Дар мурофиаҳои чеҳраҳои шинохтаи сиёсати тоҷик дастикам 30 шоҳид, бо шумули мансабдори пешин пурсида шудаанд. Аммо мурофиа бо далели мулоқоти раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо додрасҳо, ки рӯзи 5-уми декабр баргузор мешавад, як ҳафта танаффус эълон шудааст.
Дар ин бора ду манбаи огоҳ аз парванда, ки ба далели амниятӣ нахостанд номашон зикр шавад, ба "Азия-Плюс" иттилоъ доданд.
Мурофиаи охирин дирӯз, 2-юми декабр, чун пештара паси дарҳои баста ва дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шуда, ним соат давом кардааст.
Як ҳафтаи ахир қариб ҳамарӯза мурофиа баргузор мешуд.
Қаблан Радиои Озодӣ навишта буд, ки “Рашид Олимов, вазири пешини корҳои хориҷӣ, раҳбари собиқи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Чин, Нуралӣ Саидов, котиби пешини Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷаласаи додгоҳӣ аз макони мурофиа берун шуданд".
Бархе айбдоршавандагон, аз ҷумла ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Шокирҷон Ҳакимов ҳеҷ иттиҳомро қабул накардааст.
Ба гуфтаи манобеъ, алайҳи Шокирҷон Ҳакимов ҳеҷ шоҳиде ҳам баромад накардааст.
Додрас дар мурофиаи дирӯза гуфтааст, ки мурофиаи навбатӣ аввали ҳафтаи дигар баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.
Ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.