Parviz Tech @parviztech Channel on Telegram

Parviz Tech

@parviztech


Хабарҳо ва баррасиҳои технологӣ! Дар ин ҷо шумо навгониҳои охирини гаҷетҳо, маслиҳатҳои нармафзор, хабарҳо аз ҷаҳони IT ва ғайраҳоро хоҳед ёфт.

Admin: @parviztursunov

Parviz Tech (Tajik)

Parviz Tech канали Telegram, ки бо идораҳо ва баррасиҳои технологӣ машғул аст! Агар шумо дар ҷостуҷӯи навгониҳои охирини гаҷетҳо, маслиҳатҳои нармафзор ва хабарҳои IT дар ҷаҳони технология маълумот хоҳед, канали Parviz Tech барои шумо маҷмӯъ карда шудааст. Admin: @parviztursunov

Parviz Tech

08 Jan, 11:48


Мушкилӣ бо электромобилҳо дар змимистон

Parviz Tech

08 Jan, 10:18


Дар Хитой озмоиши BYD Yangwang U9-ро нишон доданд, ки ранги Ҷеки Чан мепарад.

Мошин метавонад аз болои монеаҳо шаш метр дарозӣ ва ~ 3,5 см парида гузарад. Агар мошин то 120 км/соат суръат дошта бошад.

Дар Чин арзишаш ¥ 1,68 миллион аст

Parviz Tech

08 Jan, 08:14


78% кормандони NVIDIA ба шарофати саҳмияҳои ширкат миллионер шуданд

Аксарияти кормандони NVIDIA - 78% - аз саҳмияҳои ширкат зиёда аз 1 миллион доллар ба даст овардаанд ва ҳар як шахси дуюм дорои беш аз 25 миллион доллар аст

Parviz Tech

07 Jan, 05:12


Навбат дар хатти пуркунандаи барқии Tesla дар Шветсия

Parviz Tech

06 Jan, 17:18


Ин ҷавон баъди ҳамин гапаш бедарак шуд 😄

Parviz Tech

06 Jan, 11:50


iPhone аломатгузории махсус аз рӯи минтақа дорад шумо инро медонед


LL/A: ИМА
RU/A: Русия
EU/A : Аврупо
CH/A: Хитой
ZA/A: Африқои Ҷанубӣ ва ғайра.

Ҳарфи охирин (A) навъи дастгоҳ аст. аксар вақт истифода мешаванд:

A — дастгоҳ ба савдои чакана фурухта мешавад.
B - дастгоҳи ивазкунанда (аз нав сохташуда).
C - моделҳои намоишӣ барои мағозаҳо


Мегӯянд телефоне, ки барои бозори CH/A: Хитой баровардааст, тибқи шартномаҳои ду давлат зеҳни сунъии iPhone кор намекунад.

Касе инро тасдиқ мекунад? Рости ман ҳаминхел шунидам, аммо дурустиашро намедонам.

Parviz Tech

06 Jan, 11:01


Кор дар сохтмони метро дар Душанбе имсол оғоз мешавад

Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, ки имсол дар Тоҷикистон кор дар сохтмони метро оғоз мешавад. Қарор аст, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025 ба анҷом расад ва тарҳи дақиқи сохтмони метро дар моҳҳои июн-июл оғоз шавад.

Хатти аввали метро дар Душанбе аз канори ҷануби шаҳр ба марказ то сирки давлатӣ бунёд мешавад, ки дарозии он 10,5 километр хоҳад буд. Минтақа релефи мувофиқ дорад ва сохтмони хатти он ҷо бехатарии роҳро таъмин хоҳад кард, қайд мекунад департамент.

Ёддошти тафоҳум дар бораи тарҳрезии метро дар Душанбе аз ҷониби Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва раиси ширкати миллии роҳи оҳани Ҷумҳурии Корея Ким Хан Ён моҳи марти соли 2022 ба имзо расида буд.

Сохтмони метро дар кишвар низ дар барномаи давлатии рушди маҷмааи нақлиёт то соли 2025, ки соли 2011 қабул шудааст, пешбинӣ шудааст.

Parviz Tech

06 Jan, 06:31


Як мақолаи хубу хондани ва фойданок. Агар лозим ояд гап занед ба тоҷикӣ тарҷума мекунам👇

Parviz Tech

06 Jan, 06:31


Хотелось бы быть в авангарде списка, но, увы.

Parviz Tech

05 Jan, 07:58


Ин бузургтарин ва пуриқтидортарин муҳаррики баҳрӣ дар ҷаҳон аст, ки дар бузургтарин киштиҳои контейнеркашон насб карда шудааст.

14 RT-flex96С аз ҷониби ширкати Финландиявӣ Wärtsilä дар корхонаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон истеҳсол карда мешавад. Қариб 110 ҳазор қувваи аспро дорост. Дар як рӯз то 250 тонна дизелро месӯзонад, ҳамчун як бинои панҷошёна баланд аст.

Parviz Tech

04 Jan, 10:04


Агар ба касе характеристикаи шабакаҳои иҷтимоӣ лозим бошад мана марҳамат:

— Агар Шумо худро аз будатон зиёд нишон додан хоҳед, ҳаёти лакшриро дӯст доред ба Instagram марҳамат кунед.

— Агар Шумо ҷангу ҷанҷол ва ғайбату негативу худро доно нишон дода хоҳед ба Facebook гузаред.

— Агар Шумо соҳибкасбеду соҳиби бизнес ҳастеду ва мехоҳед боз пеш равед ба Linkedin марҳамат кунед.

— Агар Шумо коргари офис ҳастеду ҳаррӯз дар 10 гурӯҳ ҷавоб додан лозим ояд ва проблемаҳои кориро ҳал кардан хоҳед бе Telegram наметавонед.

— Агар Шумо ҷавон ҳастеду донишҷӯ бошеду хоҳед донишатонро зиёд кардан хоҳед YouTube ба шумо кӯмак мекунад.

— Агар ғирт бекорчиву вақту умри худро чихел гузарониданро надонед TikTok скачат кунед вай худаш медонад бо вақти шумо чи кор карданро😄

Дӯстон ин фикрҳои субективӣ буданд сахт нагиред🫡

Parviz Tech

04 Jan, 07:00


Телефони нав аз Xiaomi дар соли 2025 — Redmi Turbo 4 бо функсияи гарм кардани батарея барои кори муътадил дар хавои хунук.

Дорои 6.67″ OLED-матритса ба 120 Гц, чип MediaTek Dimensity 8400-Ultra батареяи 6550 мАс зарядкаи 90 Вт, ва ҳимоя аз об IP68 ва камераи 50+8 Мп.

Нарх — аз ¥1999 (2900 TJS)

Parviz Tech

03 Jan, 11:46


Дар фурудгоҳҳои Чин ҳама чиз аз ҷиҳати технологӣ пешрафта аст

Parviz Tech

03 Jan, 09:36


Cудяҳо аз Флорида Quest 2 VR-ро ба бар карданд, то лаҳзаи ҳодисаро аз назари ҳамлагар дубора бубинанд.

Мигел Албизаро ба таҳдиди марг бо силоҳ айбдор мекунанд, аммо вакили мудофеъи ӯ иддао дорад, ки ин дифоъ аз худ будааст.

Барои исботи гуноҳаш, ӯ аз таҳиякунанда як симулятсияи VR-ро фармоиш дод, то судя онро дубора зинда кунад.

Parviz Tech

27 Dec, 10:31


Чин бузургтарин киштии боркаши ҷаҳонро сохт, ки дар обҳои қутбӣ кор кунад - он метавонад то 58 000 тонна боркашӣ кунад ва дар байни яхбандӣ шино кунад.

Киштии Фан Чжоу 8, ки 256 метр дарозӣ дорад (зиёда аз ду майдони футбол), суръати беш аз 15 гиреҳ (~28 км/соат) мерасад ва бидуни пур кардани сӯзишворӣ тақрибан 30 000 километрро тай мекунад ва дар ояндаи наздик ба кор шурӯъ мекунад.

Parviz Tech

27 Dec, 10:14


Пардохт тавассути QR дар Тоҷикистон барои муштариёни Сбер дастрас шуд

Ширкати Сбер барои сайёҳони рус дар Тоҷикистон хидмати пардохти QR-ро ҷорӣ кардааст. Функсия дар соли нав ба таври васеъ дастрас хоҳад шуд.

Parviz Tech

24 Dec, 17:30


Чунин ба назар мерасад, ки робототехника дар Чин хеле зуд рушд мекунад

Parviz Tech

24 Dec, 17:00


Дар Якутия ҷасади мамонт зиёда аз 50 ҳазор сола ёфт шуданд - ин ҳафтумин дар чунин ҳолати хуб дар таърих мебошанд.

Сокинони маҳаллӣ тасодуфан ба ҷасад дучор шуданд - он аз санги гудохта берун мебаромад. Дар тамоми ҷаҳон қаблан ҳамагӣ шаш ҷасади мумиёшудаи мамонт ёфт шуда буданд - панҷтояш дар Русия ва якто дар Канада.

Parviz Tech

24 Dec, 12:49


Дар Русия зангҳо тавассути мессенҷерҳо мумкин аст "бо сабаби афзоиши фаъолияти қаллобон" блок карда шаванд.

Parviz Tech

24 Dec, 05:07


Яке аз функсияҳои беҳтарини Эсхата онлайн.

Дигар ҳамёнҳои бонкҳо ҳам медоштанд хело хуб мешуд, чун шумо ҳар моҳ даромаду хароҷотҳои худро ба осонӣ фаҳмида метавонед.

Parviz Tech

23 Dec, 11:26


Дар мошинҳои шаҳри Душанбе чунин видеорегистраторҳо пайдо шудаанд.

Мегӯянд, ки аз ҷониби милитсияи шаҳри Душанбе зиёда аз 1000 (ҳазор) адад чунин видеорегистратор оварда шудааст.

Онҳо ҳама қоидавайронкуниҳоро сабт намуда, наворро дарҳол ба милитсия равон мекунанд.

Parviz Tech

20 Dec, 07:37


YouTube видеоҳое, ки сарлавҳаҳои кликбейт доранд удалит мекунад.

Кликбейт чист?

Мисол дар сарлавҳа ягон гапои воҳима а дар худи видео ягон гап нест дар он бора.

Parviz Tech

18 Dec, 12:55


Видео бо зеҳни сунъӣ сохта шудааст.

Parviz Tech

18 Dec, 10:38


Дар кӯҳҳои Алп-и Швейтсария нишебтарин роҳи кабелӣ дар ҷаҳон кушода шуд - бо нишебии 159,4%.

Дарозияш 1,2 км деҳаи куҳии Мюрренро дар баландии 775 м бо Штехелберг дар каъри води мепайвандад. Ҳар ду кабина 85 нафарро гирифта метавонад ва сафар ҳамагӣ 4 дақиқа вақтро мегирад.

Parviz Tech

18 Dec, 09:37


#Фикрирӯз

AI ё зеҳни сунъӣ аллакай таъсири ҷидди дар ҷанбҳои гуногуни ҳаёти мо дорад.

Маҳоратҳое, ки AI ба осони аз дасти мо гирифта метавонад:

1. Воридкунӣ ва коркарди маълумот:
- Автоматизатсияи воридкунӣ, коркард ва тaҳлили маълумоти зиёд.

2. Хизматрасонӣ ба мизоҷ:
- Чат-ботҳо ва ёварҳои виртуалӣ метавонанд пурсишҳои соддаи клиентҳоро дарҳол анҷом диҳанд, маълумот пешкаш кунанд ва муаммоҳои стандартиро ҳал кунанд.

3. Тарҷумаи матн ва суҳбат:
- Системҳои тарҷумаи мошинӣ метавонанд матн ва суҳбатро бо дараҷаи баланд анҷом диҳад, тарҷумонҳои инсонӣ барои вазифаҳои содда кам мешавад.

4. Ҳисобдорӣ ва молия:
- Автоматизатсияи вазифаҳои ҳисобдорӣ, чун қайдкунӣ, тайёр кардани ҳисоботҳо ва коркарди транзаксияҳо, бо ёрии AI анҷом дода мешавад.

5. Маркетинг:
- AI метавонад маълумоти дар бораи рафтори истеъмолкунандагонро таҳлил кунад, пешгӯӣ кунад ва кампанияҳои маркетингиро оптимизатсия кунад.

Маҳоратҳое, ки бо AI камил карда мешаванд:

1. Касбҳои эҷодӣ:
- Албатта AI метавонад корҳои ҳунарӣ, мусиқӣ ва матнҳоро таҳия кунад, аммо эҷодиёти инсонӣ ҳанӯз ҳам барои таҳияи асарҳои ягона ва арзишманд зарур аст.

2. КАсбҳое, ки талаби ҳамдардӣ мекунанд:
- Коргарони иҷтимоӣ, равоншиносон ва ҳамширагон ва дар ҷое, ки дараҷаи баланди ҳамдардӣ ва фаҳми инсонӣ талаб мекунанд, онҳоро дар асоси AI иваз кардан мушкил аст.

3. Масъалаҳои таҳлили мураккаб:
- Албатта AI метавонад маълумоти зиёдро коркард кунад, аммо таҳлили инсонӣ ва тафсир кардани натиҷаҳо барои гирифтани қарорҳои стратегӣ аксар вақт зарурӣ аст.

4. Раҳбарӣ ва мудирият:
- Раҳбарӣ, тайёр кардани стратегияҳо ва гирифтани қарорҳо, талаби фаҳми инсонӣ, эҷодиёт ва қобилияти мутобиқ шудан ба вазъиятҳо ҳархела

5. Тадқиқоти илмӣ:
- AI метавонад дар ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот кумак кунад, аммо назорати инсонӣ, фикри танқидӣ ва эҷодиёт барои пешрафти илм зарурӣ аст.

Дар умум, AI метавонад вазифаҳои такрорӣ ва рутиниро автоматизатсия кунад, аммо маҳоратҳои инсонӣ, ки ба эҷодиёт, ҳамдардӣ ва тaҳлили мураккаб марбутанд, ҳанӯз ҳам ивазнашаванда мебошанд.

Parviz Tech

18 Dec, 06:01


Ҷеки Чан ба кор бармегардад - аввалин трейлери "The Karate Kid: Legends"

Дар филм ҳам қаҳрамонҳои асли солҳои 80-ум ва ҳам ремейк, ки соли 2010 ба навор гирифта шудаанд, иштирок хоҳанд кард.

Нахустнамоиши ҷаҳонӣ - 30 майи соли 2025.

Parviz Tech

06 Dec, 05:08


Ҳиндустон ва Аврупо якҷоя як моҳвораеро барои гирифтани пеши офтоб фиристоданд.

Яке аз аппаратҳо Офтобро рупуш мекунад, дигариш бошад ба олимон имконият медиҳад, ки мушоҳидаҳои пештар дастнорас будаи хусусиятҳои офтобро нагзтар омӯзанд ва ғайра.

Онҳо дар кайҳон 5 солро мегузаронанд ва баъд аз он дар атмосфера месузанд. Арзиши миссия: € 200 миллион

Parviz Tech

05 Dec, 16:27


Хиёбони Исмоили Сомонии Пойтахт навсозӣ шуд.

Parviz Tech

05 Dec, 16:25


Ранги соли 2025 бо версияи Pantone ранги шоколадии Mocha Mousse аст.

Мегӯянд, ки ин ранг "дар бораи хурсандии хурди зиндагӣ" аст.

Parviz Tech

05 Dec, 09:46


Аз соли 1999 инҷониб Франсуа Брунел аз Канада одамони дар саросари ҷаҳон ба ҳам монандро аксбардорӣ мекунад, ки ҳеҷ гоҳ ҳамдигарро надидаанд ва хешу табор ҳам нестанд.

Ин идея вақте пайдо шуд, ки худи ӯ тасодуфан дар кӯча бо "дугонаи" худ вохӯрд ва дар тӯли 25 соли оянда Франсуа тавонист беш аз 250 ҷуфтро пайдо кунад.

Parviz Tech

24 Nov, 08:03


Ҷопониҳо мошини шустушӯйи одамонро эҷод мекунанд, ки худаш инсонро аз ҳама тараф шустушӯй мекунад.

Вобаста ба гуфтаҳои онҳо, ин раванд тақрибан 15 дақиқа мегирад, ва барои пур кардани оромиш, капсула видеоҳои оромкунанда нишон медиҳад ва ҳароратро мувофиқи пулс ва дигар нишондиҳандаҳои организм танзим мекунад.

Ҷолиб аст, ки ин лоиҳа бо консепсияи Panasonic дар солҳои 1970 илҳом гирифта шудааст (дар акси дуюм), аммо ин маротиба онҳо мехоҳанд кори худро ба анҷом расонанд. Ҳоло прототипҳоро озмоиш мекунанд ва версияи силсилавии онро дар соли 2025 нишон медиҳанд.

@parviztech

Parviz Tech

21 Nov, 08:11


Дар музоядаи Sotheby's як банане, ки ба девор овехта шудааст, ба маблағи 6,2 миллион доллар фурӯхта шуд.

Инсталлятсия аз ҷониби рассоми итолиёвӣ Мауритсио Каттелан сохта шудааст ва онро соҳибкори криптографӣ ва коллектори чинӣ Ҷастин Сун харидааст (расми 3-юм).

Дар баробари банан ба ӯ шаходатномаи аслӣ, инчунин дастурамал оид ба иваз кардани банан ҳангоми пусидаи он хоҳад гирифт. Аммо Ҷастин инро интизор нахоҳад шуд - вай ният дорад дар ояндаи наздик онро хӯрад.

Бачаҳо диден ҳар вақте ба саратон ягон идеяи ба гуфти ана вайҳо тупойский биёяд тез амалӣ кунед! Зиқ нашавед ҳамсоя чӣ мегуфта бошад гуфта😄

@parviztech

Parviz Tech

21 Nov, 07:23


Донишҷӯён аз Америка технологияи "ҳубоби садо"-ро барои гӯшмонакҳо сохтаанд, ки муоширати бароҳатро дар ҷойҳои ғавғо имкон медиҳад.

Алгоритми махсус масофаро то манбаъҳои садо таҳлил мекунад ва ҳама чизи бегонаро дар радиуси 1-2 метр маҳкам мекунад ва танҳо ҳамсӯҳбатони шумо боқӣ мемонад.

Дар назария, чунин паст кардани садо метавонад дар ҳама гӯшмонакҳо амалӣ карда шавад. Ва барои рушди минбаъдаи лоиҳа, бачаҳо нақша доранд, ки стартапи худро ба роҳ монанд.


@parviztech

Parviz Tech

21 Nov, 06:34


Ҳангоме ки мо хоб будем, Bitcoin рекорди дигарро шикаст - аз 97 000 доллар гузашт.

@parviztech

Parviz Tech

20 Nov, 10:22


Дирӯз бо як нафар дар бораи пули сомонӣ ва дизайнаш сӯҳбат кардоса будем, дар давоми сӯҳбат фаҳмидам, ки вай пули пеш аз сомониро намедонистааст ва фикр мекардааст, ки баъди инстиқлолият мо пули сомониро баровардем. Аммо мо пештар аз сомонӣ пулҳои рубл доштем. Аку ман дар давраҳои диназавр таваллуд шудагику медонам ина.😜

Рубли тоҷикӣ - пули расмии Тоҷикистон аз 10 майи соли 1995 то 29 октябри соли 2000 буд.

Сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, 30-уми октябри соли 2000 ба гардиш баромад. Ин пули нав бо қарори президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ба ифтихори Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон номгузорӣ шудааст.

@parviztech

Parviz Tech

20 Nov, 09:44


Бачаҳо боз як зеҳни сунъиро санҷида дидам барои сохтани контентҳо шояд кӯмак расонад.

Дар коментария promt-е, ки ман истифода бурдам мегузорам.

Номи сайт runwayml.com

Parviz Tech

20 Nov, 05:53


🌐 Тоҷикистон дар индекси омодагӣ ба зеҳни сунъӣ аз ҷониби Сандуқи Байналмилалии Пул (ХБА) дар ҷои 123-юм қарор гирифт.

📊 Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон, ки дар ҷои 48-ум ва Қирғизистон (ҷои 99-ум) қафо мемонд, вале аз Узбакистон, ки мақоми 131-умро гирифтааст, пеш гузашт.

📈 Ин индекс, ки 174 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст, омилҳое, аз қабили зерсохтори рақамӣ, сармояи инсонӣ, навовариҳои технологӣ ва муқаррароти ҳуқуқӣ ба инобат гирифта шудааст.

🏆 Ҷойҳои аввали рейтингро Сингапур, Дания ва Иёлоти Муттаҳида ишғол кардаанд, ки ба шарофати сармоягузорӣ дар рушди рақамӣ, маориф ва навовариҳои технологӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд.

@parviztech

Parviz Tech

19 Nov, 15:18


Видеои соли 1998 Сергей Брин ва Ларри Пейҷ барои Google сармоягузории аввалинро гирифта истодаанд.

Бачаҳо барои сармоягузорӣ омода набуданд, онҳо ҳатто суратҳисоби бонкӣ надоштанд.

Ва ҳоло арзиши ширкат $1,9 триллион доллар аст.

@parviztech

Parviz Tech

15 Nov, 16:42


Бори аввал аз соли 1995 инҷониб, Coca-Cola рекламаи ҷашни Мавлуди Исоро бидуни мошини боркаши сурх ва одамон ба навор гирифт - ҳама чиз тавассути шабакаи нейрон офарида шудааст.

Бо дидани ин навор дар телевизион, хориҷиён ба ҷанҷол шурӯъ карданд, ширкатро ба танбалӣ айбдор карданд.

@parviztech

Parviz Tech

15 Nov, 09:24


Агар Netflix филми «Кавказская пленница»-ро месохт😜

@parviztech

Parviz Tech

13 Nov, 05:03


Як гаҷети ҷолиб аз гузашта - ин телевизори сайёри Sony TV-511 бо экрани тобхуранда.

Модел соли 1977 бароварда шуда, аз ҷониби Ҳартмут Эслингер таҳия шудааст, ки дар эҷоди бозигарони Walkman иштирок карда, дар солҳои 80-ум ба Стив Ҷобс дар тарҳрезии компютерҳои Apple кӯмак кардааст ва инчунин дар Louis Vuitton кор кардааст.

Телевизорро метавон ҳам ба таври амудӣ ва ҳам ба таври уфуқӣ бо роҳи ба самти дилхоҳ табдил додани дисплей ҷойгир кард ва он аз 9 батареяи бузурги андозаи D кор мекунад.

@parviztech

Parviz Tech

11 Nov, 16:09


Ширкати мошинсозии чинии BYD афзоиши босуръати фурӯши худро идома дода, ба яке аз брендҳои маъруфтарин ҳам дар Чин ва ҳам дар хориҷа табдил меёбад. Ширкат дар моҳи октябр беш аз 500 000 мошин, аз ҷумла мошинҳои электрикӣ ва гибридӣ фурӯхтааст ва бо суръати кунунии он то охири сол ба 4,3 миллион мошин фурӯхта мешавад, ки ин нисбат ба соли гузашта 42% зиёд аст. Масалан, дар Испания, фурӯши BYD 580% афзоиш ёфтааст.

Калиди ин муваффақият як равиши стратегӣ мебошад, ки ба тамоми сегментҳои бозор ва нархҳои рақобатпазир тамаркуз мекунад, ки ба шарофати он BYD худро дар бозор ҳис мекунад. Бо вуҷуди ин, ширкат мефаҳмад, ки нархҳои арзон дигар мисли пештара таъсир намерасонанд.

Аз ин рӯ, дар соли 2025 таваҷҷӯҳ ба таҳияи хусусиятҳои нави интеллектуалии ронандагӣ равона карда мешавад, ки бояд афзалияти афзоиши фурӯш бошад. BYD нақша дорад, ки дар ҳама моделҳои худ системаи автоматии ронандагии NOA (Navigation On Autopilot) -ро ҷорӣ кунад.

Платформаҳои инноватсионӣ ба монанди Dipilot чипҳои гуногунро барои таъмин кардани ронандагии оқилона ҳам дар шоҳроҳҳо ва ҳам дар муҳити шаҳр истифода хоҳанд кард. BYD дар болои технологияҳое фаъолона кор карда истодааст, ки сатҳи мустақилияти мошинҳои онҳоро ба таври назаррас афзоиш медиҳад ва ба ин васила мекӯшад рақиби асосии худ Tesla-ро мағлуб кунад. Бо хусусиятҳои нав, ки дар моҳҳои оянда интизоранд, BYD умедвор аст, ки мавқеи худро дар бозор мустаҳкам кунад ва афзоиши қавии худро дар соли оянда идома диҳад.

@parviztech

Parviz Tech

11 Nov, 11:00


Пейжер чист?

Пейжер (ё бипер як намуди дигар) таҷҳизоти бесими телекоммуникатсионӣ мебошад, ки паёмҳои рақамӣ ё овозиро қабул ва интиқол медиҳад ва ҳамзамон сигнали садоии хосро мебарорад. Сигналҳо дар дохили шабакаи пейджинг тавассути сигналҳои радио интиқол дода мешаванд. Дар ин ҳолат ҳаҷми паёмҳо метавонад ба чандсад аломат ва давомнокии интиқол чанд сония бошад. Баъзе пейджерҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки ҳар вақт паёмҳоро сабт кунед ва онҳоро бубинед. Гаҷетҳо барои табодули маълумот дар замоне истифода мешуданд, ки алоқаи мобилӣ ҳанӯз паҳн нашуда буд.

@PARVIZTECH

Parviz Tech

11 Nov, 07:15


Ширкати биотехнологии "Neiry" дар якҷоягӣ бо олимони Донишгоҳи давлатии Маскав системаеро таҳия кардааст, ки ба каламуш имкон медиҳад, ки тавассути клавиатура бо тугмаҳои "ҳа" ва "не" ба саволҳо ҷавоб диҳад.

Олимон ба мағзи каламуше бо номи Пифия нейронҳоеро ворид карданд, ки қисматҳои муайяни мағзи ҳайвонро ҳавасманд ва идора мекунад.

Интерфейси нейрон дар якҷоягӣ бо алгоритме кор мекунад, ки ба иттилоот дар Интернет дастрасӣ дорад. Ба каламуш ҳама гуна савол, масалан, дар бораи физика ё таърих ба таври шифоҳӣ дода мешавад ва алгоритм онро ба "ишораҳо" - сигналҳои электрикӣ табдил медиҳад, ки тавассути электродҳо минтақаҳои муайяни каламушро ҳавасманд мекунанд. Ҳайвон онҳоро ҳамчун ҳиссиёт дар бадан қабул мекунад. Агар ба савол ҷавоби «ҳа» лозим бошад, вай як ҳиссиётро эҳсос мекунад ва агар «не» бошад, ӯ ҳисси дигареро эҳсос мекунад. Барои ҷавоби дуруст, Пифия мукофот мегирад.

Ба гуфтаи олимон, таҷриба барои санҷидани сифати электродҳо ва электроникаи офаридаи онҳо, инчунин дар амал нишон додани консепсияи якҷоя кардани зеҳни табиӣ ва сунъӣ пешбинӣ шудааст.

пурра инҷо хонед

@parviztech

Parviz Tech

11 Nov, 06:59


Tesla-и бечора дар Белорусия бо чи кор машғул аст))

Parviz Tech

09 Nov, 16:04


Аввал тухм, баъд мурғ пайдо шуд. Олимони Швейтсария баҳси кӯҳнаро дар бораи мурғ ва тухм ҳал карданд.

Онҳо организми якҳуҷайраеро ёфтанд, ки зиёда аз 1 миллиард сол пеш аз пайдоиши ҳайвонот вуҷуд дошт. Ва маълум шуд, ки «барнома» барои эҷоди сохторҳои бисёрҳуҷайравӣ - ҷанинҳои ҳайвонот мавҷуд аст.

Табиат шояд хеле пеш аз он ки чӯҷа дар онҳо таваллуд шавад, "тухмҳоро эҷод мекард", шарҳ доданд онҳо.

@parviztech

Parviz Tech

05 Nov, 10:59


Ҷопон аввалин моҳвораи чӯбини ҷаҳонро ба кайҳон бароварданд.

Таҷҳизотро Донишгоҳи Киото ва як ширкати сохтмонии маҳаллӣ сохтаанд. Чи тавре ки пешбинй шуда буд, дар охири муҳлати хизматаш дар атмосфера тамоман сӯхта, аз он осоре намемонад.

Спутник шаш моҳ дар кайҳон истода, баъд аз он мутахассисон баҳо медиҳанд, ки чубу тахта ба шароити экстремалии кайҳон то чи андоза самарабахш тоб овардааст. Хуб, дар 50 соли наздик муаллифони лоиҳа мехоҳанд, ки дар Моҳ ва Миррих аз чӯб бунёди пойгоҳҳоро оғоз кунанд.

@parviztech

Parviz Tech

04 Nov, 06:13


Журнали Time 200 ихтирооти беҳтарини соли 2024-ро номбар кард. Аз роботҳои Amazon то телефони сеқатшавандаи Huawei Mate XT.

Дар бораи аксари ихтироотҳо шумо дар ин канал дида будед.

Рӯихати пурраро инҷо бинед: Time

@parviztech

Parviz Tech

04 Nov, 06:04


Ягон бор МРТ ё рентген дар ҳайвонотро дидаед?

Дар асл, ин раванд мисли МРТ кардани одам аст, ҳатто техникаи истифодашуда як аст, аммо аз ҳайвонот талаб карда намешавад, ки ҳаракат накунанд. Ва байторҳо бояд ҳайвонро мустаҳкам банданд.

@parviztech

Parviz Tech

01 Nov, 14:56


Не, не, пости боло шӯхи буд😁

Мана ин аввалин пулти бесим дар ҷаҳон барои телевизор (!) аз соли 1956 аз Zenith-и Амрико будааст.

Дастгоҳ комилан механикӣ аст - вай дар асоси сигналҳои махсуси ултрасадо кор мекунад, ки ҳангоми пахш кардани тугмаҳо ва аз ҷониби телевизор садо қабул карда мешаванд. Аз ин сабаб, ҳангоми садои муайяни беруна хатари кори тасодуфӣ вуҷуд дорад, аммо батарея лозим нест.

Пултҳои бештар функсионалӣ солҳои 80-ум пайдо шудааст ва худи Zenith то соли 1999 устувор монд ва баъд аз ҷониби LG аз худ карда шуд.

@parviztech

Parviz Tech

01 Nov, 11:46


Аввалин пулти бесими телевизорҳо😄

Шумо аниқ пулт шудагитона дар ёд надоред, чунки кудак будед.😜
@parviztech

Parviz Tech

01 Nov, 06:25


Ина кори чӯпонҳоро ҳам зеҳни сунъӣ осон карда истодааст.

Ин зеҳни сунъӣ гӯсфандҳоро 99.7% дуруст ҳисоб мекардааст.

@parviztech

Parviz Tech

31 Oct, 17:40


Навсозиҳои охир дар Телеграм

- Акнун агар ягон кас мактуби навиштаашро иваз кунад соати иваз кардааш нишон дода мешавад.

- Боз навгонии дигар ба гуфти Дуров қадами аввалин ба сӯи платформаи видеои ин интихоб кардани сифати видео. Яъне телеграм видеоҳои каналҳоро мувофиқи суръати интернети Шумо нишон медиҳад ва видео тез кушода мешавад ва дигар интизор намешавед.

Ва боз якчанд навсозиҳои дигар, ки ба назари ман ҳаминҳо беҳтаринаш буданд.

@parviztech

Parviz Tech

31 Oct, 08:32


Технологияи муфид дар мошинҳои Volkswagen ҳангоми хоб бурдан ё ягон ҳодисае бо ронанда рух додан.

Аввал мошин якчанд сигнали садоӣ медиҳад ва се маротиба якбора тормоз дода одамро аз хоб бедор карданӣ мешавад.

Агар вокуниш наёбад, чароғҳои таъҷилӣ фурӯзон мешавад, мошин оҳиста-оҳиста ба канори роҳ ҳаракат мекунад ва дарҳоро мекушояд ва занг мезанад, то таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб кунад.

@parviztech

Parviz Tech

31 Oct, 04:32


Дар Душанбе баъзе бозиҳои компьютерӣ, ки дар он бераҳмӣ ва хушунат ҳастанд мамнӯъ шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз соҳибони марказҳои компютерӣ талаб кардааст , ки паҳн кардани бозиҳои хушунатомез, мисли COUNTER STRIKE ва GTA-ро қатъ кунанд.

Пулис қайд мекунад, ки ин бозиҳо ба ҷавонон таъсири манфӣ расонида, боиси ҷиноятҳо мегарданд.

Волидон ба таври қатъӣ ташвиқ карда мешаванд, ки фарзандони худро назорат кунанд. Милитсия барои тафтиши риояи ин мамнуъ рейдҳо мегузаронад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


@parviztech

Parviz Tech

31 Oct, 04:20


Гӯё табиат ба сӯи инсонҳо гуфтани мешавад: "- Бо қудрати ман шӯхӣ накун!"

Сурат: Баъди боришот дар Испания.

Parviz Tech

30 Oct, 14:59


Соли 1938 математики маъруфи амрикоӣ Эдвард Каснер бо ду бародарзодааш дар боғ сайру гашт мекард ва бо онҳо рақамҳои зиёдро муҳокима мекард. Зимни сўҳбат дар бораи як адад бо сад сифр ҳарф заданд, ки номи худро надошт.
Яке аз ҷияни нӯҳсолаи Милтон Сиротта пешниҳод кард, ки ин рақамро "гугол" номид. Барои рақами дигар низ ном пешниҳод шуд: “googolplex”, ки аз рӯи адад ба даҳ қудрати googol баробар аст. Дар соли 1940 Эдвард Каснер дар якҷоягӣ бо Ҷеймс Нюман китоби илмии оммавии «Номҳои нав дар математика»-ро навишт, ки дар он ба дӯстдорони риёзӣ дар бораи рақамҳои гугол ва гуголплекс нақл кард.

Номи Google тавре навишта шудааст, ки онро яке аз муассисони ширкат Сергей Брин таҳия кардааст. Вай ҳамчун номи Google истилоҳи математикиро гирифт - адади баробар ба 1 ва пас аз он 100 сифр. Баъд маълум шуд, ки Сергей Брин хато кардааст - ин рақам "googol" навишта мешавад, аммо нахостанд номро ислоҳ кунанд. Шояд махсус ислоҳ накарданд, ки номи ширкат ҳам камтар таърихчаи ҷолиб дошта бошад.

@parviztech

Parviz Tech

30 Oct, 11:11


Баъди пости дирӯза, ки як рақамаи аҷоиб буд, хостам як савол диҳам.

Ҳамин рақам чанд аст? 👇

10 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000 000

Баъд дар бораи таърихи ҳамин рақам ва ҳар рӯз ин рақамро истифода бурдани шумо гап мезанам.

Диққат ба одаме, ки нерваш суст аст беҳтараш ин рақамро фикр накунед😜

@parviztech

Parviz Tech

30 Oct, 08:28


Олимони Чин тавонистанд хукро аз нав зинда кунанд! Ҳамагӣ 50 дақиқа пас аз боздошти дил.

Мағзи сар дар давоми 5-8 дақиқа пас аз боздошти дил аз сабаби нарасидани оксиген мемирад. Ин фосила бо ёрии дили сунъй ва моеъи махсус зиёд карда шуд .

Озмоиши набати ба одам аст!

@parviztech

Parviz Tech

30 Oct, 06:00


Apple дар як видеои кӯтоҳ, вале хеле зебо дар бораи Mac mini-и нав сӯҳбат кард

@parviztech

Parviz Tech

30 Oct, 04:09


Google Maps рушди як нафарро аз Америка сабт кардааст.

@parviztech

Parviz Tech

29 Oct, 15:48


Ва боз як маҳсулоти нави интизоршудаи Xiaomi ин гиперкари силсилавии SU7 Ultra мебошад. Ба гуфтаи сарвари ширкат, ин мошини чордараи аз ҳама зудтарин аст.

@parviztech

Parviz Tech

29 Oct, 14:37


Xiaomi флагманҳои нави 15 ва 15 Pro-ро бо дастгирии экосистемаи Apple намоиш дод: шумо метавонед файлҳоро ба iPhone, iPad ва Mac интиқол диҳед, ҳуҷҷатҳои муштаракро бинед ва смартфони худро тавассути Mac идора кунед.

Xiaomi 15 навтарин Snapdragon 8 Elite, экрани 2K 6,36 дюйм бо корпуси бориктар аз iPhone 16 Pro, батареяи 5400 мАс бо зарядники 90 Вт, се камераи 50 МП гирифт. Нарх дар Чин - 4499 юан.

Xiaomi 15 Pro дорои дисплейи 6,73 дюйм ва батареяи калонтар - 6100 мАч мебошад. Хусусияти асосии система се камераи 50 мегапикселии Leica бо 5x масштаби оптикӣ мебошад. Нарх - аз 5299 юан.

Шумо метавонед смартфонҳоро бо 40 (!) ранг харед.

@parviztech

Parviz Tech

29 Oct, 09:11


Шабакаҳои телевизионии Русия аз Google ду ундесиллион рубл талаб мекунанд

Барои фаҳмиш: 2 undecillion ин рақами ду ва сию шаш сифр аст. (2,000,000,000,000,000,000,000,000,000,000,000,000) аст.

Қаблан додгоҳ ҳукм карда буд, ки Google бояд дар давоми 9 моҳ аккаунтҳои YouTube-и 17 шабакаи телевизионии Русияро барқарор кунад . Ширкати амрикоӣ ин талаботро иҷро накард, аз ин рӯ ҳар рӯз ба маблағи 100 000 рубл ҷарима ситонида мешавад, ки ҳар ҳафта ду баробар меафзояд.

@parviztech

Parviz Tech

28 Oct, 08:33


😔Ба Замин тӯфони магнитии пурқуввате зад - геотӯфон беш аз як рӯз давом мекунад.

👊Ин дуввумин сӯхтори пурқуввати офтобӣ дар рӯзҳои ахир аст

Parviz Tech

28 Oct, 08:18


Индонезия фурӯши ҳама гуна iPhone 16-ро дар сатҳи давлатӣ манъ кардааст. Apple ӯҳдадориҳои сармоягузории худро дар назди кишвар иҷро накард ва аз 109 миллион доллари зарурӣ ба иқтисодиёт танҳо 15,3 миллион доллар сармоягузорӣ кард.

@parviztech

Parviz Tech

26 Oct, 06:40


Дар шаҳри Душанбе чунин нуқтаҳои қуввадиҳии электромобилҳо зиёд шуда истодааст. Ин аз он дарак медиҳад, ки дар шаҳр электромобилҳо зиёд шудаанд. Аз соли оянд мегӯянд таксиҳо низ пурра электромобилҳо мешавад.

@parviztech

Parviz Tech

25 Oct, 07:05


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як марди чиниро, ки автопилотро фиреб карда дар шоҳроҳ бо суръати 100 км/соат меронд, баҳс мекунанд.

Ҳангоми сафар ӯ филм тамошо мекунад ва системаи амниятро бо як ҳиллаи оддӣ бо бакалашка, ки гуё дар рул дастро гузошта аст.

Видео бо миллионҳо тамошобинон паҳн шуд ва ба менеҷерони Zeekr расид, ки онҳо бори дигар хотиррасон карданд, ки ҳеҷ гоҳ ин корро накунед ва шумо бояд ҳамеша роҳро назорат кунед, новобаста аз он ки автопилот то чӣ андоза зӯр ҳам бошад.

@parviztech

Parviz Tech

25 Oct, 06:51


Дар Тоҷикистон 99% одамон чойнаки эелектрикиро Тифал мегуянд. Аммо ин номи як бренд аст, ки асбобҳои рӯзгорро истеҳсол мекунад. Садҳо брендҳои дигар ҳастанд, ки бечораҳо чойнакҳои электрикӣ мебароранд, аммо мо онҳоро тифал мегуем.

Гуфти гапои ҳамон бачаҳои инстаграм роиш кун тифалгӯякода👍😊

@parviztech

Parviz Tech

24 Oct, 16:41


Асосгузори nvidia Jensen Huang мегӯяд, ки ҳоло ба кӯдакон барномасозиро омӯзондан лозим нест, зеро дар ояндаи наздик ҷойи барномасозонро зеҳни сунъӣ хоҳанд гирифт, ки ба Шумо чӣ лозим бошад ҳамчун инсон карда медиҳад.

Ман мехоҳам як чизро бигӯям ва он комилан муқобили гуфтаҳои одамон садо хоҳад дод.

Шояд шумо дар хотир доред, ки дар давоми 10, 15 соли охир қариб ҳама ба шумо мегуфтанд, ки: хеле муҳим аст, ки фарзандони шумо илми компютериро ёд гиранд.

Ҳама бояд барномасозиро омӯзанд.

Ва дар асл ин тақрибан баръакс аст.

Вазифаи мо ин аст, ки технологияҳои компютериро чунон созем, ки ҳеҷ кас набояд барномасози кунад, ва забони барномасозӣ ин инсон аст.

Ҳоло ҳама дар ҷаҳон барномасозанд.
ин мӯъҷиза аст.
Ин мӯъҷизаи зеҳни сунъӣ аст.

Мо бори аввал кафомони технологияро бархам додем.

Ва ин аст, ки чаро ин қадар одамон метавонанд зеҳни сунъиро истифода баранд, ки барои хамин хар як хукумат, хар як конференсияҳои саноатӣ, дар бораи зеҳни сунъӣ сӯҳбат мекунад.

Зеро бори аввал шумо метавонед тасаввур кунед, ки ҳама дар корхонаи шумо технолог мебошанд.

Ва ҳоло вақти он расидааст, ки ҳамаи шумо дарк кунед, ки холигии технологӣ
барҳам дода шуд.

Кишварҳо, одамоне, ки дарк мекунанд, ки чӣ гуна ҳалли масъалаҳои муҳимро дар биологияи рақамӣ
ё дар таълими ҷавонон, ё дар истеҳсолот, ё дар хоҷагии қишлоқ ҳал кунанд, акнун метавонанд аз технологияҳое истифода баранд, ки ба шумо ба осонӣ дастрасанд.

Акнун шумо компютер доред, ки он чизеро, ки шумо ба он фармудед, иҷро мекунад, то кори шуморо автоматӣ кунад, ҳосилнокии меҳнатро баланд бардоред, самарабахштар гардонед.


P.S. Барномасозон руҳафтода нашавед шумо зӯред, ин мардак ҳам мехоҳад бозора монополия кунад 😉


@parviztech

Parviz Tech

24 Oct, 11:38


Медонед ин чист?

Ин аввалин ҳисобкунаки пурраи барқии ҷопонӣ дар ҷаҳон аст - Casio 14-A, вазнаш 140 кг!

Он дар соли 1957 сохта шуда буд ва он гоҳ он як пешрафти воқеӣ дар муҳандисӣ буд. Дарвоқеъ, идеяҳои дар он татбиқшуда намуди ҳисобкунакро, ки мо имрӯз медонем монанд аст.

Воқеан, он 485 000 иен арзиш дошт - ҳатто бо қурби соли 2024, ин 35 500 сомонӣ аст.

@parviztech

Parviz Tech

24 Oct, 05:21


Ин шабакаи нейрон ба шумо кӯмак мекунад, ки аз видео Watermark яъне ягон нишон лого текст ва ҳар чизе даро болои видео бошад тоза мекунад.

👉vmake.ai

@parviztech

Parviz Tech

24 Oct, 04:52


Норвегия барои ҳифзи кӯдакон маҳдудияти ҳадди ақали синну сол дар шабакаҳои иҷтимоӣ то 15-сола мешавад

Ҳукумати Норвегия қасд дорад, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби кӯдакон ва наврасони то 15-соларо манъ кунад. Он дар доираи як маъракаи зидди корпоратсияҳои технологӣ сурат мегирад, ки ба гуфтаи ҳукумат "бар зидди мағзи кӯдакони хурдсол тақаллуб шудаанд". Дар ин бора The Guardian хабар медиҳад.

@parviztech

Parviz Tech

23 Oct, 17:16


Wi-Fi чихел кор мекунад?

🛜 як технологияи алоқаи бесим аст, ки аз ҷониби компютерҳо, телефонҳо, планшетҳо ва бисёр дигар дастгоҳҳои истеъмолӣ истифода мешавад. Ин ягона технологияи бесим нест - аз руи принсипи кораш ба радио, алоқаи мобилӣ ва Bluetooth монанд аст.

Инхел кор мекунад:

— Провайдер кабели интернетро ба квартира, хона ё офис мебарад.
— Дар ҷое як роутер гузошта шудааст, ки нуқтаи Wi-Fi мавҷуд аст - он дорои як ё якчанд антенна аст.
— Ба антеннаҳо чараёни махсус дода мешавад. Ҷараён дар шакли мавҷҳои электромагнитӣ бароварда мешавад. Дар натиҷа мавҷе ба мавҷи микроволновка ё радиостансия монанд, пайдо мешавад.
— Мавҷ ба ҳама самтҳо пароканда мешавад, аз ҳаво, бетон ва металл мегузарад, дар баъзе ҷойҳо канда мешавад, аммо ба ҳар ҳол ба компютерҳо ва смартфонҳои мо мерасад.
— Компютерҳо, телефонҳо ва дигар дастгоҳо инчунин дастгоҳҳои Wi-Fi кабулкунанда доранд. Онҳо мавҷро бо антеннаҳои худ гирифта, сигналро аз он ҷудо мекунанд ва ба ҳамин тариқ ба воситаи радио ҷавоб мефиристанд.

Роутери Wi-Fi дар як сония чанд маротиба дар ҳаво чунин паём мефиристад: “Бачаҳо, ман роутер ҳастам, ман маълумотро бо фалон басомад паҳн мекунам, номи шабака "Шери Нар" аст., хуш омадед.

Агар ба шумо Wi-Fi лозим набошад ё аллакай пайваст шуда бошед, дастгоҳҳои Wi-Fi-и шумо ин ҳарфҳои зангро нодида мегирад. Аммо вақте ки ба шумо лозим меояд, ки ба Wi-Fi пайваст шавед, шумо рӯйхати шабакаҳои дастрасро дар телефони худ мебенед Шумо шабакаи лозимиро интихоб мекунед.

@parviztech

Parviz Tech

23 Oct, 13:09


TikTok баъди 35 дақиқа шуморо нашъаманд яъне восбаста мегардонад - ҳуҷҷатҳои дохилии ширкат дар интернет паҳн шудаанд.

Алгоритм корбарро пас аз 260 видеои ҳар яки 8 сония ҷалб мекунад. Ширкат муайян кард, ки тамошои доимӣ боиси изтироб мегардад, хотираро суст мекунад, ки онҳо ин маълумотро пинҳон мекунанд.

@parviztech

Parviz Tech

23 Oct, 09:25


Бисёриҳо бовар доранд, ки зеҳни сунъӣ мисли одам эҷод карда наметавонад.

Мана ин сурудро гӯш кунед, аллакай ин ҷондорак ба куҷо расид.

Агар 100 лайк шавад номи ҳамин нейросетро мегӯям😄

@parviztech

Parviz Tech

23 Oct, 08:14


Ин goatmobile аст

Буз дар дохили чарх давида, чархҳои қафоро ба ҳаракат медарорад, яктаи дигар буз ҳамчун эҳтиётӣ дар қафас меистад. Онро хангоми монда шудани якум истифода мебурданд.

Ин модели мушаххас то 9 км/соат суръат мегирифт ва онро як деҳқон аз Техас дар давраи Депрессияи Бузург офаридааст ва кӯшиш мекард, ки бо роҳи арзони нақлиёти зиндагӣ кунад.

@parviztech

Parviz Tech

22 Oct, 14:02


Ҳикояи аҷоиб: Apple Watch мардро наҷот дод🤣

Ҳангоми ҷанҷол бо ҳамсараш гаҷет ба мард ҳушдор додааст , ки садо 90 дБ аст ва агар идома диҳад, пас аз 30 дақиқа ин боиси муваққатан гум шудани шунавоӣ мешавад.

Ина бачаҳо бо мегӯед техника ба одам зарар дорад, фойда ҳам доштаастку😁


@parviztech

Parviz Tech

22 Oct, 08:24


Роботи Unitree-и чинӣ боз ҳам зӯртар шуд: бо навсозии охирин он ҷаҳидан ба дарозии 1,4 метр, дароз кашидан ва пас аз афтидан зуд хестанро омӯхтааст.

Ин гуманоид 130 см қадаш 35 кг вазн дошта, бо як заряд тақрибан ду соат кор мекунад ва ҳар як дасташ то 2 кг вазн бардошта метавонад.

Ва ин як навъ прототип нест, балки модели истеҳсолӣ аст, ки дар Чин ба 16 ҳазор доллар фурӯхта мешавад.

@parviztech

Parviz Tech

22 Oct, 06:08


Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвадони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия(ФР) низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд.

Ин бот барои тафтиши номатон дар рӯйхати шахсони назоратшавандаи ВКД Русия кӯмак мекунад.

👉@apnamecheck_bot


@parviztech

Parviz Tech

22 Oct, 05:26


Вақтҳои охир Шумо ҳам дигар ба номҳои мошинҳои эелектромобилҳо сарфаҳм нарафта истодаед? Ман ҳам.
Ин ҳамаш айби Хитой ҳар рӯз як модели нав бароварда истодаанд.

Мошинҳое, ки бисёртар ба Тоҷикистон ворид шуда истодаанду номҳои аҷоибу ғароиб доранд инҳоянд:

Aiways U5
Beijing, Buick
Enovate ME7
FAW Bestune NAT
Jac
Leapmotor
LiXiang L9
Marvel
Neta
Rising Auto
Roewe
Skyworth
Venucia
Volkswagen ID.4
Voyah
Weltmeister
Xiaomi SU7
Xpeng
Zeekr
Zotye

BYD: E2, Song Plus Flagship,Song Plus, Yuan, Qin Plus, Yuan Plus, B2 17.

Changan: Eado, Benben E-Star, Z-Chine, UNI-K, CS35, UNI-T.

Chery: Arrizo, Tiggo, Cowin, iCAR, M11, Tiggo, Tiggo.

GAC: Aion S, Aion Y, Aion S Max, Aion S Plus, Aion V plus, Aion V, Aion LX, Trumpchi GA8,
HiPhi,

Hongqi: E-QM5, E-HS9, H9, H5, LS7.

Дар расм Zeekr 001 яке аз моделҳое, ки ба ман бисёр писанд омад.

@parviztech

Parviz Tech

21 Oct, 14:27


Барои дақиқ ҷойи телефони шуморо донистан 4 спутник лозим мешавад.

Ҳар як моҳвора пайваста сигналҳоеро интиқол медиҳад, ки дар бораи ҷойгиршавӣ ва вақти интиқоли он маълумот доранд. вай ин корро на бо дархости касе иҷро мекунад. аз ин рӯ, ҳар дастгоҳи дорои қабулкунаки GPS метавонад ин маълумотро аз он дар дилхоҳ вақт қабул кунад.

GPS маъмултарин системаи навигатсионии моҳвораӣ мебошад, ки аллакай барои ҳама системаҳои шабеҳ номи маъмулӣ шудааст. вале вай ягона нест.

ГЛОНАСС — системаи навигатсионии Россия
beidou — системаи навигатсионии Чин
Galileo — системаи навигатсионии Аврупо
Quasi-Zenith — системаи навигатсионии Ҷопон
IRNSS — системаи навигатсионии Ҳиндустон

@parviztech

1,122

subscribers

1,503

photos

576

videos