Дар толори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон маҷлиси тантанави вобаста ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ баргузор карда шуд.
Дар он роҳбари ва афсарону кормандони дастгоҳи раёсат иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки вохӯрии мазкур, вобаста ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» «Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ва тартиби ташкили ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ташкилу роҳандозӣ карда шуд.
Ҳамзамон дар идома масъулин оид ба омилҳои пайдоиш ва хавфи коррупсия ибрози назар намуданд. Қайд карда шуд, ки коррупсия падидаи номатлуб ба ҳисоб рафта, он монеъи рушду пешрафти ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ мори мебояд муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин падидаи номатлуб ба роҳ монем.