БОРОНИ АНДЕША 🕊️ @boroni_andesha Channel on Telegram

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

@boroni_andesha


📖Панду андарзҳои бузургон!📝
💡Андешаву ақидаҳои олимон!📚
📘 Ҳикояҳои тарбиявию ахлоқӣ!📃
🌃Аксҳои илмию адабӣ!📷
🎬Наворҳои тарбиявию ахлоқӣ!📽️
📚Ҳадису ривоятҳои саҳеҳ!📒 ва ғайраҳоро Шумо дар ин канал дида метавонед!

Мудир: 🧑🏻‍ @aslamzoda0909

БОРОНИ АНДЕША 🕊️ (Tajik)

БОРОНИ АНДЕША 🕊️ канали Telegram ёфтавон аз омӯзиш ва хушнудии андозаҳои бузургон ва олимон мебошад! Ҳар рӯз дар ин канал, шумо метавонед андарзҳои зебо ва маънавӣ ро бо кор бароваред. Шумо метавонед ақоидҳои олимонро омӯзед, ҳикояҳои тарбиявию ахлоқиро нашр кунед, аксҳои илмию адабиро бинед, ва наворҳои тарбиявию ахлоқиро дарк ба хонед. Дар ин канал, шумо метавонед Ҳадису ривоятҳои саҳеҳро ёфтавонед ва ба ғайраҳо муносибат доред. Мудир канал, ки барномаҳо ва мазмунҳоро барои шумо таүёр менамояд, @aslamzoda0909 мебошад. Пайгамбари Ислом (с.а.в.) мушфиҳа дар дунё ва маъдони нигоҳдории маънави башарият буд. БОРОНИ АНДЕША каналро дар Telegram дар ин линк дидан намояед. Пайваст шавед ва ба ташрифи боз чанд аз омӯзишҳо ва зебоҳо дар дастуриш рафта шавед!

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

19 Nov, 17:33


🌙Агар гирди касе бисёр гардӣ,
🌙Агарчи бас азизӣ, хор гардӣ.



📝Аттор

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

17 Nov, 05:01


Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад,
Ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад.


Ҳофиз

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

16 Nov, 13:03


📝Мавлоно мефармояд:


🌙Ин раҳо кун ишқҳои суратӣ,
Ишқи бар сурат, на бар рӯйи сатӣ.
Он чи Маъшуқ аст, сурат нест он
Хоҳ ишқи ин ҷаҳон, хоҳ он ҷаҳон.
Он чи бар сурат ту ошиқ гаштаӣ,
Чун бурун шуд ҷон, чарояш ҳиштаӣ?
Сураташ барҷост, ин серӣ зи чист?
Ошиқо, воҷӯ, ки Маъшуқи ту кист.
Партави хуршед бар девор тофт,
Тобиши орияти девор ёфт.
Бар кулӯхе дил чӣ бандӣ, эй салим,
Воталаб ишқе, ки пояд ӯ муқим.

📌Сатӣ- шакли кӯтоҳкардаи сайида; дигар маъно оҳан, фӯлод

📌Ҳиштан- гӯр кардан

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

16 Nov, 09:02


#Ҳазл:
Оё аз танҳоии худ ранҷ мебаред?
Издивоҷ кунед...
Онгоҳ аз танҳоии худ лаззат мебаред!😅

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

04 Nov, 09:05


🪐Чун ин шеъри Фарзонаро хондам, воқеан таслими тақдир гаштам:



🌘Нақшаи мо дигару нақшаи Боло дигар аст,
Мӯҳри инсон дигару мӯҳри Таъоло дигар аст.
Ҳар чи барнома кашидам, хати батлон зада шуд,
Хатти қисмат дигару хостаи мо дигар аст.
Роҳу даргоҳи саодат ба касе пайдо нест,
Гардиши мо дигару гардиши мино дигар аст.
Номаи ишқи маро вақт дарониду фиканд,
Дар варақҳои ҷабин он чи шуд иншо, дигар аст.
Дар ҳавасгоҳи ҷавонӣ, ки паси хотира монд,
Дил дигар, ишқ дигар, ҷӯши таманно дигар аст.
Дилам аз майсаву гул гуфт, на аз пайсаву пул,
Он чи мехостам аз давлати дунё, дигар аст.
Тапиши қалби ман аз баъди ҳама фоҷиаҳо,
Дӯш дигар буду афсӯс, ки ҳоло дигар аст. 🌒

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

25 Oct, 15:48


🌙 Чун байте аз Фарзона мехонам, ҳамеша ёди Мавлонову Бедил мекунам, шеъри Фарзона оҳанги ишқи Илоҳӣ дорад.



🌘Дилам бо даъвати Ту метапад боз,
Ба мӯҳру рухсати Ту метапад боз.
Тапишҳои вай аз мӯҳлат гузаштанд
Фақат бар ҳурмати Ту метапад боз
.
🌒

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

22 Oct, 19:52


🌗Аз Муҳаммадазиз - китобфурӯши Марокашӣ пурсиданд:
– Чаро вақте, ки дар китобхона нестӣ дари китобхонахоро намебандӣ?
Посух дод:
– Онҳое, ки савод надоранд, китоб намедузданд...
– Онҳое, ки китоб мехонанд, дуздӣ намекунанд...🌓

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

20 Oct, 16:24


Эй, воқифи асрори замири ҳама кас,
Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас.
Ё Раб, ту маро тавба деҳу узр пазир
Эй, тавбадеҳу узрпазири ҳама кас.

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

14 Oct, 18:40


Ҳазл:😁

Дар айёми хурдӣ ин гуна шириниҳоро намехӯрдам...😔

Ҳозир бошад пешрафт кардаам: расмашонро тамошо мекунам... 😅😉

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

07 Oct, 02:09


◽️Вақте дар автобус бо хиёли роҳат нишастаӣ, бо ин ки ронандаро намешиносӣ;🚌
◽️Вақте бо хиёли роҳат ба ҳавопаймо нишастаӣ, бо ин ки халабонро намешиносӣ;✈️
◽️Вақте бо хиёли роҳат дар қаиқ нишастаӣ, бо ин ки капитанро намешиносӣ...

✔️Пас, чаро дар зиндагӣ ин қадар роҳат нестӣ, вақте медонӣ контроли зиндагият дар дасти Худост?!
Пас, коратро мисли ронанда, халабон идома бидеҳ, бақияи контроли зиндагиятро бисупор ба Худованд...!📝

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

05 Oct, 08:00


Ёдаш ба хайр давраи мактабӣ:😁

Яку якбора ёдам ба он рӯзҳои мактабӣ афтод, ки вақте дарсҳои кушод (намунавӣ) мешуд, муаллими дарсиямон мегуфт, ки ҷавоби саволро ҳам надонед, дастатонро бардоред, ман худам медонистагиро мепурсам...!😅

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

05 Oct, 05:45


Дар шакли шеърӣ😁:

Он кӣ айби дигарон пеши ту оварду шумурд,
Бегумон айби ту пеши дигарон хоҳад бурд.

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

05 Oct, 05:21


🗣Як ҷумлаи хеле қашанге буд, ки навишта буд:👇

🌗Ҳеҷ вақт сари мизе нашинед, ки дар бораи дигарон ҳарф мезананд, чун вақте аз онҷо бармехезед, мавзӯи баъдияшон шумо ҳастед...!🌓

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

30 Sep, 14:56


Ҳеҷ касе бештар аз худи одам фитна нест...
Ҳеҷ касе бештар аз худи одам наметавонад худашро ғамгинтар бикунад, худашро ноумедтар бикунад...

☑️Ҳазрати Мавлоно хеле қашанг мефармоянд:👇

🌗Ё Раб, Ту маро ба нафси танноз мадеҳ,
Бо ҳарчӣ ҷуз аз Туст, маро соз мадеҳ.
Ман дар Ту ҳамегурезам аз фитнаи хеш,
Ман они Туам, маро ба ман боз мадеҳ...🌓


БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

15 Sep, 11:28


🌙Саъдиё, Шерозиё, таълим мадеҳ бадзотро,
🌙Бадзот агар доно шавад, санге занад устодро!

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

15 Sep, 07:53


🌗Дарду ранҷи зиндагиро ҷуз таҳаммул чора нест,
Ҳар шикасти зиндагиро мардонавор бояд чашид...!
🌓

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

15 Sep, 03:30


▫️Як зане буд, ки сухани хеле ҷолибе дошт, ки мегуфт:💬

🌻Дастонам бӯи гул медод... Муттаҳам шудам ба гул чидан; аммо ҳеҷ кас гумон ҳам накард, ки шояд гуле кошта бошам...!😔

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

13 Sep, 10:22


🌗Ёдат бошад то роҳи маро нарафтӣ, то ҷои ман зиндагӣ накардӣ, то дарди маро накашидӣ, дар мавриди "ман" қазоват накун...!🌓

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

08 Sep, 18:59


Happy birthday to me 🥳🥹

2,788

subscribers

493

photos

13

videos