Китобхон - کتابخوان @kitobkhon_2021 Channel on Telegram

Китобхон - کتابخوان

@kitobkhon_2021


🇹🇯 Китобхон - таблиғгари китоб, илм, маърифат ва андешаи солим.
🇮🇷🇦🇫 کتابخوان - تبلیغگر کتاب، علم، معرفت و اندیشه سالم.

Китобхон - کتابخوان (Tajik-Persian)

Китобхон - کتابخوان یک کانال تلگرامی است که به منظور ترویج کتب، علم، دانش و اندیشه سالم تأسیس شده است. این کانال یک جامعه از علاقه‌مندان به مطالعه و یادگیری است که با هم به اشتراک‌گذاری نظرات، معرفت‌ها و تجربیات مختلف، به یکدیگر کمک می‌کنند. اگر به دنبال کتب جدید، مطالب جذاب و جدید، و یا فضایی برای گفتگو و تبادل نظر درباره اندیشه و دانش هستید، کانال Китобхон - کتابخوان بهترین انتخاب برای شماست. بپیوندید و با ما در جستجوی علم و معرفت همراه باشید! 📚🌍

Китобхон - کتابخوان

14 Jan, 03:56


📖 "МАСНАВИИ МАЪНАВӢ" ✍️ Ҷалолуддини Балхӣ
📖 "ГУЛИСТОН" ✍️Саъдии Шерозӣ
📖 "ШОҲЗОДАИ ХУРДАКАК" ✍️ Антуан де сент Экзюпери
📖 "САД СОЛИ ТАНҲОӢ" ✍️Габриел Гарсия Маркес
📖 "РОБИНЗОН КРУЗО" ✍️ Даниэл Дефо

@fonustj
@kitobkhon_2021

Китобхон - کتابخوان

13 Jan, 15:45


💬 Сафар Абдуллоҳ: "МИЛЛАТИ БО МАЪРИФАТ НАМЕТАВОНАД ҒУЛОМ БОШАД"

№4

📖 "Китобхон" андешаҳои Сафар Абдуллоҳ, олим, адабиётшинос, муҳаққиқ, узви пайвастаи фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон ва донишманди шинохтаи тоҷикро дар мавзуъҳои адабиёт, ҷангҳои фарҳангӣ, вазъи илму дониш дар минтқа ва Тоҷикистон, инчунин туркисозии фарҳангу торихи мо бо навбат ва дар чанд қисмат нашр мекунад.

⌨️ Таҳияи Далер Шариф

БИХОНЕМ, ТО САРФАРОЗ БОШЕМ.
БИОМӮЗЕМ, ТО ВОРАСТА БОШЕМ.

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

13 Jan, 14:10


Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Ҳар кӣ з-омӯхтан надорад нанг,
Дур барорад зи обу лаъл аз санг.

В-он ки дониш набошадаш рӯзӣ,
Нанг дорад зи донишомӯзӣ.

Эй басо тезтабъи коҳилкӯш,
Ки шуд аз коҳилӣ сафолфурӯш.


В-эй басо кӯрдил, ки аз таълим,
Гашт қози-юл-қуззоти ҳафт иқлим.

✍️: Низомии Ганҷавӣ

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

13 Jan, 08:05


Дар ҷомеаъе, ки арзиши зан ба зебоӣ ва арзиши мард ба дороӣ аст дунболи инсоният ва андеша нагард!

Бертран Расселл

Китобхон - کتابخوان

11 Jan, 08:03


https://telegra.ph/BARKIYA-Hikoya-01-11

Китобхон - کتابخوان

10 Jan, 06:32


...дар як сӯҳбати хосаи Амир, дар ҳузури аъёну ашрофи зиёде, ки ҳамаашон дастон пеши бар таъзими заминбӯс мекарданд, ва ҷумла қабоҳатҳойи аморатро ба чашми вазорат малоҳат нишон медоданд, ба Қозикалон муроҷиат ва ба Амир гӯшзад, хатоҳойи вайро як–як шумурд:
– Аввалаш, бист сол шуд, ки золимро ҳимоя мекунеду ба мазлум зулм. Баъдаш, муллоҳойи доноро чашми дидан надоред, вале нимчамуллоҳоро рӯйи даст бардошта мегардед. Сейюмаш, ҷойи Инсофро соф ба Беинсофӣ додаед. Чорумаш, дар даврони шумо ҳаром раво шудаст. Ҳеҷ кас аз рибохӯрӣ ибо намекунад… Хулласи гап, ҳар вайроние, ки дар аморат шуду мешавад, аз касофати шумо рӯй додааст, ки фармудаҳойи шаръи шарифро риоя намекунед!
– Домулло, Шумо одами сипоҳпеша. Шаръи шарифу фармудаҳойи онро намедонед.
– Аз шумо беҳтар медонам. Аз ҳафт пуштатон, ки паси ниқоби қозиюлқузотӣ, шариатфурӯширо касб кардаетон, сад бор беҳтар медонам.
– Беҳтар донед, дар амал санҷида мебинем, – ба хархаша хотима дод Амир ва…
Ва як ҳафта нагузашта мӯҳтасибро водии Қубодиён фиристонид: «Равед, аҳволро тафтиш кунед, ба ман нависед». Ва мӯҳтасиб ба роҳ баромад, бо роҳи Қаршӣ ва Тирмиз, аспсавор ва бе тӯша, ва дар Қубодиён ӯро аз ҷар ба рӯди Вахш тела доданд, ва ҳарра шуда, ба ҷӯши об рафта заданашро тамошо карданд, ва ба Бухоро хабар фиристониданд, ки «ҳарчанд ҷасадашро наёфтем, лекин дар лаби ҷар ҷанозаашро хондем». Ва минбаъд дар аморат касе ғайрат надошт, ки ба рағми тақдир садое баланд бикунад...

Порча аз романи "Ҳайҷо"-и Ӯрун Кӯҳзод

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

10 Jan, 05:41


Агар мехоҳед хушбахт бошед зиндагиро ба як ҳадаф гиреҳ бизанед,на ба одамҳо ва ашиё...

АЛБЕРТ ЭЙНШТЕН

Китобхон - کتابخوان

09 Jan, 12:50


Ҷомеа дучори буҳрони ахлоқӣ мешавад

Китобхон - کتابخوان

09 Jan, 08:11


Ман аз бараҳнагони танфурӯш безор нестам аз пӯшидагони шараф фурӯш безорам!

Содиқ Ҳидоят

Китобхон - کتابخوان

08 Jan, 14:02


Бидуни шарҳ...

Китобхон - کتابخوان

08 Jan, 12:12


Беҳуда дар зиндагӣ истеъдодро авлотар нагуфтаанд. Барои ба камол расондани як инсон ва соҳибтахассус кардану ба ҷомеа равона кардан анқариб 30 сол зарур аст.

Китобхон - کتابخوان

08 Jan, 10:57


📖 "САМАКИ АЙЁР"
📖 "ҚИССАИ АМИРУЛМӮЪМИНИН ҲАМЗА"
📖 "ДУМАЙ И БОГАТЕЙ" ✍️ Наполеон Хилл
📖 "БОГАТЫЙ ПАПА, БЕДНЫЙ ПАПА" ✍️ Роберт Кийосаки
📖 "МАГИЯ УТРА" ✍️ Хэл Элрод, Дэвид Осборн

@fonustj
@kitobkhon_2021

Китобхон - کتابخوان

08 Jan, 05:05


Касонеро мешиносам, ки зоҳири ороста доштанд, вале на вафодор буданд ва на одам...

Алберт Комю

Китобхон - کتابخوان

08 Jan, 05:02


Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр,
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!
Эй дили ғамдида, ҳолат беҳ шавад, дил бад макун
В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр!
Гар баҳори умр бошад, боз бар тарфи чаман
Чатри гул дар cap кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр!
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!
Ҳон, машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб,
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр!
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид,
Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр!
Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,
То бувад вирдат дуову дарси Қуръон, ғам махӯр!

Китобхон - کتابخوان

07 Jan, 16:26


Вақте вориди як ҷамъ мешавӣ либосҳоят муъарифи туст, вақте меравӣ ҳарфҳоят...

ЛЕВ ТОЛСТОЙ

Китобхон - کتابخوان

06 Jan, 10:08


Бардагӣ (ғуломӣ) яъне як шахси дигар тасмим бигирад, ки ту чиқадар ва чӣ андоза озод бошӣ.

Бертран Расселл

Китобхон - کتابخوان

06 Jan, 05:56


ДОНИШ
Дониш (форсӣ: دانش‎), шинохт (форсӣ: شناخت‎), маърифат (форсӣ: معرفت‎) — ошноӣ, огоҳӣ, ё дарки фард, ё чизе монанди ҳақоиқ, иттилоот, шарҳ ва ё маҳоратҳо аст, ки аз тариқи таҷриба, ё омӯзиш аз тариқи идрок, кашф, ё ёдгирӣ ба даст меояд.

Манбаъ "Википедия"

Китобхон - کتابخوان

06 Jan, 05:52


Китобхонаи марказии Сиэтл, ИМА

Китобхонаи марказии Сиэтл, ки дар бинои 11-ошёна ҷойгир аст, 23 майи соли 2004 расман ифтитоҳ шуд.

Дар ин китобхона, ки 33722 метри мураббаъ масоҳат дорад, тақрибан якуним миллион китобу дигар мавод ҷой дода мешавад.

Барои меҳмонон таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 143 мошин ва зиёда аз 400 компютер мавҷуд аст.

#ҷолиб
#фонус

@fonustj

Китобхон - کتابخوان

06 Jan, 05:47


Рӯҳ бо Ҳақ зиндаву поянда аст,
В-арна инро мурда онро зинда аст.
Он ки «Ҳайю ло ямут» омад Ҳақ аст,
Зистан бо Ҳақ ҳаёти мутлақ аст.

Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ

Китобхон - کتابخوان

05 Jan, 07:40


Чунин гӯянд, ки амири Хуросон Исмоил ибни Аҳмад ба Марв фуруд омада буд ва расми ӯ он буд, ки ҳар куҷо фурӯ омадӣ, мунодӣ фармудӣ, ки лашкариро ба раияти ман кор нест. Пас харбандае аз они ӯ ба полезе андар шуд ва андаке моя зиён кард. Ба дари сарои амир омаданд ва бинолиданд. Амир фармуд, то харбандаро биёварданд ва гуфт:
- Туро музд ҳаст?
Гуфт:
-Ҳаст.
Гуфт:
- Мунодии ман нашунидӣ?
Гуфт:
- Шунидам.
Гуфт:
- Пас чаро раияти маро зиён кардӣ?
Гуфт:
- Хато кардам.
Гуфт:
- Аз баҳри хатои ту ба дузах натавонам рафтан.
Пас бифармуд, то дасташ бибриданд.

📖 Насиҳату-л-мулук

Китобхон - کتابخوان

04 Jan, 06:40


Рӯзаке чанд дар ҷаҳон будам,
Бар сари хоку бод паймудам.
Соате лутфу лаҳзае дар қаҳр
Ҷони покизаро биёлудам.
Бохирадро ба табъ кардам ҳаҷв,
Бехирадро ба тамъ бистудам.
Оташе барфурӯхтам аз дил,
В-оби дида аз ӯ биполудам.
Бо ҳавоҳои ҳирси шайтонӣ
Соате шодмон бинағнудам.
Охируламр чун баромад кор,
Рафтаму тухми кишта бидрудам.
Гавҳарам боз шуд ба гавҳари хеш,
Ман аз ин хастагӣ биёсудам.
Кас надонад, ки ман куҷо рафтам,
Худ надонам, ки ман куҷо будам.

✍️Абӯалӣ Ибни Сино

Китобхон - کتابخوان

04 Jan, 05:47


Инсони заъиф ҳаргиз наметавонад бибахшад.Бахшиш нишонаи қудрат аст.

Маҳтма Ганди

Китобхон - کتابخوان

04 Jan, 04:06


📖 "ШОҲНОМА" ✍️Абулқосим Фирдавсӣ
📖 "ИДИОТ" ✍️Фёдор Достоевский
📖 "ҚИЁМАТ" ✍️Чингиз Айтматов
📖 "1984" ✍️Ҷорҷ Оурелл
📖 "ЁДДОШТҲО" ✍️Садриддин Айнӣ

@fonustj
@kitobkhon_2021

Китобхон - کتابخوان

03 Jan, 11:24


Агар аз осмон борони озоди меборид баъзе бардагонро медидам,ки бо худ чатр ҳамл мекарданд.

АФЛОТУН

Китобхон - کتابخوان

02 Jan, 07:23


Ҷаҳаннам ҳамон зиндагии иҷборӣ бо аҳмақҳои атрофат аст.

Ҷон Пол Сартр

Китобхон - کتابخوان

01 Jan, 13:03


Ӯ ҳамеша мегуфт: "Илму дониш чизест, ки ҳеҷ кас наметавонад аз ту бигирад".

Меҳмони нашри 134-уми барномаи Китобхон Умар Азизов, ҷарроҳ ва уролог-андролог

Китобхон - کتابخوان

31 Dec, 05:19


Аз хоби гарон хез...

Эй ғунчаи хобида чу наргис нигарон хез,
Кошонаи мо рафт ба тороҷи замон хез
Аз нолаи мурғи чаман, аз бонги азон хез
Аз гармии ҳангомаи оташнафасон хез
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез
Аз хоби гарон хез!
Хуршед ки пироя ба симои саҳар баст
Овеза ба гӯши саҳар аз хуни ҷигар баст
Аз дашту ҷабал қофилаҳо рахти сафар баст
Эй чашми ҷаҳонбин ба тамошои ҷаҳон хез
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез
Аз хоби гарон хез!

Ховар ҳама монанди ғубори сари роҳест
Як нолаи хомӯшу асарбохта оҳест
Ҳар зарраи ин хок гиреҳхӯрда нигоҳест
Аз Ҳинду Самарқанду Ироқу Ҳамадон хез
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез
Аз хоби гарон хез!

Дарёи ту дарёст, ки осуда чу саҳрост
Дарёи ту дарёст, ки афзун нашуду кост
Бегонаи ошӯбу наҳанг аст, чӣ дарёст?
Аз синаи чокаш сифати мавҷи равон хез
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез
Аз хоби гарон хез!

Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ

Китобхон - کتابخوان

28 Dec, 04:17


Ҳукумате, ки бо ҷанг таъсис шудааст, маҷбур аст бо ҷанг худро ҳифз кунад.

Китобхон - کتابخوان

26 Dec, 15:03


ОХИРОН СУОЛИ МОДАРАМ

🎙Ровӣ:Ортиқ Қодир;

🔈Тадвини садо ва мусиқӣ: Абдуманон Раҳимов;

💻 Таҳияи Исматуллоҳи Абдуллоҳ ва Далер Шариф

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

23 Dec, 17:55


Чаро забони Амрикову Чин рушд мекунад?

Ё чаро Ӯзбекистон ва Озарбойҷон хатро иваз карданд?

Хат чӣ аҳмият дорад?

Андешаи устод Сафар Абдуллоҳ


📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

23 Dec, 04:25


📖 "МАСНАВИИ МАЪНАВӢ" ✍️Ҷалолуддини Балхӣ
📖 "САД СОЛИ ТАНҲОӢ" ✍️Гарсия Маркес
📖 "СУБҲИ ҶАВОНИИ МО" ✍️Сотим Улуғзода
📖 "ПАЛАТА КУНҶАКӢ" ✍️Фазлиддин Муҳаммадиев
📖 "ҚАТРАЕ АЗ МУЛИЁН" ✍️Фарзона

@fonustj
@kitobkhon_2021

Китобхон - کتابخوان

20 Dec, 14:20


Бобои Шароф Акобирови 82 сола, деҳқон, боғпарвар ва шоир аз деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод меҳмони барномаи "Китобхон" буданд. Андешаву қиссаҳои Бобои Шарофро дар ин нашри "Китобхон" бишнавед.

Китобхон - کتابخوان

17 Dec, 14:15


МАВЛОНО ВА АРАҚ!

Дар Аврупо арақе ба фуруш мерасад, ки номи ҳазрати Мавлоноро дорад: “Rumi”. Зоҳиран тарҳи Ғуфрони Бадахшӣ шоири тавонои афғонистонист. Шояд Бадахшӣ дар таърихи адабиёти мо ягона шоирест, ки дар як он майсозиву майбиёриву майфурӯшиву майнӯшиву майситоӣ мекунад. Ҳамаро бо ҳам.


Ӯ ошкоро дар саҳифаҳои маҷозияш арақашро таблиғ мекунад ва мавҷи интиқодҳоро ба пашизе намегирад. Ин кори Ғуфрон барои муҳиббону муридони ҳазрати Мавлоно хеле зананда аст.

Аммо ҷолиб инҷост, ки ҳазрати Мавлоно дар ҳаёту зиндагии худ номи “май”-ро бар худ ниҳода, иддаъои “бодатар аз бода” буданро кардааст. Ӯ дар арақ ҳарифи худро медид. Чун арақ ҳам одамонро хурсанд мекунад ва ҳазрати Мавлоно ҳам рисолаташ шодибахшӣ ба инсонҳост.

Мавлоно худ “бода”-е шуда буд, ки ба дигарон мастӣ, роҳат, хушдилӣ эҳдо мекард. Бо қаламаш, бо назмаш, бо базмаш, бо фикраш, бо андешааш, бо самоаш. Ӯ бар хилофи орифони дигар намегӯяд, ки “Аз шароби ишқи ҷонон маст шав!”, балки “бодашавиро” таҷассум мекард:

Эй май батарам аз ту ман бодатарам аз ту.
Пурҷӯштарам аз ту оҳиста, ки сармастам.

"Арақшави"-ро Мавлоно аз таҷрибаи набавӣ омӯхтааст. Ӯ вақте мастии имон дар вуҷуди ёрони Расулро ба таҳлил мегирад, ба ҳамин хулоса меояд, ки онҳо мастони майи набӣ буданд. Чун паёмбар соқӣ не, худ май буд, агарчӣ соқигарӣ низ мекард:

Саҳобиён, ки бараҳна ба пеши теғ шуданд,
Харобу маст буданд аз Муҳаммади Мухтор.
Ғалат, Муҳаммад соқӣ набуд, ҷоме буд,
Пур аз шаробу Худо буд соқии аброр!

Май дар осори Мавлоно аз мавзуоти ҷолибест. Ӯ аз равиши қуръонӣ дар пардохтан ба ин масъала кор гирифта, мисли Каломуллоҳ ишораҳо ба фоидаҳояш низ мекунад.

Мавлоно мегӯяд, ки на ҳар ки арақ хурд, бадкорӣ мекунад, балки май ҳақиқати одамонро бе парда ба намоиш мегузорад:

На ҳама ҷо бе худӣ шар мекунад,
Бе адабро май чунонтар мекунад.
Гар бувад оқил накуфар мешавад,
Вар бувад бадхӯй батар мешавад.

Хуб, агар арақ ин хубиҳоро дорад пас чаро дар Шаръ мамнуъ шудааст?
Посухи ин суолро Мавлоно фақиҳона медиҳад, ки ҳукми шаръ бар аксарият аст. Аксари одамҳо, ки арақ бихуранд бадӣ мекунанд аз инҷост, ки Шаръ ҳам онро мамнуъ қарор додааст:

Лек ағлаб чун баданду нописанд,
Бар ҳама майро муҳаррам кардаанд.

Нигоҳи Мавлоно ба одамони арақхӯр дилсӯзона ва ҷавонмардона аст. Онҳоро одамони зиндонӣ медонад. Зиндонӣ дар “маҳбаси ғам”, ки бояд ба ҳолашон дил сӯзонд.

Одамони арақхӯр аз диди он бузургвор инсонҳое ҳастанд, ки хурсандияшон берунӣ ва дар даруни як шиша аст. Яъне онҳо натавонистанд дарунакӣ ба хушӣ бирасанд ва маҷбуранд барои хушдилӣ, хурсандиро аз берун вориди худ кунанд. Аммо инсонҳое, ки тавонистаанд бо истифода аз имону маънавиёти баланд дар даруни худ хушҳолии маънавӣ эҷод кунанд, ба мастии бебода ва ҳамешагӣ расидаанд ва ниёз ба арақхӯрӣ надоранд:

Бода ғамгинон хӯранду мо аз он хушдилтарем,
Рав ба маҳбусони ғам деҳ соқиё афюни хеш!

***

Орифонро шамъу шоҳид нест аз беруни хеш,
Хуни ангури нахурда, бодашон ҳам хуни хеш!
Ҳар касе андар ҷаҳон маҷнуни лайлийе шуданд,
Орифон лайлийи хешу дам ба дам маҷнуни хеш!

✍️: Саъдӣ Ворисов, донишманди тоҷик

Матлаб аз саҳифаи фейсбуки муаллиф гирифта шудааст.

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

17 Dec, 06:31


Дасурамал барои барномасозон, "Падари сарватманд, падари фақир" ва роҳу равиши эҳёи ангеза барои дӯст доштани худ. Китобҳое ки соли 2024 дар Русия аз ҳама бештар дуздида шудаанд.

Аз мағозаҳои "Читай-город" дар соли равон 300 ҳазор китобро дуздидаанд.

КАДОМ КИТОБҲОРО БЕШТАР ДУЗДИДААНД:

▪️Адитя Бхаргава, "Грокаем алгоритмы"

▪️Мосян Тунсю "Магистр дьявольского культа"

▪️Роберт Кийосаки "Богатый папа, бедный папа"

▪️Ҷорҷ Оруэлл, "1984"

▪️Ҷен Синсеро, "НИ ЗЯ"

▪️Мосян Тунсю "Благословение небожителей. Том 4"

▪️Сю Ҷонсон "Обними меня крепче. 7 диалогов для любви на всю жизнь"

▪️Мэг Ҷей "Важные годы. Почему не стоит откладывать жизнь на потом".

Китобхон - کتابخوان

16 Dec, 12:36


https://youtu.be/8j-dhyVTh_s?feature=shared

Китобхон - کتابخوان

13 Dec, 04:59


📖 "МАСНАВИИ МАЪНАВӢ" ✍️Ҷалолуддини Балхӣ
📖 "ШУКУҲИ ШАМС" ✍️Аннемари Шиммел
📖 "БОЛЬШАЯ ПАНДА И МАЛЕНЬКИЙ ДРАКОН" ✍️Ҷеймс Норбури
📖 "ТАЙНА" ✍️Ронда Берн
📖 "САМУРАЙ БЕЗ МЕЧА" ✍️Китами Масао

@fonustj
@kitobkhon_2021

Китобхон - کتابخوان

12 Dec, 16:11


🤫 Як маълумот аз “Китобхон”

❗️ХОРАЗМӢ, бузургтарин риёзидони торих

Муаллиф: Абдулазизи Восеъ

#Як_маълумот_10

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

05 Dec, 08:08


📖 Ҳикоят (30) аз “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ аз Шарҳи “Гулистон”-и Обид Шакурзода (2014)

Подшоҳе ба куштани бегуноҳе фармон дод. Гуфт:

-Ай малик, ба муҷиби хашме, ки туро бар ман аст, озори худ маҷӯй, ки ин уқубат бар ман ба як нафас ба сар ояд ва базаҳи он бар ту ҷовид бимонад.

Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт,
Талхию хушию зишту зебо бигузашт.
Пиндошт ситамгар, ки ҷафо бар мо кард,
Дар гардани ӯ бимонду бар мо бигузашт.

Маликро насиҳати ӯ судманд омаду аз сари хуни ӯ бархост.(яъне, аз рехтани хуни ӯ сарфи назар кард.)

(Маънои ду байт: навбати зиндагӣ чун тундбоди биёбон бигузашт ва рӯзгори хушиву нохушӣ ва айёми некбахтиву тирарӯзӣ сипарӣ шуд.

Бедодгар ангошт, ки моро ба бедод биёзурд; оре, ситамаш бар мо гузашту навбаташ ба поён расид, вале ӯ ба кайфари ин ситам то ҷовидон гирифтор монду бори ин гуноҳ ба гардани вай афтод.

Аз саҳифаи фейсбуки рузноманигори тоҷик Сӯҳроб Зиё

Китобхон - کتابخوان

05 Dec, 08:00


З-он ки ишқи мурдагон поянда нест,
З-он ки мурда сӯйи мо оянда нест.
Ишқи зинда дар равону дар басар
Ҳар даме бошад зи ғунча тозатар.
Ишқи он зинда гузин, к-ӯ боқӣ аст,
К-аз шароби ҷонфизоят соқӣ аст.
Ишқи он бигзин, ки ҷумлай анбиё
Ёфтанд аз ишқи ӯ кору киё.
Ту магӯ: «Моро бад-он шаҳ бор нест»,
Бо каримон корҳо душвор нест.


✍️: Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

05 Dec, 06:58


УСТОД ЛОИҚ ШЕРАЛӢ:

Мо ғуломем, ғуломем, ба ном озодем,
Мо харобем, харобем, ба ном ободем.

Мо асирем, асирони низоми дигарем,
Аз яке дом раҳидему ба доми дигарем.

Мо ҳақирем, ҳақирони сияҳномаи хеш,
Ном гумкардаи шӯру шару ҳангомаи хеш.

Мо наҳифем, наҳифони маҳалбозии худ,
Мо заъифем, заъифони дағалбозии худ.

СОЛИ 1994.

Китобхон - کتابخوان

05 Dec, 06:16


❗️📖 Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

👇Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем:

👉 Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода натавонем.

👉 Коҳиши тавонои таҳлил ва тафаккури интиқодӣ. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба тақвияти маҳорати тафаккури интиқодӣ ва мантиқӣ кумак мекунанд. Бидуни китоб хондан ин маҳоратҳо заъиф мешаванд.

👉 Аз даст додани дониши ҷадид. Китобҳо манобеи ғании иттилоот ва донишанд. Бидуни мутолиа мумкин аст аз пешрафтҳо ва ёфтаҳои ҷадид дар ҳавзаҳои мухталиф бехабар бимонем.

👉 Коҳиши халлоқият. Китобҳо ба тавсеаи халлоқият ва таҳрики тахайюл кумак мекунанд. Бидуни хонадони онҳо халлоқият ва тавоноии фикр кардан ба ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид мумкин аст уфт кунад.

👉 Заъф дар ҳалли масъала. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба фард кумак мекунад то роҳкорҳои мутанаввеъе барои мушкилот пайдо кунад. Бидуни китоб хондан маҳоратҳои ҳалли масъала коҳиш меёбад.

👉 Коҳиши ҳамдилӣ. Китобҳо ба афрод ин имконро медиҳанд то аз нигоҳи дигарон ба дунё бингаранд ва эҳсосоти онҳоро дарк кунанд. Бидуни мутолиа ин ҳамдилӣ ва дарк мумкин аст коҳиш ёбад.

👉 Заъф дар маҳоратҳои навишторӣ. Нахондани китоб боиси коҳиши тавоноӣ дар навиштан мешавад, зеро мутолиа ба беҳбуди сабки навишторӣ ва баён кумак мекунад.

👉 Афзоиши ҳаяҷон (стрес). Мутолиаи китоб метавонад ба коҳиши ҳаяҷон ва изтироб кумак кунад. Агар китоб нахонем, мумкин аст равишҳои муассири муқобила бо ҳаяҷонро аз даст бидиҳем.

👉 Коҳиши диққат ва тамаркуз. Хондани китобҳо ниёз ба тамаркуз дорад ва боиси тақвияти ин тавоноӣ мешавад. Бидуни китоб хондан мумкин аст тавоноии тамаркуз ва таваҷҷӯҳ ба ҷузъиёт коҳиш ёбад.

👉 Кунд шудани ҳофиза. Мутолиаи муназзами китобҳо ба тақвияти ҳофиза кумак мекунад. Бидуни ин одат мумкин аст ҳофиза заифтар шавад.

👉 Маҳдуд шудани дунёи зеҳнӣ. Китобҳо ба шумо дидгоҳҳои мутанаввеъе аз ҷаҳон медиҳанд. Бидуни онҳо додгоҳҳо ва афкори мо маҳдудтар хоҳанд шуд.

👉 Коҳиши эътимод ба нафс. Афроде, ки иттилооти бештаре доранд, маъмулан дар баҳсҳо ва муколимот эътимод ба нафси бештаре доранд. Бмдуни китоб хондан мумкин аст дар муколимот эҳсоси заъф кунӣ.

👉 Заъф дар иртибототи иҷтимоӣ. Китобҳо мавзуъҳои ҷолибе барои баҳс дар муколимоти иҷтимоӣ фароҳам мекунанд. Бидуни мутолиа мумкин аст доира муколимот маҳдудтар шавад.

👉 Коҳиши ангеза барои ёдгирӣ. Мутолиаи китоб ба таври доимӣ ангеза ва алоқа барои ёдгириро афзоиш медиҳад. Бидуни он мумкин аст ин ангезаро аз даст бидиҳем.

👉 Аз даст додани илҳои ва ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид. Китобҳо метавонанд илҳомбахш бошанд ва ғояҳои ҷадид ба зеҳни ту биёранд. Бидуни онҳо мумкин аст дар фикр кардан дар идеяҳои наву халлоқона дучори мушкил шавем.

👉 Уфти таҳсилӣ ё ҳирфаӣ. Дар муҳитҳои таҳсилӣ ва корӣ мутолиаи доимӣ барои пешрафт зарурӣ аст. Бидуни он мумкин аст дар масири таҳсилӣ ё ҳирфаии худ пешрафти камтаре дошта бошем.

👉 Афзоши замони талафшуда. Афроде, ки мутолиа намекунанд, мумкин аст заони бештареро сарфи фаъолиятҳои беарзиш ё вақтгир кунанд. Хондани китобҳо як фаъолияти созанда аст, ки аз талаф шудани замон ҷилавгирӣ мекунад.

👉 Адами ошноӣ бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои дигар. Китобҳо ба шумо ин фурсатро медиҳанд, то бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои мухталиф ошно шавед. Бидуни мутолиа дидгоҳи мо мумкин аст маҳдудтар ва тангназаронатар шавад.

👉 Коҳиши қудрати тасмимгирӣ. Мутолиаи китобҳо ба беҳбуди маҳоратҳои тасмимгирӣ кумак мекунад. Агар мутолиа накунем, мумкин аст дар шароити буҳронӣ ва муҳим тасмимҳои нодуруст ва зиф бигирем.

👉 Эҳсосӣ пучӣ ва беҳадафӣ. Китобҳо метавонанд ба фард маъно ва самт диҳанд. Бидуни хондан мумкин аст эҳсосӣ беҳадафӣ ё адами рушди шахсӣ дошта бошем.

👆Ин паёмадҳое ҳастанд, ки бо адами мутолиа метавонанд дар зиндагии фард зоҳир шаванд ва бар кайфияти зиндагии шахсӣ, иҷтимоӣ ва ҳирфаӣ таъсир бигзоранд.

📃 Баргардон аз форсӣ ба сириллик.

Баргардонанда: Муҳаммадназар

📖 Китобхонро дар 📱  📱  📱  📱 пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

05 Dec, 06:13


Ҳар рӯз бар онам, ки кунам шаб тавба,
Аз ҷому пиёлаи лаболаб тавба.
Акнун, ки расид вақти гул, тавба куҷо?
Дар мавсими гул зи тавба, ё раб, тавба.

Ҳаким Умари Хаём

Китобхон - کتابخوان

05 Dec, 05:56


🎤 Готовы смеяться до слёз? 21 декабря в 18:00 в Кохи Суруш пройдет Comedy Festival!

Вас ждёт незабываемое шоу с лучшими комиками Таджикистана!

🔹Организаторы мероприятия — Your.tj и Международный автохолдинг Vector.

🤝 Драйвовый партнер: Энергетический напиток Pantera

Удачливый партнер: Лото Спорт lotosport.tj

🍽 Вкусные партнеры: напиток Bora Bora и чайхана Бухоро.

🎟 Билеты можно приобрести на платформе https://echipta.tj/comedy

☎️Подробности по телефону +992556972121.

Не пропустите, мы ждём вас на Comedy Festival!

Китобхон - کتابخوان

04 Dec, 04:13


Бар асоси таърихи сохтае, ки дар китобҳои замони шӯравӣ мехондем, русҳо қаҳрамон буданд, омаданд, моро озод сохтанд ва кишварҳои моро рӯ ба рифоҳу рушд карданд. Гӯиё ҳама баробарҳуқуқ шуданд, зиндагӣ олӣ шуд ва тамом! Гӯиё ҳеч таърихи дигаре вуҷуд надорад.

Сафарбек Солеҳ

Китобхон - کتابخوان

03 Dec, 12:46


🎙КИТОБХОН
©️Далер Шариф
🟠 Ном:Аз китобхонӣ не, аз фикр кардан бояд шурӯъ кард...
🟢 Ҳамсуҳбат: Шоҳҷаҳон
🖇Пайванди видеоӣ инҷост 🤏
___
👉Бо #TajikPodCast бошед!

Китобхон - کتابخوان

02 Dec, 16:51


Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд,
Гили одам бисириштанду ба паймона заданд.
Сокинони ҳарами сатру афофи малакут,
Ба мани роҳнишин бодаи мастона заданд.
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Шукри эзид, ки миёни ману ӯ сулҳ афтод,
Сӯфиён рақскунон соғари шукрона заданд.
Оташ он нест, ки аз шӯълаи ӯ хандад шамъ,
Оташ он аст, ки дар хирмани парвона заданд.
Кас чу Ҳофиз накушод аз рухи андеша ниқоб,
То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.

Хоҷа Ҳофиз

Китобхон - کتابخوان

01 Dec, 18:15


Ғазале аз Абдураҳмони Ҷомӣ

Ровӣ: Абдумуъмин Шарифӣ

Китобхон - کتابخوان

29 Nov, 07:22


Рубоёти Ҳаким Умарӣ Хаём бо садои Маҳмудҷон Воҳидов
Таҳияи Бахтовар Тимурзод

Китобхон - کتابخوان

29 Nov, 03:54


📖 “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ” ✍️Ҷалолиддини Балхӣ
📖 “БА САРҲАНГ КАСЕ НАМЕНАВИСАД” ✍️Габриэл Гарсиа Маркес
📖 “МОҲ ВА ФУЛУС” ✍️Сомерсет Моем
📖 “МОЛХОНА” ✍️Ҷурҷ Урвил
📖 “РОҲ” ✍️Кормак Макарти


@fonustj
@kitobkhon_2021

Китобхон - کتابخوان

28 Nov, 17:20


ЛОИҚ ШЕРАЛӢ : ҲАР ТОҶИКИ ПУРҶИГАР ИН КИТОБРО БОЯД БИХОНАД

📖 “Таърихи тоҷикон бо мӯҳри «комилан сиррӣ»”

✍️: Раҳим Масов

#Тоҷикон
#Лоиқ_Шералӣ
#Раҳим_Массов
#Китоб
#Китобхон
#Далер_Шариф

Гунаи электронии китоби "Таърихи тоҷикон бо мӯҳри «комилан сиррӣ»"-и Раҳим Масовро метавонед аз ин ҷо боргирӣ кунед:

https://kitobkhon.net/book/tarikhi-tojikon-komilan-sirri/

Китобхон - کتابخوان

28 Nov, 15:39


Маъниву мантиқи ҳастии тӯдаҳо дар чашидани заҳри тарсида зистан,тарсида дӯст доштану тарсида мурдан аст.

ГУЛРУХСОР

Китобхон - کتابخوان

27 Nov, 19:28


📚Чӣ тавр китоб умрро дароз мекунад

Хонандаи китоб ҳангоми хондани китоб умри персонажҳои асари бадеиро аз сар мегузаронад. Албатта агар асари бадеии ҳақиқиро хонад. Агар бо ҳазор персонажи китоби бадеӣ шинос шавад, соҳиби умри ҳазор персонаж мешавад. Ҳамин тавр умри биологии худро дароз карда метавонед ҳам бо китобхонӣ шумо метавонед, умри маънавии худро ба миллионҳо сол расонед.


Ҳар як инсон китобест, ки онро омӯхтан лозим мешавад. Масалан бигирем мардҳое ҳастанд, ки ба як зан қаноат намекунанд. Одами бомаърифат бошад, хуб медонад, ки зан китоби бузургест, ки чӣ қадар зиёд хонӣ, саҳифаҳои нохондаи шавқовар зиёдтар боқӣ мемонад.

Касе, ки инро намефаҳмад, бигзор асари Чехов “Ҳамсар” (Жена)-ро хонад.

Марди мусулмони бомаърифат бо як зан қаноат мекунад, дар ҳоле ки ислом ба чор зан доштан иҷозат додааст.

15 рӯз дар Ҷумҳурии исломии Эрон будам. Аз ҳама шоносҳоям мепурсидам: Ягон кас ин ҷо ҳаст, ки ду зан дорад? Дар посух мегуфтанд – намедонем.

Адабиёти бачагона ба инсон калиде медиҳад барои фаҳмидан ва дарқи амиқи адабиёти калонсолон. Бачае, ки бо адабиёти бачагона тарбия наёфтааст, дар ҷавонӣ ва миёнсолӣ ҳаргиз китоб намехонад.

Мо тоҷикон адабиёти бачаҳоро ба ҳоли худ партофта мондаем, гӯем, ба ҳақиқат наздикем. Зеро он чӣ ки барои бачаҳо нашр мекунем, якум хеле кам аст, дуввум аз ҷиҳати сифат баланд нест.

Ҳангоми сафар дар Эрон аз як дӯкони китофурӯшӣ китобҳои зиёд гирифта ба назди касса омадам, пеш аз ман даҳ-понздаҳ кас бо китобҳо дар навбат меистод. Ҳол он ки ба компютерҳо аксарият даст доранд ва имкони аз интернет хондани асарҳоро доранд. Фикр мекунам, ки онҳоро аз хурдӣ ба китобхонӣ он қадар ворид кардаанд, ки барои ҳар як эронӣ (манзурам эронии Эрони муосир), ки агар нону ош ғизои бадан бошад, ғизои мағзи инсон китоб аст ва ин асос ба эронӣ будани ӯст. Яъне китоб дар герб нест, балки асоси мавҷудияти миллат гардидааст.

Дар Самарқанд дӯконе буд бо номи Тоҷккитоб, ки китобҳои тоҷикӣ аз Тоҷикистон меомад. Дар Бухоро чунин дӯкон набуд. Мана сабаби барвақтар мурда истодани забони тоҷикӣ дар Бухоро. Пантуркистҳо баъди пош хӯудани Иттиҳоди шӯравӣ аввал ҳамин дӯконро бастанд ва фармон доданд ба гумрук, ки ягон китоб аз Тоҷикистон нагузарад.

Ҳоло китоб овардан мумкин шудааст, вале поезд гузашта рафтааст ва анъанаи китобхонӣ гум шудааст, идеал дигар китоб не, идеали аксар доллар гардидааст. Бисёр ҷавононеро мебинам, ки дар даст смартфон ва дар гӯш наушникҳо мусиқии поп гӯш мекунанд. Пурсед, ки китоб мехонӣ, мегӯяд: вақт нест. Ҳол он ки дар Интернет сайти аудиокнига ҳаст, китобро гӯш кардан мумкин.

Дар Самарқанд дар замони шӯравӣ дӯкони китоб ё газета дар ҳар қадам буд. Гузариш ба капитализм он қадар нест кард, ки дар як шаҳр панҷ мактаби олидор ҳамагӣ се дӯкони китоб монд. Панҷ сол қалб мансабдорон ба чунин хулоса омаданд, ки бе китоб намешавад. Баъд бо тантана дар шаҳр мағозаи калонтарини китобро кушоданд, ки китобҳои тоҷикро низ мефурӯшанд. Аммо харидори тоҷик кам. Имрӯзҳо ҳар кас, ки пул дорад, метавонад, китобро нашр кунад. Дар натиҷа филтре, ки замони шӯравӣ ба чопи асарҳои суст роҳ намедод, гум шуд. Як ношир ба ман гуфт, ки дар Ӯзбекистон ҳафтсад номгӯй китоби тоҷикӣ чоп шудааст.

Сифату мазмуни ин китобҳо албатта ба дараҷаи ҷаҳонӣ нестанд.

Чанд моҳ пеш аз вафот Баҳманёр ба Самарқанд омада буд. Ӯ бисёр китоб мутоила мекард. Ман аз ӯ дар бораи насри имрӯзаи Тоҷикистон мепурсидам. Фалонӣ чӣ тур, шунидам, ки фалон асараш чоп шудааст, он дар кадом сатҳ аст? Посухи Баҳманёр доим чунин буд: Барои Тоҷикистон мешавад!

Баъди рафтани ӯ фикр мекунам: Эҳтимол шавқи офариниши асарҳои олӣ гум шудааст. Нависандаҳо ба дараҷаи мафкураи омма поин омадаанд.

Мумкин ман хато мекунам, бигзор адабиётшиносон акси онро исбот кунанд.

Зиндагӣ рӯйдоде мураккаб ва пурмуаммост. Барои фаҳмидани он зӯри майнаи як инсон кофӣ нест. Кӯмаки адибон, файласуфон ва дигар донишмандон лозим. Чунин кӯмак дар китобҳо дарҷ мешавад. Масалан хонаи шумо сӯхта истодааст. Шумо набудед, расида омадед. Ба шумо танҳо имкони наҷоти як каси даруни хона дармонда ҳаст.
———
©: Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик

Китобхон - کتابخوان

27 Nov, 12:09


Он чӣ мегӯям ба қадри фаҳми тӯст,
Мурдам андар ҳасрати фаҳми дурӯст.

Мавлоно

Китобхон - کتابخوان

26 Nov, 12:10


🎙КИТОБХОН
©️Далер Шариф
🟠 Ном:Бо маълумоти синфи се донишҷӯ мешаванд...
🟢 Ҳамсуҳбат: Қурбони Собир
🖇Пайванди видеоӣ инҷост 🤏
___
👉Бо #TajikPodCast бошед!

Китобхон - کتابخوان

26 Nov, 04:23


📖 “МАРТИН ИДЕН” ✍️Ҷек Лондон
📖 “ТОПОЛЁК МОЙ В КРАСНОЙ КОСЫНКЕ” ✍️Чингиз Айтматов
📖 “САРМАДДЕҲ” ✍️Баҳманёр
📖 “МАҶМӮИ ФЕЛЕТОНҲО” ✍️Азиз Несин
📖 “ҲАЗОР СУХАН” ✍️Муҳаммад Ҳиҷозӣ

@fonustj
@kitobkhon_2021

Китобхон - کتابخوان

25 Nov, 12:57


Таърихи тоҷикон бо мӯҳри «комилан сиррӣ»

Китобхон - کتابخوان

24 Nov, 14:07


Китобхон - کتابخوان pinned «Чӣ гуна бештар китоб хонем? https://telegra.ph/CH%D3%A3-guna-beshtar-kitob-honem-05-26-2»

Китобхон - کتابخوان

24 Nov, 13:39


❗️Дуруд ва шоматон ба хайр, корбарони саҳифаи “Китобхон”!

😉 Дӯстон, агар имкон дошта бошед, дар шарҳи ин нигошта яке аз фоидаҳои мутолиаро, ки барои шумо хеле хотирмону таъсиргузор буд, баён кунед.

🙂 Ба ин васила ҳам шавқи хондани китоб дар дили дигаронро бедор кардан мумкин ва ҳам навиштани ин гуна ҳолатҳо барои ошиқони китобу мутолиа кайфияту ҳаловат дорад.

Китобхон - کتابخوان

23 Nov, 14:14


Романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ» дар мавзӯи муҳим навишта шудааст. Нависанда ҳаёти тоинқилобии мардуми меҳнаткаши тоҷик ва рӯзҳои аввали инқилоби Бухороро бо маҳорати баланд тасвир кардааст. Дар роман мавзӯи дӯстии халқҳо ҷои муҳимро ишғол мекунад.

Романи мазкур бо садои Субҳон Ҷалилов таҳия шудааст.
______

«Духтари оташ» - и Ҷалол Икромӣ дар шакли савтӣ (садо) дар зер
👇🏻👇🏻👇🏻
Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб 💚

Китобхон - کتابخوان

22 Nov, 17:53


"ҲАНӮЗ АЗ КИБР САР БАР ОСМОНАНД"

✍️: Саъдии Шерозӣ

🎙: Ортиқи Қодир

📹: Далер Шариф

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

22 Nov, 17:15


Туркон ба пеши мардон, з-ин пеш дар Хуросон,
Буданд хору оҷиз ҳамчун зани сароӣ,
Имрӯз шарм н - ояд, озодзодагонро,
Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ...
©️ Носири Хусрави Қубодиёнӣ

#шоҳбайт
@donish_su

Китобхон - کتابخوان

20 Nov, 04:56


📖 "МАСНАВИИ МАЪНАВӢ" ✍️Ҷалолуддини Балхӣ
📖 "ОДАМӢ ЗИНДА БА ЧИСТ?" ✍️Лев Толстой
📖 "САГИ ВЕЛГАРД" ✍️Содиқ Ҳидоят
📖 "БЕГОНА" ✍️Алберт Кому
📖 "ДАР АНДАРУНИ РУҲИ ИСЛОМ" ✍️Маъмун Юсуф

@fonustj
@kitobkhon_2021

Китобхон - کتابخوان

19 Nov, 16:46


Тоҷик – кашшофи қонуни шикасти рӯшноӣ

Ҳар касе, ки дар мактаб фанни физика омӯхтааст, қонуни шикасти рӯшноиро хондааст, ки бо номи “Қонуни Снеллиус” машҳур аст. Виллеброд Снел, ки ин қонун ба номи ӯст, физики ҳолландӣ буда, солҳои 1580-1626 зиндагӣ кардааст ва ин қонунро соли 1621 кашф кардааст. Вале ин натиҷаро ӯ дар ягон ҷой нашр накарда аз дунё мегузарад.


Файласуф ва табиатшиноси машҳур Рене Декарт дар соли 1637 ин қонунро аз сар кашф мекунад ва дар рисолаи “Мулоҳизаҳо дар бораи равиш” (Discourse on the Method of Rightly Conducting One's Reason and of Seeking Truth in the Sciences) меорад.

Вале таҳқиқоти солҳои охир нишон доданд, ки ин қонунро хеле пештар аз Снел, аниқтараш 637 сол пештар, риёзидон ва табиатшиноси тоҷик Абӯ Саъд ал-Аълои Ибни Саҳл дар китобаш «Фи-л-муҳриқа» кашф карда, шарҳ додааст.

Дар ин бора бори аввал муҳаққиқи мисрӣ Рушдӣ Рошид дар мақолаи “A pioneer in anaclastics: Ibn Sahl on burning mirrors and lenses”, ки дар шумораи 3-и маҷаллаи бонуфузи Isis, ки аз тарафи Донишгоҳи Чикаго ва Ҷамъияти таърихи илм интишор меёбад, дар соли 1990 маълумот додааст [Rashed R. A pioneer in anaclastics: Ibn Sahl on burning mirrors and lenses //Isis. – 1990. – V. 81. – №. 3. – Pp. 464-491.].

Маҷаллаи илмии Isis соли 1913 аз тарафи донишманди шинохта Ҷорҷ Сартон таъсис ёфта, дар он масъалаҳои муҳимми таърихи илм, таърихи тиб ва таърихи технология баррасӣ мегарданд.

Рушдӣ Рошид ду дастнависи Ибни Саҳлро, ки яке дар Теҳрон («Китобу-л-ҳаракот», Millī MS 867, 51 fols) ва дигаре дар Димишқ («Фи-л-муҳриқа», al-Ẓāhirīya MS 4871, 3 fols) нигоҳдорӣ мешаванд омӯхта ба хулосаи боло расидааст.

Ибни Саҳл донишманди барҷаста, вале дар доираҳои илмии Тоҷикистон ношинос буда, солҳои 940-1000 зиста, дар дарбори Оли Бӯя дар Бағдод фаъолият карда аст. Дар бораи ӯ маълумот хеле кам буда, ҳаминаш аниқ аст, ки аввалин мусалмоне мебошад, ки китоби “Оптика”-и Батламиюс (Птоломей)-ро омӯхта, ба пажӯҳиши оинаҳои барҷаставу фурӯхамида ва линзаҳо машғул будааст. Ӯ дар асараш «Фи-л-муҳриқа» қонуни шикасти рӯшноиро кашф карда, онро барои конунбандӣ кардани рӯшноӣ тавассути линзаҳои нокуравӣ истифода кардааст.
Дар идомаи асараш Ибни Саҳл дар бораи оинаиҳои параболӣ, эллипсоидӣ ва линзаҳои дутарафабарҷаста ва усулҳои тасвири камонҳои ҳиперболӣ навиштааст. Ӯ линзаҳои барҷастаеро сохтааст, ки нурҳои параллелӣ афтандаро дар як нуқта ҷамъ оварда, ашёро дар масофаи муайян сӯзонида метавонистанд.

Осори Ибни Саҳл ба Ибни Ҳайсам, ки чун “падари оптика” шинохта шудааст таъсири бузург расонида, барои эҷоди «Китоб-ул-манозир» («Оптика») боис мегардад.

Ин дастовардҳои Ибни Саҳлро ба назар гирифта, солҳои охир муҳаққиқон қонуни шикасти рӯшноиро чун “Қонуни Ибни Саҳл” (ibn-Sahl law) ном мебаранд. Ин маълумот ҳатто дар википедияҳои забонҳои ҷаҳонӣ дарҷ гардидааст (https://en.wikipedia.org/wiki/Snell%27s_law#cite_note-1).

Миллати мо ингуна дастовардҳои муҳим ва таърихӣ хеле зиёд дорад, вале онҳо дар китобҳои дарсӣ дарҷ нашудаанд ва толибилмони мо аз вуҷуди онҳо умуман хабар надоранд. Муаллифони китобиҳои дарсӣ, махсусан риёзиву физикаву астрономия, химияву биологияро зарур аст, ки дар ҳар мавзӯъ аз дастоварду саҳми гузаштагони мо маълумот диҳанд. Дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ доир ба онҳо пурсанд ва вобаста ба пажӯҳиши ин бузургон саволу масъалаҳо тартиб диҳанд.

✍️: Ризои Баҳромзод
❗️Матн аз саҳифаи “Фейсбук”-и муаллиф гирифта шудааст

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

19 Nov, 11:56


Ман ошиқи касоне ҳастам, ки тафаккур мекунанд ва маро ба тафаккур водор месозанд.

Волтер

Китобхон - کتابخوان

18 Nov, 04:11


📖 "ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ" ✍️ Абулфазл Байҳақӣ
📖 "БӮСТОН" ✍️Саъдӣ Шерозӣ
📖 "ГРАФ МОНТЕ-КРИСТО" ✍️ Александр Дюма
📖 "ТАЪРИХИ ИНҚИЛОБИ ФИКРӢ ДАР БУХОРО" ✍️ Садриддин Айнӣ
📖"ҲАДИҚА" ✍️Саноӣ

@fonustj
@kitobkhon_2021

Китобхон - کتابخوان

17 Nov, 02:29


#ГУФТОР

Танҳо инқилоби хатарнок, инқилоби гуруснагон аст. Ман аз шӯришҳое, ки далели он бенонӣ бошад, беш аз набард бо як лашкари дусадҳазорнафарӣ бим дорам.

©: Наполеон Бонапарт

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram дунбол кунед

Китобхон - کتابخوان

15 Nov, 14:38


🌱 Паёмбари Худо (с) фармуданд: Ҳар касе ин чаҳор хислатро дошта бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз инҳоро дошта бршад, хислате аз мунофиқ дар у дида мешавад, то вақте ки онро раҳо накунад.
1— Ҳангоми сухан гуфтан дуруғ мегуяд.
2— Агар паймоне бибандад, паймоншикани мекунад.
3— агар ваъда намояд, ваъдахилофи мекунад.
4— Ҳангоми ихтилоф ва хусумат аз ҳақ мегузарад.

📚 Муслим

бознашр аз саҳфаи Абдурашид Қаюмзод

Китобхон - کتابخوان

15 Nov, 14:01


АЗ ҲАМИН ХОК ҶАҲОНИ ДИГАРЕ СОХТАН АСТ

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.

Ишқ аз ин гунбади дарбаста бурун тохтан аст,
Шишаи моҳ зи тоқи фалак андохтан аст.

Салтанат нақди дилу дин зи каф андохтан аст,
Ба яке дов ҷаҳон бурдану ҷон бохтан аст.

Ҳикмату фалсафаро ҳиммати мардӣ бояд,
Теғи андеша ба рӯйи ду ҷаҳон охтан аст.

Мазҳаби зиндадилон хоби парешонӣ нест,
Аз ҳамин хок ҷоҳони дигаре сохтан аст.

✍️: Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ
🎙: Далер Шариф

در دل شعله فرو رفتن و نگداختن است
عشق ازین گنبد در بسته برون تاختن است
شیشهٔ ماه ز طاق فلک انداختن است
سلطنت نقد دل و دین ز کف انداختن است
به یکی داد جهان بردن و جان باختن است
حکمت و فلسفه را همت مردی باید
تیغ اندیشه بروی دو جهان آختن است
مذهب زنده دلان خواب پریشانی نیست
از همین خاک جهان دگری ساختن است

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

14 Nov, 12:23


АЗ РАВЗАНАИ “БӮСТОН”-И ШАЙХ САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Чароғе, ки бевазане барфурӯхт,
Басе дида бошӣ, ки шаҳре бисӯхт!
Бидонед: ҳич чиз бе поя ва бе моя нест! Ҳич кас ҳам бепаноҳу уфтода нест; сояи раҳмати илоҳӣ дар ҳама мулку маъво уфтода ва ҳар ҷабру зулмро пешопеш посухи дархури Довари додрас дар миён ниҳода.
Аз ин рӯ, эй соҳибмақом, парҳез аз оҳи дили мазлумон!
Бархез ба доди дили ятимону фарёди мазлумонаи бевазанону барҷоймондагони нотавон!!

Аз саҳифаи фейсбукии Обид Шакурзода

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱 TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

14 Nov, 07:12


📖 "ШОДРАВОН МАТИА ПАСКАЛ" Луиҷи Пирандело
📖"ЧИЛ ҚОНУНИ ИШҚ"
✍️Алиф Шафақ
📖"ҚУДРАТИ МУСБАТАНДЕШӢ" ✍️Норман Винсент Пил
📖"ҚУДРАТИ ЗЕҲН ДАР АСРИ XXI"
✍️Ҷон Кеҳо
📖"ДЕВОРИ ХУРОСОН"
Муҳаммадзамони Солеҳ

@fonustj
@kitobkhon_2021

Китобхон - کتابخوان

31 Oct, 04:48


Дар забони ҷопонӣ истилоҳи "тсундоку" (積ん読) вуҷуд дорад, ки агар хеле одӣ карда таъриф кунем - санъати ҷамъоварии китобҳо ва ҳаргиз нахондани онҳо - мешавад

ШУМО ҲАМ ТСУНДОКУИЕД?😀
👍- БАЛЕ
👎- НЕ
👀- МАН ТАМОМАН АҲЛИ КИТОБ НЕСТАМ

Китобхон - کتابخوان

30 Oct, 17:52


"Боз ҳам ҳамвора бояд мадҳ аз Сомониён,
Ҷон бубахшиданд моро, на ба осонӣ, дареғ!"

Китобхон - کتابخوان

30 Oct, 14:57


Аз ҳуқуқи иҷрои пурарзиши вазифаҳои иҷтимоӣ маҳрум гардидани забони миллӣ беэътибор ва суст шудани он нишонаи марг буд. Ҳар чизе ки аз амалу ҳаракат бозмонад, маҳкум ба мурдан аст. Чизе ки нолозим аст, аз кор мебарояд ва нест мешавад. Забони форсии тоҷикӣ дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар худи Тоҷикистон, оиқбат ба ҳамин сарнавишт дучор шуд.

✍️Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ
📖Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

30 Oct, 09:17


#БИХОНЕМ(76)

📖 ҲАЗОРУ ЯК ШАБ-тарҷумаи Абдуллатифи Тасуҷи. Таҳияи Носирҷон Салимӣ. -Душанбе, 2024.

Китоби қадимаи "Ҳазору як шаб", ки маъхази он "Ҳазор афсона"-и халқҳои ориёнажод мебошад, аз шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ин асари дилангез борҳо бо забонҳои мухталифи дунё тарҷума шуда, солҳост ки дар феҳристи пурхонандатарин китобҳои дунё дар даҳгонаи авввл қарор дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин матлаб созмони муътабари ЮНЕСКО соли 2004-ро дар саросари дунё соли "Ҳазору як шаб" эълом дошта буд. Нашри ҳозир нусхаи комили тарҷумаи "Ҳазору як шаб" аст, ки дар асоси муқобилаи нусхаҳои литографӣ, чопхонаи "Офтоб"-и Теҳрон (1925) ва чопи Тоҷикистон (1959 -1964) баргардон,тасҳеҳу такмил ва бо зевари табъ ороста гардидааст.

Асари мазкурро аз китобфурӯшиҳои шаҳри Душанбе дастрас кунед.

Тавсияҳои "Китобхон" ҷанбаи тиҷоратӣ надоранд.


Бихонем, то сарфароз бошем,
Биомӯзем, то вораста бошем!


📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

29 Oct, 09:22


💬 МУҲАММАД (С) АЗ ДИДГОҲИ ДОНИШМАНДОНИ ҶАҲОН

Китобхон - کتابخوان

28 Oct, 16:44


#АМАЛ

Ду ҳафта пеш дар бораи китоби нависанда Мирзонасриддин "Оташ дар хонаи қадим" ёддошти кӯтоҳе гузошта мутолиаашро ба дӯстон тавсия дода будам. Имрӯз бароям маълум шуд, ки пас аз хондани ёддошт 5 нафар аз дӯстон китоби мазкурро харидаанд. Аммо 6 нафари дигар ба муаллиф муроҷиат карда китобро туҳфа гирифтаанд. Ба туҳфагирифтаҳо кордор намешавем. (Дигар ин одат дорад характери миллӣ касб мекунад).


Аммо муҳим ин ки 5+6=11 китоб хонандаи худро ёфт. Маълум гардид, ки китобҳо ва муаллифонашон ба таблиғ эҳтиёҷ доранд. Имрӯз дар суҳбатҳо бо насли ҷавон мушоҳида менамоям, ки номи нависандагонро нашунидаанд, чӣ расад ба донистани номи китобҳояшон.

Барои таблиғ нашудани китобҳо ҳамаи мо бахусус зиёиён муқассирем, аз ҳама бештар телевизионҳо, ки кормандонаш дар зери мафҳуми фарҳанг танҳо рақсу сурудро мефаҳманд.

Аммо инҷо мехоҳам аз дӯстони фарҳангӣ хоҳиш намоям, ки то ҳадди имкон барои таблиғи китобҳои хубу хонданӣ дар гурӯҳҳои фейсбукӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Чун ҳеч кас аз модар китобхон ба дунё намеояд. Тақсири мост, ки мардумро ташвиқ намекунем.

©: Азизи Нақибзод, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Ин навишта аз соли 2017 аст.


📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱Instagram  📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

28 Oct, 11:30


Ҳеч медонӣ, чаро чун мавҷ
Дар гурез аз хештан пайваста мекоҳам?
З-он ки бар ин пардаи торики ин хомӯшии наздик
Ончи мехоҳам, намебинам
В-он чи мебинам, намехоҳам.

(Шафеии Кадканӣ)

Китобхон - کتابخوان

26 Oct, 10:48


#як_хабари_ҷолиб

Пеш аз марг Франс Кафка аз наздиктарин дӯсташ нависанда Макс Брода хоҳиш мекунад, ки тамоми дастнавишҳояшро несту нобуд кунад.

Аммо Макс ин хоҳиши дӯсташро иҷро карда наметавонад, баръакс тамоми дастнависҳоро ба дасти чоп медиҳад.

Ва маҳз ҳамин тасмим сабаб мешавад, ки Кафка пас аз марг яке аз нависандаҳои дӯстдоштанӣ дар адабиёти ҷаҳон шавад.

❤️ — ҳамин хел дӯст бояд дошта бошӣ!
👀 — Макс ба амонат хиёнат кардаст

@fonustj

#ҷолиб

Китобхон - کتابخوان

26 Oct, 10:30


#ШОҲБАЙТ

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,
Ки ту ноне ба каф орию ба ғафлат нахӯрӣ.
Ҳама аз баҳри ту саргаштаю фармонбардор,
Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.


©️: Саъдӣ

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱Instagram 📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

26 Oct, 06:41


Восеъ шаву ба дори шараф сар бибар, вале,
Нагзор то ғурури туро зери по кунанд.

Шеъри: Аброри Аҳрориён
Ровӣ: Далер Шариф


📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱Instagram 📱 Facebook 📱TikTok пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

25 Oct, 17:01


📌ҲЕҶ ГОҲ ДЕР НАХОҲАД ШУД!

Дар наздикии хонаи истиқоматии мо дар шаҳри Бруклини Иёлоти Ню-Йорк китобхонаи ҷамъиятӣ мавҷуд мебошад. Ман тахминан шояд дар як ҳафта 1 ё 2 маротиба бо онҷо барои мутолеъаи китобҳои тахассусиям меравам, чун он китобҳо хело гарон аст, имкони ҳамаи онҳоро харидорӣ намуданро надорам. Шояд ин рафту омади ман як солро дарбар гирад. Дар ин як сол бо баъзе инсонҳо, ки ба китобхона меоянд ва дар як толори хоҳиш нишаста китоб мехонем, ошно гаштам.                

Аммо як марди хело кӯҳансол тӯли ин муддат диққати маро ба худ ҷалб мекард. Ӯ хело машғул ва гоҳо тӯда-тӯда китобҳо дар рӯйи мизаш ӯро панаҳ мекард, ки ба чашм ноаён мегашт. Ба худ гоҳо мегуфтам, ба ин мӯйсафед дигар чӣ лозим ин қадар китобу китобхонӣ? Чизе шудӣ, нашудӣ, акнун ҳамин қадар шудӣ, умрат ба ҷое расид, рафта боқимондаи ҳаётро истироҳат кунед, амакҷон.

Якчанд рӯз пеш дар гӯшаи қаҳвахонаи китобхона ё худ ҳамон “Coffee room”, ки одатан дар ин ҷо агар Шумо аз мутолеъаи китобҳо зеҳнатон афсурда гардад, бо нӯшидани қаҳва каме истироҳат хоҳед кард ва бадан боз ба кори худ идома медиҳед, тасодуфан бо он марди кӯҳансол, ки зеҳнамро хело ҷалб карда буд, ҳамсӯҳбат гардидам. Каме бо ҳам шиносоӣ пайдо намудем, аммо маро одати кунҷкобиям қарор нагузошт ва аз он пирамард пурсон шудам: “Чаро Шумо ин қадар машғули китобхонӣ ҳастед? Аз ҳамаи мутолеъачиён Шумо зиёдтар ба хондан машғул ҳастед ҳатто ба қаҳванӯшӣ рафта истироҳат намекунед. Оё Шумо омӯзгор ҳастед ва ё рисолаи илмӣ дифоъ мекунед?”

Хело хандаи баланд карду гуфт, “не, ман барои ба донишгоҳ дохил шудан омодагӣ мегирам”.

Ин гуфтаҳо маро дар тааҷҷуб гузошт. Фикр кардам бо хандаи Амрикоӣ гуфт, ки кори худатро куну биниятро нахалон ба кори дигарон. 

Боз саволе ба зеҳнам омаду пурсон гаштам: “Шумо чандсола ҳастед?”

Марди кӯҳансол гуфт, “агар то баҳор зинда мондам, ба 82 солагӣ мерасам”.

Ин ҷавоб маро бори дигар қонеъ кард, ки ин марди кӯҳансол маро масхара мекунад, зеро дар ҷавоби ҳар саволам бо ханда ҷавоб медод. Аз ин рафтораш хело озурда гаштаму гуфтам, олим шудан осон, одам шудан қин-да ва ба кори худам машғул гаштам.

Аммо имрӯз вориди китобхона гаштам, ҳамаги ӯро табрику таҳният намуда барояш таманиётҳо баён доранд. Фикр кардам шояд зодрӯз дорад, зеро дар гӯшаи қаҳвахонаи китобхона шириноҳои оросташударо мушоҳида намудам. Ман ҳам хостам ба таманиётҳо пайваст гардам ва худро барои табрикоти зодрӯз омода кардам, аммо вақте дуруст диққат намудам, он пирамард зодрӯз не, балки дар 82 солагиаш боз донишҷӯи Донишгоҳи Фордҳами Иёлоти Ню-Йорк гардидааст.

Ин ҳодиса маро дар тааҷҷуб гузошт ва аз худ аз замин то осмон шарм кардам, ки ин пирамард дар 82-солагияш  донишҷӯ гашту дар пайи илмомӯзӣ ҳаст, аммо мани ҳоло ба қавле ҷавон аллакай пир шудем ва майнаи сар дигар қабул намекунад, гуфта худфиребӣ карда гаштаам. Ҳатто ба китобхона гоҳо аз сари маҷбурӣ меоям.

Бовар кунед, хеле шарм кардам ва хостам бо Шумо ин ҳолатро дар миён гузорам, ки худфиребиро бояд канор гузошт, зеро барои муваффақ гардидан сину сол не, балки ирода ва талошу мақсад асос аст.

✏️Ҷамшед Олимов

Матн аз саҳифаи “Фейсбук”-и муаллиф

📖 "Китобхон”-ро пайгир бошед 📱 📱 📱 📱

Китобхон - کتابخوان

25 Oct, 12:42


📖 1481 дархост барои китоби устод Муҳаммадҷон Шакурӣ пас аз нашри навори "Китобхон"

📹 Пас аз нашри як навори барномаи "Китобхон", ки ба мавзӯи пантуркизм бахшида шуда буд, шумораи зиёди корбарон ба китоби "Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон"-и Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ таваҷҷуҳ карданд.
Баъди нашри навори мазкур мо 1481 дархост аз мардум барои дарёфт кардани ин китоб гирифтем ва гунаи электронияшро ба онҳо бо ҳар роҳу восита дастрас кардем.

📖 Шумо низ гунаи электронии китобро метавонед аз ин ҷо боргирӣ кунед.
https://kitobkhon.net/book/panturkizm-va-sarnavishti-tarikhii-tojikon/

Китобхон - کتابخوان

25 Oct, 11:44


Он кӣ "Маснавии маънавӣ" мехонад, шояд суфӣ ё файласуф нашавад, лекин инсоне хубтар аз он чӣ буда, хоҳад шуд.

Муҳаммади Ҳиҷозӣ

@fonustj

Китобхон - کتابخوان

25 Oct, 03:48


Вақте комилан ноумед мешавед ба бемористон биравед. Як бор давр задан дар шӯъбаи бемориҳои саратон тамоми яъсу ноумедиро табобат мекунад.

✍️Эрих Мария Ремарк

@fonustj

Китобхон - کتابخوان

24 Oct, 14:02


Суҳбат ва баҳси ҷолиби ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир дар барномаи "Китобхон".

Китобхон - کتابخوان

24 Oct, 08:09


Интеллект ба таълим баробар нест. Маориф ақлро ғанӣ ва тезтар мекунад, аммо ҷои онро намегирад ва дар байни одамони дорои маълумоти олӣ баъзан одамонеро вохӯрдан мумкин аст, ки чандон оқил нестанд. Ақл ба зеҳн монанд нест, агар интеллект ҳамчун қобилияти зуд ҷавоб додан ба саволҳои тестӣ, ҳалли масъалаҳо ва муаммоҳои мантиқӣ фаҳмида шавад. Ақл на танҳо қобилияти фикр кардан (фикр кардан), балки таҷрибаи ҳаётӣ низ мебошад, ки истифодаи ҳалли тайёрро дар бар мегирад, он инчунин маккорона, заковати тез ва дигар роҳҳои дарёфти роҳи дуруст аст.

Китобхон - کتابخوان

23 Oct, 09:47


ЗИКРИ ТОҶИКОН ДАР «ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ» 
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳукмронии дудмони сомонӣ бар Хуросону Мовароуннаҳр асри заррини мардуми эронитабор буда, суннати давлатдории Оли Сомон сармашқи фаъолияти силсилаҳои ҳукуматгари ин хитта маҳсуб мешавад. Нахустин ворисони ҳукумат ва нигоҳдори марз ва сунани сомонӣ хонадонҳои Ғазнавиён ва Хониён (Қарахониён ё Оли Афросиёб) буданд...

📖 "Китобхон”-ро пайгир бошед 📱 📱 📱 📱

Китобхон - کتابخوان

22 Oct, 17:06


Дарёи китоби Торонто ҳамаро дар ҳайрат гузошт

Чанд сол қабл дар Торонто иқдоми ҷолибе роҳандозӣ шуд. Яке аз қадимтарин ва пурғавғотарин кӯчаҳои шаҳр ба "дарёи китоб" табдил дода шуд: 10 000 китоб ба сурати рудхона пайи ҳам чида шуд.

Ҳар нафари хоҳишманд метавонист китоби писандидаи худро бардорад ва бо худ ба хона бубарад.

То субҳ ҳеч нишоне аз ин "дарё" намонд. Китобҳо мисли дурдона аз замин чида шуданд.

Барои роҳандозии иқдом созмондиҳандаҳо 12 рӯз сарф кардаанд.

#ҷолиб

@fonustj

Китобхон - کتابخوان

22 Oct, 05:42


Китобхон - کتابخوان pinned «Дар пасманзари навори охирини мо, ки дар мавриди пантуркизм суҳбат кардем, аз китоби "Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон"-и устод Муҳаммадҷон Шакурӣ иқтибос оварда будем, мардум ин китобро бисёр пурсуҷӯ карданд. Барои ҳамин тасмим гирифтем гунаи электронии…»

Китобхон - کتابخوان

22 Oct, 05:42


Дар ҷаҳон натвон агар мардона зист,
Ҳамчу мардон ҷонсупурдан зиндагист.

Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ

Китобхон - کتابخوان

22 Oct, 04:54


Дар пасманзари навори охирини мо, ки дар мавриди пантуркизм суҳбат кардем, аз китоби "Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон"-и устод Муҳаммадҷон Шакурӣ иқтибос оварда будем, мардум ин китобро бисёр пурсуҷӯ карданд. Барои ҳамин тасмим гирифтем гунаи электронии онро ба шумо пешниҳод кунем, то мутолиа кунед.
https://kitobkhon.net/book/panturkizm-va-sarnavishti-tarikhii-tojikon/

Китобхон - کتابخوان

21 Oct, 14:57


ПАНТУРКИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ТОҶИКОН

Китобхон - کتابخوان

21 Oct, 11:54


Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.
Ба бӯйи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд,
Зи тоби ҷаъди мушкинаш чӣ хун афтод дар дилҳо.
Маро дар манзили ҷонон чӣ амну айш, чун ҳар дам
Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.
Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.
Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.
Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо.
Ҳузуре гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб машав, Ҳофиз,
Мато мо талқа ман таҳвӣ даиддунё ва аҳмилҳо.

Ҳофизи Шерозӣ

Китобхон - کتابخوان

19 Oct, 06:05


Фарзандони мо ба мо тақлид мекунанд.

Китобхон - کتابخوان

17 Oct, 11:10


Баргу сози мо китобу ҳикмат аст!
(Иқболи Лоҳурӣ)

Китобхон - کتابخوان

17 Oct, 07:09


https://youtu.be/Ab5EjjUKsqA?si=SdPDTwuD8fXz3vmZ

Китобхон - کتابخوان

17 Oct, 05:19


АНДЕШАИ МИЛЛӢ

Чун мегӯем, ки маънавият дар ҳувияти фарҳангии миллати тоҷик ҷойгоҳи асосӣ дорад, нақши дини мубини Исломро низ бояд ёдовар бишавем. Набояд аз ёд бурд, ки фарҳанги миллии мардуми тоҷик саршор аз файзи Ислом аст. Ҳама соҳаҳои ҳаёти тоҷикон аз нақши Ислом бархурдор аст. Ҷойгоҳи Ислом дар ҷомеъаи тоҷикон ҳамеша ба маротиб бештар аз ҷойгоҳи дин дар ҷомеъаи кишварҳои Ғарб буд ва ҳаст. Аз ин рӯ, Ислом дар андешаи миллии мо бояд ҷойгоҳе босазо дошта бошад.

МУҲАММАДҶОН ШАКУРӢ

Китобхон - کتابخوان

17 Oct, 05:09


✍️ Як шеър

Лолаи ин чаман олудаи ранг аст ҳанӯз!
Сипар аз даст маяндоз, ки ҷанг аст ҳанӯз!
Фитнаеро, ки дусад фитна дар оғӯшаш буд!
Духтаре ҳаст, ки дар маҳди Фаранг аст ҳанӯз!
Эй ки осуда нишинӣ лаби соҳил, бархез!
Ки туро кор ба гирдобу наҳанг аст ҳанӯз!
Аз сари теша гузаштан зи хирадмандӣ нест!
Эй басо лаъл, ки андар дили санг аст ҳанӯз!
Бош, то парда кушоям зи мақоми дигаре!
Чи диҳам шаҳри навоҳо? Ки ба ҷанг аст ҳанӯз!
Нақшпардози ҷаҳон чун ба ҷунунам нигарист!
Гуфт: Вайрона ба савдои ту танг аст ҳанӯз!

Иқболи Лоҳурӣ

📖 "Китобхон”-ро пайгир бошед 📱 📱 📱 📱

Китобхон - کتابخوان

16 Oct, 09:09


💬 Як андеша

📖 "Китобхон”-ро пайгир бошед 📱 📱 📱 📱

Китобхон - کتابخوان

16 Oct, 08:56


Ҳар ки ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар ки берӯзист, рӯзаш дер шуд.
Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеч хом,
Пас сухан кӯтоҳ бошад, вассалом!
Банд бигсил, бош озод, эй писар!
Чанд бошӣ банди симу банди зар?
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад қисмати якрӯзае?
Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.

Аз "Маснави"-и Ҷалолуддини Балхӣ

Китобхон - کتابخوان

14 Oct, 13:32


ДОНИШ ҚУДРАТ АСТ

Китобхон - کتابخوان

12 Oct, 06:09


#як шеъри пур аз ман

"ман"-дортарин шеъри таърихро медонед? Дар 10 байт 70 калимаи ман:

Ман намедонам киям ман лек як ман дар ман аст,
Онки таклифи манаш бо ман-мани ман рушан аст.

Ман агар аз ман бипурсам эй мани ҳамзоди ман,
Эй мани ғамгини ман дар лаҳзаҳои шоди ман.

Ҳарчӣ аз ман ё мани ман дар мани ман дидаӣ,
Мисли ман вақте ки бо ман мешавӣ, хандидаӣ.

Ҳеч кас бо ман чунон ман мардумозорӣ накард,
Ин мани ман ҳам нишасту мисли ман коре накард.

Эй мани бо ман, ки бе ман мантар аз ман мешавӣ,
Ҳарчӣ ҳам ман-ман кунӣ, ҳошо шавӣ чун ман қавӣ.

Ман-мани ман мани-мани берангу бетаъсир нест,
Ҳеч кас бо ман-мани ман мисли ман даргир нест.

Кист ин ман? Ин мани бо ман зӣ ман бегонатар
Ин ман ман-манкунӣ аз ман каме девонатар?

Ростӣ ин қадр манро аз куҷо овардаам?
Баъди ҳар ман бори дигар ман чаро овардаам?

Дар даҳони ман намедонам чӣ шуд афтод ман,
Маснавӣ гуфтам ки овардам дар он ҳафтод ман!

🔸🔸🔸
Фонусро бигиреду ман-манӣ накунед))))) @fonustj

Китобхон - کتابخوان

11 Oct, 08:51


📚Кайфияти зиндагии шуморо ду чиз таъйин мекунад: китобҳое, ки мехонед ва инсонҳое, ки мулоқот мекунед.

Маршалл Маклюэн, донишманди конодоӣ

"Китобхон”-ро пайгир бошед

Китобхон - کتابخوان

11 Oct, 03:51


Нардбони ин ҷаҳон мову манист,
Оқибат ин нардбон уфтоданист.
Лоҷарам ҳар кас ки болотар нишаст,
Устухонаш сахтар хоҳад шикаст.

Мавлои Балх

Китобхон - کتابخوان

10 Oct, 15:44


Суҳбати комил бо табиб ва ғадудшинос Асомуддинов Шарифхон дар нашри 128-уми барномаи "Китобхон".

Китобхон - کتابخوان

09 Oct, 11:33


Мағозаи китоб Чжуншу дар Чэндуи Чин

Китобхон - کتابخوان

08 Oct, 15:20


Китобхон - کتابخوان pinned «Безории муаллим аз 5 ҳазор китобаш»

Китобхон - کتابخوان

08 Oct, 15:12


👨‍💻“Инқилоби чорум”-и ТИК

Дар нашри чоруми бахши "Фанновариҳои муосир" аз Рустам Маҷидов, мутахассиси ТИК барои рушд  хоҳиш кардем, дар мавриди технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ (ТИК) суҳбат кунад. Наворро бубинед ва фикру андешаи худро бинависед.  

“Китобхон” хоҳиши дӯстдорону мухлисон ва корбарону пайгиронашро ба инобат гирифта, аз ин пас, наворҳои хӯрде дар мавриди фанновариҳои навин омода мекунад. Дар ин бахши наворҳои мо шумо имкон доред перомуни технологияҳои муосир ва таъсири онҳо дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳон маълумоти муфид дарёфт кунед.

https://www.youtube.com/watch?v=6O28FRYq2tU

"Китобхон”-ро пайгир бошед