Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч @pressatjk Channel on Telegram

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

@pressatjk


Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Оиди ҳамкорӣ ва реклама 👇
@shodtj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч (Tajik)

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Оиди ҳамкорӣ ва реклама 👇
@shodtj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

20 Nov, 13:18


ТАВАҶҶУҲ АЗ ҚАЛЛОБОН ЭҲТИЁТ ШАВЕД!

⚠️Мизоҷони муҳтарам, рӯзҳои охир қаллобон фаъол шуда тариқи телефони мобилӣ ба мизоҷони Амонатбонк занг зада худро корманди Амонатбонк муаррифӣ менамоянд.

✳️ Ба ҳаргуна хабарҳои бардуруғи қаллобон оид ба гузаштани муҳлати корти худ ва пешниҳод намудани рамзҳои махфӣ бовар накунед ва маълумоти худро ба ҳеҷ кас надиҳед.

FAKE 964289353, 937423046, 914833206, 914885277,915813846, 937795583, 935626340, 919025403,
935025607,935220055, 915790148, 934593436.

⛔️ Рақами корти худ ва рамзҳои худро махфӣ нигоҳ дошта, аксҳояшонро ба ҳеҷ кас равон накунед.

КВД БА ҶТ "Амонатбонк"

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

20 Nov, 12:07


#Хабари_рӯз

✔️Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегардад


✔️Суди Москав муҳлати ҳабси чор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ дар “Крокус”-ро боз тамдид кард


✔️Боздошти 2 корманди комиссариати ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора дар Суғд

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

20 Nov, 07:12


Шаҳрдори Бохтар мушкили беш аз се даҳсоларо ҳал кард

Бо ташаббуси Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар як бинои алоҳидаи муассисаи томактабии рақами 7 пурра таъмир карда шуд. Бинои мавриди назар чанд сол боз бо далелӣ фарсудагӣ истифода намешуд. Ба қавли мардум мушкили қариб се даҳсола бо мусоидати масъулин роҳи ҳал пайдо кард.

Масъалаи таъмирталаб будани кӯдакистони мавриди назар аввали соли равон, дар нишасти хабарӣ ба Абдулмаҷид Муминзод суол шуда буд. Ӯ ҳам дар посух гуфта буд, ки дар муҳлати кутоҳ муассисаи томактабӣ таъмир мешавад. Бо гузашти каму беш аз шаш моҳ шаҳрдор ба ваъдааш вафо кард.

Тафсилоти бештар дар Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

20 Nov, 07:07


Аз 24 то 27 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангии ду давлат доир мешаванд.

Тафсилоти бештар дар Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Nov, 15:31


☄️Тоҷикистон 3-1 ғалаба кард

Голҳо: А Ҷурабоев, Ш Самиев, Р Соиров

Корти сурх: Р Ятимов

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Nov, 15:00


Live stream finished (2 hours)

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Nov, 13:44


Ҳоло бозӣ бо ҳисоби 2:1 бар фоидаи тими мо пеш меравад.

Мо метавонем!!!

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Nov, 12:59


▶️Пахши мустақим оғоз шуд
https://t.me/pressatjk?livestream

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Nov, 12:46


Live stream started

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Nov, 12:36


Ҳайати асосии мунтахаби Тоҷикистон дар бози бо мунтахаби Афғонистон муайян шуд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

18 Nov, 13:07


☄️Шаҳрванд Расулов Расулҷон, сокини 33-солаи ноҳияи Нуробод, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба куштор аз ҷониби кормандони ВКД Душанбе дастгир гардид.

Ӯ дар вилояти Сахалини Русия муҳоҷирони тоҷикро латукӯб ва шиканҷа мекард. Расулов бо истифодаи таппончаи травматик ба шаҳрванди Панҷ сӯиқасд намуда, ба ду нафари дигар ҷароҳат расондааст.

Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

18 Nov, 11:19


#Хабари_рӯз

✔️Тоҷикистон узви Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ шуд.

✔️Дар Хатлон мардеро боздошт карданд ки худро маъюб нишон дода талбандагӣ мекард.

✔️Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов соҳиби 20 000 доллар шуд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

18 Nov, 07:02


Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзол дар Бӯстон

18 ноябр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд”-и шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзол ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар ин корхона 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю бачагонаро бо андозаҳои гуногун ташкил медиҳад.


Тафсилоти бештар дар Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

18 Nov, 05:45


Боздошти шаш фолбин дар Хатлон

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

18 Nov, 05:30


Зимни сафар сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”- ро ифтитоҳ намуд.

Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

18 Nov, 04:38


⚠️Аз 18 то 19 ноябр дар баъзе қитъаҳои роҳҳои вилояти Суғд маҳдудияти муваққатии ҳаракати нақлиёт ҷорӣ карда мешавад. Ин тадбирҳо марбут ба сафари сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.

🔻Ҳаракати нақлиёт дар ин масирҳо баста мешавад: кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, кӯчаҳои "Раҳмон Набиев", "75-солагии Ғалаба", "Саноатчиён", "Бобоҷон Ғафуров" ва "Ҳувайдуллоев"-и шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд –Ғафуров, роҳи мошингарди Дигмай-Конибодом, кӯчаҳои генерал Хобилов, Исмоили Сомони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

12 Nov, 18:25


🔺Ширкатҳои интиқолдиҳандаи мол аз Чин ба Тоҷикистон аз 12 ноябр муваққатан фармоиш қабул карданро бинобар "тамбашавии нақлиёт дар сарҳад" қатъ карданд.

🔺Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сабаби ин вазъиятро анҷоми мӯҳлати рухсатномаҳо байни мақомоти ду кишвар номидааст.

🔺 Дархост барои навсозии рухсатнома ду моҳ пеш ирсол шуда, ҳанӯз посухи ҷониби Чин дар назар нест.

🔺Ширкатҳои боркашонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хусус "Telegram" таъкид кардаанд, ки назорати сарҳад сахт шуда, интиқоли мол метавонад тӯлонӣ шавад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

12 Nov, 11:43


#Хабари_рӯз
✔️ Огоҳӣ: 2 рӯзи оянда дар Тоҷикистон боришоти борону барф дар назар аст.

✔️ Фавти 2 ҷавони 27 ва 28-сола дар пайи ҳодисаҳои нохуш.

✔️ Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо тими миллии Непал омодагӣ мебинад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

12 Nov, 08:49


👍Дар Хучанд боз як тарабхонаи замонавӣ сохта мешавад

Дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи замонавии «Форел» сохта мешавад. Иншооти мазкур дар соҳили рости дарёи Сир ҷой гирифтааст.

Бахши иттилооти ҳукумати Суғд хабар медиҳад, ки иншшот то 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

12 Nov, 05:48


☄️Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши арабию исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ аз кишварҳо хост, ки дар якҷоягӣ иқдомҳои муассир барои таҳкими сулҳ ва эътидол дар минтақа андешанд.

Сарвари Тоҷикистон дар бораи ҳалли қазияи Фаластин, таъсиси Давлати мустақил бо пойтахти Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва дастгирии кӯшишҳои дипломатӣ таъкид намуд.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

12 Nov, 05:33


💬Нурулло Алиев ба муҳорибаи дуввумаш дар UFC омодагӣ мегирад

Нурулло Алиев размикори тоҷик бо рақибаш, намояндаи Исроил Янал Ашмоз рӯзи 11-уми январ дар мусобиқаи UFC Fight Night 249 дар Лас-Вегас рақобат мекунад.

Рақиби Алиев Янал Ашмузи исроилӣ хоҳад буд, ки рекордаш ҳашт пирӯзӣ ва як бохт аст.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

12 Nov, 04:26


🔻Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

11 Nov, 13:06


КВД БДА ҶТ “Амонатбонк“ барои ширкатҳои мустақили баҳогузор оид ба азнавбаҳодиии молу мулки дар тавозун қарор дошта, озмун эълон менамояд.

Ширкатҳо метавонанд пешниҳодҳои тиҷоратии худро дар давоми 14 рӯзи тақвимӣ ба Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” воқеъ дар суроғаи Рӯдакӣ 105 пешниҳод намоянд.

🏢 Бо рӯйихати амволҳо барои азнавбаҳодиҳӣ муфассал дар сомонаи расмии Бонк шинос шавед. www.amonatbonk.tj/tj/amvol (https://www.amonatbonk.tj/tj/about/required-information/pledged/10496/)
Маълумоти бештар: 44 600 90 26, 918 29 79 24

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

11 Nov, 11:14


FORMULA55 выделила дополнительные 100 000 сомони на призовой фонд супер лиги по футзалу!

7 ноября в Федерации Футбола Таджикистана, состоялась официальная церемония подписания спонсорского соглашения между ведущей букмекерской компанией Таджикистана FORMULA55 и футзальной лигой.

Соглашение было подписано между руководителем коммерческого департамента FORMULA55 — Алишер Шерматовым и директором футзальной лиги Бахтоваром Меликовым.

Соглашение направлено на развитие футзала.

Первая национальная букмекерская компания FORMULA55 активно поддерживает спорт и спортсменов нашей Республики в частности.

Так же напомним, что FORMULA55, является титульным спонсором футзальной лиги Таджикистана.

FORMULA55 — Мы развиваем спорт.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

11 Nov, 08:27


🕺Аз 10 то 14 ноябр дар Душанбе фестивали байналмилалии "Рақс моро муттаҳид мекунад" баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи омодагӣ ба чорабинӣ маҷлис баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ ва ҷузъиёти баргузории фестивал муҳокима карда шуданд. Имсол дар фестивал коллективҳои рақсӣ аз Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Молдова ва Русия иштирок мекунанд, ки ин имконияти беназири табодули таҷрибаи фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои эҷодии байни кишварҳоро фароҳам меорад.

💃Фестивал ба рушди санъати рақс ва таҳкими ҳамкории фарҳангӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо равона шудааст.

✔️Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

11 Nov, 05:42


Дар вохӯрии маҷозӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкорҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ муҳокима карда шуданд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

11 Nov, 05:15


Сафарбоён — Хоҷаи Нур, Қариғоч – Чаманзор ва деҳаи Чалишиёни деҳоти Кангурт номи Соҳилобро мегирад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

11 Nov, 05:11


⚠️Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар кишвар ду ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст.

🏃8-уми ноябр як сокини 27-солаи деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба умқи 70-метраи чоҳи кони металлургии Тоҷикистон ва Комбинати коркард сарозер шудааст. Ӯ дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

🏃Худи ҳамон рӯз, 8-уми ноябр сокини 28-солаи деҳаи Сафедҷари ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ҳамроҳи дӯсташ ба кӯҳ рафтааст. Ин сокин ҳангоми гузаштан аз пайроҳаи кӯҳӣ бар асари намии хок аз баландии тақрибан 400-500 метр лағжида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

11 Nov, 05:05


💬Миёни як гуруҳ муҳоҷирони тоҷик бо чанд нафар кормандони дигар ки якҷоя дар ширкати Wildberries кор мекарданд, муноқиша сарзадааст.

Сабаби ин муноқишаро дар он медонанд ки сардори смена фармоишҳоро ба онҳо вазифадор карданд ва онҳо аз фармоишҳо норози буданду сардори сменаро латукуб карданд.

🎥 аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

11 Nov, 04:58


☄️Вохурӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

10 Nov, 12:17


❗️ Бо қарори Маҷлиси миллӣ номи шаҳраки Муъминобод ба Чорсӯ иваз карда шуд.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

10 Nov, 12:15


💬Сафари корӣ  ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

10 Nov, 09:24


☄️Дар Хатлон қарзи андоз ба 171 миллион сомонӣ расидааст

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон мушкилоти зиёди қарзи андози вилоятро матраҳ кард. То 1 октябри соли 2024 маблағи бақияпулӣ 171 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Президент аз мақомоти маҳаллӣ даъват кард, ки барои сари вақт ситонидани андоз ва кам кардани қарз чора андешанд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

10 Nov, 09:20


💬Дар ниҳоят Трамп дар интихоботи ИМА бо гирифтани 312 овоз ба 226 овози Ҳаррис пирӯз шуд.

Хабар медиҳад Ассошиэйтед Пресс.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

10 Nov, 09:12


🇷🇺ВКД Русия: дар чаҳорчӯби амалиёти “Нелегал - 2024” беш аз 106 ҳазор қонуншикании муҳоҷиронро ошкор карда, 20 ҳазор қарор дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва депортатсия, беш аз 4 ҳазор парвандаи ҷиноии марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро қайд кардааст.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

10 Nov, 07:52


Матеош ва Фред чанд сол пеш бо мақсади инъикос намудани мавзуъҳои роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон гурӯҳи ҳаҷвие бо номи “Zanjabil bro” ташкил карданд

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

10 Nov, 03:00


#Оё_медонед
“Перловка”
Ҷави марворид “перловка”як навъ ғаллаи ҷав буда, одатан барои тайёр кардани шавла ва хӯроки дуюм истифода мешавад. Ин ғалладона солимтарин ҳисобида мешавад, аммо на ҳама метавонанд онро бихӯранд.
Дар таркиби ҷави марворид оҳан, калсий, магний, селен, ҳамзамон витаминҳои гурӯҳи В, А, D, Е, Н ва РР вуҷуд доранд. “Перловка” на танҳо саломатиро беҳтар месозад, балки бо вирусҳо мубориза бурда, ҷисмро ҷавон ва дар ҳолатҳои руҳафтодагӣ кумак мерасонад.
Дар таркиби 100 грамми ин навъи ҷав 320 ккал ғизонокӣ мавҷуд аст. Он барои нафароне, ки қанди хунашон баланд аст ва модарони ширдеҳ беҳтарин ғизо аст.
Вале барои нафароне, ки бемориҳои рӯдаву меъда доранд, истеъмол кардани он тавсия дода намешавад, зеро боиси дамиш ва қабзияти шикам мегардад. Ҳамзамон “перловка” метавонад боиси пайдоиши аллергия гардад. Дар баробари ин, ба занҳои ҳомила истеъмоли он тавсия дода намешавад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

09 Nov, 13:58


Дар доираи сафари кории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 3500 нафар сокинони ҷамоати Норини ноҳияи Ёвон бо оби нӯшокии босифат таъмин гардиданд!

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

04 Nov, 05:06


Роҳпаймоии осоишта ба хотири таҷлил аз рузи конститутсия дар Бохтар!

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

04 Nov, 04:05


☄️Тоҷикистон ва Кувайт ба 9 санади нави ҳамкорӣ имзо гузоштанд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

03 Nov, 14:00


#Ҳуқуқи_шумо

Аз болои табиб шикоят карда метавонам?
Табибро барои ташхиси хато намудани бемор ва бо доруҳои зидди дигар беморӣ табобат кардан ба ҷавобгарӣ кашида метавонам?
Ҷавоб:
Тибқи талаботи моддаи 315 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонед шикоят кунед. Аз рӯи муқаррароти ин модда барои беамалӣ дар иҷрои вазифа метавонед шикоят кунед.
Яъне, агар аз тарафи хизматчии давлатӣ, ки шахси мансабдор намебошад, бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ иҷро накардани вазифаҳои хеш, агар ин кирдор ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилотҳо, ҷамъият ё давлатро поймол карда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (18 000 то 26 280 сомонӣ) ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

03 Nov, 06:36


*Аз «доставшик» то ҳаҷвнигори машҳур дар Инстаграм*

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

03 Nov, 05:55


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Давлати Кувайт сафар кард.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

03 Nov, 04:09


‼️Собирҷонзода Манучеҳр, корманди ошхонаи «Чӯҷа-бирён», воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ; соҳибони мағозаи «Сим-сим»-и кучаи Мушфикй — Абулкосимов Азим ва бародари ноболиғаш Абулкосимов М. Атоев Зоирчон ва Амиров Манучеҳрро барои фурӯши машруботи спиртӣ ба ноболиғон дастгир карданд.

Тибқи иттилои раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нисбат ба дастгиршудагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ шудаанд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

01 Nov, 05:05


Дар Душанбе як соҳибкор ва як фурӯшанда барои фурӯши машрубот ба ноболиғон боздошт шуданд

Пулиси пойтахт аз боздошти соҳибкори маркази савдои «Сомон» Ф.Н-и 29-сола ва фурушандаи магазини спиртй бо гумони фурӯши машрубот ба ноболиғон хабар дод.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар ду рӯзи охир кормандони милитсияи пойтахт дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо беш аз 20 ҳолати фурӯши машруботи спиртӣ ба ноболиғонро ошкор намуданд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

31 Oct, 14:00


#Шарҳи_як_хабар

Дар Душанбе амалиёти “Пешгирии тамбашавии нақлиёт” оғоз меёбад

Аз 1 то 10 ноябр дар Душанбе амалиёти "Пешгирии тамбашавии нақлиёт" баргузор мешавад.
Ин тасмим ба пешгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва кам кардани роҳбандӣ равона шудааст.


Дар доираи ин амалиёт ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки қоидаи ронандагиро ба таври қатъӣ риоя карда, аз таваққуф дар ҷойҳои номуайян худдорӣ намоянд ва ҳангоми ронандагӣ ба ҳамдигар халал нарасонанд”,-омадааст дар эълони
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки дар сурати қонуншиканӣ нисбат ба ронандагон ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

31 Oct, 13:00


Нозимзода Бахтиёри Ҳаким, прокурори шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти бархе аз мақомдорони шаҳр изҳори нигаронӣ кард.

Ба таъкиди ӯ вақтҳои охир саҳми мақомдорон барои ташкил ва гузаронидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ хуб ба роҳ монда нашудааст.

Ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд, танҳо дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ дар умум зимни санҷишҳои гузаронида 7 ҳолати фиреби истеъмолкунандагон ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ барои саломатии инсон ҷавоб намедиҳад, ошкор ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

31 Oct, 11:58


Хуҷанд: 1 кило ангиштро бо нархи 80 дирам дар "Ярмарка" ба фурӯш гузоштанд.

Субҳи имрӯз дар микроноҳияи 34-и шаҳри Хуҷанд, назди саристгоҳи мусофиркашонии “Абрешим” ярмарка-фурӯши ангишт ташкил карда шуд. 8 адад мошинҳои калони боркаш бо миқдори беш аз 160 тонна ангишт аз корхонаҳои истеҳсолии ангишти КФ Шахтаи «Фон-Яғноб», ҶСП “КМТ”, ҶСК «Ангишт», ҶДММ “Вена” маҳсулоти худро дар ярмарка ба фурӯш гузоштанд. Арзиши як кило ангишт 80 дирам аст.

Аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки ин иқдом бо мақсади таъмини сокинони шаҳр дар давраи зимистони дарпешистода, инчунин ба танзим даровардани нархи ин намуди маводи сӯхт дар бозори истеъмолӣ ба роҳ монда шуд.

✔️Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

31 Oct, 11:46


Ин кӯдак гум шудааст . Барои пайдо карданаш кӯмак расонед!

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

31 Oct, 11:39


#Хабари_рӯз

✔️Дар Душанбе амалиёти "Пешгирии тамбашавии нақлиёт" оғоз меёбад

✔️Суди Санкт-Петербург ҳукми Раҳматшоҳ Қурбоновро эълон кард

✔️Хуҷанд: Прокурор аз фаъолияти мақомдорони шаҳр изҳори нигаронӣ кард

Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

31 Oct, 09:17


Имрӯз пайкараи устод Бозор Собир дар Боғи фарҳангии ноҳияи Файзобод гузошта шуд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

31 Oct, 06:27


Дар Испания аз 31 октябр то 2 ноябр дар робита ба марги ҳадди аққал 70 нафар дар натиҷаи обхезӣ мотам эълон шудааст.

Дар натиҷаи обхезиҳо дар минтақаи Валенсияи Испания ҳадди аққал 51 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора мақомоти маҳаллии минтақа хабар додааст.

Амалиёти наҷот дар минтақаҳои зарардида идома дорад ва то ҳол шумораи дақиқи фавтидагон муайян нагардидааст.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

31 Oct, 04:52


Чаро Исмоили Сомонӣ барои тоҷикон муҳим аст?

Ба таваҷҷуҳи афроде, ки ифтихори миллӣ доранд!

Рамзҳои миллӣ дар ҳамаи кишварҳо ҳамчун воситае барои инъикоси ҳувият, таърих ва арзишҳои давлату давлатдорӣ хидмат мекунанд. Онҳо на танҳо ифтихори миллӣ, балки пайванди амиқ ба гузашта ва ояндаро низ таҷассум менамоянд. Тоҷикистон бо таърихи ғанӣ ва шахсиятҳои бузурги худ имконияти фаровоне дорад, ки аз онҳо рамзҳои пурмазмун ва ифтихорӣ созад. Яке аз чунин рамзҳо, ки метавонад ҳамчун нишонаи расмии Тоҷикистон истифода шавад, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аст, ки бо шахсияти таърихӣ ва муассиси аввалин давлати тоҷикон — давлати Сомониён алоқаманд мебошад.

Тафсилоти бештар дар Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

31 Oct, 04:38


Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтои худ, вазири девони амирии Давлати Кувайт Шайх Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот кард.

Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар дод.

Мулоқот дар Кувайт доир шуда, ҷонибҳо атрофи мавзуъҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт суҳбат намудаанд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

29 Oct, 16:10


Бинои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар шаҳри Душанбе низ имрӯз, 29 октябр бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба мавриди истифода қарор гирифт.
Муассисаи мазкур дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт ҷойгир аст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ барои омода намудани кадрҳои афсарӣ бо маълумоти олии ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.

Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ аз 7 бино иборат буда, бинои асосии он дорои синфхонаҳои таълимиву ташхисӣ, китобхона, 4 толори маҷлисӣ ва утоқҳои дигар мебошад ва бо шароити муосири зарурӣ барои омӯзиши 640 нафар пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

29 Oct, 11:50


Зодаи Тоҷикистон барои баровардани маълумоти махфӣ дар Русия зиндонӣ шуд

Фирӯз Дадабоев, мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ ва зодаи Тоҷикистон аз ҷониби додгоҳи шаҳри Маскав ба 13 солу 6 моҳи колонияи низомаш сахт зиндонӣ шуд. Ҳамчунин, 300 ҳазор рубл ҷарима шудааст.

Агентии ТАСС хабар медиҳад, ки номбурда барои кӯшиши баровардани маълумоти марбут ба сирри давлатӣ ба Идораи марказии тафтишотӣ (ЦРУ) айбдор дониста шудааст.

Дадобоеви 47-сола шаҳрвандии дукарата дошта, дар яке аз ширкатҳои тиҷоратии Маскав ҳамчун мутахассиси IT кор мекард.

Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

29 Oct, 11:02


Рисолаи доктории устоди ДМТ беҳтарин дониста шуд

Рисолаи доктории устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Боймурод Шарифзода аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин рисолаи даҳ соли ахир эътироф шуд.

Боймурод Шарифзода 60 сол дошта, муаллифи 5 китоб ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ аст. Самти фаъолияти илмиаш таҳқиқи афкори адабӣ ва танқидии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик мебошад.

Тафсилоти бештар дар Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

29 Oct, 08:52


Дар Душанбе боз як корхонаи нав ифтитоҳ ёфт

Имрӯз, 29 октябр дар шаҳри Душанбе ҶДММ “АРК саноат” ба фаъолият оғоз кард. Дар ифтитоҳи ин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, самти фаъолияти корхона истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан буда, дар он 28 номгӯи маҳсулот бо риояи талаботи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.

Тафсилоти бештар дар Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

29 Oct, 08:40


*Амонатбонк ғолиби “Мусобиқаи байнибонкӣ 2024 оид ба футбол” шуд*

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

29 Oct, 05:34


Рӯзи 26-уми октябр расонаҳои Русия хабар доданд, ки 6 маҳбус аз зиндони Липетски Русия гурехтаанд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

29 Oct, 05:27


🏠Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, бинои маркази минтақавии бехатарӣ, аминият ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳоро мавриди истифода қарор дода, дар муаррифии лоиҳаҳои 5 иншооти соҳа иштирок намуданд.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

29 Oct, 05:16


Эрон ба ҳамлаи Исроил посух медиҳад?

🔻 Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён
гуфтааст, ки ҷангро намехоҳад, балки аз ҳуқуқи мардум ва кишвар дифоъ хоҳад кард ва ба таҷовузи режими Исроил посухи муносиб хоҳад дод.
🔻 Пизишкиён: Мо ҷангро намехоҳем, аммо аз ҳуқуқи мардум ва кишвари худ дифоъ хоҳем кард

🔻 Вазири корҳои хориҷии Эрон дар номае ба унвони дабири кулли СММ ва раиси Шӯрои Амният гуфтааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи асноде, ки дар Оинномаи СММ ва дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ баён шудааст, ҳуқуқи дахлнопазирро барои ҷавоб додан ба ҳамлаи ҷинояткорона нигоҳ медорад.

🔻 Мо ба тачовузи режими саҳюнистӣ қатъиян ҷавоб медиҳем, - гуфт сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

29 Oct, 04:55


Как часто стоит менять мобильный тариф и почему

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

28 Oct, 14:00


#Шарҳи_як_хабар

Нархи патент дар Русия боз қиммат мешавад

Нархи патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Москва соли 2025 тақрибан 20% зиёд шуда, ба 8900 рубл мерасад.

Дар ин бора шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин хабар дод.

Ба гуфтаи Собянин, арзиши андозҳое, ки муҳоҷирон пардохт мекунанд, бояд бо маблағе, ки худи русҳо аз даромадашон мепардозанд, муқоиса шавад, то баробарӣ риоя карда шавад.

“Имрӯз пардохти моҳонаи патент 7500 рублро ташкил медиҳад, аммо аз 1 январ он 8900 рубл мешавад”, — гуфтааст шаҳрдори Москва.

Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир имкон медиҳад, ки хароҷоти корфармоён барои муҳоҷирон ва шаҳрвандони Русия баробар шавад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

28 Oct, 13:49


🕯Аз 1 то 7 ноябр хонандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.

✔️Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

28 Oct, 11:28


#Хабари_рӯз

✔️Боздошти зани 51-сола бо гумони таҳдиди куштану расонидани зарари вазнин ба саломатӣ.

✔️Аз боришоти пайдарпай то сел ва роҳбандӣ дар манотиқи Тоҷикистон.

✔️Роҳхати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2025.

📱 Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

28 Oct, 09:20


👍Дастаи мунтахаби футболбоздухтарони то 20-солаи тоҷик дар бозии дӯстона бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 ғалаба ба даст оварданд.

Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

28 Oct, 08:46


Дастгоҳҳои нав дар соҳаи тиб

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

28 Oct, 06:06


Дар Афғонистон гуфтугӯи занон бо ҳамдигар манъ шуд

Вазири накӯкории «Толибон» Холид Ҳанафӣ ба занон гуфтугӯи оммавиро на танҳо бо мардон, балки бо занон низ манъ кардааст.

Дар ин бора телеграмканали BILD дар саҳифааш навиштааст.

Тибқи изҳороти вазир, ба занони калонсол иҷозати шунидани овозҳои дигар занони калонсол манъ аст.

Ҳамин тариқ, занон бояд аз хондани Қуръон бо овози баланд дар ҳузури занони дигар худдорӣ кунанд.

Тафсилоти бештар дар Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

28 Oct, 04:52


☄️Сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат, Мансур Шарофзодаро боздошт карданд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни кофтуков аз номбурда 70-дона ҳабҳои (таблетка) экстазӣ дарёфту мусодира гардидааст.

Вобаста ба ин, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

28 Oct, 03:58


#Ранг бину ҳол пурс
Субҳи боронӣ ва роҳҳои мушкилгузар дар шаҳри Ваҳдат, хиёбони Рӯдакӣ (8:20-и 28.10.2024).

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

27 Oct, 14:00


#Ҳуқуқи\_шумо
Замини таҳкурсии бино доштаро фурӯхтан мумкин аст?


Тавре ки медонем, тибқи қонунгузорӣ хариду фурӯши замин манъ аст. Агар гирди замин пурра девор бардошта шуда, дарвоза дошта бошад ва аз дохил таҳкурсии бино рехта шуда бошад, онро фурӯхтан мумкин аст?
Ҷавоб:
Тибқи талаботи қонунгузорӣ агар шумо нияти фурӯхтани амволатонро дошта бошед, бояд аввал хонаи истиқоматӣ созед. Баъдан, иҷозати хариду фурӯши манзили истиқоматиро пайдо мекунед.

Яъне, шахс метавонад хонаи сохтааш дар замини наздиҳавлигиро фурӯшад ва ба ин тартиб дар асоси қонун хонаашро мефурӯшаду ҳаққи истифодаи замини наздиҳавлигияш ба харидор мутааллиқ мешавад. Зеро замин чун моликияти давлатӣ хариду фурӯш намешавад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

27 Oct, 12:06


#Нигоҳи_шумо
Имрӯз дар барномаамон тасмим гирифтем, ки барои роҳгузарон саволҳои даврони мактабиро диҳем ва мебинем, ки то чи андоза мардуми мо дар хотир доранд.
💬Саволҳо аз таърих ва ҷуғрофия мебошад. 👀
Умед дорем, ки барномаи назарсанҷиамон ба шумо писанд ояд.
💬Фикрҳои худро дар шарҳи видеои дар инстаграмбуда @pressa.tj нависед.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

27 Oct, 09:44


📤 Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки алайҳи истифодаи никоҳҳои қалбакӣ аз ҷониби муҳоҷирон барои қонунигардонӣ дар Русия мубориза мебарад.

Тибқи қонуни нав ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи истиқомати муваққатӣ, дар ҳолате дода мешавад, ки на камтар аз се сол дар Русия иқомати доимӣ дошта бошад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

27 Oct, 05:41


Барои маълумоти бештар, Pressa.tj бо рақамҳои дар сомонаи Вазорати меҳнат гузошташуда занг зад ва бо кормандони масъул суҳбат орост)

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

27 Oct, 03:00


#Оё_медонед
Тилло чӣ хусусияти табобатӣ дорад?

Зар, онро тилло ҳам меноманд, ки номи дувумаш аз забони ҳиндӣ ба тоҷикӣ гузаштааст.

Зарро дар намуди холис аз регҳои дарёҳо ва инчунин аз таркиби сангҳо ҷудо карда, ҳосил менамоянд. Мизоҷаш мӯътадил аст, каме моил ба гармӣ ва андак рутубати табиӣ дорад.

Хусусиятҳои шифобахши он: агар зарро бихӯранд, моддаҳои ғафси дар бадан бударо рақиқ мегардонад, дил ва майнаро қувват мебахшад.

Ҳарорати табиии бадан, яъне гармии модарзодиро устувор медорад, фикрро қавӣ ва фаросат (фаҳмиш)-ро тез мекунад. Барои бемориҳои дил, майна, ҷигар, меъда, заҳра, сипурз, гурда, хичак, бачадон, боҳ, бемориҳои сафровӣ ва савдовӣ ба монанди: дилтапак (дилбозӣ), васвос, тарсончакӣ, ваҳмак, ҳузн, девонагӣ, саръ, чарх задани сар, сустии меъда ва ҷигар, зардпарвин, бавосирҳои гуногун, сустии гурда давои хуб мебошад, баданро фарбеҳ месозад ва барои иллати махав доруст.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

26 Oct, 15:12


Вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Русия

26-уми октябри соли 2024 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Храпов Андрей Иванович баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, инчунин мубодилаи иттилоот, таҷриба ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

ВКД Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

26 Oct, 15:03


Парвин Юсуфӣ сарояндаи мумтоз, ҷаззоб ва хушсадои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои зиёд ва фестивалҳо, бар замми рассоми мумтоз буданаш, боз аз ҳунари квиллинг низ бархӯрдор аст. Бо ин ҳунарманди маъруф, ки аллакай барои чанд насл маҳбуб гаштааст, ҳамсуҳбат шудем ва фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

Тафсилоти бештар дар Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

25 Oct, 11:34


#Хабари_рӯз

✔️Душанбе нақшаи даъват ба артишро пурра иҷро кард

✔️Суғд: Куштори як ҷавони 21 сола дар Конибодом

✔️Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бо яккачинҳои Непал ва Афғонистон бозиҳои дӯстона доир мекунад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

25 Oct, 09:46


Аз 25 то 28-уми октябр дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад.
Ин чорабинӣ муаррифгарӣ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ хоҳад буд.

Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

25 Oct, 09:35


Иштироки “Амонатбонк” дар намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024”

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

25 Oct, 09:29


Кор барои иҷора. Нигаронии сокинон аз болоравии нархҳо

Субҳон корманди яке аз корхонаҳои давлатӣ аст. 2600 сомонӣ маош мегирад. Пас аз ҷустуҷуҳои зиёд дар канори шаҳр хонаеро дар бинои навсохте, ки ҳанӯз сохтмонаш ба охир нарасидааст, иҷора гирифт. Моҳе 2000 сомонӣ бояд иҷорапулӣ диҳад.
Субҳон мегӯяд, ки илоҷи дигаре надошт, ҷуз он ки дар маҳаллаи “Зарафшон” дар сохтмони нотамом иҷоранишин шавад. “Сохтмони бино тамом нашудааст. Ҳанӯз лифтҳо кор намекунанд, вале соҳибхона хонаи худашро таъмир кардаву бароям иҷора дод. Шукр, ки ҳамсарам ҳам кор мекунад. Маоши ман ба иҷора ва роҳкирои худам сарф мешавад, ҳамсарам бори рӯзгорро мекашад”,- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Субҳон, бо маоше, ки мегирад, харидани хонаи шахсиро ҳатто орзу намекунад. “Ба умеди Русия будам. Баъди хатми донишгоҳ 2 сол рафта кор кардам, пул ҷамъ карда, омада зан гирифтам. Ҳоло корам бад нест, гарчанде маош кам аст. Дигар ба Русия рафтан намехоҳам, зеро азоби муҳоҷириро дигар тоқат карда наметавонам”,- мегӯяд ӯ.

Тафсилоти бештар дар Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

25 Oct, 04:11


👍 Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии наваскаронро 100% иҷро кард. Дар ин бора аз шаҳрдорӣ хабар доданд.

✔️Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

24 Oct, 12:13


#Хабари_рӯз

✔️24 октябр "Рӯзи СММ". Давоми 32 соли узвият 7 ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.

✔️Дар Душанбе бар асари шамол дарахти сафедор шикаста, ба як бинои баландошёна бархӯрд.

✔️Буҳрони футболи Тоҷик: Бохти “Равшан” аз “Трактор” дар Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

24 Oct, 05:24


👍33 голи беҷавоби дастаи наврасони Тоҷикистон

Тими наврасони Тоҷикистон дар даври аввали бозиҳои интихобии ҷоми Осиё 2025 ба дарвозаи наврасони Гуам 33 голи бе ҷавоб зада рекорд гузоштанд.

Ин дидор дар варзишгоҳи “Бишан”-и Сингапур баргузор гардид.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

24 Oct, 04:00


❗️Боздиди беш аз 1 миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дар 9 моҳ

Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз кишвар беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардааст.
pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

23 Oct, 14:15


Дар Кения як бинои истиқоматии ҳафтошёна фурӯ рехтааст.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

23 Oct, 13:00


🔴Фахриддин Назарови 57-сола ва Ашур Намозови 64-соларо ҳамчун гумонбар дар ҷинояти 32 -сол пеш содир гардида боздошт карданд.

Номбурдагон соли 1992 Хоҷаев Ислом, соли таваллудаш 1944, сокини ноҳияи Ёвонро бо истифода аз автомати «Калашников» ба ҳалокат расонидаанд.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

23 Oct, 11:27


#Хабари_рӯз

✔️Боздиди беш аз 940 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дар 9 моҳ.

✔️Суғд: Роҳбари ҶДММ «Бинокор Иқбол»-и ноҳияи Мастчоҳ бо гумони фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ дастгир шуд.

✔️Футбол: Нокомиҳои “Истиқлол” дар Лигаи Чемпионҳои Осиё идома дорад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

23 Oct, 09:54


Хатлон: Боздошти зан барои латукӯби писараш

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон занеро барои латукӯби фарзанди ноболиғаш дастгир кард.
Дилором Ҳакимова, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Хуросон, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фарзандашро дар ҷойи ҷамъиятӣ латукӯб кардааст.

Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

23 Oct, 09:40


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони БРИКС вориди Қазон шуд.
Навор аз ТАСС

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

21 Oct, 05:22


Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

21 Oct, 05:18


Талбандагии гурӯҳи

Дар шаҳри Хуҷанд марде, ки ду хона ва се мошин доштааст, зану кудаконашро ба талбандагӣ водор мекардааст.

🎥 аз ютубканали "Пайки Суғд"

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

21 Oct, 04:38


Дар ноҳияи Айнӣ 15 оила соҳиби хонаи нав шуданд

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

20 Oct, 14:21


Қаннодони Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон торти рекордӣ омода кардаанд.

Ин ширинӣ дар Боғи ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Меҳргон намоиш дода шуд.

Барои тайёр намудани ин торт зиёда аз 100 дона тухм, 25 кило қанду меваҳои гуногун истифода шудааст.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

20 Oct, 14:00


#Ҳуқуқи_шумо
Барои дарсҳои иловагии нахонда пул диҳем?

Ин кирдор ғайриқонунӣ мебошад. Шумо метавонед тибқи талаботи моддаи 316-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокуратура муроҷиат кунед.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

20 Oct, 08:44


🎥Сохтмони варзишгоҳи нав дар Душанбе дубора оғоз гардид.

Навор аз телеграмканали Варзиш.тв

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

20 Oct, 05:20


☄️Имруз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивали зарбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур ва Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад.

Инчунин, дар ин идгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.

Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

20 Oct, 03:00


#Оё_медонед
🍋 инфаркт ва инсултро пешгирӣ мекунад
Лимӯ- давои беҳтаринест барои пешгирӣ намудани бемориҳои инфаркт ва инсулт.
Истеъмол намудани ду пора лимӯ дар як рӯз ҷисмро аз витаминҳои даркорӣ ғанӣ намуда, фишори баландшудаи хунро паст мекунад.
Лимӯ бо шарофати он ки қобилияти ба холестерин таъсир расониданро дорад, инсонро аз гирифторшавӣ ба инфаркт ва инсулт ҳифз менамояд. Меваи мазкур ҳазм намудани оҳанро дар ҷисм беҳтар намуда, дар ҳамоҳангии ҳормонҳо таъсир мерасонад.
Мунтазам истеъмол намудани лимӯ хатари гирифторшавӣ ба инсулт ва инфарктро кам мекунад.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Oct, 17:26


Маҳсулоти арзон дар Иди Меҳргон

20 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивали зарбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур ва Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад.
Инчунин, дар ин идгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.

Pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Oct, 14:00


#Ҳуқуқи_шумо
Ронандаи таксӣ таҳқир кард, ба куҷо муроҷиат кунам?

Барои дастрас намудани рақами давлатии таксӣ, ба ширкате, ки ронанда дар он кор мекунад, муроҷиат намуда, сипас, тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба РВКД дар шаҳри Душанбе ариза нависед.

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Oct, 13:37


👍Баргузории нахустин намоиши мӯди ҳанбок (либоси миллии кореягӣ) дар Тоҷикистон

Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (сафир Ҷон Сонг Шик) рӯзи сешанбеи 8 –уми октябри соли 2024 бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои дӯстона ва табодули фарҳангии Корея ва Тоҷикистон ‘2024 Korea Festival’- ро баргузор намуд.
pressa.tj

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Oct, 11:59


🎥 Тоҷикфилм" ва "Лендок"-и Русия ба наворгирии муштараки як филм дар Тоҷикистон шурӯъ мекунанд.

Гуфта мешавад кор дар болои филми «Хомуши дар кӯҳсор» аз мохи ноябр оғоз мешавад. Вале ҳанӯз кай омода гардиданаш маълум нест.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Oct, 05:14


‼️Дар ноҳияи Варзоби як писари 26-сола дар оташ задани мошини падараш гумонбар дониста шудааст.

🔺Сабаби оташсӯзӣ норозигии писар аз он буд, ки падар ба ваъдааш дар бораи харидани мошин вафо накардааст. Барои интиқом, ӯ тасмим гирифт, ки мошини падарашро сӯзонад.

🔺Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ қайд карданд, ҳарчанд мошин дар натиҷаи оташсӯзӣ пурра нобуд нагардида бошад ҳам, хисорот аз оташсӯзӣ 11,6 ҳазор сомониро ташкил додааст.

✔️ Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

19 Oct, 03:00


#Оё_медонед
Ҷурғот хунро тоза мекунад

Ҷурғот бо сабаби таркиби бисёрҷанбааш ба саломатӣ хеле муфид аст. Дар таркиби ҷурғот витаминҳои С, А, РР, D ва витаминҳои гурӯҳи В (В1, В2, В5, В6, В9, В12) холин ва бета-каротин вуҷуд дорад. Бар замми ин, дорои минералҳои фосфор, калий, мед, хром, калсий, сера, натрий ва ғайра мебошад.
Витамин ва моддаҳои минералии таркиби ҷурғот ба ҷисм таъсири муфид мерасонад.
🔸 Ҷурғот ҷисмро ҷавон мекунад: хунро тоза ва кори узвҳои ҳозимаву рӯдаву меъдаро ба эътидол меорад.
🔹 Истеъмоли ҷурғот боиси хубтар ҳазм гаштани хӯрок мегардад. Нафароне, ки ширро истеъмол карда наметавонанд, метавонанд кефир хӯранд. Аз ҷурғот аллергия пайдо намешавад.

✔️Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

18 Oct, 14:00


#Ҳуқуқи_шумо
Ҳамшираи тибро ба ҷавобгарӣ кашида метавонам?
Дар беморхона барои ташхиси УЗИ навбат гирифтам, вале ҳамшираи шафқат 4-5 шиносашро бе навбат даровардан гирифт. Азбаски ман ҳомиладор будаму муддати дароз рост истоданам мумкин набуд, фишорам паст шуд ва сарам чарх зада, афтидам. Намедонам ба кӯдаки батнам осеб расидааст ё не, вале ба назди он табиб надаромадам. Мехоҳам ҳамшираро ба ҷавобгарӣ кашам. Ба ин ҳуқуқ дорам?
Ҷавоб:
Шумо метавонед мутобиқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба сартабиби беморхона нисбати ҳамшира шикоят кунед.

✔️Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

18 Oct, 11:59


#Хабари_рӯз

Тақдими 500 000 сомонӣ гранти раиси вилояти Хатлон ба 30 нафар соҳибкорзан.

Хуҷанд: Наҷоти марде, ки қасди худкушӣ дошт.

Дар Душанбе бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2024/25 баргузор мешаванд.

Pressa.tj