СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او @tojik Channel on Telegram

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

@tojik


🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿
аз Тоҷикони Ӯзбекистон

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ,
ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ!

Шабакаи мо: @tojik

Барои пешниҳод : 👇✍️👇
@Anis_sc

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН (tojik)

БА ШАБАКАИ БЕҲТАРИН аз Тоҷикони Ӯзбекистон, СУХАНҲОИ БУЗУРГОН канали шадроҳон нур султони ўзбекистонии азим остод. Ин канал меконад ки одамон аз дӯсти ёбанд бахт, душманӣ орад ба мардум рӯзи саҳт! Шабакаи мо: @tojik Барои пешниҳод, ташриф бароед: @Anis_sc. Обуна бошед ва чунин Шабакаи мо ба шумо кӯшиш мекунад та мрдумонро хабари навед. Хуш омадед!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

20 Feb, 04:59


Ба лаби лаълӣ ту тӯтӣ накунад ҳамсуханӣ,
Бигзарад пеши ту аз даъвати шаккаршиканӣ.
Сунбули зулфи туро бод парешон созад,
Бишканад анбари сороиву мушки хутанӣ!
Гарчи абрӯи ту шуд қиблаи ислом, вале
Бути бутхонаи Чину санами аҳриманӣ!
Сурхии бираи танбӯли лабатро дида,
Хуни ҳасрат хӯрад аз рашк ақиқи яманӣ!
Ҳеҷ дар боғи ҷаҳон гул набувад чун рӯят,
Эй гули боғи латофат, зи кадомин чаманӣ?!
Даҳанат вақти сухан гар гуҳарафшон гардад,
Нархи хармӯҳра шавад қимати дурри аданӣ!
Ба ман омад зи қазо хатми тамомии сухан,
Хатм шуд бо ту чунон даъвии симинзақанӣ,
Ғунча дар боғ агар лаъли лабатро бинад,
Назанад лоф ба пеши ту зи кӯчик даҳани!
Гарчи нанг аст туро ошиқии Туғрали мо,
Ба худо шукр кунам з- он,, ки ту маъшуқи манӣ!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

20 Feb, 04:57


Эй дида бирав аз паси осори Мухаммад
Борони сахо рез ба гулзори Мухаммад

Дармони чахон гир аз ин махзани асрор
Пиндори замон шав зи пиндори Мухаммад

Дар зеру бами ишк агар хатти нихонест
Он аст бидон олами анвори Мухаммад

Охир ту надони ки фалак бахри чи бигрист
Оне ки шикаст колаби рафтори Мухаммад

Бар куи азизон назаре карда гузаштем
Чун гунча хама ошики дидори Мухаммад

Харгиз нарасад буи гаму дард ба махшар
Хар сина ки хаст дидаи бедори Мухаммад

Оне ки шафоъат кунадам хоки рахаш ман
То рузи киемат бикашам бори Мухаммад

Хохи ки шавад чашму дилат зохиру бино
Бар дида бимол гушаи дастори Мухаммад

Ман гуфт шуморо накунам хеч фаромуш
Эй уммати саргаштаи бемори Мухаммад

Пайдовари дилоб сано гуй Худоро
Хардам салавот бар рухи нурбори Мухаммад

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

19 Feb, 08:18


ҒЕЛОН ТАН АСТ, МАКТАБИ ОН ҶОН

Рӯзномаи «Овози тоҷик» бо мақсади муайян сохтани мактаби пешқадами ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё дар байни шаш дабистони таълимашон ба забони тоҷикии ин қаламрав (25-31 январи соли 2025) сабқати назарсанҷие доир сохт. Дар ин сабқат мактаби рақами 58-уми ноҳияи Шаҳрисабз (5968 овоз) ҷои аввалро гирифт.

Муфассал 👉 https://ovozitojik.uz/news/14689

Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

19 Feb, 08:18


Шумораи  навбатии 15-уми «ОВОЗИ ТОҶИК» аз 19 феврали соли 2025 барои мутолиа пешкаш мегардад.

Тариқи веб-сайти расмии рӯзнома -  ovozitojik.uz  низ метавонед моро пайгирӣ бикунед ва аз навгониҳои муҳимтарини Ўзбекистону ҷаҳон хабардор шавед.

Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

16 Feb, 13:19


ОЯТИ САБЗ - 84

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

16 Feb, 13:19


ҲИКОЯТЕ АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ"

Овардаанд, ки яке аз хулафо якеро ба амал восита фиристод. Ӯ бирафт ва чандин расмҳое нек барандохту қоидаҳои бад ниҳод ва моли бисёр ҳосил кард. Чун пеши халифа омад, халифа аз ӯ биранҷид ва муддате дар зиндон андохт. Ва баъд аз он фармуд, то бар сари ҳамон амал равад ва даҳ-понздаҳ сол гузашта мол биёрад. Амалдор мутаҳаййир шуд, бо шайхе дар он боб машварат кард. Шайх фармуд, ки қабул кун, боке нест, аммо имсол расмҳои неку бинеҳу бидъатҳои бад барандозу ризои раият ҳосил кун ва вазоифи дарвешон батамом бидеҳ ва боз ой дар ӯҳдаи ман, ки ба ту ҳеч офат нарасад. Бирафт ва ба ҳамин тариқе, ки шайх фармуда буд, амал кард. Ва чун бозомаду даҳ динори соли гузаштаро ҳашт динор биёвард, бо вуҷуди ин анвоъ рофат ва отифат аз халифа ба нисбати вай воқеъ шуд. Он омил сабаби ин ду сурат аз шайх савол кард, ки дар соли гузашта кифояти бисёр кардаму моли вофир овардам, уқубат кашидаму дар ин сол моли кам овардаму тарбият дидам. Шайх фармуд, ки дар он навбат чандин ҳазор мардум хасми ту буданд, он натиҷа дод ва дар ин каррат ин ҳама мардум шафеъи туанд, ин самара хоҳад дод. Байт:

Бадӣ макун, ки дар ин киштзори зудзавол
Ба доси даҳр ҳамон бидравӣ, ки мекорӣ.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

16 Feb, 13:19


ҲИКОЯТЕ ДИГАР:

Овардаанд, ки хоҷае ғуломе дошт кофӣ ва хирадманд. Рӯзе он мард бо ғулом ба боғ рафт ва дар аснои тамошои боғ ба полизе расиданд ва хиёре боз карда ба дасти ғулом дод, ки: Бихӯр! Ғулом пӯст боз нокарда ба рағбати тамом тановул кард, чунончи, хоҷаро ҳавас омад ва миқдоре аз он талабид, то бихӯрад. Ҳамин ки бичашид, бағоят талх ёфт. Гуфт: Эй ғулом, хиёре бад-ин талхӣ чӣ гуна ба нишот мехӯрӣ? Гуфт: Эй хоҷа, ин хиёр ту ба дасти ман додӣ ва аз дасти ту чарбу ширин бисёр хӯрдаам, шарм доштам, ба як луқмаи талх рӯй дарҳам кашаму турш кунам. Байт:

Аз дасти ту сад шарбати ширин бичашидам,
Як шарбати талх ар бичашам, бок набошад.

Хоҷаро хуш омад, гуфт: Чун шукри неъмати ман адо кардӣ, туро дар бандагӣ нагзорам! Озодаш кард ва инъоми бисёр фармуд.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

16 Feb, 13:19


БАРОИ ФАРЗАНДОН ВА НАБЕРАГОН БИХОНЕД:

Оқо-Шера бо фосилаи каме дунболи рӯбоҳ рафт. Аз бахти бади рӯбоҳ шикорчии ҷавоне, ки савори асп буд, аз он тарафҳо рад мешуд. Шикорчӣ вақте ки рӯбоҳро дид, аз асп поин омад ва бо туфангаш рӯбоҳро нишона гирифту шиллик кард . Гулула аз бағали гӯши рӯбоҳ рад шуд. Бечора Оқо-Рӯбоҳа аз тарс баргашт ва по ба фирор гузошт. Ҳамин тавр ки медавид, ба Оқо-Шера расид. Ҳоло дигар аз хиҷолат об шуда буд ва намедонист ба шер чӣ бигӯяд. Баъд аз ин ки аз шер узрхоҳӣ кард, ҳамроҳи ӯ ба дунболи шикор ба роҳ афтод. Баъд аз он моҷаро Оқо-Рӯбоҳа ҳеҷ вақт ҳавас накард танҳоӣ ба шикор биравад!
@tojik

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

14 Feb, 04:34


АЗ БОЙГОНӢ:

БА ИСТИҚБОЛИ МАВЛУДИ АЛИШЕР НАВОӢ ВА БОБУРМИРЗО

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

14 Feb, 02:22


Заҳириддин Муҳаммад Бобур

Бобур 14-феврали соли 1483 дар Андиҷон ба дунё омадааст. Дар синни 12-солагӣ (1494) аллакай соҳиби тахт шуда буд. Дар синни 16- солагӣ бо эҷоди бадеӣ машғул мегардад. Шоҳ ва шоир Заҳириддин Муҳаммад Бобур муаллифи асари "Бобурнома"
ба ҳисоб меравад. Падараш Умаршайх Мирзо (1455-1494) ҳокими Фарғона модараш Қутлуғ Нигорхонум духтараш Гулбаданбегим мебошад.
Мероси адабии ӯ:119-ғазал, 209-рубоӣ, 10-туюқ, 50-муаммо ва 60-фард иборат аст. Асосгузори сулолаи Бобурҳо Заҳириддин Муҳаммад Бобур 26-декабри соли 1530 дар Агра дар чорбоғи бинокардаи худ вафот кардааст. Баъдтар чаберааш Шоҳҷаҳон хоки ӯро ба Кобул овард...

Ба муносибати ҷашни 540- солагӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур

Абдисаматов Озодбек

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

14 Feb, 02:22


#Бобур_куни

Бугун шоҳ ва шоир Заҳириддин Муҳаммад Бобур таваллуд топган кун.

Заҳириддин Муҳаммад Бобур 1483 йил 14 февралда Андижонда таваллуд топган.

Ҳар кимки, вафо қилса, вафо топқусидир,
Ҳар кимки, жафо қилса, жафо топқусидир,
Яхши киши кўрмагай ёмонлиқ ҳаргиз,
Ҳар кимки, ёмон бўлса, жазо топқусидир
!

🌙🌙🌙🌙🌙🌙🌙
.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

14 Feb, 02:19


🍃🍃🍃🍃🌿🌿🌿🌿🍃🍃🍃🍃

Субҳи рӯзи ҷумъаи Саидро бароятон хуш бод мегӯям.
Бароятон рӯзи пур аз баракати Аллоҳ Таъолоро таманно намуда , орзуи онро дорем , ки раҳмати Аллоҳ ҳамеша пайгири хонадони ҳамаи мову шумо бошад..
Холиқи Якто ин рӯзро бо файзу баракат ато фармояд..
Бигузор ӯ ба мо тансиҳатӣ ,осоиштагӣ , ба дили мо нуро Худо бахшад , ва меҳрубонии инсонҳоро афзун гардонад..

🍃🍃🍃🍃🌿🌿🌿🌿🍃🍃🍃🍃

РӮЗАТОН САРШОР АЗ НУРИ ИЛОҲӢ БОШАД..
ДАР СОЯИ ҲИМОЯИ ХУДОВАНД БОШЕД ҲАМВАТАНОН ВА ҲАМЗАБОНОНИ ГИРОМӢ..

🍃🍃🍃🍃🌿🌿🌿🌿🍃🍃🍃🍃


.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Feb, 15:18


📖 Одоби салом кардан
✍️ Ҳусайн Воизи кошифӣ
🖥 Р.Қурбониён

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

12 Feb, 18:44


#САФАР_БА_ҒЕЛОН

ДАР ҒЕЛОН ШИРЧОЙРО ЧӢ ГУНА ОМОДА МЕСОЗАНД?
АСРОРИ ЛАЗЗАТИ БЕҲАМТОИ ОН ДАР ЧИСТ?
ЧОЙИ ҚАЙМОҚӢ ЧӢ ХЕЛ ЧОЙ АСТ?


Суҳбати хабарнигори "Овози тоҷик" Шариф Халил бо инсони фарҳангдӯст, худшиносу худогоҳ, устод Рӯзибойи Қурбониён.
👇👇👇

https://youtu.be/5vrozaBo55g

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

12 Feb, 04:45


БАРОИ ФАРЗАНДОН ВА НАБЕРАГОН БИХОНЕД!

Пирамард ва писараш ду тарафи чӯбро рӯи дӯшашон гузоштанд ва ба роҳ афтоданд. Улоғи забонбаста байни осиёбон ва писараш овезон монда буд. Мардуме, ки давру барашон буданд, бо дидани онҳо механдиданд ва сару садо мекарданд. Улоғ, ки нороҳат буд ва аз сару садои мардум ҳисобе тарсида буд, вақте ки аз болои пул мегузаштанд, он қадр дасту по зад, то ин ки танобҳо пора шуд ва улоғи бечора аз болои пул бо садои баланде тӯи об афтод: Шалап!
Улоғ ғарқ шуд ва осиёбону писараш бо нороҳатӣ ба манзил баргаштанд.
@tojik

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

12 Feb, 04:45


ОЯТИ САБЗ - 83

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

10 Feb, 19:37


Ассалом алейкум бародарой Мухочир харуз рейс дорем Москва Казахстан занг занен Саиджон Такси Граница 🚖🚖🚖☎️+7(909)-908-67-37

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

10 Feb, 19:36


❤️‍🔥Криштиану Роналду признался почему он живет с мамой

- «Моя мать вырастила меня, пожертвовав своей жизнью ради меня.🙏

Она ложилась спать голодная, чтобы накормить меня. Денег у нас просто не было.😓

Она работала 7 дней в неделю и по ночам уборщицей, чтобы купить мои первые бутсы и я мог играть.🫂

Весь мой успех посвящен ей. И пока она жива, она всегда будет со мной, имея все, что я могу ей дать.


Она мое убежище и мой величайший дар!»❤️‍🔥

♥️
- если уважаете его

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

10 Feb, 19:13


ОЯТИ САБЗ - 82

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

10 Feb, 19:13


БАРОИ ФАРЗАНДОН ВА НАБЕРАГОН БИХОНЕД:

– Бале! Ту воқеан заҳмат кашидаӣ! Рост мегӯӣ! Ҳо-ҳо-ҳо, ҳо-ҳо-ҳо... Ту тамоми тобистон гардиш мекардӣ ва овоз мехондӣ! Хуб, ҳоло ҳам метавонӣ тамоми зимистон бо рақсидан худатро гарм кунӣ ва сер шавӣ?! Аммо ин дафъа ёдат бошад, ки ин шеърро бихонӣ:
Кор кардан моли ҳама аст!
Кор кардан моли ҳама аст!
Оқо-Мӯрча мунтазири ҷавоби малах намонду ба тарафи лонааш рафт ва дарро маҳкам баҳам кӯбид!
@tojik

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

10 Feb, 12:10


📖 "ИРШОД-УТ-ТОЛИБИН" — ارشاد الطالبین
🖥 Қурбониён — قربانیان

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

09 Feb, 05:52


Дар замони подшоҳии Абдулаҳадхон дар яке аз масоҷиди Бухоро хатиби ҷавоне зоҳир бишуд, ки хутбаи вай мардумро ба гиря медаровард. Овозаи шӯҳрати ин хатиби ҷавон ба Абдулаҳадхон расид ва ба он масҷид рафт ва дар яке аз хутбаҳояш иштирок кард. Абдулаҳадхон ба ҳаракатҳои хатиби ҷавон диққат медод, ки ҳар боре номи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонро мегирифт салавот мефиристод ва пояшро сахт ба замин мезад. Чун мардум аз хутбаи балиғи он ҷавон мутаасир шуда буданд, Абдулаҳадхон нахост, то он ҳолатро халалдор бисозад. Аз ин рӯ, то охири хутба нишаст ва баъд аз масҷид баромаданаш дастур дод, то дар назди масҷид дореро бардоранд ва фардо дар он ҷо он хатиб хутба бихонад.

Ду кори Абдулаҳадхон мардумро ба ҳайрат даровард; яке мукофот надоданаш ба хатиб ва дуввумаш бардоштани дор. Бо вуҷуди ин касе чизе нагуфт ва фардо дар вақти муқараршуда Абдулаҳадхон ба он масҷид омад ва хатиби ҷавон ба хутба хондан оғоз кард. Дар ин асно, Абдулаҳадхон дастур дод, то вайро аз минбар поён бикунанд ва мӯзаашро аз пояш бикашанд. Ҳангоме мӯзаашро аз по кашиданд, дар дохили мӯза дар зери суми пояш варақеро пайдо карданд, ки дар он номи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва халифаҳояш навишта шуда буд. Баъди таҳқиқ маълум гардид, ки хатиби мазкур аз яҳудиёни Бухоро буда барои душманӣ ва таҳқир кардани дини Ислом мадраса хонда ва хатиб шудааст. Амир дастур дод, то он хатиби яҳудӣ дар он дори фармудааш овехта шуд. Чун инро мардум мушоҳада карданд дар байни худ гуфтанд, ки амир каромот дошта будааст ва бо каромот макри яҳудиро кашф кардааст. Аммо Абдулаҳадхон ба мардум рӯ оварду гуфт: Ман соҳиби каромот намебошам, вале вақте мушоҳада кардаам, ки ҳангоми зикри номи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пояшро ба замин сахт мезанад донистам, ки ин мусулмон намебошад. Бо вуҷуди ин чун суханонаш дирӯз ба шумо сахт таъсир карда буданд, чизе нагуфтам ва ошкор кардани ҳолашро ба имрӯз гузоштам. (Ин ҳикоя воқеъӣ он ба мо аз тариқи Махдуми Маҷид аз падараш эшони Уроқ, ки шоҳиди он будаанд, расидааст.)

Метавон бо ақлу идрок кашфи асроре бикард,
Сирри душманро бидонисту бо он коре бикард.
Зиракиро пеша созу луқмаи душман мабош,
Шахси зирак ҳар куҷо донад чӣ рафторе бикард.
Зиракон мардони таърихсози ҳар миллат буванд,
Коре зирак мекунад сармашқи ҳар коре бикард.
Гарчи аз тақдир бувад аҷзу тавони мардумон,
То замоне зинда бошӣ метавон коре бикард.
Такя бар тақдир хато бошад чу бидуни амал,
Ҷуз амал чора надори, то ба он коре бикард.
Аз сурохе муъмини зирак ду бор кай мегазанд,
Мустафо бин, ки чунин иршоди пурборе бикард.



Пархез аз шахват, хикояи ибратомуз...
Духтари ҷавоне аз яке аз оилаҳо бузургони Бухоро ба хонаи холааш ба меҳмонӣ меравад. Дар онҷо ӯро меҳмонӣ мекунанд ва бо духтарони холааш суҳбатҳои тӯлонӣ мекунад ва аз бегоҳ шудани рӯз ғофил мемонад. Ҳангоме мехоҳад, ба хонаашон баргардад, кӯчаҳо торик шуда буданд. Аз ин рӯ, холааш вайро бисёр илтиҷо кард, ки шаб бимонад ва субҳ хонаашон биравад, вале чун он духтар аз падараш иҷозаи шаб истодан нагирифта буд барои рафтан пофишорӣ кард ва ба роҳ баромад. Ҳангоме он духтари ҷавон дар торикии шаб дар тангкӯчаҳои Бухоро қадам мезад ва нисфи роҳро паймуда буд, овози мири шаб ва афроди бо ҳамроҳии вайро шунид, ки аз тарафи муқобили роҳ наздик мешуданд. Духтари ҷавон тарсид, ки агар мири шаб ӯро боздор кунад ба обурӯи худаш ва оилаашон зарар мерасад. Дар ҳамин асос, ба чаҳор тарафи худ нигариста дар ҷустуҷӯи пайдо кардани макони эмин барои худаш гардид. Дар ин асно, чашмаш ба шаъми гирони тирезаи хобгоҳи мадраса афтид ва ба он наздик шуда дар дохилаш толибилмеро дид, ки дар равшани шамъ дарс тайёр мекунад. Духтари ҷавон ба худ гуфт: Аз дари хонаи шахси бегонаеро кӯфтан дари ин муллобачаро бикӯбад беҳтар аст. Зеро вай дин мехонаду худотарс мебошад ва натиҷа даст ба номуси вай намезанад. Духтари ҷавон ночор дарро мезанад ва ҳангоме толибилм ӯро мебинад моҷароро нақл мекунад ва хоҳиш мекунад, ки то субҳ вайро иҷоза бидиҳад, то онҷо бимонад.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

08 Feb, 16:15


© САФАР ДАР ВАТАН

ҒАЗАЛ РӮДАКИВОР НЕКӮ
БУВАД...


Дар миёни кӯҳҳои сар ба осмон аст ,Кӯл,
Хушҳаво ,хушманзара, пурфайзу Эҳсон аст, Кӯл.

Кӯҳсорон ҳамчу девор даври он печидаанд,
Аз назарҳо дур монда ганҷи пинҳон аст, Кӯл.

Дар ҷавори Ҳазрати Султон - кӯҳи сарбаланд,
Ҳамҷавори Шӯт-деҳу деҳи Ғелон аст, Кӯл.

Чашмасоронаш Мусаффо,ҷӯйборонаш пуроб,
Ҳар тараф гар бингарӣ,бас обшорон аст, Кӯл.

Боғзоронаш ҷавону киштзоронаш куҳан,
Пурсамар,пурфайз боғу кештзорон аст, Кӯл.

Теппаву талҳои гулзор,кӯҳсори пургиёҳ,
Махмалин, сарсабзу зебо дар баҳорон аст, Кӯл.

Сокинонашро бинозам аҳли исломанд ҳама,
Олами исломро чун моҳи тобон аст, Кӯл.

Мардумаш меҳнатқарину поктинат,босахо,
Мешавад ободтар бо фазли Раҳмон аст, Кӯл.

Ёдгоре дар Кӯҳистон монда аз тоҷики ман,
Рӯз пурнур,шаб чароғон,нурборон аст, Кӯл.

Кишвари сермиллати ман-Ӯзбекистони азиз,
Як гуле аз гулистон Ӯзбекистон аст, Кӯл.

Муҳсино,Кӯли Шариф баҳри ту зодгоҳ асту бас?!
Як ҷаҳон андар ҷаҳон бар Шоҳимардон астКӯл!

🖋️ШОҲИМАРДОНИ ВАЛИМУҲАММАД

#ҒАЗАЛ |РӮДАКИВОР НЕКӮ
БУВАД 2

https://t.me/SHOHIMARDONI_VALIMUHAMMAD.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

08 Feb, 14:14




گفتم ای دل، نروی؟ خار شَوی، زار شَوی
بر سرِ آن دار شوی بی بَر و بی بار شوی
نکند دام نهد؟خام شوی، رام شوی؟
نپَری جلد شوی،بی پر و بی بال شوی؟
نکند جام دهد؟کام دهد، ازلب خود وام دهد؟
در برت ساز زند، رقص کند،کافر و بی عار شوی؟

باران نیکر
اه

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

08 Feb, 12:43


#САФАР_БА_САРЧАШМА

АКСГУЗОРИШ АЗ ДЕҲАИ САРЧАШМА

Аксгузориши мухбири рӯзномаи "Овози тоҷик" дар вилояти Қашқадарё Шариф Халил аз деҳаи Сарчашма.

Телеграм | Фейсбук | Шабака | Барои муроҷиат

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Feb, 10:10


Бир рассом гўзал расм чизди. Ва уни кўпчилик йиғиладиган жойга қўйиб, синаб кўрмоқчи бўлди. Расмни қўйиб, тепасига ёзиб қўйди: «Кимда-ким бу расмда озгина бўлсада камчилик кўрса, устига қизил қалам билан белги қўйсин!».

Кечқурун келиб қараса, расм қизил бўёққа тўлиб кетибди. У устози олдига бориб расмдан воз кечмоқчилигини айтади.
⸺Йўқ. ⸺ деди устози унга. ⸺Сен яхшиси иборани ўзгартир: ким расмда камчилик кўрса, уни тузатсин, деб ёзиб қўй.

Рассом устозининг айтганини бажарди. Буни қарангки, орадан бир неча кун ўтса ҳам, расмга ҳеч ким яқинлашмади.
⸺ Кўрдингми, ⸺ деб кулди рассомнинг устози. ⸺ Бу ҳаётда ҳамма нарсадан хато топадиганлар кўп, бироқ шу хатони тузатадиган ⸺ ислоҳ этадиганлар жуда кам.

Хато қидирувчи эмас, ақли етмай, хато қилган инсонга хатосини тузатишда ёрдам бергувчи бўлинг, қалбдош!!!😊

.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

01 Feb, 05:07


🦋

🪴Дубора субҳ шуд...

💫Як шурӯи тоза...

🪴Замоне барои бо ҳам будан...

💫Меҳрварзиро давра кардан...

🪴Аз зиндагӣ лаззат бурдан...

💫Гули ханда ба якдигар ҳадя додан!

🪐АСАЛОМУ АЛАЙКУМ ШАХСИ АЗИЗУ БЕҲТАРИНАМ!
РӮЗИ ЗЕБО БАРОЯТОН ТАМАННО МЕКУНАМ!

💐💐💐💐💯💯💯🍃🍃🍃🌿🌿🌿

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

01 Feb, 05:01


КОШКӢ, ҲАМАИ ҶАҲОНИЁН ОШИҚ БУДАНДӢ...

Корам андар ишқ мушкил мешавад,
Хонумонам дар сари дил мешавад.
Ҳар замон гӯям, ки бигрезам зи ишқ,
Ишқ пеш аз ман ба манзил мешавад.
@tojik

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

01 Feb, 03:28


به زيبـايي چو گُلـنـار است لبِ تو
به ارزش مـثـلِ دينـار است لبِ تو

خـدا داده تُـرا فـابـريـكـه ي قـنـد
شـكر خيـز و شـكر زار است لبِ تو

به رنگ مانـنـدِ آلويِ گـيـلاس وُ…
به مـــزه مـثــلِ انــار است لبِ تو

گُوارا و لـذيـذ ، مرغوب و شـيرين
چو قيمـاقِ عسل دار است لبِ تو

انـار دارد ، آلـــو ، تـوت زمـيـنـي
چو باغ ازميوه سرشار است لبِ تو

Ба зебоӣ чу гулнор аст лаби ту,
Ба арзиш мисли динор аст лаби ту.

Худо дода туро фабрикаи қанд,
Шакархезу шакарзор аст лаби ту.

Ба ранг монанди олуи гелосу...
Ба мазза мисли анор аст лаби ту.

Гуворо ва лазиз, марғубу ширин,
Чу қаймоқи асалдор аст лаби ту.

Анор дорад, олу, тути заминӣ,
Чу боғ аз мева саршор аст лаби ту.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 17:49


https://www.facebook.com/share/r/15iF1e6i2E/

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 17:49


https://www.facebook.com/share/r/1BS1gd6XVK/

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 17:23


Ва алайкумуссалом!
Устодони мактаби 58 ва тамоми бародарон ва касони ғелониюласлро бо ин шарафмандӣ табрик намуда, бар ҳамаи ғелониён умри бобаракат,саломатии ъаладдавом, дастовардҳои тоза ба тозаро тамонно дорем.
Ғелондеҳ нишемангоҳи зебост ва мардуми хушгуфтору ҳунарманду ободихоҳу озодандешу саховатмандаш ифтихори мо-тоҷикони Ӯзбекистон аст.
Дастовардҳои ғелониён дар ҳар соҳа ва дар ҳар гӯшаи олам моро шодмон месозад ва умеди мо аз ғелониён зиёд асту бовармандем ,ки боз ҳам бо қаҳрамониҳо, сарбаландию обрумандиҳо бар шӯҳрати тоҷикони Ӯзбекистон машҳуриҳои зиёд илова менамоянд.



Дӯстам,биё ки сӯҳбати дӯстонам орзуст,
Гуфтори Кӯлу лаҳҷаи Ғелонам орзуст!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 17:21


МАКТАБИ 58 – МАКТАБИ ФАЪОЛИ НОҲИЯИ ШАҲРИСАБЗ!

Дуруд ба аҳли деҳаи Ғелон!
Мо хурсандем, ки ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 58-уми деҳаи сарсабзу хушҳавои Ғелон таҳти сарварии директор Рустам Авазов ва мардуми сарбаланди он дар пурсишномаи рӯзномаи “Овози тоҷик” дар телеграм фаъол иштирок карда, бо ҷамъ овардани 5968 овоз ҶОЙИ ЯКУМро ба даст оварданд.

Бо ин пирӯзӣ собит карданд, ки мактаби 58 воқеан, мактаби фаъол, пешқадам ва ташаббускори ноҳияи Шаҳрисабз аст.

Мардуми Ғелон бо талош, ҳаракат, заҳмат ва ибтикори зиёд ғолиб шуданд, ки ин аз сарҷамъӣ, муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва меҳру садоқати байниҳамдигарии онҳо гувоҳӣ медиҳад!

Ба ҳамаи онҳое, ки дар раванди овоздиҳӣ фаъол иштирок карданд ва барои афзудани шумораи хонандагони рӯзнома дар фазои маҷозӣ саҳм гузоштанд, аз таҳти дил ТАШАККУР мегӯем!

Фаромӯш накунед, ки “Овози тоҷик” ин овози мову Шумост!
Минбари ҳар як тоҷику тоҷикзабон аст!


Бо як ҷаҳон, эътиқод, эътимод ва эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 17:14


Topshiriq!!!
Assalom alaykum hurmatli o'qituvchilar ushbu videorolikdi ota-onalar guruhlariga tashlab berishingizni iltimos qilardim.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 10:59


АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Дар пурсишнома, ки аз 25 январ то 31 январ идома ёфт бо 5968  овоз мактаби рақами 58-и деҳаи Ғелонамон  ғолибиятро ба даст даровард. Аз фурсат истифода намуда ба ҳамаи Шумо минатдории худро баён намуда ба ҳама ҳамдилону ҳамзабонони дар ватан буда ва бурунмарзӣ: омӯзгорон, донишомӯзони мактабҳои олии ватанию хориҷӣ, муҳоҷирони меҳатӣ ва он нафароне ки моро дар раванди овоздиҳӣ  дастгирӣ намӯданд, ташаккури худро баён намуда бар хонадони якояки шумо бахту иқбол, саломативу сиҳатмандӣ, рӯзгори обод таманно намуда бо ин ғолибият, ки  пирӯзии ҳамаамон  аст,  ҳамаро табрик менамоям.
  Ин пирӯзмандӣ мо – омӯзгоронро водор менамояд, ки тамоми саъйу кӯшишамонро баҳри таълим ва тарбияти насли наврас – ояндаи дурахшони халқу Ватан ва миллати шарифамон сафарбар намоем!
  Бо камоли эҳтиром ва мамнуният:
директори мактаби № 58 – Рустам Авазов

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 07:07


АЗ ДУЗАБОНА КУН ҲАЗАР
Гар медиҳад зарру гуҳар, аз дузабона кун ҳазар,
Аз некиҳо гӯяд сухан, аз дузабона кун ҳазар.
Иблис башарро душману ҳам рондаи даргоҳи Ҳақ,
Аз ӯ кунад вай ҳам ҳазар, аз дузабона кун ҳазар.
Аз як забон резад асал саршор бо макру ҳиял,
Дигар забон кони заҳар, аз дузабона кун ҳазар.
Бо меҳр навозиш созадат, бар гӯш афсун хонадат,
Чун мор бошад пурхатар, аз дузабона кун ҳазар.
Аз дӯст душман созадат, тухми ҷафо мепошадат,
Баҳри шикастат ҷилвагар, аз дузабона кун ҳазар.
Бар қавм гар устод буд, бар қавм мансабдор буд,
Ботин-ш шайтони башар, аз дузабона кун ҳазар.
Гоҳе бувад зоҳиднамо, гоҳе фақиру бенаво,
Гоҳе чу модар ғамгусар, аз дузабона кун ҳазар.
Гӯяд дурӯғ беинтиҳо, савганд хӯрад бе ҳеҷ ибо,
Бошад чу рӯбаҳ ҳилагар, аз дузабона кун ҳазар.
Шарме надорад аз Худо, андешае аз бандаҳо,
Ҷисмаш ҳама олуда шарр, аз дузабона кун ҳазар.
То зиндаӣ Сатториё, аз инчунин баттолҳо
Худро намо ҳифз аз хатар, аз дузабона кун ҳазар!
                                           С.Сатторӣ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 05:50


Рӯзатон ба хайру шодӣ, азизони дилу дида!
Аз номи аҳли деҳаи Ғелон ва маъмурияти мактаби 58 ба кулли ТОҶИКОНИ ҶАҲОН миннатдории хешро изҳор менамоем. Ғолибияти мо пирӯзии Шумост! Дубора ташаккур изҳор менамоем. Муваффақи обод ва пирӯзманду озод бошед, азизон!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 05:20


ПУРСИШНОМА ДАР БАЙНИ МАКТАБҲОИ ШАҲРИСАБЗ АНҶОМ ЁФТ!

Дар пурсишнома, ки аз 25 январ (соати 11:00) то 31 январ (соати 10:00) идома ёфт, 12818 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Муфассал 👉 https://ovozitojik.uz/news/view?slug=pursishnoma-dar-bajni-maktabxoi-shaxrisabz-anjom-yoft

Телеграм | Фейсбук | Шабака | Барои муроҷиат

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 03:01


...Ва Шайх Аҳмад овардааст, ки: Ҳар ки сураи “Каҳф” дар рӯзи одина (ҷумъа) бихонад, то дигар одина дар амони Худойи таъоло бошад ва рӯзи қиёмат рӯйи вай чун моҳи шаби чаҳордаҳ бошад.
Ҳар ки сураи “Изо вақаъат...” (сураи Воқиъаҳ) чиҳил бор бихонад, рӯзӣ бар вай фарох гардад ва агар бар сари гӯре ҳафт бор бихонад, он мурдаро азоби гӯр набувад ва ҳар ки дар шаб бихонад, аз дарвешӣ эмин гардад ва ҳар ки ҳар рӯзи ҷумъа бихонад, ӯро чандон музд бувад, ки касоне ки ба ҷумъа ҳозир шуда бошанд ва агар панҷ бор бихонад, миёни зану шавҳар сулҳ афтад ва бояд ки дар миёни хондан сухани дунё нагӯяд...
(Баргирифта аз китоби "Нур-ул-ъайн"-и Носирӣ)

Дар сурат: Пири тариқат эшони Абдуҳалимхон ибни Абдусаломхон ва имом-хатиби масҷиди Муҳаммад ибни Ғайлонӣ Мулло Муҳаммад Амин дуои ҷони пири садсола - Бобои Хуҷамурод Ниёзовро мекунанд.
@fayzigelon

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 03:00


Овоз додан то соати 10-00 ҳамин рӯз идома дорад.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 03:00


Нусхабардории Суннатуллоҳ
@fayzigelon

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Jan, 03:00


Манзараҳои дилангез

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

29 Jan, 18:50


БАРОИ ФАРЗАНДОНУ НАБЕРАГОН БИХОНЕД:

Аз тарафи дигар чӯпон ёдаш омад, ки барои ноҳори рӯзи баъд меҳмон доранд. Занаш аз ӯ хоста буд, ки яке аз гӯсфандҳоро барои ноҳор омода кунад. Чӯпон ба оғил баргашт ва яке аз гӯсфандҳоро аз оғил берун оварду дар торикӣ сар бурид.
Чӯпон вақте ки гӯсфандро ба манзил бурд, тоза фаҳмид, ки гӯсфанде, ки ӯ интихоб карда, гурге дар либоси гӯсфанд аст.
@tojik

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

29 Jan, 18:48


Ғелондеҳаи афсонавӣ. Тасвирҳо аз Муҳаммадии Усто-Ниёзи Ғелонӣ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

29 Jan, 18:48


Ғелондеҳаи афсонавӣ.
Мусаввараҳо аз Муҳаммадии Усто-Ниёзи Ғелонӣ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

22 Jan, 15:36


#Тӯҳфаи_нашриёт

«ҶАДИДОНИ САМАРҚАНД»


Ҷилди якуми китоби публитсисти шинохта, Ҳамза Ҷӯра бо номи “Ҷадидони Самарқанд” дар нашриёти «Маҳорат» чоп гардид.

Дар ин китоб рӯзгор ва осори дувоздаҳ ҷадиди шинохтаи ибтидои асри ХХ дар Самарқанд таҳлилу баррасӣ шудааст. Хонандагон тавассути мутолиа метавонанд бо рӯзгору осори Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Абдуқодири Шакурӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Абдулқаюм Қурбӣ, Абдуқодири Ҷомеъ (Азизов), Абдулғанӣ Ҷавдат, Вадуд Маҳмудӣ ва Обид Исматӣ шинос шаванд.

Ин китоб на фақат баҳри ба абадият сабт намудани номи таҷаддудхоҳон, балки барои ба саҳми хонандагони имрӯз расонидани рӯзгори пурмашақ қату вазнини ҷадидони нимаи аввали асри ХХ аҳамияти махсусро молик аст.

Дар китоб намунаи осор ва ашъори адибон низ оварда шудааст, ки арзиши таълимию тарбиявии китобро волотар менамояд.

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

22 Jan, 15:36


​​СУХАНРЕЗАҲО

Агар оина акси инсонро нишон диҳад, дӯст айбашро нишон медиҳад.



Барои ба дарахт табдил ёфтани ниҳол парвариш лозим бошад, барои фатҳи қуллаҳои баланд ба инсон дӯст лозим аст.



Дар табиат гуле бе хор буда наметавонад, дар ҳаёт инсон бе дӯст.



Вақте ки дар ҳаёт ба мушкилот рӯ ба рӯ меоед, танҳо дӯстони ҷонӣ бо шумо мемонанд.



Дӯстоне, ки ҳама вақт бе миннат кумакатон мекунанд, падару модаратон мебошанд.



Ишқ неъмати илоҳист, ки танҳо ба дили инсононҳои пок роҳ меёбад.



Ба дарёи ишқ танҳо ошиқони воқеӣ метавонанд худро ғарқ намоянд.



Меҳнатро гарави саломатӣ мегӯянд, аммо мо танбалиро интихоб кардаем.



Мегӯянд, ки сухани хуш дору аст, лек бо ҳам дағал ҳарф мезананд!



Чаро инсонҳо кӯдакиро дар ҷавонӣ, ҷавониро дар даври камолот, камолотро дар пирӣ ва пириро дар дами марг орзу мекунанд? Чунки онҳо аз давраҳои ҳаёти худ оқилона истифода набурда, аз нишоти он кам баҳра мебаранд.

✍️ Зулбибӣ ИСКАНДАРОВА,
донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тирмиз


https://t.me/DURDONAI_SHARQ

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

22 Jan, 04:02


Дуои сафар

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

21 Jan, 18:26


Эй, ки масҷид меравӣ баҳри суҷуд,
Сар биҷунбад, дил наҷунбад, з-ин чӣ суд?
***
ای که مسجد میروی بهر سجود
سر بجنبد، دل نجنبد، زین چه سود؟

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

21 Jan, 18:26


БАРОИ ФАРЗАНДОНУ НАБЕРАГОН БИХОНЕД!

Як рӯз асп нафасзанон ва хаста гории бузургеро мекашид ва арақ аз сару рӯяш мерехт. Улоғро садо зад ва гуфт:
– Оҳой,бо туам! Биё ин ҷо, кӯмак кун! Ман хеле хастаам! Ба ин корҳо одат надорам. Мумкин аст аз кори зиёд бимирам!
Улоғ хандид ва ҷавоб дод:
– Он рӯзҳоро ёдат меояд? Он ҳарфҳоеро, ки ба ман задӣ, ёдат ҳаст? Ёдат ҳаст, ки мехостӣ маро зери сумҳоят лагадмол кунӣ? Бирав, бирав ва музоҳими ман нашав . Ман истироҳат мекунам!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

21 Jan, 18:26


ОЯТИ САБЗ - 87

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

18 Jan, 09:14


https://www.facebook.com/share/r/19oJXpbhBY/

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

18 Jan, 02:34


Дастаи "Gelon".
Навозандагон Муҳаммадӣ, Абдукарим ва Шаҳзод.
Оҳанги Муҳаммадато Таваллоев (бо андаке тағйирот)

СУБҲАТОН БАХАЙРУ НУРОНӢ ВА МОЛОМОЛИ АТРҲОИ ХУДОВАНДӢ, ҲАМДИЛОНУ ҲАМЗАБОНОН ВА ҲАММИҲАНОН!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

17 Jan, 21:43


گویند که هر تیره‌شبی را سحری هست
گویا سحری نیست شب تیرۀ ما را

طبیب اصفهان
ی — Табиби Исфаҳонӣ
Гӯянд, ки ҳар тирашаберо саҳаре ҳаст,
Гӯё саҳаре нест шаби тираи моро.

ШАБАТОН БАХАЙРУ НУРОНӢ, АЗИЗОН!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

17 Jan, 02:08


ҶУМУЪАИ ШАРИФ МУБОРАК!

Ривоят кунад Фақеҳ ба асноди худ аз Анас бинни Молик, разийАллоҳу ъанҳу, ки гуфт расул, ъалайҳиссалом: Рӯзи ҷумъа салавоти бисёр фиристед, ки кирдори шумо бар ман арза мекунанд. Ва гуфт расул, саллАллоҳу ъалайҳи васаллам: Ҳар ки рӯзи Ҷумъа бар ман ҳаштод бор салавот фиристад, Худойи таъоло гуноҳони ҳаштодсолаи ӯро биёмурзад. Ва гуфт расул, саллАллоҳу ъалайҳи васаллам: Ҳар ки дар рӯзи Ҷумъа ғусл кунад ва ба масҷиди ҷомеъ шавад ва ба наздики минбар бинишинад ва ба тасбеҳу истиғфор машғул шавад, то он вақт ки намози Ҷумъа бигузорад, ба ҳар қадам, ки бармегардаду мениҳад, Худойи таъоло савоби яксола тоат дар девони аъмоли ӯ сабт кунад, ки рӯзҳо буда бошаду шабҳо ба намоз

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

17 Jan, 02:06


Фото от Илхом Назаров

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

15 Jan, 14:14


Расмий ташриф билан Бирлашган Араб Амирликларида бўлиб турган Ўзбекистон Республикаси Президенти Шавкат Мирзиёев "Абу-Даби барқарор ривожланиш ҳафталиги" халқаро саммитининг очилиши ва барқарор ривожланиш соҳасида Шайх Зоид номидаги мукофотни топшириш маросимида иштирок этди.

Маросимда мукофотнинг "Глобал ўрта мактаблар" номинациясида ғалаба қозонган Тошкент шаҳридаги Президент мактаби тақдирланди.

Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев, пребывающий с официальным визитом в Объединенных Арабских Эмиратах, принял участие в церемониях открытия международного саммита "Неделя устойчивого развития Абу-Даби" и вручения премии имени Шейха Заида в области устойчивого развития.

На церемонии состоялось награждение Президентской школы в городе Ташкенте, победившей в номинации "Глобальные средние школы".

#Mirziyoyev #sammit #AbuDabi #barqarorrivojlanish

Prezident.uz|Facebook|Instagram|YouTube|X

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

14 Jan, 15:14


Қасидаи илм

Зиҳӣ, шамсуззуҳо, бадруддуҷо илм,
Чароғи базмгоҳи ду саро илм.

Кунад хуршед охир зарраеро,
Расонад хокро то бар само илм.

Агарчи аҳли дониш мушти хоканд,
Барад шонро ба авҷи кибриё илм.

Зи хас гул бишкуфонад, метарошад
Зи хоро гавҳари қиматбаҳо илм.

Барад дар садри маҷлис, дар маҷолис
Кунад касро ба мардум пешво илм.

Сафолеро ба чинигӣ расонад,
Кунад кўҳлулҷавоҳир хокро илм.

Кунад ҳар ношиносоро шиносо,
Кунад бегонагонро ошно илм.

Агар шаклат қабеҳу нохуш афтод,
Намояд дар назарҳо дилрабо илм.

Гадоеро зи рўи рутба созад
Ба олам хисраву кишваркушо илм.

Зи иллатҳои рўҳонӣ раҳонад,
Зиҳӣ, фарҳатфизо, ҳуббушшифо илм.
Хилватӣ
@tojik

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Jan, 19:17


Ассалому алейкум , дӯстон ва бародарони азиз !
Ман ҳамаи шумоёнро бо
🌺14 январ рӯзи Муҳофизони Ватан 🌺 аз сидқи дилам муборакбод менамоям .
Ба шумо тани сиҳат , кайфиати хуб , ба коратон комёбиҳо орзумандам !
Ба ҳар як мардуми кишвари азизамон , хонаободӣ , саодатмандӣ , хушиву хурсандиро хоҳонам !
Аз лабонатон табассум аз чеҳраатон хурсанди дур нашавад .
Дар кишварамон Ӯзбекистон ,сулҳу ваҳдат , ободиву осудагӣ , садои карнаву сурнай ,пойдевор бошад .
Осмонамон мусаффо ва кабӯтарҳо дар парвоз бошанд .Муҳофизгарони ватан ҳамеша сарсабзу сарбаланд бошанд !
Иди Муҳофизони Ватан бар кулли ҳамзабону ҳамдиёрон муборак бошад !
Бо эҳтиром : Асрор Хӯҷамуродов .
🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹




https://t.me/jahonitojikon

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Jan, 17:47


#Оҳангҳои_мумтоз

🎤 Кароматулло Қурбонов

🎼 "Эй боди сабо, бигзар"

🪕 🪕 🪕

https://t.me/jahonitojikon_group

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Jan, 17:37


Ҳикоят

Саққое¹ буд андар шаҳри Бухоро, ки ӯ сӣ сол андар хонаи заргаре об меовард ва он заргар зане дошт бағоят некӯ ва порсо ва бокамолу ҷамол ва оқилу мастур.

Рӯзе саққо об бирехт ва зан дар миёни сарой истода буд. Саққо дасти зан бигирифту печиду бирафт. Чун шавҳар даромад, зан гуфт: рост бигӯ, ки имрӯз чӣ кардаӣ, ки худойро дар он ризо набуда аст? Мард гуфт: ҳеҷ накардаам. Зан гуфт: агар рост нагӯӣ, ман баъд аз ин дар хонаи ту набошам ва рӯи ман набинӣ. Мард гуфт: эй зан, бидон, ки имрӯз зане ба дукони ман омад ва аз баҳри ӯ дастпонаи биринҷин кардам ва даст берун овард, дар даст кард, сахт некӯ буд. Маро ин ду байт ёд омад, бигуфтам. Ш е ъ р:

Он ёраи заррини ту дар соидаи даст
Чун оташу об аст ба ҳам дарпайваст.
Дар хотири ҳеҷ зирак ин нодира нест,
К-аз оташ бар об камар шояд баст.

Ва дасти ӯ бирифтам ва печидам. Зан гуфт: Оллоҳу Акбар, ту ин накардӣ, то лоҷарам², ин саққо, ки сӣ сол аст, то дар ин сарой меомад ва ҳаргиз хиёнат накарда буд, имрӯз чоштгоҳ дасти ман бигирифту печид. Мард гуфт: зинҳор эй зан, тавба кардам, маро биҳил кун³. Зан гуфт: худой Таъоло оқибати кори ту ба хайр анҷомад.

Дигар рӯз саққо биомад ва пеши зан дар хок биғалтид ва гуфт: эй кадбону, маро биҳил кун, ки дӣ⁴ иблис маро аз роҳ бибурд. Зан гуфт: бирав, ки он хато на ту кардӣ, шавҳари ман кард ва он қасоси он буд дар дори дунё.

Аммо зан чунон бояд, ки бо шавҳар дар зоҳиру ботин яке бувад ва ба андаку бисёр қаноат кунад ва иқтидо⁵ ба Фотимаи Заҳро ва ва Оишаи сиддиқа (разияллоҳу анҳумо) кунад, то кадбонуи биҳишт гардад.

Имом Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук».

1. Саққо - машкоб, обкашон
2. Лоҷарам - бешубҳа, яқинан
3. Биҳил кун - бубахш, афв кун
4. Дй - дирўз, рўзи гузашта
6. Иқтидо - пайравӣ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Jan, 02:31


Ин ҷо филмҳои ба тоҷикӣ тарҷумашуда.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

03 Jan, 17:36


Шамсиддин Шерназаров. Зодаи Ғелондеҳаи Шаҳрисабз, парвардаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 58 ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ (деҳаи Ғелон). Падараш Шерназаров Маҳмуд то соли 1996 дар мактаби мазбур муаллими физика шуда кор кардааст. Ҳоло дар нафақа. Соли 2003 донишкадаи рассомӣ ва дизайни Тошканд ва соли 2006 магистратураи ҳамин донишкадаро бо ихтисоси кулолгарӣ хатм кардааст. Алъон доир ба ихтисоси кулолӣ фаъолият бурда истодааст. Ҳамзамон дар донишкадаи азизаш ба шогирдон аз нозукиҳои ҳунари кулолӣ дарс мегӯяд.
Аз соли 2006 аъзои иттиҳодияи “Ҳунарманд” ва аз соли 2010 аъзои Академияи рассомони Ӯзбекистон. Устодонаш: Шарипов Азиз, Чоршанбиев Муҳаммади, Каримов Абдувоҳид, Тошмуҳаммадов Фарҳод ва дигарон. Намунаи эъҷози дастонашро метавон дар гӯшаву канори Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, аз ҷумла Чиченистон мушоҳида кард.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

03 Jan, 14:48


ТАЪЗИЯ

Ба узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва файласуф Ҷаъфар Муҳаммад нисбати вафоти падари эшон Ҳоҷӣ Муҳаммад Холмуъминов изҳори ҳамдардӣ намуда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳем. Худованд охираташонро обод ва рӯҳашонро ғариқи раҳмат гардонад. Бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст.

Аз номи аъзои Шӯрои адабиёти тоҷик
Хусрав Саъдуллоҳ

https://t.me/adabiyotitojik_uz

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

01 Jan, 14:17


ЯК ҲИКОЯТ АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ"

Гӯянд, вазири Атобак аз моли подшоҳ хайри бисёр кардӣ. Атобак муставфиро фармуд, ки дигар чизе ба касе надиҳӣ, ки дастат бибурам. Рӯзи дигар дарвеше аз вазир чизе бихост. Муставфиро гуфт: Фалон чизро ба ӯ бидеҳ. Муставфӣ тааммул фармуд. Вазир гуфт: Чӣ тааммул мекунӣ? Аз он метарсӣ, ки дастат бибурад? Аз ин наметарсӣ, ки ман туро баровезам? Хабар ба Атобак расид, вазирро талабиду гуфт: Муставфиро чаро бармеовехтӣ? Гуфт: Ман мехостам, ки таноби саропардаи далати туро ба мехи давом истеҳком диҳаму ӯ намегузошт, на ки сазовор бар овехтан бошад. Атобак бигирист ва мартабаи ӯро баландтар гардониду хилъат дод.
Ва дар таворих мазкур аст, ки султон Маликшоҳро гуфтанд, ки: Низомулмулк ҳар сол аз хазина ҳазор динори халифатӣ ба уламову сулаҳо ва фақарову зовиядорон ва гӯшанишинон медиҳаду шуморо аз он ҳеч нафъе нест ва бад-он маблағ лашкари ҷаррор дарҳам метавон баст. Султон ин суханро ба хоҷа бозгуфт. Хоҷа фармуд, ки бад-он миқдор лашкари рӯз тартиб метавон кард, ки эшон душманонро ба шамшере, ки тӯли ӯ як заръ ва тире, ки рафтани ӯ сесад газ бошад, аз ту дафъ кунанд, ман барои ту ба ҳамон зар лашкари шаб тартиб мекунам, ки аз аввали шаб то саҳаргоҳ бар дарборгоҳи ҳазрати Илоҳ ба қадами сидқ истодаанду барои ту забони муддаову дасти баҳоҷат кушодаву шамшери ҳиммат ба абр мерасонанд ва тири оҳ аз сари ҳафт осмон мегузаронанд ва лашкари туву мо ҳама дар паноҳи эшонем. Байт:

Дигар магӯй, ки дарвеш дар паноҳи касест,
Ки шаҳриёри ҷаҳон дар паноҳи дарвеш аст.

Маликшоҳ бигиристу гуфт: Шод бошу барои ман беҳтар аз ин лашкар тартиб фармой.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Dec, 04:49


Дӯстони азиз!
Ҳар яки Шуморо аз номи  МАРКАЗИ МИЛЛИ ВА ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОНИ ДЕҲНАВ (раиси марказ Шерзод Саидов) бо фаро расидани соли нави мелодии 2025 самимона табрику муборакбод мегӯем.

Соли нави 2025–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем. Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони Шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

Бигзор Соли нав ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва нусратҳои нав оварад.

Соли нави мелодӣ муборак, дӯстони азиз!

Боз омад ба дари мо соли нав,
Боз омад бахти нав, иқболи нав.
Боз омад соли неку фоли нав,
Боз омад шӯри нав бо боли нав.

Бар дар омад “Барфак”-и ҷомасапед,
Ҳамраҳи “Бобои барфӣ” бо умед.
Сайругашти пасту болову шикеб,
Ваҳ, чӣ ҳусни дилрабову дилфиреб..


https://t.me/Mesnihoe

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

30 Dec, 19:45


СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ МУБОРАКУ ХУҶИСТА БОД, АЗИЗОНИ ДИЛАМ!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

24 Dec, 19:27


📹 Маснавии маънавӣ Қисми 125
Хари содадил ва рӯбоҳи фиребкор


Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

24 Dec, 19:08


Аз хазинаи ҷавоҳироти устоди бузургвор, домулло Хайриддин Абдулло

ЗАБОНИ ФОРСӢ...

⚠️Забони Форсӣ (порсӣ) - се шоха: форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ!

⚠️Забони Форсӣ яке аз забонҳои ҳинду аврупоӣ буда мардуми ба ин забон гуфтугӯкунанда асосан дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Покистон, Туркия ва дигар давлатҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва зиёда аз 225 миллион форсизабонон арзи ҳастӣ доранд ва бо ин забон муошират мекунанд!

⚠️Забони Форсӣ ганҷинае аз мазомини гаронсанг аз андешаҳои ноби инсонӣ ва ахлоқист, ки роҳҳои инсонӣ зистан на ҳамчун як забон, балки як ойини фарбеҳу хушоҳанг бар ҷоми ҷони мардумони бисёре дар паҳнаи Машриқ, чунон бодаи маърифат рехта, ки шодобии андешаҳояш, ба рағми захмҳои таърихӣ, ҳамчунон бар созҳои забонӣ ва маърифатии бисёре захма мезанад!

⚠️Забони Форсӣ ё ба қавли Ҳофизи азиз “ин қанди порсӣ”, наслҳо сина ба сина аз аҳде ба аҳде дигар сафар карда ва хушиҳо ва ғамҳо дида ва шунида ва ривоят карда то имрӯз дар ихтиёри мо қарор гирифтааст!

⚠️Забони Форсӣ - забоне, ки пас аз мусалмон шудани эрониён, дар хидмати ислом қарор гирифт, аммо тавонист ҳувияти мустақилли худро дар баробари забони идорӣ ва девонии ҳокимони таъйиншуда аз сӯи хулафои Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос ҳифз кунад!

⚠️Забони Форсӣ як сада (аср) пеш аз лотин ва 12 сада қабл аз ангилисӣ вуҷуд дошт!

⚠️Забони Форсӣ аз назари домана ва танаввӯи вожаҳо яке аз пурмоятарин ва бузургтарин забонҳои дунёст!

⚠️Аз 10 шоири беҳтарини ҷаҳон, 5 нафари онҳо шоири форсзабон ҳастанд!

⚠️Забони Форсӣ аз ҷиҳати фарогирӣ ва вожаҳои гуногун яке аз забонҳои пурқудрат ва бузургтарин дар ҷаҳон аст. Луғати аз ҳама машҳуртарине, ки онро Деҳхудо исбот кардааст дар 18 ҷилд ҷамъ овардааст ва барои маънидод кардани ин луғатҳо боз 6 ҷилди дигар навиштааст!

⚠️Забони Форсӣ қобилияти сохтани 225 миллион калимаро дорад, ки ҳатто бо забонӣ англисӣ ҳам ин қадар калимаро сохтан намешавад!

⚠️Забони Форсӣ 13-ум забони бисёристифодашаванда дар интернет аст!

⚠️Забони Форсӣ, ки тамоми хусусиятҳои забони классикиро дар худ дорад пас аз забони юнонӣ дар ҷои дуввум меистад, ҳатто забонҳои лотинӣ ва санскрит дар хатҳои сеюм ва чорум мебошанд!

⚠️Бо забонӣ Форсӣ дар 29 кишвари дунё ҳарф мезанад, пас аз Испанӣ ва Немисӣ ҷои шашумро мегирад!

⚠️Забони Форсӣ - забони расми фармонравоӣҳои Эронӣ ва забони миллӣ мардумӣ Эрон дар дарозои ҳазорон сол будааст!

⚠️Забони Форсӣ бо далел аз эртибот бо дигар миллатҳо, вожагон ва мафҳуми зиёде ба забонҳои гуногуни ҷаҳон роҳ ёфта аст. Аз забони Юнонӣ Бостон бигиред ё забони Араби ва Турки ва Англиси дар ҳама ин забонҳо вожагони Форсӣ бешуморанд!

⚠️Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо, ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ,
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо, ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист, ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам дӯст медорам варо!
✍️Муъмин Қаноат.

⚠️Забони Форсӣ - шашумин забони ҷаҳон аст!
⚠️Забони Форсӣ - дуввумин забони классикӣ дар ҷаҳон аст!
⚠️Забони Форсӣ -дуввумин дини ислом аст!
⚠️Забони Форсӣ - дувумин забони осмон аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони илму фарҳанг аст!
⚠️Забони Форсӣ - дорои адабиёти ғанӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - решаҳои қадима дорад!
⚠️Забони Форсӣ - забони саҳобагони Салмони Форсӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имом Абӯҳанифа!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имоми Бухорӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имом Тирмизӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имом Абу Довуд!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имом Нисоӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Ҳасани Ибни Шуҷаъи Балхӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Ҷаъфар ибни Муҳаммад ал-Форёбӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имом Абу Лайс Самарқандӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Мавлонои Балхист!
⚠️Забони Форсӣ- забони Амир Хусрави Деҳлавӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Ханзалаи Бадғисӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Абдураҳмони Ҷомӣ!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

24 Dec, 17:58


یا رسول الله بسی درمانده اَم
باد در کف، خاک بر سر کرده اَم
بیکسانرا کس توئی در هر نفس
من ندارم در دو عالم جز تو کس
یک نظر سویِ منِ غمخواره کن
چارۀ کارِ منِ بیچاره کن
گرچه ضایع کرده اَم عُمر از گناه
توبه کردم، عذرِ من از حق بخواه
روز و شب بِنشسته در صد ماتَمَم
تا شفاعت خواه باشی یک دَمَم
* * *
Ё расулУллоҳ, басе дармондаам,
Бод дар каф, хок бар сар кардаам,
Бекасонро кас туӣ дар ҳар нафас,
Ман надорам дар ду олам ҷуз ту кас!
Як назар сӯи мани ғамхора кун,
Чораи кори мани бечора кун!
Гарчи зоеъ кардаам умр аз гуноҳ,
Тавба кардам, узри ман аз Ҳақ бихоҳ!
Рӯзу шаб биншаста дар сад мотамам,
То шафоатхоҳ бошӣ як дамам!
@tojik

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

23 Dec, 02:09


Растагорӣ хоҳӣ, эй дил, мардумозорӣ макун,
Бад нахоҳӣ оқибат, ғайр аз накӯкорӣ макун.
Ғайбати мардум ба маъно хуни одам хӯрдан аст,
Шеваи гургӣ зи каф бигзору хунхорӣ макун.

Сахттар захми забон аз захми тиру ханҷар аст,
Хотири бечорае захми ситамкорӣ макун.
Ҳар куҷо марҳам шудӣ, чашм аз хиёнат боздор,
Он чи маписандӣ ба худ, бо дигарон оре, макун.

Ҳар чи корӣ, бидравӣ андар гулистони вуҷуд,
З-ин гулистон гул тамаъ, ар хор мекорӣ, макун.

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

21 Dec, 03:12


Магар шеру палангӣ, эй дил, эй дил,
Ба му доим ба ҷангӣ, эй дил, эй дил.
Агар дастам расад, хунат бирезам,
Бубинам то чӣ рангӣ, эй дил, эй дил.
БОБО ТОҲИРИ УРЁН

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

21 Dec, 03:12


БОБО ТОҲИРИ УРЁН
Бобо Тоҳири Урён шоири мутасаввифи форс-тоҷик. Дар ҳудуди асрҳои Х ва ибтидои асри Х1 дар Ҳамадон умр ба сар бурдааст, ва қабраш дар ҳамон ҷост. Бобо Тоҳири Урён дар адабиёт асосан тавассути дубайтиҳояш шӯҳрат ёфтааст, ки миқдори онҳо дар девони шоир 354 то аст. Бештар дубайтиҳои Бобо Тоҳири Урён ба лаҳҷаи маҳаллӣ, ки шояд яке аз лаҳҷаҳои атрофи Ҳамадон бошад, иншо шудаанд. Аксари дубайтиҳояш ишқию ирфонианд, вале чун аз ҷиҳати содагӣ ва тарзи баён ба эҷодиёти шифоҳии халқ хеле наздиканд, дар байни оммаи мардум шӯҳрати зиёд пайдо кардаанд. Шоир шахси сӯфӣ буда, суханонаш дар пардаи тасаввуф оро ёфтаанд. Вале мақсади Бобо Тоҳир шарҳу баёни тасаввуф набуда, бештар ифодаи эҳсосоти дили беқарораш мебошад. Дар дубайтиҳояш аз хусуси муаммои ҳастӣ, шикоят аз зиндагии вожгун, ишқи сӯзон розу ниёз ва монанди инҳо сухан меравад.
Мероси адаби шоир, ки дар девони чопии (Теҳрон соли 1333 ҳ. ш) ба ғайр аз дубайтиҳо 4 ғазал ҳам мавҷуд аст. Aз Бобо Тоҳири Урён як маҷмӯаи суханони пурҳикмати арабӣ бо унвони “Калимоти қасорӣ” ҳам мерос мондааст, ки чанд тан шарҳу тафсири арабию форсӣ ба он навиштаанд, аз ҷумла Айнулқузоти Ҳамадонӣ ва Султоналии Гунободӣ. Дар ашъори Бобо Тоҳири Урён образи дил мавқеи муҳим дорад ва ҳолату кайфиятҳои мухталифи қаҳрамони лирикиро ифода мекунад:
Магар шеру палангӣ, эй дил, эй дил,
Ба му доим ба ҷангӣ, эй дил, эй дил.
Агар дастам расад, хунат бирезам,
Бубинам то чӣ рангӣ, эй дил, эй дил.
Образи дигар дар дубайтиҳои ӯ дидааст, ки бо дил хеле дӯст ва меҳрубон мебошад. Шоир аз фидокории дил дар ҳайрат мемонад:
Балоя дил, балоя дил, балоя,
Куна чашмун, к-аз ун дил мубталоя.
Агар чашмун набина рӯи зебо,
Чи дуна дил, ки хубон дар куҷоя.
Бобо Тоҳири Урён ранҷу машаққат ва нохушиҳои ҳаёти худро аз гардиши чархи гардун медонад ва бо савияи фаҳмиш ва ҷаҳонбиниаш ба он муқобилат карданӣ мешавад:
Агар дастам расад бар чархи гардун,
Аз ӯ пурсам, ки ин чун асту он чун?
Якеро додаӣ сад гуна неъмат,
Якеро қурси ҷав олуда дар хун.
Ба вуҷуди ин ҳама дар маркази дубайтиҳои шоир ишқи “ҳақиқӣ” мавзӯи марказӣ буда, бо ҳама таровату назофат ва нозукиҳояш ифода гардидааст:
Насиме, к-аз буни он кокул ояд,
Маро хуштар зи бӯи сунбул ояд.
Чу шав гирам хаёлатро дар оғӯш,
Саҳар аз бистарам бӯи гул ояд.


Ғазал
Ало, то зор чун ту дилбарастам,
Саропо ҳамчу сута миҷмарастам.
Му он сутадили оташмизоҷам,
Ки дӯзах ҷузве аз хокистарастам.
На хӯр, на хоб дирам, бе та гӯӣ,
Ки дар тан ҳар су му ханҷарастам.
Ҷудо аз ту ба хулду ҳуру Тубо,
Агар хурсанд гардам кофирастам.
Набӣ аз афсари шоҳим фахре,
Ки ин жулидаму беҳ з-афсарастам.
Зи болинам ҳама алмос руӣ,
Ҳама хору хасак дар бистарастам.
Чу шамъам гар сар андозанд сад бор,
Фурӯзандатару сӯзантарастам.
На кори охират кардам, на дунё,
Яке бесоя, нахли бебарастам.
Рухи та офтобу му зи Ҳирмон,
Яке пажмурдатан нилуфарастам.
Самандарваш миёни оташи ишқ,
Яке парканда мурғи бепарастам.
Муям он борвар нахли муҳаббат,
Ки ҳасратсояву заҳматбарастам.
Намегирад касам ҳаргиз ба чизе,
Дар ин кишвар зи ҳар кам камтарастам.
Ба як нола бисӯҷам ҳар ду олам,
Ки аз сӯзи ҷигар хунёгарастам.
Дар ин дайрам чунон миҳмуму мағмум,
Ту пиндорӣ чу муғ дар озарастам.
Зи даврон яксари мӯ баҳраам нест,
Ки рӯз аз рӯзи дигар бадтарастам.
Дар ин дунё ятимам бе та гӯӣ,
Чу тифли бепадар бемодарастам.
Ба сони кофарам дар муъминистон,
Ба сони муъмин андар кофарастам.
Ба мулки ишқ рӯҳи бенишонам,
Ба шаҳри дил яке суратпарастам.
Агар рӯзе дусад борат бувинам,
Ба ҷон муштоқи бори дигарастам.
Забони паҳлавиро устодам,
Китоби ошиқиро мистарастам.
Худоё ишқи Тоҳир бинишон бӣ
Ки аз ишқи бутон би по сарастам.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

19 Dec, 19:13


ПАНҶ АНДЕШАИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ КИТОБ

1. Вақте шумо китобҳои хубро мехонед, одати хуб сухан карданро меомӯзед;

2. Сатҳи маданияти инсон на бо теъдоди китобҳои хондаи ӯ, балки бо дониши аз онҳо андӯхтааш чен карда мешавад;

3. Одамоне, ки ба китобхонӣ одат кардаанд, одамонеро, ки пайваста телевизор тамошо мекунанд, идора менамоянд;

4. Китоб аз филм беҳтар аст. Чунки доираи тасаввуроти кас ба мисли шумораи кадрҳое, ки дар филм таассуротангезанд, маҳдуд нест;

5. Чӣ қадар бештар китоб хонед, ҳамон қадар ба дигарон камтар тақлид мекунед.

######################

#ахлоқ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

18 Dec, 16:25


Дорои Дӯст, яке аз собиқадорони матбуоти тоҷик дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Ҷанозаи ӯ субҳи имрӯз, 18 декабр дар масҷиди “Аминҷон”-и маҳаллаи 61-уми пойтахт хонда шуд ва марҳумро дар Оромгоҳи Сариосиё ба хок супориданд.

Дорои Дӯст аз ҷумлаи журналистони номвари тоҷик буд. Солҳои 70-ум асри гузашта ӯ дар тими Бӯринисо Бердиева буд ва барои бедории фикрӣ ва худшиносии миллии тоҷикон талошҳои зиёде намудааст. Номи ӯ дар қатори яке аз эҳёкунандагони ҷашни Наврӯз дар замони Шӯравӣ ва қабули қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989 меистад.

Дорои Дӯст соли 1940 дар рустои Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз дида ба ҷаҳон кушодааст. Соли 1957 мактаби миёнаи ба номи Карл Маркси зодгоҳ, соли 1963 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст. Ҳамсабақи донишгоҳии шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ буд ва бо ӯ то вопасин рӯзҳои умраш робитаи дӯстӣ дошт.

© pressa.tj
@DehaiSarchashma

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

17 Dec, 20:18


Киштие дар баҳр бори савдогаронро интиқол менамуд. Дар роҳ аз вазни бор киштӣ наздик буд ғарқ шавад. Соҳиби киштӣ ба савдогарон амр намуд, ки барои сабук намудани вазни киштӣ қисме аз бори худро ба баҳр партоянд ва интихоби борро ба худи савдогарон ҳавола кард. Савдогарон ба хулосае омаданд, ки тамоми бори яке аз савдогаронро ба баҳр партоянд, зеро ӯ бори зиёд дошт ва савдогари нав буд. Вале он савдогар зиддият нишон дод. Савдогарон ба ғазаб омаданду ҳам худи ӯ ва ҳам борашро ба баҳр партофтанду роҳро давом доданд. Савдогар болои чӯбе баромад ва муддате пас мавҷҳои баҳр ӯро ба ҷазираи беодам партофтанд. Он ҷо аз чӯбу хас хоначае дуруст кард ва аз меваҳои дарахтҳо зиндагии худро мегузаронд. Зиёд ибодат мекард, Парвардигорро шукр мегуфт, ки зинда мондааст ва дуои наҷот мекард.
Чанд рӯз пас шамоли сахте вазид ва аз куҷое коҳи оташгирифтаро оварда, болои хоначаи сохтааш партофт ва он оташ гирифт. Чун ин ҳолро дид, заифии инсонияш боло гирифт ва фиғон кард:
- Эй Парваридигоро! Ман чӣ гуноҳ кардам, ки маро ба ин ҳол гирифтор кардӣ? Ҳамаи борам ғарқи баҳр шуд, худам наздик буд ғарқ шавам. Ҳоло дар ҷазираи беодам мондаам. Як хоначае доштам, ҳамон ҳам оташ гирифт...
Хеле ғамгин шуд ва аз шиддати ғаму гуруснагӣ хобаш бурд. Муддате пас аз садои инсонҳо бедор шуд. Чашм кушода дид, ки киштие назди соҳил истодааст ва барои наҷоти ӯ кӯмак карданист. Шод шуд ва шукри Аллоҳ намуд.
Чун савори киштӣ шуд, аз онҳо пурсид:
- Маро чӣ гуна дарёфтед?
Гуфтанд:
- Албатта, аз дуди он оташе, ки афрӯхтӣ. Хеле хуб кардӣ, ки бо дуд ба мо ишора кардӣ, вагарна аз куҷо медонистем, ки дар ин ҷазира инсоне ҳаст? Шояд ту аз он киштие халос шудӣ, ки чанд рӯз пеш ғарқ шуд?
Чун савдогар оид ба киштии ғарқшуда пурсон шуд, фаҳмид, ки он ҳамон киштиест, ки аз он савдогарон ӯро бо бораш ба баҳр партофта буданд.
Сар ба саҷда гузошту Аллоҳро шукри беадад гуфт, ки дар ин чанд рӯз ӯро се маротиба аз маргу мусибат раҳонидааст.

Аллоҳ ҳар кореро, ки барои банда тақдир мекунад, барояш хайр аст, хоҳ банда дарк намояд ва хоҳ на.
Агар ба мушкилиҳову мусибатҳо дучор шудаӣ, ғамгин машав, шояд он бароят раҳмат бошад.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

17 Dec, 20:14


Ассалому алайкум ва рахматуллоху ва барокатух!

Эй Худойи таолонинг йўлида юрган азизларимиз. Бир биродар акамиз бор. Аёллар операция бўлиб фарзандли бўлган эди. Яхши эди. Хозир буйрагини тоши бор экан. Акамиз ишга ҳам ўтолмаптилар. Шифохонада экан.

Азизлар шу акамизга моддий ёрдам қилайлик. Нима дейсизлар.

https://t.me/xojagonnaqshbandiya

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

17 Dec, 20:14


8600060497730615

Жумахон Бобохонов чиқади.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

17 Dec, 15:30


سیصد کوهِ قاف را به هاوَن سودَن
نُه طاقِ فلک بَه خونِ دل اَندودَن
صَد سال اسیرِ بندِ زِندان بودن
بِه زانکه دمی همدمِ نادان بودن
* * *
Сесад Кӯҳи Қофро ба ҳован судан,
Нӯҳ Тоқи Фалак ба хуни дил андудан,
Сад сол асири банди зиндон будан,
Беҳ з-онки даме ҳамдами нодон будан.
@tojik

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

16 Dec, 18:41


https://www.facebook.com/share/v/rNewAYnUW3Aatw6k/

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

16 Dec, 18:34


https://www.facebook.com/share/aSNiAcarBbEdBDAu/

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Dec, 19:40


#диққат #долзарб

⚡️Ўзбекистонда тақиқланган манбаа ва контентларнинг ЯНГИЛАНГАН рўйхати ЭЛОН ҚИЛИНДИ

Олий суд томонидан 2019-2024 йилларда интернет тармоғидаги диний экстремистик, террористик ва ақидапарастлик ғоялари билан йўғрилган деб топилган ҳамда Ўзбекистон Республикасининг ҳудудига олиб кириш, тайёрлаш, сақлаш, тарқатиш ва намойиш этилиши тақиқланган манбаа ва контентлар (материаллар) рўйхати эълон қилинди.

ЯҚИНЛАРГА ХАМ ТАШЛАБ ҚЎЙИНГ

👉 Dunyo🌐Tv

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Dec, 19:07


ОЁТИ САБЗ - 72

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Dec, 19:07


БАРОИ ФАРЗАНДОН ВА НАБЕРАГОН БИХОНЕД

Муши кучулу, ки ҳисобе ҳул шуда буд, ба тарафи танобҳо рафт. Он қадр турро ҷавид , то тикка-тикка шуд. Оқо-Шера ҳам аз фурсат истифода кард ва аз чола берун парид. Оқо-Муша, ки хеле хаста шуда буд, тунд-тунд нафас мезаду ба шер нигоҳ мекард.
Шери аз худ розӣ ҳатто аз оқо-Муша ташаккур ҳам накард ва зуд аз он ҷо дур шуд. Қалби кӯчаки оқо-Муша хеле меҳрубон буд. Ӯ фақат аз ин ки ба оқо-Шера – султони ҷангал кӯмак карда буд, хушҳол буд. Баъд бо ханда давид ва ба суроғи донаҳои зуррат рафт...

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Dec, 16:48


Агар як лаҳза хории забон бинам
Агар як лаҳза хории забон бинам,
Суханҳои равонро норавон бинам,
Ба дасти нотавоне нотавон бинам,
Дилам бар Рӯдаки сӯзад ,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Чу бинам ҳамдиёре худсару худком
Шиносад хешро алломаи айём,
Надонад мисрае аз Ҳофизу Хайём,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сўзад.
Чу бинам худнамое боз хушнуд аст,
Қи ҳусни тоза бар ҷевонаш афзудаст,
Хариди ҳар китоби нав агар муд аст,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад ,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Чу донам бўи Ҷӯи Мўлиёнам нест,
Ҳазорон Рустам асту достонам нест,
Ғуборе ҳаст, аммо корвонам нест,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Чу бинам Бӯалӣ Синост саргардон,
Миёни қавмҳои бесару сомон
Ва роҳаш нест сӯи халқи ман осон,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Чу донам «Шашмақом» имрӯз ноҷӯр аст.
Чу бинам оина дар хидмати кӯр аст
Ва лавҳи хотири мо лавҳаи гӯр аст,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Dec, 03:24


...Ва либос-ут-тақво золика хайрун...” (...Ва либоси парҳезкорӣ беҳтар аст...) [Аъроф – 7, ояти 26]. Яъне пӯшиши тақво ва парҳезгорӣ шуморо беҳтар аз либосҳои ба такаллуф. Ва либоси сурат барои ман аст, чунончи Худойи таъоло мегӯяд:
“ قَدْ أَنزَلْنَا عَلَيْكُمْ لِبَاسًا –
...Қад анзално ъалайкум либосан...” (...Ҳамоно фиристодем бар шумо ҷома...) [Аъроф – 7, ояти 26]. Яъне фурӯ фиристодем барои шумо либосе, ки аврати шуморо бипӯшад.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
@tojik

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Dec, 03:24


ДАР ОДОБИ ҶОМА ПӮШИДАН

Бидон, ки пӯшидани либос бад-он миқдор, ки сатри аврат бошад, фарз аст ва дар ин фарз адабе чанд аст риоят карданӣ, баъзеи он, ки аз ҳазрати рисолат саллАллоҳу ъалайҳи ва олиҳи марвӣ аст ва баъзе он ки аз машоиху бузургони дин манқул аст. Ва моқабл аз ин пӯшидан ва пӯшонидани либос ба тариқе, ки миёни мурид ва мурод бошад, зикр кардем. Ин ҷо ба такрори он эҳтиёҷ нест.
Агар пурсанд, ки аркони либос пӯшидан чанд аст? Бигӯй: Понздаҳ: чаҳор фарзу чаҳор суннат ва панҷ адаб ва ду ҳаром.
Агар пурсанд, ки чаҳор фарз кадом аст? Бигӯй: Аввал он ки ҷома аз ваҷҳи ҳалол созад; дуюм он ки чандон пӯшад, ки дафъи сармову гармо кунад ва бад-он сатри аврат шавад; сайюм он ки пок бошад аз наҷосат; чаҳорум он ки маҳрам (ҳаром, ношоист) набошад, чун абрешимина ва зардӯз.
Агар пурсанд, ки чаҳор суннат кадом аст? Бигӯй: Аввал он ки ҷома кӯтоҳ бошад, чунончи Худойи таъоло мефармояд, ки:
“وَثِيَابَكَ فَطَهِّرْ –
Ва сиёбака фатаҳҳир” (Ва ҷомаҳои хешро пок соз) [Муддассир – 74, ояти 4]. Аз амиралмӯъминин Алӣ ъалайҳиссалом манқул аст, ки:
“أَىْ فَقَصِّرْ –
Ай фақассир!”. Яъне ҷомаи худро кӯтоҳ кун, ки он ҳам абқо бошад ва ҳам атқо, яъне ба тақво ва таҳорат наздиктар бошад; Дуюм он ки аз ҳар ҷома яке беш надошта бошад, ки ҳазрати рисолат саллАллоҳу ъалайҳи ва олиҳи васаллам фармуд:
“صٰاحِبُ ٱلْقَميٖصَيْنِ لاٰيَجِدُ رٰاﺋحَةَ ٱلْجَنَّةِ –
Соҳиб-ул-қамисайни ло яҷиду роиҳат-ал-ҷаннати”. Яъне ҳар ки худованди (соҳиб) ду пироҳан бошад, бӯи биҳишт нашнавад, чи доштани ҷомаҳои мутааддид аз мартабаи таваккул ва мақоми футувват дур аст; Сайюм, дар рӯзи ид ва ҷумуъа ҷомаи наву покиза пӯшад; Чаҳорум, ба ранге пӯшад, ки ҳазрати рисолат саллАллоҳу ъалайҳи ва олиҳи дӯст дошта ва ағлаби он сафеду сабз аст.
Агар пурсанд, ки панҷ адаб кадом аст? Бигӯй: Аввал он ки дар вақти пӯшидан дасти рост дар остин кунад; Дуюм он ки дар вақти берун кардан аввал аз дасти чап берун орад; Сайюм, ҷомаро покиза нигоҳ дорад ва мулаввас (олуда, палид) насозад; Чаҳорум, изор бар пой нишаста бипӯшад; Панҷум, амомаро истода дар сар бандад, ки гуфтаанд:
“تَعَمَّمُوا قِيٰماً وَ تَسَرْوَلُوا قُعُوداً –
Тааммаму қиёман ва тасарвалу қуъудан”
Агар пурсанд, ки ду ҳаром кадом аст? Бигӯй: Аввал, ҷома аз рӯи кибр ва таъзим пӯшадан; Дуюм, ҷомаи мусаввар (суратдор) пӯшидан ва агар мунаққаш бошад, ки сурат бар ӯ набувад, ҷоиз аст.
Агар пурсанд, ки дар кафш ва мӯза пӯшидан чанд адаб аст? Бигӯй: Чаҳор: Аввал он ки дар вақти пӯшидан пои рост дар кафш ва мӯза кунад; Дуюм он ки дар вақти берун кардан аввал пои чап берун орад; Сайюм, ба як мӯзаву як кафш иқтисор накунад, ки ҳазрати рисолат саллАллоҳу ъалайҳи васаллам аз он наҳй кардааст; Чаҳорум, ҳар ҷо, ки кафш берун кунад, агар маҷол бувад, бардораду наздики худ ниҳад.
Агар пурсанд, ки дар хотам пӯшидан чанд адаб аст? Бигӯй: Чаҳор: Аввал он ки аз оҳану руй (филизи сафедранги моил ба кабуд) ва зар(р) набошад, ки ҳазрати рисолат саллАллоҳу ъалайҳи ва олиҳи аз он манъ кардааст; Дуюм, бояд ки аз нуқра созад ва як мисқоли тамом набошад; Сайюм, нигини ақиқ кунад, ки дар он баракат бисёр аст. Расул (с.) фармуд, ки аввал санге, ки ба ваҳдонийяти Худову рисолати ман ва вилояти Алӣ (ъ.) иқрор кард, ақиқ буд ва сурхрӯии вай аз он аст; Чаҳорум, бояд ки ангуштарин дар ангушти рост кунад ва ҳазрат саллАллоҳу ъалайҳи ва олиҳи гоҳ-гоҳ дар ангушти чап мекардаанд ва агар ҳам дар ҳар ду ангушт ангуштарин медошта бошад, ҷоиз аст.
Агар пурсанд, ки ридо чанд газ бояд дар тул ва арз? Бигӯй: Ридои ҳазрати рисолат (с.) шаш газ будааст дар тул ва се газу як ваҷаб будааст дар арз. Пас суннат он аст, ки ридои дарвеш ба ҳамин миқдор бошад.
Агар пурсанд, ки тул ва арзи изор чӣ миқдор бояд? Бигӯй: Ба нақли саҳеҳ собит шудааст, ки изори ҳазрати рисолат саллАллоҳу ъалайҳи васаллам дар тул чаҳор газу як ваҷаб будааст ва дар арз ду газу як ваҷаб. Пас миқдори изори аҳли тариқ бар ин ваҷҳ бояд.
Агар пурсанд, ки ту барои либосӣ ё либос барои туст? Бигӯй: Либос сурат барои ман аст ва ман барои либос маъниам.
Агар пурсанд, ки ҳақиқати ин сухан чист? Бигӯй: Ман либос барои маъниам, чунончи Худойи таъоло мефармояд:
“وَلِبَاسُ التَّقْوَىَ ذَلِكَ خَيْرٌ –

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Dec, 03:22


ҶУМУЪА МУБОРАК!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

05 Dec, 17:54


instagram⤵️
xumoyunxolzod

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

04 Dec, 20:27


اگر دنيا خزان گردد ... اسيـر غـــم نمي گردم
زمین هم آسمان گردد ، از عشقش کم نمي گردم

به جز راهش نمي جويم ، به جز نامش نمي گويم !
به جز او در پی یاری ، ... در اين عالم نمي گردم

سخن راني مکن جانا ! ... که من درمان نمي گيرم
ببين کورم ! ... کرم ! ، بشنو ! ... که من آدم نمي گردم

تو شيريني و من تلخم ، ... تو همراهي و من هرگز :
براي هيچ کس جز او ، ... دمي همدم نمي گردم

من آن گلبرگ مغرورم که مي ميرم ز بي آبي
ولي با ذلت و خواري ، پي شبنم نمي گردم

چه شیرین است، اندوهش! غمش! دردش! جراحاتش!
شفایم را نمی خواهم ! ، ... پی مرهم نمی گردم !

تصور می کنم امشب ، ... که می میرم در آغوشش
وز این آغوش تمثالی ، ... جدا یک دم نمی گردم


محسن نظری

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

04 Dec, 20:24


من دلت را برده ام اما تو جانم برده ای
با نگاهی آتشین ، روح و روانم برده ای

بس که در باغ و چمن ها دلبری ها میکنی
گل به گل باغ و بهار و  ، بوستانم برده ای

درد بی درمان من بودی همیشه حال هم!
با سیاست ، بند بند استخوانم برده ای

میزبانت بوده ام در عشق ای آرام جان؛
خون دل خوردم بسی ، اما تو خوانم برده ای

بی قراری های من را بی تفاوت رد شدی
از توان انداختی من را ،  امانم برده ای

قطره قطره اشک از چشمم روان شد در پِیَت
ساحلی را از کران ، تا بیکرانم برده ای

تیر و مرداد و بهارِ عمرم از دوریِ تو؛
در نبودت شد خزان ، کل جهانم برده ای

با دو چشم مستت آشوبی به پا شد در دلم
با همین مستی همه نام و نشانم برده ای

آشنایت بودم و حالا شدم دردی غریب !
تلخ کامی شد نصیب ، قند دهانم برده ای 

آخر از هر چه بلا آمد سرم خندیدی و ؛
آنچه مانده قد خمیده در کمانم برده ای

#افسانه_احمدی_پونه

Ман дилатро бурдаам , аммо ту ҷонам бурдаӣ,
Бо нигоҳи оташин , рӯҳу равонам бурдаӣ.

Бас ки дар боғу чаманҳо дилбариҳо мекунӣ,
Гул ба гул, боғу баҳору бӯстонам бурдаӣ.

Дарди бедармони ман буди ҳамеша, ҳол ҳам,
Бо сиёсат банд банди устухонам бурдаӣ.

Мезбонат будаам , дар ишқ , эй ороми ҷон,
Хуни дил хӯрдам басе , аммо ту хонам бурдаӣ.

Беқарориҳои манро бетафовут рад шудӣ,
Аз тавон андохти манро, амонам бурдаӣ.

Қатра қатра ашк аз чашмам равон шуд дар паят,
Соҳилеро аз карон , то бекаронам бурдаӣ.

Тиру мардоду баҳори умрам аз дури ту,
Дар набудат шуд хазон, кулли ҷаҳонам бурдаӣ.

Бо ду чашми мастат ошӯбе ба по шуд, дар дилам,
Бо ҳамин масти ҳама ному нишонам бурдаӣ.

Ошноят будаму ҳоло шудам дарде, ғариб,
Талхкомӣ шуд насиб, қанди даҳонам бурдаӣ.

Охар аз ҳар чи бало омад сарам , хандидиву,
Ончи монда қадхамида, дар камонам бурдаӣ....

#Афсона_Аҳмади_Пуна

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

04 Dec, 20:24


دلبران، دل میـبرند، اما تـو جانم میـبرے
ناز را افزوده ، با نازت توانم میـبرے

سوز دردِ عشق را با غمزه های ناز خود
تا ته قلب من و تا استخوانم میـبرے

میزنےچشمڪ نهانے، جانِ تـو! جان خودم!
با تڪان پلڪ خود تا بیڪرانم میبرے

تاڪه میخواهم بگویم راز خود را ناگهان
دستهاے مهربان را بر لبانم میبرے

میڪنے ساڪت مرا با بوسه هاے بی هوا
شعر را با بوسه از روے زبانم میـبرے

تو شبیه دلبران هستی ولي جور دگر
دلبران، دل میبرند، اما تو جانم میبری...

Дилбарон дил мебаранд аммо ту ҷонам мебарӣ,
Нозро афзуда, бо нозат тавонам мебарӣ.

Сӯзи дарди ишқро бо ғамзаҳои нози худ,
То таҳи қалби ману то устухонам мебари.

Мезани чашмак ниҳонӣ, ҷони ту! Ҷони худам!
Бо такони пилки худ то бекаронам мебарӣ.

Токи мехоҳам бигӯям рози худро ногаҳон,
Дастҳои меҳрубонро бар лабонам мебарӣ.

Мекуни сокит маро бо бӯсаҳои беҳаво,
Шеърро бо бӯса аз рӯи забонам мебарӣ.

Ту шабеҳи дилбарон ҳасти, вале ҷӯри дигар,
Дилбарон дил мебаранд, аммо ту ҷонам мебарӣ...

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

04 Dec, 17:19


ЯК ОЯТИ САБЗ - 71

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

04 Dec, 17:19


Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,
Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост.
Бар ростии бол назар карду чунин гуфт:
"Имрӯз ҳама рӯйи замин зери пари мост.
Гар авҷ бигирам, бипарам аз назари шед,
Мебинам агар заррае андар таги дарёст.
Гар бар сари хошок яке пашша биҷунбад,
Ҷунбидани он пашша аён дар назари мост.
Бисёр манӣ карду зи тақдир натарсид,
Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост.
Ногаҳ зи камингоҳ яке сахткамоне
Тире зи қазову қадар андохт бар ӯ рост.
Бар боли уқоб омада он тири ҷигарсӯз
В-аз абр мар ӯро ба сӯйи хок фурӯ кост.
Бар хок бияфтоду биғалтид чу моҳӣ
В-он гаҳ пари хеш кашид аз чапу аз рост.
Гуфто: "Аҷаб аст ин, ки зи чӯб асту зи оҳан,
Ин тезию тундию паридан-ш куҷо хост?"
Бар тир нигаҳ карду пари хеш бар-ӯ дид,
Гуфто: "Зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост".
Ҳуҷҷат, ту маниро зи сари хеш бадар кун,
Бингар ба уқобе, ки манӣ карду чиҳо хост
НОСИРИ ХУСРАВ

روزی ز سر سنگ عقابی به هوا خاست
واندر طلب طعمه پر و بال بیاراست
بر راستی بال نظر کرد و چنین گفت
امروز همه روی جهان زیر پر ماست...
ناصر خسرو

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

04 Dec, 17:19


БАРОИ ФАРЗАНДОНУ НАБЕРАГОН БИХОНЕД, АЗИЗОН!

Оқо-Лаклак бо тааҷҷуб ба ба гург нигоҳ кард. Гург бо пуррӯӣ идома дод:
– Ту парандаи ношукре ҳастӣ! ман метавонистам саратро аз баданат ҷудо кунам. Хиҷолат намекашӣ, ки ин ҳарфро мезанӣ? Ман бузургтарин ҷоизаро ба ту додам! Ҳамин қадр ки раҳм кардаму иҷоза додам саратро солим аз даҳони ман берун биёварӣ, бояд Худоро шукр кунӣ! Зуд бош, бирав, зуд бирав! Ва илло қуртат медиҳам!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

04 Dec, 05:47


Қитъаи «Суроҳӣ ва шамъ» аз

#Абдураҳмон_Мушфиқӣ:

Шабе бо суроҳӣ ҳамегуфт шамъ
Ки: Эй мояи маҳфилорои дӯст.
Туро бо чунин кадр пеши қадаҳ
Суҷуде паёпай бигӯ аз чӣ рӯст?
Суроҳӣ ба у гуфт: Нашнидаӣ?
Тавозуъ зи гарданфарозон накӯст.


🍷🍾


ШАБИ ДӮСТОН БА ХАЙР БОД!

https://t.me/jahonitojikon

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Dec, 17:34


سعدئ شیرازی - ای ساربان!..
САЪДИИ ШЕРОЗӢ - ЭЙ СОРБОН!..

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Dec, 17:25


سعدئ شیرازی - ای ساربان!..
САЪДИИ ШЕРОЗӢ - ЭЙ СОРБОН!..

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Dec, 16:59


БАРОИ ФАРЗАНДОНУ НАБЕРАГОН БИХОНЕД, АЗИЗОН!

– Чӣ рӯзи хубе, оқо-Улоғҷон! Ту ҳатто агар гӯшҳои дарозу мӯйҳои баландат аз зери пӯсти шер берун намезад, ман боз ҳам аз ту наметарсидам! Улоғи бечора, ту бояд бидонӣ, ки ҳатто агар рехти худатро иваз кунӣ, боз ҳам ҳамон улоғе ҳастӣ, ки ҳастӣ! Фикр кардӣ метавонӣ маро гӯл бизанӣ? Ҳо-ҳо! Ман худам аз ҳама ҳуққабозтарам! Ту мехоҳӣ сари маро кулоҳ бигузорӣ?! Охир, ҳайвони забоннафаҳм! Чӣ касе то ба ҳол шунида, ки як шер ар-ар бикунад? На! Ту худат бигӯ, Улоғи масхара!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Dec, 09:58


Накӯӣ куну дар об андоз...

Дар деҳе марди миёнаҳоле зиндагӣ мекард. Ӯ боре бо нияти гӯсфандхарӣ барои қурбони ба бозор рафт. Гӯсфандеро маъқул карду харид. Баъд ба мошини дӯсташ бор карду худ аз паси дигар кор шуд. Дар ҳамсоягии ин мард як оилаи қашшоқ зиндагӣ мекард. Хонаҳояшон бисёр монанд буд. Ронандаи мошин омада иштибоҳан гӯсфандро дар пушти хонаи ҳамсоя монду рафт. Ҳамсоязан садои мошинро шунида берун гашт ва пушти хона гӯсфандро дида ҳайрон шуд ва ба шавҳараш хабар дод. Онҳо гумон карданд, ки ягон шахси саховатпеша дар арафаи иди қурбон гӯсфандро ба онҳо ҳадя овардааст. Аммо айнан кӣ намедонистанд ва барои Худоро шукр мегуфтанд. Он марде, ки гӯсфанд харида буд, бегоҳ аз бозор омада аз завҷааш пурсид:
— Гӯсфанд куҷост?
Зан мард:
— Гӯсфандро кӣ оварда буд?
Гуфт:
— Фалон дӯстам.
Зан гуфт:
— Интавр бошад ӯ иштибоҳан гӯсфандро ба пушти дари ҳамсоя гузошта рафт. Онҳо гумон карданд, ки нафаре онро ба онҳо хайр кардааст. Падараҷонаш, акнун хеста раваду вазъиятро нағзакак фаҳмонда гӯсфандамонро гирифта биёред.
— Эй зан ту чӣ мегӯӣ? Ҳоло фарзандонаш бисёр шод будагистанд. Пагоҳ ид бошад, ман чӣ гуна дили онҳоро меранҷонам. Беҳтараш пагоҳ барвақтар рафта як гӯсфанди дигар харида меорам.
Пагоҳ саҳар барвақт бархост ва ба бозор рафт. Дар торики назараш ба марде афтод, ки як чанд гӯсфанд мефурӯшад. "Эй Худо, кош аввалин харидории ман бошам то як гӯсфандашро ба ман арзонтар бифурӯшад.
" Рафту наздаш ба ӯ салом кард як гӯсфанди ӯро харид кардани шуд. Он мард гуфт:
— Бародар, медони ҳамин ҳоло наздик буд, ки ба садама дучор мешудем. Худоро шукр Худо ҷони ману гӯсфандонамро харид. Аз ин рӯ ман ният кардам, аввалин харидоре, ки меояд, кадом гӯсфандеро, ки интихоб менамояд барояш ҳадя мекунам. Бародар беҳтарин гӯсфанди маро интихоб карда гир.


Тарҷумон; Озод Ҳодизода

#ҳикояи_ибратнок
Ба шабака ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
@tafakkur_tjk

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Dec, 02:11


Давои дарди ҳиҷрон кофтам ман,
Китобе аз бузургон ёфтам ман.
Набуда мисли ӯ ҳеҷ як рафиқе,
Набошад мисли ӯ ҳеҷ як шафиқе.
Ба рӯям чун кушодам ҳар варақ
боз,
Бидидам андарунаш буд сад роз.
Бигуфт бо ман бишин ту ҳамнафас
шав,
Зи ҷаҳлу хашм дур шав ,пурҳавас
шав.
Дар ин олам агар ту зар биёбӣ,
Зи боғи илм ҳазор гавҳар биёбӣ.
Кунад осон ҳар як мушкилатро,
Намояд шод ҳардам ӯ дилатро.
Ҳақиқатҳост дар ӯ гашта пинҳон,
Бикун дарк ,то чӣ бояд кард инсон
Агар хоҳи шавад илмат зиёда,
Бигард сар то сари ӯ ту пиёда.
Китоб пурсида буд аз шоҳ Сино,
Аз ин рӯ гашт ӯ доноӣ доно.
Халос аз макри шайтон кардааст
ӯ,
Бузургонро бузургон кардааст ӯ.
Раҷабов Алибек (Ёдгорӣ)

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

26 Nov, 15:51


هر سحابی از دل عاشق نمی شوید غبار
تشـــنه دیدار را باران نمی آید به کار
خاطر آسوده خواهی ،چشم از عالم بپوش
دیده روشن درین زندان نمی آید به کار
صائبِ تبریزی
*******************
Ҳар саҳобе аз дили ошиқ намешӯяд ғубор,
Ташнаи дидорро борон намеояд ба кор.
Хотири осуда хоҳӣ, чашм аз олам бишӯй,
Дидаи равшан дар ин зиндон намеояд ба кор!
Соиби Табрезӣ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

26 Nov, 14:40


БАРОИ ФАРЗАНДОН БИХОНЕД, АЗИЗОН!

...Муши Рустоӣ давиду давид, то ба манзилаш тӯи деҳ расид. Тӯи мазраъа каме гардиш кард ва Худоро шукр кард, ки хонаи орому соките дорад. Ӯ бо худаш гуфт:
– Ҳеҷ ҷое барои ман беҳтар аз ин ҷо нест! Чӣ фоидае дорад, ки давру барам пур аз ғизоҳои хушмаза бошад, аммо натавонам ҳатто як луқма аз онро бидуни дарди сар бихӯрам

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

26 Nov, 09:56


📹 #МОДАР -
Сари бесоҳиби маро, сару сарвар будӣ...😔
Шеъри Саид Ризо
Бо садои Ортиқ Қодир

      

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

26 Nov, 09:55


Шайхе ба тӯтии худ калимаи тайиба омӯхт.
Тӯтӣ шабу рӯз «Ло илоҳа иллаллоҳ» мегуфт.
Рӯзе тӯтӣ ба дасти гурба кӯшта шуд.
Шайх ба шиддат мегирист.
Ба ӯ гуфтанд, ки ҳарчанд тӯтии сухангу буд, аммо арзиши чунин гиряро надошт.
Шайх гуфт: Ман барои тӯтӣ не, балки барои он мегирям, ки вақте гурба ба ӯ ҳамла кард, он қадар фарёд зад, ки гуфтани «Ло илоҳа иллаллоҳ» - ро фаромӯш кард ва мурд. Зеро ӯ умре бо забон калима мехонд ва аз умқи дил онро наомӯхта буд.
Метарсам, ки ман ҳам монанди ин тӯтӣ тамоми умр бо забон калима бихонам, аммо дами марг онро гуфта натавонам

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

26 Nov, 09:53


❗️Як марде дар биёбон кору фаъолият мекард.
Биёбон беҳад тафсон буд ва ӯ вақте бегоҳ мешавад, корашро ба анҷом расонида, ба хонааш бармегардад.
Занаш ба пешвозаш мебарояд ва мебинад, ки шавҳараш бисёр хаставу лабонаш аз ташнагӣ хушк шудааст.
Мард ба тарафи ҳамсараш муроҷиат карда мегӯяд: "Бароям як коса об биёвар,то ташнагиамро шиканам !".

Зан дарҳол рафта як коса об гирифта оварда, ба дасти шавҳараш медиҳад ва мард мебинад, ки зарфи об хасчаҳо дорад, лекин чизе нагуфта оҳиста оҳиста ҳамон обро нӯшидан мегирад.
Ӯ обро бисёр боэҳтиётона менӯшид, ки мабодое ба ҳалқаш хасҳои болои об наравад.
Мард обро нӯшиду ба занаш гуфт: "Эй хонуми ман, ту дидӣ, ки лабҳоям хушк шудагию бисёр ташна будам, чаро оби пок наовардӣ, то ташнагиамро зудтар мешикастам, ҳарчанд бо ҳамон оби хасдор ҳам ташнагиамро шикастам, аммо дер ташнагиамро шикастам.

Зан гуфт: "Шавҳари азизам, медонед, ки Шуморо хеле ҳампаймонам ва зиёд дӯст медорам. Худо мефармояд, ки ҷаннати ҳар як зан ин шавҳараш аст ва ҳукми ӯ бар ҳамсараш воҷиб аст. Аммо, ман дар аҳодисҳои Расули Худо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам шунидам, ки инсон агар бисёр ташна монда яку якбора бо сурат обро бинӯшад, ҷигараш иллатӣ, яъне бемор мешавад, ба ҳамин хотир ман дидам, ки бисёр ташна мондаед ва ҳатто лабонатон хушк шудагӣ буд, нахостам бемор шавед, аз ҳамин лиҳоз ман дар болои об каме хаспораҳоро андохтам, то Шумо оҳиста оҳиста ва боэҳтиётона обро бинӯшед."
Шавҳари он зан аз чунин меҳрубонии ҳамсараш хеле шод гардида, ба тақдири некаш аз Худованд бори дигар шукргузорӣ намуд.

ДУО МЕКУНЕМ, КИ ЯЗДОНИ ПОК БА ҲАМА БАНДАГОНАШ ЧУНИН ҲАМСАРОНИ МЕҲРУБОНУ ПАРҲЕЗГОРРО НАСИБ ГАРДОНАД.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

20 Nov, 22:07


دلبران، دل میـبرند، اما تـو جانم میـبرے
ناز را افزوده ، با نازت توانم میـبرے

سوز دردِ عشق را با غمزه های ناز خود
تا ته قلب من و تا استخوانم میـبرے

میزنےچشمڪ نهانے، جانِ تـو! جان خودم!
با تڪان پلڪ خود تا بیڪرانم میبرے

تاڪه میخواهم بگویم راز خود را ناگهان
دستهاے مهربان را بر لبانم میبرے

میڪنے ساڪت مرا با بوسه هاے بی هوا
شعر را با بوسه از روے زبانم میـبرے

تو شبیه دلبران هستی ولي جور دگر
دلبران، دل میبرند، اما تو جانم میبری...

Дилбарон дил мебаранд аммо ту ҷонам мебарӣ,
Нозро афзуда, бо нозат тавонам мебарӣ.

Сӯзи дарди ишқро бо ғамзаҳои нози худ,
То таҳи қалби ману то устухонам мебари.

Мезани чашмак ниҳонӣ, ҷони ту! Ҷони худам!
Бо такони пилки худ то бекаронам мебарӣ.

Токи мехоҳам бигӯям рози худро ногаҳон,
Дастҳои меҳрубонро бар лабонам мебарӣ.

Мекуни сокит маро бо бӯсаҳои беҳаво,
Шеърро бо бӯса аз рӯи забонам мебарӣ.

Ту шабеҳи дилбарон ҳасти, вале ҷӯри дигар,
Дилбарон дил мебаранд, аммо ту ҷонам мебарӣ...

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

20 Nov, 22:07


من دلت را برده ام اما تو جانم برده ای
با نگاهی آتشین ، روح و روانم برده ای

بس که در باغ و چمن ها دلبری ها میکنی
گل به گل باغ و بهار و  ، بوستانم برده ای

درد بی درمان من بودی همیشه حال هم!
با سیاست ، بند بند استخوانم برده ای

میزبانت بوده ام در عشق ای آرام جان؛
خون دل خوردم بسی ، اما تو خوانم برده ای

بی قراری های من را بی تفاوت رد شدی
از توان انداختی من را ،  امانم برده ای

قطره قطره اشک از چشمم روان شد در پِیَت
ساحلی را از کران ، تا بیکرانم برده ای

تیر و مرداد و بهارِ عمرم از دوریِ تو؛
در نبودت شد خزان ، کل جهانم برده ای

با دو چشم مستت آشوبی به پا شد در دلم
با همین مستی همه نام و نشانم برده ای

آشنایت بودم و حالا شدم دردی غریب !
تلخ کامی شد نصیب ، قند دهانم برده ای 

آخر از هر چه بلا آمد سرم خندیدی و ؛
آنچه مانده قد خمیده در کمانم برده ای

#افسانه_احمدی_پونه

Ман дилатро бурдаам , аммо ту ҷонам бурдаӣ,
Бо нигоҳи оташин , рӯҳу равонам бурдаӣ.

Бас ки дар боғу чаманҳо дилбариҳо мекунӣ,
Гул ба гул, боғу баҳору бӯстонам бурдаӣ.

Дарди бедармони ман буди ҳамеша, ҳол ҳам,
Бо сиёсат банд банди устухонам бурдаӣ.

Мезбонат будаам , дар ишқ , эй ороми ҷон,
Хуни дил хӯрдам басе , аммо ту хонам бурдаӣ.

Беқарориҳои манро бетафовут рад шудӣ,
Аз тавон андохти манро, амонам бурдаӣ.

Қатра қатра ашк аз чашмам равон шуд дар паят,
Соҳилеро аз карон , то бекаронам бурдаӣ.

Тиру мардоду баҳори умрам аз дури ту,
Дар набудат шуд хазон, кулли ҷаҳонам бурдаӣ.

Бо ду чашми мастат ошӯбе ба по шуд, дар дилам,
Бо ҳамин масти ҳама ному нишонам бурдаӣ.

Ошноят будаму ҳоло шудам дарде, ғариб,
Талхкомӣ шуд насиб, қанди даҳонам бурдаӣ.

Охар аз ҳар чи бало омад сарам , хандидиву,
Ончи монда қадхамида, дар камонам бурдаӣ....

#Афсона_Аҳмади_Пуна

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

20 Nov, 22:04


СУРУДИ МОДАР

Тифли гирёнам, калон шав,
Дар ҷаҳон аз ман нишон шав,
Достон шав!
Достон шав!

Ганҷи шаҳворам ту бошӣ,
Бахти бедорам ту бошӣ,
Дар ҷаҳони номдорон
Номбардорам ту бошӣ.

Тифли гирёнам, калон шав,
Ҷойгири рафтагон шав!

Ахтари тобони модар,
Муҳраи паймони модар,
Ҳосили худкоҳии дил,
Давлату даврони модар –

Тифли гирёнам калон шав,
Вориси озодагон шав!

Кўдаки ширину лоло,
Кўдаки маъсуму зебо,
Дастовезам ту бошӣ
Баҳри фардо, баҳри дунё.

Тифли гирёнам, калон шав,
Ифтихори сад ҷаҳон шав,
Достон шав,
Достон шав!

Устод Лоиқ Шералӣ [1982]

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

15 Nov, 17:05


ЯК ОЯТИ САБЗ - 70

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

15 Nov, 17:05


"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСИ 210 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)

عجب داری از لطف پروردگار
که باشد گنهکاری اُمّیدوار؟
تورا می نگویم که عذرم پذیر
درِ توبه باز است و حق دستگیر
همی شرم دارم ز لُطفِ کریم
که خوانم گنه پیشِ عفوش عظیم
کسی را که پیری درآرد ز پای
چو دستش نگیری، نخیزد ز جای
من آنم ز پای اندرافتاده پیر
خدایا! به فضلِ خدت دست گیر!
***
Аҷаб дорӣ аз лутфи Парвардигор,
Ки бошад гунаҳкоре уммедвор?
Туро менагӯям, ки узрам пазир,
Дари тавба боз асту Ҳақ дастгир!
Ҳаме шарм дорам зи лутфи карим,
Ки хонам гунаҳ пеши афваш азим.
Касеро, ки пирӣ дарорад зи пой,
Чу дасташ нагирӣ, нахезад зи ҷой.
Ман онам зи пой андарафтода пир,
Худоё! Ба фазли Худам даст гир!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

15 Nov, 17:05


ЯК ҲИКОЯТ АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ"

Дар китоби “Сироҷ-ул-мулук” оварда, ки Нӯшервон аз мӯбади мӯбадон пурсид, ки заволи мамлакат дар чанд чиз аст? Гуфт: Дар се чиз: аввал, дар пӯшидани хабарҳо, дуввум, тарбияти мардуми фурӯмоя, сеюм, уммоли золим. Нӯшервон гуфт, ки: Ба чӣ далел мегӯӣ? Ҷавоб дод, ки:
Чун хабари вилояту раият аз султон инқитоъ ёбад ва аз дӯсту душман фориғу ғофил бошад, ҳар кас ҳарчи хоҳад, бикунад. Ва чун ӯ бехабар аст, анвоъи фитна аз ҳар гӯша сар барзанад ва мамлакат дар сари аҳли фитна равад.
Ва дигар, мардуми разилу дун чун тарбият ёбанд, аз дуноти ҳиммат бар ҷамъи мол ҳарис бошанду аз ҳар кас тамаъ кунанд ва қадри акобиру ашроф нашиносанду ҳурмати мардуми бузург фурӯ гузоранд ва дилҳои халоиқ ба сабаби ин ахлоқ ранҷида шавад. Ва аз ин ҷо гуфтаанд, ки: “Завол-уд-давлати бииртифоъ-ис-сифлати”, чун сифларо тараққӣ даст диҳад, давлат рӯй дар таназзул ниҳад. Байт:

Гар сифла ба ҷоҳ даст ёбад,
Бозори малик шикаст ёбад.
Дунон на сазои ҷоҳ бошанд,
Бал дархури банду чоҳ бошанд.

Дигар, чун уммол бар раият ситам кунанд, нийятҳои эшон ба подшоҳ бад шавад ва аз зироату иморат малулу мутанаффир гарданд ва мадохили султон кам гардаду алуфа ба лашкар кам расад. Чун алуфа наёбанд, сар аз хидмат битобанд ва агар душмане падид ояд, ёру мададгор андак бувад, бад-ин ҷиҳат мулк аз даст биравад. Байт:

Зулми омил ҷаҳон хароб кунад,
Дили мазлумро кабоб кунад.
Андар орад ба кори мулк шикаст,
Домани офият равад аз даст.

Нӯшервон мӯбадро сано гуфт ва фармуд, то ин калимотро ба зар навиштанд.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Nov, 18:04


"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСИ 209 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)

گر از درگهِ ما شود نیز رد
پس آنگه چه فرق از صنم تا صَمَد؟
دل اندر صمد باید، ای دوست، بست
که عاجِزترند از صنم هر که هست!
مُحال است اگر سر بر این در نِهی
که باز آیدت دستِ حاجت تِهی
خدایا مُقَصِّر به کار آمدیم!
تهی دست و اُمّیدوار آمدیم!

* * *
Гар аз даргаҳи Мо шавад низ рад,
Пас он гаҳ чӣ фарқ аз санам то Самад?
Дил андар Самад бояд, эй дӯст, баст,
Ки оҷизтаранд аз санам, ҳар ки ҳаст!
Муҳол аст, агар сар бар ин дар ниҳӣ,
Ки боз оядат дасти ҳоҷат тиҳӣ.
Худоё, муқассир ба кор омадем!
Тиҳидасту уммедвор омадем!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Nov, 18:04


ЯК ОЯТИ САБЗ - 69

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Nov, 02:40


НОМА БАРОИ ДӮСТОН!

Барф меборад ба фармони Худо,
Барфи нав аз мову барфӣ аз шумо.
Зарра-зарра барф меборад сапед,
Як зиёфат аз шумо дорем умед.
Хонаҳоро гарм созед аз алав,
Ҳам кабоб омодаву оши палав.
Гӯшткабобон пора карда хосагӣ,
Нони тафтону мавизи соягӣ.
Себу ангури дилафрӯзу анор,
Чойи қаймоқину нони қуббадор.
Гӯсфанди охурии думбадор,
Чор хурбузи калони нухтадор.
Раставу лавзу мураббову набот,
Пиставу бодому қанду қандалот.
Чормағзу тутмавизи соягӣ,
Баҳри мо тайёр кун аз ҷӯрагӣ.
Ҳофизи хушхону танбуру дутор,
Ною ғиҷҷак, ҷӯраҳои беғубор.
Гар бигиред ин ҷавони рафтаро,
Дасту пояш баставу рӯяш сиёҳ.
Гар нагиред ин ҷавони рафтаро,
Медиҳед базми калон аз баҳри мо.
Чил нафар аз ҷӯраҳо меҳмон шуда,
Наздатон мо меравем пазмон шуда.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

10 Nov, 18:26


Шумораи навбатии 90-уми "ОВОЗИ ТОҶИК" аз 9 ноябри соли 2024 барои мутолиа пешкаш мегардад.

Шакли PDF-ро таҳририят пешниҳод намудааст.

Аз тариқи веб-сайти интернетии рӯзнома ovozitojik.uz низ метавонед аз навгониҳо хабардор гардед.

〰️〰️〰️〰️〰️
Пайвастан ба шабака

👇👇👇
https://t.me/ovozi_tojik_1924

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

08 Nov, 17:39


#Диққат
#Тарқатинг

Зудлик билан шу хабарни барча группаларга тарқатинг!!!

Янги фирибгарлар чиқибди. Улар сизнинг номингизга банк приложенияси орқали КРЕДИТ олмоқда.

Банклардан кредит олиш жуда осон бўлиб қолибди.

Барча телеграм группаларга тарқатиб, ҳаммани огоҳлантиринглар.

@Mahalla_Raisi

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

08 Nov, 03:07


ЯК ОЯТИ САБЗ - 68

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

08 Nov, 03:07


ҲИКОЯТЕ ДИГАР:

Овардаанд, ки яке аз пайғамбарон, ки на мурсал буд ва хабарҳо дар ҷавоб бад-ӯ менамуданду нидоҳо аз ғайб мешунуд, шабе дар воқеа дид, ки чун бомдод бархезӣ, ба фалон саҳро гузар кун, нахустин чизе, ки пеш ояд, бихӯр ва дуввум чизе, ки пеш ояд, пинҳон кун ва саввумро нигоҳ дору чаҳорумро ноумед магардон ва панҷум чизе, ки дар назар ояд, аз ӯ бигурез. Чун бомдод шуд, бархост ва бад-он саҳро, ки маъмур буд, равон шуд. Аввал чизе, ки пеш омад, кӯҳи баланди бузурги сиёҳранг буд. Он пайғомбар мутаҳаййир шуд, ки инчунин луқмаро чӣ гуна тавон хӯрд. Аммо чун ҳукми Худованд аст, гуфт: Аз он чора надорам ва ба тарафи кӯҳ равон шуд, ки онро тановул намояд. Чун наздик расид, дид, ки кӯҳе бад-он азамат луқмаи хурд шуда буд, онро бардошту бихӯрд: ширинтар аз ангубин ва хушбӯйтар аз мушк буд. Шукри Худой ба ҷой оварду аз он ҷо пеш рафт, таште заррин дид, дар роҳ афканда, гуфт: Маро амр кардаанд, ки инро пинҳон кун, бас, дар замин ҳуфра биканд ва он таштро дар он ҳуфра ниҳоду хоки бисёр бар болои он рехту бигзашт. Ҳанӯз ду қадам нарафта буд, ки дид он ташт бар рӯи замин аст. Дигарбора биёмаду онро пинҳон кард. Ҳанӯз фориғ нашуда буд, ки он ташт ошкоро шуд. Навбати саввум дар ихфои он кӯшиду муболиға кард, боз зоҳир шуд. Пайғамбар бо худ гуфт: Маро гуфта буданд, ки пинҳон кун, ман кори худ кардаму ончи маро фармуда буданд, ба ҷой овардам. Аз он ҷо даргузашт, мурғе дид аз боз ҳаросон шуда мепарид, гуфт: Ё набийУллоҳ, маро нигоҳ дор, ки душман дар қафои ман аст. Пайғомбар ӯро дар гиребони худ пинҳон кард. Филҳол бози хашмолуди гурусначашм пурсид, гуфт: Ё набийУллоҳ, имрӯз ҳама рӯз дар талаби ҳамин сайд будаму сайди ман паноҳ ба ту овард ва ман бағоят гуруснаам, маро навмед магардон. Пайғомбар гуфт: Акнун чӣ кунам? Корд баркашиду қадре гӯшт аз рони худ бибуриду ба сӯи боз андохт. Боз он гӯштро бардошту мурғро бигзошт. Пайғомбар пеш рафт, мурдоре дид афтодаву ганда шуда, аз вай бигрехт. Аммо чун шаб даромад, пайғомбар муноҷот кард, ки: Илоҳо, ончи фармудӣ, ба ҷой овардам, ҳикмати онҳо маро маълум гардон! Нидо расид, ки: Он кӯҳи азим, ки дидӣ ва як луқма шуд, ки бихӯрдӣ, он хашм аст: аввал азим менамояд, чун фурӯ хӯранд, ширинтар аз ҳама шириниҳо бошад. Ва дуввум, он ташти заррин, ки ҳарчанд пинҳон мекардӣ, ошкор мешуд, хайр аст: ҳарчанд касе хоҳад, ки некиро махфӣ дорад, албатта зоҳир шавад. Сайюмро маънӣ он аст, ки ҳар ки паноҳ ба ту орад, дар паноҳ гирӣ ва ҳар ки туро амин кунад, хиёнат дар амонат раво надорӣ. Чаҳорум, он аст, ки чун касе аз ту хайре талабад, ҷаҳд кунӣ, то ҳоҷати ӯ раво шавад. Панҷум, он мурдори ганда, ки дидӣ, ғайбат бувад: зинҳор ки аз ғайбат бигурезӣ, ки ғайбат кирдорри некро ботил кунад. Назм:

Марон ғайбати ҳеч кас бар забон
Ки тоат зи ғайбат фитад дар зиён.
Ба ҳар ғайбате тоате кам шавад,
Зи ғайбатгарӣ кор дарҳам шавад.

Дар хабар омада, ки уқубати ғайбат аз уқубати зино сахттар аст. Ва Ҳақ, субҳонаҳу ва таъоло, дар Қур’он фармуда, ки бояд ки баъзе аз шумо баъзеро ғайбат накунанд. Оё дӯст дорад касе, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад ва ин ғояти таҳдид аст. Ва аз ин ҷо маълум мешавад, ки ғайбатгар монанди мурдорхор бошад ва ҳар ки роиҳаи инсоният дорад, аз мурдор бипарҳезаду аз мурдорхор бигрезад, чунончи гуфтаанд: Байт:

Аз ғайбати мардумон бипарҳез,
В-аз мардуми ғайбҷӯй бигрез.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

07 Nov, 04:02


❗️📖 Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

👇Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем:

👉 Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода натавонем.

👉 Коҳиши тавонои таҳлил ва тафаккури интиқодӣ. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба тақвияти маҳорати тафаккури интиқодӣ ва мантиқӣ кумак мекунанд. Бидуни китоб хондан ин маҳоратҳо заъиф мешаванд.

👉 Аз даст додани дониши ҷадид. Китобҳо манобеи ғании иттилоот ва донишанд. Бидуни мутолиа мумкин аст аз пешрафтҳо ва ёфтаҳои ҷадид дар ҳавзаҳои мухталиф бехабар бимонем.

👉 Коҳиши халлоқият. Китобҳо ба тавсеаи халлоқият ва таҳрики тахайюл кумак мекунанд. Бидуни хонадони онҳо халлоқият ва тавоноии фикр кардан ба ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид мумкин аст уфт кунад.

👉 Заъф дар ҳалли масъала. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба фард кумак мекунад то роҳкорҳои мутанаввеъе барои мушкилот пайдо кунад. Бидуни китоб хондан маҳоратҳои ҳалли масъала коҳиш меёбад.

👉 Коҳиши ҳамдилӣ. Китобҳо ба афрод ин имконро медиҳанд то аз нигоҳи дигарон ба дунё бингаранд ва эҳсосоти онҳоро дарк кунанд. Бидуни мутолиа ин ҳамдилӣ ва дарк мумкин аст коҳиш ёбад.

👉 Заъф дар маҳоратҳои навишторӣ. Нахондани китоб боиси коҳиши тавоноӣ дар навиштан мешавад, зеро мутолиа ба беҳбуди сабки навишторӣ ва баён кумак мекунад.

👉 Афзоиши ҳаяҷон (стрес). Мутолиаи китоб метавонад ба коҳиши ҳаяҷон ва изтироб кумак кунад. Агар китоб нахонем, мумкин аст равишҳои муассири муқобила бо ҳаяҷонро аз даст бидиҳем.

👉 Коҳиши диққат ва тамаркуз. Хондани китобҳо ниёз ба тамаркуз дорад ва боиси тақвияти ин тавоноӣ мешавад. Бидуни китоб хондан мумкин аст тавоноии тамаркуз ва таваҷҷӯҳ ба ҷузъиёт коҳиш ёбад.

👉 Кунд шудани ҳофиза. Мутолиаи муназзами китобҳо ба тақвияти ҳофиза кумак мекунад. Бидуни ин одат мумкин аст ҳофиза заифтар шавад.

👉 Маҳдуд шудани дунёи зеҳнӣ. Китобҳо ба шумо дидгоҳҳои мутанаввеъе аз ҷаҳон медиҳанд. Бидуни онҳо додгоҳҳо ва афкори мо маҳдудтар хоҳанд шуд.

👉 Коҳиши эътимод ба нафс. Афроде, ки иттилооти бештаре доранд, маъмулан дар баҳсҳо ва муколимот эътимод ба нафси бештаре доранд. Бмдуни китоб хондан мумкин аст дар муколимот эҳсоси заъф кунӣ.

👉 Заъф дар иртибототи иҷтимоӣ. Китобҳо мавзуъҳои ҷолибе барои баҳс дар муколимоти иҷтимоӣ фароҳам мекунанд. Бидуни мутолиа мумкин аст доира муколимот маҳдудтар шавад.

👉 Коҳиши ангеза барои ёдгирӣ. Мутолиаи китоб ба таври доимӣ ангеза ва алоқа барои ёдгириро афзоиш медиҳад. Бидуни он мумкин аст ин ангезаро аз даст бидиҳем.

👉 Аз даст додани илҳои ва ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид. Китобҳо метавонанд илҳомбахш бошанд ва ғояҳои ҷадид ба зеҳни ту биёранд. Бидуни онҳо мумкин аст дар фикр кардан дар идеяҳои наву халлоқона дучори мушкил шавем.

👉 Уфти таҳсилӣ ё ҳирфаӣ. Дар муҳитҳои таҳсилӣ ва корӣ мутолиаи доимӣ барои пешрафт зарурӣ аст. Бидуни он мумкин аст дар масири таҳсилӣ ё ҳирфаии худ пешрафти камтаре дошта бошем.

👉 Афзоши замони талафшуда. Афроде, ки мутолиа намекунанд, мумкин аст заони бештареро сарфи фаъолиятҳои беарзиш ё вақтгир кунанд. Хондани китобҳо як фаъолияти созанда аст, ки аз талаф шудани замон ҷилавгирӣ мекунад.

👉 Адами ошноӣ бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои дигар. Китобҳо ба шумо ин фурсатро медиҳанд, то бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои мухталиф ошно шавед. Бидуни мутолиа дидгоҳи мо мумкин аст маҳдудтар ва тангназаронатар шавад.

👉 Коҳиши қудрати тасмимгирӣ. Мутолиаи китобҳо ба беҳбуди маҳоратҳои тасмимгирӣ кумак мекунад. Агар мутолиа накунем, мумкин аст дар шароити буҳронӣ ва муҳим тасмимҳои нодуруст ва зиф бигирем.

👉 Эҳсосӣ пучӣ ва беҳадафӣ. Китобҳо метавонанд ба фард маъно ва самт диҳанд. Бидуни хондан мумкин аст эҳсосӣ беҳадафӣ ё адами рушди шахсӣ дошта бошем.

👆Ин паёмадҳое ҳастанд, ки бо адами мутолиа метавонанд дар зиндагии фард зоҳир шаванд ва бар кайфияти зиндагии шахсӣ, иҷтимоӣ ва ҳирфаӣ таъсир бигзоранд.

📃 Баргардон аз форсӣ ба сириллик.

Баргардонанда: Муҳаммадназар

📖 Китобхонро дар 📱 📱  📱 📱 пайгир бошед

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

07 Nov, 03:42


Номи китоб : МАНОҚИБИ ИМОМИ АЪЗАМ РҲ
Муаллиф : Имом Ибни Ҳаҷари Ҳайтами Макки
Тарҷумаи: ал - Хайроту - л - ҳисон фӣ маноқиби Имоми Аъзам Абӯҳанифата н Нӯъмон
Забон : Тоҷикӣ (кириллӣ)
Соли нашр : Хуҷанд - 2011

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

07 Nov, 03:42


Номи китоб : МАНОҚИБИ ИМОМИ АЪЗАМ РҲ
Муаллиф : Имом Ибни Ҳаҷари Ҳайтами Макки
Тарҷумаи: ал - Хайроту - л - ҳисон фӣ маноқиби Имоми Аъзам Абӯҳанифата н Нӯъмон
Забон : Тоҷикӣ (кириллӣ)
Соли нашр : Хуҷанд - 2011

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

07 Nov, 03:08


Дунё талабӣ, азми сафар бояд кард,
Уқбо талабӣ, оҳи саҳар бояд кард,
Дунё талабиву боз уқбо талабӣ,
Ин ноз ба ИЛМи пурсамар бояд кард!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Nov, 14:29


Як ояти сабз - 67

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Nov, 14:29


ЯК ҲИКОЯТ АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ"

дар кутуб мазкур аст, ки Ҳорунаррашид Шақиқи Балхиро гуфт: Маро панде деҳ. Гуфт: Эй амир, Худойро сароест, ки онро дӯзах гӯянд ва Худо туро дарбони он гардонидааст ва се чиз ба ту арзонӣ дошта, то бад-он се чиз халқро аз дӯзах боздорӣ: молу шамшер ва тозиёна. Бас, бояд ки ба мол мӯҳтоҷонро аз фоқа халос кунӣ, то ба воситаи зарурот мутаваҷҷеҳи шубуҳоту муҳаррамот нашаванд. Ва золимонро ба шамшер қатъ кунӣ, то мусалмонон аз шарри эшон эмин шаванд. Ва ба тозиёна фосиқонро адаб намоӣ, то аз фисқу фуҷур бозоянд. Агар чунин кардӣ, ҳам худ наҷот ёфтӣ ва ҳам халқро наҷот додӣ ва гар ба хилофи ин бошӣ, ту пеш аз ҳама ба дӯзах равиву дигарон аз пайи ту дароянд. Ҳорун бисёр бигирист ва дасти Шафиқро бибӯсид. Байт:

Насиҳат, к-он зи рӯи сидқ гӯянд,
Ба гӯши ҳар ки ояд, дарпазирад.
Чу ҷон дорад ҳадиси соҳиби дил,
Равон андар дилу ҷон ҷой гирад.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Nov, 14:29


"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСИ 206 ва 207 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)

خدایا، به ذاتِ خُداوَندِیَت
به اوصافِ بی مِثل و مانَندِیَت
به لَبَّیکِ حُجّاجِ بیتُ الْحَرامْ
به مدفونِ يَثْرِب عَلَيهِ السَّلامْ
به تکبیرِ مردانِ شمشیرزَن
که مردِ وَغارا شُمارَند زَن
به طاعاتِ پیرانِ آراسته
به صِدقِ جوانانِ نَوخاسته
که مارا در آن وَرطَۀ یک نَفَس
ز ننگِ دو گفتن به فریاد رس!
**************
Худоё! Ба зоти худовандият,
Ба авсофи бемислу монандият,
Ба “лаббайк”-и ҳуҷҷоҷи Байтулҳаром,
Ба мадфуни Ясриб алайҳиссалом,
Ба такбири мардони шамшерзан,
Ки марди вағоро шуморанд зан,
Ба тооти пирони ороста,
Ба сидқи ҷавонони навхоста ,
Ки моро дар он вартаи якнафас
Зи нанги ду гуфтан ба фарёд рас!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Nov, 12:59


Лаҳзае табассум!

САРТАРОШХОНА РОЙГОН

Боре ба сартарошхона гулфурӯше омад. Мӯӣ сарашро паст карду пулашро дароз кардагӣ буд, ки сартарош гуфт: «Бубахшед, аммо пулатонро гирифта наметавонам. Ин ҳафта ман ройгон кор мекунам». Гулфурӯш миннатдорӣ изҳор намуда рафт. Фардо субҳ сартарош ба кор омад, дар остонаи сартарошхонааш мактуби миннатдорӣ ва як даста гули садбарг дарёфт намуд.
Баъд нонвое ба сартарошхона омад. Чун мӯӣ сарашро гирифт, нонвой хост ҳаққи корашро диҳад, аммо сартарош гуфт: «Бубахшед, аммо пулатонро гирифта наметавонам. Ин ҳафта ман ройгон кор мекунам».
Нонвой миннатдорӣ изҳор намуда рафт. Фардо субҳ сартарош ба кор омад, дар остонаи сартарошхонааш мактуби миннатдорӣ ва як сабад пур аз самбӯса дарёфт намуд.
Фардо ба сартарошхона сенатор омад. Ӯ низ мӯӣ сарашро паст карду пулашро дароз кардагӣ буд, ки сартарош чун дирӯза гуфт: «Бубахшед, аммо пулатонро гирифта наметавонам. Ин ҳафта ман ройгон кор мекунам». Сенатор хурсанд рафт.
Субҳи дигар сартарош ба кор омад, дар назди дараш дувоздаҳ сенатор, даҳ депутат, понздаҳ мушовир, ҳокими шаҳр ва чанд нафар вазир, завҷаи ҳоким бо шаш писараш — ҳама барои ройгон паст кардани мӯӣ сарашон омада буданд.
(Баргирифта аз канали "Китобхон")
https://t.me/Kitobkhon_online

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

06 Nov, 11:58


https://t.me/Kitobkhon_online

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Nov, 18:54


ҲИКОЯТ

Искандар аз Арасту пурсид, ки мулозимати мулукро кадом тоифа мувофиқанду кадом гурӯҳ нолоиқ? Ҳаким фармуд, ки лоиқи хидмати салотин касест, ки амин бошад, на хоин, зеро ки амонат сабаби иззат асту хиёнат мӯҷиби мазаллату иҳонат. Бояд ки қонеъ бошад, на томеъ, ки қаноат ганҷест бекарон ва тамаъ ранҷест бепоён. Байт:

Марди қонеъ бузургвор бувад,
Томеъ албатта хору зор бувад.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Nov, 18:54


ҲИКОЯТ

Маъмуни халифа фармуда, ки: Ман мардуми аминро дӯст медорам, ҳарчанд сифла (паст, аз табақаи поён) бошанд ва бо касе, ки хоин бошад, душманӣ дорам, агарчи оливу бузург бувад. Зеро ки амонат аломати имон аст. Ва дар ҳадис омада, ки: “Имон надорад, ҳар ки амонат надорад. Ва Ҳақ, субҳонаҳу, хоинро аз муҳаббати худ бебаҳра сохта, ки:
“إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ خَوَّانٍ كَفُورٍ... –
...ИнналЛоҳа ло йуҳиббу кулла хаввонин кафур” (...Ҳамоно Худо дӯст надорад ҳар хиёнаткори носипосеро) [Ҳаҷ – 22, ояти 38].

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Nov, 16:48


Зиндагонӣ аз нигоҳе тозаву тар мешавад,
Он чӣ дилбар мешавад, аз меҳри дилбар мешавад.

Хонаи умеди ҳар ёбандае ҷӯяндагист,
Шеваи бархостан аз хостан сар мешавад.

Ошиқу маъшуқ аз рӯзи азал ҳамқисматанд,
Пеш аз Наврӯз рӯзу шаб баробар мешавад.

Як нафас хушбахт будан қиссаи садсолаҳост,
Қатра аз шӯру қиёми баҳр гавҳар мешавад.

Меваи сабри азизони Худо аз боғи кист?!
Пеши пои хоксорон хоки раҳ зар мешавад.

Озарахш, ин мисраъ аз санги мазоре ёфтам,
Дар сулуки озарахшӣ санг озар мешавад.

ОЗАРАХШ

https://t.me/Xirad

🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Nov, 15:31


Номи китоб : Қуръоннома
Пораи 30 (сиюми) Қуръони маҷид бо тарҷумаи манзуми форсӣ ва кириллӣ
Муаллиф : Умеди Маҷд
Зери назари : Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода
نام کتاب : قرآن نامه
جزء سی‌ام قرآن مجید با ترجمه منظوم فارسی و سیریلیک
موئلف : امید مجد
زیر نظر : حاج اسماعیل پیرمحمدزاده

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

02 Nov, 15:31


Номи китоб : Қуръоннома
Пораи 30 (сиюми) Қуръони маҷид бо тарҷумаи манзуми форсӣ ва кириллӣ
Муаллиф : Умеди Маҷд
Зери назари : Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода
نام کتاب : قرآن نامه
جزء سی‌ام قرآن مجید با ترجمه منظوم فارسی و سیریلیک
موئلف : امید مجد
زیر نظر : حاج اسماعیل پیرمحمدزاده

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

01 Nov, 19:27


Имрӯз ҷумъагузорони масҷиди ҷомеъи Ғелондеҳа пас аз адои намози ҷумъа ба руҳоният асосгузори канали "Суханҳои бузургон" шодравон Нурсултон ибни Фахриддин (Азимов) як хатми кабир ва ба равони бобояшон Ҳоҷи Бӯриқул ибни Азим як хатми дигари комил бахшиданд.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Oct, 16:09


Шумораи навбатии 87-уми "ОВОЗИ ТОҶИК" аз 30 октябри соли 2024 барои мутолиа пешкаш мегардад.

Шакли PDF-ро таҳририят пешниҳод намудааст.

Аз тариқи веб-сайти интернетии рӯзнома ovozitojik.uz низ метавонед аз навгониҳо хабардор гардед.

Телеграм | Фейсбук | Шабака | Барои муроҷиат

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Oct, 16:07


Шумораи навбатии 86-уми «ОВОЗИ ТОҶИК» аз 26 октябри соли 2024 барои мутолиа пешкаш мегардад.

Шакли PDF-ро таҳририят пешниҳод намудааст.

Аз тариқи веб-сайти интернетии рӯзнома ovozitojik.uz низ метавонед аз навгониҳо хабардор гардед.

〰️〰️〰️〰️〰️
Ба канал ҳамроҳ шавед:

👇👇👇
https://t.me/ovozi_tojik_1924

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Oct, 16:07


#эътироф

Дар шумораи 72-юми рӯзномаи “Овози Самарқанд” (11 сентябри соли 2024) ба муносибати 100-солагии таъсиси рӯзномаи “Овози тоҷик” мақолаи сармуҳаррири рӯзнома Шерпӯлод Вакилов таҳти унвони “САД СОЛИ ПУРШАРАФ” чоп гардид.

Шакли пурраи мақоларо метавонед тавассути линки зерин мутолиа кунед:
👇👇👇
http://ovozi.uz/60331/

Телеграм | Фейсбук | Шабака | Барои муроҷиат

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Oct, 16:05


Шумораи навбатии 85-уми "ОВОЗИ ТОҶИК" аз 23 октябри соли 2024 барои мутолиа пешкаш мегардад.

Шакли PDF-ро таҳририят пешниҳод намудааст.

Аз тариқи веб-сайти интернетии рӯзнома ovozitojik.uz низ метавонед аз навгониҳо хабардор гардед.

〰️〰️〰️〰️〰️
Телеграм | Фейсбук | Шабака | Барои муроҷиат

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Oct, 13:54


"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСИ 205 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)

گرت وحشت آمد ز تاریک جای
به هُش باش و با روشنایی در آی
شبِ گور خواهی مُنَوَّر چو روز
از اینجا چراغِ عَمَل برفُروز
تنِ کارکُن می بِلَرزَد ز تَب
مبادا که نَخلَش نیارد رُطَب
گروهی فراوان طَمَع ظَنّ برند
که گندُم نَیَفشانده خِرمَن برند
بر آن خورد، سعدی، که بیخی نشاند!
کسی بُرد خِرمَن که تخمی فِشاند!
***********
Гарат ваҳшат омад зи торик ҷой,
Баҳуш бошу бо ошноӣ дарой!
Шаби гӯр хоҳӣ мунаввар чу рӯз,
Аз ин ҷо чароғи амал барфурӯз!
Тани коркун мебиларзад зи таб,
Мабодо ки нахлаш наёрад рутаб?!
Гурӯҳе фаровонтамаъ зан(н) баранд,
Ки гандум наяфшонда хирман баранд.
Бар он хӯрд, Саъдӣ, ки тухме нишонд!
Касе бурд хирман, ки тухме фишонд!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

31 Oct, 13:54


ЯК ОЯТИ САБЗ - 66

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

29 Oct, 17:48


ЯК ОЯТИ САБЗ - 65

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

29 Oct, 17:48


"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСИ 203 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)

نکو نامرا کس نگیرد اسیر
بترس از خدا و مَترس از امیر!
چو خِدمَت پِسَندیده آرم به جای
نَیَندیشَم از دُشمَنِ تیره رای
اگر بَنده کوشِش کند بنده وار
عزیزش بدارد خداوندگار
و گر کُندرای است در بندگی
ز جانداری افتد به خربندگی
قَدَم پیش نِهْ کَز مَلَک بِگذری
که گر بازمانی ز دَدْ کَمتری!
* * *
Накӯномро кас нагирад асир,
Битарс аз Худову матарс аз амир.
Чу хидмат писандида орам ба ҷой,
Наяндешам аз душмани тирарой.
Агар банда кӯшиш кунад бандавор,
Азизаш бидорад Худовандгор.
Ва гар кундрояст дар бандагӣ,
Зи ҷондорӣ афтад ба харбандагӣ.
Қадам пеш неҳ, к-аз малак бигзарӣ,
Ки гар бозмонӣ, зи дад камтарӣ!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

29 Oct, 17:20


Матни комил: Аз саҳ. 3 то 13 (Муқаддима) ӯзбекӣ, боқӣ 600 сафҳа (14 - 612) тоҷикист, азизон!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

29 Oct, 16:54


ҲАМЗАБОНОНИ АЗИЗ, ҲАМВАТАНОНИ АРҶМАНД!

Мо бо мақсади таҳкими ҳамкории байни мухбирон ва муштариён, дастгирии эҷодкорон ва дӯстдорони соҳаи матбуот, инчунин, кӯмак дар ҳалли мушкилоти сокинони ҷумҳурӣ, тасмим гирифтем, ки дар канали рӯзнома рақами мобилӣ ва саҳифаи телеграмии мухбирони рӯзномаро дар вилоятҳо эълон кунем.

1. Зоҳир Ҳасанзода (дар вилояти Самарқанд)
+998915454145 (телеграм ва телефон)
2. Амрулло Авезов (дар вилояти Бухоро)
+998997036499 (телеграм ва телефон)
3. Мирасрор Аҳроров (дар вилояти Фарғона)
+998903542934 (телеграм) - +998994305501 (телефон)
4. Ӯзбекбой Раҳмонов (дар вилояти Навоӣ)
+998934328197 (телеграм ва телефон)
5. Шоҳида Даминова (дар вилояти Намангон)
+998934066299 (телеграм ва телефон)
6. Олим Панҷизода (дар вилояти Сурхондарё)
+998949476571 (телеграм ва телефон)
7. Шариф Халил (дар вилояти Қашқадарё)
+998917337343 (телеграм ва телефон)
8. Анорбой Назаров (дар вилояти Ҷиззах)
+998943402674 (телеграм ва телефон)

Шумо акнун метавонед аз рӯйи масъалаҳои гуногун, мушкилоте, ки дар деҳа ё минтақаи худ доред, ба мухбирони вилоятии мо муроҷиат кунед.

Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".

Телеграм | Фейсбук | Шабака | Барои муроҷиат

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

29 Oct, 15:05


Ин канали нави рӯзномаи мо дар телеграм аст:
👇👇👇
https://t.me/ovozi_tojik_1924

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

29 Oct, 14:59


МО АКНУН 500 НАФАР...

Салом ба аҳли фарҳанг...
Салом ба аҳли дида...
Салом ба ҳамзабону ҳамандешу ҳамватанон...
Салом ба ҳамаи муштариён, ки моро пайгирӣ мекунанд...


Инак, шумораи хонандагони канали рӯзномаи маҳбуб ва маъруфи “Овози тоҷик” аз 5️⃣0️⃣0️⃣ нафар афзуд.

Сипос, ба ҳамаи Шумо ҳамватан, ҳамзабон, хонандагони арҷманд, аҳли фарҳанг ва инсонҳои худшиносу худогоҳ, ки моро дар фазои маҷозӣ пайгирӣ мекунед, маводу матолибамонро мехонед!


Орзу дорем, ки шумораи хонандагон дар телеграм бамаротиб афзуда, ба 10 000 нафар мерасад. Албатта барои ин мо ба дастгирӣ ва тарғибу таблиғи Шумо ниёз дорем.

УМЕД ДОРЕМ, КИ ШУМО ЛИНКИ КАНАЛРО БА ГУРӮҲҲОИ ДӮСТОН, ПАЙВАНДОН ВА ҲАМЗАБОНОН МЕФИРИСТЕД ВА ДАР ФУРСАТИ НАЗДИК МО ЯКҶОЯ БА ИН МАҚСАДИ НЕК МЕРАСЕМ!

👉 Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи “Овози тоҷик”!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

29 Oct, 14:44


ТИРАМОҲ.
Шӯҳрати бисёр дорад тирамоҳ,
Номи лангардор дорад тирамоҳ.
Дасти боло рӯи хандон чашми
сер,
Домани пурбор дорад тирамоҳ.

Паҳн карда хонаи зебо дар замин,
Нозу неъматҳои дунё дар замин,
Мекунад моро ба даргоҳаш хабар,
Дорад он тӯю тамошо дар замин.

Хам шуда сӯи замин бо эҳтиром,
Медиҳад аз номи деҳқонон
салом.
Чун дарахти сершоху сербарг,
Чун арӯсу домоду некном.

Кӯҳсор аз шарқ чун деҳқони пир,
Мебарад тӯёнаҳои беназир,
Лаълии зарин ба сар бардошта,
Ҳар саҳар гӯяд,ки аз ман ҳадя
гир.
Мирзо Турсунзода.
htt.ps./t.me./jahoni tojikon

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

28 Oct, 18:24


ӮТКУР ҲОШИМОВ - нависандаи маҳбуби ӮЗБАКИСТОН

Одамизод ба чи сабаб дар
ҳавлияш гул мекорад? Магар
шалғам корад намешавад,
ки дар дегаш ҷӯшад?

Одамизод ба чи сабаб аз шунидани
чаҳ-чаҳи булбул хушҳол мешавад?
Ба шӯрбояш андохта пазад намешавад, магар,ки нафсашро қонеъ гардонад?

Одамизод аз чи сабаб вақти мутолаи китоб як қаҳрамони дӯстдоштааш вафот кунад, мегиряд?
Ӯ маҳсули дар хаёл бофтаи нависанда буданашро магар
намедонад?

Одамизод аз чи сабаб ба диёри бегона рафта моли беҳисоб ёбаду иттифоқо кулбае, ки бачагияш дар он гузашта буд, ба ёдаш ояд, шаб то саҳар мегиряд? Охир ӯ дар қасри шоҳона зиндагӣ дорад!

Одамизод аз чи сабаб дар сари фарзандаш алла мехонад? Кӯдак алла нашунавад, намехобад магар?

Одамизод аз чи сабаб ҳамроҳи наберааш қабри авлоди аз дунё гузаштаашро зиёрат мекунад?
Магар онҳо марҳумро мебинанд?..

Гап дар он аст, ки сарҳаде ҳаст, ки Одамизодро аз ҳайвон ҷудо мекунад. Ин сарҳад МАЪНАВИЯТ номида мешавад.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

27 Oct, 18:48


Сӯфӣ Аллоҳёр. Маслак-ул-муттақин. - Тошканд: Yangi nashr, 2017

Аз алифбои ниёгон баргардонанда:
ХайрУллоҳ Толибзода
Омодакунандагони нашр:
Ҷаъфар Муҳаммад,
Хайруллоҳ Толибзода
Муҳаррири масъул:
Ҷаъфар Муҳаммад
Муаллифи муқаддима:
Сайфиддин Сайфуллоҳ
Муаллифи шарҳу эзоҳҳо:
ҲамидУллоҳ Аминов
Тақриздиҳандагон:
Абдулазиз Мансур,
Шуҳрат Сироҷиддинов
Ба нашр иҷоза дода шуд:
17.05.2023
Нумраи фармоиш: 159

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

27 Oct, 17:04


https://t.me/Jafar_Muhammad_Termizi

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

27 Oct, 12:15


ای دل، بر ما مباش بی دلبر ما
یک دلبر ما به از دوصد دلبر ما
نه دل بر ما نه دلبرانند بر ما
یا دل بر ما فرست یا دلبر ما!
Эй дил, бари мо мабош бе Дилбари мо,
Як Дилбари мо беҳ аз дусад дилбари мо.
На дил бари м на дилбаронанд бари мо,
Ё дил бари мо фирист ё Дилбари мо!
فردای قیامت این بآن کی ماند؟
کاین کشتهٔ دشمن است و آن کشتهٔ دوست
دلدار دگر بدام خویشم فگند
وز لب نمکی بر دل ریشم فگند
Фардои қиёмат ин ба он кай монад?
К-ин киштаи душман асту он куштаи дӯст.
Дилдор дигар ба доми хешам фиганад,
В-аз лаб намаке бар дили решам фиганад.
Шайхулмашоих Абӯсаъиди Абулхайр
(318/930 – 400/1010)

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

27 Oct, 11:51


ОБУНА – 2025

«ДУРДОНАИ ШАРҚ» – ОИНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» нашрияи деринтизори мову шумост. Барои равнақи минбаъдаи он мадади моддию маънавии Шумо-азизон хеле зарур аст.

Барои соли 2025 мавсими обуна оғоз ёфт.

📢 Индекси обуна: 5591.

Аз тамоми шӯъбаҳои алоқаи ҷумҳурӣ ва худи таҳририят ҳам метавонед ба маҷалла обуна шуда, барои тарғиби адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон саҳм гузоред ва дурдонаи гаронбаҳоро дастрас шавед.

Нархи обуна барои як сол:
200 000 сӯм.

Мо бо Шумоем ҳамзабонон,
Шумо ҳам бо мо бошед!

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

27 Oct, 11:47


ای روی تو ماه عالم آرای همه
وصل تو شب و روز تمنّای همه
گر با دگران همچو منی، وای بَمَن
ور با همه کس همچو منی، وایِ همه

Эй рӯйи Ту, моҳи оламоройи ҳама,
Васли Ту шабу рӯз таманнойи ҳама.
Гар бо дигарон беҳ зи манӣ, вой бар ман!
В-ар бо ҳама кас ҳамчу манӣ, войи ҳама!
Шайх Абуисмоил Абдуллоҳи Ансорӣ
(396 – 481 // 1005/06 – 1088)

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

25 Oct, 06:57


📹 زیباترین غزل مولانا که تمام درس های زندگی را به انسان می آموزد →

t.me/GULISTONI_ADAB_BBQ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

23 Oct, 00:14


МО АКНУН 500 НАФАР...

Салом ба аҳли фарҳанг...
Салом ба аҳли дида...
Салом ба ҳамзабону ҳамандешу ҳамватанон...
Салом ба ҳамаи муштариён, ки моро пайгирӣ мекунанд...


Инак, шумораи хонандагони канали рӯзномаи маҳбуб ва маъруфи “Овози тоҷик” аз 5️⃣0️⃣0️⃣ нафар афзуд.

Сипос, ба ҳамаи Шумо ҳамватан, ҳамзабон, хонандагони арҷманд, аҳли фарҳанг ва инсонҳои худшиносу худогоҳ, ки моро дар фазои маҷозӣ пайгирӣ мекунед, маводу матолибамонро мехонед!


Орзу дорем, ки шумораи хонандагон дар телеграм бамаротиб афзуда, ба 10 000 нафар мерасад. Албатта барои ин мо ба дастгирӣ ва тарғибу таблиғи Шумо ниёз дорем.

УМЕД ДОРЕМ, КИ ШУМО ЛИНКИ КАНАЛРО БА ГУРӮҲҲОИ ДӮСТОН, ПАЙВАНДОН ВА ҲАМЗАБОНОН МЕФИРИСТЕД ВА ДАР ФУРСАТИ НАЗДИК МО ЯКҶОЯ БА ИН МАҚСАДИ НЕК МЕРАСЕМ!

👉 Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи “Овози тоҷик”!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

21 Oct, 01:58


Номи “БисмИллоҳ” бишнав, то шавӣ фармонраво,
Ҳаст бисмИллоҳ гуфтан дарди ҷонҳоро шифо.
Эй Худованде, ки аз лутфи Ту дорем ҳар нафас,
Додаи худро магир аз мо ба ҳаққи Мустафо.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

21 Oct, 01:54


Зи бисмИллоҳ бикшодам дари роз,
Санои зоти бечун кардам оғоз.
Зи бисмИллоҳ исме нест беҳтар,
Ниҳодам тоҷи бисмИллоҳ бар сар.
Зи бисмИллоҳ бархон исми аъзам,
Мазан бе зикри бисмИллоҳ як дам!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

21 Oct, 01:36


#diqqat

21-oktyabr — O‘zbek tiliga davlat tili maqomi berilgan kun.

"Qadring baland bo‘lsin, ona tilim!"
БАР КУЛЛИ МАРДУМИ ӮЗБЕКИСТОН МУБОРАК БОШАД !

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

20 Oct, 17:26


"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСИ 203 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)

به کین آوری با کسی بَرسِتیز
که از وی گزیرت بود یا گریز
کُنون کرد باید عمل را حساب
نه وقتی که منشور گردد کتاب
کسی گرچه بد کرد، یا بد نَکرد
که پیش از قیامت غمِ خود بخورد
گر آیینه از آه گردد سیاه
شود روشن آیینۀ دل به آه
بترس از گناهانِ خویش این نَفَس
که روزِ قیامت نَتَرسی ز کس!
* * *
Ба киноварӣ бо касе барситез,
Ки аз вай гузират бувад, ё гурез.
Кунун кард бояд амалро ҳисоб,
На вақте ки маншур гардад китоб.
Касе гарчи бад кард, ё бад накард,
Ки пеш аз қиёмат ғами худ бих(в)ард.
Гар оина аз оҳ гардад сиёҳ,
Шавад равшан оинаи дил ба оҳ.
Битарс аз гуноҳони хеш ин нафас,
Ки рӯзи қиёмат натарсӣ зи кас!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

20 Oct, 17:26


ОЯТИ САБЗ - 64

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

18 Oct, 10:09


🍃🍃🍃🍃🌸🍃🍃🍃🍃

Мебарад охир туро хоби абад, ҳушёр бош,
Омаду рафти нафасро ҷунбиши гавҳора дон!

🍃🍃🍃🍃🌸🍃🍃🍃🍃

БЕДИЛ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

18 Oct, 10:09


Рӯ ба даргоҳаш кай овардию гаштӣ ноумед?
Чун гадо коҳил бувад , тақсири соҳибхона чист??

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

18 Oct, 03:14


ОЯТИ САБЗ - 1

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

18 Oct, 03:14


"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСИ 202 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)
БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ ӮЗБЕКӢ

نخواهی که گردی چنین تیره روز
به دیوانگی خِرمَنِ خود مسوز!
گر از دست شد عمرت اندر بَدی
تو آنی که در خرمن آتش زدی
فضیحت بُوَد خوشه اَندوختن
پس از خرمنِ خویشتن سوختن
مَکُن، جانِ من، تخمِ دین ورز و داد
مَدِه خرمنِ نیکنامی به باد!
چو بَرگشته بختی درافتد به بند
از او نیک بختان بِگیرند پَند
تو پیش از عقوبت درِ عفو کوب
که سودی ندارد فِغان زیرِ چوب!
برار از گریبانِ غَفلت سرت
که فردا نماند خِجِل در بَرَت!
* *
Нахоҳӣ, ки бошӣ чунин тирарӯз,
Ба девонагӣ хирмани худ масӯз!
Гар аз даст шуд умрат андар бадӣ,
Ту онӣ, ки дар хирман оташ задӣ!
Фазеҳат бувад хӯша андӯхтан,
Пас аз хирмани хештан сӯхтан.
Макун, ҷони ман, тухми дин варзу дод,
Мадеҳ хирмани некномӣ ба бод!
Чу баргаштабахте дарафтад ба банд,
Аз ӯ некбахтон бигиранд панд.
Ту пеш аз уқубат дари афв кӯб,
Ки суде надорад фиғон зери чӯб!
Барор аз гиребони ғафлат сарат,
Ки фардо намонад хиҷил дар барат!

ҶУМУЪАИ ШАРИФ БАР ШУМО ВА АҲЛИ ШУМО МУБОРАК БОД!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

18 Oct, 03:14


ҲИКОЯТЕ ДИГАР:

Меҳри покон дар миёни ҷон нишон,
Дил мадеҳ, илло ба ҷамъи сархушон.
Нори хандон боғро хандон кунад,
Сӯҳбати мардон-т аз мардон кунад.
Санг агар хорову гар мармар бувад,
Чун ба соҳибдил расад, гавҳар шавад .

Мулуки Форсро қоида он будӣ, ки ҳаргиз сӯҳбати эшон аз ҳукамо ва фузало холӣ набудӣ ва ҳеч ҳукм бе рою машварати эшон накардандӣ. Ва аз ин ҷиҳат ки бинои салтанат бар адолату ростӣ ниҳода буданд, мамлакати эшон чаҳор ҳазор сол кашид.
Ва салтанати Санҷари Мозӣ, раҳимаҳУллоҳ ъалайҳи, Ҳаким Умари Хайёмро бар тахт нишондӣ ва хулафои Банӣ Аббос бо онки худ донишманд буданд, ҳама ҳаллу ақди кори эшон мубтанӣ бар каломи аҳли ҳикмату вараъ будӣ. Ва дар “Хилофатномаи Илоҳӣ” мазкур аст, ки: “Подшоҳ касеро тавон гуфт, ки соҳиби шавкат бувад ва ҳукми ӯ бар вафқи ҳикмат бошад. Бас, лозим аст худованди қудрати комиларо муттасиф шудан ба ҳикмати болиға ва инҳоро биёмӯзад ва бар он ваҷҳ ки омӯхта ба кор барад ва бар ин тақдир ӯро ба мусоҳибат ва мухолатати уламову фузало ва урафо майл бояд намуд ва аз ҷоҳилону ғофилон ва бадхӯён эҳтироз бояд кард. Байт:

Ҳамнишине, к-ӯ латифу комил аст,
Роҳати рӯҳ асту ороми дил аст.
В-онки нодониву ғафлат васфи ӯст,
Сӯҳбаташ монанди заҳри қотил аст.

Юнониёнро расм он буда, ки ҳокими эшон касе бошад, ки амалу ҳикмати ӯ аз ҳама уламову ҳукамо бештар бувад ва касе, ки манзури назар ва маҳкуми ҳукми марде алиму ҳаким бошад, то аз асари сӯҳбати ӯ анвори фазилат бар сафаҳоти ҳоли ӯ лоеҳ гардад. Ва дар сӯҳбат асарҳое азим аст.

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

14 Oct, 17:32


ОЯТИ САБЗ - 63

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

14 Oct, 17:32


"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСҲОИ 201 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)
БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ ӮЗБЕКӢ

بِرَو، خوشه چین باش سعدی صفت
که گِرد آوری خِرمنِ معرفت
الا ای مقیمانِ مِحرابِ اُنس
که فردا نشینید بر خوانِ قُدس
متابید روی از گدایانِ خَیل
که صاحِب مُرُوَّت نراند طُفَیل
کنون با خِرَد باید اَنْبازْ گشت
که فردا نماند رَهِ بازگشت
* * *
Бирав! Хӯшачин бош Саъдисифат,
Ки гирд оварӣ хирмани маърифат!
Ало, эй муқимони меҳроби унс,
Ки фардо нишинед бар хони қудс.
Матобед рӯй аз гадоёни хайл,
Ки соҳибмурувват наронад туфайл.
Кунун бо хирад бояд анбоз гашт,
Ки фардо намонад раҳи бозгашт!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Oct, 18:47


ҲИКОЯТЕ ДИГАР:

Овардаанд, ки рӯзе Абдуллоҳи Тоҳир бори ом дода буду арбоби ҳоҷот муродоти хеш арз мекарданд ва бо ҳусули мурод муроҷиат менамуданд. Шахсе даромад, ки: Эй амир, маро ҳам ба ту ҳаққи неъмат асту ҳам ҳаққи хидмат, таваққӯъ дорам, ки ҳарду ҳақро риоят кунӣ ва маро аз даргаҳи хумул ба дараҷаи қабул расонӣ. Абдуллоҳи Тоҳир гуфт: Ҳаққи неъмат кадом аст? Гуфт: Фалон рӯз дар Бағдод бо кавкабаи давлат бар дари хонаи ман гузар мекардӣ, ман дари хонаи худ об зада будам, то гарде бар домани ту нанишинад. Неъмат он об аст, ки барои ту рехта будаму ҳаққи он аз ту мехоҳам. Байт:

Касе, к-ӯ бар ту дорат ҳаққи обе,
Фаромӯшаш макун дар ҳеч бобе.

Абдуллоҳ пурсид, ки ҳаққи хидмат кадом аст? Гуфт: Дар он маҳал, ки савор мешудӣ, ман бидавидаму бозуи ту гирифтам, то савор шудӣ. Амир гуфт: Рост гуфтӣ, ҳарду ҳақ собит аст. Бас, ӯро тарбияти тамом кард. Назм:

Бузургоне, ки аҳли иқтидоранд,
Ҳама мискиннавозу ҳақгузоранд.
Зи ҷоми кибр беҳушӣ на некуст,
Зи ҳамроҳон фаромӯшӣ на некуст.
Ба сурат ношиносӣ носипосист,
Асоси макрамат бар ҳақшиносист.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Oct, 18:42


گر جان عاشق دم زند آتش در این عالم زند
وین عالم بی‌اصل را چون ذره‌ها برهم زند

بشکافد آن دم آسمان نی کون ماند
نی مکان
شوری درافتد درجهان،وین سور برماتم زند

#مولانا
#تصنیف_ماه_بانو

@mevlana_shams

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Oct, 18:28


ЯК ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки шахсе хонаи касе ба кироя гирифта буду рӯзе чанд он ҷо ба сар бурда. Ногоҳ аз он хона берун рафт ва аз он шаҳр сафар карда ба вилояте дигар афтод ва он ҷо ба мансаби вазорат расид. Ин фақир, ки хона ба кироя дода буд, бархосту рӯй ба хидмати ӯ ниҳод. Чун бад-он шаҳр расид, аз гарди роҳ рӯй ба боргоҳи вазир овард. Хост, ки ба боргоҳ дарояд, ҳоҷиб истода буд, пурсид, ки чӣ касӣ ва ба чӣ ҷуръат бад-ин боргоҳ дармеойӣ? Гуфт: Ошонои вазираму маро ошноӣ бад-ин густохӣ медорад. Ҳоҷиб пурсид, ки чӣ навъ ошноӣ дорӣ? Гуфт: Вақте хона бад-ӯ ба кироя дода будам, ҳоло омадаам, то назаре дар кори ман кунаду маро аз ҳазизи мазаллат бардошта ба зирваи иззату ҳурмат барорад. Ҳоҷиб бихандиду гуфт: Эй бечора, ту марди нодон будаӣ, ин саҳл василаест, ки: “Хона ба кироя дода будам”, инро ҳаққе тасаввур кардаӣ ва омадаӣ, ки ҳақгузории инро риояте ёбӣ. Бирав, сари хеш гиру муҳимме дигар дар пеш! Қазоро вазир дар паси парда ин гуфтушунидро истимоъ намуд, ҳоҷибро талабида гуфт: Бо кӣ сухан мегуфтӣ? Ҳоҷиб табассумкунон аз рӯи тааҷҷуб гуфт: Марде омада, ки ман ошнои вазираму вақте хона ба кироя дода будам, ман ӯро маломат мекардам, ки ин сухан магӯю ба чунин саҳл васила тақарруб маҷӯй ва таваққӯъи илтифоту инъом мадор. Вазир гуфт: Ғалат кардӣ бар ӯ. Ва ӯро ба талаб талаб карданд. Вазир ӯро таъзими бисёр карду дилнавозии бешумор ба ҷой овард ва аҳволи аёлу атфоли ӯ пурсида барои ҳар як туҳфаву табарруке бузургона тартиб дод ва ӯро дӯстком ва бо муроди тамом ба манзилу мақоми худ бозгардонид. Назм:

Нур деҳ аз меҳру вафо синаро,
Саҳл мадон сӯҳбати деринаро.
Рӯй магардон зи рафиқони хеш,
Ёд кун аз хидмати ёрони пеш.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

13 Oct, 18:28


ОЯТИ САБЗ - 62

2,059

subscribers

3,047

photos

864

videos