Шеърҳои точики @sherhoitojiki Channel on Telegram

Шеърҳои точики

@sherhoitojiki


Дар ин канал фақат шеърҳову мусиқахои тоҷики навишта ва гузошта мешавад! (txt. mp3. Video. jpg.)
Чи таклифе ёки шикояте доред
Касе мехоҳад админ шудан
Марҳамат нависед!
⇄ @tojikemoo⇄

Шеърҳои точики (Tajik)

Шеърҳои точики ҷамъияти онлайн аст ки барои дастгирии фарҳанг, адабиёти ва сирли ҷамъияти точики зуд ва осон дастрас аст. Дар ин канал, шеърҳо ва мусиқоҳои манфиатро таҳрик кардагӣ ва гузошта мешаванд, хосуслиро онлайн даред. Ту дар ин канал метавони шеърҳо, мусиқоҳо, видеоҳо ва тасвирҳои точикиро биништа ва барои худ занг задан истифода баред. Канал мақсади хэз даракордани ахлок ва фарҳанг точикиро дар замони худ обунавӣ дарорад. Агар шумо лайни камандҳо доред ё дохилат кардани шикоято мехоҳед, метавонед ба администраторҳои канал дар топи @dr_gafurov ва @tojikemoo суроњо кунед. Марҳамат аз тамос кардани шумо ба канал ва хамаи достони муштарик. Дарин, барои дигар вариантҳо ва маълумотҳои бештар, каналро барои иртисои зудтариш мушоҳида намоед.

Шеърҳои точики

04 Feb, 06:30


Ҳарчанд, ки рангу рӯйи зебост маро,
Чун лола руху чу сарв болост маро,
Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок,
Наққоши азал баҳри чӣ орост маро.

Шеърҳои точики

29 Jan, 03:30


Диило хун шав ки ёр аз дасти ман рафт.
Зи номи рузгор аз дaсти ман рафт.
Нагуфтам тира мох буду хазон рехт.
Бахоре аз бахор аз дасти ман рафт

Шеърҳои точики

28 Jan, 13:51


Шеърҳои Ошиқи!
Мохи хавасат зи осмонам наравад.
Сузи гами ишки ту зи чонам наравад.
Хар барфи зимистон ки ояд ба сарам.
Гарми лабонат зи лабонам наравад.

Дило назди кассе биншин, ки у аз дил хабар дорад!
Ба зери он дарахте рав, ки у гулхои тар дорад!
Туро бардар шинонду ба умеде, ки меояд!
Машин ту бо умеди у ки он хона ду дар дорад!

Ёри ман хуб асту аммо расму оинаш бад аст.
Бо бадон хуб асту бо некон бад аст инаш бад аст.
Менишинад маслихатро бо ракибон мекунад.
Маслихат хуб асту аммо маслихатчиаш бад аст.

АЗИЗАМ АЗ ЛАБАТ БУИ ГУЛ ОМАД.
МАРО АЗ ТУ ЧУДОИ МУШКИЛ ОМАД.
МАРО МУГУЯНД ЧУДОИ КУН ЧУДОИ,
ЧУДОИ ГАР КУНАМ ЧОНАМ БАРОЯД
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

23 Jan, 14:29


Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёдаст,

Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дарозаст.

Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,

Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,

Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест.

Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,

Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули мадани нест.

Бар мурдадилон панд мадех, хеш маёзор,

Зеро ки Абу- Ҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.

Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд.

Ин ҷисми Халил аст, ки оташ задани нест.

Хушнуд машав, душман агар кард мухаббат,

Хандидани Ҷаллод зи ширинсухани нест.

Ҷое ки бародар ба бародар накунад раҳм,

Бегона барои ту бародар шудани нест.

Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,

Ғофил машав эй дуст, ки модар шудани нест,

Ҷалолиддин Румӣ
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

19 Jan, 15:06


Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт…
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри «видоъ эй писар» надошт…
Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

11 Jan, 06:40


Падарам дурӯғгӯй буд: - Медонед чигуна ...? Вақте , аз кор ба хона меоамад , мепурсидам , падарҷон хаста ҳастӣ? Мегуфт: - Не, ҷони падар .. Вақте медидам ба фикр фурӯ рафтааст , мепурсидам падарҷон мушкили дорӣ.. ? ..Мегуфт: - Не, ҷони падар...
Вақте , сари дастархон меваро ба ман медод мегуфтам , ту намехоҳӣ ..? - Мегуфт: - Не, ҷони падар...
Вақте бозор мерафтем бори сангинро
мегирифт , мепурсидам , падарҷон бароят
сангин нест...? Мегуфт: - Не, ҷони падар..
Вақте иде мешуд барои мо либоси нав
мехарид, вале худаш либоси кӯҳнаи худро
мепӯшид мепурсидам , падар чаро барои
худат либоси нав намехарӣ. .? - Мегуфт: -Дӯст
надорам ҷони падар ....Рӯзҳову солҳо гузашт , бузург шудам, пухта шудам. Якбора фаҳмидам, ки падарам дурӯғ мегуфт. Хаста мешуд.... Мушкили дошт... Мариз буд... Борҳои зиндагӣ сангин буд... Ғизои хубро дӯст медошт... Истироҳатро дӯст медошт.. Аммо...
Ба хотири мо дурӯғ мегуфт, ки хуш
бошем... Ба хотири мо нахӯрд напӯшид...
Ба хотири мо на гармо гуфт, на сармо шабу
рӯз кор кард, то мо гурусна намонем... Ба
хотири мо муҳоҷир шуд, то аз дигарон
қафо набошем... Ба хотири мо ба ҳама
сахтиҳои зиндагӣ тоб овард.. Ба хотири мо
мӯйҳои сараш сафед гашт, пир шуд... Аммо
мо бар ивази ин ҳама чӣ кардем..!? Чӣ???
Сад афсӯс..!!!
Гиря макун Падарҷон
Зеро ҳамин як бурида нони халоле ки
Бо сад ранҷу бо хазорон қатра ашки ҷабин
Бар даст овардаи ва мо фарзандонатро бузург кардаи ,
Аз хама он дастурхонхои
Рангоранге ки бо хазорон нӯшу неьмат
зи маблағи ҳаром
пургаштааст волотар аст.
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

08 Jan, 18:48


Бувад ҷонам фидоят модари ҷон,
Фидои хушнидоят модари ҷон.
Бубахшояд сафои зиндагонӣ,
Ба гӯши дил садоят модари ҷон.
Манам шамъу туи парвонаи ман,
Шавам обу адоят модари ҷон.
Тамоми ҳастиям н-арзанда бошад,
Ба як сӯзу навоят модари ҷон.
Ҷаҳоне бо ту дорам бе ту хорам,
Нисорам хоки поят модари ҷон.
Туро дорам ба танҳои дар олам,
Зи Ҳақ лутфу иноят модари ҷон.
Худо фармуд баъд аз тоати хеш,
Намоем аҳсаноят модари ҷон.
Давои ҷони беморам туи-ту,
Дуоям кун кифоят модари ҷон.
Зи тан сад ҷода медӯзам ба ҷоят,
Бигирам то дуоят модари ҷон.
Надидам роҳ сӯи бобу раҳмат,
Ба ҷуз роҳи ризоят модари ҷон.
Нагӯ ҷоно нагӯ асло риёӣ,
Бигӯям аз бароят модари ҷон.
Дилам рӯймолу пок аз чеҳра созам,
Ғубору ғуссаҳоят модари ҷон.
Маҳу хуршед наафшонад зиёе,
Чу қалби порсояд модари ҷон.
Илоҳо номи некат зинда бодо,
Ба дунё то ниҳоят модари ҷон.
Сарафрозии Шукруллоҳ ту бошӣ,
Ба меҳри ҷонфизоят модари ҷон.

Шукруллоҳ Сироҷ
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

08 Jan, 08:06


Нахонда марав ту бар сари хони касе.
Бекадр шавий агар хури нони касе.
Як бурдаи нони коку як коссаи об.
Бехтар зи хазор баррабирёни касе.

@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

04 Jan, 13:28


Ҷоне, ки ҷон ба ҷони ту буд, нимаҷон шуда,
Андар макони хеш дилам ломакон шуда.
То рӯи хунчакони туро ёд мекунам,
Бо ёди рӯи ту дили ман хунчакон шуда.
Эй беназири ман, ки назират дилам надошт,
Бе ту замони зин тагиям безамон шуда.
Аз ошёни қудсии уммедҳои ман
То рафтаӣ, умеди ман беошён шуда.
Дар чор фасли сол ту будӣ гули дилам,
Акнун дилам ба панҷаи бими хазон шуда.
Ҳар ҷо, ки бо ту будаму бо ту капам задам,
Холй чу хони муфлиси бехонумон шуда.
Варзоб низ мисли ман ёди ту мекунад,
Варзоб низ бе ту чу ман дилгарон шуда.
Зуд о, ки зуд меравад умри сабукинон,
Чун аспи бодпои раҳо аз иноншуда…
#Лоиқ Шералӣ
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

01 Jan, 17:32


Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,

Мо ҷуз ғами ӯ ҳеҷ дигар кор надорем.

Мискину фақирем ба кошонаи дунё,

Бар неку бади ҳеҷ касе кор надорем.

Не масти шаробему кабобему рубобем,

Парвои майу хонаи ҳаммор надорем.

Гар ёри вафодор надорем, аҷаб нест,

Мо ёри жуз ҳазрати Ҷаббор надорем.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
@sherhoitohiki

Шеърҳои точики

29 Dec, 13:23


Даме ки дилбарам монанди гул хандида меояд,
Умеди тоза дар дил, нури нав дар дида меояд.
Танашро дода бо пироҳани абрешимин  оро.
Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд.
Баҳори рӯзгораш рангу бӯи сад чаман дорад,
Рухаш гул- гул шукуфта, хотираш болида меояд.
Камоли ҳусну ишқу обрӯ акун насиби ӯст,
Гули боғи муроди хештанро чида меояд.
Ба ҳар ҷо, ки равад, бо як нигоҳи сеҳрангезаш
Тамоми ақлу ҳуши ошиқон дуздида меояд.

МИРЗО ТУРСУНЗОДА
# # # # # # # # # #
Донам, ки агар пагоҳ мемирам ман,
Аз зиндагй қасди хеш мегирам ман.
Ҳар чиз, ки дорам, ҳама афканда бар об.
Чун об ба холи хеш мегирям ман.
#лоиқ шерали
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

28 Dec, 04:24


Ман маниву худситоиҳо ба кас асло намезебад рафиқ,
Мард будан дигару мардона зистан дигар аст.
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

24 Dec, 15:09


Ман ошики дили туам, на ошиқи ҷамоли ту,
Ман ошиқи ками туам, на ошиқи камоли ту.
Маро ғами ту мехурад,«ғами маро намохури,
Вафои ман савоби ман, ҷафои ту вуболи ту.
Хаёли дидани туям ба сад хаёл мебарад,
Вале хама хаёли ман яке бувад хаёли ту.
Суол додиям. ки чун ба кӯи ишқ мерасанд?
Расидаам ба кӯи ту — ҷавоби он суоли ту.
Ниҳоли орзуи ман самар диҳад, агар диҳад
Ба бори орзуи ман самар кади ниҳоли ту.
Тамоми давлати ҷаҳон ба арзане намерасад,
Агар насиби ман расад ба давлати висоли ту
Муаллиф: Лоиқи Шерали
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

21 Dec, 15:08


Номаи ошиқона
Ба шамъи базм имшаб арз кардам номаи худро,
Ба бозуи пари парвона бастам номаи худро.
Чу гул дар қулзуми хун зад маро савдои урёнӣ,
Ба шохи шуъла охир паҳн кардам ҷомаи худро.
Дар ин гулшан димоғам хушк шуд аз бӯйи навмедӣ,
Кашидам дар гиребон ғунчаосо шонаи худро.
Чу шамъ, эй Сайидо, аз ҳастии худ чашм пӯшидам,
Ба як мижгон задан барҳам задам ҳангомаи худро.

Муаллиф: Сайидои Насафӣ
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

18 Dec, 12:49


Ҳар замон аз зиндагонӣ бишнавам панди дигар,

Ки дарахти умр дорад реша пайванди дигар.

Гар хирадманде пушаймон рафт аз рӯи замин,

Боз дар рӯи замин рӯяд хирадманди дигар.
##Лоиқ Шералӣ##
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

13 Dec, 14:24


Ҳар касе моро ғариб кардаст, ғарибгӯраш кунад,
Беватан, бехонумон, чун зинда дар гӯраш кунад.

Он касе, ки дасти яғморо ба моли мо задаст,
Лаззати нону таъоми тоҷикон кӯраш кунад.

Он ки моро кардааст, мӯҳтоҷи мулки дигарон,
Аз бародар бенасиб, аз дӯстон дураш кунад.

Он ки тири ноҳақе бар сӯи мо андохтаст,
Чун ҷавонони шаҳид, оғуштаи хунаш кунад.

Он ки ғарқи рӯди Ому кардааст халқи маро,
Тӯъмаи мору наҳанги оби Ҷайҳунаш кунад.

Он ки бе ному нишон мардони хушномро намуд,
Ҳазрати парвардигор расвою гумномаш кунад.
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

08 Dec, 19:00


Эй писар, бар дӯстон хизмат кунӣ, миннат макун,
Душманатро ҳам миёни халқ беҳурмат макун.
Мӯрро ҳам заррае дониста озоре мадеҳ,
Як нафас ҳам аз сари худ дур ин ҳикмат макун.
Давлати беинтиҳо бошад ба одам сиҳҳатӣ,
Аз паи давлат матозу ҷамъу ғун давлат макун.
Гуфт устодам, ба толеъу саодат то расӣ,
Ҳеҷ бо ҳамсӯҳбати бад баъд аз ин сӯҳбат макун.
Эй сарат аз санг бодо сахттар дар зиндагӣ,
Бо дили нозук ту бар сангиндилӣ одат макун.
Рӯ магардон аз забони модарии ноби худ,
Носипосӣ ҳеҷ гаҳ бар халқу бар миллат макун
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

07 Dec, 18:34


Соя дасти Падар.

Хуршеди тобон ёфтам,
Дар соя дасти Падар.
Бахти дурахшон ёфтам,
Дар соя дасти Падар.

Дар кӯҷабоғи зиндагӣ,
Дар дил ҷароғи зиндагӣ.
Пайванди имон ёфтам,
Дар соя дасти Падар.

Ҳамқисмати шому саҳар,
Ҳамсӯҳбати шамсу қамар.
Ман ҳарфи Қуръон ёфтам,
Дар соя дасти Падар.

Ожанги рӯяш дар назар,
Оҳанги розаш дар ҷигар.
Ганҷи фаровон ёфтам,
Дар соя дасти Падар.

Пеши касе хорам накард,
Баҳри хасе зорам накард.
Иқболи даврон ёфтам,
Дар соя дасти Падар.

Муҳтоҷи номардам накард,
Аз умр дилсардам накард.
Оромиши ҷон ёфтам,
Дар соя дасти Падар.

Пеши Худо рӯзу шабон,
Ҷони маро хоҳад амон.
Нуре зи Яздон ёфтам,
Дар соя дасти Падар.

Бо аҳди фарзандии хеш,
Паймони дилбандии хеш.
Дунёи армон ёфтам,
Дар соя дасти Падар.

Толиб Карими Озарахш

Шеърҳои точики

06 Dec, 18:13


Аз вафо харфе бигу то як даме гушат кунам..
Дарди чонамро табобат бо лаби нушат кунам..
Рузу шаб андар хаёлам нест гайри руи ту..
Худ бигу бар чи созам то фаромушат кунам ..

Шеърҳои точики

30 Nov, 11:55


Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод.
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

29 Nov, 03:12


Дорам хавасе ки ту шави хамсари ман,
Ман дар бари ту бошаму ту дар бари ман.
Бусам зи лабони нозукат рузи дароз,
Хеч гох наравад хумори ту аз сари ман.

Шеърҳои точики

24 Nov, 15:56


Бипўш аз ҳастии худ чашму айши ҷовидонӣ кун,
Нишин дар кунҷи хилватхонаи худ, комронӣ кун!
Мадеҳ раҳ дар ҳарими хоси худ васвоси шайтонро,
Ба ҳар ҷо по ниҳӣ атрофи худро посбонӣ кун!
Рухи худ меҳр вақти шом созад аз шафақ гулгун,
Ту ҳам аз ҷоми май дар мавсими пирӣ ҷавонӣ кун!
Фалакро ҷомаи фатҳ аст дар бар хилъати нилӣ,
Либоси хешро, то метавонӣ, осмонӣ кун!
Надорад ҳеҷ суде ин замон ангушт хоидан,
Кӣ гуфт, эй шамъ дар аввал ба оташ ҳамзабонӣ кун?
Табассумҳои рангин ғунчаро дар зери по бошад,
Ғами айём агар дилтанг созад, шодмонӣ кун!
Дили хун гаштаамро аз лаби худ шаодмон гардон,
Сабўи бодаамро пур зи оби зиндагонӣ кун!
Агар хоҳӣ ба занҷир оварӣ пойи бузургонро,
Бирав дар мулки Ҳинду чанд рўзе филбонӣ кун!
Бувад розӣ марги хеш дар кунҷи қафас булбул,
Макаш теғ аз ниёми кину бо мо меҳрубонӣ кун!
Агар хоҳӣ гузорӣ, Сайидо, сар дар рикоби ў,
Ба барқи гарм рав якчанд рўзе ҳамъинонӣ кун!
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

20 Nov, 13:44


Ғами ҷони ман аз ҷонона пурсед,
Табу сӯзи ман аз парвона пурсед.
Ҳар он розе, ки ман ногуфта рафтам,
Пас аз ман аз лаби паймона пурсед.
(Лоик Шерали)

Шеърҳои точики

19 Nov, 13:04


Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯӣ модар.
Тамоми рӯи дунëро бигаштам,
Надидам рӯи хуш, ҷуз рӯи модар.

Шеърҳои точики

15 Nov, 17:43


Бани одам аъзои якдигаранд
Ки дар офариниш зи якгавҳаранд
Чу узве ба дард оварад рӯзгор
Дигар узвҳоро намонад қарор...

@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

15 Nov, 17:42


Эй бародар дори Модар аз бароят давлат аст,
Дар намозаш мекунад хардам дуоят давлат аст.
Гар биёи аз сафар мехмон дар пушти дараш,
Лахзае хандида пешад мебарояд давлат аст..

@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

13 Nov, 14:57


Мо ҳеҷ замона ҳеҷ дунё ҳама ҳеҷ
Эй ҳеҷ зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч
Дони ки зи одами чи мемонаду бас
Меҳр аст муҳаббат аст боқи ҳама ҳеҷ
@sherhoiTojiki

Шеърҳои точики

13 Nov, 13:55


САД ҶОН ФИДОИ ДӮСТ
Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дӯст,
Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст.

Дар дӯстй мулоҳизаи маргу зист нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.

Ҳошо , ки ғайри дӯст кунад ҷо ба чашми ман,
Дидан наметавон дигареро ба ҷои дӯст.

Аз дӯст ҳар ҷафо, ки расад ҷои миннат аст,
Зеро, ки нест ҳеҷ вафо чун ҷафои дӯст.

Бо дӯст ошно шуда, бегонаам зи халқ,
То ошнои ман набувад ошнои дӯст.

Дар халқаи сагони дараш меравам, ки боз
Аҳбоб сар занад ба гирди сарои дӯст.

Дасти дуо кушод Ҳилолӣ ба ҳазратат,
Яъне ба даст нест маро ҷуз дуои дӯст.
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

12 Nov, 03:49


Сари кухи баланд чор чуфт ситора.
Чавони навхати бисту се сола.
Чавонон кадри хамдигаро бидонед.
Набинад кас дигар умри дубора.

Шеърҳои точики

11 Nov, 16:36


Эй очаи жон, ягон-ягон ёдам кун,
Хокистари куи ту шудам, бодам кун.
Хокистари куи ту шудам, боди фано,
Аз мулки гариби гиру озодам кун.
@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

09 Nov, 11:02


Тавба кун то руи Ҳақ ёрат шавад,

То пайгомбар худ мададгорат шавад.

Тавба пайвандад саморо бар замин,

Тавба чун обест баҳри муслимин.

Тавба иблисро парешон мекунад,

Тавба кофирро мусулмон мекунад.

То мусулмонон мусулмонтар шаванд,

Ҳамдигарро мунису ёвар шаванд.

Саҷда бар ман кардани мардум хатост,

Меҳр яктост он ҳам
меҳри Худост.

Шаби тамоми мардуми Ӯзбекистон Точикистон ва мардуми Гариб бахайру шоди бошад Ин Шо Аллох

Шеърҳои точики

08 Nov, 17:39


Ба ту дил додаму дил дар барам нест
Ба чуз фикри ту ёди дигарам нест
Мазан дар пеши ман лоф аз мухабат
Ки бо харфхои дуругат боварам нест

Шеърҳои точики

04 Nov, 07:48


Яке бар худ замину мол хохад,
Яке умри азизу чон хохад.
Яке як пораи нону кафи об,
Яке гушту палаву нон хохад.
Яке як рузи бе дарди чони худ,
Яке бар умри худ офат бикобад.
Яке хайру саховат дуст дорад,
Яке дузду гами мардум бикорад.
Яке бар худ зану фарзанд бихохад,
Яке аз хону неъмат руй тобад.
Яке бар худ,дусти чони бихохад,
Якеро додари худ хуш наояд.
Яке бар худ Падар Модар бихохад,
Яке аз он бузургон руй тобад.
Бикун шукри каму бисёри умрат,
Бикун шукри неъматхои хонат.
Бирас бар кадри он дусту бародар,
Бикун дар умри худ хайру саховат.
Бигир дасти ятиму нокасеро,
Макун кибру бикун шукру бикун шукру бикун
шукр.

@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

02 Nov, 09:22


Намоз ороиши хар чисму чон аст,🌿🍁
Намоз васли Худо бо бандагон аст.🌿🍁
Намоз шуяндаи гунохи инсон аст,🌿🍁
Намоз розу ниёзи муъминон аст.🌿🍁

Шеърҳои точики

01 Nov, 17:22


Аз хок баромадем, ки одам бошем,
То дар ҳарами дӯст маҳрам бошем.
Ҷаннат, ки муҳайёст баҳри ману ту,
Ҳайф аст, ки ҳезуми ҷаҳаннам бошем.

@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

31 Oct, 05:29


Андеша кун, эй ҷони ман, дар хок яксон мешавӣ,
Кун тавба пеш аз вақти марг, фардо пушаймон мешавӣ.
* * * * *
Аз майи ишқи ту дигар нестам сармасту хуш,
Гар замоне сархуш аз паймонаат будам, гузашт.
* * * * *
Рӯзгоре, ман агар девонаат будам, гузашт,
Шамъ будӣ тую ман парвонаат будам, гузашт.
* * * * *
Тамоми умр хандидам ба ин ошиқу он ошиқ,
Чунон ишқе сарам омад, ки ман дигар намехандам.

@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

28 Oct, 14:10


Ҷафокоро вафодорӣ биёмӯз ,
Зи ёрон шеваи ёрӣ биёмӯз.
Ба ҳар кас рӯзи неъмат аҳд бастӣ,
Фаромушаш макун дар тангдастӣ .
Чу нон бардоштӣ ,хонро маяндоз ,
Намак хурдӣ ,намакдонро маяндоз.
Набояд рӯзи аввал аҳд бастан ,
Пас аз бастан намебояд шикастан...
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

28 Oct, 03:52


Дар ин дунё машав ғамгин агар ранчу азоб дори.
Худованд ёварат бошад макун бар бандааш зори.

@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

27 Oct, 15:44


Чуқур фикр кунед.

Шеърҳои точики

27 Oct, 09:36


ТАМАННО

Кош рӯзе, эй Худоё боз ман, Зиндагонии дигар медоштам. Ранҷу ғамҳое, ки ман дидам зи он, Аз дили ғамдида бармедоштам.

Кош ҳамчун офтоби зиндагӣ, Боз дар дил зинда созам орзу. Кош андар ин раҳи шебу фароз, Ман ҳақиқатро намоям ҷустуҷӯ.

Кош ҳар субҳи дамида аз саре, Бо ҳавас бедор гардам ман зи хоб. Тоб орам бо ҳама ноҷӯриҳо, Рафъ созам аз дили худ ҳар азоб.

Эй Худо, аз нав бисоз ин бандаро , Бар худ овар ин зани дилхастаро. Аз ту дорам ман таманно борҳо, Баркушо бар ман раҳи сарбастаро.

© Шаҳнозаи Сулаймон,
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

Шеърҳои точики

27 Oct, 01:49


Фарзандони мо ба мо тақлид мекунанд.

Шеърҳои точики

26 Oct, 16:15


Табиатро тароват офаридан,
Ҷаҳонеро ба ҳайрат оваридан.
Фақат бар қадри ҳамдигар расидан,
Бо ҳам мо метавонем метавонем.
@sherhoitojiki

Шеърҳои точики

26 Oct, 03:14


Дар ишки ту сад гуна маломат бикашам,
В-ар бишканам ин ахд,гаромат бикашам.
Гар умр вафо кунад,чафохои туро
Боре кам аз он,ки то киёмат бикашам.

@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

25 Oct, 12:13


https://youtu.be/oAo3TjJlY0Q?si=diAI1DXuObZ-NvSV

Шеърҳои точики

25 Oct, 10:50


Ҳамин шеъри мо аз тарафи артисти бародари азизи ӯзбек забонамон Равшан Ҳасанов хело як бо дараҷаи олий ба суруд мубадал карда иҷро кардаанд примераи суруди Модар 25 Октябр соати 17:00 низ ба каналамон гузошта мешавад шунавед баҳра баред!!

Шеърҳои точики

24 Oct, 16:16


Воизон ,к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд ,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд .
Мушкиле дорам ,зи донишманди маҷлис бозпурс ,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд ? ...

Шеърҳои точики

24 Oct, 07:22


М - Муҳаммад нури ту шуд шодиёна,
У - Умед бар зиндагӣ додӣ нишона.
Ҳ - Ҳабиби умматон, то ҷовидона,
А - Азизу муътабар, ту доҳиёна.
М - Малику сарвари ҷумла мусалмон,
М - Муҳаббат нури ту дар қалби инсон.
А - Аниси Ҷаннатул-маъвои моён,
Д - Дуруд хонад, ҳама аҳли мусулмон.

Шеърҳои точики

23 Oct, 13:35


Нохонда марав бар сари хони касе,
Бе ақл шавӣ агар хурӣ нони касе.
Як порча нони қоқу як косаи об,
Беҳтар зи ҳазор мурғи бирёни касе.

@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

21 Oct, 14:04


Барои пешравии каналамон касонеки телеграммаи премум дорад як бор овоз диҳанд хуб мешуд ташаккур аз пеш!!

Шеърҳои точики

21 Oct, 13:18


Хушо онон, ки дар гавҳора мурданд,
Ки буйе аз ғами дунё набурданд.
На дасте ба гуноҳе олуда карданд,
На қалберо ба одамҳо супурданд

@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

20 Oct, 08:34


Ғуломе канори подшоҳе нишаста буд. Подшоҳ хобаш меомад, аммо ҳар гоҳ чашмони худро мепӯшид то бихобад, магасе бар гунаи ӯ менишаст ва подшоҳ маҳкам ба сурати худ мезад то магасро дур кунад.
Муддате гузашту подшоҳ аз ғуломаш пурсид:
Оё медонӣ Худованд чаро магасро офаридааст?
Ғулом гуфт:
Худованд магасро офарида то қудратмандон ва ҳокимон бидонанд баъзе вақтҳо зӯрашон ҳатто ба як магас ҳам намерасад....!👌

@SherhoiTojiki

Шеърҳои точики

19 Oct, 08:07


Якеро дар чахон дилбар азиз аст.
Якеро молу симу зар азиз аст,
Азизон аз хама мавчуди олам.
Маро АЛЛОХ ПАДАР МОДАР азиз аст.

@SherhoiTojiki

1,617

subscribers

752

photos

162

videos