Шарҳи қонунгузории андоз @nalogtojik Channel on Telegram

Шарҳи қонунгузории андоз

@nalogtojik


Агар хоҳед, ки аз қонунгузории андоз огоҳ бошед, пас ба канали мазкур ҳамроҳ шавед.

Шарҳи қонунгузории андоз (Tajik)

Дар канали "Шарҳи қонунгузории андоз" ('nalogtojik') маълумотҳо дар бораи қонунгузории андоз ва поддонҳои муайян барои шахсон ва корҳои ҷисмонии ҷурмон ё фирориҳои дигари агзои моли ҳамроҳ кардан ва хабардор шудан мавҷуд аст. Ин канал ёфтан ба маълумоти таълимотии олому дар қонунгузории андоз ва назарияҳои мураккаб дар ин ҳавза онҷои муборизаи омилҳои маҷлисҳои қонунии андоз, ҷамъиятиёт, вазоратҳои давлатӣ ва дигар созмонҳои давлатӣ мебошад. Агар шумо хоҳед, ки аз қонунгузории андоз огоҳ бошед, пас ба канали мазкур ҳамроҳ шавед ва маълумоти заруриро дар ин зарафшон маърифат намоед.

Шарҳи қонунгузории андоз

19 Jan, 07:32


⚡️ Мошенники научились воровать аккаунты Telegram через ссылки на «голосование» от знакомых контактов.

Работает так: жертва получает сообщение от «знакомого», который просит проголосовать в конкурсе, а для этого нужно перейти по ссылке, похожей на официальную ссылку мессенджера. Как только вы кликаете по ней, ваш аккаунт автоматически уходит мошенникам.

Предупредите близких.

Шарҳи қонунгузории андоз

17 Jan, 03:31


Кумитаи андоз бо мақсади таъмини назорати иҷрои муқаррароти қонунгузории андоз, дуруст нишон додани манбаҳои андозбандишаванда ва пешгирии қонунвайронкуниҳои андоз дар фаъолияти андозсупорандагоне, ки ба хизматрасонињои маҳсгарӣ, сартарошӣ, ороиши ҳусн ва дигар хизматрасониҳои косметикӣ машғулбуда мактуби дастурии мазкурро барои маълумот ва корбарӣ ирсол менамояд.

Шарҳи қонунгузории андоз

17 Jan, 03:22


Кумитаи андоз ҷиҳати дуруст андозбандӣ кардани даромадҳои субъектҳои хоҷагидории тавассути сомонаҳо ва (ё) шабакаҳои иҷтимоӣ ба ташкил ва гузаронидани лотореяҳои электронӣ машғулбуда, мактуби дастурии мазкурро барои маълумот ва таъми иҷро ирсол менамояд.

Шарҳи қонунгузории андоз

10 Jan, 14:38


ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама
намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2025
№915

Шарҳи қонунгузории андоз

05 Jan, 13:41


Мораторий на проверки бизнеса в Таджикистане до 1 января 2027 года: что нужно знать предпринимателям?

Президент Таджикистана предложил объявить мораторий на большинство проверок субъектов предпринимательской деятельности до 1 января 2027 года. Исключение составляют налоговые проверки, которые продолжат проводиться. Однако важно понимать, что мораторий не освобождает от ответственности и не означает полной отмены проверок.

Что такое мораторий и как он действует?

Мораторий — это временный запрет на проведение большинства плановых проверок предпринимателей со стороны государственных органов. Его цель — уменьшить административное давление и создать более комфортные условия для бизнеса. Тем не менее, некоторые проверки остаются в силе:
1. Налоговые проверки. Налоговые органы продолжают контролировать правильность уплаты налогов.
2. Проверки в чрезвычайных ситуациях. Они возможны в случаях, когда возникает угроза здоровью, безопасности людей или экологии.
3. Специальные проверки. Это проверки, связанные с пожарной безопасностью, санитарными нормами или охраной труда, которые могут проводиться в отдельных случаях.

Основные заблуждения о моратории:
1. Миф: Проверок больше не будет. Это неверно. Налоговые органы сохраняют право проводить проверки, а также возможны проверки в неотложных ситуациях.
2. Миф: Мораторий освобождает от ответственности. Нет. Даже при отсутствии проверок предприниматели обязаны соблюдать все законы. Нарушения могут повлечь штрафы или другие санкции.
3. Миф: Можно не беспокоиться до 2027 года. Наоборот, это время лучше использовать для укрепления бизнеса и подготовки к возможным проверкам после окончания моратория.
4. Миф: Мораторий уже вступил в силу. Пока готовится нормативный документ, регулирующий его реализацию. Однако для полной защиты важно оставаться в курсе изменений.

Мораторий на проверки — это возможность для бизнеса сосредоточиться на развитии, сократить затраты и улучшить внутренние процессы. Однако предприниматели должны понимать, что это не отменяет их обязательств. Чтобы максимально использовать этот период, важно продолжать соблюдать законы, поддерживать высокие стандарты и готовиться к любым изменениям.

Шарҳи қонунгузории андоз

05 Jan, 13:40


Мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1-уми январи соли 2027: соҳибкор чиро бояд бидонад?

Тибқи пешниҳоди Президенти кишвар ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда мешавад. Ин маънои онро надорад, ки мораторий аз 1-уми январи соли 2025 оғоз мегардад. Инчунин, набудани санҷишҳо маънои пурра озод будан аз масъулиятро надорад.

Мораторий чист ва чӣ гуна кор мекунад?

Мораторий – ин манъи муваққатии гузаронидани аксари санҷишҳои нақшавии соҳибкорон аз ҷониби мақомоти давлатӣ мебошад. Он то 1 январи соли 2027 эътибор хоҳад дошт ва барои кам кардани фишори маъмурӣ ба соҳибкорон равона мешавад. Бо вуҷуди ин, баъзе намуди санҷишҳо ҳанӯз боқӣ мемонанд:

1. Санҷишҳои андозӣ – онҳо ҳатман гузаронида мешаванд. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд дурустии пардохтҳои андозиро назорат кунанд.
2. Санҷишҳои фавқулодда – дар ҳолатҳои хатар ба саломатӣ, амнияти шаҳрвандон ё муҳити зист санҷишҳои махсус гузаронида мешаванд.
3. Баъзе санҷишҳои махсус – санҷишҳое, ки ба бехатарии сӯхтор, қоидаҳои санитарӣ ва ҳифзи меҳнат вобастаанд, метавонанд дар ҳолатҳои алоҳида гузаронида шаванд.

Мифҳои асосӣ дар бораи мораторий:

Миф 1: Санҷишҳо пурра аз байн рафтаанд. Чунин нест. Мақомоти андоз, мисли пешина, ҳуқуқ доранд фаъолияти соҳибкоронро санҷанд. Санҷишҳои ғайринақшавӣ дар ҳолатҳои фавқулодда низ эҳтимолият доранд.

Миф 2: Мораторий соҳибкоронро аз масъулият озод мекунад. Ҳатто дар сурати набудани санҷишҳо, соҳибкорон вазифадоранд, ки қонунҳоро риоя кунанд. Нақз кардани қонунҳо метавонад боиси ҷарима ё дигар ҷавобгарӣ гардад.

Миф 3: Метавон то соли 2027 ором нишаст. Баръакс, ин замонро бояд барои мустаҳкам кардани асосҳои фаъолияти худ истифода бурд, то пас аз анҷоми мораторий барои санҷишҳои эҳтимолӣ омода бошед.

Миф 4: Мораторий аз 1 январи соли 2025 оғоз гаштааст. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президент ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомотҳо супориш доданд, ки дар муҳлати як моҳ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба амалисозии ин пешниҳод таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд. 1 моҳ.

Мораторий ба санҷишҳо барои соҳибкорон имконияти кам кардани хароҷот ва тамаркуз ба рушди тиҷоратро медиҳад. Аммо, он масъулиятро аз соҳибкорон намегирад.

Ҳатман бо қонунҳои мазкур шинос шавед:
1. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР

2. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шарҳи қонунгузории андоз

02 Jan, 06:29


Ба самъи андозсупорандагоне, ки ашёи хоми гуногунро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот менамоянд, расонида мешавад, ки тибқи талаботи Кодекси андоз аз 1 январи соли 2025 то 31 декабри соли 2026 меъёри рентаи содиротӣ ба андозаи 4 фоиз муқаррар гардидааст. То 31 декабри соли 2024 меъёри мазкур 2 фоизро ташкил медод. Бинобар ин, чунин шахсон уҳдадор мебошанд, ки рентаи содиротиро бо меъёри 4 фоиз ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт намоянд. Мактуби дасутрии Кумитаи андоз оиди ин масъала замима мегардад.

Шарҳи қонунгузории андоз

26 Dec, 09:34


📲Замимаи мобилии “Андози ман” нав карда шуд. Акнун тариқи он метавон патенту шаҳодатнома ва маълумотномаро онлайн гирифта, ҳаҷм ва қарзи андозро тариқи ҳисобкунаки андоз ҳисоб кард.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи андози кишвар хабар доданд.


Ба иттилои Кумита, шумораи истифодабарандагони замимаҳои мобилии "Андози ман" дар соли 2024-ум 30% афзоиш ёфт.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ҳоло беш аз 50 дарсади андозсупорандагон аз хизматрасониҳои онлайнӣ истифода мебаранд, ки раванди андозсупориро шаффофтар мекунад.

Хабар такмил меёбад.

Шумо аз хизматрасониҳои онлайнии Кумитаи андоз истифода мебаред? Ба он чӣ гуна баҳо медиҳед?

Бо 😍 бошед: Telegram

Шарҳи қонунгузории андоз

25 Dec, 10:22


https://mmih.tj; Маҳзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқӣ

Шарҳи қонунгузории андоз

24 Dec, 06:09


Кумитаи андоз бо мақсади дуруст андозбандии кормандони корманди кироя дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, мактуби дастурии мазкурро барои таъмини иҷро ирсол менамояд

Шарҳи қонунгузории андоз

23 Dec, 10:24


Кумитаи андоз ҷиҳати дуруст ҳисоб намудани манбаи андози роялти барои истихроҷи обҳои зеризаминӣ, ки барои истеҳсоли нушокиҳои гуногун истифода мешаванд, мутобиқ ба муқаррароти боби 45 Кодекси андоз мактуби дастурии мазкурро барои маълумот ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ирсол менамояд.

Шарҳи қонунгузории андоз

20 Dec, 10:29


Мактуби дастурӣ ба ташкилотхои қарзӣ молиявӣ оид ба аз ҷониби шахсони ҳуқуқии ватанӣ иҷрои талаботи моддаи 260 Кодекси андоз вобаста ба ААИ-и хизматрасониҳои шахсони хориҷӣ

Шарҳи қонунгузории андоз

25 Nov, 14:53


Собир Вазиров, начальник отдела пояснения налогового законодательства Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан. Выступление на ПЛАС-Форуме Digital Tajikistan.

Шарҳи қонунгузории андоз

15 Nov, 16:26


https://old.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20241115/rma-i-elektron-in-chist-va-ch-tavr-metavon-onro-ba-dast-ovard

Шарҳи қонунгузории андоз

24 Oct, 16:04


Check out "Андози ман"
https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.tax.my_tax

Шарҳи қонунгузории андоз

01 Aug, 10:37


Андозсупорандагони муҳтарам! Саннаи 25 июли соли 2024 дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-
и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии
Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар мавзӯи “Дастовардҳои
Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар нимсолаи якуми
соли 2024” баргузор гардид. Фишурдаи ҷаласаи мазкурро манзури Шумо мегардонем.

Шарҳи қонунгузории андоз

08 Jul, 08:21


Андозсупорандагони муҳтарам!Кумитаи андоз ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи муқаррароти ҚҶТ “Дар бораи ворид намудани тақйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” аз 20.06.2024, №2066, амали боби 55 Кодекси андоз - низоми содакардашудаи андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хўроки омехтаи паранда ва чорво то 31.12.2025 тамдид карда шуда, имтиёзҳои муқаррарнамудаи низоми андозбандии мазкур аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 50 дарсади меъёри андозҳои дар Кодекси андоз татбиқ мегардад. Барои маълумот ва корбарии Шумо мактуби дастурии Кумитаи андоз оид ба масъалаи мазкур манзур мегардад. Хоҳишмандем, ки муқаррароти мактуби дастурии мазкурро ҳаматрафа риоя намоед.

Шарҳи қонунгузории андоз

04 Jul, 10:59


Видеоролик оид ба қатъи электронии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ

Шарҳи қонунгузории андоз

25 Jun, 03:11


Мактуби дастурии Кумитаи андоз вобаста ба татбиқи имтиёзҳои андозии дар Қонуни ҶТ «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблаѓҳои шаҳрвандони ҶТ" пешбинӣ карда шуда.

Шарҳи қонунгузории андоз

11 Apr, 08:40


Кумитаи андоз бо мақсади татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, №2046 “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” мактуби дастурии зерро барои истифодаи хизматӣ ирсол менамояд.

2,670

subscribers

22

photos

35

videos