Умари Хайём @omarkhayam_tj Channel on Telegram

Умари Хайём

@omarkhayam_tj


Ман ҳисобам, зи ҳама мардуми ин шаҳр ҷудост,
Ман умедам ба Худо баъди Худо ҳам ба Худост.
------------------------

Ҳикояҳо📗
Шеъру рубоиҳо.📚
Панду ҳикмат.📖📃
Суханони бузургон.💬💡
Хуш омадед!!!👋

vk.com/omarkhayam_tj

Админ: @adam_769

Умари Хайём (Tajik)

Умари Хайём is a Telegram channel dedicated to sharing inspiring quotes and wisdom from the famous Persian poet and philosopher Omar Khayyam. The channel, with the username @omarkhayam_tj, aims to bring together the people of this city through the timeless words of Khayyam. Whether you're looking for thought-provoking stories, beautiful poetry, or profound wisdom, this channel has it all. Join us for a daily dose of inspiration and enlightenment. Welcome to Умари Хайём!!!

Умари Хайём

27 Jan, 05:12


Турку тозӣ ҳар куҷо даъвои Сино мекунад
То ба боми шӯҳрати ӯ нардбон пайдо кунад,
Лек Сино нардбонашро ба бомаш бурдааст,
Турку тозӣ бар ҳадар ин турктозиҳо кунад.

Аз азал доруи тоҷик решаи хор асту лек
Бӯйи Сино мекунад ин халқ аз даври қадим,
Метавонӣ аз забони пиру кампираш шунид:
Дасти ман не, дасти ман не, дасти Луқмони ҳаким.

Буалиро дӯш ин миллат ба даҳр овардааст,
Чун набудаш ғайри дарди бедаво нақди дигар.
Интизори нӯшдорӯ буд Сӯҳробаш ҳанӯз
Дар сари дасти падар хуншор аз дасти падар.

Рум агар аз шохи Искандар фаромӯш кард зуд,
Дар Хуросон захми теғи шохдораш монда буд.
Гар Кутайба аз Хуросон бозпас баргашту рафт,
Дар Хуросон решҳои зулфиқораш монда буд.

Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст,
Он, ки месӯзад, вале аз тудаи хокистараш
Мекунад парвоз чун паррандаи оташпараст.

Соате Маҳмуди саҳроӣ ба султонӣ расид,
Дасти Сино то ба набзи Нӯҳи Сомонӣ расид,
Зери дасташ, балки набзи Нӯҳи Сомонӣ набуд,
Номураттаб набзи асри хештанро мешумурд.

Асри турку асри тозӣ буд асри Бӯалӣ,
Асри шуми турктозӣ буд асри Бӯалӣ.
Дар таги гарди саворон аз ватан овора гашт
Оқибат аз зиндагӣ дар гӯшаи зиндон гузашт...

Соате Чингиз девори Бухороро шикаст
Дар миёнаш тир, теғи тези хунрезаш ба даст,
Халқи тоҷик теғи дармонбахши Синоро гирифт,
Теғи дармонбахши Сино рӯи дунёро гирифт.

#БозорСобир

Умари Хайём

08 Jan, 13:22


Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад,
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарҳа–шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ман ба ҳар ҷамъийяте нолон шудам,
Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.
Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гӯшро он нур нест.
Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест,
Лек касро диди ҷон дастур нест.
Оташ аст ин бонги нойу нест бод,
Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод!
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.
Най ҳарифи ҳар кӣ аз ёре бурид,
Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.
Ҳамчу най заҳреву тарёқе кӣ дид?
Ҳамчу най дамсозу муштоқе кӣ дид?
Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.
Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест.
Дар ғами мо рӯзҳо бегоҳ шуд,
Рӯзҳо бо сӯзҳо ҳамроҳ шуд.
Рӯзҳо гар рафт, гӯ: «Рав бок нест,
Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест».
Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.
Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеч хом,
Пас сухан кӯтоҳ бояд, вассалом!
Банд бугсил, бош озод, эй писар!
Чанд бошӣ банди симу банди зар?
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад, қисмати якрӯзае?
Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.
Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,
ӯ зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.
Шод бош, эй ишқи хушсавдои мо!
Эй табиби ҷумла иллатҳои мо!
Эй давои нахвату номуси мо!
Эй ту Афлотуну Ҷолинуси мо!
Ҷисми хок аз ишқ бар афлок шуд,
Кӯҳ дар рақс омаду чолок шуд.
Ишқ ҷони Тур омад, ошиқо!
Тур масту «харра Мӯсо соиқо».
Бо лаби дамсози худ гар ҷуфтаме,
Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме.
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.
Чунки гул рафту гулистон даргузашт,
Нашнавӣ з-он пас зи булбул саргузашт.
Ҷумла маъшуқ асту ошиқ пардае,
Зинда маъшуқ асту ошиқ мурдае.
Чун набошад ишқро парвои ӯ,
ӯ чу мурғе монд бепар, вои ӯ.
Ман чӣ гуна ҳуш дорам пешу пас,
Чун набошад нури ёрам пешу пас? ;
Ишқ хоҳад, к-ин сухан берун бувад,
Ойина ғаммоз набвад, чун бувад?
Ойина-т донӣ чаро ғаммоз нест?
З-он ки зангор аз рухаш мумтоз нест.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

Умари Хайём

23 Dec, 12:48


Ранҷи гул булбул кашиду,
Барги гулро бод бурд.
Меҳната Модар кашиду,
Роҳата Домод бурд.😉

Умари Хайём

17 Oct, 10:12


Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ обод кунед.

Умари Хайём

17 Sep, 10:17


Бишуд ковок аз ҷабри ғарибӣ устухонам,
Халад захми ғарибӣ ҳар замон бар ҷисму ҷонам.
Нахоҳад ҳеҷ ақли солиме тарки ватан кардан,
Ба сурат шакли одам лек дар сират чу ҳайвонам.
Агар чи дар диёру кишвари бегона озодам,
Вале аз ҳиссиёти қалб гуё ки ба зиндонам.
Чи хуш дорам дар ин мулки ғарибӣ зиндагонӣ,
Валекин мурдае андар қатори зиндагонам.
Зи ҳарфи хешу пайванду ватан дил реш мегардад,
Чи сон тақдир созам ман дар ин шабҳои ҳиҷронам.

Умари Хайём

17 Sep, 10:16


Ҷолиб аст, ки инсонҳо ду чашм доранд, вале бо як чашм ба дигарон менигаранд. Ва ҷолибтар ин ки инсонҳо як чеҳра доранд, аммо дуруягӣ мекунанд.

Ханда меояд маро во ҳасрати инсонҳо,
Чун кори бадро худ кунанд лаънат зананд шайтонро.

Умари Хайём

11 Sep, 01:41


Ассалому алайкум! Ҳаммаба як ёрдаматон маслиҳататон даркор шуд, ман як фабрикаи ширини кишодам бо хоҳиши парвардигор, мехостамки ба ӯ ном монам ба забон тоҷики, номи ҷарангдор гуфтонаш равон бошад тарихи бошад ҳам майлаш, агар админамо аз гуруҳ маслиҳат гифта тиян хурсанд мушудем🖌🙏

Марҳамат касе ягон пешниҳод дошта бошад дар шарҳ нависад.

Умари Хайём

18 Aug, 15:51


Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме!
Реги Омую дуруштиҳои ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме!
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме!
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме!
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме!
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ-андар зиён ояд ҳаме.

Умари Хайём

09 Aug, 09:19


Донӣ, ки Худо чаро туро дода ду даст?
Ман мутақидам, ки андар он сирре ҳаст.
Як даст ба кори хештан пардозӣ,
Бо дасти дигар зи дигарон гирӣ даст.
..

Умари Хайём ♻️

Умари Хайём

28 Jul, 00:19


Битарс, эй банда аз қаҳри Илоҳӣ,
Ки тарсон аст, аз вай мурғу моҳӣ.
Ба хотир ор ҳар дам рӯзи мурдан,
Чӣ бошад ҳол вақти ҷон супурдан.
Надорӣ тоб бар як захми сӯзан,
Чӣ гуна тоб меорӣ ба гулхан.
Ба ҳар банда ваъиди Ҳақ назир аст,
Ки Эзид дергиру сахтгир аст...

#

Умари Хайём

22 Jul, 01:42


Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад,
Як бад накунад, ки бар сараш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳи бади ман,
Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.
Умари Хайём♻️

Умари Хайём

14 Jul, 14:23


Бехабар аз ҳамдигар осуда хобидан чӣ суд?
Бар мазори мурдагони хеш
нолидан чӣ суд?
Зиндаро то зинда аст, бояд
ба фарёдаш расид!
Вар-на бар санги мазораш об пошидан чӣ суд?
Гар нарафтӣ сӯи ӯ ту дар замони буданаш,
Хонаи соҳибазо то субҳ хобидан чӣ суд?!
Зиндаро то зиндааст, эй дӯст
қадрашро бидон!
Вар-на аз рӯи мазораш дастагул чидан чӣ суд!?

Умари Хайём

13 Jul, 12:00


То чанд асири рангу бў хоҳӣ шуд,
Чанд аз пайи ҳар зишту накў хоҳӣ шуд.
Гар чашмаи Зам-замӣ в-агар оби ҳаёт,
Охир ба дили хок фурў хоҳӣ шуд...

#рубоӣ
#Умари_Хайём

Умари Хайём

09 Jul, 07:23


"Бани одам аъзои якдигаранд",
Ки акнун паи қатли якдигаранд.

"Чу узве ба дард оварад рӯзгор",
Дигар узвҳоро ба он як чӣ кор?

Чунин гуфт Саъдиву гӯям ба он,
Куҷоӣ, ту Саъдӣ? Иваз шуд замон.

Бани одами имрӯза дев асту шарр,
Яке гургу он барра бошад дигар.

Ҳама беғам аз меҳнати дигарон,
Ба пеш коса хуну қошуқ дар он.

Ҷидол асту ҷангу бародаркушӣ,
Дигар монда Саъдӣ куҷо сархушӣ?

"Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ".

Ту гул гуфтаӣ Саъдии хушсухан,
Чӣ гӯям, ки ногуфта сӯзад даҳан.

Ту дар аҳди хеш чунин гуфтаӣ,
Худоят бибахшад кунун хуфтаӣ.

Ту нестӣ, ки бибинӣ дар қарни мо,
Бани одам ин ҷо чӣ кардаст чиҳо...
           
#Лоиқ_Шералӣ

Умари Хайём

07 Jul, 06:38


🥺 Мерасад рӯзе, ки беҳам мешавем,
Як ба як аз ҷамъи ҳам кам мешавем.
Мерасад рӯзе, ки мо дар  хотирот,
Мавҷуби хандидану ғам мешавем.
Гоҳ гоҳе ёди мо кун, эй  рафиқ,
Мерасад рӯзе, ки беҳам мешавем 😭...

Умари Хайём

06 Jul, 03:11


Эзид чу нахост, он чӣ ман хостаам,
Кай гардад рост, он чӣ ман хостаам.
Гар ҷумла савоб аст, ки ӯ хостааст,
Пас ҷумла хатост, он чӣ ман хостаам.


#рубоӣ

Умари Хайём

02 Jul, 01:19


Чун булбули маст, роҳ дар бустон ёфт,
Рӯйи гулу ҷоми бодаро хандон ёфт.
Омад ба забони ҳол дар гӯшам гуфт:
"Дарёб, ки умри рафтаро натвон ёфт"
             Умари Хайём

Умари Хайём

28 Jun, 07:21


Якеро дӯст гуфтам, душманӣ кард,
Якеро хуб гуфтам, ман-манӣ кард,
Якеро оқилаш хондам чу инсон,
Дареғо мисли ҳайвон золимӣ кард.
Якеро фикр кардам дил сафед аст,
Дарахти сояафкан ҳамчу бед аст,
Надониста бигуфтам дусти ҷонӣ,
Дареғо, ки ба некиҳо бадӣ кард.
Якеро хондамаш ростгуй, росткор,
Бароям аз ҳама дусти вафодор,
Нафаҳмидам, ки будаст ӯ ҷафокр,
Чу рубоҳ ҳиллагар дуруягӣ кард.

Умари Хайём

22 Jun, 01:30


Одами бе дарду ғам дар зиндагӣ кам будааст,
Лек ҳар дарду ғамеро боз марҳам будааст.
Беҳтарин дорую дармоне,ки ман дарёфтам,
Бар ҳама ин дарду ғам,Аллоҳ ҳамдам будааст.


Умари Хайём ♻️

Умари Хайём

16 Jun, 01:59


ИДИ САИДИ ҚУРБОН МУБОРАК!

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати яке аз маҳбубтарин идҳои исломӣ – Иди саиди Қурбон табрику муборакбод менамоем

Дар ин рӯзи саид ба мардуми сарбаланди тоҷик ва ҳамчунин ба кулли мусулмонони рӯйи олам тани сиҳат, хонаи обод, файзу баракат ва дили шодро таманно дорем!

🤩 FUTBOLI JAHON - Обуна шавед!

Умари Хайём

09 Jun, 12:41


Рӯзи маргам ҳоҷате бар гиряи бисёр нест,
Баъди дафнам доду вою нолаҳо даркор нест.
Гар надоштам қиммате дар зиндагиям пеши ту,
Во дареғо баъди маргам хайри ту даркор нест...

#иқтибоси_рӯз

Умари Хайём

07 Jun, 01:01


Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст,
Вар-на ин нону намак дар ҳама ҷо бисёр аст.
Умр агар хуш гузарад, зиндагии ХИЗР(а) кам аст.
Вар-на нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст...

Умари Хайём

01 Jun, 02:19


Ҳар ки омад ба ҷаҳон, аҳли фано хоҳад буд,
Он ки пояндаву боқист, Худо хоҳад буд...