Овози Самарқанд/Samarqand ovozi @ovozisamarqand Channel on Telegram

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

@ovozisamarqand


🏢Муассисон:
Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд

💠Facebook facebook.com/OvoziSamarqand
💠Telegram t.me/ovozisamarqand
💠YouTube youtube.com/channel/UCYdnzgQ0zay6n5g7VxigmQg

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi (Uzbek)

Овози Самарқанд Telegram канали - бу Самарқанд вилоятининг ҳалқ ва ҳокимияти намояндагони томонидан қуёш билан янгиликларни баён этиш учун яратилган. Каналда сизни жуда маҳсум ва муҳим ҳодисалар, дастурлар ва янгиликларни топиш имконияти бор. Овози Самарқанд муассисаси Самарқанд вилоятининг шӯрои намояндагони томонидан ишга туширилган. Улар Самарқанд шаҳрининг ва окрӯхларнинг муаммоларига ўз муаммоларидан кўра шаҳсий ёки корхона даромадига, ўз мавжудликларидан кўра ишончли ёки кўпликга ёрдам беришга тайёр.
Овози Самарқанд канали фаолиятини Facebook ва YouTube социал медиа платформаларида ҳам янада кенгайтириш учун имкон беради. Сиз ўзингизни самарқандликлар бирлигига қосиш ва шаҳрининг муаммоларига ёрдам бериш мақсадида каналга обуна бўлинг ва янгиликларни кўришни унутманг!

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

19 Feb, 17:35


🌤 20-уми феврал. Ҳавои фардои Самарқанд нимаабрӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз: +10° ...+13°

🌙 Шаб: +3° ... +6°

Telegram | YouTube | Facebook

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

19 Feb, 16:50


⚡️⚡️Дайжести хабарҳои муҳимми рӯз:

Президент вазири корҳои ҳаҷ ва умраро қабул кард

Сессияи навбатӣ 21-уми
феврал баргузор мешавад

Дар Самарқанд «Womenʼs Chess Championship»
гузаронида мешавад

Дар саросари Ӯзбекистон маъракаи “Мо донорем!”
мегузарад

Муаллифи ретсепти Nutella
вафот кард

Рекорди ҷаҳонӣ:
никоҳи 85-сола

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

19 Feb, 16:07


Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти таклифҳо роҷеъ ба зиёд намудани самарадории энергия шинос шуд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

19 Feb, 15:42


Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд дар рейтинги Аврупо оид ба афзоиши мавҷи мусофирон ҷойи баландро ишғол кард

Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд мавқеи худро мустаҳкам карда, дар рейтинги бонуфузи “ACI Europe” байни фурудгоҳҳое, ки аз 1 то 10 миллион мусофир тӯли як сол интиқол медиҳанд, ҷойи дуюмро гирифт.

Дар ин бора авиакомпанияи “Air Marakanda” маълумот додааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

19 Feb, 15:19


Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи рағбатнок гардонидани иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ"

Тибқи фармон:

Ба ҳар як иштирокчӣ ва ногирои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 10 ҳазор доллари ИМА дода мешавад;

Ба ҳар як шахсе, ки ба иштирокчиёни ҷанг баробар дониста мешавад, 25 миллион сӯм пардохт мегардад;

Ба ҳар як иштирокчии фронти меҳнат дар солҳои 1941-1945 се миллион сӯм ҳамчун мукофоти якдафъаина дода мешавад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

19 Feb, 14:52


Анҷумани шаҳрсозии ҷаҳони турк дар Самарқанд

Анҷумани шаҳрсозии ҷаҳони турки Иттифоқи муҳандисон ва меъморони ҷаҳони турк ба кори худ шурӯъ кард.

👉https://ovozi.uz/61622/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

19 Feb, 13:52


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати вакилон бо сарварии Тавфиқ бин Фавзон ар-Рабиа, вазири корҳои ҳаҷ ва умраи Подшоҳии Арабистони Саудиро, ки бо ташриф дар кишварамон қарор дорад, қабул кард.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Feb, 15:05


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати вакилон бо сарварии мушовири махсуси Сарвазири Япония Акихиса Нагасимаро қабул кард.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Feb, 14:56


Дар ҳокимияти вилоят бахшида ба 584-солагии таваллуди шоир, мутафаккир ва арбоби давлатӣ Алишер Навоӣ чорабинии маънавӣ-маърифатӣ ташкил гардид

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Feb, 14:10


Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва корхонаҳои содиркунандаи вилоят шинос мешавад

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Feb, 13:40


#Ҷумъа_рӯзи_либоси_миллӣ

Намоиши либосҳои миллии бонувон ба сокинони кишварамон!


Имрӯзҳо либосҳои миллиамон дар намоишгоҳҳои машҳури ҷаҳон ба эътибори ҷаҳониён пешкаш ва манзури онҳо мегардад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Feb, 13:07


Чӣ тавр фишори хунро баланд кардан мумкин аст?

✔️Як стакан об бинӯшед. Нӯшокии газдор, шарбат ё энергетик не, балки оби одии дар ҳарорати хона буда.

✔️То серӣ таом бихӯред, на хӯроки гарм. Хӯрокҳои шӯр бисёртар кӯмак мекунанд.

✔️Чойи сиёҳро ҷӯшонида, бо як-ду дона шоколади сиёҳ бихӯред. Қаҳва низ хуб аст. Аммо таъсири он кӯтоҳмуддат аст.

✔️ Бештар машқҳои болоии танаро иҷро кунед. Агар шумо худро нағз ҳис накунед, метавонед нишаста машқро иҷро кунед. Албатта ин машқро иҷро кардан зарур аст.

Аммо тавсия дода намешавад, ки танҳо сайру гашт кунед. Ин фишорро боз ҳам коҳиш медиҳад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Feb, 12:35


Бо мақсади таблиғи васеъи анъанаҳои фарҳангии миллӣ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар муассисаҳои давлатии кишвар “Рӯзи либоси миллӣ” эълон шуд.

Ҳокимияти вилояти Самарқанд низ ин ташаббусро дастгирӣ менамояд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Feb, 12:03


#Ҷумъа_рӯзи_либоси_миллӣ

⚡️Барои хизматчиёни давлатӣ «Соати сиёсӣ-маърифатӣ»-и навбатӣ баргузор гардид


Дар ҳокимияти ноҳияи Оқдарё «Соати сиёсӣ-маърифатӣ», ки доир ба масъалаҳои муҳиму актуалии рӯз, рӯйдодҳои ҷаҳон ва кишварамон маълумот медиҳад, баргузор гардид.

Дар он тафсилоти рӯйдодҳои муҳими дар кишварамон ва хориҷи кишвар ба амал омада, рукни вақти мутолиа, саводнокии ҳуқуқӣ (мазмун ва моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар давоми ҳафта қабул шудаанд) фаро гирифта шуд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Feb, 11:33


#Сайри_ҷаҳон

🇷🇺 Доғистон


Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Feb, 10:14


#Ҷумъа_рӯзи_либоси_миллӣ

Бо мақсади тарғиби либосҳои миллӣ дар ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар саросари ҷумҳурии мо ҳар рӯзи ҷумъаи ҳафта “Рӯзи либоси миллӣ” эълон шудааст.

Имрӯз кормандони шӯъбаи Кумитаи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамоатии ноҳияи Қӯшработ низ бо либосҳои миллӣ фаъолияти кории худро пеш мебаранд.

Ин гуна чорабиниҳои тарғиботӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор мешаванд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 17:04


☀️ 26-уми январ. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво абрӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз: +8°...+11°

🌙 Шаб: 0°...+3°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 13:40


Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев "Дар бораи додани унвони фахрии "Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон" ба О.Назиров"

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 12:36


120 рӯз дар зери об

Муҳандиси олмонӣ Рюдигер Кох дар соҳили Панама дар даруни як капсулаи махсус 120 рӯз дар зери об зиндагӣ карда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт, менависад РИА Новости бо такя ба маълумоти France Presse.

Капсула бо кат, ҳоҷатхона ва телевизор дар умқи 11 метр ҷойгир шудааст. Нерӯи барқ ​​тавассути панелҳои офтобӣ истеҳсол шуда, муҳандис генератори эҳтиётӣ низ доштааст. Капсулаи Кох ба ӯтоқи болои об пайваст буда, тавассути он ӯ бо ғизо таъмин карда шудааст.

Рекорди қаблӣ ба Ҷозеф Дитурии амрикоӣ тааллуқ дошт, ки 100 рӯзро дар зери об сипарӣ карда буд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 11:34


#Сайри_ҷаҳон

🇨🇭Шветсария

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 09:32


🇺🇸ИМА барои муҳофизат аз ҷанги ядроӣ бункери элитаӣ месозад

Дар Вирҷиния ҳангоми рух додани фалокати глобалӣ 625 нафар метавонанд дар он "пинҳон" шаванд.

Паноҳгоҳе, ки дар вақти ҷанг зинда монданро кафолат медиҳад, 300 миллион доллар арзишро ташкил медиҳад. Нархи як ҳуҷра 20 миллион доллар мешавад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 08:02


#Панди_бузургон

Корро аз он сар кунед, ки зарур аст. Баъд он кореро ба ҷо оред, ки имкон дорад. Ва ногаҳ пай мебаред, ки кори номумкинро ичро карда истодаед.

©️ Франсиск АССИЗСКИЙ 

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 06:45


Дар вилояти Коняи Туркия бинои чорқабата афтид

Мувофиқи хабарҳои ВАО панҷ нафар шахс дар зери вайронаҳо мондаанд. Сӯхторнишонон ва кормандони идораи вазъиятҳои фавқулодда ба ҷои воқеа расида омадаанд.

Сабаби афтодани бино ҳоло маълум нест. Ба гуфти мэри Коня Угур Иброҳим Алтай бино кӯҳна будааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 06:19


⚡️Сенати ИМА ба роҳбарии Пентагон номзади Пит Ҳегсетро тасдиқ кард.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 05:11


Дар яке аз масҷидҳои вилояти Чуйи Қирғизистон сӯхтор ба амал омад

Ба ҷои ҳодиса ходимони сӯхторхомӯшкунӣ рафтаанд ва ҳоло сабабҳои сӯхтор муайян карда мешаванд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 04:10


“Apple” бори дигар дар рӯйхати брендҳои қиматтарини дунё ҷойи аввалро ишғол намуд

Ширкати “Apple”-и Амрико пайиҳам соли дуввум аст, ки бренди қиматтарин дар дунё гардид. Дар ин бора “Brand Finance Global” маълум кард.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 02:25


#Назм

Қудрати ту гуфт: "Бирав, роҳ нест!",
Раҳмати ту гуфт: "Биё, ҳаст, ҳаст!".

✍️ Ҷалолиддини Балхӣ

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Jan, 00:59


⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

24 Jan, 17:02


☀️ 25-уми январ. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво абрӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз: +7°...+10°

🌙 Шаб: -1°...+1

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

24 Jan, 15:35


🗂 Дайжести баъзе маводҳое ки имрӯз дар сомонаи Ovozi.uz гузошта шуд:

🔷 Ширкати чинӣ дронеро намоиш дод, ки аз садо ҳам тез ҳаракат мекунад

🔷
Дар Перу устухонҳои акулае ёфт шуданд, ки 9 миллион сол пеш зиндагӣ кардааст

🔷
Қабули сайёр баргузор гардид

🔷
Теннисчии самарқандӣ ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ шуд

🔷
Барои дубора такрор шудани ҳолати мошинронӣ ҳангоми мастӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ сабаб мешавад

🔷 Дар пойтахти Таиланд бо сабаби ифлосшавии ҳаво зиёда аз 350 мактаб баста шуд

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

24 Jan, 14:46


Қабули сайёр барои мардуми Пайариқ

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

24 Jan, 14:05


Қонун барои имзо ба Президент фиристода шуд

Барои ронандагони маст миқдори ҷарима зиёд гардида, ҳангоми дубора такрор шудани ҳолати мазкур ҷазои то 3 сол аз озодӣ маҳрум кардан муқаррар мешавад.

👉 https://ovozi.uz/61357/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

24 Jan, 02:30


#Назм

Хандон агар намекунӣ, гирён макун маро,
Обод агар намекунӣ, вайрон макун маро!

Хушбахт агар намекунӣ, аз бахт дам мазан,
Шодон агар намекунӣ, нолон макун маро.

Дар чорсӯи зиндагӣ, то кӯи зиндагӣ,
Раҳбон агар намешавӣ, сарсон макун маро!

Ҳайрони дил набудаӣ як лаҳза худ ба худ,
Бо лофу бо газофҳо ҳайрон макун маро!

Ҷонат тиҳист аз ғами ҷонсӯзи ошиқӣ,
Дасти тиҳӣ ту ин ҳама дастон макун маро.

Дунё надида, ваъдаи дунё мадеҳ ба ман,
Дарё надида, ташнаи тӯфон макун маро!

✍️ Лоиқ Шералӣ


Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

24 Jan, 00:59


⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Jan, 17:05


☀️ 24-уми январ. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво офтобӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз: +2°...+4°

🌙 Шаб: -2°...-1

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Jan, 16:02


Таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоселекторӣ барои баррасии корҳои амалигардида дар соли 2024 ва нақшаҳои соли 2025 дар доираи барномаи ипотека баргузор гардид.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Jan, 15:26


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта тавассути телефон сӯҳбат кард.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Jan, 13:44


#Фоторепортаж

Имрӯз дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.С.Пушкини шаҳри Самарқанд тақдимоти китоби "Дилрӯшноӣ"-и Фозил Шукурӣ баргузор гардид.


Дар он аҳли илму адаби Самарқанд, аз ҷумла сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои "Зарафшон" ва "Самаркандский вестник" Фармон Тошев, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ўзбекистон Акрам Ҳайдаров, сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Самарқанд" Баҳодур Раҳмонов, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд иштирок карданд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 17:15


⚡️Саҳифаи Кохи Сафед нав карда шуд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 17:13


⚡️Трамп расман савганд ёд кард ва вазифаи президенти ИМА-ро ба ӯҳда гирифт.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 17:12


⚡️Ҷей Ди Вэнс ба ҳайси ноиби президент савганд ёд кард.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 17:10


⚡️Трампро дар Капитолий бо кафкӯбӣ истиқбол гирифтанд ва ӯ пеш аз маросими савгандёдкунӣ бо Байден даст фишурд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 17:02


☀️ 21-уми январ. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво абрӣ шуда, эҳтимоли боридани борон вуҷуд дорад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз: +4°...+8°

🌙 Шаб: -2°...+4°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 16:22


Вазъият дар Конгресси ИМА, ки ба зудӣ маросими савгандёдкунии Трамп оғоз мешавад

Видео: ТАСС/Ruptly

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 16:17


Акнун дар «Instagram» рилсҳои иборат аз 3 дақиқа ҷойгир кардан мумкин аст

Роҳбари «Instagram» Адам Моссери дигаргуниҳое, ки аз 18-уми январи соли 2025 амал кард, маълумот додааст.

Ҳоло истифодабарандагон наворҳои иборат аз 90 сонияро хеле кӯтоҳ мешуморанд. Аз ин рӯ, меъёри максималӣ акнун аз 90 сония ба ду баробар зиёд карда мешавад. Бояд таъкид намуд, ки ин нишондод аз соли 2022 то имрӯз дигар нашуда буд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 14:42


Дар соли 2024 Ӯзбекистон дар рейтинги "Давлатҳои аз ҳама бехавфи дунё" байни 121 давлат соҳиби ҷои 1-ум шуд

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 12:17


Сарбозон барои гирифтани тавсиянома имтиҳон супурданд

Хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ҳавзаи марказии ҳарбӣ хидмат мекунанд, барои гирифтани тавсияномаи имтиёзноки фармондеҳии қисми ҳарбӣ аз санҷишҳои тестӣ гузаштанд

👉 https://ovozi.uz/61315/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 11:31


#Сайри_ҷаҳон

🇰🇿 Қазоқистон

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 09:52


🇺🇸 Имрӯз Трамп ба Кохи Сафед бармегардад

Президенти 47-уми ИМА Доналд Трамп имрӯз ба вазифаи худ шурӯъ мекунад.

Вай дар 120 соли охир нахустин раҳбари давлат мебошад, ки пас аз чаҳор соли анҷоми муддати ваколати пештараи худ, ба вазифаи худ бармегардад.

Бино ба расонаҳо, вақте ки ӯ ба Кохи Сафед бармегардад, нақша дорад, ки баъзе қарорҳои Байденро бекор ва тақрибан 100-то қарори дигарро имзо кунад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 09:03


#Панди_бузургон

Дар ҳаёт хато нест — фақат имкониятҳо мавҷуданд.

©️Тина ФЕЙ

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 08:20


#Шифохонаи_табиат

Меваҳои хушк

Ҳамаи меваҳои хушк рӯдаҳоро тоза мекунанд. Барои муаммои ҳозима олуи сиёҳ ва туршак аз ҳама хуб аст. Онҳоро ба рӯйхати хӯрокҳо (меню) бештар дохил мекунанд, то ҳазмро тезонад. Дигар меваҳои хушк низ нахи зиёд доранд, себ, нок, анҷир, мавиз, хурмо барои қабзият фоиданок аст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 07:44


Дар мусобиқаи "Tata Steel CHess-2025" Абдусатторов дуранг ва Ёқуббоев ғолибиятро ба даст овард

Дар бозии мазкур, ки дар шаҳри Вейк-ан-Зее мегузарад, мусобиқаҳои имсола бой ва завқовар давом мекунад.

👉 https://ovozi.uz/61312/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 06:34


Ӯзбекистон ба рӯйихати ҷойҳои беҳтарин барои саёҳат дар соли 2025 ворид шуд

Тибқи маълумоти портали глобалии медиаи “BBC Travel”, Ӯзбекистон дар соли 2025 ба рӯйихати 25 самт барои саёҳат дароварда шуд.

Дар мақола таъкид гардидааст, ки сайёҳӣ ба қисми муҳими ҳифзи арзишҳои ба худ хос ва мероси мадании стратегияи Ӯзбекистон табдил меёбад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 06:12


Сарварзири собиқ ба муддати дароз ҳабс шуд

Ба сарвазири қаблии Покистон, ки аз моҳи августи соли 2023 дар зиндон нигоҳ дошта мешуд, ҳукми суд хонда шуд. Вай ба муддати 14 сол ҳабс шуд, омадааст дар хабари нашри NBC News.

Маълум аст, ки ба Имрон Хони 72-сола аз рӯи ҳолатҳои коррупсионӣ, фурӯхтани мулки ғайриманқул бо имтиёзҳои ғайриқонунӣ ва тӯҳфа кардани онҳо тӯли солҳои 2018-2022 парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Рӯзи 17-уми январ суди Покистон ба сарвазир ва ҳамсари вай ҳукми ниҳоиро хондааст. Дар соли 2023 рафиқаи Хон — Бушра Бибӣ низ бо парвандаҳои мазкур айбдор дониста шуда, онро ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 05:35


Исроил 90 маҳбуси фаластиниро озод кард

Дар доираи созиши байни Исроил ва Ҳамас дар сектори Ғазо 90 нафар маҳбуси фаластинӣ озод карда шуд. Дар ин бора Associated Press хабар медиҳад. Дар байни онҳо 70 нафар занон, аз ҷумла, як нафар духтарчаи ноболиғ ва барои ҳуқуқвайронкунии майда 12 нафар марди судшуда вуҷуд доранд.

Як соат пеш аз ин ҳаракати Фаластин 3 нафар зани исроилии дар асирбударо озод карда буд: Роми Гонени 24 сола, Эмили Дамари 28 сола ва Дорон Штайнбрахери 31 сола. Онҳо дар доираи татбиқи марҳилаи аввали созишномаи байни ҷонибҳо ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх супурда шуданд.

Аз рӯи шартҳои созишномаи Исроил ва Ҳамас дар зинаи якум 737 нафар маҳбусони фаластинӣ озод мешаванд. Аз он, 296 нафарашон ба ҷазои умрбод ҳукм карда шуда буданд. Ҳамин тавр бо баробари озод кардани 236 нафар фаластинӣ — "асосан ба давлатҳои Қатар ва Туркия" фиристода мешаванд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 04:14


Шумораи ӯзбекистониҳое, ки бо мақсади таҳсил ба давлати хориҷӣ рафтаанд

Аз рӯи маълумоти агентии омор дар давоми моҳҳои январ-декабри соли 2024 ҷамъ 35,9 ҳазор нафар шаҳрванди Ӯзбекистон ба давлатҳои хориҷӣ бо мақсади таҳсил рафтаанд. Дар ин муддат аз рӯи тақсимоти давлатҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон:

- дар Тоҷикистон - 12 809 нафар;
- дар Русия - 8 629 нафар;
- дар Қирғизистон - 3 953 нафар;
- дар Туркия - 2 711 нафар;
- дар Корея - 2 077 нафар;
- дар Қазоқистон - 1 589 нафар;
- дар Британияи Кабир - 792 нафар;
- дар Хитой - 767 нафар;
- дар ИМА - 576 нафар;
- дар АМА - 390 нафар;
- дар давлатҳои дигар - 1 602 нафарро ташкил медиҳанд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 02:21


#Назм

Гар ранҷ пешат ояду гар роҳат, эй ҳаким,
Нисбат макун ба ғайр, ки инҳо Худо кунад.


✍️ Ҳофизи Шерозӣ

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Jan, 01:01


⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 17:03


☀️ 19-уми январ. Пагоҳ дар Самарқанд нимаабрӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз: +4°...+6°

🌙 Шаб: +1°...+2°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 15:23


Олимони ИМА мехоҳанд дар соли 2028 мамонтҳоро аз нав ба дунё оваранд

Олимон барои аз нав зинда кардани мамонтҳо мехоҳанд аз ДНК-и мамонтҳо, ки дар пиряхҳои абадӣ ёфтаанд, истифода баранд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 14:02


Ҳамкориҳо густариш меёбанд

👉 https://ovozi.uz/61309/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 13:19


Дар Самарқанд пораи бетонӣ ба роҳи оҳан гузошта шудааст

Поезди "Афросиёб"- и ба пораи бетонӣ бархӯрда, муддати маълум истода монд ва ба манзил қариб 1,5 соат дертар расид.

Дар поезд беш аз 100 нафар мусофирон буданд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 11:31


#Сайри_ҷаҳон

🇷🇺 Русия

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 10:08


Консули генералӣ дар Хонаи матбуот

Консули генералии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Самарқанд Талгат Шарипов ба Хонаи матбуоти вилоят омада, бо фаъолияти рӯзномаҳо ва таърихи матбуоти ин ҷо шинос шуд.

👉 https://ovozi.uz/61306/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 09:00


Дар нерӯгоҳи бузурги Калифорния сӯхтор ба амал омад ва дар як қатор минтақаҳои ҳамсоя эвакуатсия эълон карда шуд.

Ин нерӯгоҳ яке аз калонтарин стансияҳои электрикии аккумулятории ҷаҳон буда, даҳҳо ҳазор батареяҳои литий дорад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 07:32


#Панди_бузургон

Фарқи байни ғалаба ва мағлубият бештар ба қобилияти таслим нашудан вобаста аст.

© Уолт ДИСНЕЙ

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 06:29


Киштии боркаши пур аз чӯб дар Приморе қариб ғарқ шуд

Киштӣ ба самти рост каҷ шуд ва қариб тамоми бори он ба об афтод.

Ба як қисми экипаж муяссар шуд, ки ба соҳил бароянд, боқимондаи онҳо дар киштӣ монданд. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 05:53


Трамп мехоҳад раҳбари амниятии худ Шон Карранро ба мақоми раиси Хадамоти махфии ИМА таъин кунад, хабар медиҳад телеканали CNN.

Карран 4 сол боз раҳбарии гурӯҳи амниятии Трампро бар ӯҳда дорад ва онҳо менависанд, ки миёни ӯ ва ҷумҳурихоҳон боварӣ вуҷуд дорад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

18 Jan, 05:03


Шуъбаи вилоятии Кумитаи санитарӣ дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ манъ аст, маълумот дод

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 17:02


☀️ 5-уми декабр. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво нимаабрӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз:   +6° ... +8°

🌙 Шаб:  -1°...+1°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 15:01


#Обуна_2025

Ғафурҷон МАҲМУДОВ,
собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд”

«Имрӯзҳо “Овози Самарқанд” аз нав қувват гирифта, боз муштариёни зиёде пайдо кардаву маҳбуби хонандагон мегардад. Бо камоли мамнуният метавон гуфт, ки акнун “Овози Самарқанд” яке аз беҳтарин рӯзномаҳои вилоятӣ гардидааст...

...«Овози Самарқанд” ҳамчун тарғибгари дӯстиву ваҳдати халқҳо, васлгари наслҳо, паёмдиҳандаи рӯйдоду навгониҳо, минбари фарҳангу маърифат хидматҳои хосае дорад».

Шумораи 51-52, соли 2000

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 14:02


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 13:18


❗️Расман: дар мактабҳои Ӯзбекистон таътили зимистона 28-уми декабри соли равон оғоз мешавад

Рӯзи охирини хониш 27-уми декабр, рӯзи ҷумъа аст.
Таътил 14 рӯзи тақвимӣ, то 10-уми январи соли 2025 давом мекунад.

Чоряки саввум дар ҳамаи мактабҳо 11-уми январи соли 2025 оғоз мегардад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 11:30


#Сайри_ҷаҳон

🇳🇴 Норвегия

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 11:07


Тӯйро ба мусобиқаи обрӯгирӣ табдил надиҳем

Дар шаҳри Самарқанд масъалаҳои ба тартиб овардан ва бе исрофкорӣ гузарондани тӯйҳо баррасӣ гардиданд.

👉 https://ovozi.uz/60973/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 10:18


Роҳбари вилоят Адиз Бобоев дар айни ҳол бо корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ, ки дар ноҳияи Пахтачӣ амалӣ карда мешаванд, шинос мешавад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 08:24


Ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони "Ин Ватани азиз — аз они ҳамаи мо!" бо ҳамкории Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов чорабинии маънавӣ гузаронида мешавад.

Рӯзи 5-уми декабр, соати 9:30
Манзил: Бинои асосии ДДС, аудиторияи рақами 105.

Ҳамаи шумо азизонро барои иштирок дар ин чорабинӣ даъват менамоем!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 07:44


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 07:11


Имрӯзҳо роҳбари вилоят Адиз Бобоев бо мақсади шинос шудан бо истиқболҳои рушди иҷтимоию сиёсии ҳудудҳо рафти корҳое, ки дар ноҳияҳо амалӣ мегарданд, аз назар мегузаронад.

Хусусан, имрӯз роҳбари вилоят шиносоӣ бо ҳудудҳоро аз зиёрати қадамҷои Маҳдуми Аъзам оғоз кард. Бо нурониёни ин минтақа суҳбати самимонаро анҷом дод.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 06:45


Сарқонуни мо барои рушди барқарори вилоятамон ва таъмини фаровонии аҳолӣ хизмат мекунад

Ба қабули Сарқонун, ки имрӯзу ояндаи кишвар ва халқи моро муайян менамояд, ба ҳуқуқ, манфиатҳо ва озодиамон кафолат медиҳад, 32 сол пур шуд.

👉 http://ovozi.uz/60961/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

04 Dec, 05:29


ШУМОРАИ НАВБАТИИ 96-УМИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД"-РО БАРОИ МУТОЛИА ПЕШКАШ МЕКУНЕМ.

🧾 ШАКЛИ PDF

👉 http://ovozi.uz/wp-content/uploads/2021/04/Gazeta-2024-96.pdf

ДАР ШУМОРАИ НАВБАТӢ:

📰 САРҚОНУНИ МО БАРОИ РУШДИ БАРҚАРОРИ ВИЛОЯТАМОН ВА ТАЪМИНИ ФАРОВОНИИ АҲОЛӢ ХИЗМАТ МЕКУНАД
👉 http://ovozi.uz/60961/
📰 ШАХСОНИ НОГИРОИДОШТА ДАР КОРУ ЗИНДАГӢ БО ҲАМА БАРОБАРҲУҚУҚАНД
👉 http://ovozi.uz/60964/
📰 ТӮҲФАИ ИТТИҲОДИЯИ ЖУРНАЛИСТОН БА КИТОБХОНАҲО
👉 http://ovozi.uz/60967/
📰 «МАКОНИ САБЗ» — БАРОИ ОЯНДАИ ФАРОВОНИ КИШВАР
👉 http://ovozi.uz/60970/

ин мақолаҳо ва матолиби дигари рӯзноманигоронро мутолиа намоед.

🌐 Сайт http://ovozi.uz/
МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ:
Telegram | YouTube | Facebook

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

30 Nov, 17:00


☀️ 1-уми декабр. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво абрӣ шуда, эҳтимоли боридани борон вуҷуд дорад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз: +5°...+6°

🌙 Шаб: +1°... +3°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

30 Nov, 16:08


"Динамо" ғалабаро ба даст овард

Имрӯз дар Самарқанд вохӯриҳои охирини 26-уми Суперлигаи Ӯзбекистон оид ба футбол гузаронида шуд.

Дастаи асосии вилоятамон - "Динамо" ҷамоаи "Суғдиёна"-ро қабул карда, бо голи аз ҷониби Коҷо ба анҷом расонидашуда ғалабара ба даст овард.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

30 Nov, 14:43


Дар ИМА марде, ки 30 сол ноҳақ дар зиндон нишаст, ба 13 млн доллар компенсатсия муносиб дониста шуд

Тӯли солҳои дар зиндон гузаронидааш Майкл Салливан аз модару чор бародару додарон ва хоҳаронаш ҷудо гардидааст. Дар ин бора АР хабар додааст.

👉 https://ovozi.uz/60956/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

30 Nov, 11:30


#Сайри_ҷаҳон

🇺🇸 ИМА

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

30 Nov, 09:14


Сарқонун роҳи моро ҳамеша равшан мекунад

Сарқонуни дар амал будаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 30‑юми апрели соли 2023 бо роҳи референдум қабул шудааст.
Ватани мо пас аз қабули Сарқонун дар ҳамаи соҳаҳо бо муваффақият пеш меравад. Аз ҷумла, дар соҳаи таълим.

👉 http://ovozi.uz/60950/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

30 Nov, 08:29


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

30 Nov, 06:23


Мубодилаи таҷриба оид ба мубориза бар зидди монополия

Рӯзҳои 28–29‑уми ноябр дар шаҳри Самарқанд маҷлиси 57‑уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати мубориза бар зидди монополияи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷамъомади 43‑юми штаб оид ба якҷоя бартараф кардани ҳолатҳои вайрон гардидани талабҳои қонунгузории зидди монополия гузаронида шуд.

👉 http://ovozi.uz/60947/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

30 Nov, 05:53


* 8-уми декабр - Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба принсипҳои умумиинсонии демократия рия карда мешавад, мувофиқи он инсон, ҳаёти он, озодии он, шаън, қадру қимат ва ҳуқуқҳои дигари ҷудонашавандааш арзиши олӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳуқуқ ва озодиҳои демократӣ бо Конститутсия ва қонунҳо ҳимоя карда мешавад.

Моддаи 13-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

30 Nov, 05:00


“Мо зидди ВНМО ҳастем!”

1-уми декабр – рӯзи байналмилалии мубоиза бар зидди ВНМО. Дар вилоятамон чорабиниҳои ба муносибати ин сана ба нақша гирифташуда, аз субҳи имрӯз дар шаҳри Самарқанд бо марафони пиёдагардии оммавӣ оғоз ёфт.

Марафони таҳти шиори “Мо зидди ВНМО ҳастем!” аз назди бинои факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд старт гирифт. Иштироккунандагон аз кӯчаи Алишери Навоӣ ҳаракат намуда, дар назди кинотеатри "Шарқ юлдузи" машғулотҳои тарбияи ҷисмониро анҷом доданд.

- Дар кишварамон нафароне, ки аз инфексияи ВНМО азият мекашанд, 50,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, - гуфт сардухтури Маркази вилоятии мубориза бар зидди ВНМО Зокир Умурзоқов. - Дар вилоятамон нисбати соли гузашта шумораи беморони гирифтори он дар ноҳияҳои Самарқанд, Ҷомбой, Пайариқ, Булунғур бештар қайд карда шудааст.

Дар маҳаллаву муассисаҳои таълимии вилоят гузаронидани аксия, мусобиқаҳои варзишӣ, озмун ва чорабиниҳо идома дорад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

16 Nov, 00:59


⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 17:30


☀️ 16-уми ноябр. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво нимаабрӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз:   +12° ... +15°

🌙 Шаб:  +5°...+6°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 16:50


18-уми ноябр – Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Парчами рекордии сад метрии Ӯзбекистон аз Хоразм то Тошканд ба сафар баромад. Вай 18-уми ноябр ба пойтахт расонида мешавад.

Парчам тавассути нақлиёт байни шаҳрҳои Ӯзбекистон интиқол дода шуда, дар ҷойҳои зебои шаҳрҳо он бо дасти кормандони ҳарбии Гвардияи миллии Ӯзбекистон ба масофаи сад метр кушода мешавад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 15:39


Президент Шавкат Мирзиёев роҷеъ ба масъалаҳои таъмини бефосилаи аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бо қувваи барқ, зиёд кардани самарадорӣ дар корхонаҳои соҳа ҷамъомад гузаронид.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 13:11


ДИҚҚАТ! БА КОР ТАКЛИФ МЕКУНЕМ!

Таҳририяти рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ҷавонони фаъол, ташаббускор ва корчаллонро ба вазифаҳои мухбир ва тарҷимон ба кор таклиф мекунад!
Талабҳое, ки ба номзадҳо гузошта мешавад:
– ба хубӣ огоҳ будан аз забони адабии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (ба донандагони забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
– мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва хабарҳо навишта тавонистан;
– аз технологияҳои коммуникатсионӣ огоҳ будан ва дар компутер озод кор карда тавонистан;
– барномаҳои саҳифабандии рӯзномаро хуб донистан;
– дар аксбардорӣ таҷриба доштан.

Маош аз 3 000 000 сар мешавад.

Суроға: шаҳри Самарқанд, кӯчаи Улуғ Турсунов, 80.
Телефон барои маълумот: (66) 233-91-71, (66) 233-91-70.


Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 11:30


#Сайри_ҷаҳон

🇩🇪 Олмон

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 11:07


Оё ҳуқуқи истеъмолгарон ҳамеша ҳимоя мешавад?

Нишасти матбуотӣ бахшида ба мазӯи мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки мутассадиёни Садорати вилоятии Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он ҷонишини сардори садорат Шерзод Салоҳиддинов ва сарҳуқуқшиноси ин ташкилот Азамат Нарзиқулов иштирок карданд ва дар ин хусус маълумот доданд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 09:28


Бача дар чандсолагӣ аз телефону планшет ва компутер бояд истифода барад?

Аз рӯи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба дасти бачаҳои 2-сола "гаджет" додан мумкин нест. Бачаҳои аз 3-сола боло дар як рӯз ба муддати 1 соат аз телефон истифода бурданаш мумкин.

Бачаҳои синфҳои ибтидоии аз 6 то 12-сола ба муддати 2 соат аз телефон, компутер метавонад истифода баранд.

Агар дар давоми рӯз аз аппаратҳои номбурда аз меъёри муайяншуда зиёд истифода баранд, дар организми бача бемории саратон (рак) ривоҷ ёфтанаш аз эҳтимол дур нест.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 08:06


#Шифохонаи_табиат

ТАЛХШУВОҚ
(Горькая полынь)

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк

Рӯзе як бор ду дирам талхшувоқро ҷӯшонида, обашро бинӯшанд. Бухорҳои фосиди баданро дафъ мекунад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 07:28


Омӯзгор аз Тошканд барои шогирдонаш, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ғолиб ва ҷоиза гирифтаанд, наздик ба 1 миллиард сӯм мукофот гирифт.

Дар маросими имсолаи супурдани мукофоти пулӣ Моҳира Болтаева 378 миллион сӯм (дар соли 2023 — 350 ва дар соли 2022 — 250 миллион сӯм) гирифт.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 07:07


Варзишгари чинӣ Тсен Сяолин дар 30 сония 228 маротиба ҷаҳида, рекорди ҷаҳонӣ гузошт

Рекорди қаблӣ низ ба ӯ тааллуқ дошт. Ӯ тавонист дар соли 2015 108 маротиба ҷаҳад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 05:42


🎞 Оё системаи энергетикаи ноҳияи Иштихон ба рӯзҳои сард омода аст?

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 04:04


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

15 Nov, 00:59


⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

14 Nov, 18:32


Дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар дақиқаи охирини бозӣ аз дастаи мунтахаби миллии Қатар ба дарвозаи худ гол сар дода, мағлуб шуд

Бозӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

14 Nov, 17:00


☀️ 15-уми ноябр. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво офтобӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз:    +8°...+11°

🌙 Шаб:  +1°... +3°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

14 Nov, 16:48


🎞 Дар Нуробод омодагии хидматҳои коммуналӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

14 Nov, 16:10


Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти пешниҳодҳо роҷеъ ба саривақтӣ муайян намудани бемориҳо ва муолиҷаи пурсамари онҳо шинос шуд

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

14 Nov, 15:51


🇺🇸🇺🇿 ИМА барои корҳои барқарорсозӣ дар майдони Регистон 500 ҳазор доллар грант ҷудо мекунад

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

14 Nov, 15:16


Намояндагони соҳаи сайёҳии Россия ба Самарқанд омаданд

Дар Академияи сайёҳии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» бо иштироки вакилони садорати сайёҳии вилоят, турагентҳо, гидҳо ва намояндагони соҳаи сайёҳии Россия вохӯрӣ баргузор шуд.

👉 https://ovozi.uz/60855/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

14 Nov, 14:35


Вазир бо донишҷӯён мулоқот кард

Вазири таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо Қӯғиротбой Шарипов ба муассисаҳои таълими олии вилояти Самарқанд ташриф фармуда, бо донишҷӯ-ҷавонон вохӯрӣ гузаронид.

👉 https://ovozi.uz/60851/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Nov, 05:18


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Nov, 04:13


Бо ташаббуси Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд таҳти мавзӯи ""Рӯзи такмили ихтисос" ва "Соати такмили ихтисос" ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия хизмат мекунад" пресс-тур гузаронида шуд.

Имрӯзҳо дар тамоми мактабҳои вилоят оид ба фанҳои табиӣ гузаронидани "Соати такмили ихтисос" ташкил карда шудааст.
Ҳамзамон, кормандони васоити ахбори оммавӣ дар семинаре, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии таълимӣ барои ментор-омӯзгорон дар Маркази маҳорати омӯзгории вилоят ташкил гардидааст, иштирок намуданд.

Инчунин, журналистон бо равандҳои дар доираи “Соати такмили ихтисос” ташкилгардидаи мактаби таълими умумии рақами 10-уми ноҳия ва мактаби таълими умумии рақами 14-и шаҳри Самарқанд низ шинос шуданд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Nov, 03:49


ИМРӮЗ, 7-УМИ НОЯБР — РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ МЕБОШАД

Ғазал

Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад,
Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад.

Ҳар кӣ мегӯяд ҳадиси салсабил,
З-он лаби нӯшин киноят мекунад.

Аз рақибон мекунад паҳлу тиҳӣ,
Ҷониби моро риоят мекунад.

Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо,
Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад.

Дур аз он лаб ҷон яке нолон най аст,
«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад».

З-он лаби ҳамчун шакар монда чудо,
«Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад».

Қатли Ҷомиро чӣ ҳоҷат захми теғ?
Ғамзае ӯро кифоят мекунад.

Солгарди шоири бузург ба кулли ҳаводорони шеъри ноб хуҷаста бод!


Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Nov, 02:00


#Назм

Рухсори туро лолаву гул бор кӣ дод?
В-он сунбули навруста ба гулзор кӣ дод?
В-он рӯз ба дасти он шаби тор кӣ дод?
В-он ёри сазоро ба сазовор кӣ дод?

✍️ Унсурии Балхӣ

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

07 Nov, 01:00


⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

06 Nov, 17:00


☀️ 7-уми ноябр. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво нимаабрӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз:   +9° ... +11°

🌙 Шаб:  +3°...+7°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

06 Nov, 16:37


Ташрифи Президент Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Бишкек: дар роҳи боз ҳам наздик кардани дунёи туркӣ, баланд бардоштани мавқеи он, муносибатҳои манфиатнок ва дӯстонаро амиқ гардонидан, ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳо

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

06 Nov, 13:39


Хабари роҷеъ ба харсанг пахш кардани нақлиёти русуми "Кобалт" дар ҳудуди ноҳияи Китоб, ки ба сӯи ағбаи "Тахтиқорача"-и ноҳияи Ургут мерафт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Гуфта мешавад, ки ронанда ва мусофирон ҳалок гардидаанд.

Тибқи хабарҳо дар ҳудудҳои кӯҳӣ тамоми рӯз боронгарӣ мушоҳида шудааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

06 Nov, 13:12


Ташрифи Президентамон ба шаҳри Бишкек анҷом ёфт

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

06 Nov, 12:34


Ба ректори Донишгоҳи давлатии тибии Самарқанд унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи тиббии Шинҷон» дода шуд

Ба қарибӣ, ҳайат бо роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд, профессор Ҷасур Ризаев ба Донишгоҳи тиббии Шинҷони Чин сафар кард.

Дар чорабинии ташкилшуда ҳамкориҳои ду донишгоҳ муҳокима гардидааст. Аз ҷумла, масъалаҳои ифтитоҳи филиали Маркази тибби халқии Чин, ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии тиббии Шинҷон дар соҳаи тибби таълимӣ, илмӣ ва амалӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи вохӯрӣ ректори Донишгоҳи тиббии Шинҷон Хаҷӣ Акбер Аиса ба ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд Ҷасур Ризаев унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи тиббии Шинҷон»-ро супорид.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 14:52


Президент Шавкат Мирзиёев бо сафари амалӣ ба шаҳри Бишкек рафт

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 12:39


🎞 Депутатҳои нав интихобгардида фаъолияти худро оғоз намуданд

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 12:17


Акнун хидмати интиқоли шиносномаи "загран" тавассути почта ба роҳ монда мешавад

Бо қарори Президент аз нав тақсим кардани маблағи боҷи давлатӣ барои додани шиносномаи биометрикӣ барои рафтан ба хориҷа муайян карда шуд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 11:04


ДИҚҚАТ! БА КОР ТАКЛИФ МЕКУНЕМ!

Таҳририяти рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ҷавонони фаъол, ташаббускор ва корчаллонро ба вазифаҳои мухбир ва тарҷимон ба кор таклиф мекунад!
Талабҳое, ки ба номзадҳо гузошта мешавад:
– ба хубӣ огоҳ будан аз забони адабии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (ба донандагони забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
– мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва хабарҳо навишта тавонистан;
– аз технологияҳои коммуникатсионӣ огоҳ будан ва дар компутер озод кор карда тавонистан;
– барномаҳои саҳифабандии рӯзномаро хуб донистан;
– дар аксбардорӣ таҷриба доштан.

Маош аз 3 000 000 сар мешавад.

Суроға: шаҳри Самарқанд, кӯчаи Улуғ Турсунов, 80.
Телефон барои маълумот: (66) 233-91-71, (66) 233-91-70.


Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 09:05


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 07:35


Оилаи обрӯманди Боғи баланд

Сарбаланд будан дар ҳама давру замон ҳам осон набуд. Номи баланди сарбаландӣ бори гароне ҳам дорад, ки кашида, то ба манзили мурод расонидани он на ба ҳама муяссар мешавад.

👉 https://ovozi.uz/60764/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 07:02


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони давлатҳои туркӣ рӯзҳои 5-6-уми ноябр ба Бишкек сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 06:14


Номзади ҳокими вилояти Самарқанд аз тасдиқ гузашт

Дар сессияи якуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати ҳафтум масъалаи навбатӣ тасдиқи ҳокими вилоят буд.

👉 https://ovozi.uz/60760/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 05:41


Ба Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд гурӯҳҳои ҳизбҳо, ки иборат аз депутатҳои интихобгардида аз Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонҳо — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон (16 нафар), Ҳизби демократии "Миллий тикланиш" (14 нафар), Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" (11 нафар), Ҳизби халқии демократӣ (10 нафар) ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон (9 нафар) иборат ҳастанд, ба рӯихат гирифта шуданд...

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 05:10


Дар сессияи якуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати ҳафтум Негматов Шӯҳрат Худайбердиевич мувофиқи моддаи 16/3 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ" раиси Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд интихоб шуд...

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

05 Nov, 04:40


Ҳоло дар ҳокимияти вилоят сессияи якуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати ҳафтум баргузор мегардад.

Дар кори сессия мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғофурҷон Ғаниевич Мирзоев иштирок мекунад...

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

29 Oct, 07:10


ДИҚҚАТ! БА КОР ТАКЛИФ МЕКУНЕМ!

Таҳририяти рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ҷавонони фаъол, ташаббускор ва корчаллонро ба вазифаҳои мухбир ва тарҷимон ба кор таклиф мекунад!
Талабҳое, ки ба номзадҳо гузошта мешавад:
– ба хубӣ огоҳ будан аз забони адабии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (ба донандагони забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
– мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва хабарҳо навишта тавонистан;
– аз технологияҳои коммуникатсионӣ огоҳ будан ва дар компутер озод кор карда тавонистан;
– барномаҳои саҳифабандии рӯзномаро хуб донистан;
– дар аксбардорӣ таҷриба доштан.

Маош аз 3 000 000 сар мешавад.

Суроға: шаҳри Самарқанд, кӯчаи Улуғ Турсунов, 80.
Телефон барои маълумот: (66) 233-91-71, (66) 233-91-70.


Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

29 Oct, 06:43


Олими самарқандӣ дар Россия мукофот гирифт

Рӯзҳои 23-25-уми октябр дар Донишкадаи клиникии илмӣ-тадқиқотии педиатрия ва ҷарроҳии бачаҳои шаҳри Москва ба номи Ю.Велтишев дар мавзӯи "Технологияҳои инноватсионӣ дар педиатрия ва хирургияи бачаҳо" анҷуман гузаронида шуд.

👉 https://ovozi.uz/60720/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

29 Oct, 06:05


Родри — соҳиби "Тӯби тиллоӣ-2024"

Дар мавсими гузашта ӯ дар ҳайати тими миллии Испания ғолиби чемпионати Аврупо шуд ва беҳтарин бозигари ин мусобиқа дониста шуд. Родри дар сафи "Манчестер Сити" чемпиони Премер-лига гардид.

Аз соли 1960 то инҷониб ягон бозигари испанӣ барандаи “Тӯби тиллоӣ” нашудааст.

Номзадҳои дигар:

Беҳтарин бозигари зан — Айтана Бонмати ("Барселона");

Беҳтарин дарвозабон — Эмилиано Мартинес ("Астон Вилла"/Аргентина);

Беҳтарин мураббӣ — Карло Анчелотти ("Реал");

Беҳтарин мураббӣ дар футболи занон — Эмма Ҳейс ("Челси");

Дастаи беҳтарин — "Реал Мадрид" (Испания);

Беҳтарин тими занона "Барселона" (Испания);

Беҳтарин бозигари ҷавон — Ламин Ямал ("Барселона"/Испания);

Беҳтарин ҳамлагар — Ҳарри Кейн ("Бавария"/Англия) ва Килиан Мбаппе ("ПСЖ" ва "Реал"/Фаронса) мебошанд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

29 Oct, 04:50


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

29 Oct, 03:18


#Назм

Ҳама ҷо дукони ранг аст, ҳама ранг мефурӯшад,
Дили ман ба шиша сӯзад, ҳама санг мефурӯшад.
Дили кас ба кас насӯзад ба муҳити мо ба ҳадде,
Ки ғизол чӯҷаашро ба паланг мефурӯшад.

Розиқи Фонӣ

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

29 Oct, 01:02


⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

28 Oct, 17:00


☀️ 29-уми октябр. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво абрӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз:   +10° ... +11°

🌙 Шаб:  +4°...+8°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

28 Oct, 14:09


Фаришта

Тифл пеш аз ба дунё омадани худ аз Офаридгор пурсид:
— Ман намедонам чаро ба ин дунё меоям. Ман бояд чӣ кор кунам?
Офаридгор ҷавоб дод:
— Ман ба ту фариштае ҳадя мекунам, ки ҳама вақт ҳамроҳи ту мешавад ва ҳама чизро ба ту мефаҳмонад.
— Ман забони ӯро намедонам, чӣ тавр бо ӯ ҳарф мезанам?
— Фаришта ба ту забони худашро меомӯзад ва туро аз ҳама бадиҳо нигоҳ медорад.
— Чӣ хел ва кай ман ба назди шумо меоям?
— Фариштаат ба ту ҳамаашро мефаҳмонад.
— Фариштаи ман чӣ ном дорад?
— Номаш муҳим нест, ӯ номҳои зиёд дорад. Ту ӯро «Модар» мегӯйӣ.

Аз забони русӣ тарҷимаи Бахтиёри ҶУМЪА.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

28 Oct, 12:51


Ӯзбекистон дар раддабандии артишҳои пурқуввати ҷаҳон ҷои 19-умро гирифт

Агентии таҳлилии U.S.News рейтинги солонаи артиши пурқуввати ҷаҳонро нашр кардааст, ки дар он Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷои 19-умро ишғол карданд.

👉 https://ovozi.uz/60717/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

28 Oct, 12:01


Дастаи "Манчестер Юнайтед" мураббии даста Эрик тен Хагро ба истеъфо баровард

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

28 Oct, 11:30


#Сайри_ҷаҳон

🇮🇸 Ҷазираи Рейкянес, Исландия

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

28 Oct, 10:58


Ҳукумати Индонезия фурӯши iPhone 16-ро дар кишвар манъ кард

Хабар дода шуд, ки Apple ба иқтисоди кишвар ба ҷои 1,7 триллион рупияи пешбинишуда ҳамагӣ 1,5 триллион рупий (тақрибан 95 миллион доллар) сармоягузорӣ кардааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

28 Oct, 10:17


Дар Чин аввалин заводи мошинҳои парвозкунандаи ҷаҳон сохта мешавад

Базаи истеҳсолии музофоти Гуандун аз рӯи супориши ширкати Xpeng Aeroht сохта мешавад.

Савдои аввалин дар охири сол оғоз мешавад. Ҳарчанд фурӯши расмӣ ҳанӯз шурӯъ нашуда бошад ҳам, барои мошини модули парвозкунанда беш аз 1000 дархост омадааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

28 Oct, 08:45


Мандаринҳо барои саломатӣ хеле муфиданд, аммо нодуруст хӯрдани он боиси аппендитсит мегардад

Аз сабаби он, ки дар таркиби мандарин миқдори зиёди фосфор мавҷуд аст, зеҳни кӯдак мустаҳкам мешавад.

Фосфор ба ҷаббидани калтсий, ташаккул ва афзоиши устухон мусоидат мекунад.

Меваи ситрусӣ бар зидди табларза ва сулфаи табиӣ мебошад.

Тухми мандарин боиси бемории аппендитсит мегардад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

28 Oct, 07:53


ДИҚҚАТ! БА КОР ТАКЛИФ МЕКУНЕМ!

Таҳририяти рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ҷавонони фаъол, ташаббускор ва корчаллонро ба вазифаҳои мухбир ва тарҷимон ба кор таклиф мекунад!
Талабҳое, ки ба номзадҳо гузошта мешавад:
– ба хубӣ огоҳ будан аз забони адабии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (ба донандагони забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
– мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва хабарҳо навишта тавонистан;
– аз технологияҳои коммуникатсионӣ огоҳ будан ва дар компутер озод кор карда тавонистан;
– барномаҳои саҳифабандии рӯзномаро хуб донистан;
– дар аксбардорӣ таҷриба доштан.

Маош аз 3 000 000 сар мешавад.

Суроға: шаҳри Самарқанд, кӯчаи Улуғ Турсунов, 80.
Телефон барои маълумот: (66) 233-91-71, (66) 233-91-70.


Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

28 Oct, 06:35


Натиҷаҳои нахустини интихоботи намояндагони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шӯроҳои маҳаллӣ

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

27 Oct, 12:47


Дар маркази матбуоти комиссияи интихоботии вилоят брифинги навбатӣ баргузор гардид

Дар он раиси комиссияи интихоботии вилоят Ҳ.Муҳаммадев роҷеъ ба давом додани ҷараёни овоздиҳӣ барои интихоботи вакилони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ дар вилоят имрӯз, то соати 17:00 маълумот дод.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

27 Oct, 12:12


Дар қитъаи интихоботии 166-уми шаҳри Самарқанд беш аз 1300 нафар интихобкунандагон ба номзадҳои дилхоҳи худ овоз доданд.

171 нафари онҳо пеш аз мӯҳлат раъй супурдаанд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

27 Oct, 11:44


Раиси Сенат Танзила Норбоева, спикери Палатаи қонунгузорӣ Нурдинҷон Исмоилов, Сарвазир Абдулло Арипов (бо наберааш Мирҳамид), муфтӣ Шайх Нуриддин Ҳолиқназаров дар интихобот овоз доданд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

27 Oct, 10:58


То соати 13:00 дар миқёси ҷумҳурӣ 9 миллиону 498 ҳазору 589 нафар (47,72 дарсад) интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок карданд.

Дар миқёси Самарқанд 50,55 дарсади интихобкунандагон овоз доданд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

27 Oct, 09:22


Президент дар интихобот бо ҳамроҳии халқ овоз дод ва ба тақдири шаҳрвандон ва алоқамандии ояндаи онҳо ба Ватан миннатдорӣ изҳор намуд

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

27 Oct, 08:20


То ҳол дар қитъаи интихоботии 170-уми шаҳри Самарқанд беш аз 680 нафар интихобкунандагон ба номзадҳои дилхоҳи худ овоз доданд

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 12:15


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 11:34


#Сайри_ҷаҳон

🇰🇬 Қирғизистон

Telegram | YouTube | Facebook

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 10:37


ДИҚҚАТ! БА КОР ТАКЛИФ МЕКУНЕМ!

Таҳририяти рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ҷавонони фаъол, ташаббускор ва корчаллонро ба вазифаҳои мухбир ва тарҷимон ба кор таклиф мекунад!
Талабҳое, ки ба номзадҳо гузошта мешавад:
– ба хубӣ огоҳ будан аз забони адабии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (ба донандагони забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
– мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва хабарҳо навишта тавонистан;
– аз технологияҳои коммуникатсионӣ огоҳ будан ва дар компутер озод кор карда тавонистан;
– барномаҳои саҳифабандии рӯзномаро хуб донистан;
– дар аксбардорӣ таҷриба доштан.

Маош аз 3 000 000 сар мешавад.

Суроға: шаҳри Самарқанд, кӯчаи Улуғ Турсунов, 80.
Телефон барои маълумот: (66) 233-91-71, (66) 233-91-70.


Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 09:24


Маслиҳати муфид

То ҳадди имкон стрессро пешгирӣ кунед. Ин муошират бо одамони ногувор, кори нороҳат, мушкилот дар ҳаёти шахсӣ, нокомиҳо дар эҷодкорӣ ё машғулиятҳои дӯстдошта мебошад. Агар аз манбаъҳои стресс халос шудан ғайриимкон бошад, беҳтар аст, ки ба мутахассис муроҷиат кунед, то ки ба ангезандаҳо дуруст ҷавоб доданро ёд гиред.

Telegram | YouTube | Facebook

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 08:01


#Шифохонаи_табиат

Хусусиятҳои анзур

Анзур, пиёзи анзур, ансал, ансур, пиёзи кӯҳӣ — номи умумии чанд навъ пиёзи худрӯй.

👉 https://ovozi.uz/48033/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 07:29


Тӯфони шадид дар аёлати Рио-Гранде-ду-Сули Бразилия боми биноро канд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 06:57


Ба муносибати Рӯзи кормандони идораҳои корҳои дохилӣ як гурӯҳ вакилони соҳа мукофотонида шуданд

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 06:18


САНАИ БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ БЕЛАРУС МУАЙЯН ГАРДИД

Интихоботи президенти Беларус 26 январи соли 2025 таъйин шудааст.
Ин тасмим рӯзи сешанбе дар ҷаласаи Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус гирифта шуд. Дар ин хусус хабаргузории БЕЛТА иттилоъ додааст.

👉 https://ovozi.uz/60681/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 05:15


Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи ба муносибати Рӯзи кормандони Идораҳои корҳои дохилӣ мукофотонидани як гурӯҳ ходимон"

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 04:55


То интихоботи намояндагони Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шӯроҳои маҳаллӣ 1 рӯз монд.

Ҳар як овоз муҳим!
Дар интихобот иштирок кунед!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 04:35


25-уми октябр — Рӯзи кормандони идораҳои корҳои дохилии Ӯзбекистон!

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ, ки баҳри осоиштагии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканӣ ва мубориза бар зидди ин иллатҳо рӯзу шаб фидокорона меҳнат мекунанд, бо иди касбиашон табрик менамоям!

Дар адои вазифаи пуршарафу масъулиятнок, ки бар дӯш доред ба ҳамаатон саломатии бардавом, қудрати бепоёнро таманно мекунам!

Ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 04:02


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 02:31


#Назм

Қуввати некӣ надорӣ, бад макун,
Бар вуҷуди худ ситам беҳад макун.


Фаридуддини Аттор

Telegram | YouTube | Facebook

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

25 Oct, 01:00


⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

24 Oct, 17:00


☀️ 25-уми октябр. Пагоҳ дар Самарқанд эҳтимоли боридани борон вуҷуд дорад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз:   +15° ... +17°

🌙 Шаб:  +9°...+11°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

24 Oct, 15:41


Сессияи навбатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

24 Oct, 15:04


Барои кормандони ВАО семинар гузаронида шуд

Дар маркази матбуоти комиссияи интихоботии вилояти Самарқанд бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ семинар баргузор гардид.

👉 https://ovozi.uz/60678/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Oct, 05:35


Сессиям 104-уми Шӯрои вилоятӣ давом дорад

Сессияи охирини яксаду чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Қабл аз баррасии масъалаҳои рӯзнома раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э.Турдимов ба намояндагон, ки дар ин даъват фаъолият нишон доданд, изҳори сипос намуд. Ба як гуруд намояндагони фаъолу ташаббускор ташаккурномаи ҳокими вилоят супурда шуд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Oct, 05:29


«Мо якем, ӯзбекистонием!»

Ҳар як рӯзе, ки сипарӣ мешавад, моро ба рӯзи 27‑уми октябр — интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ наздик мекунад.

👉 https://ovozi.uz/60657/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Oct, 04:59


Мо якҷоя нерӯи бузург ҳастем!

Ин даъват дар чорабиниҳои таблиғотӣ, ки дар арафаи интихобот аз ҷониби ҲЛДӮз баргузор мегарданд, такрор ба такрор садо медиҳад.

👉 https://ovozi.uz/60655/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Oct, 04:27


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Oct, 04:19


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзҳои 23-24-уми октябр барои иштирок дар саммити кишварҳои узви БРИКС бо сафари корӣ дар шаҳри Қазон мешавад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Oct, 04:00


ШУМОРАИ НАВБАТИИ 84-УМИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД"-РО БАРОИ МУТОЛИА ПЕШКАШ МЕКУНЕМ.

🧾 ШАКЛИ PDF

👉 http://ovozi.uz/wp-content/uploads/2021/04/Gazeta-2024-84.pdf

ДАР ШУМОРАИ НАВБАТӢ:

📰 МО ЯКҶОЯ НЕРӮИ БУЗУРГ ҲАСТЕМ!
👉 https://ovozi.uz/60655/
📰 «МО ЯКЕМ, ӮЗБЕКИСТОНИЕМ!»
👉 https://ovozi.uz/60657/
📰 МАҚСАДИ НОМЗАДҲОИ МО — ДАР ТАМОМИ МИНТАҚАҲОИ МАМЛАКАТАМОН НОИЛ ШУДАН БА РУШДИ УСТУВОР
👉 https://ovozi.uz/60659/
📰 ДАСТГИРИИ ФАЪОЛОНАИ ҒОЯ ВА ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТӢ
👉 https://ovozi.uz/60661/
📰 БА СӮИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАР ВА ҶАМЪИЯТИ ОДИЛОНА!
👉 https://ovozi.uz/60663/

ин мақолаҳо ва матолиби дигари рӯзноманигоронро мутолиа намоед.

🌐 Сайт http://ovozi.uz/
МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ:
Telegram | YouTube | Facebook

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Oct, 02:30


#Назм

Овар бурун зи гўшат ин пунбаҳои ғафлат,
Дар дарси нуктасанҷон дар ком каш забонро.

✍️ Зебуннисо

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

23 Oct, 01:01


⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

22 Oct, 16:35


☀️ 23-юми октябр. Пагоҳ дар Самарқанд эҳтимоли боридани борон вуҷуд дорад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз:   +12° ... +13°

🌙 Шаб:  +8°...+9°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

22 Oct, 14:46


Чин барои назорати атмосфера радифи сунъии Заминро сар дод

Чин маҳвораи сунъии Замин Tianping-3-ро барои омӯхтани қабати болои атмосфера cap дод. Дар ин бора Report бо истинод ба «ТАСС» хабар медиҳад.

Ин моҳвора, гуфта мешавад дар гузориш, аз космодроми Тайюан дар музофоти Шансӣ (Хитойи Шимолӣ) соати 08:10 ба вақти Пекин бо истифода аз мушаки ҳомили "Чанчжэн-6" (Long March-6) сар дода ва "ба мадори муайяншуда бомуваффақият ворид шуд".

Tianping-3, ки ба номи бурҷи Либра номгузорӣ шудааст, асосан барои калибровкаи таҷҳизоти радиолокатсионии заминӣ, инчунин мониторинги муҳити пасти кайҳонии Замин ва ислоҳи модели пешгӯии мадор истифода мешавад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

22 Oct, 14:00


Асал камхуниро бартараф мекунад

Асалро аз қадим чун доруворӣ барои бемориҳои зиёд истифода мебаранд.

👉 https://ovozi.uz/60652/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

22 Oct, 13:02


Овоздиҳии электронӣ чӣ гуна амалӣ мегардад?

Овоздиҳии электронӣ ҳоло ба сифати санҷиш дар баъзе қитъаҳои интихоботии Тошканд роҳандозӣ мешавад.

Овоздиҳии электронӣ аз овоздиҳии онлайнӣ фарқ мекунад. Ҳангоми овоздиҳии онлайнӣ интихобкунанда метавонад тавассути компютери шахсии худ бо истифода аз интернет овоз диҳад. Дар овоздиҳии электронӣ бошад, овоздиҳанда ба қитъаи интихоботӣ рафта, тавассути таҷҳизоти электронии овоздиҳӣ овоз медиҳад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

21 Oct, 05:57


Дар Молдова беш аз 50 дарсади интихобкунандагон зидди ворид шудани мамлакат ба Иттифоқи Аврупо баромаданд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

21 Oct, 05:40


Дар Мексика вулқони Попокатепетл фаъол шуд

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

21 Oct, 05:07


То интихоботи намояндагони Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шӯроҳои маҳаллӣ 5 рӯз монд.

Ҳар як овоз муҳим!
Дар интихобот иштирок кунед!


Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

21 Oct, 04:40


ДИҚҚАТ! БА КОР ТАКЛИФ МЕКУНЕМ!

Таҳририяти рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ҷавонони фаъол, ташаббускор ва корчаллонро ба вазифаҳои мухбир ва тарҷимон ба кор таклиф мекунад!
Талабҳое, ки ба номзадҳо гузошта мешавад:
– ба хубӣ огоҳ будан аз забони адабии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (ба донандагони забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
– мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва хабарҳо навишта тавонистан;
– аз технологияҳои коммуникатсионӣ огоҳ будан ва дар компутер озод кор карда тавонистан;
– барномаҳои саҳифабандии рӯзномаро хуб донистан;
– дар аксбардорӣ таҷриба доштан.

Маош аз 3 000 000 сар мешавад.

Суроға: шаҳри Самарқанд, кӯчаи Улуғ Турсунов, 80.
Телефон барои маълумот: (66) 233-91-71, (66) 233-91-70.


Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

21 Oct, 04:19


21-уми октябр – Рӯзи мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ!

Мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ ба сифати яке аз қадамҳои устувори халқамон дар роҳи истиқлолияти миллӣ эътироф мегардад.

Чунки забони давлатӣ яке аз нишонаҳои муҳими озодии халқ, ободии давлат ҳисобида мешавад.

Рӯзи қабули забони давлатӣ, ки рамзи озодии Ватанамон, ҳамҷиҳатии халқамон аст, ба ҳамаи Шумо муборак бошад!

Эркинҷон ТУРДИМОВ, ҳокими вилояти Самарқанд

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

21 Oct, 02:29


#Назм

Бар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ шарт нест,
Ё сухан дониста гӯ, эй марди оқил, ё хамӯш!


✍️ Ҳофизи Шерозӣ

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

21 Oct, 01:00


⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Oct, 17:00


☀️ 21-уми октябр. Ҳавои фардои Самарқанд абрӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз:   +22° ... +24°

🌙 Шаб:  +13°...+16°

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Oct, 15:35


Дарёи Ҳиндустон бо кафки заҳрнок иҳота гардид

Яке аз шохаҳои бузурги дарёи Ганга - Ҷамуна ба туфайли зиёд шудани моддаҳои кимиёӣ, аз ҷумла фосфат, ба ин ҳол омадааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Oct, 13:08


⚡️Фурудгоҳи Данидини Зеландияи Нав маҳдудияти оғӯшро ҷорӣ кард, - CNN.

Ҳоло мусофирон ҳангоми вуруд ё рафтан аз кишвар дар фурудгоҳ беш аз се дақиқа якдигарро ба оғӯш гирифта наметавонанд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Oct, 12:42


⚡️Дар Молдова овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ ва раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсия барои ҳамгироии аврупоӣ оғоз шуд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Oct, 12:02


💡Куба бе қувваи барқ монд: Аз сабаби рӯй додани садама дар стансияи ягонаи гармии барқии мамлакат дар ҷазира додани қувваи барқ боздошт шуд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Oct, 11:29


#Сайри_ҷаҳон

🇩🇪 Олмон, шаршараи Бухеннеггер

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Oct, 10:41


Нусхаи Конститутсияи ИМА, ки беш аз 200 сол ҳифз шудааст, дар музояда фурӯхта шуд

Он дар ҷевон тақрибан 237 сол нигоҳ дошта шудааст.

👉 https://ovozi.uz/60640/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Oct, 09:59


🌐 Овоздиҳӣ дар кишварҳои хориҷӣ

🆔 Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ барои ворид шудан ба рӯйхати интихобкунандагон ба комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар ё ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шакли электронӣ тавассути вебсайти saylov.mfa.uz муроҷиат мекунанд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Oct, 09:29


Дар кӯчаи Мирзо Улуғбеки шаҳри Самарқанд ҳаракати нақлиёт гоҳ-гоҳ ба як тараф маҳдуд мешавад

Тибқи ахбороти ҳокимияти шаҳр, дар ин кӯча корҳои пурраи таъмиру ободонӣ дар назар аст.

Ин корҳо имрӯз, 20-уми октябр аз ҷойи пайвастии кӯчаи Мирзо Улуғбек бо кӯчаи Бӯстонсарой то чорроҳаи кӯчаи Беруний амалӣ мегардад.

Ба ин муносибат то анҷоми кор дар қисмати кӯчаи таъмиршуда ҳаракати мошинҳо гоҳ-гоҳ маҳдуд карда мешавад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Овози Самарқанд/Samarqand ovozi

20 Oct, 08:12


БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site