мулоқоти шахсӣ бо раҳбари Русияро баррасӣ кунад ва "кӯшиш кунад, ки ба ҷанг дар Украина хотима бахшад".

Дар пасманзари изҳороти Трамп дар бораи хоҳиши гуфтугӯ бо Путин, ёдовар мешавем, ки чанд вақт пас аз савгандёдкунӣ президентҳои ИМА ва Федератсияи Русия бо ҳам тамос гирифтанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 13:59


💉 Пеш аз ҳаҷ эмкунӣ.

Аз 1 феврал ҳамаи сайоҳон ва ҳоҷиёне, ки қасди сафар ба Саудиро доранд, бояд бо ваксинаи менингит эм шаванд.

Ин тадбир барои таъмини муҳити солим дар чорабиниҳои бузурги динӣ зарур аст, хабар медиҳад расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Вазорати тандурустии кишвар.

Эмкунӣ бояд аз синни 2-солагӣ ва на дертар аз 10 рӯз пеш аз рафтан ба ин кишвар анҷом дода шавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 13:15


Талафоти умумии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Курск аз 53 ҳазор нафар гузашт, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.

Дар давоми 24 соати охир душман 460 аскар ва чор танкро талаф дод, илова намуд ин ниҳод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 12:46


⚽️ Фонди ҷоизавии Ҷоми ФФТ имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ин чоабинӣ зери сарпарастии бевоситаи президенти Федератсияи футболи кишвар Рустами Эмомалӣ доир мешавад.

Ба иттилои ФФТ, ғолиби мусобиқаи 50 ҳазор, барандаи медали нуқра 30 ва медалҳои биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ мукофот мегиранд.

Гуфта мешавад, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутои даста аз минтақаҳои Суғду Хатлон роҳ меёбанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 12:16


Бозсозии соҳаи тандурустӣ дар Ғазза як кори мураккабест, ки "миллиардҳо доллар сармоягузорӣ"-ро талаб мекунад.

Дар ин бора Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гузориш дода, гуфтааст, ки ин ӯҳдадории устувори донорҳо ва ҷомеаи байналмилалиро тақозо мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 11:48


🐍Дар яке аз кӯдакистонҳои Узбекистон намоиш бо кобраҳои заҳрноки Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштааст.

Кобраҳои Осиёи Марказӣ як намуди нодир буда, ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд. Ғайр аз ин маъмурияти боғча дар вақти намоиш бехатарии бачагонро таъмин накардааст.

Вазъият аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Узбекистон таҳти назорат гирифта шуда, Вазорати корҳои дохилӣ дар робита ба ин ҳодиса тафтишотро оғоз кардааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 11:32


Дар Тоҷикистон хатари резиши тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.

КҲФ ҳушдор дод, ки минтақаҳои ВМКБ, кӯҳҳои Ҳисор ва роҳҳои Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Лахш, Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ишкошим махсусан хатарноканд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 11:15


20 январи соли 1991 Қрим барои баромадан аз ҳайати Украина овоз дод.

Дар раъйпурсии охирин 93%-и сокинони нимҷазира ба ҷонибдорӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун як ҷумҳурии алоҳидаи Шӯравии Қрим овоз доданд.

▪️Аммо, Украина ҳеҷ гоҳ иродаи мардуми Қримро ба инобат нагирифтааст.

Аллакай 12 феврал ҳукумати Киев эълон кард, ки ҶШС Қрим барқарор карда шавад - аммо, чун як қисми Украина, на ҳамчун як қисми ИҶШС.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 10:44


Дар Чин мардеро эъдом карданд, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Чжуҳай издиҳоми мардумро пахш кард.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 25 нафар кушта ва 43 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Издиҳомро Фан Вейтсуи 62-сола пахш намуд, ки аз занаш ҷудо шуд ва аз сабаби ноумедӣ аз зиндагӣ тасмим гирифт, ки "ғазабашро берун кунад".

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 10:19


💵 Ҳеҷ чизи шахсӣ нест: Трамп таҳдид кард, ки ҳама гуна кӯмак ба Афғонистонро қатъ мекунад.

Бо вуҷуди ин, боз миллионҳо доллар метавонад ба кишвар ворид шавад, ба шарте ки Толибон* тамоми таҷҳизот ва аслиҳаи амрикоиҳо дар онҷо гузошташударо баргардонанд, гуфт президенти интихобшудаи ИМА дар нутқи дар арафаи савгандёдкунӣ баёнкардааш.

Соли 2021 Иёлоти Муттаҳида тақрибан ба маблағи 7 млрд силоҳро дар Афғонистон гузошт.

* Гуруҳ барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 09:55


Созишномаи оташбас бо Ҳамос таслими Исроил буд, гуфт сардори ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 09:43


👳🏻‍♂️Гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз ихроҷ метарсанд.

Гуё дар ҷумҳурӣ тафтиш ва ҳодисаҳои ба Ватан ихроҷи маҷбурӣ тез-тез руй медиҳанд, хабар медихад Student News.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор дошт, ки онҳо танҳо онҳоеро, ки қонунгузории муҳоҷиратро нақз кардаанд, ихроҷ хоҳанд кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 09:16


📚Соли гузашта дар Тоҷикистон барои чопи адабиёти таълимиву методӣ 93,7 млн сомонӣ сарф кардаанд.

Бо ин маблағ наздик ба 4,7 млн мавод нашр шудааст, ки 340 ҳазор нусха ва наздик ба 11 млн сомонӣ бештар аз соли 2023 аст.

Ба гузориши Вазорати маориф, китобу дастуроти нашршуда 112 номгӯ буда, барои макотиб ва муассисаҳои томактабӣ пешбинӣ шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 09:08


🛩 Аввалин парвози Душанбе - Панҷакент бори дигар ба таъхир афтод: бори сеюм.

Ҳавои номусоид ба парвози ҳавопаймоҳо монеъ мешавад, хабар медиҳад "Тоҷик Эйр".

Ҳоло санаи нави парвоз 21 январ ба нақша гирифта шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 08:48


🇺🇦🇺🇸 "То охирин украинӣ": низоъ дар Украина метавонист дар охири соли 2022 ба поён расад, аммо раҳбари департаменти давлатии ИМА ба идомаи ҷанг дар Украина исрор кард, менависад New York Times.

Дар охири соли 2022 Марк Миллӣ, раиси ситоди низомии Пентагон ба Киев пешниҳод кард, ки аз вазъи нисбатан мусоид дар майдони ҷанг истифода карда, бо Маскав ба музокироти сулҳ ворид шавад.

Бо вуҷуди ин, "Энтони Блинкен исрор кард, ки мубориза идома ёбад", менависад нашрияи амрикоӣ. Рӯзномаи NYT менависад, ки вай "аксар вақт зидди мансабдорони камқудрати Пентагон ба тарафдории фиристодани силоҳи пуриқтидори ИМА баромад мекард" ва ҳатто ба қимати талафоти зиёд дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, тамдиди низоъ менамуд.

Блинкен ҳамчунин масъули афзоиши хушунатҳо дар навори Ғазза дониста мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Jan, 08:17


🇺🇦 🇺🇸 Зеленский се бор барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Трамп дархост кардааст, навишт Трампи хурдӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ҳар дафъа ӯ посухи рад гирифт. Ҳолати хандаовар дар ин вазъият он аст, ки ҳоло украинӣ тавре рафтор мекунад, ки гӯё худаш тасмим гирифтааст, ки ба Иёлоти Муттаҳида наравад.

"Чӣ одами аҷибе?!" - навишт Трампи хурдӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 16:12


Аз сафари Пизишкиён ба Душанбе то бозгушоии маркази форсӣ-тоҷикӣ: ин ҳафта барои Тоҷикистон босамар буд.

Дар доираи ин сафар ҷонибҳо 23 санад имзо карданд, ки аз он 13-тояш ба маблағи 450 млн дар бахши иқтисод буд.

Ҳамзамон мавсими гузаришҳо дар тимҳо футбол гарм ҷараён дошта, мураббии шинохта Зайниддин Раҳимов аз "Регар-ТадАЗ" рафту Шервонӣ Матобшоев аз "Истиқлол" ба тими озарӣ гузашт.

Ҳаводиси дигари ҳафтаро дар навор бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 15:16


Ҳузури Эрон дар ИИАО ба рушди равобити дуҷонибаи Ҷумҳурӣ Исломӣ ва Русия такони бузург хоҳад дод.

Дар ин бора раисиҷумҳури Эрон зимни мулоқот бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дар Маскав баён дошт.

"Дар мавриди ҳамкориҳои мо дар чаҳорчӯби ИИАО, ман мутмаинам, ки ҳузури мо дар ин иттиҳодия низ ба рушди равобити дуҷониба такони бузург хоҳад бахшид”, - изҳор дошт Пизишкиён дар мулоқот бо Мишустин.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 15:01


🥇 Ба хазинаи варзишии Тоҷикистон аввалин тилло аз ҷудо дар соли 2025 ворид шуд.

Паҳлавони ҷавон Рошид Неъматов дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми кушодаи Африқо" байни наврасон ва ҷавонон, ки дар Касабланка баргузор шуд, медал ба даст овард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 14:47


Олаф Шолс умедвор аст, ки низоъ дар Украина имсол ба поён мерасад, хабар медиҳад оҷонсии DPA

“Ҳоло мо бояд тамоми имконотро барои боздоштани куштор ва расидан ба сулҳ омӯзем. Умедворам, ки имсол ҳама чиз хуб мешавад, аммо мебинем, ки оё ин имконпазир аст ё на”,- гуфт ӯ дар як чорабинии интихоботии Ҳизби сотсиал-демократ.

Ба гуфтаи садриаъзам, ин тасмим набояд бо каноразании украиниҳо ва аврупоиҳо гирифта шавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 14:07


Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар Душанбе ба 31,3 миллиард сомонӣ расид.

Соли 2024 пойтахти Тоҷикистон қариб 20,5% ММД-и умумии кишварро ишғол кард, гуфт шаҳрдори Рустами Эмомалӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 13:25


82 сол қабл муҳосираи Ленинград рахна шуд.

Ин воқеа таҳти гулдуроси тӯпҳо ва оҳанги «Интернатсионал» (дар он вақт гимни ИҶШС) рух дод.

Ба Артиши Сурх дар рафти амалиёти «Шарора» муяссар шуд, ки долони қад-қади соҳили Неваро то 11 километр рахна кунад.

То ин дам шаҳрро бо замини калон «Роҳи ҳаёт»-и машҳур болои яхи кӯли Ладога пайваст мекард.

Муҳосираи Ленинград танҳо пас аз як сол 27 январи соли 1944 комилан анҷом ёфт. Он 872 рӯз давом кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 12:44


🪨 Дар кони Фон-Яғноб ҳодисаи нохуши маргбор рух додааст.

Бар асари резиши хок се кӯҳкан зери он боқӣ мондааст, ки онҳоро зинда наҷот дода натавонистанд.

Мутахассисони КҲФ дар вилояти Суғд корҳои наҷотдиҳии садамавӣ анҷом дода, ҷасадҳои фавтидагонро берун оварданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ниҳод.

Сабабҳои фоҷиа муайян карда мешаванд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 12:07


Гренландия ба афзоиши ҳузури низомии ИМА зид нест.

Дар ин бора вазири собиқи корҳои хориҷии ҷазира Пеле Броберг ба РИА "Новости" гуфт.

"Тибқи созишномаи Икшило аз Соли 2004, онҳо метавонанд бидуни иштироки бевоситаи мо ба манфиатҳои мо таъсир расонанд. Агар ИМА дар Гренландия чизе ба нақша гирифта бошад, онҳо бояд танҳо моро огоҳ кунанд, аз мо розигӣ талаб карда намешавад",- гуфт ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 11:25


🇷🇺 🇮🇷 Имзо шудани созишномаи Русия ва Эрон як рӯйдоди муҳимест, ки мухолифат ба сиёсати якқутби Иёлоти Муттаҳидаро ифода мекунад.

Хабарнигори эронӣ Хаёл Муаззин ба @SputnikLive созишномаи шарикии стратегӣ байни Маскав ва Теҳронро чунин шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои Эрон шарикӣ бо Русия василаи муқовимат ба таҳримҳои Ғарб ва таҳкими нақши он дар Авруосиё аст.

Ҳамзамон нерӯи нави низомӣ дар шакли иттифоқ байни Эрон, Русия, инчунин Ҳиндустон ва Чин пайдо мешавад. Ин барои ИМА ва иттифокчиёни он чолиши нав аст, гуфт вай.

Дар умури иқтисод бошад, ба андешаи Муаззин, ҳамкорӣ бо Русия барои тиҷорати дуҷониба имкониятҳои нав мекушояд ва шарикӣ бо ИИАО содирот ва сармоягузориро инкишоф медиҳад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 10:50


Дар Озарбойҷон аввалин ҳолати бемории обилаи маймун ба қайд гирифта шудааст.

Ҷавоне, ки гирифтор шудааст, дар аввали моҳи январ ба хориҷа сафар кард ва бо шахси сироятёфта тамос доштааст, хабар медиҳад @AzeSputnik.

Пас аз бозгашт ба Боку, ӯ аввалин нишонаҳои беморӣ, аз ҷумла зуком ва табларзаро ҳис карда, санҷиши тест дар ӯ натиҷаи мусбат додааст.

Ҳоло мард дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 10:17


Бошгоҳи “Хуҷанд” бо дастпарвари “Рубин”-и Русия, Хуршед-Тимур Ҷӯраев шарнома баст.

Охирин тими нимҳимоятгари 27-сола “Регар-ТадАЗ” буда, қабл аз он дар “Истиқлол”, “ССКА” ҳам бозӣ кардааст.

Ӯ таҷрибаи бозӣ дар хориҷро низ дошта, дар дастаҳои “Рубин” (Русия) ва “Нарва-Транс”(Эстония) баромад кардааст.

Пойгоҳи таҳлилии "Трансфермаркт" қимати ӯро 125 ҳазор евро арзёбӣ кардааст, аммо маблағи гузариш ба “Хуҷанд” ифшо нашудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 10:05


Дар Эрон ҳамлаи террористӣ рух дод.

Фарди номаълум дар назди бинои суди Олии Теҳрон оташ кушод ва баъд худкушӣ кард.

Дар натиҷа ду додрас кушта ва як нафари дигар захмӣ шуд.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, онҳо масъули парвандаҳои гумонбарони ҷосусӣ ва терроризм буданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 09:09


Дар Душанбе майори милитсияро ронандаи сархуш пахш кард.

Садама ба айби ронандаи 22 - сола, сокини Душанбе рух дод, ки мошини падарашро бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ дар ҳудуди шаҳр идора мекард.

Ба гузориши РВКД дар пойтахт, мавсуф қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намудааст ба талаби кормандони бозрасӣ итоат накарда, ӯро пахш мекунад, дар натиҷа ҳалок мешавад.

Ҳоло ронанда дастгир ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 08:48


Ваҳдат Ҳаннонов дар якҷоягӣ бо "Сипоҳон" суперҷоми Эронро ба даст овард.

Бозии зидди ҳалкунанда зидди "Персиполис" буд, ки бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид, хабар доданд расонаҳои эронӣ.

Ҷолиби диққат аст, ки тобистони соли 2024 ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон аз "Персиполис" ба "Сипоҳон" гузашт, аммо дар ҳайати аввалин низ борҳо чемпион шуда буд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 08:26


Режими оташбас дар Навори Ғазза санаи 19 январ аз соати 08:30 ба вақти маҳаллӣ (09:30 мск) вориди амал мешавад, хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Қатар.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 08:08


БРИКС тавсеаро идома медиҳад: Нигерия 9-умин кишваре шуд, ки ба созмон ҳамчун давлати шарик ҳамроҳ шуд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Бразилия хабар дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 07:45


🇺🇸 Мустақим ба асли матлаб: Трамп нақша дорад, ки як рӯзи пас аз савгандёдкунӣ ихроҷи муҳоҷиронро оғоз кунад.

Чикаго дар ин рӯйхат дар ҷои аввал хоҳад буд - беш аз 200 афсари пулис ба он ҷо барои рейдҳои васеъмиқёс, ки тамоми ҳафта идома хоҳанд кард, фиристода мешаванд, менависад Wall Street Journal.

Дар навбати баъдӣ Ню Йорк, Бостон, Лос-Анҷелес, Сан-Франсиско ва Сиэттл хоҳанд буд, зеро онҳо "шаҳрҳои паноҳгоҳӣ" ҳисобида мешаванд, ки қоидаҳои сабуктар барои муҳоҷиронро доранд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 07:06


🇮🇷🇷🇺Пизишкиён: Мо метавонем Амрикоро бо ҳамкории муштарак таҳрим кунем.

Раисҷумҳури Эрон зимни як дидори васеъ бо мақомдорони Русия гуфт, ИМА ҳоло кишвари мо, РФ ва ҳатто Чинро таҳрим мекунад.

“Ин ки як кишвар дар дунё бихоҳад бақия давлатҳоро зери султааш бигирад ва бо онҳо ҳартавре хост ҳукумат кунад қобили пазириш нест”,- таъкид кард вай.

Ӯ гуфт, ки бозорҳи ин се кишвар гаронтар аз бозорҳои Ғарбу ИМА аст ва агар ин кишварҳо ҳамкорӣ кунанд, метавонанд худи Амрикоро таҳрим кунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Jan, 06:43


“Ҷанг”-и режими Киев муқобили дарахт.

Дар Одесса тасмим гирифтанд, ки ба "Чинори Пушкин", ки дар паҳлӯи муҷассамаи шоир Александр Пушкин мерӯяд номи дигар гузоранд.

Мақомоти маҳаллӣ иддао доранд, ки он ба феҳристи объектҳое шомил шудааст, ки дар номашон "рамзҳои сиёсати императории Русия" мавҷуд аст.

Онро “Чинори гарбӣ” номидан мехоҳанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

12 Jan, 07:38


🇹🇯Соли 2024 нишон дод, ки Тоҷикистон ҳимоятгари асосии марзҳои Осиёи Марказӣ аст, мегӯяд шореҳи сиёсӣ Олим Ширинов.

"Кишвари мо ба муқовимат ба чунин таҳдидҳои муштарак ба минтақаи Осиёи Марказӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад", - гуфт ӯ.

Ширинов зикр кард, ки Тоҷикистон ба амнияти амнияти иттилоотӣ ва киберӣ ва мубориза бо таблиғи идеологияи хурофотӣ тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

12 Jan, 06:52


Теъдоди қурбониёни сӯхтори ҷангал дар ҷануби Калифорния ба 16 нафар расид, хабар медиҳанд расонаҳои ИМА.

Ҳаҷми хисоротт аз офати табиӣ дар ин кишвар то ба 150 млрд доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

12 Jan, 06:07


Маблағгузории фарҳанг дар Тоҷикистон аз оғози аср беш аз 130 баробар афзоиш ёфт.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, соли 2000-ум барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 млн сомонӣ ҷудо шуда буд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 1,7 млрд сомонӣ расид.

Омори мазкур нишондиҳандаи таваҷҷуҳи махсуси ҳукумат ба рушди бахши фарҳанг арзёбӣ мегардад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

12 Jan, 05:27


Боздиди хориҷиҳо аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Соли 2024 аз осорхонаи мазкур зиёда аз 7100 нафар боздид кардаанд, ки 4500 нафари онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд, иттилоъ дод роҳбарияти Осорхона.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

12 Jan, 04:49


🇹🇯🦅 Нурулло Алиев пас аз танаффуси тӯлонӣ ба майдон баргашту пирӯзии дуюмашро дар UFC ба даст овард.

Ӯ бар ҳарифи қавияш Ҷо Солекки амрикоӣ (13-6) бо қарори якдилонаи доварон дастболо шуд.

Алиев ҳамакнун дар корномааш 10 пирӯзии бидуни бохт дорад.

Бозгашту пирӯзии "Уқоби тоҷик"-ро табрик мегӯем!

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 16:20


"Уқоби тоҷик" имшаб ба майдон бармегардад.

Нурулло Алиев, варзишгари шикастнадида рӯзи 11-уми январ дар мусобиқаи UFC Fight Night 249 дар Лас Вегас пас аз танаффузи тӯлонӣ вориди набард мешавад.

Рақибаш Ҷо Солетскии амрикоӣ аст, ки 13 бурду 5 бохт дорад.

Рақобатҳо соати 00:00 ба вақти Маскав ва 02:00 ба вақти Тоҷикистон доир мешавад.

Алиеви 25-сола дар нахустин рақобаташ дар UFC бар рақиби бразилияш Рафаэл Алвеси моҳи феврали соли соли 2023 пирӯз шуда буд.

Пас аз он бо бардошти ҷароҳат ва ҷарроҳӣ бештар аз як сол марҳилаи барқароршавиро гузаронид.

Ба размикори умедбахши кишвар пирӯзӣ мехоҳем!

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 15:53


Баъд аз таваққуфи чандсола, ҳаракати автобусҳо дар масири Хуҷанд – Новосибирск – Хуҷанд аз сар гирифта шуд.

Дар ин масир ширкатҳои ҶСК “Сорбон” ва “Новосибирск гортранс”, ИП “Исохаджаев” ба интиқоли мусофирон машғуланд.

Икромиддин Зокиров, сардори шуъбаи мусофиркашонии ширкати “Сорбон” дар суҳбат бо @Sputnik_Tajikistan гуфт, автобус дар ду рӯз як маротиба аз шаҳри Хуҷанд ба самти Новосибирск ба роҳ мебарояд.

Ҷузъиёти бештар дар ин бора ва хатсайрҳои дигарро дар навори хабарнигори мо бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 15:13


Заминро як ҳодисаи нодири астрономӣ интизор аст.

Аз 21 январ гузашти сайераҳоро бо чашм мушоҳида кардан мумкин аст. Дар як хат Марс, Юпитер, Уран, Нептун, Венера ва Сатурн ҷамъ мешаванд.

28 феврал меркурий ба онҳо ҳамроҳ мешавад ва он гоҳ шумо метавонед ҳамаи 7 сайераи дигари системаи офтобиро дар як вақт аз Замин бубинед, шарҳ медиҳад Live Science.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 14:34


Мақомоти Тоҷикистон ҷавонеро дастгир карданд, ки дар Русия ба фиреби муҳоҷирон машғул будааст.

Ба гузориши Раёсати ВКД дар пойтахт, дастгиршуда Бегов Шаҳроми 25 сола аст, ки алайҳаш гуруҳи муҳоҷирон шикоят доштанд.

Гуфта мешавад, ӯ дар гурӯҳҳои телеграми муҳоҷирон худро ҳамчун ҳуҷҷатгузор ва ронандаи таксӣ муаррифӣ намуда, бо истифода аз боварии онҳо маблағҳои гуногуни муҳоҷиронро аз худ намудааст.

Ҳоло беш аз 20-ҳолати мардумфиребии ӯ ошкор шудааст, ки зарар беш аз 500-ҳазор рублро дар бар мегирад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 13:55


ИМА Гренландияро ҳамчун майдончаи ҷойгиркунии мушакҳо наздик ба Русия медонад.

Дар ин бора собиқ низомии амрикоӣ Брайан Берлетик изҳор доштааст.

Вашингтон, ба гуфтаи ӯ, мехоҳад ҳузури низомиро дар он ҷо афзоиш диҳад, то ба роҳҳои баҳрии арктикаи Русия таъсир расонад.

Сафири Русия дар Дания Владимир Барбин қаблан изҳор дошт, ки ИМА дар Гренландия инфрасохтори аэродромро барои F-35, ки қодир ба интиқоли силоҳи ҳастаӣ мебошанд, таъсис медиҳанд.

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 13:06


Дар Душанбе 60 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 21 мактаби нав бунёд мешавад.

Он барои беш аз 32 ҳазор таълиму тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст, гуфтанд аз Расёсати маорифи пойтахт.

Таъкид шудааст, ки соли қаблӣ 22 муассисаи таҳсилоти тобактабӣ барои 3 929 ҷой ва 53 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 48 ҳазор хонанда бунёду навсозӣ шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 12:29


Амрико "Газпром нефт - Тоҷикистон" -ро таҳти таҳрим қарор дод

Вазорати молияи ИМА хабар додааст.

Қабл аз тағйири маъмурият дар рӯзи 10 январ Вашингтон аз қабули бастаи маҳдудиятҳо дар бахши нафту гази иқтисоди Русия хабар дод.

OFAC (Оҷонсии иҷрои таҳримҳои Вазорати молия) гуфт, ба ин рӯйхат ширкати "Сургутнефтегаз" ва "Газпром нефт" ва ҳамчунин тақрибан 20 филиали онҳо шомиланд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 11:48


Украина дар як шабонарӯз то 1400 низоми талаф дод.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия гузориш медиҳад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки нерӯҳои Русия инфрасохтори аэродромҳои ҳарбӣ, объектҳои энергетикаро, ки фаъолияти артиши Украинаро ва маҷмааи ҳарбӣ-саноатиро таъмин мекунанд, шикаст доданд, зарба зад.

Падофанди ҳавоии Русия бошад, 5 мушаки реактивии HIMARS ва 181 бесарнишинро нобуд кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 11:09


ИИАО ва Чин тиҷоратро боз беҳтар мекунанд .

Дар соли 2025 шарикон харитаи роҳро, ки 2 сол пеш тасдиқ шуда буд, навсозӣ хоҳанд кард.

Дар ин ҷо самтҳои нави ҳамкорӣ ворид карда мешаванд, ки аз ҳама бештар талаб ба он зиёд аст, хабар дод хадамоти матбуоти ИИАО.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 10:26


Тоҷикистон бори аввал раиси шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ шуд.

Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии ҷумҳур дар СММ, давоми соли 2025 раиси шӯрои Фонди Кӯдакон хоҳад буд, хабар дод хадамоти матбуотии намояндагӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

11 Jan, 09:47


Сӯхтори Калифорния идома дорад.

Дар як шабонарӯз маблағи зарар се маротиба афзуда, аллакай тақрибан 130 - 150 млрд долларро ташкил медиҳад, ки бо тӯфони "Катрина"муқоиса карда мешавад.

Шумораи кушташудагон низ ба 10 нафар расид, аммо арқоми воқеӣ метавонанд хеле зиедтар бошанд, менависад расонаҳои маҳаллӣ.

Дар ҳоле, ки таҳлилгарон кӯшиш мекунанд, ки дар байни сиесатмадорон, намояндагони лгбт* ва маблағгузории нодуруст гунаҳкор пайдо кунанд, шаҳрвандони ҳушёр аллакай ба тоза кардани хонаҳои холии сарватмандон шурӯъ кардаанд.

* Ҳаракат дар Русия экстремистӣ эътироф шудааст ва фаъолияти он манъ аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 16:37


Аз сӯхтори ИМА то обхезии Саудию заминҷунбии Чин: Оғози такондиҳандаи соли 2025 дар ҷаҳон.

Инчунин дар Индонезия вулқон бедор шуд. 6 ҳазор нафар одамон ба ҷои амн кӯчонда шуданд.

Заминларза дар Тибет бо шиддати 6,8 дараҷа 126 кушта, 188 маҷруҳ барҷой гузошта, 1500 нафар бе ному нишон шуданд.

Макка ва Мадина зери об монданд. Ҳаводиси дигари оғози солро дар навор бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 16:07


Тоҷикистон ҳанӯз дар бахши ҳукумати электронӣ қафомонда аст.

Тибқи гузориши СММ барои соли 2024, ҷумҳурӣ дар байни ҳамаи кишварҳо дар ҷои 123-юм ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷои охирин қарор гирифт.

Аммо вазъ бояд ба зудӣ ба шарофати ташаббусҳои ҳукумат дар самти рақамисозии иқтисоду хадамоти давлатӣ беҳтар шавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 15:27


Дар Русия феҳристи давлатии забонҳои халқҳои кишвар таъсис дода мешавад.

Ҳадафи он ҳифзи мероси ғании фарҳангии Русия ва пешгирии нобудшавии забонҳои халқҳои хурд мебошад.

Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия бо супориши президент барномаи ҳифзи онҳоро таҳия кардааст. Ба феҳрист 155 забони зинда дохил хоҳад шуд, ки сеяки онҳо дигар аз насл ба насл намегузаранд, менависад рӯзномаи "Ведомости".

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 14:57


🇹🇯🇷🇺Ду сол аст, ки Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф: аз IT то кишоварзӣ фаъолона кор дорад.

Чанде пеш дар заминаи он фонди сармоягузорӣ таъсис ёфт, ки ба татбиқи лоиҳаҳои боз ҳам бештари муштарак мусоидат мекунад.

Тафсилоти бештар бо рақамҳо дар бораи кори Шӯро - дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 14:33


Толибон* барои ҷиноёти ҷангии НАТО ҷуброн талаб мекунанд.

Дар ин бора ба @sputnikaf котиби матбуотии амири Толибон*, Забеҳулло Муҷоҳид дар шарҳи маводи охирин дар бораи бедодгариҳои нерӯҳои вижаи Бритониё изҳор дошт.

"Дар марҳалаи муайян мо тафтишотро анҷом медиҳем ва кишварҳои НАТО-ро ба ҷавобгарӣ мекашем... Ин ҷиноятҳо на аз ҷониби 1-2 нафар, балки ба таври муназзам ва тибқи нақшаи махсус бар зидди мардуми Афғонистон содир шудаанд", - гуфт ӯ.

*-созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 14:07


🇦🇲 Роҳхат ба Титаник: Хуруҷи Арманистон аз ИИАО барои ин кишвар фалокатовар хоҳад буд.

Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, мардум даромад ва ҷои корро аз даст медиҳанд ва барои чизҳои зарурӣ бештар пардохт хоҳанд кард. Ва ҳама ба хотири низоми шубҳаноки бидуни раводид бо Иттиҳоди Аврупост.

Алексей Оверчук қайд кард, ки расмиёти оғозшуда барои пайвастани Ереван ба Иттиҳоди Аврупо маҳз ба ҳамин чиз оварда мерасонад.

"Бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки Иттиҳодияи Аврупо бо он рӯбарӯ аст, ин равандро метавон бо харидани чипта ба Титаник муқоиса кард", - гуфт ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 13:28


Кремл аз хоҳиши Трамп барои мулоқот бо Путин истиқбол мекунад.

Песков гуфт, ки корҳои амалӣ барои ташкили тамос байни Путин ва Трамп замоне оғоз мешаванд, ки Трамп расман ба мақоми раисиҷумҳури ИМА ба кор оғоз намояд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 12:47


Қӯшунҳои савораи тоҷик танкҳои немисро дар назди Сталинград чӣ гуна боздоштанд: 82 сол қабл 10 январ амалиёти "Ҳалқа" ба фалокати немисҳо дар Волга оғоз бахшида, хотимаи мантиқии хунинтарин муҳорибаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гардид.

Дар он дивизияи 61-уми савора, ки ҷанговарони он аз Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) даъват шуда буданд, дар боздоштани танкҳои вермахт кумак карданд

Дар рафти муҳорибаи шадид фармондеҳ ва қариб тамоми ҳайати полки 213-уми "Кӯлоб" ба ҳалокат расид.

Имрӯз дар Олмон ба хотир овардан намехоҳанд, ки чӣ тавр немисҳо дар назди Сталинград ҳатто захмиёнашонро поймол карда, мегурехтанд

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 12:07


Оғози 2025 дар Тоҷикистон: Аз парвози "Тоҷик Эйр" то тағйироти кадрӣ дар ҳукумат.

Инчунин сарвазирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар марз мулоқот карданд.

Раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён, аз сафари худ ба Тоҷикистон дар нимаи моҳи январ хабар дод. Ҷузъиёти дигари оғози солро дар навор бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 11:27


Талафоти нерӯҳои украинӣ дар як ҳафта ба 13370 нафар расидааст.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ додаст.

🔸Дар як ҳафтаи охир 28 зарбаи гуруҳӣ ба ҳадафҳои низомӣ дар Украина анҷом дода шуд.

🔸Аз 4 то 10 январ минтақаҳои Курахово, Даченское ва Надия озод карда шуданд.

🔸Дар ин муддат 91 сарбози украинӣ таслим шуданд.

🔸Ҳавопаймои ҷангии Русия як ҳавопаймои МиГ-29-и Украинаро суқут дод, системаҳои дифои ҳавоӣ 8 мушаки ATACMS ва 689 ҳавопаймои бесарнишинро нобуд карданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 10:47


Шӯхии ноҷо: Байден ба Камала Ҳаррис ҳангоми брифинг дар бораи сӯхторҳо гуфт, "гармаш гир".

"Хонум ноиби президент, ман медонам, ки ба шумо ин сӯхтор мустақиман таъсир расонидааст, пас ба пеш, гарм кунед... Номуносибе гуфтанӣ набудам", - гуфт президенти кунунии ИМА.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 10:07


Тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо дастаи Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Вохӯриҳо бо тими миллии бонувони Арабистони Саудӣ рӯзҳои 23 ва 26 феврал дар Ҷидда баргузор мешаванд, иттилоъ дод ФФТ.

Барои тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон ин марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки аз 23 июн то 5 июли соли ҷорӣ баргузор мешавад, афзуд манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 09:27


Путин хостори таҳкими амният дар арафаи таҷлили солгарди Ғалаба шуд.

Раисҷумҳури Русия бо аъзои доимии Шӯрои амният тавассути алоқаи видеоӣ тадбирҳои иловагии таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар рафти омодагӣ ва таҷлил аз 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намуд, хабар дод Кремл.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 08:48


То 30 ҳазор сомонӣ ҷарима барои ширкатҳое, ки меъёри боркашониро риоя намекунанд.

Аз аввали соли равон барои ҷалби ронандагон ба идораи воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнин бе иҷозати дахлдор ва аломатҳои шартӣ доранд, ба шахсони ҳуқуқӣ – аз 22,5 то 30 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Ба шахсони мансабдор барои ин кор аз 9000 то 11250 сомонӣ ҷаарима таҳдид мекунад. Ҳаҷми ҷаримаҳо ба далели афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло рафтаанд, тавзеҳ дод Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 08:07


Зарур набошад, ба Русия сафар накунед: Масъулини тоҷик ба муҳоҷирон фаҳмондадиҳо мегузаронанд.

Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйирот дар қонунҳои Русия, омодагии пеш аз сафар, гирифтани патент, тартиби қайди ҷойи истиқомат, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ маълумот дода шуд.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба муҳоҷирон аз ҷумла гуфта шуд, ки "дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Русия сафар накунанд".

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 07:27


Ҷаримаи ронандаҳои маст дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Барои идораи воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ аз оғози соли равон 22500 сомонӣ ҷарима таҳдид хоҳад кард, иттилоъ дод Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки ин миқдор ҷарима ба онҳое низ таҳдид мекунад, ки идоракунии воситаи нақлиётро ба шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта медиҳанд.

Соли гузашта ҳаҷми ҷарима 21,6 ҳазор сомониро ташкил медод. Афзоиш аз оғози соли равон ба зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дода мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 06:47


Ду додраси баландпояи Тоҷикистон ба парлумон пешбарӣ шудаанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии Азизбек Хайриддинзода ба вакилии Маҷлиси намояндагонро аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Фархор пешбарӣ кардааст. Хайриддинзода дар мақоми ноиби раиси Суди олии иқтисодӣ фаъолият дорад.

Инчунин гуфта мешавад, ки аз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ номзадии Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси феълии Додгоҳи олиии Тоҷикистон низ ба парлумон пешниҳод гардидаст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 06:07


Эрон ба тавлиди лифт дар Душанбе ҳавасмандӣ зоҳир кардаст.

Ноиби раиси Душанбе, Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбарияти ширкати "Беҳран Лифт" ин масъаларо баррасӣ карда, дар бораи фазо ва имконияти сармоягузорӣ маълумот додаст.

Ҷониби Эрон ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифту эскалатор ва содироти минбаъдаи молу маҳсулот ба давлатҳои дигари минтақа ҳавасмандӣ карданд, афзуд шаҳрдории Душанбе.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 05:27


🇧🇷 Дар Бразилия як ҳавопаймои тиҷоратӣ суқут карда, қурбониҳо барҷой гузошт.

Ҳангоми фуруд ҳавопаймо аз хатти парвоз берун шуда, оташ гирифт ва ба баҳр афтод.

Дар ин ҳодиса дасти кам 3 нафар, аз ҷумла халабон кушта ва 6 нафар маҷруҳ шуданд. Дар миёни онҳое низ, ки дар соҳил истироҳат мекардаанд, осебдидагон ҳастанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

10 Jan, 04:52


🇺🇸 🇷🇺 Трамп омодасозии ба мулоқот бо Путинро эълон кард.

"Вай мехоҳад мулоқот кунад ва мо ба ташкили он машғулем", - гуфт президенти мунтахаби ИМА зимни суҳбат бо хабарнигорон дар қароргоҳи худ дар Флорида.

Ӯ ҳамчунин азмашро барои қатъи низои Украина дар ним сол баён дошт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 15:47


Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳолати гирифторӣ ба метапневмовирус ошкор нашудааст.

Ниҳодҳои масъул бо дарёфти аввалин гузоришҳо дар борраи шуюъи метапневмовирус дар кишварҳои дигар вазъиятро меомӯзанд, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон ба @Sputnik_Tajikistan.

"Бо ин ҳол, фасли уфунатҳои шадиди нафасӣ идома дорад ва мо ҳам муроқиби вазъ ҳастем", - гуфт ӯ.

Қаблан расонаҳо аз зуҳури метапневмовирус, як вируси ҷадид нахуст дар Чин ва сипас, Русияву Қазоқистон ва Ӯзбекистон, чаҳор кишвари ҳамсоя ва ҳамкори наздики Тоҷикистон хабар доданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 15:05


Гармии хатарнок дар Тоҷикистон то охири ҳафта боқӣ хоҳад монд.

Ба асари таъсири ҳавои гарм то охири ҳафта эҳтимолияти тумани зич ва фаромадани тармаю сангрезиҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо боло хоҳад рафт, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 14:24


Нархи кӯдакистонҳои давлатӣ дар Тоҷикистон аз моҳи равон ба 150 сомонӣ баробар шуд.

Болоравӣ ба афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дода мешавад, ки аз 72 сомонии соли қаблӣ ба 75 сомонӣ дар соли равон баробар шуд.

Нархи кӯдакистонҳои давлатӣ дар Тоҷикистон 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як моҳ ва дар бархе навоҳии дурдаст 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 13:47


Ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев аз Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 кор хоҳад кард.

Ин бозиҳо байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 12 феврал то 1 март дар Чин баргузор мешаванд, иттилоъ дод ФФТ.

Дар қисми ниҳоии мусобиқот 16 даста ба чаҳор гурӯҳ ҷудо мегарданд, афзуд манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 13:22


Дар Макка ва Мадинаи муқаддас обхезии шадид рух додаст.

Расонаҳои Арабистони Саъудӣ мегӯянд, бар асари боришоти борон роҳҳо дар шаҳрҳо ба рӯдхонаҳо мубаддал шудаанд ва сокинон маҷбуранд мошинҳои худро дар ҷои ҳодиса тарк кунанд.

Дар минтақа аллакай сатҳи ҳушдори сурх ҷорӣ шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 12:52


Президент раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистонро иваз кард.

Бо қарори ҳукумат, Камолиддин Муминзод бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ барканор гардид.

Раиси нави ин Кумита, Ҷамшед Ҷумахонзода шуд, ки то ҳол роҳбарии Палатаи ҳисобро ба уҳда доштаст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 12:32


Ноиби аввали Рустами Эмомалӣ раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ таъйин шуд.

Усмон Давлатзода аз роҳбарии ин Кумитаи нисбатан навташкил барканор шуда, ба ҷои ӯ Ҷамшед Табарзода таъйин гардид.

Табарзода то ҳол муовини аввали раиси Душанбе буд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 12:02


Раисони Норак, Нуробод, Панҷ ва Ванҷ иваз шуданд.

Бо фармони президент, ҷои Фирӯза Шарифиро дар мақоми раиси Норак Иброҳим Мирзозода гирифт.

Зарифхуҷа Шоҳиён аз вазифаи раиси ноҳияи Панҷ озод шуд ва Акмал Иброҳимиён ба ин мақом таъйин гардид.

Додарҷон Ҷобирзодаро дар мақоми раиси Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода иваз кард.

Раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ, Одинашо Мардзода бо фармони президент ба кори дигар мегузарад ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Наҷмиддин Давлатзода шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 11:23


Ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба вакилӣ дар парлумон пешниҳод шуд.

Номзадии Саид Ғоибназарзодаро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ кардаст.

Вай барои курсии вакилӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботи Ҷалолиддини Балхӣ талош хоҳад кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 10:44


Раванди расмии пайвастшавии Индонезия ба БРИКС ба поён расид.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Бразилия, раҳбарони ин гурӯҳ ҳанӯз соли 2023 номзадии Индонезияро тасдиқ карда буданд.

Аммо раванди узвият танҳо пас аз интихоботи президентӣ ва ташкили ҳукумати нав анҷом ёфт, афзуд манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 10:03


ВМКБ ба маркази Тоҷикистон "наздиктар" мешавад.

Дар нимаи аввали соли 2025 дар ВМКБ бунёди қитъаи роҳи "Қалъаи хумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон" бояд ба анҷом расад.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, бо туфайли ду нақб дарозии умумии ин қитъаи роҳ 16 км коҳиш меёбад. Яке аз нақбҳо 1,8 км, нақби дуввум 3,4 км дарозӣ дорад, афзуд манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 09:22


Панҷ моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ амалӣ мешавад.

Дар марҳилаи аввал аз январ то март ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева баргузор мегардад.

Иқдом дар доираи ҷадвали тасдиқкардаи раисҷумҳур барои соли 2025 татбиқ мегардад.

Инчунин баргузории ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар моҳҳои ноябр-декабри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 08:47


Теъдоди қурбониёни заминларзаи 6,8 дараҷаӣ дар Тибети Чин ба 95 нафар расид.

Ба иттилои Телевизиони марказии Чин, 130 кас ҷароҳатҳои вазнин гирифтанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 08:07


🚛 Дар Тоҷикистон назорати вазни мошинҳои боркашро пурзӯр мекунанд.

Тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар ворид карда шуданд, ки аз аввали сол ронандаҳои воситаҳои нақлиётро муваззаф мекунанд, ки бо дархости шахси масъул аз назорати вазн ва ҳаҷм гузаранд.

Ва дар сурати вайрон кардани меъёр, ронанда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 07:27


Аз дуди ангишт дар Тоҷикистон ҳамасола одамони зиёд осеб мебинанд.

Гоҳо истифодаи ангишт дар оташдонҳо бо марги занону кӯдакон меанҷомад.

Дар Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии Суғд роҳи пешгирӣ аз чунин фоҷиаҳоро ба @Sputnik_Tajikistan фаҳмонданд.

"Печҳо дар ҷойҳои махсус ва дур аз назди кӯдакон ҷойгир шуда, дудбурояки онҳо ҳар сол бояд тоза ва ё иваз карда шаванд. Ангишт бояд дар ҳавои кушод сӯзонда (сурх) шуда сипас ба печҳо андохтан дуруст аст. Атрофи печҳои бухорӣ бояд тозаю озода нигоҳ дошта шаванд", – гуфт Султон Раҳмонзода, сардори ин марказ.

Назари сокинону шарҳи комили масъулинро дар навори зер бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 06:47


🇨🇳Теъдоди қурбониёни заминларза дар Чин то 53 нафар афзоиш ёфт.

Шумораи маҷруҳон то ба 62 нафар расид. Заминларза дар ҳудудид Тибет сабт гардида, иқтидори он беш аз 7 дараҷа арзёбӣ мегардад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 06:06


Роҳи Каҳкашон ва дурахши шимолӣ ба навор афтид.

Равшании афсонавии табииро дар вилояти Ленинград сабт карданд.

Видео АстроФотоБолото

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

07 Jan, 05:22


Се муовини нави раиси Суғд муаррифӣ шуданд.

Ахиран Файзулло Қосимӣ, Зуфар Исмоилзода ва Ҷамшед Ҷӯразода муовинони раиси вилоят таъйин гардиданд.

Қосимӣ солҳои зиёд дар бахши замин фаъолият дошта, солҳои охир вакили Маҷлиси намояндагон будаст.

Исмоилзода дар дар вазифаҳои раиси шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол), раиси ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Суғд, раиси ноҳияи Зафаробод кор карда, ду маротиба вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ҷамшед Ҷӯразода дар вазифаҳои ноиби ректор ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон кор кардааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 16:26


Нархи патент дар минтақаҳои гуногуни Русия барои соли 2025.

Чеченистон минтақае гардид, ки дастрастарин патент дорад. Дар он ҷо патент каме бештар аз 3 ҳазор арзиш дорад.

Аммо гаронтаринаш - 15 000 рубл дар Челябинск аст.

Нархи патент дар минтақаҳои дигари Русияро аз тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 15:43


Дар Хатлон як гурӯҳ ятимонро бо либоси зимистона таъмин карданд.

Раиси вилояти Хатлон бо як гурӯҳ ятимон аз ноҳияи А.Ҷомӣ вохӯрӣ доир намуда, ба онҳо либосу шириниҳо тақдим кард.

Давлаталӣ Саид аз кӯдакони ятим хост таҳсили хуб кунанд, дониши мукаммал гиранд ва барои ватану миллат дар оянда хизмат кунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 15:24


Ҳудуди 10 дарсади ҷамъияти Ғазза дар пайи бомбаборонҳои Исроил шаҳид, захмӣ ё бедарак шудаанд.

Дар ин бора Мунир ал-Барш, мудири вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза, дар баёнияе изҳор дошт.

Бар асоси охирин омори вазорати тандурустии Фаластин дар навори Ғазза, шумори шаҳидони таҷовузи режими Исроиз дар навори Ғазза ба 45 ҳазору 361 нафар афзоиш ёфтааст.

Шумори захмиён ба 107 ҳазору 803 нафар расидааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 14:54


Гардиши молу коло миёни ИИАО ва Эрон имсол қариб 13% афзоиш ёфт.

Дар ин бора роҳбари Коллегияи КИАО, Бакитҷан Сагинтаев дар мулоқот бо Сайид Атабак, вазири саноат ва савдои Эрон дар Санкт-Петербург изҳор дошӣ.

"Дар 10 моҳи соли 2024 содироти коло ба Эрон 16%, воридот 8% афзоиш ёфтааст",
- гуфт ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 14:24


НАТО омода нест, ки бидуни Иёлоти Муттаҳида бо Русия муқовимат кунад ва кишварҳои аврупоӣ дар ҳадди имкони худ қарор доранд.

Дар пасманзари пешравии бомуваффақияти нерӯҳои Русия дар минтақаи низоъ, кӯмаки ИА ба Украина торафт мушкилтар мешавад, гуфтанд раҳбарони ду муттаҳидони хашини Киев - Латвия ва Эстония дар НАТО ба рӯзномаи The Independent.

"Мо омода нестем. Ин комилан рӯшан аст. Мо наметавонем танҳо ба вазъияте умедвор шавем, ки Иёлоти Муттаҳида дар умури Аврупо чун қабл фаъолона иштирок мекунад", - гуфт президенти Латвия Эдгар Ринкевич.


Нашрия менависад, заъфи саноати низомӣ ва майл надоштани теъдоде аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои интиқоли силоҳ ба Киев танҳо аз мушкилоти пуштибонии минбаъдаи Украина таъкид мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 13:39


Эрон дар ИИАО мақоми нозирро гирифт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 13:37


Ӯзбакистон қасд дорад ба шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО вуруд бо шиносномаҳои дохилӣ иҷозат диҳад.

Дар ин бора Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё изҳор дошт.

"Бо мақсади зиёд намудани табодули сайёҳон мо ният дорем, ки тартиби воридшавии шаҳрвандон аз кишварҳои ИИАО бо шиносномаҳои дохилӣ иҷозат диҳем"
, - шарҳ дод президенти Ӯзбекистон.

Қобили зикр аст, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ Мирзиёев аллакай пешниҳод карда буд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ кортҳои миллии шиносоӣ ва дипломҳои донишгоҳҳои пешрафтаро барои осон кардани сафар ба ҳамдигар эътироф кунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 13:14


🖐 Акнун танҳо бо изи ангушт: аз 1 январи соли 2025 дар Тоҷикистон қоидаҳои нави гирифтани шаҳодатномаи доғи судӣ эътибор пайдо мекунанд.

Шаҳрвандон бояд аз тартиби давлатии сабти изи ангуштон гузаранд.

Бе гирифтани изи ангушт ва шаҳодатномаи ин, ҳуҷҷати доғи судӣ дода намешавад, ҳушдор медиҳад ВКД ҶТ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 13:13


Ӯзбекистон бо ИИАО дар 22 самт ҳамкорӣ барқарор намуд - Мирзиёев.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 13:11


❗️Мирзиёев пешниҳод намуд, ки нишасти чоруми муштараки гурӯҳи кории ИИАО дар моҳи марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор гардад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 12:47


Муҳриддин барои изҳори ҳамдардӣ ба сафорати Озарбойҷон дар Душанбе рафт.

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, Муҳриддин дар китоби таъзия бо имзо изҳори ҳамдардӣ навишт.

Манбаъ афзуд, вазир аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба пайвандони қурбониён ҳамдардӣ намуда, ба осебдидагон шифои комил орзу кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 12:14


Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё худро яке аз марказҳои мустақил ва худкифоии ҷаҳони бисёрқутбӣ муаррифӣ кард.

Дар ин бора ҷумҳури Русия дар нишасти сарони кишварҳои ИИАО дар вилояти Ленинград изҳор дошт.

"Фаъолияти иттиҳодия ба тавсеъаи табодули тиҷорат ва сармоягузорӣ, тавсеъаи равобити тиҷорӣ ва тавсеъаи равобити ҳамкорӣ мусоидат мекунад, ҳамкориҳои ҳамгироӣ ба ҳар як ширкаткунандаи иттиҳодияи мо нафъи воқеӣ меоранд", - гуфт Путин.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 11:44


Русия, Туркия ва Эрон якдилона бар ин назаранд, ки "Формати Остона" метавонад дар ҳалли вазъ дар Сурия нақши муфид дошта бошад

“Мо беш аз 20 маротиба мулоқот кардем. Охирон мулоқот рӯзи 7 декабр дар Доҳа буд. Бо ҳамкасбонам аз Туркия, Эрон ва намояндаи вижаи СММ Гейр Педерсен вазъро баррасӣ кардем”, - гуфт Лавров.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 11:14


Дар Қирғизистон пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шуд.

Парлумони кишвар лоиҳаҳои қонунҳои танзими соҳаи диниро қабул кард, ки чунин талабот аз он бармеояд, хабар медиҳад @sputnik_kyrgyzstan.

Ҳамакнун дар ин кишвар пӯшидани либосҳое, ки барои шиносоии шаҳрванд имкон намедиҳанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатӣ манъ аст.

Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси динӣ ва таълими фанҳои динӣ берун аз муассисаҳои таълимии махсус низ анакнун манъ мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 10:42


Дар Душанбе як зан ҳамроҳи се фарзандаш заҳролуд шуд.

Дар ин бора КҲФ хабар дода, афзуд, ки онҳо сокинони шаҳраки 192-уми ноҳияи Шоҳмансур буда, дар манзили худ аз дуди ангишт заҳролуд шуданд.

Манбаъ афзуд ҳар чор нафар ҳоло дар беморхона таҳти табобати табибон қарор доранд.

Кумита синни модарро 32 сол гуфта, фарзандони ӯ 4, 10 ва 13 – сола ҳастанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 10:36


🇷🇺Русия ба муносибатҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаро бо шариконаш аз ИИАО баҳои баланд медиҳад, гуфт Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 10:16


Навор аз Жуковский, ки ҳавопаймои махсуси Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 9 шаҳрванди маҷрӯҳшудаи суқути ҳавопаймо дар Қазоқистонро овард.

Дар миёни онҳо зодаи Тоҷикистон Субхонқул Раҳимов низ ҳаст, киаз садама наҷот ёфт, низ ҳаст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Dec, 10:14


Ҳавопаймое, ки дар Актау суқут кард, аз ҷиҳати техникӣ камбуд надошт, гуфт сардори Ширкати ҳавоии Озарбойҷон.

Таъмири пурраи он дар моҳи октябри соли ҷорӣ анҷом дода шуд ва ҳайати халабонҳо низ таҷрибаи калони корӣ доштанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 21:04


Асад ва аъзои хонаводааш вориди Маскав шуданд.

Дар ин бора як манбаъ дар Кремл ба РИА Новости иттилоъ дода, афзудааст, ки Русия бо назардошти меъёрҳои башардӯстона ба онҳо паноҳгоҳ дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 16:38


Барои татбиқи 87 лоиҳа дар Тоҷикистон тайи 9 моҳ 5,3 млрд сомонӣ қарзу грант равона шуд.

Инҳо лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мебошанд, ки дар онҳо 103%-и нақшаи пешбинишуда маблағ аз худ гардидааст.

Аз он 3,8 млрд сомонӣ ё 72% грант ва 1,5 млрд. сомонӣ ё 28% қарз мебошад, иттилоъ дод Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 16:02


Барои Тоҷикистон Tokyo Grand Slam 2024 бо як медал ба поён расид.

Ҷумҳуриро тайи ду рӯзи мусобиқа чаҳор варзишкор - Обид Ҷебов, Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов ва Виктория Киселёва намояндагӣ карданд.

Аз ин миён танҳо Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило тавонист нишони биринҷиро ба даст орад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 15:31


Нетаняҳу гуфт, ки Исроил мехоҳад бо "нерӯҳои нав" дар Сурия равобити дӯстона барқарор кунад.

Вай таъкид кард, ки вагарна барои ҳифзи худ Исроил ҳама корро мекунад.

Сарвазир изҳор дошт, ки Асад бар асари зарбаи Исроил ба Эрон ва "Ҳизбуллоҳ" шикаст хӯрд.

Расонаҳо мегӯянд, низомиҳои исроилӣ алакай бархе аз ҳудудҳои баҳсӣ бо Сурияро гирифта, ҳадафро таҳкими ҳифзи кишварашон гуфтаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 15:07


Тоҷикистон барои пардохти қарзи беруна беш аз 207 млн доллар равона кард.

Тайи 9 моҳи аввали соли равон барои пардохти қарзи асосӣ зи1да аз 135 млн доллари амрикоӣ ва фоизи қарз наздики 80 млн доллари амрикоӣ, пардохт гардид, иттилоъ дод Вазорати молияи Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 14:52


Иттиҳоди Русия ва Беларус 25-солагии худро ҷашн мегиранд.

Дар доираи иттиҳодия давлатҳо истиқлоли худро нигоҳ медоранд, аммо тарҳҳои зиёди муштаракро татбиқ мекунанд.

Дар соли 2022 президентҳои ду кишвар ба созиш расиданд, ки фазои ягонаи дифоӣ таъсис диҳанд. Муҳофизати Беларус ба доктринаи ҳастаии Русия дохил карда шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 14:14


Нерӯҳои ҳавоии Исроил ба анборҳои аслиҳа дар Сурия зарба задаанд.

Ҳадафи зарба анборҳо дар ҷануби Сурия ва Димишқ будаанд, чун Исроил бим доштааст, ки онҳо ба дасти ҷангҷӯён меафтанд, хабар медиҳад телевизиони давлатии Исроил Кан бо такя ба як манбаъ.

Қаблан хабаргузории "Ал-Ватан" дар бораи таркиш дар минтақаи Меззе дар ғарби Димишқ хабар дода буд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 13:38


Дар Тоҷикистон рефриҷираторҳо намерасанд.

Дар кишвар ядакҳои автомобилии дорои яхдонҳо барои интиқоли ғизо, доруворӣ ва дигар молҳое, ки ҳарорати пастро талаб мекунанд, ҳамагӣ 171 ададанд, ки кофӣ нест, гуфт вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Шумораи онҳоро ҳадди ақал ба 500 адад расонидан лозим аст, таъкид намуд Азим Иброҳим.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 13:02


Ҳазорон аскари сурх барои озодии мо аз нозиҳо ҷон доданд, барои поси хотирашон куҷо равам?

Инро сарвазири Словакия Роберт Фитсо дар посух ба интиқодҳои бархе аз кишварҳои аврупоӣ дар робита ба ширкаташ дар таҷлили 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав изҳор дошт.

"Дар қаламрави Словакия садҳо оромгоҳҳои хурду калон мавҷуданд, ки ба мо инро хотиррасон мекунанд. Ман аз Маскав даъватнома гирифтам, ки дар ҷашни 80-солагии Ғалаба бар фашизм иштирок кунам ва онро бо миннатдорӣ қабул кардам. Ва ин набояд касеро ба тааҷҷуб оварад", - таъкид кард сарвазири Словакия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 12:27


Пойгоҳҳои низомии Русия дар Сурия дар ҳолати омодабоши баланди ҷангӣ қарор доранд.

Дар ҳоли ҳозир ба амнияти пойгоҳҳо таҳдиде вуҷуд надорад, иттилоъ дод Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 12:02


Русия барои музокирот омода аст, шартҳоро Путин эълон дошта буд.

Инро сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков изҳор дошта, афзуд, ки Украина идомаи музокиротро рад мекунад ва мавқеи худро тағйир намедиҳад.

Вай афзуд, вазъ барои артиши Украина фалокатбор шуда истодааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 11:38


Маскав гуфт, Асад ихтиёран мақомашро гузошту тарки Сурия кард.

Вазорати корҳои хориҷии Русия эълон кард, ки Асад пас аз музокира бо шуморе аз иштирокчиёни низои Сурия, курсии раёсатҷумҳур ва кишварро тарк кард ва дастур дод, ки қудрат бо роҳи осоишта интиқол дода шавад.

Русия дар музокирот ширкат накард, афзуд Вазорати корҳои хориҷии кишвар.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 11:17


Нерӯҳои Русия деҳаи Благодатное собиқ совхози Октябрро дар Донетск озод карданд.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.

Манбаъ афзуд, ки талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои мухталиф дар як рӯз 1460 нафарро ташкил додааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 10:43


Зимистони барфӣ ба Душанбе расид.

Пойтахти Тоҷикистон қабои сафед ба бар карда, ба ҳусни он намои нав бахшид.

Соли гузашта барфи аввал дар Душанбе 16 декабр борида буд. Барфрезии аввали имсоларо дар навор бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 10:10


Башор Асад ба "эҳтимоли зиёд" дар суқути ҳавопаймо кушта шуд - расонаҳои Ғарб.

Манобеъ ба масири аҷиби ҳавопаймо ишора карданд, ки тибқи нишондодҳои Flightradar, "ногаҳон 180 дараҷа гардиш кард ва аз харита нопадид шуд".

Ҳавопаймои Ил-76-и ширкати ҳавопаймоии Сурия, ки метавонист Асадро дар саҳн дошта бошад, субҳи 8 декабр аз Димишқ парвоз кард ва пас аз тақрибан 40 дақиқаи парвоз дар наздикии шаҳри Хомс нопадид гардид.

Ҳодиса замоне рух додааст, ки ҳавопаймо дар баландии 495 метр аз сатҳи баҳр буд.

Расман ин иттилоъ ҳанӯз таъйид нашудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 09:29


Рустами Эмомалӣ вакилони Сенати Олий Маҷлисро бо Рӯзи Конститутсияи Ӯзбекистон шодбош гуфт.

Дар паёми раиси Маҷлиси миллӣ ба ҳамтои ӯзбекаш, Танзила Норбоева аз сатҳи баланди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ шудаст.

"Итминон дорам, ки минбаъд низ мо саъю талоши муштаракро барои таҳкимбахшӣ ва таъмиқи ҳамкориҳои судманди Маҷлиси миллӣ ва Сенати Олий Маҷлис равона хоҳем кард", - афзуд Рустами Эмомалӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 08:52


Тоҷикистон воридоти мошинҳои барқиро ба маротиб зиёд кард.

Дар 9 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 8778 адад мошини барқӣ ворид карда шуд, иттилоъ дод Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки ин нисбат ба нишондоди тамоми соли гузашта 5423 адад зиёд мебошад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 08:12


Украина мехоҳад бо Русия барои қатъи муноқиша созиш кунад - Трамп.

Раисҷумҳури тозаинтихоби ИМА дар Truth Social даъват кард, ки оташбаси фаврӣ роҳандозӣ шаваду музокирот оид ба Украина оғоз гардад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 07:31


Ҳиссаи Тоҷикистон дар содироти сурма сол то сол меафзояд.

Дар пайи маҳдудиятҳои Чин барои содироти сурма, имкони Тоҷикистон барои пешсафӣ дар бозор дучанд мешавад, изҳор дошт сардабири маҷаллаи "Иқтисодчӣ", Фаридун Усмонов.

Тафсилоти суҳбатро дар навори зер бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

08 Dec, 06:52


🇰🇷 Дар Кореяи Ҷанубӣ собиқ вазири дифоъ боздошт шуд.

Маҳз ӯ пешниҳод кард, ки дар кишвар вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ карда шавад, хабар медиҳад Ренхап.

"Додситонӣ Ким Ён Хёнро дар ҷараёни тафтиши хиёнат ба давлат боздошт карданд", - менависад нашрия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 15:15


Заҳмат зиёду ҳосил кам шудааст: Таъсири тағйирёбии иқлим ба пахтакорӣ дар Тоҷикистон.

Пахтапарварони тоҷик мегӯянд, бино ба таъсири чанд омил аз ин шуғли серзаҳмат фоидаи хуб ба даст оварда наметавонанд

Аз як сӯ таъсири тағйирёбии иқлим ва аз сӯи дигар поёнравии қимати “тиллои сафед” дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз омилҳое гуфта мешавад, ки ба ҷайби пахтакорони тоҷик зарба задааст.

Хабарнигори @Sputnik_Tajikistan ба ноҳияи Мастчоҳ сафар кард ва сари замин бо пахтапарварон суҳбат намуд. Тафсилотро дар пайванди зер бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 14:42


"Ҷашни Меҳргон" ва "Санъати сохту навохтани рубоб" ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод шуданд.

Ин номинаи муштарак бо иштироки Тоҷикистон дар Парагвай дар иҷлоси 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод шудаст.

Ҷаласаи мазкур то 7 декабри соли 2024 идома хоҳад дошт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 14:12


Душанбе барои зимистон беш аз 18 ҳазор тон захираи маҳсулоти ниёзи аввалро дорад.

Ин миқдорро корхона "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе" захира кардааст.

Тибқи нақша ҳаҷми захира бояд беш аз 21 ҳазор тон, аз ҷумла 3 ҳазор тонна картошка, 5 ҳазор тонна пиёз, 1 ҳазор тонна сабзӣ, 6 ҳазор тонна гандум, 2 ҳазор тонна шакар, 500 тонна равғани растанӣ, 3 ҳазор тонна орд, 100 тонна биринҷ захира шавад.

Масъулин мегӯянд, қисмати боқимондаи маҳсулоти захиравӣ дар ҳоли воридшавист.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 13:42


65 сол қабл болои аввалин киштии ҳастаии яхшикани "Ленин" парчами Шӯравӣ барафрохта шуда. Ба ин хотир Рӯзи Флоти ҳастаии яхшикан қайд мешавад.

"Ленин" 30 сол кор карда, соли 1989 дар Мурманск доимӣ истод.
Қарорҳои инноватсионӣ:

▪️Киштии яхшикан дар як рӯзи корӣ ба ҷои даҳҳо тонна нафт ҳамагӣ 45 грамм сӯзишвории ҳастаӣ сарф мекард.

▪️Иқтидори умумии муҳаррикаш 44 ҳазор қувваи аспро ташкил медод. Ҳар кадоми се чархааш назар ба аввалин нерӯгоҳи ҳастаӣ - барқии ИҶШС 3,5 баробар иқтидори зиёдтар дошт.

▪️Ихтирокорон ва муҳандисон дар киштӣ низоми зарфҳои балластӣ гузоштанд, то дар миёни яхҳо намонанд. Вақте ки об аз зарфи як тараф ба зарфи тарафи дигар ҷорӣ мешуд, киштӣ ба ҷунбиш медаромад. Ҳоло Русия аз рӯи иқтидори флоти яхшикан бо 52 киштии яхшикан пешсафи ҷаҳон аст.

Соли 2024 киштии ҳастаии яхшикани "Чукотка"-и лоиҳаи 22220 ба истифода дода шуд. Боз ду киштии дигар, ки номҳои "Ленинград" ва "Сталинград" хоҳанд гирифт, айни замон сохта мешаванд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 13:07


Толибон* духтаронро ба охирин донишгоҳҳои дастрас, яъне тиббӣ низ роҳ намедиҳанд.

Навори монеъ шудани Толибон* ба таҳсили духтарон дар бахши тиббӣ ахиран нашр шуд.

Масъулин гуфтаанд, ин кор бо дастури амири Толибон* сурат гирифта, то таҳияи шароити махсуси таҳсил амал хоҳад кард.

*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 12:42


Таваллуд дар Иттиҳоди Аврупо ба таври бесобиқа поин рафтаст.

Дар Иттиҳодияи Аврупо 3,65 млн кӯдак ба дунё омадаанд - ин камтарин рақам аз замони оғози ҷамъоварии маълумот дар соли 1961 аст, менависад Financial Times. Бузургтарин рақами таваллуд дар солҳои 1960 - 7 миллион кӯдак буд.

Тамоюли коҳиши таваллуд дар кишварҳои соҳили Балтика, Юнон, Испания, Италия, Лаҳистон ва Финландия равшантар дида мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 12:17


🍏🍇Дар Тоҷикистон зарфи даҳ моҳ 692,4 ҳазор тонна мевагӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Ба гузориши Оҷонси омори кишвар ин нисбат ба соли гузашта 22,3% зиёд аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми ангур 45% (245,4 ҳазор тонна), зардолу 14,8% (269,4 ҳазор тонна) ва себ 11,7% (202,7 ҳазор тонна) афзудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 11:57


Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Курск дар як шабонарӯз беш аз 300 нафар низомӣ ва 2 танк буд.

Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар медиҳад.

Таъкид шудааст, ки артиши Русия ҳамзамон Новодаровкаи вилояти Запороже ва Романовкаи ҶМД-ро таҳти назорат гирифтанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 11:37


Маҷмааи нави зимистонгузаронии "Восток" дар Антарктида ба истифода дода шуд.

Лоиҳаи илмӣ барои кори он барои 18 соли оянда омода шудааст.

Интизор меравад, ки лоиҳа бо омӯзиши тағйири иқлим дар сайёра, таҳқиқоти яхҳои қадимии 1,5 миллионсола ва кӯли Восток, ки дар умқи тақрибан 4 километр зери яхҳои Антарктида ҷойгир аст, алоқаманд мебошад.

Истгоҳи қутбии "Восток" ягона истгоҳи Русия аст, ки дар маркази қитъа ҷойгир аст. Маҷмааи зимистонгузаронии ҳамном бошад, аввалин бинои муосир дар ҷаҳон аст, ки дар қутби сарди сайёра сохта шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 11:11


Тоҷикистон яке аз камтарин ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ боқӣ мемонад, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият натавонистааст, индустрикунонии иқтисодро ба анҷом расонад.

Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии татбиқ карда мешавад, ки дар он ҳиссаи саноат дар сохтори ММД то 21% ва кишоварзӣ то 17% пешбинӣ мешавад. Марҳилаи аввали он бояд соли 2025 анҷом ёбад.

Сохтори ММД-и Тоҷикистон имрӯз чӣ гуна аст ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ чӣ гуна рушд мекунанд - дар инфографика @Sputnik_Tajikistan бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 10:42


Маъмурияти Байден ба оташи ҷанг андохтани сӯзишвориро идома медиҳад.

Инро сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков изҳор дошта, афзуд, ки ИМА талош дорад, ки ҷанг дар Украина суст нашавад.

Бастаҳои нави кумакҳои ИМА ба Украина наметавонанд ба равандҳо дар ҷабҳа таъсир расонанд, афзуд Песков.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 10:17


Рақси тоҷикии "Рӯбинон" дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар Қазон иҷро шуд.

Ҳунарнамоиро дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии фарҳангҳои миллӣ - "Бозори Шарқ", намонядагони коргоҳи эҷодии "Шум" иҷро карданд.

Дар ҷашнвора намояндагони зиёда аз 50 мамлакату музофот иштирок доштанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 09:55


Дар рӯзҳои наздик ду астероиди калон ба Замин наздик мешаванд.

Тибқи иттилои NASA, рӯзҳои 3 ва 4 декабр ду астероид, ки аз рӯи ҳаҷмаш ба Эмпайр -стейт - билдинг баробар аст (тақрибан 400 метр) ба сайёраи мо наздик мешаванд.

Астероиди аввал аз Замин тақрибан 5,5 млн км дуртар мегузарад ва дуввумӣ каме наздиктар - 2 млн км наздик мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 09:34


Артиши Русия минтақаҳои нав дар Запорожйе ва Донетскро озод кард.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, минтақаи Новодаровкаи вилояти Запороже ва Романовкаи Ҷумҳурии халқии Донетск таҳти назорат гирифта шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 09:16


🇷🇺🇮🇷 Русия ва Эрон нияти ба таъхир андохтани имзои созишномаи шарикии стратегиро надоранд, гуфт Песков.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 09:11


Дар Суғд зани 28-сола писари шавҳарашро кушт.

ВКД аз боздошти ин зан хабар дода, афзуд, ки номбурда ноболиғи 9 - соларо шаб дар хонаи хобаш буғӣ карда, ба ҳалокат расонд.

Ин ҳодисаи даҳшатбор дар ноҳияи Зафаробод рух дод ва ҳоло маълум нест, ки чаро зан фарзанди ӯгаяшро кушт.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки зан ду сол қабл бо марде хонадор шуд, ки ӯ аз зани аввалаш ду фарзанд доштааст.

Феълан алайҳи муттаҳам парвандаи ҷиноӣ боз шуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 08:52


🇺🇸🇦🇪🇸🇾 Иёлоти Муттаҳида ва АМА имкони лағви таҳримҳо алайҳи Башор Асадро баррасӣ мекунанд, ки агар Башор Асад аз Эрон "дуртар шавад" ва роҳҳои интиқоли силоҳ ба “Ҳизбуллоҳ”-ро қатъ кунад, - хабаргузории Reuters.

Қайд карда мешавад, ки Амороти Муттаҳидаи Араб муддати тӯлонӣ барои заиф кардани нуфузи Эрон ба Сурия ва беҳбуди равобити иқтисодӣ бо Димишқ талош кардааст, аммо таҳримҳои ИМА ба ин талошҳо монеъ мешаванд.

Манбаъҳои нашрия бар ин назаранд, ки ҳамлаи ахири террористон заъфҳои эътилофи Башор Асад бо Теҳронро фош кардааст, ки Иморот ва Иёлоти Муттаҳида қасд доранд аз он истифода кунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

03 Dec, 08:24


🚚 Русия воридкунандаи аслии Тоҷикистон шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар давраи аз январ то октябри соли 2024 ба Русия 26,6%, Чин – 22,1%, Қазоқистон – 15,6% рост омадааст.

Аммо кишварҳои аслии содиркунандаи маҳсулоти Тоҷикистон Чин (20,3%), Швейтсария (19,3%) ва Туркия (12,2%) буданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 12:11


Шумори кушташудагон дар навори Ғазза бар асари ҳамлаҳои Исроил аз 7 октябри соли 2023 аз 44 ҳазор нафар гузашт- Вазорати тандурустии Ғазза.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 11:58


⚡️Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дастури боздошти сарвазири Исроил Нетаняҳу ва вазири дифоъ Галлантро содир кард.

Онҳо дар ҷиноятҳои ҷангӣ дар навори Ғазза муттаҳам
мешаванд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 11:37


Сафири Русия дар Тоҷикистон хостори таҷлили муносиби 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шуд.

Семён Григорев дар нишасте ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси созмони "Маъюбони ҷанги Афғонистон" таъкид кард, талошҳои муштарак барои ҳифзи хотираи таърихӣ равобити Русия ва Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод.

"Дар шароите, ки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ торафт кам мешавад, маҳз ҷанговарони афғон бояд парчами Ғалабаро бардоранд", - қайд кард дипломат.


Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 11:07


Рӯз ҳаст, аммо шаъну озодӣ нест. Имрӯз дар Украина "рӯзи шаъну шараф ва озодӣ" - солгарди Евромайдон аст, ки 21 ноябри соли 2013 оғоз ёфт.

11 сол пеш ба украиниҳо сулҳ, озодӣ ва "роҳи рангинкамон ба оғӯши ИА" ваъда шуда буд.

Аммо имрӯз онҳо аз кишвар фирор мекунанд, комиссарҳои ҳарбӣ мардонро дар кӯчаҳо дастгир карда, маҷбуран ба фронт мефиристанд ва ҳоло роҳи ИА танҳо тавассути ришва ба сарҳадбонон убур кардани Тису имконпазир аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 10:37


🇺🇦Зеленский иқрор шуд, ки Киев наметавонад Қримро "бо силоҳ" ба даст орад.

"Мо дарк мекунем, ки дар ҳоли ҳозир нерӯи кофӣ надорем, ки Русияро ба хатти соли 1991 баргардонем",- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо Fox News.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, нирӯҳои мусаллаҳи Украина наметавонанд даҳҳо ҳазор нафарро барои Қрим қурбон кунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 09:54


Гази моеъ дар Тоҷикистон боз гаронтар шуд.

Давоми чанд рӯзи ахир қимтаи ин маводи сӯхт. дар кишвар беш аз 0,8 сомонӣ боло рафтааст.

Агар оғози ҳафта як литри онро мешуд бо 7,4 харид, ҳоло аз 8 сомонӣ боло аст.

Қаблан хабанигори @Sputnik_Tajikistan бо такя ба фурӯшандаҳо иттилоъ дода буд, ки дар вилояти Суғд бинобар камчинии ин маводи сӯхт маҳдудияти реҷавӣ ҷорӣ шудаст.

"Реҷаи фурӯши гази моеъ шабона аз соати 23:59 оғоз шуда то субҳ соати 08:00 имконпазир аст, дар дигар вақт маҳдуд аст", - шарҳ доданд фурӯшандаҳо.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 09:36


Дар кишварҳои узви ИИАО афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофиркашӣ идома дорад.

Аз январ то сентябри соли ҷорӣ муомилоти умумии мусофиркашонӣ дар иттидодия назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4% афзуд.

Ҳамлу нақли бор бошад дар ИИАО 0,5дарсад афзуд, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 09:01


ИМА дар асл, бо гузоштани вето ба қатъномаи оташбаси Шӯрои амнияти СММ ба Исроил иҷозат дод, ки куштори ғайринизомиёнро дар навори Ғазза ва Лубнон идома диҳад, гуфт Вазорати корҳои хориҷии Эрон.

"Ҳамаи ин масъулияти шарикӣ дар содир кардани ҷиноятҳои вазнинро ба дӯши ИМА вогузор мекунад",- навиштааст cухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Исмоил Бақоӣ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 08:36


Пулиси Душанбе шикояти зани афғонистонӣ аз болои шавҳарашро месанҷад.

Ин зан дар муроҷиати видеоӣ изҳор дошт, ки шавҳараш ӯро пайваста зери фишори равонӣ қарор медиҳад ва номбурда аз президенти Тоҷикистон ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намуд, ки ба мушкили ӯ расидагӣ кунанд.

Зимнан, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян намуд, ки муроҷиаткунанда шаҳрванди 24 солаи Афғонистон буда, дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо волидони худ зиндагӣ мекунад.

Ӯ беш аз як сол бо марди 48 -сола, зодаи вилояти Тахор ва ҳоло сокини ноҳияи Рӯдакӣ тариқи никоҳи шаръӣ хонадор шуда, зиндагии якҷоя доранд.

Манбаъ афзуд, ҳоло вобаста ба ин ҳолат маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 08:11


🇷🇺 Имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ бояд шифоҳӣ ва бо наворбардорӣ сурат гирад - раиси Думаи давлатӣ Володин.

Ҳамчунин ба гуфтаи вай, нақшаи гузариши марҳила ба марҳила ба ҷамъоварии пурраи маълумоти биометрии шаҳрвандони хориҷӣ зарур аст.

Ин муроҷиатро Думаи давлатӣ ба ҳукумати Федератсияи Русия ирсол кардааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 07:28


Дар Ванҷ се мард зери тарма монд.

Дар ин бора КҲФ хабар дода, афзуд, ки ҳодиса субҳи дирӯз дар деҳаи Пишихарв рух дод.

Ду марди 44 ва як марди 53 - сола ба хотири ҷамъ овардани ҳезум ба кӯҳ баромаданд, вале аз ҳисоби боришоти зиёди барф тарма фаромада ҳар сеи онҳоро пахш кард.

Манбаъ афзуд, ки яке аз онҳо мустақилона аз зери барф баромад ва барои наҷоти ҳамроҳонаш сокинони деҳаро огоҳ кард.

Зимни корҳои ҷустуҷӯӣ як марди дигарро зинда аз зери барф берун оварданд ва ҷустуҷӯи саввумӣ то ҳол идома дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 07:08


Рустам Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафт.

Ҳадафи сафари Раиси Маҷлиси миллӣ ширкат дар Ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ аст, хабар дод дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 06:18


Ширкати нигаҳбони масири Душанбе-Чаноқ аз ронандагон хостааст, ки ба худравҳои худ хуб аҳамият диҳанд ва ҳангоми ҳаракат якдигарро эҳтиром кунанд.

Ба гуфтаи IRS, ҳоло дар масир бориши барф пуршиддату давомдор буда, вале мунтазам тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард мешавад.

Таъкид мешаважд, маҳдудияте, ки чанде пеш барои фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор муваққатан ҷорӣ гардида буд, аз байн бардошта шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 05:55


Амрико бо гузоштани вето ба қатъномаи оташбас дар Ғазза масъули куштори фаластиниҳо аст.

Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя изҳор дошт.

"Ман ба ҳамкасбони амрикоиам муроҷиат мекунам. Имрӯз шумо ниҳоят масъулияти марги даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ, сахтиҳои гурезаҳо, ранҷу азоби гаравгонҳо ва фаластиниёни ғайриқонунӣ боздоштшударо ба дӯш гирифтед”,- гуфт ӯ.

14 узви Шӯрои Амният аз қатъномаи оташбаси доимӣ дар Ғазза ҷонибдорӣ карданд, танҳо ИМА зидди он овоз дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

21 Nov, 05:25


Банане, ки ба девор часпонида шудааст, дар музоядаи Sotheby's ба маблағи 6,2 млн доллар фурӯхта шуд.

Кор ба рассоми итолиёвӣ Мауритсио Каттелан тааллуқ дорад.

Соҳиби нави банан дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, ки ният дорад дар ояндаи наздик ин хариди гаронбаҳояшро бихӯрад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 11:09


Нафт додугирифти Тоҷикистону Эронро метавонад ба 1 млрд доллар расонад.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон ниёзи Душанбе ба нафти хомро ҳудуди 1 млн тон хонда, ҳамкориро дар ин самт ояндадор арзёбӣ намуд.

Тиҷорати 9-моҳаи Эрону Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли равон ҳудуди 250 млн долларро ташкил дода, то охири сол 300 млн долларро убур хоҳад кард, гуфт Низомиддн Зоҳидӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 10:28


Русия пешравиро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ идома дод.

Артиши Русия деҳаи Илинкаро дар самти Кураховский дар Ҷумҳурии мардумии Донетск озод кард, хабар медиҳад Вазорати дифои кишвар.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 09:55


Исроил иҷоза намедиҳад, ки миссияҳои башардӯстона ба навори Ғазза ворид шаванд.

Танҳо дар ин моҳ он вуруди беш аз 100 гурӯҳро рад кардааст, гуфт СММ.

Мақомоти кишвар иддао доранд, ки ин корро ба далели мушкилоти таъминоти логистикӣ ва амният анҷом додаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 09:12


Тоҷикистон умедвор аст, ки амнияти ғизоиро бо кишварҳои дигар таҳким бахшад.

Муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон, Асозода Нуралӣ корҳоро дар ин самт бо ҳамкасбони хориҷӣ дар чаҳорчӯби COP-29 дар Боку баррасӣ кард.

Вай инчунин дар бораи мушкилоти ин соҳа ва ташаббусҳои ҷумҳурӣ оид ба обу иқлим ҳарф зад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 08:41


Ятимов барои чӣ корти сурх гирифту кӣ ноҳақ буд?

Футболбозони тоҷик дар сабқат бо тими миллии Афғонистон аз дақиқаи 39-ум муборизаро даҳнафара идома доданд, зеро дарвозабон Рустам Ятимов корти сурх гирифт.

Тими Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Самиев ва Рустам Соиров заданд.

Навор аз телевизиони "Варзиш".

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 08:08


Шӯрои Фератсияи Русия муҷозот барои тақаллуби асноди муҳоҷиронро шадидтар кард.

Тибқи тағйирот, шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи то 10 млн рубл ва барои нақзи такрорӣ то 60 млн ҷарима мешаванд.

Барои тақаллуби варақаҳои омадан, 80 ҳазор рубл ва барои такроран омода кардани чунин варақа 200 ҳазор рубл ҷарима таъйин мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 07:46


Дар роҳи Душанбе-Чаноқ як мошини боркаши ядакдор оташ гирифт.

Ширкати IRS аз ин ҳодиса хабар дода, афзуд, ки сӯхтор дар натиҷаи зиёд истифода бурдани тормоз сурат гирифт.

"Хушбахтона, бар асари ҳодиса ронанда осеб надид ва бори автомобил низ эмин нигоҳ дошта шуд", - омадааст дар хабари ширкат.

Аммо ба кабина ва муҳаррики мошин осеби ҷиддӣ расид, афзуд манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 07:12


Дар телевизиони Бразилия Байденро бен Ладен гуфтанд.

Барандаи телевизиони Бразилия шояд иштибоҳан дар пахши мустақим аз Ҷо Байден бен Ладен ном бурд.

Порчае аз ин пахш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 06:44


🇮🇷🇮🇱Эрон наздик аст, ки ба як қудрати ҳастаӣ табдил шавад.

Дар ин бора сарвазири собиқи Исроил, Эҳуд Барак ба расонаҳои ғарбӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, барои эҷоди силоҳи атомӣ ба ҷумҳурии исломӣ камаш як сол лозим аст.

Дар пасманзари ин таҳдид, Бинёмин Нетаняҳу метавонад тасмим бигирад, ки ба таъсисоти ҳастаӣ зарба занад, аммо дар ҳоли ҳозир аз ҷониби ИМА боздошта мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 06:17


Ғарб дар инзивои Маскав номуваффақ шуд.

Блумберг иқрор мешавад, ки сафари қарибулвуқӯи Путин ба Ҳиндустон аз нокомии талошҳои Ғарб барои инзивои Русия аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 05:52


Байден интиқоли минаҳои мамнӯи зидди пиёдагардонро ба Украина иҷозат дод.

Минаҳои мазкурро конвенсияи байналмилалӣ манъ кардааст.

"Ин як қисми амалҳои фаврӣ буд, ки маъмурияти Байдени ноком барои кумак ба талошҳои низомии Киев анҷом медиҳад", - менависад WP.

Нашрия тавзеҳ медиҳад, ки минаҳо дар Донбасс бо ҳадафи боздоштани ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия насб хоҳанд шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 05:17


Беш аз нисфи украиниҳо ба гузаштҳои ҳудудӣ ба хотири хатми фаврии низоъ розӣ ҳастанд.

Тибқи иттилои пажӯҳишгоҳи Gallup, 52%-и шаҳрвандони Украина ҷонибдори ҳарчи зудтар бастани созиш мебошанд. Барои муқоиса, дар соли 2023 онҳо на бештар аз 25% буданд.

Ҳудуди 38%-и дигари пурсидашудагон хоҳони "ҷанг то пирӯзӣ” ҳастанд, ҳатто бо вуҷуди талафоти зиёди нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва пешравии босуръати артиши Русия дар тамоми ҷабҳа. Танҳо як сол пеш, ин тақрибан 63%-ро ташкил медиҳад.

Тақрибан 10%-и пурсидашудагон дар ҷавоб душворӣ кашиданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 04:37


Тавлиди "нони дуюм" дар Суғд афзоиш дода шуд.

Ба ҳолати аввали ноябр дар вилоят зиёда аз 640 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардад.

Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 ҳазор тонна бештар арзёбӣ мегардад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 04:07


Ба 112 омӯзгору духтур дар Хоруғ 5 гектар замин барои сохтмони хона дода шуд.

Ба иттилои шаҳрдорӣ дар Хоруғ шаҳраки нав бунёд мешавад.

Дар шаҳрак хонаҳои баландошёна, парки технологӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона бунёд мегардад, афзуд манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

20 Nov, 03:41


Нархи рубл дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ монд.

Қимати доллар бошад майли поинравӣ дошта, нархи евро афзуд. Тафсилот дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Nov, 17:37


Нархи сомонӣ дар бозори арзи Русия боло рафт.

Қимати сад сомонӣ беш аз 938 рублро ташкил медиҳад. Тафсилот дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Nov, 17:11


Тоҷикистон нақша дорад, ки якчанд маҷмааҳои логистикии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бунёд кунад.

Дар ин бора Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зимни Форуми "Ҳафтаи нақлиёт 2024" дар Маскав изҳор дошт.

Азим Иброҳим гуфт, ки ба ин ҳадафҳо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 100 млн доллар омода шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Nov, 16:42


Ғарб фишорро дар фазои пасошӯравӣ афзоиш медиҳад.

Ин корро бо баҳонаи пуштибонӣ аз демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом медиҳад, гуфт муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия.

"Фишорҳо болои мақомоти ин кишварҳо афзоиш ёфта, ҳама гуна эҳсосоти эътирозӣ тавсеа меёбанд", - шарҳ дод Константин Косачев.

Дар ин ҳолат, василаҳои нерӯи нарм, аз ҷумла стипендия, омӯзиш ва созмонҳои ғайридавлатӣ истифода мешаванд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Nov, 07:22


🤱 Дар Русия додани сармояи модарӣ ва ҷорӣ кардани ҷоизаҳо барои бобою бибиҳои "серфарзанд" беҳтар хоҳанд шуд.

Стратегияи дахлдори сиёсати оилавӣ-демографӣ бо ширкати ниҳодҳои дахлдор бо супориши президент таҳия шуда, то соли 2036 тарҳрезӣ шудааст, хабар медиҳад РБК. Мақсади асосии он зиёд кардани таваллуд ва таъмини оила мебошад.

Ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки сармояи модарӣ афзоиш хоҳад ёфт ва чӣ тавр қоидаҳои додани он тағйир меёбад, мушаххас нест.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Nov, 06:55


🔮 Марҳилаи навбатии мубориза бо сеҳру ҷодугарон дар пойтахт: Кормандони пулиси Душанбе як зани 53-соларо барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ боздошт карданд.

Дар хонаи ӯ маҷмӯи пурраи ашёҳо барои чунин фаъолиятҳо - картаҳо, тумор ва гиёҳҳои маҳаллӣ пайдо карда шуданд.

Нисбати фолбин парвандаи маъмурӣ боз шуда, аллакай ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Nov, 06:41


🇮🇷🇮🇱Ҳамлаи Эрон ба иншооти гази Исроил метавонад ба Аврупо мушкил пеш орад.

Дар сурати ҳамла ба платформаҳои баҳрии "Тамар" ва "Левиафан", ИА метавонад ба норасоии шадиди гази дучор шавад, гуфт профессори Донишгоҳи Кейо Коичиро Танака ба ТАСС.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, ба далели ҳамлаи ҷавобии Эрон, низоъ дар минтақа метавонад танҳо бадтар шавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Nov, 05:57


❗️ Нохушӣ дар НБО “Роғун”: се коргар дар маҳалли кор ҳалок шуданд.

Дар ин бора Хадамоти давлатии назорати бехатарии меҳнат дар саноат ба @Sputnik_Tajikistan хабар дода, гуфтанд, ки фоҷиа ду рӯз қабл рух дода, ҳамзамон як тани дигар захмӣ аст.

“Дар пайи ҳодиса гуруҳи корӣ фавран таъсиси дода шуд, ки ҳоло вазъро дар макон яъне НБО “Роғун” таҳқиқ мекунан”,- афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҳолат дар маҳалли кории марбут ба ширкати “Хокруд” рух додааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Nov, 05:34


Трамп сенатори радикали амрикоиро ба вазифаи котиби давлатии худ пешбарӣ кард

Раисиҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳида пас аз мулоқот бо Ҷо Байден, раиси ҷумҳури феълии демократии кишвар, сенатори тундрав Марко Рубиоро вазири хориҷаи ҳукумати ояндаи худ муаррифӣ кард.

Маврид ба зикр аст, ки Рубио аз ҷонибдорони сарсахти режими Исроил аст, ки ахиран тамоми амалкарди Телавив дар Ғазза ва Лубнонро пуштибонӣ намуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Nov, 05:02


🇺🇦 Онҳо манзил доранд, мо не: дар Украина иқрор шуд, ки тақрибан 30% аҳолӣ, ки аз оғози даргирӣ шаҳрҳои бузургро тарк карда буданд, аллакай ба хонаҳои худ дар минтақаҳои аз ҷониби Русия озодшуда баргаштаанд.

Ба гуфтаи шаҳрдори собиқи Мариупол Вадим Бойченко, бо вуҷуди талошҳои Киев, мақомот хуруҷи украиниҳо ба қаламрави Русияро сабт мекунанд.

Дар ҷаласаи Ассосиатсияи шаҳрҳои Украина вай таъкид кард, ки ин ба туфайли беҳтар шудани шароити зист дар ФР ва зуд барқарор гардидани хоҷагии деҳот ба амал меояд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Nov, 04:31


Артиши Исроил ба ноҳияи Шиях, ки дар канори ҷанубии Бейрут воқеъ аст, се зарбаи сахт зад, хабар медиҳад хабарнигори РИА "Новости".

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, таркишҳо чунон сахт буданд, ки садои онҳо дар минтақаҳои марказии Бейрут шунида мешуд.

Дар бораи қурбониён маълумот дода нашудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед.

Sputnik Тоҷикистон

14 Nov, 04:06


🚓 Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо як ҳайати Чин масъалаҳои амнияти ҷамъиятиро баррасӣ кард.

Рамазон Раҳимзода бо ҳамкасбонаш, ки таҳти роҳбарии сардори пулиси Нанҷинг, ки дар Душанбе ҳастан, суҳбат кард.

Ҷузъиёти вохӯрӣ ифшо нашудааст, аммо афсарони интизомии Тоҷикистон таъкид карданд, ки ҳамкории дуҷониба байни ниҳодҳо "метавонад дар мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир муассир бошад".

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

14 Nov, 03:47


Поинравии қурби рубл дар баробари сомонӣ идома дорад ва ҳамзамон доллар низ каме коҳиш ёфтааст.

Евро бошад андаке афзоишро нишон медиҳад.

Маълумоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Sputnik Тоҷикистон

13 Nov, 17:43


Қурби сомонӣ дар бозори арзи Русия андаке боло рафт.

Сад сомонӣ дар бозори арзи Русия каме бештар аз 923 рубл арзиш дорад.

Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

13 Nov, 17:21


Русия муҷозот барои тақаллуби асноди муҳоҷиронро шадидтар кардааст.

Тибқи қонуни нав, шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи то 10 млн рубл ва барои нақзи такрорӣ то 60 млн ҷарима афзоиш меёбанд, гуфт раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия.

Барои тақаллуби варақаҳои омадан, 80 ҳазор рубл ва барои такроран омода кардани чунин варақа 200 ҳазор рубл ҷарима таъйин мешавад, илова кард Вячаслав Володин.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

13 Nov, 16:49


Дар Сурхандарё аз воридоти беш аз 50 кг маводи мухаддир аз Тоҷикистон пешгирӣ шуд.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ мошинро боздошта, дар бордони он ва аз зери ороиши дохили он халтаҳои полиэтиленӣ бо маводи мухаддири ҳашиш дарёфт карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Зикр гардид, ки ронандаи мошин маводи мухаддирро аз як гурӯҳи ҷиноӣ дар Тоҷикистон барои бозфурӯшӣ дарёфт кардааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

13 Nov, 16:12


Ҳукумати Русия ҳаҷми пардохти яквақтаина ба низомиёни маҷруҳшударо тасдиқ кард.

Бар асоси қарор, агар ҷароаҳт вазнин бошад 3 млн рубл ва агар сабук 1 млн рубл пардохт мешавад.

Барои дигар навъи осебҳо100 ҳазор рубл пардохт мегардад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

13 Nov, 15:45


Тағйирёбии иқлим пули бештарро талаб мекунад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола барои лоиҳаҳои нав ва мутобиқсозӣ то соли 2030 беш аз $120 млрд ҷудо мекунад.

Ин пешгӯӣ дар конфронси иқлимии СММ пешниҳод шудааст.

Имрӯз ҳам байни ҳаҷми маблағгузорӣ ва эҳтиёҷоти ҷоқеӣ аз сабаби таъхирнопазирӣ ва миқёси дигаргуниҳо фарқияти калон вуҷуд дорад. гуфт президенти СОР-29 Мухтор Бабаев.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

13 Nov, 15:37


Мунтахаби Тоҷикистон тими Непалро голборон кард.

Бозии дӯстона миёни мунтахаби Тоҷикистону Непал имрӯз дар варзишгоҳи пойтахт баргузор шуд.

Футболбозони тоҷик ба дарвозаи ҳариф 4 гол заданд ва ҳамзамон нагузоштанд, ки тӯб вориди дарвозаи онҳо шавад.

Ҳарифи навбатии Тоҷикистон дар бозии дӯстона мунтахаби Афғонистон аст.

@Sputnik_Tajikistan

Sputnik Тоҷикистон

13 Nov, 15:25


Аз аввали сол шаҳрвандии беш аз 1,3 ҳазор хориҷӣ дар Русия қатъ шудааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ дод.

Манбаъ афзуд, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ низ аз Русия нисбат ба соли гузашта 45% зиёдтар гардидааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

13 Nov, 14:48


Олимони тоҷик бо ҳамкасбони туркӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ва самтҳои асосии тадқиқоти муштарак ин соҳаҳои тиб ва биология хоҳанд буд.

Дар ин бора президенти Академияи миллии улуми Тоҷикистон ва сафири фавқулодаи Туркия дар ин бора ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад академия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

13 Nov, 14:22


Душанбе мизбони ҷашнвораи байналмилалии рақс шуд.

Ҳамоиш таҳти унвони "Рақс моро муттаҳид мекунад" ҷараён гирифт.

Барои рушди равобити фарҳангӣ ва санъат дар Душанбе гурӯҳҳо аз Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Молдова ҳунарнамоӣ карданд. Раванди чорабиниро дар навор бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 16:59


Сомонӣ гаронишавиро дар бозори арзи Русия идома дода истодааст.

Ҳоло 100 сомонӣ беш аз 913 рубл арзиш дорад.

Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 16:33


Раҳмон фаҳмонд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд чи гуна бошанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо масъулини соҳа гуфт, ки кадрҳои соҳавӣ дар сатҳи баланди касбӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳони муосир омода карда шаванд.

Илова бар ин, тайёрии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба арзишҳои заминавии демократӣ, волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёбад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 15:57


🪨 Ширкати Саратов ба таҳвили масолеҳи роҳҳо ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад.

Ин созишнома дар доираи як миссияи тиҷорӣ, ки аз ҷониби Маркази минтақавии дастгирии содироти Русия ташкил шудааст, сурат гирифт.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо дар мавриди интиқоли маводи геосинтетикӣ ва роҳҳалҳои тарҳрезӣ барои безараргардонии об ба мувофиқа расиданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 15:27


Сарбозони Русия Селидоворо дар самти Покровский комилан озод карданд.

Дар ин бора Вазорати дифои Русия иттилоъ дод.

Ин минтақаи Донетск даҳҳо ҳазор сокин дошта, дар 44 километрии шаҳри Донетск ва 20 киломатрии Покровск ҷойгир аст.

Аҳамияти ин минтақа аз нигоҳи логистикӣ ва таъминоти нерӯҳо бузург арзёбӣ шуда, барои Украина мушкил эҷод хоҳад кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 14:52


Тоҷикистон ба сармоягузорон ҳудуди 350 кафолату имтиёзҳо пешниҳод мекунад.

Муовияни якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе гуфт, қонунгузории ҷумҳурӣ барои сармоягузорон беш аз 240 намуди кафолатҳо пешбинӣ шудааст.

Инчунин зиёда аз 110 сабукиҳои андоз ва гумрукӣ пешбинӣ шудаанд, афзуд ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 14:17


Барои тоҷикистониён дар Русия телефони машваратӣ фаъол шуд.

Телефони машварати ҳуқуқӣ дар назди Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия таъсис ёфтааст.

Корафтодагон метавонанд аз тариқи рақамҳои +7 (965) 320 55 02 муроҷиат намоянд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 13:56


Раҳмон хостори таҳкими назорати ҳузури хонандагону омӯзгорон дар макотиб шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо мақомот гуфт, гарчанде дар суханронии худ рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ таъкид карда будам, ки тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат қарор дода шавад, лекин то ҳанӯз ин камбудиҳо ҷой доранд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 13:26


Президент аз сабти 6,5 ҳазор фолбину муллои чаласавод дар Тоҷикистон гуфт.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар кишвар 1500 нафар шахсоне, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул буданд, ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамчунин зиёда аз 5000 нафар муллоҳои чаласавод барои хурофотпарастӣ дастгир гардида, ба қайди мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шудаанд, афзуд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 13:22


Раҳмон аз кори намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар Русия норозист.

Вай дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе гуфт, фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия камбудии ҷиддии дигар мебошад, ки гурӯҳи корӣ рафта, вазифаҳои онҳоро иҷро карда истодааст.

Вай хостори таҳкими мубориза бо зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва фаъолияти созмонҳои террористӣ шуд, ки хусусият ва миқёси ҷаҳонӣ касб кардааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 13:18


Раҳмон аз мақомот хост, парвандакушоӣ алайҳи сокинон барои лайкро хотима диҳанд.

Раисҷумҳур дар мулоқот бо масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, дар онҳо камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд.

"Масалан, вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст", - гуфт ӯ.

Раисҷумҳур таъкид намуд, ки баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 13:11


Путин размоиши нерӯҳои боздорандаи ҳастаиро оғоз бахшид.

Раисҷумҳури Русия гуфт, дар ҷараёни машқҳо амали мақомдорон дар татбиқи силоҳи ҳастаӣ бо партоби амалӣ тамрин мешаванд.

Барои Русия доштани нерӯҳои стратегии замонавӣ муҳим аст, ки ҳамеша барои истифода омода бошанд, қайд кард президент.

Русия тамоми ҷузъҳои нерӯҳои боздорандаи ҳастаии худро такмил хоҳад дод, барои ин захираҳои кофӣ вуҷуд доранд, афзуд ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 12:53


Ҳамаи тимҳои иштирокдори Ҷоми Осиё - 2025 маълум шуданд.

Дар баробари Тоҷикистон ғолибони 9 гуруҳи дигар – Кореяи Шимолӣ, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ӯзбекистон, Ҷопон, Австралия, АМА ва Яман ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфтанд.

Аз байни дастаҳое, ки бо нишондодҳои беҳтар зинаи дуюмро ишғол намуданд,Чин, Ветнам, Индонезия, Эрон ва Уммон ба мусобиқа мераванд.

Тими мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ бошад, ба ҳайси мизбон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 ширкат меварзад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 12:32


Будапешт чи тавр озод карда шуд. 29 октябри соли 1944 амалиёти ҳуҷумии Будапешт оғоз ёфт.

Амалиётро таҳти фармондеҳии маршалҳо Малиновский ва Толбухин қӯшунҳои ҷабҳаҳои 2 ва 3-уми Украина мегузаронданд.

Пойтахти Маҷористон барои фашистон аҳамияти калони стратегӣ дошт. Ҳангоми наздик шудан ба шаҳр онҳо якчанд хати мудофиа бунёд сохтанд ва худи Будапештро ба қалъаи шикастнопазир табдил доданд.

Ҷанг 108 рӯз давом кард. То 2 ноябр қӯшунҳои шӯравӣ аз Дунай гузашта, ба Будапешт расиданд.

"Мо ваъда медиҳем, ки кишваре месозем, ки ҳаргиз рӯҳияи ҷангҷӯёна нахоҳад дошт ва аҳолиаш ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамеша бо миннатдорӣ ва дӯстии ҳақиқӣ муносибат хоҳад кард", — навишта буд соли 1945 яке аз рӯзномаҳои Маҷористон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 12:08


❗️Тоҷикистон соли оянда нахустин маҳсулоти коркарди литиии худро мегирад.

Дар ин бора ба @Sputnik_Tajikistan сардори шӯъбаи равобити байналмилалии Вазорати саноати Тоҷикистон Тимур Ёрибек хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти Тоҷикистон барои истихроҷ ва коркарди филизоти нодири замин дар муқоиса бо ҳамтоҳои дигар манотиқи ҷаҳон рақобатпазиртар аст.

"Литии Тоҷикистон дар қиёс бо филизи Амрикои Лотинӣ бо ниобати литий ва танталати литий меравад. Яъне дар сурати поин рафтани қимати як метали нодир ба таври автоматӣ қимати дигараш мепӯшонад", - таъкид кард ӯ.

🔸Мансабдор қайд кард, ки ба кор андохтани корхона дар якҷоягӣ бо ширкатҳои бузурги хориҷӣ ба шарофати низоми имтиёзҳои махсус барои сармоягузорон дар Тоҷикистон имконпазир гардид.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 11:45


ФСБ-и Русия навори нави зархаридони хориҷиро, ки қасди ҳамла ба Брянск доштанд, нашр кард.

Дар навори нашршуда аз ҷумла слиҳа, муҳимот ва таҷҳизоте намоиш дода шуд, ки диверсантҳои хориҷӣ бо онҳо мехостанд ба вилояти Брянск ҳамла кунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 11:19


🇷🇺 Ҷарима ба маблағи 2 ундетсилион рубл ба Google таҳдид мекунад.

Додгоҳи Русия аз Google барои бастани ғайриқонунии саҳифаи 17 шабакаи телевизионӣ дар YouTube ҳамин қадар маблағ талаб кардааст.

Мурофиа аз соли 2020 идома дорад, аз ин рӯ рақам бо 36 сифр комилан мантиқист, зеро барои таъхир бояд ҷубронпулӣ пардохт карда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки 2 ундетсилион бо рақамҳо чунин 2.000.000.000.000.000.000.000.000.000.000.000.000 навишта мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 10:59


Довари шинохтаи тоҷик Гулмуроди Саъдулло бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад.

Номбурда якҷо бо дастааш дар гурӯҳи "А" бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Эронро, ки 14 ноябр дар Лаос баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад.

Ба довари 33-сола ФИФА дар майдон ҳамватанонаш, ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кумак мекунанд ва Насрулло Кабиров довари эҳтиётӣ таъйин шуд иттилоъ дод ФФТ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 10:55


Маъмурияти президенти Эрон қасд дорад, хароҷоти дифоии кишварро ду баробар афзоиш диҳад, гуфт сухангӯи дафтари раисиҷумҳури Эрон Фотима Муҳоҷиронӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 10:27


ИМА дар ҳамлаи Исроил ба Эрон шарик аст.

Ин нуктаро Амир Саид Иравонӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломӣ дар Созмони Милали Муттаҳид баён дошт.

ИМА барои ин корашон ҷавоб хоҳанд гуфт, навиштаст IRNA аз қавли мақомдор.

Теҳрон иддаои ҷониби Исроилро рад карда, афзудаст, ки низоми дифоии Эрон дар пайи ин ҳамлаҳо хисороте надидаст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

29 Oct, 10:01


🪨 Ширкатҳои бузургтарини ҷаҳон ба захираҳои Тоҷикистон ниёз доранд.

Дар ин бора муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ дар як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошт.

Ба гуфтаи Ҳоким Холиқзода, захираҳои табиии кишвар ва энержии сабз метавонанд дар иқтисоди ҷаҳонӣ нақши муҳим бозанд.

Ҷумҳурӣ нақша дорад то соли 2037 ҳиссаи энергияи барқароршавандаро ба 98 фоиз расонад, афзуд ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 16:57


Нархи сомонӣ дар бозори арзи Русия якбора боло рафт.

Ҳоло 100 сомонӣ беш аз 912 рубл арзиш дорад.

Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 16:27


Муҳассилини Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мераванд.

Таътил ҳамагӣ як ҳафта - аз 1 то 7-уми ноябр идома хоҳад дошт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 15:49


Муомилоти молӣ байни ИИАО ва кишварҳои Амрикои лотинӣ афзоиш ёфта истодааст.

Дар тӯли 6 моҳ ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.

Дар баробари ин бозори умумии Амрикои ҷанубӣ ба вусъат додани ҳамкорӣ бо ИИАО нигаронда шудаст, гуфт сафири Аргентина дар мулоқот бо роҳбари ҳайати мушовараи КИАО.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 15:07


⚡️ФСБ видеои зархаридони саркӯбшуда дар Брянск ва силоҳашонро намоиш дод.

Ин ниҳод меӯяд, кӯшиши вайрон кардани сарҳади давлатии Русия дар вилояти Брянск бо иштироки диверсантҳои хориҷӣ ҷилавгирӣ шуд.

Дар навор силоҳу муҳимоти ҷангӣ дида мешавад, ки бо онҳо диверсантҳои хориҷӣ мехостанд ба минтақаи Русия ҳамла кунанд.

ФСБ инчунин акси як ҷангҷӯи кушташударо бо татуировкаи полки элитавии 75-уми нерӯҳои вижаи ИМА нишон медиҳад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 14:56


Дар вилояти Брянск 4 зархариди хориҷӣ нест карда шуданд.

Дар бадани яке аз зархаридҳо нишонаи полки иктишофии парашютчиёни қувваҳои хушкигарди ИМА пайдо шуд.

Хадамоти бехатарии федеролии амнияти Русия хабар медиҳад, ки онҳо бо худ силоҳ, таҷҳизот ва лавозимоти мухобиротии хориҷӣ, инчунин парчами Канада, китоби дуо ба забони лаҳистонӣ ва як дафтар бо ёддоштҳо дар бораи омӯзиши тактикӣ ба забони англисӣ доштанд.

Ба боқимондаҳои гуруҳ, ки ақибнишинӣ карданд, зарбаи мушакию артиллерӣ зада шуд, ки ҳамчунин талафот бардоштанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 14:42


Эрон таҳдид кардааст, ки ба ҳамлаҳои Исроил посух хоҳад дод.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии исломӣ иттилоъ дод.

"Мо тамоми абзорҳоро барои вокуниши ҷиддӣ истифода мебарем ва табиист, ки хусусияти вокуниши мо ба хусусияти ҳамла мутаносиб хоҳад буд", - гуфт намояндаи ВУХ Эрон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 14:01


Русия барои пешгирӣ аз авҷи низоъ дар Ховари Миёна тамоми корро анҷом медиҳад.

Ба гуфтаи Лавров махсусан барои коҳиши шиддат баъди ҳамлаи Исроил ба Эрон чораандешӣ шуда истоодааст ва то ҳол татбиқи сенарияи бадтарин канорагирӣ шудааст.

Маскав низ умедвор аст, ки Шӯрои Амнияти СММ дар ором кардани вазъ кумак хоҳад кард, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Русия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 13:23


28 октябри соли 1944 қӯшунҳои шӯравӣ Украинаро аз истилогарони фашистӣ ба пуррагӣ озод карданд.

Охири моҳи октябри ҳамон сол дар рафти амалиёти Карпату Ужгород немисҳо аз Закарпатйе ронда шуданд. Ин яке аз охирин қаламравҳои Украина буд, ки истилогарон таҳти назорат доштанд.

Озодии Украинаро ҳамаи чор ҷабҳаи украинии Артиши Сурх, ки дар вақтҳои гуногун онҳоро Жуков, Малиновский, Толбухин, Ватутин ва Конев фармондеҳӣ мекарданд, таъмин карданд.

Дар давраи истилои немисҳо дар Украина то 10 миллион нафар кушта ва 2,5 миллион нафар аз ҷониби фашистон ба ғуломӣ ронда шуданд.

Зиёда аз 2,6 миллион нафар ҷанговарони шӯравӣ дар роҳи озод кардани сокинони ҷумҳурӣ ҷон бохтанд.

Дар Украинаи муосир бошад, ҳоло на аз корнамоии аҷдодони мо, балки аз мубориза бо гузаштаи мо ифтихор доранд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 12:47


Бо бомби ҳавоии ФАБ - 3000 мақари будубоши нерӯҳои Украина набуд карда шуд.

Вазорати дифоъ навори партоби ФАБ-3000-ро болои як нуқтаи истиқрори муваққатии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Волчански вилояти Харковро нишон дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 12:16


Ҳайати соҳибкорони Саратов аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Ба ҳайат, намояндагони корхонаҳое, ки бо тавлиди дастгоҳу мошинҳо, таҷҳизоти барқӣ ва бофандагӣ машғуланд, вориданд.

Дар доираи ин миссия гуфтушунидҳои b2b ва боздид аз майдонҳои истеҳсолии Тоҷикистон барои бастани шартномаҳо дар назар аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 11:28


Бекорӣ дар Русия се моҳ паиҳам дар сатҳи рекордӣ паст - 2,4% қарор дорад.

Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни ҷаласа дар робита ба масъалаҳои иқтисодӣ баён дошт.

Вай ин нишондодро ба фаъолияти корхонаҳо рабт дод, ки рушди саноат дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба 4,5% баробар шудаст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 10:51


Суҳбати занон дар ҳузури омма дар Афғонистон мамнуъ шуд.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ дода, афзуданд, ки то ҳол суҳбати зану мард мамнуъ буд.

Зикр гардидаст, ки аз замони ба сари қудрат омадани Толибон* барои занон таҳсил, сафар кардан бе ҳамроҳии мард, суҳбат дар назди мардум, рафтан ба боғҳо, оббозӣ ва машғул шудан ба ягон намуди варзишу толорҳои зебоӣ манъ карда шуд.

*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 10:20


Маҷлиси миллии Тоҷикистон 33 масъаларо баррасӣ мекунад.

Дар ҷаласаи палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ки 5 ноябр даъват шудааст, аз ҷумла 30 қонун баррасӣ мегардад, ки қаблан аз сӯи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ёфтанд.

Дар баробари ин тағйири бархе ҷойномҳо дар Хатлону ВМКБ ва интихоби додраси Додгоҳи олӣ дар рӯзномаи ҷаласа мебошад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 09:53


Номзад ба ноиби президент аз Трамп хостори гуфтугӯ бо Путин шуд.

Ҷей Ди Вэнс дар мусоҳиба бо телевизиони NBC, раисҷумҳури Русияро "рақиб" номид, на "душман" ва таъкид кард, ки дипломатия чандириро талаб мекунад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки мухолифи ҷанг аст ва музокироти Украина, Русия ва НАТО-ро барои расидан ба сулҳ муҳим медонад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 09:22


Ироқ аз амали Исроил ба СММ шикоят бурд.

Бағдод аз он нотаи эътирозӣ фиристодааст, ки ҳавопаймоҳои исроилӣ дар масири ҳамла ба Эрон аз фазои Ироқ парвоз кардаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 08:49


Иқтисодиёти Тоҷикистон суръати рушдро тезондаст.

Агар рушди иқтисод дар нимсолаи аввал 8,2% зиёд шуда бошад, пас дар тирамоҳ ин рақам алакай 8,4%-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти БАОР.

Аммо таваррум коҳишро идома дода, аз 3,6% дар моҳи август ба 3,1% расидаст.

Муҳаррикҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон ҳамоно кишоварзӣ, савдо ва саноат мебошад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

28 Oct, 08:20


Дар Тоҷикистон барфи аввал борид.

Дар Душанбе ҳаво боронист, аммо дар бархе навоҳии дигар барфи аввал заминро сафедпӯш кардаст. Ҳамвандони @Sputnik_Tajikistan аз Деваштич аксу навори барфрезии аввалро ирсол карданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 15:41


Ҳунармандони театр бояд бо намоишҳои худ мардумро ба роҳи рост ҳидоят кунанд.

Сӯҳроб Шехов коргардони филми "Стоп террор" гуфт, ҳадаф аз таҳия кардани намоишнома боздоштани ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ аст.

Ба таъкиди ӯ, ҷавонон бояд аз пайи омӯзишу донишандӯзӣ бошанд, на ин ки узви ягон ҳаракатҳои террористӣ шаванд.

Мусоҳибаи калони хабарнигори @Sputnik_Tajikistan бо коргардон Шеховро аз ин ҷо тамошо кунед.

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 15:29


Дар Душанбе оркестри марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия баромад кард.

Тавре мухбири @Sputnik_Tajikistan хабар дод, барои сокинони шаҳр барномаи махсус омода шудааст.

Илова бар ин, гурӯҳи мусиқӣ рӯзҳои наздик дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 14:59


Ҳомид Карзай ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум кард.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон, ҳамлаи Исроил ба марокизи низомии Эронро маҳкум кард ва онро нақзи истиқлолияти миллӣ ва дахолатнопазирии ин кишвар хонд.

Ба гуфтаи Карзай, чунин ҳамлаҳо боиси афзоиши таниш дар минтақа ва таҳдид ба сулҳу амнияти байналмилалӣ мешавад.

Раисиҷумҳури пешин аз мақомоти масъули байналмилалӣ хоста буд, ки бо андешидани чораҳои зарурӣ ва муносиб аз густариши таниш дар минтақа ҷилавгирӣ кунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 14:01


Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона тими Арабистони Саудиро шикаст дод.

Бозӣ дар варзишгоҳи Ҷидда баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба суди футболбоздухтарони тоҷик анҷом ёфт.

Даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8 то 16 марти соли оянда баргузор мешавад.

Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дертар муайян мегарданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 13:12


Коршиносони тоҷик мегӯянд, нишасти БРИКС ҷаҳонро аз диктаҳои Ғарб озод мекунад.

Ба таъкиди коршиносон, пас аз нишасти БРИКС дар Қазон ҷаҳон шоҳиди ду тағйири бузург хоҳад буд, яке, поёни ҷаҳони якқутбӣ, дигаре поёни пули амрикоӣ.

Ба қавли Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ғарб ба раҳбарии Амрико бо он чӣ дар Ховари Миёна ва Аврупои Шарқӣ анҷом медиҳад, он ҳам ба ҷои хомӯш кардан, равған рехтан ба оташи ҷанг, кишварҳои дигар дар ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст.

“Он гуна ки мо иттилоъ ёфтем, Чину Бразил қарор аст, як формулаи сулҳи ҷаҳониро аз суроғаи БРИКС ба ҷаҳон пешниҳод кунанд ва ин ба он маъно хоҳад буд, ки БРИКС як созмони сулҳхоҳ ва Ғарбу созмонҳои таҳти контролаш ҷангталаб муаррифӣ хоҳанд шуд", - гуфт ӯ.

Диду назари боз ду коршиноси дигари тоҷик дар ин масъаларо аз маводи мукаммали @Sputnik_Tajikistan метавонед мутолиа кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 12:34


Коргардони тоҷик ҳадаф аз эҷоди намоишномаи "Стоп террор" -ро шарҳ дод.

Шӯҳроб Шехов коргардони намоишномаи "Стоп террор" ба хабарнигори @Sputnik_Tajikistan гуфт, пас аз ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Хол тасмим гирифт, чунин намоишномаро таҳия ва пешкаши тамошобинон кунад.

Ҳадафаш огоҳ намудани ҷавонон аз хавфи терроризм ва оқибатҳои нохуши он буд, мегӯяд Шехов.

Аснои таҳияи намоишнома коргардон ба мушкилӣ рӯбарӯ шуд аз видео тамошо кунед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 12:00


Зиндониёне, ки аз колонияи Липетск фирор карданд, шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд.

Губернатори Липетск Артамонов гуфт, чаҳор маҳбуси фирорӣ аз колонияи вилояти Липетск боздошт шуданд: ду нафар дар вилояти Липетск ва ду нафари дигар дар вилояти Тамбов.

Ҷустуҷӯи ду маҳбуси дигар идома дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 11:33


Нерӯҳои Русия рустои Александропол дар самти Кураховскийро аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина озод карданд, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 10:14


Аз колонияи Липетск шаш зодаи Осиёи Марказӣ фирор кард.

Гуфта мешавад, ҳар шаш нафари онҳо бинобар содир кардани ҷиноятҳои сангин маҳкум шуда буданд.

Ба иттилои Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо ҷинояткорон тавассути тунел аз колония фирор карданд ва ҳоло ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 09:51


Дар Ашт аз ифтитоҳи Маркази таълимии русӣ хушбинанд.

Акмал Бурҳонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия ба созмондиҳандагони марказ миннатдорӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки хатмкунандагони он дар оянда берун аз Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Русия метавонанд роҳат таҳсил кунанд.

Ин марказро Россотрудничество ифтитоҳ кард.

Видеои пурраи хабарнигори @Sputnik_Tajikistan -ро аз ин ҷо бинед

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 09:27


Эрон аз шаҳодати ду тан аз низомиёни худ ҳангоми ҳамлаи Исроил хабар дод.

Дар пайи ҳамлаҳои таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ду тан аз низомиён дар дифоъ аз сарзамини Эрон ба шаҳодат расиданд, менависад хабаргузории ИРНА.

"Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби гузашта ҳангоми муқовимат бо снарядҳои режими ҷиноии саҳюнистӣ барои дифоъ аз амнияти Эрон ва ҷилавгирӣ аз осеб ба миллат ва манофеи Эрон ду сарбози худро қурбонӣ кард", - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки Исроил бо беш аз 100 ҳавопаймо аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 ба Эрон ҳамла кард ва онро посух ба ҳамалоти Эрон дар рӯзи 1 октябр арзёбӣ кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 08:20


Кинои тоҷик Ингушистонро фатҳ мекунад.

Дар ин ҷумҳурӣ фестивали "Бурҷи тилоӣ" оғоз ёфт, ки дар он қариб 90 филми ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ гирд оварда шудааст.

Ин филмҳоро на танҳо коргардонҳои тоҷик, балки аз Чин, Италия, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо низ намояндагӣ мекунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 07:47


Дар ВМКБ аз таваллуди ками кӯдак изҳори нигаронӣ карданд.

Дар нимсолаи аввали соли равон дар вилоят ҳамагӣ 1174 кӯдак таваллуд шудаасту халос. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ бо роҳбарони сохторҳои тандурустии вилоят зикр гардид.

Таъкид шуд, ки то солҳои 2013-14 соле қариб 5 ҳазор кӯдак таваллуд мешуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

26 Oct, 07:24


Арабистони Саудӣ ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум кард.

Гуфта шуд, ки Арабистон иқдомоти таҷовузкоронаи режими ҷаҳлии саҳюнистӣ алайҳи Эронро маҳкум мекунад ва онро нақзи истиқлоли Ҷумҳурии Исломӣ ва нақзи қавонин ва меъёрҳои байналмилалӣ медонад.

Зимнан, ин кишвар аз ҳама ҷонибҳо баландтарин сатҳи худдорӣ ва коҳиши таниш ва поёни даргириҳо дар минтақаро тақозо кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 17:04


Нархи сомонӣ дар бозори арзи Русия каме боло рафт.

Ҳоло 100 сомонии тоҷикӣ 907 рубл арзиш дорад.

Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 16:27


Тоҷикистонро се рӯзи сарду боронӣ интизор аст.

Дар ин бора КҲФ бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар дода, афзуд, ки рӯзҳои 26-28 октябр ҳаво номусоид шуда, борошити борон ва дар баландии беш аз 200 метр барфрезӣ дар назар аст .

Ҳамчунин ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо то 8-10 дараҷа паст мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 15:44


🪪 Дар Маскав ба муҳоҷирон корти электронӣ дода мешавад.

Дар корт тамоми маълумот дар бораи соҳиби он хоҳад буд: санаи вуруд ба Русия, маълумоти биометрӣ, ҷои кор, иҷозатномаи иқомат ва сабти ном. Татбиқи ин навгонӣ аз соли 2025 дар назар аст, гуфт шаҳрдор Сергей Собянин.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 15:24


Хеле кам мондааст: Эрон раванди пайвастан ба минтақаи тиҷорати озоди ИИАО- ро анҷом медиҳад.

Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.

Зикр гардид. ки Пизишкиён бо раиси Комиссия расмиёти охиринеро, ки барои бастани созишномаи ҳамкорӣ заруранд, баррасӣ кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 14:57


25 октябри соли 1943 қӯшунҳои шӯравӣ Днепропетровскро аз истилогарони фашистӣ озод карданд.

Шаҳр аз моҳи августи соли 1941 зери истилои фашистӣ буд.

▪️Озодкунии Днепропетровск як қисми муҳорибаи васеъмиқёс барои Днепр гардид, ки 23 декабри соли 1943 бомуваффақият анҷом ёфт.

▪️Дар озодкунии Днепропетровск нақши асосиро ҷабҳаи 3-юми Украина таҳти фармондеҳии генерали армия Родион Малиновский бозид, ки ба ӯ ҷабҳаи 2-юми Украина, ки шимолтар амал мекард, кӯмак намуд.

▪️Озодкунии шаҳр оғози озодкунии тамоми соҳили чапи Украина гардид.

Барои гузаштан аз Днепр 2438 ҷанговарон ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сазовор гардиданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 14:25


Мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Сингапурро низ мағлуб карданд.

Бозии ин ду тим бо ҳисоби 3:1 ба суди футболбозони навраси тоҷик анҷом ёфт.

Ду голро ба дарвозаи ҳариф Назрулло Ашурализода ва як голи дигарро Ҳайдаршо Худойдодов ба самар расонд.

Бозии ниҳоӣ бо тими Уммон рӯзи 27 октябр сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки дар нахустин бозӣ, футболбозони тоҷик ба дарвозаи Гуам 33 гол зоданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 13:53


Путин ҳамчунон ба музокирот барои расидан ба ҳадафҳои Русия дар Украина боз аст.

Ин нуктаро сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков баён дошта, афзуд, ки Маскав амалиёти вижаро барои иҷрои вазифаҳо ва расидан ба ҳадафҳои худ идома медиҳад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 13:17


Бо чак-чаку нону намак. Нишасти БРИКС дар Қазон ба поён расид.

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба сатҳи гузарондани нишаст ва равобити дӯстона бо Русия баҳои баланд доданд.

Ҳоло Путин мулоқотҳои ниҳоии дуҷониба баргузор мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 12:52


📊 Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро аз 19% то 21% боло бурд.

Ин нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи низоми бонкии кишвар ба шумор меравад.

Интизор меравад, ки дар пайи ин қарор қурби рубл дар биржаи асъор мустаҳкам шавад ва пасандозҳои бонкӣ судовар гарданд. Аммо дар баробари ин қарзҳо гаронтар мешаванд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 12:22


Нерӯҳои Русия ба мақари низомиёни Украина бомби ФАБ - 3000 партофт.

Вазорати дифои Русия хабар дод, ки як ҳамлаи ҳавоӣ ба нуқтаи истиқрори муваққатии бригадаи савораи нерӯҳои Украина дар Донетск анҷом шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 11:52


Истифодаи Starlink аз сӯи Украина аз ночорист.

Илон Маск истифодаи Украина аз системаи алоқаи моҳвораии ӯро аз ночорӣ хонд.

"SpaceX роҳи асосии иртибот барои низомиёни украинӣ дар хатти ҷабҳа аст, зеро ҳама чизи боқимонда аз ҷониби русҳо хароб ва ё банд шуда буданд", - навиштааст ӯ дар шабакаи иҷтимоии X дар посух ба иттиҳомоти кор ба манфиати Русия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 11:17


Маркази таълимии русӣ дар ноҳияи Ашт ифтитоҳ ёфт.

Маркази нави таълимӣ дар ҳудуди мактаби ба номи "Нури Раҳмон" дар ноҳияи Ашт дари худро ба рӯи хонандагон боз кард, хабар медиҳад хабарнигори @Sputnik_Tajikistan. Ин марказро "Россотрудничество" боз кардааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 10:52


24 дастфишории Путин, ё чӣ гуна нишасти БРИКС аксарияти ҷаҳонро муттаҳид мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 10:17


Иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз буҳрони Украина осеб надидааст.

Дар ин бора раиси департаменти ХБА оид ба Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ изҳори назар кард.

"Бо вуҷуди ин, сатҳи номуайянӣ баланд боқӣ мемонад ва кишварҳо бояд ислоҳотро барои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ идома диҳанд", - гуфт Ҷиҳод Азур.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 09:48


ИИАО савдоро бо Ветнам зиёд кардааст.

Мубодилоти мол дар соли 2024 нисбат ба соли гузашта 17% афзуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.

Манбаъ афзуд, барои густариши ҳамкориҳо ҳоло лоиҳаи рақамисозии шаҳодатномаҳои мутобиқат байни Ветнам ва иттиҳодия омода мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 09:08


Ронандаи автобус аз Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Додситонии Санкт-Петербург хабар медиҳад, ки ронандаи автобусе, ки бо мусофирон ба дарё афтода буд, гунаҳкор дониста шуд. Дар он садама 7 нафар ҷон бохт.

Худи ронанда афзуд, ки ин ҳолат натиҷаи кори бетанаффус буд ва ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 08:53


Идораи муназами нерӯҳои муҳосирашудаи Украина дар вилояти Курск аз байн рафтаст.

Дар ин бора раисҷумҳури Русия, Владимир Путин изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 2 ҳазор низомии Украина дар вилояти Курск дар муҳосира мондаанд ва талошҳо шуда истодаанд, ки онҳор раҳо кунанд, аммо муваффақ нашудаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 08:22


Саноату савдо дар Душанбе тайи 7 сол қариб 3 баробар зиёд шудаст.

ММД-и пойтахт ба ҳисоби миёна ҳамасола 7,2%-ӣ афзуда, аз 11 млрд сомонии соли 2017 ба 26,4 млрд сомонӣ дар соли 2023 расонда шуд.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, тайи ин муддат истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,8 маротиба, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 1,7 маротиба, гардиши савдо 3 маротиба ва хизматрасониии пулакӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 07:52


Қариб сеяки корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷойгиранд.

Ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, 1198 адад ё 32,5% аз шумораи умумии корхонаҳо ба вилояти Суғд рост меояд.

Дар Хатлон 864 адад ё худ 23,4%, дар Душанбе 794 адад ё 21,5%, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 699 адад ё 18,9% ва дар ВМКБ 137 адад ё 3,7%-и шумораи умумии корхонаҳо ҷойгиранд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

25 Oct, 07:23


Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо дастаи Сингапур рақобат мекунад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «J», ки дар Сингапур ҷараён дорад, бо мизбонҳо анҷом медиҳад, иттилоъ дод ФФТ.

Зӯрозмоӣ дар варзишгоҳи "Бишан"-и Сингапур соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад, афзуд манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 11:34


🇹🇯 🇲🇾 Раҳмон президенти тозаинтихоби Индонезия Прабово Субианторо табрик кард.

Президенти Тоҷикистон аз робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳо гуфту изщори омодагь барои тацвияти онро кард.

"Омодаем, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи онҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн пайгирона саъйю талош варзем”,- омадааст дар паёми раисҷумҳур, ки котиботаш онро нашр кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 11:23


Путин гуфт, ки равобити Русия ва Ҳиндустон хусусияти шарикии имтиёзнок доранд.

Ӯ афзуд, Русия ҳамкорӣ бо Ҳиндустонро дар формати БРИКС қадр мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 11:20


🇮🇳🇷🇺 Ҳиндустон омода аст дар ҳалли низоъ миёни Русия ва Украина кумаки имконпазир расонад.

Дар ин бора Моди дар мулоқот бо Путин дар ҳошияи нишасти БРИКС дар Қазон изҳор дошт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 11:12


Пизишкиён: БРИКС роҳи раҳоӣ аз тамомиятхоҳии Амрикост

Раисҷумҳури Эрон пеш аз омадан ба Русия гуфт, ин сафар бо даъвати Владимир Путин, сурат мегирад ва як нишаст барои кишварҳои узви БРИКС аст, ки талоши густариши бисёрҷониба доранд.

Ӯ гуфт, БРИКС созмонест, ки ба хотири эҷоди ваҳдат ва ҳамбастагӣ ва назорати қудрати бебаҳсонаи Амрико таъсис ёфтааст.

“Дар ин сафар тасмим гирифтаем, ки дар бахшҳои энергетика, саноат, тиҷорат ва сайёҳӣ тавофуқоти хуб ба даст орем”,- гуфт президент.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 10:56


🇨🇳🇷🇺 Си Ҷинпин дер боз мехост аз Тотористон дидан кунад.

Дар ин бора дар фурудгоҳи Қазон раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба раҳбари Тотористон Рустам Миннихонов изҳор дошт.

"Барои истиқбол ташаккур! Шумо барои омодагӣ ба саммит кори бисёр хуб кардед", - афзуд ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 10:50


Президенти Эрон озими Русия шуд.

Раисиҷумҳур барои ширкат дар нишасти БРИКС аз Теҳрон ба Тотористон расид, хабар медиҳанд расонаҳои эронӣ.

Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳури Эрон хабар дода буд, ки Пизишкиён дар ин сафар се суханронӣ хоҳад кард ва бо раҳбарони Русия, Чин, Белорус, Қирғизистон, нахуствазирони Ҳинд ва Эфиопия ва бархе аз раҳбарону мақомоти дигари ширкаткунандаи ин ҳамоиш дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 10:37


Силоҳсозон хаёлотро ба воқеият табдил медиҳанд.

Ширкатҳои дифоъии ҷаҳонӣ ба мусобиқа барои таҳияи силоҳи лазерӣ бар зидди дронҳо шурӯъ карданд, менависад Financial Times.

Ихтирои нав бояд металлро бурида, электроникаро нест кунад.

Ҳоло созмонҳо ба технологияҳое сармоягузорӣ мекунанд, ки "кайҳо хаёлпардозии илмӣ ҳисобида мешуданд", мегӯяд нашрияи.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 10:12


🚗 Ягона чароғҳои роҳнамо гунаҳкор нестанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сабабҳои аслии роҳбандӣ дар Душанберо номбар кард:

🔸сарбории зиёд, зеро давоми 10 сол шумораи мошинҳо қариб ду баробар афзуд — то 666 ҳазор;

🔸 сохтани роҳҳои нав ва таъмири роҳҳои кӯҳна;

🔸садамаҳои зуд-зуд.

Қаблан ин ниҳод ҳалли мушкилро сохтани метро хонда буд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 09:45


Пизишкиён: Ҳар як ҳамлаи исроилӣ посухи муносиби худро хоҳад дошт

Раисиҷумҳур дар ҳошияи маросими таслият ба шаҳодати Яҳё Санвар, раҳбари кушташудаи Ҳамос гуфт, ки онҳое, ки аз ҳуқуқи башар ва қонунҳои байналмилал мегӯянд, худ онро поймол мекунанд.

Ӯ гуфт, кишварҳои Аврупову Амрико Исроилро бо тамоми қувва мусаллаҳ карда, ҳар як ҷинояти зиддиинсониро бо камоли боварӣ муҳофизат мекунанд.

“Куҷост виҷдонҳои бедоре, ки дар бораи ҳуқуқи занону кӯдакон ва ҳуқуқи инсон ҷор мезанед? Ин нишон медиҳад, он чи онҳо дар ҷаҳон меҷӯянд, зӯр ва таҳқир аст”,- гуфт президенти Эрон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 09:17


🇹🇯🇮🇷 Нефрологҳои тоҷик аз ҳамкорони эронӣ меомӯзанд.

Мутахассисони Эрон барои табодули таҷрибаи худ дар соҳаи табобат ва гуфтугӯ шеваю усулҳои нави ташхиси бемориҳо вориди Душанбе шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Онҳо ҳамчунин аз беморони маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Маркази миллии тиббии “Шифобахш”-и ҷумҳурӣ дидан карда, бо муолиҷаи табибони маҳаллӣ ошно шуданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 08:46


Дар Қазон нишасти сарони БРИКС оғоз мешавад.

Дар чорабинӣ намояндагони 36 кишвар ва раҳбарони 6 созмон, аз ҷумла дабири кулли СММ ширкат хоҳанд кард.

Ҳамоиши кунунӣ бузургтарин чорабинии сиёсати хориҷии Русия хоҳад шуд ва аллакай дар ин рӯзҳо метавонад тавозуни нерӯҳои ҷаҳониро тағйир диҳад.

РИА Новости дурнамои тавсеаи созмонро нишон медиҳад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 08:19


☔️ Дар Тоҷикистон давоми чаҳор рӯзи оянда ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад.

Ба гузориши ҳавосанҷон, аз 23 то 27 октябр боронҳои пай дар пай дар назар буда, ҳарорати ҳаво низ пасттар мешавад.

Дар манотиқи баландкуҳ эҳтимол барф борад ва аз лиҳоз КҲФ ба сокинон тавсия медиҳад, ки аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 07:53


Гадои сарватманд дар Хуҷанд боздошт шуд. 3 мошину 2 хона дорад.

Дар Хуҷанд як хонаводаи сарватмандро барои талбандагӣ дар назди маркази савдои “Амид” боздошт кардаанд. Зану фарзандон гадоӣ мекарданд ва шавҳар онҳоро бо мошинаш меоварду мебурд.

Ҳарчанд ҳамсарон аз иҷораи мошинҳо даромад ба даст меоранд, аммо тасмим гирифтанд, ки бо ин роҳ даромади иловагӣ ба даст оранд.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳушдор додааст, ки дафъаи оянда онҳо тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 07:28


📱🇺🇸 Илон Маск ҳушдор дод, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад аз ҳисоби хароҷоти беандешаи ҳукумат муфлис шавад.

Ӯ дар X навишта буд, ки ҳукумат бояд хароҷотро зуд кам кунад ва қарзҳои нав ҷамъ накунад.

Маск қайд кард, ки фоизи онҳо метавонад тамоми даромадҳои андозро бихӯрад ва барои эҳтиёҷоти муҳим пул кофӣ нахоҳад буд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 06:46


Сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Игор Черевченко мегӯяд барои аз гуруҳ баромадан ба ҷуз ғалаба бар “Ал-Ваҳдат” чорае нест.

Ӯ дар нишасти хабарии қабл аз бозӣ гуфт, ки ҳамагӣ ду ҳафта аст дар даста ва тавонист каме вазъро дар даста тағйир диҳад.

Вай афзуд, ки тамрини кӯтоҳмуддат низ анҷом додаанд ва тимаш омодаи бозист, аммо рақобат ждушвор хоҳад шуд, зеро ҳариф пешсафи гуруҳ аст.

"Ин як бозии шаш холӣ хоҳад буд. Барои ба даври навбатии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баромадан мо бояд ғалаба кунем",- афзуд Черевченко.

Бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе имрӯз соати 19:00 баргузор мегардад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 06:20


🇹🇯 👨‍🔬 Дар Душанбе Форуми V олимони кишварҳои ИДМ оғоз ёфт.

Дар кори он роҳбарон ва олимони намоёни академияҳои илмӣ ва пажуҳишгоҳҳои калони илмӣ иштирок мекунанд.

Муҳаққиқон тамоюл ва мушкилоти асосии илмҳои фундаменталӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва техникӣ, ҳолат ва дурнамои рушди онҳоро баррасӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад АМИТ.

Илова бар ин, дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои олимони ҷавони кишварҳои узви ИДМ дар бахши улуми фундаменталӣ дар назар аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 05:55


Раҳбарони кишварҳои узви БРИКС дар нишасти Қазон ба масоили густариши эҳтимолии ин иттиҳодия тавассути таъсиси категорияи нави “давлатҳои шарик” таваҷҷуҳи хоса хоҳанд дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 05:33


🇰🇿 Қазоқистон пешниҳод дорад, ки мақоми нерӯҳои СПАД тағйир дода шавад

Тағйироте, ки Вазорати дифои Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод кардааст, такмили заминаи ҳуқуқии ҳузури муваққатии воҳидҳо дар қаламравҳои кишварҳои узви ин созмонро дар назар дорад.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки нерӯҳои СПАД дар сурати таҳдид ё анҷоми ҳамлаи мусаллаҳона метавонанд ба кишварҳои дигар эъзом шаванд.

Сабабҳои дигар метавонанд пешгирии бӯҳрон, вокуниш ба ҳолати фавқулода ва кӯмаки башардӯстона бошанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 05:07


Имрӯз қаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе бо дастаи "Ал-Ваҳдат"-и Урдун бозӣ мекунад

Ин бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 хоҳад буд.

Бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 баргузор мегардад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

22 Oct, 04:28


🇮🇱 🇱🇧 Исроил шаби гузашта ба Бейрут беш аз 13 зарба зад.

Минтақаҳои атрофи шаҳрҳои ҷанубӣ зери оташ қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи вазорати тандурустии Лубнон, дар ин ҳамлаҳо дастикам чаҳор нафар кушта ва беш аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 15:49


🇮🇷🚀 Эрон ба ҳар касе, ки ба Исроил кумак мекунад, посух хоҳад дод.

Вазири умури хориҷаи Эрон суханони Байден дар бораи омодагии артиши Исроил барои вокуниш ба зарбаҳои мушакӣ чунин шарҳ дод.

"Ҳар касе, ки медонад, ки Исроил чӣ гуна ва кай ҳамла хоҳад кард, ҳатман ҷавоб хоҳад дод", -гуфт Аббос Арақчӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ X.

@Sputnik_Tajikistan

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 14:33


🎞🎥 "Тоҷикфилм" ва "Лендок"-и Русия банаворгирии муштараки як филм дар Тоҷикистон шурӯъ мекунанд.

Кор болои филми "Хомушӣ дар кӯҳсор" аз моҳи ноябр cap мешавад, гуфт сармуҳаррири киностудияи "Тоҷикистон".

"Мо якчанд сол пеш бо "Лендок" меморандум имзо карда будем ва ҳоло маконҳо аллакай интихоб шудаанд", — қайд кард Назар Назаров дар суҳбат бо ТАСС.

Ҳанӯз маълум нест, ки филм кай омода мешавад.

@Sputnik_Tajikistan

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 13:04


Талафоти қувваҳои мусаллаҳи Украина дар самти Курск дар як шабонарӯз аз 270 нафар ва дар тамоми давраи амалиёти вижа беш аз 24,7 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 12:26


Дар Тоҷикистон тамриноти СПАД Рубеж-2024 ҷараён дорад.

Дар Ҳарбмайдон низомиён нест кардани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро тамрин мекунанд.

Воҳидҳои ВКД ҶТ дар шароити душвори кӯҳию биёбон бо роҳбарии муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуллозода Саидасрор Саид супоришҳои таълимии ҷангиро иҷро мекунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 11:38


Нависандаи маъруфи тоҷик, Мирзо Шукурзодаро ба хок супурданд.

Рӯзноманигор ва нависандаи номвар рӯзи гузашта дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора Нӯъмон Раҷабзода, шогирди ӯ ба @Sputnik_Tajikistan хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, "Шукурзода чанд рӯзи охир дар Хуҷанд аз қанд муолиҷа мегирифт, бегоҳии дирӯз ба раҳмати Ҳақ пайваст".

“Имрӯз дар маҳаллаи Сомониёни деҳоти Мастчоҳ маросими видоъ бо Мирзо Шакурзода баргузор гардид ва ҷанозаи адиб дар қабристони ҳамин маҳалла ба хок супурда шуд”, – гуф Раҷабзода.

Моҳи августи соли равон президент ба ӯ унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистонро дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 10:44


Ҳавопаймои бесарнишини "Ҳизбуллоҳ" ба қароргоҳи хусусии Нетаняҳу дар Қайсария ҳамла кард.

Дар ин бора дафтари раиси девони Исроил хабар дод ва зикр кард, ки ҳангоми ҳамлаи бесарнишин худи нахуствазир ва ҳамсари ӯ дар қароргоҳ набуданд.

Илова бар ин, ба шаҳри Ҳайфаи Исроил ҳамлаҳои мушакӣ сурат гирифта, дар яке аз минтақаҳо сӯхтор ба амал омадааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 10:01


Дастаи занонаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) омодагиҳоро ба даври аввали интихобии Ҷоми Осиё-2026 оғоз кард.

Ҳафтаи оянда даста барои ду бозии дӯстона бо Арабистони Саудӣ ба Ҷидда меравад.

Бозиҳо рӯзҳои 25 ва 29 октябр баргузор мешаванд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 09:30


Русия беш аз 120 000 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун қонунвайронкунанда сабти ном кард.

Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Манбаъ, афзуд ВКД Русия низоми махсуси депортро ҷорӣ кард ва он аз 5 феврали соли оянда эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

Вазорат ному насаби шаҳрвандони тоҷикро, ки Русия онҳоро ҳамчун қонуншикан сабт намудааст, дар сомонаи худ ҷо дод ва мо низ ин ҷо онҳоро нашр мекунем:

Рӯйхати шаҳрвандони ВМКБ: Дидан

Рӯйхати шаҳрвандони ш.Душанбе: Дидан

Рӯйхати шаҳрвандони в.Хатлон: Дидан

Рӯйхати шаҳрвандони в.Суғд: Дидан

Рӯйхати шаҳрвандони ШНТҶ: Дидан

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 08:41


Раҳбари ҲАМОС Яҳё Синворро аз сараш парондаанд, хабар медиҳад CNN бо истинод ба пизиш Ҳен Кугел, ки ташхиси экспертизиро анҷом дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 08:16


Филми кӯтоҳи коргардони тоҷик “Унгерния” дар ҷашнвораи “Евразия” дар Маскав ширкат мекунад.

"Режиссёри барнома кори маро интихоб кард ва шахсан навишт, ки мо гузаштем, хеле хушҳол шудам, зеро дар он наққошҳои дорои хусусияти миллӣ зиёд буданд, ки ба мавзӯъ мувофиқанд", - афзуд ӯ.

Идеяи офариниш кайҳо боз пайдо шуда буд, аммо коргардон тавонист онро танҳо дар соли 2023 ба мардум пешкаш кунад. Тафсилоти бештар дар видео @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 07:28


Афғонҳо ба бузургтарин гурӯҳи паноҳандагон дар ҷаҳон табдил шудаанд.

Ба иттилои UNHCR, онҳо ҳатто аз муҳоҷирони суриягӣ пеш гузаштаанд.

Аксари онҳо дар Эрон ва Покистон - 6,6 млн нафар зиндагӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, ин кишварҳо аллакай бисёре аз хориҷиёнро ихроҷ кардаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 07:13


🚀 Иёлоти Муттаҳида медонад, ки Исроил кай ва чӣ гуна ба ҳамлаи мушакии Эрон посух хоҳад дод.

Дар ин бора президенти ИМА Ҷо Байден изҳор дошт.

Аммо ӯ аз ифшои ҷузъиёт худдорӣ кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

19 Oct, 06:12


Корвони саломатӣ" наздики 3000 сокини Бохтарро ройгон ташхис кард.

Мутаххасисони ҳирфаӣ аз пойтахт бо супориши вазири тандурустӣ ба Бохтар сафарбар шуданд, хабар медиҳад котиботи вазорат.

Зикр гардид, ки аз хидмати табибон сокинони ноҳияҳои Қубодиён, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав ва шаҳри Левакант баҳравар гардиданд.

Табибон дар Маркази бемориҳои саратон 9 ҷарроҳӣ, аз ҷумла 7 ҷарроҳии калон анҷом доданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Oct, 17:01


18 октябри соли 1955 аввалин аз шаш чархаи нерӯгоҳи барқи обии Каховская ба кор даромад.

НБО Каховка яке аз 10 нерӯгоҳи азимтарини Украина буд.

Моҳи июни соли 2023 Украина сарбанди нерӯгоҳро мушакборон кард, ки он боиси фурӯ рехтани дарвозаҳои сарбанд шуд. Аз ин сабаб ҷоришавии беназорати об ба амал омад.

Дар натиҷаи фоҷиа зиёда аз 50 кас халок, зиёда аз 150 кас захмӣ шуда, даҳҳо мавзеҳои аҳолинишини ду тарафи Днепр зери об монданд.

▪️Украина талош кард, ки Русияро дар тахриби обанбор гунаҳкор кунад, аммо чанд рӯз қабл ширкати "Укргидроэнерго" тасмим гирифт, ки алайҳи Маскав ба додгоҳ шикоят набарад.

"Ин тасмим ба хотири он гирифта шудааст, ки амалҳои ширкат ба стратегияи васеи миллии Украина мувофиқат кунанд".

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Oct, 16:37


Тоҷикистон умдатан дар фасли гармо содироти нерӯи барқ ба хориҷаро зиёд мекунад.

Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ ҷумҳурӣ аз фурӯши барқ ба хориҷа 100 млн доллар ба даст овардааст, иттилоъ дод Агентии омор. Даромад дар моҳи сентябр аз ин ҳисоб зиёда аз 16 млн долларро ташкил додаст.

Харидорони асосии барқи Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя - Афғонистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Oct, 16:12


Қариб 70%-и ҳамлу нақли байналмилалии Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан сурат мегирад.

Роҳи оҳани Тоҷикистон дар 9 моҳ беш аз 4,8 млн тон бор интиқол додаст.

Аз ин беш аз 90% ба воридот, зиёда аз 5% ба содирот ва беш аз 4% ба борҳои маҳаллӣ рост меояд, иттилоъ дод "Роҳи оҳани Тоҷикистон".

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

Sputnik Тоҷикистон

18 Oct, 15:47


Путин гуфт, рушди Чин чун тулӯи офтоб пешгиринашаванда аст.

Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида "15 сол дер кардаст" ва наметавонад рушди Чинро боздорад, ҳамон тавре ки боздоштани тулӯи офтоб ғайриимкон аст.

Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, таҳримҳои ИМА алайҳи Чин ба зидди худи Вашингтон шудаанд, молҳои амрикоӣ рақобатнопазир шуда истодаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

5,581

subscribers

13,243

photos

5,009

videos