Помидор фишори хунро муътадил мекунад?
Феълан помидори тару тоза дар бозор зиёд аст. Шумо метавонед аз помидор шарбат (сок) омода карда, нӯши ҷон кунед. Зеро он ҳам ба саломатӣ фоида дорад, ҳам ташнагишикан аст. Чанд манфиати шарбати помидор:
1. Иммунитетро баланд мебардорад ва авитаминозро пешгирӣ мекунад.
2. Сатҳи муқаррарии қанди хунро нигоҳ медорад.
3. Токсинҳо ва моеъи зиёдатиро аз бадан хориҷ мекунад.
4. Ҳозимаро беҳтар мекунад.
5. Фишори хунро муътадил мегардонад.
6. Пайдоиши лахтаҳои хунро пешгирӣ мекунад.
7. Муқовимат ба стрессро зиёд мекунад.
8. Ба талафи вазн мусоидат мекунад.
9. Самаранокиро зиёд мекунад.
10. Хавфи пайдоиши варамҳоро коҳиш медиҳад.