ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱 @xirad Channel on Telegram

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

@xirad


ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК (Tajik)

Дар канали "ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК" шумо метавонед аз забону адабиёти фарҳанги тоҷик говаҳона кунед. Ин канал барои ҷамъоварии омӯхтавони забону адабиёти тоҷик ва дар навоъи он фарзандони худро ба забону забону фарҳанги миллӣ омӯхтаст маҷлис кардааст. Муаллифону шоирони забону тоҷикистону наҳзатҳои адабиёти мавҷуд дар ин канал дастгирӣ дода мешаванд. Забону адабиёти тоҷик арзишҳо ва арзонӣ барои амузиши забону омӯзиш ва илми фарзандону шаби ба забону фарҳанги худ анҷом медиҳад. Елтераф кардани шоирони нави ҳудудии мавҷуд дар фасли офтоби забоншеносӣ метавони барои фарзандон дар тарбияи забону адабиёти тоҷик муайян карда шавад. "ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК" канал барои фарзандон ва волидон, ки дорои муайян кардани макони забону адабиёти тоҷик ба фарзандони худро доранд, сарнод мекунад. Агар шумо мехоҳед ки фарзандони худ ба ҷони забону адабиёти миллии худ танишида шаванд, канал "ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК" барои шумо махсус аст.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

08 Feb, 19:59


Мақбараи Алишер Навоӣ дар шаҳри Ҳирот, Афғонистон, соли 1976.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

08 Feb, 19:58


Соли 1469 аввал муҳрдори давлат таъйин гардид ва баъдтар (1472) вазифаи вазир ва унвони амирро соҳиб шуд. Вале кашмакашу низоъ ва хабаркашиву ҳасадбарии аҳли дарбор Навоиро ба танг оварданд. Ӯ соли 1476 аз хидмати давлатӣ даст кашид ва соли 1477 Ҷомиро пир баргузида, вориди фирқаи Нақшбандия гардид. Вале соли 1479 ӯро маҷбуран ҳокими Ҳирот таъйин карданд. Навоӣ бо тарзи давлатдории Ҳусайни Бойқаро, ки аксар вақти худро ба айшу нуш сарф мекард, розӣ набуд ва пеши онро гирифтани мешуд. Аз ин рӯ, султон бо мақсади аз пойтахт дур кардан ӯро зимистони соли 1487 ҳокими яке аз вилоятҳои дурдаст – Астаробод таъйин кард. Навоӣ соли 1489 ба Ҳирот баргашта ва робитаашро аз дарбор канда, то охири умр ба таълифу тасниф машҳур шуд. Навоӣ самараи фаъолияти сиёсӣ, илмӣ ва адабии худро сарфи ободонин мамлакат, сохтмони биноҳои хайрия ва осоишу пешрафти мардум сарф карда буд. 

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

08 Feb, 19:58


Навоӣ соли 1464 ба Ҳирот баргашта аз Ҷомӣ илми қофияро таълим гирифт. Аммо зиндагии Навоӣ дар Ҳирот дер напоид, Ҳокими нави Хуросон Абу Саид (1454 – 1469) ӯро аз мухолифони худ дониста, молу мулкашро мусодира карда соли 1466 ба Самарқанд бадарға намуд. Навоӣ дар Самарқанд бо олимону адибон ва намояндагони аҳли санъати онҷо шиносоӣ пайдо кард. Ҳокими Самарқанд, ки бо тахаллуси «Вафоӣ» шеър мегуфт, Hавоиро дастгирӣ намуд. Навоӣ дар ин шаҳр омухтани назарияи адабиётро ҷиддан давом дода, илми фиқҳро аз Фазлуллоҳ Абулайс таълим гирифт. Ӯ бо Амир Шайхами Суҳайлӣ вомехурад хар ду дӯстони ҷонӣ шуданд. Дар Самарқанд Навоӣ аз ҷиҳати моддӣ тангӣ кашида бошад ҳам, аз ҷиҳати дониш ва касби шоирӣ хеле камол ёфт. Соли 1479 дар Ҳирот Ҳусайни Бойқаро ба сари ҳокимият омад ва Навоиро ба дарбор даъват кард. Навоӣ таҳсилашро дар Самарқанд қатъ намуда, ба Ҳирот баргашт ва ба муносибати иди рамазон дар мадҳи Ҳусайни Бойқаро бо радифи «ҳилол» қасидае навишта, аз мукаррабони султон гардид.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

08 Feb, 19:55


Баъди вафоти Шоҳрух (солҳои ҳукмрониаш 1409—1447) байни авлодони Темур  (солҳои ҳукмрониаш 1370—1405) барои тоҷу тахт муборизаи тезу тунде cap шуд ва падари Навоӣ аз ин низоъҳо ба танг омада, маҷбуран бо оилаи худ ба тарафи Ироқ, фирор кард ва муддате дар шаҳрҳои Тафт ва Шероз зиста соли 1452 боз ба Ҳирот баргашт ва бо фармони Бобур ҳокими Сабзавор таъйин шуд. Дар тӯли ин муҳоҷират Навоӣ таҳсили илмро давом дода, дар баробари улуми расмӣ аз Хоҷа Юсуфи Бурбон илми мусиқиро омӯхт. Дар синни 12-солагӣ аз падар маҳрум гашт. Ӯро Бобур ба тарбияи худ гирифта, с. 1457 ба Машҳад бурд. Навоӣ дар Машҳад низ ҳамроҳи Ҳусайни Бойқаро дониши худро дар соҳаи фалсафа, мантиқ, риёзиёт ва адабиёт такмил дода, бо шоирони номӣ Сайд Ҳасани Ардашер, Камоли Турбати вохӯрд. Фаъолияти эҷодии Навоӣ дар синни 10 то 12 – солагиаш оғоз ёфтааст. Дар 15 – солагӣ ӯро чун шоири зуллисонайн шинохтанд (чунки ӯ дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо тахаллуси "Фонӣ" шеъру асарҳо эҷод кардааст).

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

08 Feb, 19:54


Падари Навоӣ Ғиёсуддин аз амалдорони дарбори Абулқосим Бобур (солҳои ҳукмрониаш 1449—1457) буд. Ӯ ба адабиёт шавқи зиёд дошт ва бо аҳли завқ сӯҳбатҳо меорост. Модараш аслан аз Кобул буда, дар хонадони Тимуриён дояи кӯдакони онҳо будааст. Навоиро дар чорсолагӣ ба макта6 ниҳоданд. Вай бо ҳокими ояндаи Хуросон Ҳусайни Бойқаро (солҳои ҳукмрониаш 1470—1506) дар як ҷо тарбия гирифтааст. Дар мактаб ба Навоӣ мувофиқи анъанаи он замон, бар замми хату савод ва заруриёти динӣ, аз асарҳои Бӯстон ва "Гулистон"-и Саъдӣ, инчунин Мантиқ-ут-тайри Атторро низ таълим додаанд. Аз гуфтаи худи Навоӣ бармеояд, ки таҳсили расмии ӯ бо забони туркӣ ва арабӣ гузаштааст. Аммо таҳсили Навоӣ дар Ҳирот дер давом накард.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

08 Feb, 19:53


Алишер Навоӣ 9-уми феврали соли 1441 дар Ҳирот таваллуд шудааст - 3-юми январи соли 1501 дар Ҳирот вафот кардааст. Шоир, мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии турку ӯзбек, ходими давлатӣ буд. Ӯ дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо тахаллуси "Фонӣ" шеъру асарҳо эҷод кардааст.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

08 Feb, 14:18


Дар санаи 8-уми феврал бахшида ба муносибати 584-умин солгарди мутафаккири бузурги адабиёти ӯзбек дар мавзӯи "Навоӣ (Фонӣ) - шоири зуллисонайн" бо иштироки хонандагони синфи 7-уми ноҳияи Пастдарғоми вилояти Самарқанд тадбири маънавӣ баргузор гардид.

Муаллима: Ҷумаева Зарнигор

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

08 Feb, 08:57


Эй дӯст биё, анису ҳамдам бошем,
Озод зи ҳар ташвишу ҳар ғам бошем.
Созем ҷаҳони хеш зи одобу ҳунар,
Ойина ба руйи ҷумла одам бошем! 

ОЗАРМЕҲР


https://t.me/Xirad

🌺 🌾 🌸 🌿 💮 🍂 🍃 🌹🌻 🌼🌷🍁🥀

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

08 Feb, 08:54


Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,
Ҷаври ту аз он кашам, ки рӯи ту накӯст.
Мардум гӯянд биҳишт хоҳӣ ё дӯст,
Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накӯст.

Ҷалолуддини БАЛХӢ

https://t.me/Xirad

🌺 🌾 🌸 🌿 💮 🍂 🍃 🌹🌻 🌼🌷🍁🥀

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

07 Feb, 14:39


Дар мактаби рақами 79 -и ноҳияи Сариосиё ба хотири бузургдошти Мир Алишери Навоӣ шоми ғазал баргузор гардид.Хонандаи эҷодкор Шукрона Рӯзиқулова фаъолона иштирок намуд.
Лавҳаҳо азҷарайёни маҳфил

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

07 Feb, 09:38


Дар санаи 7-уми феврал бахшида ба муносибати ҷашни 584-умин солгарди мутафаккири бузурги адабиёти ӯзбек Алишери Навоӣ дар мавзӯи "Навоӣ (Фонӣ) мутафаккири тоҷику ӯзбек... " бо иштироки донишомӯзон ва омӯзгорони мактаби таълими умумии рақами 5-уми ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд тадбири маънавӣ баргузор гардид.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

07 Feb, 06:25


Ривояти "Ҳиммати баланд"

Ривоят мекунанд, ки вақте Навоӣ ба сари қудрат омад, ба сохтмони мактабҳо, масҷидҳо, роҳҳо ва чоҳҳо машғул шуд. Як шахс гуфт:

— Шумо ин ҳама корҳоро мекунед, аммо мардум қадр намекунанд.

Навоӣ гуфт:
— Агар мардум фаромӯш кунанд, Худо фаромӯш намекунад. Некӣ кардан на барои шукргузории мардум, балки барои ризои Худо ва манфиати инсонҳо аст.

Ин ривоят аз фазилати баланд доштани Навоӣ хабар медиҳад.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

07 Feb, 06:10


ДЕВОНИ ФОНӢ

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

07 Feb, 06:09


Эй аз баҳори ҳусни ту бар чеҳраам гулзорҳо,
Дар сина з-он гулзорҳо дорам халида хорҳо.

Аз неши ҳаҷраш муттасил, гӯ, риштаи ҷонам гусил
Чун дӯхт натвон чоки дил з-он сӯзану з-ин торҳо.

Дар кулбаи ғам гар барам оӣ, наёбӣ пайкарам,
Бас хоки хорӣ бар сарам, к-афтода аз деворҳо.

Аз ҳурмати рухсор кай битвон шудан ҳамранги вай,
Моро ба хун, ӯро ба май чун ранг шуд рухсорҳо.

Чун з-он бути ошуфтахӯй орам ба сӯи қибла рӯй,
Баста чу аз ҳар тори мӯй бар гарданам зуннорҳо.

Будам ба ақли зӯфунун пири хирад пеш аз ҷунун
Тифлон давонандам кунун дар кӯчаву бозорҳо.

3-он назми нав чархи куҳун якбора, гӯ, ҳайрат макун,
Фонӣ чу таълими сухун дорад зи Ҷомӣ борҳо.

Алишери Навоӣ (Фонӣ)

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

07 Feb, 06:09


MUNAVVAR KUN.
Musiqiy dam olish dasturi.

05 02  2025  yil.

Ijtimoiy tarmoqlar orqali bizni kuzating:

TELEGRAM      Facebook
Instagram       YouTube
Web-site         Efirni ko'rish

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Feb, 03:06


ДАВОМИ ҲАФТА ТАНСИҲАТУ САРБАЛАНД, ХОНАОБОДУ ЗАФАРЁР БОШЕД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Feb, 03:03


ҲОТАМИ ТОЙ ВА МЕҲМОН

Рӯзе як марди фақир ва дармонда ба назди Ҳотами Той омад ва гуфт:

— Эй Ҳотам, ман чанд рӯз боз дар роҳу сафар ҳастам, хӯрок ва нӯшокӣ надорам, хеле гурусна ва хаста шудаам. Дар бораи саховатмандии ту зиёд шунидаам. Илтимос, ба ман кӯмак расон.

Ҳотами Той марди фақирро хуш пазируфт ва ба ӯ хӯроки беҳтаринро пешниҳод кард. Аммо ӯ медонист, ки дар хона гӯшт надорад. Барои ҳамин, беҳтарин аспи худро кушт, то барои меҳмон таом тайёр кунад.

Вақте меҳмон фаҳмид, ки Ҳотами Той барои ӯ аспи худро қурбон кардааст, бо ҳайрат гуфт:

— Эй Ҳотам, чаро беҳтарин аспи худро барои ман қурбон кардӣ?

Ҳотами Той табассум карда гуфт:

— Меҳмон нишонаи баракат аст. Барои меҳмон додани чизе, ки беҳтарин аст, шараф ва вазифаи инсонист. Ман аз хурсандии меҳмони худ бештар шод мешавам.

Ин ривоят Ҳотами Тойро ҳамчун намунаи саховатмандӣ ва инсонгароӣ нишон медиҳад ва ба одамон дар бораи муҳимияти меҳмоннавозӣ, кумак ба дигарон ва ҳурмат ба инсон дарс медиҳад.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Feb, 03:02


РЕТРО

АҲМАДИ ЗОҲИР

Шеъри Абулқосим Лоҳутӣ
"Аё сайёд раҳме кун"

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Feb, 02:57


Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Ба гардан бастаӣ чун риштаву бар пой занҷирам,
Мурувват кун, иҷозат деҳ, ки бикшоям даҳонамро.

Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Дар ин кунҷи қафас дур аз гулистон сӯхтам, мурдам,
Хабар кун, ай сабо, аз ҳоли зорам боғбонамро.

Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Зи танҳоӣ дилам хун шуд, надорам марҳами розе,
Ки бинвисад барои дӯстдорон достонамро.

Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Абулқосими ЛОҲУТӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Feb, 02:55


Абӯалӣ ибни Сино на танҳо як табиб ва файласуфи бузург буд, балки панду андарзҳои зиёде барои тарбия ва ахлоқи инсон гуфтааст. Инҷо чанде аз пандҳои маъруфи ӯ ҳастанд:

1. Агар мехоҳӣ, ки туро эҳтиром кунанд, пас аввал худат дигаронро эҳтиром намо.

2. Дӯстиро бо одамони бад маёзмой, зеро ки онҳо дар дунё ва охират ба ту зарар мерасонанд.

3. Аз ҳасад ва кина дур бош, зеро ин хислатҳо инсонро аз дохил месӯзонанд.

4. Агар хоҳӣ, ки доно шавӣ, пас ҳамеша дониш биомӯз ва китоб бихон.

5. Танҳо бо хирадмандон машварат кун, зеро ки нодонон туро ба гумроҳӣ мебаранд.

6. Меҳрубонӣ ба одамон неъмати бузургест, ки ҳамеша натиҷаи нек медиҳад.

7. Сабру таҳаммул дошта бош, зеро ки шитобкорӣ боиси пушаймонӣ мегардад.

8. Тандурустии худ ва наздиконатро қадр намо, зеро беҳтарин сарват саломатист.

9. Зиндагии ҳар инсон дар дасти худи ӯст, пас кӯшиш кун, ки онро беҳуда нагузаронӣ.

10. Агар мехоҳӣ, ки осуда зиндагӣ кунӣ, пас душманатро мағлуб не, балки дӯст гардон.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Feb, 02:53


САРВАТИ ҲАҚИҚӢ

Марди фақире ба Худованд шикоят кард:

– Эй Парвардигор, чаро маро аз дигар бандагонат камтар дидӣ ва ризқи маро маҳдуд кардӣ?!

Мусофире ӯро шунида пурсид:
Бародар, тинҷимӣ? Шумо аз чӣ норозӣ ҳастед?!

– Худо ба ман ризқи зиёд надодааст, меҳнат мекунам, вале аз фақр баромада наметавонам!

Мусофир лаҳзае андеша карду баъд гуфт:
— Хуб, ман ба шумо панҷ ҳазор тангаи тилло медиҳам. Ба ивази ин шумо як чашми худро медиҳед?!

Мардак хеле тарсид ва ду қадам қафо рафт:
- Шумо чӣ мегӯед? Чӣ тавр ман чашмонамро ба панҷ ҳазор мефурӯшам?!

Мусофир ба савдои худ идома дод:
— Пас, як дастатонро диҳед. Ман ба шумо даҳ ҳазор тилло медиҳам!

— Не, — ба ғазаб шурӯъ кард мардак, — сад ҳазор диҳед ҳам, дастамро намедиҳам!

– Хуб, пас ба ин даҳ ҳазор як ангуштатонро диҳед!

– Чаро ман ангуштамро фурӯшам?! Ангуштамро ба хазинаи тамоми ҷаҳон иваз намекунам!

Мусофир инро шунида гуфт:
– Эй бандаи носипос, чаро шикоят мекунед? Оё надидаед, ки Худо ба шумо чӣ қадар сарват додааст?
Ду дасту поятон солим, ақлатон равшан, боз аз камбизоатӣ шикоят мекунед. Ба ҷойи ин, барои неъматҳои бешуморе, ки Худованд ба шумо додааст, бояд шукр кунед?!

ШУКРОНА ГӮЕМ!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Feb, 02:50


АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ

Ният дорем, ки рӯзи аввали ҳафтаро бо эътимод ва шодии нав оғоз мекунед.

Давоми ҳафта ҳар марҳилаи ҳаётро сиҳату солим бо шукрона мегузаронед.

СУБҲИ НАКӮ БАХАЙР БОШАД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

02 Feb, 12:30


Дар  ҷаҳон  ҳеч  чеҳраеро наёфтам,  ки  битавонам  Мавлоноро  ба  ӯ  ташбеҳ  кунам,  ӯ  ягона  аст  ва  ягона  боқӣ  хоҳад  монд.  Ӯ  фақат  шоир  нест,  балки  бештар  ҷомеашинос  аст  ва  бавижа  равоншиносе  комил,   ки  зоти  башар  ва  Худовандро  дақиқ  мешиносад.   Қадри  ӯро  бидонед  ва  ба  василаи  ӯ  худро  ва  Худоро  бишносед   ва  ман  агар   то  поёни  умрам  дигар  ҳарфе  назанам,  ҳамин  чанд  ҷумла  бароям  кофӣ  аст.”

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

02 Feb, 12:26


АДАБИЁТИ ФОРСӢ - ТОҶИКӢ БА ЧОР СУТУНИ АСЛӢ УСТУВОР АСТ..

Ҳенри Моссе дар ҷашни бознишастагияш дар донишгоҳи Сорбонаи Фаронса дар робита ба адабиёти форсӣ-тоҷикӣ чунин гуфтааст:
“Ман умрамро вақфи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ кардам ва барои ин, ки ба Шумо, устодон ва равшанфикрони чаҳон бишносонам, ки ин адабиёти аҷиб чист, чорае надорам ҷуз ин, ки ба муқоиса бипардозам ва бигӯям, ки адабиёти форсӣ-тоҷикӣ бар чор сутуни аслӣ устувор аст :
Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлоно... (Ҷалолиддини Балхӣ)
Фирдавсӣ ҳамсанг ва ҳамтои Ҳумери юнонӣ аст ва бартар аз ӯ ...
Саъдӣ Анатол Франси файласуфро ба ёди мо меорад ва донотар аз ӯ ...
Ҳофиз ба Гётеи олмонӣ қобили қиёс аст, ки ӯ худро шогирди Ҳофиз ва зинда ба насиме, ки аз ҷаҳони ӯ ба машомаш расида, мешуморад...
Аммо, Мавлоно ...

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

02 Feb, 12:25


Гуфтанд:
  - Кадом беморӣ аст, ки мардум аз илоҷи он оҷиз оянд?
Гуфт:
  - Аблаҳӣ!
Гуфтанд:
   - Кадом балоест, ки мардум аз он бало нагурезанд?
Гуфт:
  - Ишқ!
Гуфтанд:
  - Кадом баландӣ аст, ки аз ҳамаи пастиҳо пасттар аст?
Гуфт:
  - Кибр -  ғурур!
Гуфтанд:
  - Кадом пироя аст, ки бар марду зан некўст?
Гуфт:
  - Ростӣ ва покӣ!
Гуфтанд:
  - Хоб чист?
Гуфт:
  - Марги сабук!
Гуфтанд:
  - Марг чист?
Гуфт:
  - Хоби гарон!
Гуфтанд:
  - Чӣ чиз аст, ки ҳама хуррамӣ аз ўст?
Гуфт:
  - Сухани бузургон!
Гуфтанд:
  - Он чӣ роҳ аст, ки вайро ҳеҷ рўи офият нест?
Гуфт:
  - Зулм бар мазлумон ва бечорагон!
             
Аз "Пирӯзнома"-и Абӯалӣ ибни Сино

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

02 Feb, 12:24


КАДОМ БАЛОЕСТ, КИ МАРДУМ АЗ ОН БАЛО НАГУРЕЗАНД?

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки донотар кист?
Гуфт:
- Он ки неъмати дунё ба уқбо (он дунё) нагузинад!
Гуфтанд:
- Тавонгартар кист?
Гуфт:
- Он ки аз ақл тавонгартар аст!
Гуфтанд:
- Шараф чист?
Гуфт:
- Воҷиб гардонидани миннатҳои хеш дар гардани мардумон!
Гуфтанд:
- Чист, ки онро ҷўянд ва касе надонад ва нашиносад?
Гуфт:
- Оқибати корҳо!
Гуфтанд:
- Чӣ ширин аст, ки оқибат чашандаи худро бикушад?
Гуфт:
-Ҳасад!
Гуфтанд:
- Кадом биност, ки ҳаргиз хароб нашавад?
Гуфт:
-Адл!
Гуфтанд:
- Кадом талхӣ бошад, ки охир ширин гардад?
Гуфт:
- Сабр!
Гуфтанд:
- Кадом ширин бошад, ки оқибат талх гардад?
Гуфт:
- Шитоб!
Гуфтанд:
- Кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз кўҳна нагардад?
Гуфт:
- Номи нек!
Гуфтанд:
- Кадом душман аст, ки аз ҳамаи дўстон гиромитар (азизтар) аст?
Гуфт:
- Нафс!

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

02 Feb, 12:18


ДАҲ ХИСЛАТ БАРОИ РАСТАГОРӢ:

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (ра) мефармояд: Бидон, ки ҳар касе ин даҳ хислатро шиори худ созад, дар дунё ва охират роҳат ёбад:

1. Бо Ҳақ ба сидқ.
2. Бо халқ ба инсоф.
3. Бо нафс ба қаҳр.
4. Бо бузургон ба хидмат.
5. Бо хурдон ба шафқат.
6. Бо дарвешон ба саховат.
7. Бо дӯстон ба насиҳат.
8. Бо душманон ба ҳилм (нармӣ).
9. Бо ҷоҳилон ба хомӯшӣ.
10. Бо олимон ба тавозӯъ.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

02 Feb, 12:13


Ман худро нороҳат ҳис кардам, аммо намехостам соат аз дастам равад. Шумо бошед дарро маҳкам кардеду аз мо хоҳиш кардед, ки  ҳамаатон чашмонатонро пӯшед, мо чашмонамонро пӯшидем.
Шумо ба сӯи мо омадед, ҷайби ҳар яки моро кофтед. Вақте соатро аз ҷайби ман ёфтед, ҳаракатро давом додед ва ҷайби дигаронро низ кофтед.
Баъдан гуфтед, акнун метавонед чашмонатонро кушоед. Соатро ба соҳибаш баргардонидеду дигар дар бораи ин моҷаро чизе ҳам нагуфтед. Дар он рӯз Шумо маро назди ҳамсинфонам шарманда накардед. Маро дузд, дурӯғгӯй ва кӯдаки бетарбия нагуфтед.
Ин амали хуби Шумо боис шуду ман ҳам касби омӯзгориро интихоб кардам.
Ҳарду лаҳзае хомӯш монданд.
Баъдан ҷавон аз устодаш пурсид:
— Вақте Шумо маро дидед ин моҷаро ба ёдатон наомад?
Устод ҷавоб дод:
— Ман вақте ҷайбҳои Шуморо мекофтам, чашмони ман ҳам пӯшида буданд...


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

02 Feb, 12:10


МАҚОМИ ОМӮЗГОР!

Рӯзе омӯзгори ҷавоне дар гузаргоҳе устоди даврони мактаббачагиашро диду шинохт. Ба наздаш рафту аз ӯ пурсид:
— Маро дар ёд доред?
— Бале дар ёд дорам. Ба чӣ кор машғул ҳастӣ?
— Ман омӯзгор ҳастам. Шумо сабаб шудед, ки дар ман завқи омӯзгор шудан пайдо шуд.
—  Наход? Бигӯ канӣ чӣ гуна ман сабаб шудам?
Рӯзе як ҳамсинфам ба дарс омад ва дар дасташ соати зебое дошт. Ӯ соаташро аз дасташ бароварду дар таги миз (парта) гузошт. Ман ҳамеша орзу мекардам, ки чунин соати зебо дошта бошам. Тоқатам тоқ шуду соати ӯро гирифтаму дар ҷайбам гузоштам. Вақте ҳамсинфам соаташро наёфт ба назди Шумо гирякунон рафту гуфт, касе соаташро дуздидаст.
Шумо ба сӯи мо нигоҳ карда гуфтед: «Ҳар касе соати ин бачаро гирифтааст, хоҳиш мекунам онро баргардонад».

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

31 Jan, 18:04


ДАФТАРИ ЗИНДАГИАТРО НИЗ ПОК НИГОҲ ДОР...

Вақте, ки Падар бо фарзанди худ кори хонагии ӯро иҷро мекард, гуфт: Чаро дафтарҳоят ҳамагӣ тозаву оростаанд ва дар онҳо калимаҳои зишту нописанд ва хатҳои зиёдатӣ нанавиштаӣ?
Писар бо таваҷҷуб гуфт: Охир муаллим онҳоро ҳар рӯз мебинад ва баҳо мегузорад.
Падар гуфт: дафтари зиндагиатро низ пок нигаҳ дор. Чун Яке ҳаст, ки ҳар лаҳза онро мебинад ва баҳо мегузорад.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 14:04


ПАДАРҶОНАМ🥲🥲🥲🥲

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 02:53


ДАВОМИ ҲАФТА СИҲАТУ САРБАЛАНД ДАР АМОНИ ХУДОВАНД БОШЕД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 02:50


ТАВАККАЛ БА ХУДО

Мегӯянд, ки рӯзе шогирдони Хоҷа Алии Бухороӣ аз ӯ пурсиданд:
– Эй Хоҷа, таваккал ба Худо чист ва чӣ гуна онро дар амал татбиқ кунем?

Хоҷа Алӣ барои фаҳмонидани ин мафҳум як намунаи амалиро пешниҳод кард. Ӯ як дона тухм гирифт ва ба шогирдон гуфт:
– Ин тухмро гиред ва онро то замони кафидани он нигоҳубин кунед.

Шогирдон тухмро гирифтанд, вале баъзеи онҳо онро дар ҷое гузошта, фаромӯш карданд. Дигарон онро зиёд гарм карданд ва тухм вайрон шуд. Танҳо як шогирд, ки ҳамеша онро бо меҳрубонӣ нигоҳубин мекард ва ба Худо дуо мекард, тавонист тухмро ба мурғобичаи зебое табдил диҳад.
Хоҷа Алӣ ба шогирдони худ гуфт:
– Таваккал ба Худо маънои онро надорад, ки шумо беҳаракат шавед ва интизори кӯмак бошед. Балки шумо бояд саъю кӯшиш кунед ва ҳамзамон ба қудрат ва раҳмати Худо эътимод дошта бошед.

Ин ривоят таълим медиҳад, ки таваккал ба Худо бо кору кӯшиши инсонӣ ҳамроҳ мешавад. Худо танҳо ба онҳое мадад мерасонад, ки кӯшиш мекунанд ва масъулияти худро бо ихлос анҷом медиҳанд

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 02:49


Бозии "Калимаёбак" дар таҳияи Зуҳал Асророва, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи таълими умумии рақами 13-и ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 02:44


Аъзоҳои ҷумла https://wordwall.net/ru/resource/85476936

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 02:43


Дар зиндагӣ барои ду чиз саъю кӯшиш кунед:
- аввалан, расидан ба он чизе, ки орзу мекунед;
- дуюм, аз он чизе, ки ба даст овардаед, шод бошед.

Дейл КАРНЕГӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 02:42


ПАНДУ ҲИКМАТҲО АЗ
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.   

Сухан аз арши барин омадааст,
Баҳри покон ба замин омадааст.   

Ба сухан зинда шавад номи ҳама,
Ба сухан пухта шавад хоми ҳама.  

Сухан шоҳиди ҷилвагоҳи дил аст, 
Халосӣ аз ин ҷилвагар мушкил аст. 

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қулфкушои ҳама дарҳост илм.

Дар талаби илм камар чуст кун,
Даст зи ашғоли дигар суст кун.

Нахуст аз илму дониш баҳравар шав,
Зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар шав.  

Дор адаби дарси муаллим нигоҳ,
То нашавӣ таблаки таълимгоҳ.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 02:35


Барномаи "РАНГИНКАМОН"

Аз фаъолияти  факултети филологияи тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 02:28


САВОЛИ ШОҲ ВА ҶАВОБИ СИНО

Гӯянд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар ҷавонӣ бо доноиву ҳушёрии худ машҳур буд. Рӯзе як шоҳ хост дониш ва ҳунари ӯро бисанҷад. Ӯ ба Сино савол дод:
– Чизест, ки ба ҳамаҷо меравад, вале ҳеҷ гоҳ хаста намешавад?

Сино ҷавоб дод:
– Ин фикр аст, ки ба ҳама ҷо меравад ва доимо фаъол аст.

Шоҳ боз пурсид:
– Пас чӣ чизест, ки пур мешавад, аммо холӣ намешавад?

Сино посух дод:
– Ин илм аст, ки ҳар қадаре ки биомӯзӣ, боз ҳам зиёд мешавад.

Аз ҷавобҳои ӯ шоҳ ҳайрон шуд ва дарк кард, ки Абӯалӣ ибни Сино на танҳо доно, балки инсонест боандеша ва бофаҳм.


Ин гуна ривоятҳо на танҳо барои нишон додани заковат ва истеъдоди Сино нақл мекунанд, балки ҳамчун дарси ахлоқӣ барои баланд бардоштани қадри илм ва доноӣ дар ҷомеа истифода мешаванд.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 02:24


Айб аст, ки дар ҳунар накўшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напўшӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.

Саъдии ШЕРОЗӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

27 Jan, 02:17


АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ

Бигзор ин субҳ ба хонадонатон файзу баракот, сиҳативу саломатӣ, тинҷиву осудаҳолӣ ва хушнудиву хушбахтӣ оварад!

ДАВОМИ ҲАФТА СИҲАТУ САРБАЛАНД ДАР АМОНИ ХУДОВАНД БОШЕД
.

СУБҲИ НАКӮ БА ХАЙР БОД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

25 Jan, 18:45


Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ишқ,
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.

Умари ХАЙЁМ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

25 Jan, 18:26


https://youtu.be/MP1QXC4lYBo?si=uuKttd_lsyXoJ4xo

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

25 Jan, 18:16


Чашмаи хуршед туӣ, соягаҳи бед манам,
Чун-к задӣ бар сари ман, пасту гудозанда шудам.

Тобиши ҷон ёфт дилам, во шуду бишкофт дилам,
Атласи навбофт дилам, душмани ин жанда шудам.

Сурати ҷон вақти саҳар лоф ҳаме зад зи батар,
Бандаву харбанда будам, шоҳу худованда шудам...

Шукр кунад хоки дижам аз фалаку чархи бахам,
К-аз назари гардиши ӯ нурпазиранда шудам.

Шукр кунад чархи фалак аз малику мулку малак,
К-аз караму бахшиши ӯ равшану бахшанда шудам.

Шукр кунад орифи Ҳақ, к-аз ҳама бурдем сабақ,
Бар забари ҳафт табақ ахтари рахшанда шудам.

Аз туам, эй шуҳра қамар, дар ману дар худ бинигар,
К-аз асари хандаи ту гулшани ханданда шудам.

Бош чу шатранҷ равон хомушу худ ҷумла забон,
К-аз рухи он шоҳи ҷаҳон фарруху фархунда шудам.

Ҷалолуддини БАЛХӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

25 Jan, 18:13


Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам,
Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам.

Дидаи сер аст маро, ҷони далер аст маро,
Заҳраи шер аст маро, Зӯҳраи тобанда шудам.

Гуфт, ки девона наӣ, лоиқи ин хона наӣ,
Рафтаму девона шудам, силсила банданда шудам.

Гуфт: ки сармаст наӣ, рав, ки аз ин даст наӣ,
Рафтаму сармаст шудам в-аз тараб оганда шудам.

Гуфт, ки ту кушта наӣ, дар тараб оғушта наӣ,
Пеши рухи зиндакунаш куштаву афканда шудам.

Гуфт, ки ту зиракакӣ, масти хаёливу шакӣ,
Гӯл шудам, ҳӯл шудам в-аз ҳама 
барканда шудам.

Гуфт, ки ту шамъ шудӣ, қиблаи ин ҷамъ шудӣ,
Ҷамъ наям, шамъ наям, дуди пароканда шудам.

Гуфт, ки шайхиву сарӣ, пешраву роҳбарӣ,
Шайх наям, пеш наям, амри туро банда шудам.

Гуфт, ки бо болу парӣ, ман пару болат надиҳам,
Дар ҳаваси болу параш бе пару парканда шудам.

Гуфт маро давлати нав: роҳ марав, ранҷа машав,
3-он ки ман аз лутфу карам сӯйи ту оянда шудам.

Гуфт маро ишқи куҳан аз бари мо нақл макун,
Гуфтам: оре, накунам, сокину бошанда шудам.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

24 Jan, 10:05


Рӯзи бистусеюми январ дар мактаби рақами 79 маҳфили "Анвори адаб" баргузор гардид.
Дар маҳфил хонандагон фаъолона иштирок доштанд.
Роҳбари маҳфил: Раҳматова З.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 19:03


МУҲОФИЗИ ВАТАН

Ба ҳифзи марзу бум,
Нахуфта субҳу шом.
Нишаста бо шараф,
Зи баҳри ору ном.
Муҳофизи Ватан,
Муборизи Ватан.

Ба ҳаққи қарзи хеш,
Барои ҳифзи хок.
Накарда ҷон дареғ,
Зи баҳри хоки пок.
Муҳофизи Ватан,
Муборизи Ватан.

Ба ҳифзи ин диёр,
Сипоҳии далер.
Ба сарҳади Ватан,
Нишаста ҳамчу шер.
Муҳофизи Ватан,
Муборизи Ватан...

ОЗАРМЕҲР

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 19:03


Вақте инсон вожаи Ватанро ба забон меорад, пеш аз ҳама шири модар, меҳри модар,он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст. Барои ҳар шахс вожаҳои Ватан, Модар азизу муқаддас аст. Ҳифзи ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст мебошад. Мо ватандор ҳастем - соҳибватанони ҳомӣ, ватане, ки аҷдодони мо барояш ҷони худро нисор кардаанд. Садоқатманду ғаюр, вафодору меҳанпараст ва содиқ будан ба ватани худро аз онҳо омӯхтем. Мо бояд ҳамеша ватандӯсту ватанпарвар бошем.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 18:33


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 05:42


ШУКРОНА
Эй Ватан, шукрона аз ҳар субҳу
шомат мекунам,
Эй Ватан, шукрона аз покии номат мекунам.
Баҳри ободии ту созам талоши
зиндагӣ,
Дар ҳама рӯйи ҷаҳон боло
мақомат мекунам.
Ошиқам бар кӯҳҳои сар ба афлоки ту ман,
Ошиқам бар чашмаву бар обу
бар хоки ту ман.
Ошиқи он арчазори бехазони
ту манам,
Саҷда созам доимо бар домани
поки ту ман.
Ӯзбекистон, ошиқи зебои дилҷӯят манам,
Ошиқи ҳар деҳаву ҳар шаҳри
хушррӯят манам,
Ошиқам бар сабзаи наврустаи
домони кӯҳ,
Ошиқи ҳар як гули зебою хушрӯят
манам.

ЗАРИНА РАҲМАТОВА
Ҳомиёни Ватанро бо ин рӯзи фархунда аз самими дил табрик менамоям.
Шукрона аз ҳастии шумо азизони шуҷоъ дорам.
Далерию ҷасорати шумост, ки ин Ватан озоду обод ва мардум орому осуда дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагӣ доронд.

Илоҳо ҷовидон бошеду бошед!

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 05:32


Ватан. Афзалшоҳ ШОДИЕВ

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 05:16


Ҳамватанони азиз, далер ҷасур писарон ва мардон!
Ба муносибати 14 январ — Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамаи шумо, ки бо ифтихор ва садоқат ба хизмати Ватан ва халқи шодомон ва обод, бо вокуниш ба ҳар гуна таҳдид ва хатар, амнияти кишварро таъмин мекунед, аз самими қалб табрик мегӯям.
Бо ҳамин, дубора рӯзи пурифтихор ва муборак, 14 январ — Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳро ба ҳар яки шумо табрик мегӯям. Ба шумо саломатӣ, саодат ва пойдории бахтро орзу менамоям. Ҳамеша ба бахти оилатон сарбаланд бошед!🎉🎉

Қадрли мард ҷасур ӯғлонла!
14 январ — Қуролли кучлар куни муносабати билан барчангизни чин дилдан табриклайман. Бу кунда Ватанимиз ва халқимиз хавфсизлиги, тинчлиги ва тараққиёти йўлида масъулиятни ўз гардига олган ҳар бир фидойи шахснинг меҳнати қадрланади. Сизларнинг хизматларингиз орқали мамлакатимизнинг амният ва барқарорлигини таъминлаш, тинч ва осойишта ҳаётнинг асоси ҳисобланади. Ҳар бирингизга ишонч, саломатлик, янги марраларга эришишда муваффақиятлар тилайман🎉🎉

Бо ҳурмат: БОЙМУРОДОВ Беҳрӯз

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 04:22


ОРЗУ

Вақте калон мешавам,
Ба аскарӣ меравам.
Мепӯшам ба сари худ,
Ман кулоҳи хушнамуд.

Махкам тасма мебандам,
Ин хел мемонам қадам:
Яку дую сею чор,
Аксари таппа-тайёр!

Кай ман калон мешавам?
Кай аскарӣ меравам?

Озод АМИНЗОДА

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 04:08


Сарбози Ватан - ҳимоячии хонадон,
Муҳофизати давлатро ӯ нигаҳбон.
Бо сари баланд, ғурури пок, мардонавор,
Ҳимоя мекунад кишварро аз дилу ҷон.

Далер Мансуров

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 02:29


"ВАТАН"
Нигина Амонқулова

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 02:28


Дар ин рӯз орзумандем, ки ҳар яки Шумо дар зиндагии худ як фармондеҳи муваффақ буда, доим зафарёр бошед, мағлубиятро дар роҳи муҳаббат, дӯстӣ, кор ва зиндагӣ набинед. Сиҳату сарбаланд, хонаободу хушбахт бошед!

МУҲОФИЗОНИ ВАТАН-МОДАР ИДАТОН МУБОРАК БОШАД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 02:16


Танида ёди ту дар тору пудам,
                           Меҳан,  ай Меҳан.
Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам,
                             Меҳан, ай Меҳан.
Ту будам кардӣ аз буду набудиҳо.
Фидои номи ту буду набудам,
                              Меҳан ай Меҳан.

Абулқосим ЛОҲУТӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 02:15


МАДҲИ ВАТАН

Макони ҷовидони мо, Ватан,
Ҳаёти нурфишони мо, Ватан.
Замини поки ҳамнажоди мо,
Ҳавою обу нони мо, Ватан.

Ба мо ту қиблагоҳӣ, эй Ватан,
Ба мо ту сарпаноҳӣ, эй Ватан!

Ту сарзамини поки модарӣ,
Анису меҳрубону беҳтарӣ.
Миёни ҷумла кишварони даҳр,
Ту бошукӯҳ ягона кишварӣ.

Ба мо ту қиблагоҳӣ, эй Ватан,
Ба мо ту сарпаноҳӣ, эй Ватан!

Ки амри ту шиори халқи мост,
Канори ту баҳори халқи мост.
Ки парчаму ва гимни миллиат,
Ғуруру ифтихори халқи мост.

Ба мо ту қиблагоҳӣ, эй Ватан,
Ба мо ту сарпаноҳӣ, эй Ватан!

ОЗАРМЕҲР

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 02:10


ИШҚИ ВАТАН

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр.
Ватан ҷони ман ҳам ҷаҳони ман аст,
Ватан боғи ман ҳам бӯстони ман аст…

ҲАБИБ ЮСУФӢ


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 02:09


Имрӯз, ки аз меҳнати худ шодонем,
Мо, ҳамватанон, яктану ҳам якҷонем.
Бар васфи Ватан таронаҳо мехонем,
Толеъбаланду ҳама беармонем.


Баҳодури УБАЙДУЛЛОҲ

РӮЗИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН МУБОРАК БОШАД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

14 Jan, 02:08


АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ

Рӯзи муҳофизони Ватан ба ҳамаи абармардони Ӯзбекистон, ки дар роҳи ҳимоя ва рушди ватанамон дар касбу кори гуногун хизмат мекунанд, муборак бод!

Гӯяд Ватанат, ки посбон шав, ту шавӣ,
Бар сарҳади Шарқи дурамон рав, ту равӣ.
Хонад, ки биё, ба осмон пар, ту парӣ.
Фармон бидиҳад, ки барқсон дав, ту давӣ.

Ҳ.ЮСУФӢ

ИЛОҲО ТИНҶИИ КИШВАР, ОСМОНИ МУСАФФО, БАХТИ МАРДУМ ДАР ДИЁРИ МО ТО АБАД ПОЙДОР БОШАД!

СУБҲИ НАКӮ БАХАЙР БОД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

13 Jan, 17:02


Гар набошад номам аз номи Ватан,
Гар набошад хилқати ман сохтан,
Гар насӯзам дар ғами шеъру сухан,
Зиндагӣ андешаи хоми ман аст.

+ + + + +

.. Намондам хориҷ аз ҳадди Ватан пой,
Накардам сайр ақсои ҷаҳонро.
Вале монанди ҳар фарзанди инсон
Хӯрам ҳар лаҳза ғамҳои ҷаҳонро...

Лоиқ ШЕРАЛӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

13 Jan, 16:58


Дубора созамат Ватан,
Ба хишти ҷони хештан.
Сутун занам ба сақфи ту,
Ба устухони хештан.

Сатили обу гил маро
Барои сохтори ту.
Ду панҷа хуни дил маро
Барои рангу бори ту.
Барои дар чаҳор сӯ
Навиштани шиъори ту,

Бародарӣ - баробарӣ,
Баробарӣ - бародарӣ.

Агар чу шиша чашми ман,
Ба кор меравад, бимон.
Ба кор меравад агар
Сарам чу санги сохтмон,
Бимон, бимон, бимон.

Дубора созамат Ватан,
Ба хишти ҷони хештан,
Сутун занам ба сақфи ту
Ба устухони хештан.

БОЗОР СОБИР

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

13 Jan, 16:56


Зарраи хоки туам, ё ки пари коҳи туам,
Ба лаби марзи ту чун кӯҳи гаронам, Ватанам.

Мисли тифлони ту ҳар субҳ дилам бархезад,
То ки аз дарси вафо дер намонам, Ватанам.

Номи нек аст нишон сарвару солори туро,
Хиттаи сулҳу гулистони амонам, Ватанам.

То ки ҳастам ба ҷаҳон зинда ба паймони туам,
Нафасам, набзи дилам, рӯҳу равонам, Ватанам.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

13 Jan, 02:54


Ҳаркӣ бошӣ одами арзанда бош,
Гул барин бо чеҳраи пурханда бош.
Ҳар кӣ гирад домани покат ба даст,
Бахт шав, иқбол шав, поянда бош.

ДАВОМИ ҲАФТА СИҲАТУ СОЛИМ ВА ХУШБАХТУ ЗАФАРЁР БОШЕД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

13 Jan, 02:50


Се хислат боиси се аҳвол мешавад:

1. Ҳаракат боиси сарват;
2. Танбалӣ боиси фақирӣ;
3. Бахилӣ - беморӣ.

ХУДО НИГАҲБОНИ ШУМО!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

13 Jan, 02:48


То ҷаҳон буд аз сари Одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Рози донишро бо ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст…

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

13 Jan, 02:24


Ин умри азиз дар ин ҷаҳони гузарон,
Бо зиндадиливу зиндагонӣ гузарон.
Ҷуз ишқи Ватан зиндагиро мазмун нест,
Бо ишқи Ватан умри ҷавонӣ гузарон!


Баҳодури УБАЙДУЛЛОҲ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

13 Jan, 02:18


АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ

  Парвардигор дар ин рӯзи муқаддас ҳамаи дуоҳои некро мустаҷоб гардонад.

Давоми ҳафта тани сиҳат, ободии кишвар, тинҷии хонадон, барори кор ҳамроҳатон бошад.

СУБҲИ НАКӮ БАХАЙР БОШАД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 16:27


Ба мо гузориш медиҳанд:

Анҷумани муаллимони забону адабиёти тоҷик дар мактаби рақами 12-и ноҳияи Сариосиё.
Муаллим-тренинг: Муродуллоева Дилором Назировна

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/oriyonsamarqand

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 08:14


Хоҳари азиз зодрӯзат хуҷаста бод. Мудом шодкому шодмон ва сарбаланду муваффақ бош. Ба хонишҳоят комёбӣ таманно дорем!

Мавлуди накӯи умр бодо табрик,
Ин як зи ҳазори умр бодо табрик.
Дар авҷу барор бахту толеъи ту бод,
Ин авҷу барори умр бодо табрик.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 08:05


Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ,
Аз домани умедат, гулдастаҳо бичинӣ.
Туро орзу дорем давлату ганҷ,
Бубинӣ сад сол умр, бе дарду бе ранҷ.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК,
ШОГИРДИ АЗИЗ!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 08:02


Имрӯз яке аз хонандаи фаъоли мактаби 37, аъзои маҳфили "Навқаламон" хоҳари меҳрубону ғамхори ман зодрӯз доранд. Хоҳарҷони азизам рӯзи шукронаатон муборак бошад! Шуморо аз таҳти дил табрик мекунам! Ба шумо умри дароз, саодатмандӣ, саломатии бардавом, ҳаёти пурбаракат, амалӣ шудани ҳама орзуҳо таманно дорам, барори кор дар тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ ва лаҳзаҳои хушбахтии ояндаи аҷибу дурахшон ва шукуфон орзумандам! Бигзор ҳамеша хушбахт бошед!
Аз лабони шумо ҳеҷ гоҳ ханда дур нагардад ҳамеша кушодачеҳра бошед ба шумо эҷоди баландпарвоз металабам. Қаламатон сабз бод. Ҳамеша муваффақиятҳо ҳамроҳатон бошад! Ҳеҷ гоҳ чашмонатон намро набинад ҳамавақт хушу хурсанд гардед. Ҳеҷ вақт хаста нашавед, хоҳари ҷонам.
ЗОДРӮЗАТОН МУБОРАК БОШАД!!!


Дароз шавад умратон,
Шод бошед, эй хоҳарҷон.
Зодрӯзи Шумо имрӯз,
Шавед хушбахту фирӯз


Бо самимиияти беандоза Шахинабону Амонова, хонандаи синфи 9 "А" , аъзои маҳфили "Навқаламон"-и мактаби миёнаи рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 07:27


Хурӯс:
- Ман аз анҷуман хабар надорам, - гуфту боз ба чор тараф нигоҳ кардан гирифт.
Рӯбоҳ гуфт:
- Ту боз ба куҷо нигоҳ мекунӣ?
Хурӯс гуфт:
- Ба ҳамин тараф ду саги тозӣ омада истодааст, намедонам, ки сӯи мо меояд, ё тарафи дигар мерафта бошад.
Рӯбоҳ гуфт:
- Ин сагҳо ҳам дар анҷуман набуданд на аз қарори нав бехабаранд.
Инро гуфту рӯбоҳ ба шитоб гурехт.
Хурӯс гуфт:
- Падарлаънати дузд, ман набошам, сагҳо набошанд, дигарҳо набошанд, ту ҳамроҳи занат анҷуман кардӣ?
Рӯбоҳ гурехта рафт, ҷони хурӯс аз хатар халос шуд.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 07:27


АФСОНАИ ХУРӮСАК ВА РӮБОҲ

Як хурӯсак буд дона чида гашта буд, ки як рӯбоҳ намудор шуд. Хурӯс фикр кард ки: «Ман як мурғи муштипар бошам, ҳамин хел истам, рӯбоҳ мебиёяду гирифта мехӯрад, беҳтараш ба болои дарахт мебароям».
Хурӯс болои дарахт баромада буд, ки рӯбоҳ омаду гуфт:
- Ҷӯра, аз ман ҳазар кардӣ, ё тарсидӣ?
Хурӯс гуфт:
- На ҳазар кардаму на тарсидам.
- Набошад, барои чӣ ин қадар ба ҷои баланд баромадӣ?
Гуфт:
- Чор тарафи дунёро тамошо мекунам.
Рӯбоҳ гуфт:
- Ҳеҷ аз дунё хабар дорӣ?
Хурӯс гуфт:
- Не, чӣ гaп шудааст?
Рӯбоҳ гуфт:
- Охир, ҳамин бегоҳ анҷуман шуд, дар ҳамон анҷуман қарор кардаанд, ки душманӣ байни даррандаҳою чаррандаҳо барҳам хӯрд, рӯбоҳ ҳамроҳи хурӯс гардад, гург ҳамрохи гӯсфанд гардад, гурба ҳамроҳи муш гардад. Ту дар анҷуман набудӣ, барои ҳамин тарсида болои дарахт баромадӣ.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 06:07


6. Раҳм овардан бар бадон – ситам аст бар некон ва авф кардан аз золимон – ҷабр аст бар мазлумон.

7. Ҳар кӣ бо душманон сулҳ мекунад, сари озори дӯстон дорад.

Бишӯй, эй хирадманд, аз он дӯст даст,
Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.

8. Сухан дар миёни ду душман чунон гӯй, ки агар дӯст шаванд шармзада набошӣ!

Миёни ду кас ҷанг чу оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

9. Якеро гуфтанд: Олими беамал ба чӣ монанд?
Гуфт: Ба занбӯри беасал.

Занбӯри дурушти бемурувватро гӯй:
“Боре, чу асал намедиҳӣ, неш мазан!”

10. Ҳар кӣ илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наафшонд.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 06:07


ПАНДҲОИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ

1. Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд овардани мол!

2. Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахт чист?
Гуфт: «Некбахт он, ки хӯрду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт (монда рафт).

3. Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъйи бефоида кар-данд: яке он, ки мол андӯхту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое, ки бар ӯ китобе чанд!
Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?

4. Олими парҳезгор – кӯрест машъалдор!

5. Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт.
Чизе нахариду зар биандохт.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 06:06


ҲИКОЯТИ “ҶАБРИ УСТОД БЕҲ АЗ МЕҲРИ ПАДАР!”

Ҳакиме писаронро панд медод: – Эй ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки ба мулку давлати дунё эътимод нест. Симу зар дар сафар маҳалли хатар аст: ё дузд ба якбора барад, ё хоҷа ба тафориқ бихӯрад (ё соҳибаш кам-кам истифода карда ба охир расонад). Аммо ҳунар чашмаи зоянда10 аст ва давлати поянда. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр (пешгоҳ) нишинад ва беҳунар ҳар ҷо, ки равад, луқма чинад ва сахтӣ бинад.

Вақте афтод фитнае дар Шом,
Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.
Рустозодагони донишманд,
Ба вазирии подшо рафтанд.
Писарони вазири ноқисақл,
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
– «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.

Аз “Гулистон”-и Саъдии ШЕРОЗӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 05:54


АНДАРЗҲО АЗ АТТОРИ НИШОПУРӢ

Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,
Нест марди беадаб соҳибмақом.

Бирав, савдои беҳуда мапаймой!
Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!

Чун гуноҳи нақд омад дар вуҷуд,
Тавбаи нася надорад ҳеҷ суд.


Ҳар кӣ бошад туршрӯй,
Дӯстон аз вай бигардонанд рӯй.

Ҳар кӣ ӯро маърифат ҳосил нашуд,
Ҳеҷ бар мақсуди худ восил нашуд.

Ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,
Аҳли ақлу илмро дорад азиз.

Ҳар ҷо ки офтоб рахшон гардад,
Пайдо бошад, ки соя пинҳон гардад.

Ҳар кӣ аз душман набошад барҳазар,
Оқибат бинад аз ӯ ранҷу зарар.

Ҳар кӣ пой аз ҳадди худ бартар ниҳад,
Сар диҳад бар боду тан бар сар ниҳад.

Ҳеҷ касро дар ҷаҳони баҳру бар,
Аз қаноат нест мулке бештар.

Ҷумла торикист ин меҳмонсарой,
Илм дар вай чун чароғи раҳнамой.

Такя кам кун низ дар паҳлӯи дар,
Бош доим аз чунин хислат бадар.

Ҷомаро бар тан нашояд дӯхтан,
Бояд аз мардон адаб омӯхтан.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

10 Jan, 05:02


📋 Синфи 5, Забони тоҷикӣ (Қисми II)

Kanalga obuna bo'lish:👇👇👇
Telegram|You Tube|Facebook|Instagram

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

09 Jan, 18:15


Ба фикр фурӯ рафт ва ба хаёлаш чизе расида писарашро ҷеғ зад.    -Писарам, аҳволи ман рӯз аз рӯз бад шуда  истодааст,  ба  фикрам  умрам ба охир расидааст, ба ту як насиҳат дорам.
Ман   аз   худ    ба    ту   чизе  гузошта натавонистам, лекин  як   кӯза  тиллоро дар   бехи   ким-кадом дарахт гӯр карда будам,  лекин  дар   хотирам   нест,   ки маҳз зери кадом дарахт.
Ҳамин ки вақти тирамоҳ расад, ту рафта зери ҳар як дарахтро кофта бин, шояд ёбӣ.
Марди деҳқон вафот кард. Ӯро гӯручӯб карданд. Вақти тирамоҳ ҳам фаро расид. Писари деҳқон зери дарахтони боғро кофт, лекин чизе наёфт.
Ҳамон сол дарахтон ҳосили хуб доданд. Соли оянда боз бехи дарахтонро нарм карду ҳосили фаровон гирифт. Соҳиби моли зиёд гашт. Баъд аз он фаҳмид, ки меҳнат тилло будааст. Насиҳати падараш кор дод.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

09 Jan, 18:14


АФСОНАИ ПАДАРИ ДОНО

Ин воқеа дар замонҳои қадим рӯй дода буд. Дар деҳае марди деҳқоне зиндагӣ мекард.Ӯ як боғи мевазор бунёд карда буд. Аз ҳосили боғ рӯзгузаронӣ менамуд. Ӯ як писар дошт.
Писарак коргурез буд. Рӯзе аз рӯзҳо деҳқон касал шуд ва ҳис кард, ки умраш ба охир расида истодааст. Хаёлаш ба боғаш рафт. Афсӯс хӯрд, ки баъди сари ӯ боғаш хароб мешавад.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

09 Jan, 15:53


ПАДАР МОДАР ҒАНИМАТ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

04 Jan, 20:22


Писараки танбал
Афсона барои фарзандони шумо

Дар як деҳае пиразане зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз як мурғе дигар моле надошт. Ин мурғ ҳар рӯз яктоӣ тухм мезоид. Ин занак тухмҳоро ба сабаде нигоҳ медошт. Пиразан як писаре ҳам дошт, ки хеле танбал буд! ҳеҷ коре намекард дар ҷои худ фақат хоб мерафт. Агар дар болояш жола борад ҳам аз ҷояш намехест.

Боре занак ба писараш гуфт: — Ман пир шудам, дигар барои як луқма нон ҳам кор кардан бароям мушкил аст. Акнун вақти он расидааст, ки ту дар бораи кор фикр кунӣ. Ҳамаи мардҳо бо як коре машғуланд: аз пахта ҳосил мегиранд, боғеро обод мекунанд, бо ягон ҳунаре ва ё тиҷорате машғуланд. Ту ягон коре карда наметавонӣ, ҳунаре ҳам надорӣ, ҳадиақал бо тиҷорат машғул шав. Шояд ягон пули пучак кор кунӣ? Ин гапҳоро гуфта, занак ба писараш сабадеро бо тухм дод. Аз бекорӣ писар бо тухмҳо сӯи бозор рафт. Рафт, рафту хаста шуд, писар. Ба таги як чанори ғафс хоб кард ва сабади пури тухмҳоро ба нӯги пояш гузошт. Чашмонашро пӯшиду ба хаёл рафт: «Дар ин сабад камаш панҷоҳ тухм ҳаст. Инро мефурӯшаму ба пулаш як хурӯсу чанд мурғ мехарам. Мурғ сад тухм мекунад. Аз сад тухм сад чӯҷа мебарояд. Чӯҷаҳо калон шуда, мурғ мешаванд. Мургҳо ҳам тухм мекунанд. Камаш панҷ ҳазор тухм мекунанд. Аз панҷ ҳазор тухм, панҷ ҳазор чӯҷа мегирам. Чӯҷаҳо ҳам калон шуда, мурғ мешаванд! Панҷ ҳазор мургғ! Ин мурғҳоро фурӯхта ба пулашон гӯсфанд мехарам. Ҳазор гӯсфанд! Гӯсфандҳо ҳам ана — мана нагуфта барра мезоянд. Баррачаҳо калон шуда, боз гӯсфанд мешаванд! Як рама гӯсфанд! Ин гӯсфандҳо ҳам барра мезоянду калон мешаванд. Ман соҳиби чандин рама мешавам! Нисфи гӯсфандонро мефурӯшаму ба пулаш қасре месозам, ки на камтар аз қасри подшоҳ! Баъд ман ба духтари худи подшоҳ хонадор мешавам! Подшоҳ давлату савлати маро дида, духтари зеботаринашро ба ман медиҳад. Мегӯянд, ки аз ҳама зеботарин ва аз ҳама бадфеълтарин ҳам духтари подшоҳ аст. Пас аз хонадор шудан, ғурурашро мешиканам ва маҷбур мекунам, ки гапамро гӯш кунад. Агар вай маро гӯш накунад, мана ин тавр як лағат мезанам!» Ин дам пои танбал ба чизи сахте расиду дард кард. Вай чашмашро кушода, чиро дид?! Сабадро дид, ки парида дар байни роҳ рафтасту тухмҳо шикастаанд. Як тухми бутун ҳам намондааст!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

04 Jan, 18:56


Аз ҷавоби рӯякии хонандагон ҳавсалаи муаллима пир шуд, магар:
– Шумо манфиати худро фикр мекунед, –  гуфт бо оҳанги таассуф,–  Паҳлавон Маҳмуд Ватанро, халқро фикр мекард. Медонед, ӯ чӣ пурсид? Озодии дусад нафар ҳамватанонашро, ки дар зиндони султон занҷирбанд буданд.
Сари хонандагон хам хӯрд. Муаллима аз фикр накарда ҷавоб доданашон хиҷолат шудани онҳоро пай бурда, ҳикояро давом дод.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

04 Jan, 18:55


ҲИКОЯИ ХИҶОЛАТ

Султони Ҳиндустон ба шикор баромад. Ҳини шикор тахти равони дар болои фил гузошташудаи ӯ дар ботлоқ ғӯтид. Ҳеҷ кас илоҷи баровардан наёфта буд, ки Паҳлавон Маҳмуд байни ду пойи пеши фил даромада, онро дар пушташ бардошта баровард. Султон ба қувваи ғайриоддии Паҳлавон Маҳмуд қоил шуда, гуфт: “Аз ман чӣ мехоҳӣ? Пурс!” 
Муаллима ҳикояи худро дар ҳамин ҷо нигоҳ дошта, ба хонандагон рӯ овард:
– Канӣ, Собирҷон, ту мебудӣ, аз султон чӣ мехостӣ?
– Ман? Ман... Мошини наппанав!
– Ту чӣ, Ҳошимҷон?
– Ман... Ман... Дастгоҳи яхмосбарорӣ.
– Соҷида, ту чӣ?
– Ман... Пӯстини пашмин.
Муаллима чун ҷавоби дилхоҳ нагирифт, аз як тараф пурсидан гирифт:
– Ман фил мегуфтам. Фили калон!
– Ман як сумка доллар.
– Ман компутер.
– Ман тӯби футбол.
– Ман велик...

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

04 Jan, 18:39


ЛИМӮ БАРИН ТУРШ

Ромизи хурдсол бо ҳузуру ҳаловат ва резонидаву чошонида қаймоқ мехӯрд. Чумчаро ба  қаймоқи ғафси даруни коса ғӯтонида, ба даҳон мебурд. Аз хӯрдан болои лабонаш ҳатто «мӯйлаб» бароварда буд.
Ҳамин вақт модаркалонаш ба ошхона даромад. Ӯро дар чунин аҳвол дида, дар лабонаш табассум дамид.
– Ширину бамаза? – бо ҳавас ба қаймоқхӯрии ӯ лаҳзае зеҳн монда пурсид модаркалон.
– Ҳа, – лабу лунҷи қаймоқини худро лесида ҷавоб дод Ромиз.
– Ман ҳам камтар хӯрам?  ба сӯйи коса чашм  дӯхта пурсид модаркалон.
Ромиз боз як чумча қаймоқро ба даҳон бурда, лабу лунҷашро мисли одамони лимӯхурда бурмаву чурма кард:
– Лимӯ барин турш, бибиҷон. Шумо лимӯро ганда мебинед-ку!
– Ҳа, бобоҷон, – аз ин ҳозирҷавобии наберааш мамнун гашта, аз пешонааш бӯсид. – Ман лимӯро бад мебинам.

Бахтиёри ҶУМЪА

 
https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

04 Jan, 07:10


Шумораи навбатии 2-уми «ОВОЗИ ТОҶИК» аз 4 январи соли 2025 барои мутолиа пешкаш мегардад.

Шакли PDF-ро таҳририят пешниҳод намудааст.

Аз тариқи веб-сайти интернетии рӯзнома ovozitojik.uz низ метавонед аз навгониҳо хабардор гардед.

〰️〰️〰️〰️〰️
Пайвастан ба шабака
:
👇👇👇
https://t.me/ovozi_tojik_1924

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

04 Jan, 07:09


Шумораи 1-уми «ОВОЗИ ТОҶИК» аз 1 январи соли 2025 барои мутолиа пешкаш мегардад.

Шакли PDF-ро таҳририят пешниҳод намудааст.

Аз тариқи веб-сайти интернетии рӯзнома ovozitojik.uz низ метавонед аз навгониҳо хабардор гардед.

〰️〰️〰️〰️〰️
Пайвастан ба шабака
:
👇👇👇
https://t.me/ovozi_tojik_1924

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Jan, 18:31


МОДАРОН АЗ МО РОЗӢ БОШАНД🤲🤲🤲🤲

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Jan, 06:57


ТОҶИКӢ ЛАФЗИ БИҲИШТӢ

То даме, ки тоҷикӣ монад забонам,
То даме, ки форсӣ монад каломам,
То замоне, ки дарӣ монад мақомам,
Ҷовидон монад тану рӯҳи равонам.

Дар вуҷудам тоҷикиро модарам кишт,
Бо суруди “Алла”, бо ширам сиришт.
Дар замонаш гуфта буд пайғамбарам(с):
Эй забони тоҷикӣ, нури биҳишт!

Дар ҷаҳон поянда мебояд мақомат,
Бод фархунда мақоми ҷовидонат!

Эй забони модарӣ, пайванди ҷонам,
Ту мадору қуввату тобу тавонам.
Эй забони тоҷикӣ, то чархи афлок,
Зинда кардӣ дар Аҷам ному нишонам.

Эй забони тоҷикӣ, воломақомӣ,
Ҳам забони Рӯдакӣ, Саъдию Ҷомӣ.
Тоҷикӣ, дар “Махзани тиллоӣ” ҷогир,
Чун забони қимату алфози олӣ.
Дар ҷаҳон поянда мебояд мақомат,
Бод фархунда мақомат то қиёмат!

А. ҚОДИРӢ


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Jan, 05:10


МОТИВАТСИЯИ РӮЗ

Ҳар саҳар ба худ 5 гапро бигӯед:

1. Худо бо ман аст.
2. Ман инсони хушбахттарин дар рӯйи ҷаҳон ҳастам.
3. Ман одами беҳтарини рӯйи дунё ҳастам.
4. Имрӯз рӯзи ман аст.
5. Дар ҳама ҷода зафар бо ман аст.

ДАР АМОНИ ХУДОВАНД ХУШБАХТУ ХУШРӮЗ БОШЕД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Jan, 05:06


БАРАКОТ АЗ НИЯТ

  Марде пас аз оиладор шуданаш кораш пеш рафт. Аз ин ҳолат хурсанд буд, рӯзе дар дил андешаи ғурур пайдо кард:

- Сабаби ин сифати аҷиби зиндагии зебои ман тақвост. Худованд ба бандаи солеҳ ҳамин тавр подош медиҳад., - гуфт. Вай бисёр мағрур буд. Вақти таомхӯрӣ ба занаш гуфт:

- Шавҳари ҳар кас мисли ман нест. Худо ба ивази эътиқодам маро бадавлат кард.

Занаш хомӯшона хандид.
Аз ин изҳорот як ҳафта гузашт. Аз чӣ сабаб бошад, ки давлати ӯ торафт кам мешуд. Кораш пеш намерафт. Вақте ки занаш сабаби инро пурсид, бо алам асабонӣ шуда гуфт:

— Хайр, чӣ мегӯӣ, зан, ман намедонам, ки чӣ шуд? Ҳама корам қафо рафт. Баракот аз ман дур шуд.

Зан бо табассум ҷавоб дод:
— Ман ҳам доим шукр мекардам, ҳатто дар назди танӯр ҳамеша дар забонам дуо ва дар дилам андешаҳои нек доштам, то он чизе, ки аз рӯйи инсоф ёфтед, на танҳо ҷисм, балки руҳи моро низ қавӣ гардонд. То он даме, ки шумо дар бораи баракотҳо ҳафтаи гузашта ба забон гирифтед.

Ман як ҳафта аст, ки аз ин одат даст кашидам. Ман фикр мекардам, ки саҳми ман ба бадавлат шудани шумо бузург аст. Дарвоқеъ, ман ҳам хато кардам. Мо ҳарду фаромӯш кардем, ки ҳама неъматҳо аз ҷониби Оллоҳ аст. Худоё моро бубахшад, ки кибрдору мағрур шудем...

ШУКРОНА БОЯД КАРД.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Jan, 04:30


ДУО АЗ БОБОИ БАРФӢ

Ба хонадонатон сиҳатии бардавом, тинҷиву оромӣ, бахту саодат, шодиву файзу баракот ҳукмфармо бошад!

РӮЗИ ХУБУ ХУШЕ ДОШТА БОШЕД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

03 Jan, 04:22


АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ

   Рӯзи аввали кор дар Соли нави 2025-и мелодӣ мубораку бахайр бошад. Ба Шумоён тани сиҳат, хотири ҷамъ, саодати ду дунё ва қабули дуоҳоятонро мехоҳем.

СУБҲИ НАКУИ ПУРФАЙЗ МУБОРАКУ БАХАЙР БОШАД!


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

02 Jan, 13:57


Гуфт:
— Кибр — ғурур.
Гуфтанд:
— Кадом пироя аст, ки бар марду зан некӯст?
Гуфт:
— Ростию покӣ.
Гуфтанд:
— Хоб чист?
Гуфт:
— Марги сабук.
Гуфтанд:
— Марг чист?
Гуфт:
— Хоби гарон.
Гуфтанд:
— Чӣ чиз аст, ки ҳамаи хуррамӣ аз ӯст?
Гуфт:
— Сухани бузургон.
Гуфтанд:
— Он чӣ роҳ аст, ки вайро ҳеҷ рӯи офият — дурустӣ нест?
Гуфт:
— Зулм бар мазлумон ва бечорагон.

Аз “Пирӯзнома”-и Абӯалӣ ибни Сино

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

02 Jan, 13:56


Гуфтанд:
— Кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз кӯҳна нагардад?
Гуфт:
— Номи нек.
Гуфтанд:
— Кадом душман аст, ки аз ҳамаи дӯстон гиромитар — азизтар аст?
Гуфт:
— Нафс.
Гуфтанд:
— Кадом бемор аст, ки мардум аз илоҷи он оҷиз оянд?
Гуфт:
— Аблаҳӣ.
Гуфтанд:
— Кадом балост, ки мардум аз он бало нагурезанд?
Гуфт:
— Ишқ.
Гуфтанд:
— Кадом баландӣ аст, ки аз ҳамаи пастиҳо пасттар аст?

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

02 Jan, 13:55


АНДАРЗҲОИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ

Аз Луқмони Ҳаким... пурсиданд, ки донотар кист?
Гуфт:
— Он ки неъмати дунё ба уқбо — қиёмат нагузинад.
Гуфтанд:
— Тавонгартар кист?
Гуфт:
— Он ки аз ақл тавонгартар аст.
Гуфтанд:
— Чист, ки онро ҷӯянд ва касе надонаду нашиносад?
Гуфт:
- Оқибати корҳо.
Гуфтанд:
— Кадом биност, ки ҳаргиз хароб нашавад?
Гуфт:
— Адл.
Гуфтанд:
— Кадом талхӣ бошад, ки охир ширин гардад?
Гуфт:
— Сабр.
Гуфтанд:
— Кадом ширин бошад, ки охир талх гардад?
Гуфт:
— Шитоб.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Dec, 10:49


СОЛИ НАВ

Соли нек, иқдоми нек, иқболи нек,
Фоли нек, пидроми нек, омоли нек.
Марҳабо, бо файзу эҳсону шукӯҳ,
Ҳоли нек, айёми нек, эй соли нек.

Бо ҳазорон орзуи кӯдакон,
Ҳамнаво бо меҳри нарми мардумон.
Файз орад, Соли неки бомурод,
Бар замини меҳрбори мулкамон.

Ҳамватан! Бодо муборак Соли Нав,
Бахти нав, уммеди нав иқболи нав.
Ҳамчу барф бодо ниятҳо сап-сафед,
Муддаою ҳам пайю омоли нав!

Ҳамзамон, ин ҷашни ту фархунда бод,
Бо навои ҳамдилӣ тобанда бод.
Рафт соли куҳна бо шодию ғам,
Соли нав бо хони нав поянда бод!

ОЗАРМЕҲР

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Dec, 10:33


СОЛИ НАВ

Соли нав, яъне давоми соли нек,
Соли нав, яъне паёми фоли нек.

Соли нав, яъне шукӯҳи фасли дай,
Соли нав – табрики ёрон пай ба пай.

Соли нав, яъне гузоришҳои дил,
Бо усули нав нигоришҳои дил.

Соли нав – субҳи пур аз файзу сафо,
Соли нав – оғози фасли хандаҳо.

Соли нав, яъне дами барнои вақт,
Бо тариқи тозатар эҳёи вақт.

Соли нав, яъне ба табрик омадан,
Панҷа бар пушти дари дилҳо задан.

Пас, муборак бод, ёрон, Соли нав,
Ҳадя созад бар шумо иқболи нав.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Dec, 10:30


Дар мактаби миёнаи рақами 56-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё бо иштироки донишомӯзони синфи 7-и "Б" бо ташаббуси муаллима Фарида Фаттоҳова аз фанни география дарси кушоди намунавӣ гузаронида шуд. Донишомӯзон фаъолона иштирок намуданд ва дарс пурсамару хотирмон гузашт.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Dec, 02:29


РӮЗАТОН БО ХУШНУДӢ ГУЗАРАД. ДАР АМОНИ ХУДОВАНД ХУШБАХТ БОШЕД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Dec, 02:23


СОЛИ НАВ

Соли Нав орад паём аз таърихи бою навин,
Ин замонест, ки фазо оҳанги шодӣ мезанад.

Соли Нав ҷашни тамоми миллати рӯйи ҷаҳон,
Бар лаби пиру ҷавон ханда чу лола медамад.

Бо қудуми Соли Нав дилҳо муаттар мешавад,
Меҳр афзун гаштаву дида мунаввар мешавад.

Аз замони ҳукми Рим ҷорӣ шуда, то ҳол бапост,
Соли Нав пурнур гардон манзили мо то абад!

Нозанин Ғаффорова

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Dec, 02:23


АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ

Гӯши дил бодо Шуморо бар садои зиндагӣ,
Чашми дил равшан бимонад аз зиёи зиндагӣ.

То хирад бошад Шуморо раҳнамоӣ зиндагӣ,
Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод!

Соли нав некӯтарин соле ба ҳар тоҷик бод!
Тифлаку гаҳвора бошад хонаорои Шумо,

То суруди алла бошад шаҳди овои Шумо,
Ҳам зи бори ғам нагардад сарви болои Шумо!

Дар муҳаббатхонаи дилҳо бувад ҷои Шумо,
Дар паноҳи сулҳ бошад  бахти волои Шумо!

Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некӯтарин соле ба ҳар тоҷик бод!

СУБҲАТОН БА ХАЙР БОШАД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Dec, 16:37


Нақшаи тақвимии таълимӣ аз фанҳои Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш, забони тоҷикӣ адабиёти тоҷик дар синфҳои 1-11-ум барои чоряки 3-юм дар соли хониши 2024-2025.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Dec, 11:08


Дар мактаби миёнаи рақами 56-и ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё бо иштироки донишомӯзони синфи 7-и "Б" таҳти сарварии муаллима Саида Ниёзова аз фанни биология ба пешвози Соли нав дарси кушоди намунавӣ гузаронида шуд. Муаллима аз методҳои нави замонавӣ истифода бурда дарси интерфаъол гузаронид. Донишомӯзон дар нақшофарӣ ва саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуданд. Меҳмони дарс Бобои барфӣ ва наберааш Барфак буданд. Хонандагон бо иштироки фаъолашон дарсро пурсамар гардониданд.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

23 Dec, 12:18


❇️ Дар санаи 21-уми декабри соли ҷорӣ дар МТУДМ 21-и ноҳияи Самарқанд аз тарафи муаллимаи фанни забону адабиёт Умарова Ирода аз фанни адабиёт бо хонандагони синфи 6"А" дар мавзӯи Ҳикояҳо аз "Баҳористон"-и Абдураҳмони Ҷомӣ дарси кушод гузаронида шуд.
✳️Дар ҷараёни дарс муаллима аз методҳои интерфаъол ба монанди "Ҳуҷуми ақлӣ" ,"Домино" "Таҳияи калимаёбӣ","Склети моҳӣ", "Занҷир"истифода намуданд.

❇️Дар дарс хонандагон фаъол иштирок намуданд. Дарс намунавӣ гузашт.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

23 Dec, 02:59


АМАЛИ ОРЗУҲОИ ДЕРИНАВУ НАВИНАТОНРО МЕХОҲЕМ!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

23 Dec, 02:57


Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор.
В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

Абунасри ФОРОБӢ

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

23 Dec, 02:54


АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ

Эй азизон, дар саҳаргоҳи умед,
Бод равшан сӯятон роҳи умед.

Бод Ҷоми Ҷам субӯҳии шумо,
Баски аз авлоди Доруву Ҷамшед.

Мардуми дунёст афзун дар шумор,
Лек болотар аз ин бешу камед.

Дар ватандорӣ расо аз Рустамед,
Дар саховат бештар аз Ҳотамед...

ШАҲРИЯ

ДАВОМИ ҲАФТА ТАНСИҲАТУ ХОНАОБОД, ХУШРӮЗУ ХУШБАХТУ ЗАФАРЁР БОШЕД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

21 Dec, 17:41


Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.

Абулқосим ФИРДАВСӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

21 Dec, 17:29


Лавҳа аз дарси таҷрибаомӯз Таҳмина Анварова бо донишомӯзони синфи 8-и "А" аз фанни забони тоҷикӣ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

21 Dec, 17:29


Ёрӣ ба омӯзгорон

Тақдимоти дарс дар мавзӯи "Ҷумлаҳои унвонӣ. Ҷумлаҳои тасдиқӣ ва инкорӣ" аз фанни забони тоҷикӣ барои синфи 8

Таҳияи Таҳмина Анварова, донишҷӯи соли сеюми бахши филологияи тоҷики ДДС, таҷрибаомӯзи мактаби миёнаи таълими умумии рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

21 Dec, 17:18


Лавҳа аз дарси таҷрибаомӯз Фарангис Олибоева бо донишомӯзони синфи 7-и "А" азфанниадабиёт

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Nov, 12:47


Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!

Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое,
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!

Аё савсанбаногӯше, ки дорӣ
Ба рашки хештан ҳар савсанеро.

Яке з-ин барзани нороҳ баршав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.

Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?

Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро.

Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.

АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Nov, 12:33


Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслаҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслаҳат нест!

Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,
Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслаҳат нест!

Шуморо бо шумо мехонад он ёр,
Шуморо ин шумоӣ маслаҳат нест!

Чу хони осмон омад ба дунё,
Аз ин пас бенавоӣ маслаҳат нест.

Дар ин матбах, ки қурбон аст ҷонҳо,
Чу дунон нонрабоӣ маслаҳат нест!

Бигӯ он ҳирсу ози роҳзанро,
Ки макру баднамоӣ маслаҳат нест!

Чу подорӣ, бирав дасте биҷунбон,
Туро бедаступоӣ маслаҳат нест!

Чу пойи ту намонад, пар диҳандат
Ки бе пар дарҳавоӣ маслаҳат нест!

Чу пар ёбӣ, ба сӯйи доми Ҳақ пар,
Ки аз домаш раҳоӣ маслаҳат нест!

Ҳумои Қофи қурбӣ, ай бародар,
Ҳуморо ҷуз ҳумоӣ маслаҳат нест!

Ҷаҳон ҷӯю сафо баҳру ту моҳӣ,
Дар ин ҷӯ ошноӣ маслаҳат нест!

Хамуш бошу фанои баҳри Ҳақ шав,
Ба ҳанбози Худоӣ маслаҳат нест!

МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Nov, 06:08


Фасли баҳор инчунин, бонги ҳазор инчунин.
Чеҳра кушо, ғазал саро, бода биёр инчунин.

Ашки чакидаам бибин, ҳам ба нигоҳи худ нигар.
Рез ба найситони ман барқу шарор инчунин.

Боди баҳорро бигӯ, пай ба хаёли ман барад.
Водии даштро диҳад нақшу нигор инчунин.

Зодаи боғу роғро аз нафасам таровате,
Дар чамани ту зистам бо ғулу хор инчунин.

Олами обу хокро бар маҳаки дилам бисой,
Равшану тори хешро гир иёр инчунин.

Дил ба касе набохта, бо ду ҷаҳон насохта.
Ман ба ҳузури ту расам рӯзи шумор инчунин.

Фохтаӣ куҳансафир нолаи ман шуниду гуфт:
Кас насуруд дар чаман нағмаи пор инчунин!

Муҳаммад ИҚБОЛ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Nov, 06:07


Чанд ба рӯйи худ кашӣ пардаи субҳу шомро?
Чеҳра кушо, тамом кун ҷилваи нотамомро.

Сӯзу гудоз ҳолатест, бода зи ман талаб кунӣ,
Пеши ту гар баён кунам мастии ин мақомро.

Ман ба суруди зиндагӣ оташи ӯ фузудаам,
Ту нами шабнаме бидеҳ лолаи ташнакомро.


Ақл варақ-варақ бигашт, ишқ ба нуктае расид,
Тоири зираке барад донаи зери домро.

Нағма куҷову ман куҷо? Сози сухан баҳонаест,
Сӯйи қатор мекашам ноқаи безимомро.

Вақти бараҳна гуфтан аст, ман ба киноя гуфтаам,
Худ ту бигӯ куҷо барам ҳамнафасони хомро?

Муҳаммад ИҚБОЛ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Nov, 04:30


ПАНДУ АНДАРЗҲОИ НӮШЕРВОНИ ОДИЛ

1. Агар хоҳӣ, ки писандидаи мардумон бошӣ, бар он кас, ки хирад аз ӯ ниҳон бошад, рози хеш ошкор макун.

2. Агар хоҳӣ, ки бартар аз мардумон бошӣ, фарохнону намак бош.

3. Чаро душман нахонӣ касеро, ки ҷавонмардии хеш дар озори мардумон донад?

4. Чаро дӯст хонӣ касеро, ки душмани дӯстони ту бувад?

5. Бо мардуми беҳунар дӯстӣ макун, ки мардуми беҳунар на дӯстиро шояд ва на душманиро.

6. Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно шумурад.

7. Дод аз худ бидеҳ, то аз довар мустағнӣ бошӣ.

8. Агарчи ҳақ талх бошад, бибояд шунид.

9. Агар хоҳӣ, ки рози ту душман надонад, бо дӯст магуй.

10. Агар хоҳӣ, ки қадри ту бар ҷой бошад, қадри мардумон бишинос.

МЕҲРУБОН БОШЕМ!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Nov, 04:15


БАҲСИ ЧАРОҒИ ЭЛЕКТРӢ ВА ШАМЪ

Чароғи электрикӣ:
– То ҷое қудрат дорам, ки аз нури ман саросари ҷаҳон равшан мегардад. Кори шабонарӯзии заводу фабрикаҳо ва ҳаракати нақлиёти гуногун ба ман вобаста аст.
Зимистон хонаи мардумро гарм мекунам, як рӯз қатъ гардам, ҳоли онҳо табоҳ аст.
Шамъ:
– Дуруст мегӯӣ. Ман низ собиқаи пурифтихор дорам. Шеърҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шарозӣ, Умари Хайём ва даҳҳо тани дигар дар партави ман эҷод шудаанд. Имрӯз низ, вақте ту қатъ мегардӣ, мардум маро меҷӯянд. Ҳатто шоҳон корҳояшонро дар партави ман анҷом медиҳанд...

Мурод ҚУРБОНЗОДА,
ноҳияи УРГУТ.

"Овози тоҷик"

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Nov, 04:15


Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махўр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.

Абӯабдуллоҳи РӮДАКӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Nov, 04:14


МОТИВАТСИЯИ РӮЗ

Хушбахтӣ он аст, ки ҳеҷ ҷоятон дард намекунад...

Хушбахтӣ он аст, ки кӯдаконатон солим бошанд...

Хушбахтӣ он аст, ки шумо касе дошта бошед, ки орзуи худро баён кунед...

Хушбахтӣ он аст, ки касе доред, ки дар ҳаққаш фикр мекунед...

Хушбахтӣ он аст, касе доред, ки дар бораи Шумо фикр мекунад...

ШУКРИ БЕҲАД!


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Nov, 04:13


АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ

Субҳи нав муборак
Бигзор, давоми ҳафта Худованд ҳамаи ният ва амали некамонро ба даргоҳаш қабул гардонад.

СУБҲАТОН БА ХАЙР БОД!


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

23 Nov, 15:02


Ёрӣ ба омузгорон

Тақдимоти дарси намунавӣ аз фанни тарбия дар мавзӯи "Маҳаллаи ман - ифтихори ман" аз фанни тарбия барои синфи 6

Таҳияи Равшан Ҳасанов, донишомӯзи курси сеюми шабонаи бахши филологияи тоҷики ДДС, таҷрибаомӯз ва омӯзгори ҷавони мактаби миёнаи таълими умумии рақами 22-уми ноҳияи Самарқанд

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

23 Nov, 13:27


Дарси кушоди намунавӣ аз фанни тарбия дар мавзӯи "Маҳаллаи ман" бо иштироки донишомӯзони синфи 6 "В" таҳти роҳбарии Равшан Ҳасанов, донишомӯзи курси сеюми шабонаи бахши филологияи тоҷики ДДС, таҷрибаомӯз ва омӯзгори ҷавони мактаби миёнаи таълими умумии рақами 22-уми ноҳияи Самарқанд

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

23 Nov, 11:25


Ёрӣ ба омӯзгорон

Тақдимоти дарс дар мавзӯи "Мигел де Сервантес. Романи "Дон Кихот" аз фанни адабиёт барои синфи 10.

Таҳияи Маърифат Муродуллоева, донишҷӯйи курси 3, бахши филологияи тоҷики ДДС, таҷрибаомӯз дар мактаби миёнаи таълими умумии рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

23 Nov, 11:23


Ёрӣ ба омӯзгорон

Тақдимоти дарс дар мавзӯи "Имконоти услубии экзотизм, варваризм, вулгаризм ва эвфемизм" аз фанни забони модарӣ барои синфи 10.

Таҳияи Нозима Абдуқаюмова,  донишҷӯйи курси 3, бахши филологияи тоҷики ДДС, таҷрибаомӯз дар мактаби миёнаи таълими умумии рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

23 Nov, 11:20


Дар мактаби миёнаи рақами 37-и ноҳияи Самарқанд як гурӯҳ донишҷӯёни курси сеюми бахши филологияи тоҷики ДДС баҳри таҷрибаомӯзӣ фаъолият доранд. Имрӯз дар синфи 10 "Б" Нозима Абдуқаюмова аз фанни забони модарӣ ва Маърифат Муродуллоева аз фанни адабиёт  дарси кушод гузаштанд. Мавзӯи дарсро фаҳмонида доданд ва бо донишомӯзон ба воситаи методҳои интерфаъол мавзӯъро мустаҳкам намуданд.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

22 Nov, 03:17


Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.

Абӯабдуллоҳи РӮДАКӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

29 Oct, 17:51


Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт,
Андешаву ҷаҳду мо куҷо хоҳад рафт,
Пайваста нишастаем дар ҳасрати он-к,
Дер омадему зуд мебояд рафт.

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

29 Oct, 17:46


Онон, ки кӯҳан буванду онон, ки наванд,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.
В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.

Умари ХАЙЁМ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

29 Oct, 09:54


Он гоҳ шер рӯ ба сӯи рӯбоҳ карду гуфт: - Инак, ту шикорро ба адолат тақсим кун.
Рӯбоҳ таъзиме карду гуфт: -Қурбонат гардам, гов барои чошт ва буз барои наҳор ва харгӯш барои шоми шумо бошад.
Шер ханда карду гуфт: -Офарин! Ин адолат аз куҷо омӯхтӣ?
Рӯбоҳ гуфт: -Аз бадани пора-пораи гург:

Гуфт: -Эй рӯбаҳ, ту адл афрӯхтӣ,
Инчунин қисмат зи кӣ омӯхтӣ?
Аз куҷо омӯхтӣ ин, эй бузург?
Гуфт: -Эй шоҳи ҷаҳон, аз ҳоли гург.
Гуфт: -Чун дар ишқи мо гаштӣ гарав,
Ҳар серо баргиру бистону бирав.

Пас, эй азиз, аз аҳволи дигарон панд гир, ки зиндагонӣ барои ҳар кас ҷуз як бор набошад ва ҳаргиз такрор нагардад ва агар аз аҳволи дигарон панд гирӣ, чунон бошад, ки ҳазор бор зистаӣ:

Оқил он бошад, ки гирад ибрат аз
Марги ёрон дар балои мӯҳтараз.
Рӯбаҳ он дам бар забон сад шукр ронд,
Ки маро шер аз пайи он гург хонд.

Шарҳи луғат:

Зафт - калонҷусса, фарбеҳ.
Ҷанб – паҳлӯ, канора.
Матраҳ – ҳисоб кардан; маҳалли андохтан.

Ҳикоят аз "Маснавии маънавӣ"- и Ҷалолуддини Балхӣ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

29 Oct, 09:53


ҲИКОЯТИ ШЕР ВА РӮБОҲИ ТЕЗҲУШ

Шepy гургу рӯбаҳе баҳри шикор,
Рафта буданд аз талаб дар кӯҳсор.
То ба пушти ҳамдигар бар сайдҳо,
Сахт барбанданд бори қайдҳо.

Ин се сайёд, ки ба азми шикор ба кӯҳу дашт рафтанд, саранҷом ба се шикор даст ёфтанд: гови кӯҳӣ, бузи кӯҳӣ ва харгӯш.
Шер рӯ ба гург карду гуфт: -Ту аз ҷониби ман вакил бош ва ин шикорҳоро ба адолат миёни мо тақсим кун.
Гург:

Гуфт: -Эй шаҳ, гови ваҳшӣ бахши туст,
Он бузургу ту бузургу зафту чуст.
Буз маро, ки буз миёна-сту васат,
Рӯбаҳо, харгӯш бистон беғалат.

Гypг ба муносибати ҷуссаву танумандӣ шикорро тақсим кард. Шикори бузург барои шер ва шикори кӯчак барои рӯбоҳ ва шикори миёна барои худаш.
Шер ба хашм омаду гуфт: -Эй гург, чӣ гуна то ман ҳастам, дам аз «мову ту» мезанӣ ва худро дар ҷанби мо матраҳ мекунӣ. Ва ногаҳон бар ӯ парид ва даридаш. Гург ба ҷурми ин беадабӣ пора-пора шуд.

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

28 Oct, 03:40


ҲИКМАТИ РӮЗ

Як табассум метавонад ба дӯстӣ оғоз бахшад.

Як сухан метавонад душманро дӯст гардонад.

Як нигоҳ метавонад меҳрро бунёд кунад.

Як инсон метавонад тамоми зиндагиатро тағйир диҳад.

Як тавба метавонад туро ба биҳишт бубарад.

ДАВОМИ РӮЗУ ҲАФТА,
МОҲУ СОЛУ УМР ХУРСАНДУ ХУШБАХТУ ЗАФАРЁР БОШЕД!

ХУДО НИГАҲБОНИ ШУМО!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

28 Oct, 03:29


Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Надорӣ дареғ он чӣ дорӣ зи дӯст,
Агар дида хоҳад, агар мағзу пӯст.

Агар дӯст бо дӯст гирад шумор,
Набояд, ки бошад миёнчӣ ба кор.

Ҳамеша хирадро ту дастур дор,
Бад – ӯ ҷонат аз носазо дур дор.

Абулқосим ФИРДАВСӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

28 Oct, 03:20


АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ

Субҳи нав орад паёми зиндагӣ,
Зиндагӣ бахшад нури тобандагӣ.

Давоми ҳафта ба ҳар яки шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаободию сарбаландӣ, бахту иқбол ҳамқадам бошад

СУБҲАТОН БАХАЙР БОД!

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

27 Oct, 07:35


СУЛҲ

Хонаи умеди дунё кишварам,
Кишвари паҳновару бахтоварам,
З-ин саодат сар ба гардунҳо барам,
Ҳофизи озодии баҳру барам.

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Сулҳ чун хуршеди тобон ҳар саҳар,
Мешавад аз кишвари ман ҷилвагар.
Ҷумла оламро диҳад ӯ зебу фар,
Нур пошад бар сари навъи башар.

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Баҳри олам сулҳ даркор аст, сулҳ,
Насли одамро нигаҳдор аст сулҳ,
Чун шифои ҷони бемор аст сулҳ,
Модаронро бахти бедор аст сулҳ.

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Боқӣ РАҲИМЗОДА


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Oct, 16:20


Зи иқболат манам шод, Ӯзбекистон,
Зи озодӣ ту обод, Ӯзбекистон.
Ҳумои бахту истиқлол овард,
Ҳаёти тозабунёд, Ӯзбекистон.
Чӣ хуш, фарзанди дилсӯзи диёрам,
Зи истиқлоли кишвар бахтиёрам.
Қасам бар номи поки кишвари ҷон,
Ки тайёрам ба ҳифзаш ҷон супорам.

НОРМУРОД КАРИМЗОДА

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Oct, 16:15


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Oct, 16:15


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Oct, 16:14


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Oct, 15:43


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Oct, 15:37


https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Oct, 15:36


КИШВАРИ ДОИМБАҲОР

Дар куҷои олам ин сон мулки зебо гулшан аст,
К-андар он ӯзбеку тоҷик ҳамқадам, ҷону тан аст.
Аз азал ҳамсояаш қирғиз, қазоқу туркман аст,
Иди истиқлолро ҳангоми таҳсин гуфтан аст.
Кишвари доимбаҳорам, Ӯзбекистони ман аст.

Шуд зи Истиқлол халқи беназирам сарафроз,
Шуд забони миллати покизабунёдам дароз.
Қомати ҳамгаштааш гардида чун сарве дароз,
Номи оламгири бобоён зи нав шуд бениёз,
Кишвари доимбаҳорам, Ӯзбекистони ман аст.

Байрақи зебандааш дар қасри милал ҷо гирифт,
Мадҳи беҳамтош дар қалби ҳама маъво гирифт.
Марказаш дар чашми олам арзиши аъло гирифт,
Сарвари оқил ба некӣ шӯҳрати дунё гирифт.
Кишвари доим баҳорам, Ӯзбекистони ман аст.

Ҳусниддин Зулфон

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Oct, 15:34


Пагоҳ, рӯзи 27‑уми октябр интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мегардад.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

26 Oct, 05:29


АДАБ

Ҳар кас, ки бошад боадаб,
Хурсандии олам аз ӯст.
Аз боадаб розӣ ҳама,
Зеро гапу кораш накӯст.

Устодро мисли падар,
Донад азизу мӯътабар.
Бе ҳеҷ як чуну чаро
Панди варо орад ба ҷо.

Бар ҳар яки мо, баччаҳо,
Бошад адаб омӯзгор.
Моро ба пеш ӯ мебарад
Бо роҳи неки рӯзгор.

Алӣ БОБОҶОН

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Oct, 16:52


Шоиреро офаридан кори як садсолаест,
Сахт коре, бори як сайёраест.

Ҳамчу сарват шоире гум кардан осон асту лек,
Ҳамчу шӯҳрат шоире дарёфтан бас мушкил аст.

Қитъае холист бе Фирдавсии Тӯсӣ ҳанӯз,
Қитъае бечораи як шоири соҳибдил аст...

Бозор СОБИР

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Oct, 16:49


Гандум ки ба ранги рӯи модар будаст,
Баргаш ба мисоли мӯи модар будаст.
Он бӯи фатирхамири гармаш ба димоғ
Аз бачагиам чу бӯи модар будаст.

Бозор СОБИР

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

25 Oct, 15:23


Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз, 
Сад боғ мева чидаму беҳосилам ҳанӯз. 

Сад бандро кушодаму растам зи сад бало, 
Накшодааст уқдаи банди дилам ҳанӯз. 

Сад марг пушти сар шуду сад дард зери по, 
Дар ҳифзи хеш он қадар ноқобилам ҳанӯз. 

Бишнида асрҳои аср андарзи шоирон, 
Касби камол кардаву нокомилам ҳанӯз. 

Як умр роҳ ҷуставу як ҷо ситодаам, 
То осмон паридаву по дар гилам ҳанӯз.

Лоиқ ШЕРАЛӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

24 Oct, 09:19


Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав,
Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бе такаббур хок шав!

Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибру мову ман,
Ҳар дуро чун нардбон зер ору бар афлок шав!

Ҳар куҷо ту хашм дидӣ, кибрро дар хашм ҷӯ,
Гар хушӣ бо ин ду морат, худ бирав, Заҳҳок шав!

Гар зи кибру хашм безорӣ, бирав кунҷе бихусб,
В-ар зи кибру хашм дилшодӣ, бирав, ғамнок шав!

Хашми сагсорон раҳо кун, хашм аз шерон бибин,
Хашм аз шерон чу дидӣ, сар биниҳ, шишок шав!

Луқмаи ширин, ки аз вай хашм ангезад, махур,
Луқма аз лавлок гиру бандаи лавлок шав!

Рав, ту қассоби ҳаво шав, кибру кинро хун бирез,
Чанд бошӣ хуфта зери ин ду саг?! Чолок шав!

Ҷалолуддини БАЛХӢ

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

24 Oct, 09:16


ТАБАССУМ

Борон дар пайроҳа

• Модарҷон, чаро борон мерезад?
- Барои он ки алаф сабзад, себу нок пазад, ғалла рӯяд ва гулҳо бишкуфанд...
• Пас чаро ба пайраҳо ҳам борон мерезад?

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

24 Oct, 09:15


ТАБАССУМ

Чаро гиря мекунад?

- Томас, чаро додарат гиря мекунад?
- Аз самбӯсаам ба ӯ надодам.
- Магар самбӯсаи худаш аллакай тамом шуд?
- Вақти самбӯсаашро хӯрданам ҳам гиря мекард.

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

23 Oct, 05:50


Зиндагӣ чун сахт ояд, марг осон мешавад,
Одамӣ аз ин ҷаҳон гоҳе гурезон мешавад.
Ҳарчи ояд бар сари одам, зи одам мерасад,
Гар ҷафокор аст муслим, номусалмон мешавад.
Баҳри Ором, бо ҳама оромие дорад ба худ,
Гоҳ-гоҳе тунд, аз таъсири тӯфон мешавад.
Бесабаб ашке зи дида барнамеояд бурун,
Дар диле чун сӯз бошад, дида гирён мешавад.
Сабзаҳои хушки соҳил хам бигашта дар суҷуд,
Интизоранд аз Худои худ, ки борон мешавад.
Рӯзгори бенавоеро накардем чорае,
Бо кадом рафтор аз мо, шод Яздон мешавад?

Хусрав Ҳабибзода

https://t.me/Xirad

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

22 Oct, 04:00


#abituriyent

Bilim va malakalarni baholash agentligi 2025/2026-o‘quv yilida OTMlarning bakalavr yo‘nalishlariga qabul imtihonlarida qo‘llaniladigan test topshiriqlari shakllantiriladigan o‘quv dasturlarini e'lon qildi.

O‘quv dasturlari bilan ushbu havola orqali tanishish mumkin.

E’tibor bering: bu darsliklar ro’yxati emas, balki o’quv dasturlari ro’yxati. Jaydari tilda aytganda, abituriyentlar qaysi bilimlarni (mavzularni) egallashi kerakligi haqida ma’lumot.


👉 @xushnudbek 👈

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

21 Oct, 13:37


Имруз дар мактаби таълими миёнаи умумии рақами 18 бахшида ба рузӣ 21-октябр "Рӯзи мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ"бо ҳамкории маркази мадани-фарҳангии ноҳияи Узун тадбир баргузор гардид.
Барои иштирокчиёни тадбир аз тарафи намояндаи маркази фарҳангии ноҳияи Узун тӯҳфаҳо супорида шуд.

3,454

subscribers

21,499

photos

5,148

videos