МЕДИТАТЦИЯ
ЛАҲЗАИ ОРОМИШ !
Медитатция беҳтарин амал аст, ки қалбу руҳи инсон ором ва роҳат мегирад.
Ҳар як инсон ба худ як зиққи ва дарунан як ноороми дорад.
Баъзан аз фикрҳои бисёр хаста мешавад.
Фикрҳое ҳастанд, ки тамоман инсонро пахш карда, баъзан ба бемориҳои ҷисмию руҳӣ, яъне асабонияти беасос, хастагӣ, сардардӣ, дарди пой, дарди миён, ва умуман ҳар узви дарунаи берунии инсон оварда мерасонад, баъзан дард дар ташхис ҳам маълум намешавад, ва боз бемори давом мекунад.
Ин гуна ҳолатҳо бениҳоят бисёр аст.
Дар чунин ҳолатҳо, агар инсон сарфаҳм равад!
Медитатция беҳтарин ва ба дараҷаи олӣ кӯмак мекунад.
МЕДИТАТЦИЯ ЧИСТ?
МЕДИТАТЦИЯ гуфта
Лаҳзаи оромиш
маъно медиҳад.
Агар инсон солим, ва фикрҳояш орому равшан бошад, идеаҳои беҳтарин ба сараш меояд, ва тамоми роҳи кор ба ӯ равшан аст.
Аз ҷумла корҳои савдою тиҷоратӣ, ба инсон хастаги неву, хурсанди ва завқ мебахшад.
Барои занҳо ҳам фикрҳо ором бошад, раванди ҳаёту зиндаги хурсандона мегузарад.
МЕДИТАТЦИЯро ҳаммаги 5 ё 10 дақиқа иҷро намоед, қалбатон равшан ва ҷисматон сабук мешавад. Зиёдаш дилгир кунанда аст.
___
Дар як ҷои ором ё ба худ мувофиқ менишинед.
Сарро каме боло мекунед, ва чашмонатонро мепушед, ду ангушти дастро бо ҳам расонда, се маротиба оҳиста оҳиста нафаси чуқур мекашед.
Ки озод сабук шудани қалбро ҳис мекунед.
Рагҳои сар, ва тамоми узви баданро сусту ором мекунед.
Баъдан чизеро фикр накарда ором менишинед.
Агар фикре ба сар омад, ба он фикр дода нашуда қабул мекунед, ва эътибор намедиҳед.
Тахминан баъд аз як дақиқа ороми ва равшании қалби худро озод ҳис мекунед.
Агар фикрҳо шуморо ноором созанд, диққати худро ба нафаскашии худ ва тапидани дили худ ҷалб месозед,то фикрҳо ором шаванд.
Бо каме табассум оғоз мекунед, ки табассум ба инсон руҳия мебахшад.
..........................................
Дар ин муддат майнаи сари инсон ба худ каме ороми ва роҳат мегирад, ки чашму қалби инсон равшан мешавад.
Ҳар қадар мағзи сари инсон ором шуд, фикрҳои беасос аз ӯ дур мешавад.
Вақте инсон фикри худро идора карда тавонист. Фикррониашро дигар карда метавонад.
Ҳаёту зиндагиаш ба тарафи хуби тағир меёбад.
Маънои ин гуна рафтори МЕДИТАТЦИЯ !
1.Дар ҷои ором ё мувофиқ нишастан, яъне инсон дар муддати кутоҳ баҳра гирифта метавонад.
2.Сари худро каме боло кардан( маънояш) яъне сар ба поён бошад, фикрҳои бад инсонро пахш мекунад. Инсони зиқро диққат дода бошед, хоҳ қарздор аст, хоҳ мусибат, хоҳ норасои, нобарори, ноумед, ё рашку хиёнат чи ғаме дорад, сараш скути беихтиёр поён хам мешавад.
Вақте сарро каме боло созем, фикри бад омада наметавонад, баръакс як сабуки меояд.
3. Чашмро пушидан( маънояш)
Чашм чизеро бинад, фикрҳо фаъолиятро сар мекунад.
Вақте чашмро пушидед, ва сарро каме боло кардед, чашм танҳо равшаниро ҳис мекунад.
4. Се маротиба оҳиста ва ором нафас кашидан, ҳамон лаҳза қалб сабукиро эҳсос мекунад, ва ҷисми инсон аз хастаги раҳои меёбад.
5. Ангуштонро бо ҳам расонида истодан( маънояш)
Асоси роҳи, фикрҳои пайваста омадан, бо вазифаи доштани ангуштон банд мешавад, ва фикрҳои пайваста,аз омадан,каме манъ мешавад.
Дар муддати кутоҳ( 5 ё 10 дақиқа) вуҷуди инсон, аз хастаги мебарояд, ва мағзи сар ором шуда, дар натиҷа ба инсон пешрави сар мешавад.
Инсонҳои муваффақ аввали руз ин амалро иҷро мекунанд, ва рузи худро бо сабуки, ороми ва фикрҳои тозза оғоз мекунанд.