Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон @officialntc Channel on Telegram

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

@officialntc


Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Tajik)

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон channel, also known as officialntc on Telegram, is the official Telegram page of the National Testing Center under the President of the Republic of Tajikistan. This channel aims to provide accurate and up-to-date information about all the testing processes and procedures conducted by the National Testing Center. Whether you are a student preparing for university entrance exams or a professional looking to take certification tests, this channel is your go-to source for all the necessary information. Stay informed about exam dates, registration details, study materials, and more by following Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон on Telegram. In addition to Telegram, you can also find them on YouTube, VKontakte, Instagram, and Facebook for even more updates and resources. Join the channel today and pave your way to success with the help of the National Testing Center of Tajikistan!

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 Dec, 11:10


ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (142 ҷой).

Муҳлат: 46 рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2025 бо имкони тамдид).

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 28 нафар, ш. Ваҳдат – 6 нафар, ш. Турсунзода – 6 нафар, ш. Ҳисор – 4 нафар, ш. Хуҷанд – 10 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Исфара – 2 нафар, ш. Конибодом – 2 нафар, ш. Панҷакент – 2 нафар, ш. Бохтар – 10 нафар, ш. Кӯлоб – 8 нафар, ш. Хоруғ – 4 нафар, н. Рашт – 4 нафар, н. Рӯдакӣ – 2 нафар, н. Ашт – 2 нафар, н. Б. Ғафуров – 4 нафар, н. Деваштич – 2 нафар, н. Спитамен – 2 нафар, н. Ҷ. Расулов – 2 нафар, н. А. Ҷомӣ – 2 нафар, н. Вахш – 2 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, н. Дӯстӣ – 2 нафар, н. Ёвон – 4 нафар, н. Қубодиён – 2 нафар, н. Панҷ – 2 нафар, н. Фархор – 2 нафар, н. Хуросон – 2 нафар, н. Ҳамадонӣ – 2 нафар, н. Ҷайҳун – 2 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 4 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар.

Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (14 ҷой).

Муҳлат: 26 рӯз (аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2025 бо имкони тамдид).

Макони иҷрои вазифа: ш. Норак – 2 нафар, н. Файзобод – 2 нафар, н. Айнӣ – 2 нафар, н. Зафаробод – 2 нафар, н. Мастчоҳ – 2 нафар, н. Муъминобод – 2 нафар, н. Темурмалик – 2 нафар.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) барои бақайдгирии довталабон бо мақсади иштироки онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ омӯзонида ва ҷалб мешаванд. Марказ барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ масъул мешаванд.

Вазифаҳои асосӣ:
• омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ ва таҷҳизоти техникӣ барои бақайдгирии довталабон;
• таъмини ворид намудани маълумоти дақиқ тибқи қоидаҳои муқарраршуда;
• таъмини нигаҳдории маълумоти дақиқи довталаб то замони ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ супоридан;
• пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ.

Талаботи тахассусӣ соҳиб будан ба:
• маълумоти олӣ ё олии нопурра;
• таҷрибаи корӣ дар соҳаи маориф;
• малакаи кор бо воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаҳои маҳаллӣ, флеш-корт, барномаҳои офисӣ ва дастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо.
• озодона суҳбат намудан бо забони тоҷикӣ.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаро, ки дар шабакаи Интернет бо нишонии http://vacancy.ntc.tj/ гузошта шудааст, бо забони тоҷикӣ пур карда, ба он нусхаи шиноснома бо ҷойи зист, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ, нусхаи маълумотнома аз Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк“” оид ба суратҳисоби корти пластикӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима намоянд.

Номзадҳо дар асоси озмун интихоб мешаванд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 25-уми январи соли 2025, то соати 16:00.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 Dec, 11:09


ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ БАҚАЙДИГАРАНДАИ НУҚТАИ БАҚАЙДГИРӢ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 Dec, 10:54


ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ

Мансаб: ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (40 ҷой).

Муҳлат: 46 рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2025 бо имкони тамдид).

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 5 нафар, ш. Ваҳдат – 1 нафар, ш. Турсунзода – 1 нафар, ш. Ҳисор – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 2 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Исфара – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, ш. Бохтар – 2 нафар, ш. Кӯлоб – 2 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар, н. Рашт – 1 нафар, н. Рӯдакӣ – 1 нафар, н. Ашт – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, н. Деваштич – 1 нафар, н. Спитамен – 1 нафар, н. Ҷ. Расулов – 1 нафар, н. А. Ҷомӣ – 1 нафар, н. Вахш – 1 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Дӯстӣ – 1 нафар, н. Ёвон – 1 нафар, н. Қубодиён – 1 нафар, н. Панҷ – 1 нафар, н. Фархор – 1 нафар, н. Хуросон – 1 нафар, н. Ҳамадонӣ – 1 нафар, н. Ҷайҳун – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади бақайдгирии довталабон дар доираи ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Марказ барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ масъул мешаванд.

Вазифаҳои асосӣ:
• иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон;
• омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ ва бақайдгирандагон барои бақайдгирии довталабон;
• назорати фаъолияти кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муқарраршуда;
• дар вақти зарурӣ иваз намудани яке аз бақайдгирандагон дар нуқтаи бақайдгирӣ;
• пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба намояндаи Марказ (дар ҳолати зарурӣ).

Талаботи тахассусӣ:
• маълумоти олӣ ё олии нопурра;
• таҷрибаи кори созмондеҳӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо шумораи зиёди иштирокдорон;
• қобилияти хуби муошират;
• малакаи кор бо воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаҳои маҳаллӣ, флеш-корт, барномаҳои офисӣ ва дастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;
• озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаро, ки дар шабакаи Интернет бо суроғаи http://vacancy.ntc.tj/ гузошта шудааст, бо забони тоҷикӣ пур карда, ба он нусхаи шиноснома бо ҷойи зист, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ, нусхаи маълумотнома аз Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк“” оид ба суратҳисоби корти пластикӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима намоянд.

Номзадҳо ба воситаи озмун интихоб мешаванд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 25-уми январи соли 2025, то соати 16:00.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 Dec, 10:52


ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ЁВАРИ РОҲБАРИ НУҚТАИ БАҚАЙДГИРӢ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 Dec, 05:07


Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ

Мансаб: роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (40 ҷой).

Муҳлат: 46 рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2025 бо имкони тамдид).

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 5 нафар, ш. Ваҳдат – 1 нафар, ш. Турсунзода – 1 нафар, ш. Ҳисор – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 2 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Исфара – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, ш. Бохтар – 2 нафар, ш. Кӯлоб – 2 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар, н. Рашт – 1 нафар, н. Рӯдакӣ – 1 нафар, н. Ашт – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, н. Деваштич – 1 нафар, н. Спитамен – 1 нафар, н. Ҷ. Расулов – 1 нафар, н. А. Ҷомӣ – 1 нафар, н. Вахш – 1 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Дӯстӣ – 1 нафар, н. Ёвон – 1 нафар, н. Қубодиён – 1 нафар, н. Панҷ – 1 нафар, н. Фархор – 1 нафар, н. Хуросон – 1 нафар, н. Ҳамадонӣ – 1 нафар, н. Ҷайҳун – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар.



Мансаб: роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (7 ҷой).

Муҳлат: 26 рӯз (аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2025 бо имкони тамдид).

Макони иҷрои вазифа: ш. Норак – 1 нафар, н. Файзобод – 1 нафар, н. Айнӣ – 1 нафар, н. Зафаробод – 1 нафар, н. Мастчоҳ – 1 нафар, н. Муъминобод – 1 нафар, н. Темурмалик – 1 нафар.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) барои бақайдгирии довталабон бо мақсади иштироки онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ омӯзонида ва ҷалб мешаванд. Марказ барои интихоби роҳбари нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ масъул мешаванд.

Вазифаҳои асосӣ:


• иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон;

• омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ барои бақайдгирии довталабон;

• назорати фаъолияти кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муқарраргардида;

• пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба намояндаи Марказ.

Талаботи тахассусӣ:

• соҳиб будан соҳиб будан ба маълумоти олӣ;

• собиқаи педагогии на камтар аз 5 сол;

• таҷрибаи кори созмондеҳӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо шумораи зиёди иштирокдорон;

• қобилияти хуби муошират;

• малакаи кор бо воситаҳои барномавӣ-идоравии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаҳои маҳаллӣ, флеш-корт, барномаҳои офисӣ ва дастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;

• озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаро, ки дар шабакаи Интернет бо суроғаи http://vacancy.ntc.tj/ гузошта шудааст, бо забони тоҷикӣ пур карда, ба он нусхаи шиноснома бо ҷойи зист, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ, нусхаи маълумотнома аз Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк“” оид ба суратҳисоби корти пластикӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима намоянд.

Номзадҳо дар асоси озмун интихоб мешаванд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 25-уми январи соли 2025, то соати 16:00.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 Dec, 05:04


❗️❗️❗️ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ РОҲБАРИ НУҚТАИ БАҚАЙДГИРӢ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 Dec, 14:59


ОГОҲӢ БА ДОВТАЛАБОН ДАР БОРАИ ДАВРИ ЧОРУМИ ИМД 2024

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи довталабони дар давраи чоруми бақайдгирӣ (аз 29-уми октябр то 7-уми декабр) барои иштирок дар ИМД 2024 номнависшуда мерасонад, ки имтиҳонҳо барои онҳо пагоҳ, яъне рӯзи якшанбе – 15-уми декабр баргузор мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки дар бораи макон ва замони имтиҳонсупорӣ ба ҳар довталаб паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода шудааст. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас аст. Барои муайян кардани макони ҷойгиршавии маркази имтиҳонӣ аз рӯйхати муассисаҳои таълимии дар заминаашон марказҳои имтиҳонӣ (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/markazhoi-imtihoni-baroi-barguzorii-davri-chorumi-imd-2024.html) ташкилшаванда, ки дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, истифода кардан мумкин аст.
Таваҷҷуҳ: Вақти оғози имтиҳон соати 10:00 аст. Довталаб бояд ба маркази имтиҳонӣ 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ҳозир шавад.
Лозим ба зикр аст, ки бо худ даъватнома доштан барои воридшавии довталабон ба маркази имтиҳонӣ ҳатмӣ нест. Кофист, ки довталаб дар бораи макони имтиҳонсупориаш маълумот дошта бошад. Агар довталаб то ҳол дар бораи макони имтиҳонсупориаш бо сабабе маълумот пайдо накарда бошад, барои дарёфти маълумоти мазкур метавонад бо телефонҳои 224 53 68 ва 224 53 73 ба Марказ муроҷиат кунад.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 Dec, 06:09


МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ИМД 2024

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳнамоии довталабоне, ки дар давраи чоруми бақайдгирӣ (аз 29-уми октябр то 7-уми декабри соли 2024) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 аз рӯйи шакли ғоибона ва фосилавии таҳсил аз қайд гузаштаанд, рӯйхати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиеро, ки дар заминаи онҳо барои баргузории имтиҳонҳои мазкур марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, дар сомонаи худ ҷойгир кард. Ин рӯйхат нишонии ҳар як муассисаи таълимии дар заминаи он маркази имтиҳонӣ ташкилшаванда ва нуқтаи роҳнамо (ориентир)-ро фаро мегирад.

Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии довталабони дар давраи чоруми номнависӣ азқайдгузашта вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии осони довталабон таҳия гардидааст, барои имтиҳонсупории довталабон дар 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 11 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродияш ҷойгир карда, инчунин дар бораи макон замони имтиҳонсупорӣ ба довталаб паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода шуд. Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд шудааст. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас аст.

Ба довталабон тавсия медиҳем, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати зикргардида маълумот гирифта, бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд.

Таваҷҷуҳ: Даври чоруми ИМД 2024 рӯзи 15-уми декабри соли 2024 баргузор мегардад. Вақти оғози имтиҳон соати 10:00 аст. Довталаб бояд ба маркази имтиҳонӣ 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ҳозир шавад.

Лозим ба таъкид аст, ки бо худ даъватнома доштан барои воридшавии довталабон ба маркази имтиҳонӣ ҳатмӣ нест. Кофист, ки довталаб дар бораи макон ва замони имтиҳонсупориаш маълумот дошта бошад.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

06 Dec, 16:19


ДАВРИ ЧОРУМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2024

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 Oct, 11:53


СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

21-уми октябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Гузариш аз зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ба таҳсилоти умумии асосӣ” баргузор гардид.

Дар семинар намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони пуртаҷрибаи соҳаи маорифи Федератсияи Русия, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи чор ноҳияи пойтахт ва мутахассисону омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз мактабҳои интихобшудаи шаҳри Душанбе иштирок карданд. Дар аввал масъулони семинар дар бораи ҳадафҳои семинар гузориши муфассал доданд.

Қайд бояд кард, ки семинари мазкурро намояндагону коршиносони Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди таҳсилот (CICED)-и Федератсияи Русия баргузор мекунанд. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо CICED ҳамкории зич дошта, бо дастгирии он барномаҳои гуногунро дар самти арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон роҳандозӣ мекунад.

Мақсад аз баргузории семинар фаҳмондани абзори арзёбии салоҳиятҳои омӯзишию фаннӣ, ки дараҷаи аз худ кардани хонандагон мазмуни фанҳои таълимии “Математика” ва “Забони русӣ”-ро инъикос мекунад, инчунин модулҳои таҳсилии гузаришӣ барои синфи 5-ум аст. Абзор ва модулҳои мазкур аз ҷониби коршиносони CICED таҳия гардидааст. Бояд қайд кард, ки гузариш аз зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ба таҳсилоти умумии асосӣ бештари ҳолатҳо ҳамчун коҳиши ангезиши хонандагон ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз, аҳаммияти ин семинар дар он аст, ки дар он масъалаи ташаккули замина барои хонандагон ҷиҳати омӯзиши минбаъдаи фанҳои зикргардида, фароҳам овардани шароит барои асоси амалҳои худро дарк кардан тавонистани хонандагон, ҷалби хонандагон ба баррасии мушкилот, гузоштани масъалаҳо ва ёфтани роҳи ҳалли онҳо фаҳмонда мешавад.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

05 Oct, 05:09


Зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборак бошад!

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

01 Oct, 03:07


Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараю Рашт, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.

Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

1. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:


- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (нуқтаи роҳнамо: боғи фарҳангию фароғатии “Айнӣ”, истгоҳи охири троллейбусҳои № 1);

- телефонҳо: 224-53-73, 224-53-67, 224-53-66, 224-53-68.

2. Хоруғ – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо: Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);

- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.

3. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо: маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));

- телефон: 92-644-11-48.

4. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Панҷакент, кӯчаи Л. Шералӣ, 105 (нуқтаи роҳнамо: тарабхонаи “Обод”);

- телефон: 915-63-51-00, 917-06-10-05.

5. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо: боғчаи кӯдаконаи № 10, комбинати ордбарорӣ);

- телефон: 777-07-77-26, 935-44-95-05.

6. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 26 (нуқтаи роҳнамо: шуъбаи маориф, маркази савдои “Ёвар”);

- телефон: 915-57-90-77, 985-01-82-09.

7. Данғара – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:


- ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32 (нуқтаи роҳнамо: шуъбаи маориф, Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун);

- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.

8. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:


- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо: ҳукумати ноҳия, кӯчаи марказӣ);

- телефон: 919-18-86-78, 911-11-07-43.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

01 Oct, 02:54


Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот комёбгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);

4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (асл ва нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

01 Oct, 02:41


ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ АСОСИИ ДОВТАЛАБОНИ ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ИМД 2024 ИШТИРОККАРДА

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми октябри соли 2024 натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонеро, ки дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 иштирок кардаанд, эълон кард.


Мувофиқи тартиби муқарраргардида ба озмуни тақсимоти асосии даври сеюми ИМД 2024 довталабоне роҳ ёфтаанд, ки аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), инчунин аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб шуда буданд.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш аз рӯйи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун тибқи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, дар ин бора, инчунин ба телефони мобилии ӯ паёмак (SMS) бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ тибқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 4‑уми октябр ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб дар муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 4-уми октябр, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Вобаста ба ин, ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида тавсия дода мешавад, ки барои шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ эълону хабарҳои сомонаи Марказро мунтазам хонанд.

ТАВАҶҶУҲ! Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда дар муҳлати муқарраркардаи Марказ (то 4‑уми октябр) ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.
Муфассал: ntc.tj

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 Sep, 14:50


ҶАДВАЛИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ИМД 2024 – ҚИСМҲОИ А ВА Б

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 Sep, 12:48


https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/advali-barguzorii-davri-seyumi-imd-2024-ism-oi-a-va-b.html

5,246

subscribers

1,224

photos

13

videos