PARVIZ TV - НОВОСТИ @parviz_tv Channel on Telegram

PARVIZ TV - НОВОСТИ

@parviz_tv


🎥 Видᴇᴏ-нᴏʙᴏᴄᴛи Тᴀджиᴋиᴄᴛᴀнᴀ 🇹🇯

🔰 Пᴏдᴨиɯитеᴄь дᴏᴩᴏᴦиᴇ дᴩуɜья

✍🏻 По вопросам рекламы и сотрудничества/ Дар бораи реклама: @ReklamaTj_bot

Parviz TV | Hodisa TV (Russian)

Parviz TV | Hodisa TV - Видео-новости Таджикистана 🇹🇯nnParviz TV | Hodisa TV - это канал, где вы найдете самые свежие и актуальные видео-новости из Таджикистана. Мы стремимся донести до наших зрителей самые важные события и происшествия, происходящие в стране. С нами вы всегда будете в курсе последних событий и сможете быть в курсе всех политических, экономических и общественных изменений

Подпишитесь сейчас и получите доступ к эксклюзивным видео-материалам, которые помогут вам быть в курсе всего происходящего в Таджикистане. Присоединяйтесь к нашему каналу и получайте первосрочный доступ к самым актуальным новостям и событиям!
Для рекламы и сотрудничества обращайтесь по контакту: @ReklamaTj_bot

PARVIZ TV - НОВОСТИ

19 Feb, 14:00


Духтарчае,ки дар шаҳри Панҷакент аз корд  захми шуда буд айни ҳол дар хона қарор дорад. Саломатиаш хуб аст ва ба ҳамаи он нафароне,ки ба ӯ кӯмак карданд минатдории худро мерасонад. Ҳамчунин минатдории худро ба ҳамаи истифодабарандагони интернет мерасонад,ки бетараф набуданд ва аз ҳолаш пурсон шуданд


Ҳамчунин минатдории худро ба мақомотҳои қудрати ва табибон мерасанд.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

18 Feb, 20:42


Марди калонсол менамояд, шояд бемории руҳӣ дошта бошад ё ки барқасдона кард.

Аз ВКД Суғд хоҳиш мекунем ки ҳарчи тезтар ин мардро пайдо карда ба ҷавобгари кашанд.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

18 Feb, 20:40


#Новости Даҳҳо нафар бо ирсоли ин навор аз шаҳри Панҷакент хоҳиш доранд,ки ин нафар дастгир ва ба ҷавобгари кашида шавад. Ба гуфти онҳо ин ҳодиса рӯзи 13.02.2025 дар бозори Панҷакент рух додааст. Мард,ки дар даст корд дорад духтарчаро корд мезанад. Ин ҳодиса тасодуфан шуд ё, ки барқасдона ҳоло маълум нест.

Ин навор дар гӯрҳҳои Ватсапи сокинони Панҷакент паҳншуда истодааст.

Агар ин ҳодиса дар ҳақиқат рӯзи 13 шуда бошад бо боварии комил гуфта метавонем,ки  мақомотҳои қудратии шаҳри Панҷакент аллакай корбари карда истодаанд. Одатан дар вилояти Суғд мақомотҳои қудрати фавран чунин масъалаҳоро дида мебароянд.

Ин хабар ҳоло расман тасдиқ нашудааст.

Бинобар ин аз ҳамаи сокинони Панҷакент хоҳиш карда мешавад,ки ором бошанд ва хабарҳои расмиро оид ба ин ҳодиса интизор бошанд

🔸 Ба
@Parviz_TV обуна шавед 👈

PARVIZ TV - НОВОСТИ

17 Feb, 06:39


Як ҷавони тоҷик дар ҷанги Украина барои наздиконаш паём сабт мекунад. Дар видео ӯ ба бародараш муроҷиат намуда, мегӯяд, ки тамоми гурӯҳаш кушта шудааст ва танҳо ӯ зинда мондааст. Ӯ маҷрӯҳ аст ва зиёда аз 6 шабонарӯз бе хӯрок ва об дар муҳосира қарор дорад. Ӯ мегӯяд, ки комилан хаста шудааст ва дигар наметавонад ҳаракат кунад.

Дар видео Маъруф (номи ин ҷавон) бо наздиконаш видоъ мекунад. Ӯ аз бародараш хоҳиш мекунад, ки ба писараш ғамхорӣ намояд. Ҳамчунин, аз хоҳараш, модараш ва падараш (ки ӯро «аво» меномад, ки дар лаҳҷаи вахиҳои кӯҳистонии Тоҷикистон маънои падарро дорад) узр мехоҳад ва онҳоро ба ваҳдату дӯстӣ даъват мекунад.

Холо маълум нест зинда ë мурда буданаш

❗️Подпишись на
@Parviz_TV 👈

PARVIZ TV - НОВОСТИ

15 Feb, 11:01


#Новости Тибқи қонунҳои нави Федератсияи Русия нафароне,ки бе Патент кор мекунанд ё,ки дар ҳуҷҷатҳои онҳо ягон камбуди ҳаст кортҳои бонкиашон махкам карда мешавад.

Ба чунин нафарон то 30 апрели 2025 вақт дода шудааст то,ки ҳуҷҷатҳои худро қонуни гардонанд. Танҳо баъди ин кортҳои бонкии шуморо аз нав мекушоянд.

Чунин нафарон метавонанд, ки бе ягон мушкили ба ФМС муроҷиат намоянд. Шуморо барои ин то 30 апрел депортатсия намекунанд.

Агар дар ҳуҷҷатҳо камбуди дошта бошед то 30 апрел ислоҳ намоед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

14 Feb, 15:16


Садама дар роҳи Душанбе Хуҷанд. Хушбахтона ягон нафар осеби ҷиддии ҷисмони ё ки ба ҳалокат нарасидааст.

Аз ҳамаи ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки дар роҳ эҳтиёт бошанд

PARVIZ TV - НОВОСТИ

14 Feb, 07:53


#Новости Рӯзҳои охир қурби рубли русӣ беист боло рафта истодааст. Бори аввал дар чанд моҳи ахир қурби рубли русӣ аз 120 сомони гузаштааст. Айни ҳол 1000 рубли ба 120,14 сомони баробар аст.

Ба фикри шумо аз ин пас қурби рубли русӣ боло меравад ё,ки поён?

👍 - Боло меравад

🔥 - Поён меравад

PARVIZ TV - НОВОСТИ

13 Feb, 14:12


Мӯҳтарам муҳоҷирони азиз! Агар ҳуҷҷатҳои шумо ягон камбудӣ дошта бошад ва ғайри қонуни бошад системаи МВД ба шумо чунин ҷавоб медиҳад. Нигаред ба расм ☝️

Дар ин ҳолат шумо бояд фавран ба ФМС Руссия муроҷиат намуда то моҳи май ҳуҷҷатҳои худро қонуни гардонед.

Агар номи шумо дар системаи МВД Руссия бошад:

1)Корти бонкии шумо махкам мешавад
2)Фарзандонро ба мактаб дода наметавонед
3)Хона ба иҷора гирифта наметавонед ва ғайраҳо.

Хулоса маҳдудиятҳои зиёд дорад.

Бинобар ин ҳатман ҳуҷҷатҳои худро то моҳи май қонуни гардонед

Шумо ҳам ба инҷо дохил шуда ному насаби худро санҷед 👇

http://xn--b1aew.xn--p1ai/rkl

PARVIZ TV - НОВОСТИ

13 Feb, 06:01


#Новости Садама дар роҳи " Варешелобод " Ҳодиса рӯзи 12.02.2025 рухдода хушбахтона ҳалокшудагон нестанд.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз!

PARVIZ TV - НОВОСТИ

13 Feb, 04:54


#Срочно Мӯҳтарам муҳоҷирони меҳнатие,ки айни ҳол дар Руссия қарор доранд. Шумо дар сомонаи расмии МВД Россия ному насаби худро тафтиш намоед. Агар ному насаби шумо дар онҷо пайдо гардад пас ҳуҷҷатҳои шумо ягон камбудӣ доранд. Дар ин ҳолат шумо бояд то моҳи май ҳуҷҷатҳои худро қонуни намоед. Ссылка барои тафтиш 👇

http://xn--b1aew.xn--p1ai/rkl

Ин ссылка танҳо дар ҳудуди Руссия кор мекунад. Яъне,ки шумо айни ҳол дар Тоҷикистон қарор дошта бошед ин ссылка кор намекунад.

Барои ворид шудан ба ин ссылка бояд,ки шумо ВПНи телефони худро хомӯш намоед.

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

12 Feb, 05:03


#ЯкСавол Оё шумо бо чунин мушкилот ру ба рӯ шудед?

PARVIZ TV - НОВОСТИ

09 Feb, 19:55


#Новости Дар додо пиццаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 9 феврал тахфиф эълон кардаанд. Вақте,ки одамони зиёд меоянд кормандонаш муносибати хуб накарда дағалона рафтор кардаанд.

Бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозигии худро баён кардаанд ва менависанд,ки агар чунин бошад барои чи дар ҳамаҷо реклама карда ҳамаро рӯзи 9 феврал даъват карданд.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

07 Feb, 14:19


Бахтиёр Исмоилов,зодаи Тоҷикистон дар вилояти Маскав як тифли 11-моҳаро,ки бо либоси тунук дар роҳ баромадаву мегирист,наҷот додааст.
У ки чун курер кор мекардааст,ҳангоми бозгашт ба хона дар роҳ тифлро дидаву ба мошинаш савор мекунад ва ба ёрии таъҷиливу пулис занг мезанад.Дере нагузашта наздикони ин тифл низ пайдо шудаанд.
Модари кудак аз муҳоҷири Бахтиёр барои наҷоти фарзандаш миннатдорӣ кардааст.

Подписаться на канал:👇
@Parviz_TV

PARVIZ TV - НОВОСТИ

03 Feb, 20:50


МАРКАЗИ РОБИТАҲОИ ҶАМЪИЯТИИ САРРАЁСАТИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХАБАР МЕДИҲАД

👇👇👇👇👇👇👇👇
3 феврали соли 2025, соати 15:44, гурӯҳи 9-нафараи маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар натиҷаи ҳамла, 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Маҳбусон ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро бидуни даъвою шартгузорӣ давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расонида, фирор намоянд.

Муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, маҷбур гаштанд, ки дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд. Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд.

Ба захмбардоштагон саривақт ёрии тиббӣ расонида шуд. Вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мегардад.

Низоми нигаҳдошт ва ҳимояи муассиса пурра барқарор гардид.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

01 Feb, 18:10


Бзанен ятаи лайку смайлика 👍 ❤️

Муборак бошад ба хама мардуми тоҷик Мухаммад Наимов ғолиб шуд.🥊

PARVIZ TV - НОВОСТИ

01 Feb, 17:24


☄️Муҳаммад Наимов ғалаба кард!

Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов (12-3) дар мусобиқаи UFC Fight Night 250 дар Арабистони Саудӣ бар рақибаш Каан Офли (11-4-1) пирӯз шуд!

Муборак бод!

PARVIZ TV - НОВОСТИ

01 Feb, 11:29


💬 Дар Панҷакент се нафар барои шикастани аломати роҳ ҷазо гирифтанд!

Милитсия шахсияти онҳоро муайян ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид.

Онҳо шаби 29 ба 30 январ дар ҳолати мастӣ аломати роҳро шикаста буданд.

Тибқи иттилоъи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ин нафарон ҷазои маъмурӣ гирифта, аломатро барқарор карданд.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

30 Jan, 10:57


#Менависанд Салом Парвиз ТВ. Мо сокинони шаҳри Панҷакент субҳи 30.01.2025 мушоҳида кардем,ки "знакҳои" сарироҳ чаппа шудаанд. Баъди аз назар гузаронидани камераҳои назорати муайян шуд,ки ин корро, ки кардааст. Наход се нафар мардаки калон ин корро кунанд? Мо ҳайронем,ки ин знаки сарироҳ чи гуноҳ карда бошад,ки онҳо ӯро шикастанд. Мо мехоҳем,ки онҳо омада барқарор кунанд

Менависанд ба мо як қатор сокинони шаҳри Панҷакент

Мо низ аз ин нафарон эҳтиромона хоҳиш менамоям,ки омада барқарор кунанд ва дигар ба чунин корҳо даст назананд

PARVIZ TV - НОВОСТИ

28 Jan, 15:03


Ҳавопаймои мусофирбар, ки дар дохили он 169 нафар қарор дошт, ҳангоми омодагӣ ба парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ пурра сӯхт. Ба ҳеҷ кас осеб нарасидааст.

#ЮжнаяКорея #Новости #ПарвизТВ

PARVIZ TV - НОВОСТИ

26 Jan, 20:14


Бачахако дхтарако аз хаминхел машеникхои телеграм эхтиëт бошед.
Ба ягонхел бозихои телеграм Бовари накунед.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

22 Jan, 19:45


Ҳеҷ гоҳ бетарафиро ихтиёр накунед! Ҳар нафар метавонад дар тарбияи наврасон саҳми арзандаи худро гузорад.

🇹🇯 Бо @Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

19 Jan, 20:12


#Менависанд Қорӣ Бурҳониддин аз ноҳияи Ёвон рузи ҷумъа баъди амри маруфаш ҳангоми аъзон ба саҷда рафтан ҷон бар Ҳақ супорид.

Худованд рахмат кунад ва макони охираташро бихишт гардонад

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

15 Jan, 20:19


ХАБАРИ ХУШ 🎉🥳

Байни Артиши Исроил ва Ғазза созишнома баста шуд ва ҷанг ба охир расид - Алҳамдулиллаҳ 🤩

Муборак шавад 😇

PARVIZ TV - НОВОСТИ

15 Jan, 16:35


#Эълон Ин нафарро поезд задааст,ки дар натиҷа дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст. Шахсияташ то ҳол номаълум.

Агар Шумо шиносед ба ин рақамҳо занг занед ё ки ба наздиконаш ин хабарро расонед

883260070
907002221

PARVIZ TV - НОВОСТИ

13 Jan, 18:52


Муҳоҷири тоҷик аз ошенаи 25- ум аз сохтмоне дар Екатеренбург ба замин афтода ҳалок шудааст.

Худо Раҳмат кунад. Эҳтиёт бошед муҳоҷирони азиз. Ҳеҷгоҳ ба саросемагӣ роҳ надиҳед ва ба техникаҳои бехатари риоя намоед.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

11 Jan, 17:36


Эълон!!! Муроҷиати фаври‌ ба шаҳрвандон! Мукофотпули‌ - 200 000 сомони‌!

Рае‌сати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони Ҷумҳури‌ муроҷиат менамояд, то дар ошкор намудани ду ҷиноят мусоидат намоянд. 1. Шаби 6-ум ба 7-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат куштори шаҳрванд Ҳае‌тов Маҳмадали‌ Ғафорович, санаи таваллудаш 25.02.1974, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Чуянгарон, деҳаи Бонғура, хонаи N229 содир гардидааст.

2. Ру‌зи 5 декабри соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат куштори шаҳрванд Олимов Тоҷиддин Мухидинович, санаи таваллудаш 27.12.1948, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати А. Абдулвосиев, деҳаи Баҳористон, хонаи N-205 содир гардидааст.

Барои муаи‌ян кардани ҳолатҳо ва боздошти гумонбаршудагон мукофотпули‌ ба андозаи 200 000 сомони‌ ба шахсоне дода мешавад, ки маълумоти боэътимод ва дақиқ оид ба ин ҷиноятҳо пешниҳод менамоянд.

Махфи‌ нигоҳ доштани шахсият ва таъмини амнияти шахси мусоидаткунанда кафолат дода мешавад. Тамос:

Телефон: (Whatsapp)
[+992 918-63-33-50]
Почтаи электрони‌: [
[email protected]]

PARVIZ TV - НОВОСТИ

10 Jan, 14:04


ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама
намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2025
№915

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фармонҳо #Указы #Decrees

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

PARVIZ TV - НОВОСТИ

09 Jan, 03:59


‼️ Имрӯз, 9 январ аз соати 10:00 то соати 18:00 интиқоли оби нӯшокӣ дар чанд маҳаллаи Душанбе, аз ҷумла ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои А.Қаҳҳоров, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то хонаи Nº36, хиёбони С.Шерозӣ то хонаи Nº24 ва ноҳияи Сино: шаҳраки 10-ум ва Қарамиршикор муваққатан қатъ мегардад.

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

07 Jan, 19:11


Дар н.Ёвон як гуруҳ ҷавонон ба ин сарди нигоҳ накарда мусофирони мошинеро ки дар дарё афтида буд наҷот доданд!

Офарин ба чунин ҷавонон👏

PARVIZ TV - НОВОСТИ

06 Jan, 09:48


#Новости То охир тамошо кунед ва эҳтиёт бошед. Чунин ҳодисаҳо бинобар боридани барф хело зиёд рух дода истодаанд

PARVIZ TV - НОВОСТИ

03 Jan, 17:45


Осторожно
Дар зери пои домоду арус фарши хона фуру рафта, ҳама ба зери хона афтиданд 😳

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

03 Jan, 13:17


Ассалому алейкум
📑Хизматрасонии Ҳуҷҷатҳо барои Мухоҷирон📃
(Оригинал - Дубликат)
Бисёр намуди документҳоро дорем бо нархҳои дастрас. Качественный
Документхои гумшударо восстанавит  мекнем
💻Проверка Депорт Запрет Выезд Штраф.(официально)

Справка Ковид
Справка не Женат
Справка не Судимость
Мед Книжка Оригинал
Справка 0-86

Права Точики 🇹🇯
Права Узбеки 🇺🇿
Права Российский 🇷🇺
Права Польша🇵🇱
Права Европа 📊
Права США 🇺🇸
Права Азербайджан 🇦🇿
Права Кизгизстан 🇰🇬
Права Казахстан 🇰🇿
Права Тракторист 🚜

id (айди) Польша 📊
Id (айди)  Европа 📊

Патент
Регистрация
Миграционная Карта
СНИЛС
Чек Патент

Диплом
Студенческий билет
Удостоверение сваршик
Тех паспорт
Свидетельство
Аттестат
ИНН
Перевод Права, Паспорт

Права барои кушодани Яндекс Такси стаждор мекунем

📦ДОСТАВКА ХАСТ📮

Ба саволҳо оиди документҳоямон чавоб медихем, нависед занг занед
Телеграм +79809684444
Ватсап      +79809684444

PARVIZ TV - НОВОСТИ

02 Jan, 12:28


#Новости Дар роҳи Ҳисор ронандаи такси пиёдагардро бо мошинаш задааст. Хушбахтона пиёдагард зинда вале ҷароҳат бардоштааст.

Аз ҳамаи ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки дар роҳ эҳтиёт бошед. Мошинро бо суръати баланд наронед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

28 Dec, 08:13


Эмомалӣ Раҳмон: Аз моҳи майи соли 2027 камбудии энергитикӣ дар Тоҷикистон пурра аз байн меравад ва кишвар пурра ба истиқлоли энергетикӣ даст меёбад
-"Шояд ин зимистонҳои охире бошад ки мо бо мушкили паси сар мекунем, зимистони дар пеш истода хеле беҳтар мешавад"

Аз 1 сентябри соли 2025 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёна 30% зиёд карда мешавад.

🔥Маоши кормандони дигар бахшҳои буҷавӣ аз маориф то тандурустӣ ва стипендияҳо 20% зиёд карда мешаванд.

🔥Маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 20% зиёд мегардад.

@Parviz_TV - Обуна шавед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

26 Dec, 07:55


🦊Ба гуфти сокинон дар шаҳри Душанбе рӯбоҳ пайдо шудааст. Баъзеҳо мегӯянд,ки онҳо саг ҳастанд-рӯбоҳ нестанд.

Ба фикри Шумо дар навор сагҳо ҳастанд ё ки рӯбоҳ?

❤️ - Рӯбоҳ 🦊
🔥 - саг 🐶

@Parviz_TV - Обуна шавед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

25 Dec, 19:00


Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар н.Шоҳмансур, барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, Салимов Субҳон сокини 28-солаи ш.Душанбе дастгир карда шуд. Номбурда санаи 25-уми декабри соли ҷорӣ, дар кӯчаи С.Айнӣ, назди Маркази савдои "Олами китоб" нисбати атрофиён дашномҳои қабеҳ намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.
Ҳамзамон номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мунтазам наворҳои ғайриахлоқӣ нашр мекунад, ки ин амали ӯ боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардидааст.
Вобаста ба ин, нисбати Салимов С. маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда,  мавриди санқиш қарор дорад.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

24 Dec, 16:25


#Новости Дар Фудситии шаҳри Москва байни муҳоҷир духтарон занозани рух додааст. Сабаби занозани ҳоло маълум набуда мақомотҳои қудрати тафтишотро шурӯъ намудаанд.

Ин духтарон зодагони кадом давлат ҳастанд гуфта намешавад. Вале дар навор асосан калимаҳои тоҷики шунида мешавад

PARVIZ TV - НОВОСТИ

23 Dec, 08:43


#Новости Садама дар роҳи Ромит. Ду мошин бо ҳам бархӯрдаанд. Ба гуфти шоҳидон яке аз мошинҳо ки пур аз мусофирон буданд ба тӯй равон буданд.

Якчанд нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз! Мошинро бо суръати баланд наронед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

21 Dec, 05:33


Ходисаи конибодом😱

Бо @Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

21 Dec, 05:31


‼️ Бо @Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

20 Dec, 20:37


#Новости Худи ҳозир садамаи вазнин дар чорроҳаи Саховат. Якчанд нафарро ба беморхона интиқол додаанд

PARVIZ TV - НОВОСТИ

20 Dec, 07:23


#Диққат дар Конибодом байни мардум овозае ҳаст,ки ҷинояткорон дастгир шудаанд. ИН ду акс дар ватсапи сокинони Конибодом паҳн шуда истодааст.

Сокинони азиз! Дар онҷо муфаттишон шабу рӯз кор карда истодаанд. Баъзе нафаронро ҳамчун гумонбар барои " допрос " даъват " карда истодаанд. Нафарони гумонбарро тафтиш карда истодаанд. Ин як кори мукаррари барои кормандони мақомоти қудратӣ мебошад. Дар ҳолати пурра муайян ва дастгир шудани ҷинояткорон шуморо ҳатман огоҳ менамоем

Шубҳае нест,ки ҷинояткорон рӯзе дастгир ва ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Ҳамчунин агар Шумо оиди ҷинояткорон ягон маълумоте дошта бошед ҳатман ба мақомотҳои қудрати хабар диҳед

Ба овозаҳои беасос бовар накунед.

      Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

18 Dec, 05:40


⛽️ Дар Узбекистон дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таркиши шадид рух дод. Даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Дар истгоҳи сӯзишворӣ, ки дар он бензин ва пропан нигоҳ дошта мешуд, таркиш рух дод. Оташ фавран ҳама чизро фаро гирифт. Одамоне, ки дар наздикии он буданд, дар ҷои ҳодиса кушта шуданд.касеро мавҷи таркиш пора — пора кард, касеро зинда ба зинда сӯхт.

Бо @Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

06 Dec, 16:04


‼️ Насби асбобҳои махсуси садодиҳанда мумкин нест

Кормандони бозрасӣ, барои насб намудани асбобҳои махсуси садодиҳанда (серена), Шарипов Фаридун ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақамҳои қайди давлатиаш 0073АА10-ро дастгир намуданд.
Нисбаташ бо моддаи 316 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳолати қонуншиканӣ бартараф карда шуд.


🇹🇯 Бо @Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

05 Dec, 19:39


#Новости Садмаи вазнин дар роҳи Ғарм минтақаи Нуробод. Бар асари бархӯрди ду мошини пур аз мусофирон якчанд нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ҳамаи онҳо ба беморхона интиқол додашуда тақдири баъдинаи онҳо ҳоло маълум нест.

Аз ҳамаи ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки дар роҳ эҳтиёт бошанд. Мошинро бо суръати баланд наронед. Дар хотир дошта бошед ки шуморо дар хона наздикону пайвандон интизор ҳастанд

PARVIZ TV - НОВОСТИ

05 Dec, 13:40


Шиноснома ёфт шудааст. Ба ному насаби Сиёвуш Шарифов, аз ҳудуди 101 мкр дарёфт шудаст.
Метавонед ба рақами +992000602790 занг занед ё дар телеграм нависед.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

04 Dec, 16:05


Аҳсан ба ВКД Душанбе 👏

Дар асоси муроҷиати интернетии як нафар шаҳрванд, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар н.Сино, ронандаи нақлиёти тамғаи "BYD", рақамҳои давлатиаш 7621ТТ09 Юсупов Суҳроб дастгир карда шуд. Номбурда имрӯз 4-уми декабр зимни фаъолияти мусофиркашонӣ нисбати мусофирзани муроҷиаткунанда дағалона рафтор намудааст.
Вобаста ба ин, нисбати ронанда-Юсупов С. маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

04 Dec, 15:27


● Шикояти як зан нисбати ронандаи такси. Ба фикри шумо дар ин ходиса ки гунаҳкор аст ?

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

02 Dec, 13:51


#Новости Ронандаи Мерседес Махмадюнус Хабиров ,ки зодаи Точикистон будааст баъди як мунокиша, ки дар рох рух додааст дастгир шудааст.

Аз ин Пеш баъди як мунокишаи дигар ( Навори 2) ба у огохи дода озод карда будаанд. Эхтимол баъди ин ходисаи бар зидди у парвандаи чинояти кушоянд.
Гуфта мешавад, ки у хамчунин шахрвандии руссиро дорад.

Аз хамаи мухочирони мехнати эхтиромона хохиш карда мешавад, ки ба конуншикани даст назананд.
Айни хол барои чунин ҳодисаҳо шуморо ба ҷавобгарӣ кашида шахрвандии шуморо бекор мекунанд.

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

01 Dec, 11:20


#Новости Як гуруҳ хонандагони мактаби № 82 н.Сино ки рузи 28-уми ноябр дар н.Сино кучаи Ҳисор байни якдигар муноқиша карданд, ҳамаи иштирокчиёнро ба ШВКД-2 дар н.Сино дастрас карда шуда нисбаташон корҳои фаҳмондатии анҷом дода шуд

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

30 Nov, 07:55


Роҳи Душанбе Хуҷанд.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз
!

Бо @Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

29 Nov, 14:16


‼️ Боздошти духтари 18-сола бо ҷурми дуздӣ дар Бохтар

ШВКД дар шаҳри Бохтар хабар медиҳад, ки марди 37-сола аз рабудани маблағи пулиаш аз ҷониби шахси номаълум шикоят кардааст.

Ба гуфтаи ҷабрдида рӯзи 21 ноябри соли равон бо роҳи пинҳони шахси номаълуме аз ҷайбаш 12 ҳазор сомонӣ ва 7 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ин ҷиноятро духтари 18-солаи сокини ноҳияи Дустӣ содир намудааст. 

Ҳоло аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

28 Nov, 15:06


#Менависанд: Ин навор як чанд моҳ пеш баромада буд ва соҳиби навор имруз ба мо навист ва хоҳиш мекунад аз нафароне ки дар навор дашном мекунанд чора андешида шавад мегуяд то имруз маро азоб медиҳанд чанбор шикоят кардаст бе натиҷа дашномдиҳандагон ба ин зан мегуфтиянд мо 35 ҳазор додем халос шудем ва чикоре хоҳем мекунем гуфта ин занро латукуб мекардиянд.
Ин ҳодиса дар Регар рух додааст

PARVIZ TV - НОВОСТИ

27 Nov, 14:34


#Новости Ҳайвони хело нодир ва гаронарзиш дар роҳ. Ин намуд ҳайвонҳо асосан дар қуллаҳои баланди кӯҳҳои Тоҷикистон мегарданд. Шумораи ин намуд ҳайвон хело кам аст. Барои дидан ва шикори ин намуд ҳайвон аз давлатҳои Амрико ва Аврупо ба Тоҷикистон меҳмонони зиёд меоянд.

Ин ҳайвон ба фикри шумо дар Тоҷикистон чи ном дорад?

🔥 - Бузи пармашох

👍 - Бузи морхур

PARVIZ TV - НОВОСТИ

27 Nov, 10:53


🚫 Чунин навиштаанд: Ин кудаконро мо худи ҳозир дар бозори "Само" пеши худамон нигоҳ доштаем. Хонаашон 8-ум мкр ш. Ҳисор пеши морг номи волидаи‌нашон Нигова ва Умед будааст . Хоҳиш мекунем чораҷу‌и‌ карда шавад

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

27 Nov, 07:13


#Новости Моҳи ноябри соли 2024 дар шабакаҳои иҷтимои навори видеои оид ба рақсҳои зидди ахлоқи Қурбонов Қадам Гулмањмадович, сокини д. Чагами н. Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон бо рақоса «Миҷгона»» аз ансамбли «Падида» сокини ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, к. Борбад ба шабакаҳои иҷтимои паҳн гардид.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25.11.2024 Қурбонов Қ.Г., даъват гардида, бо мақсади пешгири ва минбаъд содир нагардидани чунин кирдорҳои зидди урфу одатҳои миллӣ ва ахлоқӣ суҳбатҳои инфиродӣ ва профилактикӣ гузаронида шуда огоҳии расмӣ карда шуд. 

Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

26 Nov, 16:09


Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар н.Шоҳмансур, ноболиғ Ризоев С. сокини 14-солаи ноҳияи Рӯдакӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда асосан ҷиноятҳои дуздиро дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур содир намуда, бо роҳи пинҳонӣ дучархаҳои шаҳрвандонро рабудааст.
Айни замон 8-ҳолати дуздии Ризоев С. муайян карда шуда, аз ӯ 8-адад дучарха ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Оид ба дигар лаҳзаҳои ҷинояти ӯ тафтишот идома дорад. 

PARVIZ TV - НОВОСТИ

25 Nov, 04:56


#Новости Садама дар роҳи Душанбе Ёвон. " Цементовоз" чаппа шудааст.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз

PARVIZ TV - НОВОСТИ

23 Nov, 17:46


#Новости Ин марде ки худашро дор кашидааст модарашро лату куб карда бурда дар мусорка партофта худашро дор кашидаст ин ходиса дар нохияи шахринав санаи 22.11.2024 рух додаст
Сухроб Забиров.

Сабаби ин ходиса холо маълум нест ягон хабари дигар шавад хатман ба шумо хабар медиҳем.

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

23 Nov, 10:02


🌠Бозии нав аз дӯстони наздики созандаи телеграм Павел Дуров – TVERSE.

Галактикаи худро созед ва дар оянда ки медона ин галактика ба шумо чи сюрпризхо меорад🤫.

Бози кардан👉 сылка
Бози кардан👉
сылка
Бози кардан👉
сылка

PARVIZ TV - НОВОСТИ

23 Nov, 03:43


#Новости Шинос шавед корманди нави РВКД ( РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИ) дар Тоҷикистон .

Робот милитсия дар хизмати халқ. 😊

PARVIZ TV - НОВОСТИ

22 Nov, 19:40


Баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт бо мақсади худнамоӣ ва зимни ҳаракат дар роҳ нисбат ба дигарон бартарият доштан, дар нақлиёти худ таҷҳизоти махсуси садодиҳандаву равшанидиҳанда насб мекунанд. Аз ҷумла, Назаров Нуриддин ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота», рақамҳои қайди давлатиаш 0100QU01, маҳз бо ҳамин мақсад дар воситаи нақлиёти худ таҷҳизоти махсус насб кардааст.  
Нисбаташ бо модда  316 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷариманбандӣ гардид
.

Бо @Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

21 Nov, 07:30


#Новости Нафаре,ки ба фурӯши ашёҳои бадахлоқӣ 18 + ё,ки агар бо забони руси гӯем " Секс игрушки" машғул буд дастгир шудааст. Ашёҳои бадахлоқона ибрат аз асбобҳои мардонаи резини ва дигар чизҳо иборат будааст

Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад

Ба фикри шумо фурӯши  " Секс игрушки" дар Тоҷикистон манъ карда шавад ё, ки иҷозат дода шавад?

👍 - Манъ карда шавад

🔥 - Иҷозат дода шавад. Ягон бади надорад.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

20 Nov, 09:26


#Новости Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз автобусҳое,ки муҳоҷиронро ба Русия мебарад.

Мегӯянд,ки ба 10.000 рубли чипта харидем. Ба ин нигоҳ накарда ҳамаи хароҷотҳои роҳро аз мусофирон ҷамъ мекунанд. Азон ҷумла ҷаримаҳои "ГАИ"ро аз мусофирон гирифтаанд.

Ба гуфти муҳоҷирон айни ҳол хароҷоти онҳо аз 20000р гузаштааст

Ба фикри шумо автобус беҳтар аст ё ки Самолёт агар арзиши чиптаи автобус 10.000 рубл ва + 10.000 рубли дигар барои роҳ сарф шавад ва чиптаи самолёт 30.000 рубл бошад.

👍 Самолёт беҳтар ( 30.000р)

🔥 - Автобус беҳтар ( 20.000р)

PARVIZ TV - НОВОСТИ

19 Nov, 17:17


🔴Муноқишаи як гуруҳ занон ва бетартибиро ба вуҷуд овардани онҳо дар доми Неъмат Қарабоев 56 ки боиси халал дор гаштани дигар сокинон мегардад!

Сабаби ин ҳама муноқишаҳо ҳарӯз дар ҳолати масти будани як зан мебошад ки боиси ин муноқиша гаштааст

🇹🇯 Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

19 Nov, 14:45


#Новости НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ ДАР ҶУМҲУРӢ 100 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2024, дар санаи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз мӯҳлат ва дар сатҳи зарурӣ сад фоиз иҷро гардид.


Тибқи оморҳои мавҷуда дар даъвати тирамоҳии имсола шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ нисбат ба солҳои пешин ниҳоят зиёд буданд.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

18 Nov, 03:56


Дар идомаи амалиёти шартии "Корд", аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино барои ба ноболиғон ба фурӯш гузоштани табарчаҳои оҳанин, шаҳрванд Эмомов Бахтиёр, соли таваллудаш 1981 боздошт гардид. Аз номбурда якчанд адад чунин табарчаҳо мусодира карда шуданд.
Инчунин аз ҷониби кормандони шуъбаи мазкур Неъмонзода Сулаймон, сокини 27-солаи ш.Душанбе боздошт карда шуда, аз дасташ як адад корди хурди ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфт карда шуд.
Нисбати номбурдагон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

16 Nov, 10:58


☆ Роҳи Душанбе Помир. Дар навор қариб,ки ҳамаи мошинҳо электромобиль ҳастанд.
Дар Рох эхтиëт бошед ронандагони азиз!

Бо
@Parviz_TV бошед ☑️

PARVIZ TV - НОВОСТИ

13 Nov, 18:00


#Эълон Ин Ҷавони 18 - 19 сола гум шудааст. Бемории руҳӣ дорад.
Аз шаҳри Ҳисор тарафои Зарафшон 33.
Аз сокинони шаҳри Ҳисор хоҳиш карда мешавад, ки агар дидан ба ин рақам занг зананд.

+992903663435

PARVIZ TV - НОВОСТИ

12 Nov, 04:10


#Новости Як мардро дар Душанбе барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза боздошт кардаанд 🚨

💬 Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дода, навиштааст, ки боздоштшуда Сафаров Рустам, сокини пойтахт аст.

💸Ба гуфтаи манбаъ, ин нафар рӯзи 5-уми ноябр аз як мағозае дар кӯчаи Каринмани пойтахт 220 ҳазор сомонӣ ва 13 ҳазору 700 долларро дуздидааст.

💵Гуфта мешавад, ки баъди боздошт мақомот аз ӯ як қисми ин маблағро дарёфт ва мусодира кардаанд.

⚖️ Пулис алайҳи Сафаров Рустам бо иттиҳоми дуздӣ (моддаи 244 қисми 4 кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Бар асоси ин иттиҳом ба Сафаров аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари боздоштшуда ва наздикону пайвандони ӯ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бо
@Parviz_TV бошед ☑️

PARVIZ TV - НОВОСТИ

11 Nov, 10:06


#Новости Сокинони маҳаллаи 63и шаҳри Душанбе кӯчаи Фирдавси 115 менависанд,ки як мард ва як зан тақрибан ду моҳ мешавад,ки дар инҷо хоб мераванд ва шабро рӯз мекунанд. Рӯзона ба куҷое мераванд ва шабона боз меояд. Акнун,ки дар берун ҳаво сард аст аз он хавотир мешаванд,ки боз ягон ҳодисаи нохуше бо онҳо рух надиҳад.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

11 Nov, 04:48


#Новости Муноқишаи Як гуруҳ муҳоҷирони тоҷик бо чанд нафар кормандони дигар ки якҷоя дар ширкати Wildberries кор мекарданд

Сабаби ин муноқиша дар он мебошад ки сардори смена фармоишҳоро ба онҳо вазифадор карданд ва онҳо аз фармоишҳо норози буданду сардори сменаро латукуб карданд.

Бо
@Parviz_TV бошед ☑️

PARVIZ TV - НОВОСТИ

10 Nov, 18:24


Аҷоиб! Аз 1 январи соли 2025 дар шаҳри Челябински Руссия нархи патент - 15 000 рубл мешавад.

Рост бошад?

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

07 Nov, 12:27


Наворо то охир тамошо кунед.
Чинояткорон дасгир карда шуданд.

Аҳсан. Як қарсак ба ВКД ҶТ 👏

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

06 Nov, 14:12


#Новости Ҳодисаи нохуш дар шаҳри Хуҷанд. Мошини боркаш рамаи гӯсфандонро пахш намудааст.

Ҳодисаи бо айби ки рух додааст муайян карда мешавад.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагон ва пиёдагардони азиз!

Ба фикри шумо дар ин ҳодиса ки гунаҳкор?

👍 - Ронандаи мошин

👎 - Подабон

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

06 Nov, 06:07


#Новости Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов,ки дар клуби футболи Ростови Русия бози мекунад дар бозии байни Ростов ва Спартак бозингари беҳтарин эълон шуд.

Дар ин бози Ятимов зарбаи 11 метраро баргардонд.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

05 Nov, 08:02


#Новости Ин наворро шаҳрвандони Узбекистон ба мо ирсол карданд. Гуфта мешавад,ки ин ҷавони тоҷикро дар Русия мошин задааст ва айни ҳол дар беморхона қарор дорад. У худро аз Панҷакенти Тоҷикистон гуфтааст.

Наздиконашро меҷуянд. Агар Шумо наздикони ин ҷавонро шиносед, ин хабарро расонед.

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

04 Nov, 16:22


📱Дуздии телефон аз ҷониби 2 кудак 🚷

#Менависанд Хами навора монен ака падар модарошон сохиби кнан фарзандошона Телфони донишчу пшташда пулай ака И кудак хела вахт шидай хами корда машгулан хичка сохиби намекнан.

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

04 Nov, 11:14


⚡️ 2 Футболбозро барқ зад дар майдони бозӣ дар Перу вафот карданд. ҳафт варзишгари дигар сахт осеб диданд 😱

Сабаби фоҷиа дар минтақаи “Хунин” барқ буд. Барқ ҳангоми бозии байни дастаҳои Juventus Bellavista ва Familia Choco ба майдони футбол зарба зад. Ҳимоятгари Хосе Уго де ла Крус Меса кушта шуд ва яке аз ҳафт осебдида дарвозабон Хуан Чока мебошад, ки осеби сахт дида, дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Бо
@Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

03 Nov, 18:24


#Новости Садами вазнин дар шаҳри Душанбе. Ҳодиса соати 02:56:31 дар наздикии кинотеатри Зебунисо рух додааст. Дар навор дида мешавад,ки мошин бо суръати хело баланд ҳаракат мекунад ва дар гардиш ба садама дучор мешавад.

Мӯҳтарам ронандагони азиз! Мошинро бо суръати баланд наронед. Дар хотир дошта бошед,ки шуморо дар хона фарзандон интизор ҳастанд

PARVIZ TV - НОВОСТИ

03 Nov, 04:17


#фотодня Мошинро бо суръати баланд наронед. Дар хотир дошта бошед,ки шуморо дар хона фарзандон интизор ҳастанд.

PARVIZ TV - НОВОСТИ

02 Nov, 04:54


🇹🇯🇰🇷 Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар бораи фиристодани муташаккили муҳоҷирони меҳнатӣ мувофиқа кард 🤝

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо ҳамкорони Кореяи Ҷанубӣ ёддошти тафоҳум имзо кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз соли 2025 ба таври расмӣ Дар Корея тавассути Системаи иҷозати кор (EPS) кор кунанд. Ин система барои ҳимояи ҳуқуқи коргарони хориҷӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъсис дода шудааст.

Барои кор кардан дар Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷиронро лозим, ки забони кореяги ва касб дошта бошанд!

Бо @Parviz_TV бошед

PARVIZ TV - НОВОСТИ

01 Nov, 18:14


Бояд хотима дода шавад ‼️
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
баъзе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои, ба гуфтаашон бе асос боз кардани парвандаи ҷинои, аз чумла барои гузоштани "лайк"дар интернет танкид кард.

Бо
@Parviz_TV бошед

Parviz TV | Hodisa TV

31 Oct, 15:18


‼️ Фурӯши машруботи спиртӣ ва сигарет ба ноболиғон қатъиян манъ аст - Қонуни ҶТ.

ВКД ҶТ: Баъзе аз соҳибкорон дидаву дониста, бо мақсади ба даст овардани манфиати ночизе ба ин амали нангин даст мезананд.
Дар натиҷаи баргузории як амалиёти санҷишӣ, давоми ду рӯзи охир кормандони милитсияи пойтахт зиёда аз 20-ҳолати ба ноболиғон фурухтани чунин маҳсулот муайян карда шуданд.
Аз ҷумла, Норов Фурқат, сокини 29-солаи ш.Душанбе, соҳибкори Маркази савдои «Сомон» ва Мирсаидов Бахтиёр, фурушандаи мағозаи машрубот, дидаву дониста ба шахси баръало ноболиғ машруботи спиртӣ ва маҳсулоти тамоку ба фурӯш гузоштаанд.
Нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 464 қисми 4 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримандӣ карда шуданд.

Бо
@Parviz_TV бошед ☑️

Parviz TV | Hodisa TV

31 Oct, 11:31


⚡️ #Новости Раҳматшоҳ Қурбонов ронандаи 44 - солаи шаҳрванди Тоҷикистон ки моҳи майи соли 2024
ба дарёи "Мойка" - Санкт-Петербурги Руссия бо автобус сарозер афтида буд 6 сол ҳукм гирифт.

Бо
@Parviz_TV бошед

Parviz TV | Hodisa TV

30 Oct, 20:02


Ба иттилои шаҳрвандон, махсусан соҳибмулкони марказҳои бозиҳои компютерӣ расонида мешавад, ки мувофиқӣ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳн намудани навор ва бозиҳои ғайриахлоқию характери зуроваридошта қатъиян манъ аст.
Аз ҷумла, тибқи хулосаи экспертизаи таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозиҳои «COUNTER STRIKE» ва «GRAND THEFT AUTO» (GTA), дорои хусусияти зуроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ мебошанд.
Таҳлилҳои мақомоти милитсия низ нишон медиҳанд, мутаассифона баъзе аз ҷавонону наврасон, дар натиҷаи мунтазам ба чунин бозиҳо машғул гардидан, зери таъсири манфии ин бозиҳо қарор гирифта, ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд. 
Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар ш.Душанбе аз кулли соҳибмулкони чунин марказҳо талаб менамояд, ки минбаъд ба паҳнсозии ин бозиҳо роҳ надиҳанд. Ҳамзамон шаҳрвандонро мебояд фарзандони худро зери назорат гирифта, нагузоранд ба ин бозиҳои тарғибкунандаи қатлу куштор машғул шаванд.
Милитсияи пойтахт дар навбати худ баргузории рейду амалиётҳои санҷиширо роҳандозӣ менамояд.

Доводится до сведения граждан, особенно владельцев компьютерно-игровых центров, что в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан строго запрещено распространение видеороликов и игр, содержащих аморальный и насильственный характер.
В частности, согласно заключению историко-культурной экспертизы Министерства культуры Республики Таджикистан, игры «COUNTER STRIKE» и «GRAND THEFT AUTO» (GTA) содержат элементы насилия, убийств и грабежей.
Анализы правоохранительных органов также показывают, что к сожалению, некоторые молодые люди и подростки, регулярно увлекаясь такими играми, оказываются под их негативным влиянием и совершают различные преступления.
В связи с этим Управление МВД по г.Душанбе требует от всех владельцев таких центров, впредь не допускать распространения этих игр. В то же время гражданам следует контролировать своих детей и не позволять им играть в  игры, пропагандирующими убийства и насилие.
Столичная милиция со своей стороны будет проводить рейды и проверочные мероприятия.
@dushanbe_police_tj

Parviz TV | Hodisa TV

30 Oct, 18:25


• Ачоиб! Номи ин шириниро чи монем 😁

Бо
@Parviz_TV бошед

Parviz TV | Hodisa TV

30 Oct, 11:36


Латтукуби муҳоҷир аз сӯи нерӯҳои амниятӣ дар рафти рейд дар яке аз сохтмонҳои Маскав

Parviz TV | Hodisa TV

28 Oct, 10:36


‼️Арзиши патент барои муҳоҷирон соли 2025 дар Маскав тақрибан 20% зиёд гардида, 8900 рублро ташкил медиҳад.

Дар ин бора пойгоҳи хабарии ТАСС бо истинод ба шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Собянин андозаи андозҳое, ки муҳоҷирон пардохт мекунанд, бояд бо маблағе, ки худи русҳо аз даромадашон пардохт мекунанд, муқоиса шавад. Имрӯз пардохти моҳонаи патент 7500 рублро ташкил медиҳад, аммо аз 1 январ он 8900 рубл мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир имкон медиҳад, ки хароҷоти корфармоён барои муҳоҷирон ва шаҳрвандони Русия баробар мешавад.

Дар Санкт-Петербург арзиши патенти меҳнатӣ дар соли 2025 аз 4600 то 6 ҳазор рубл дар як моҳ зиёд мешавад.

Пештар, муовини раиси Думаи давлатӣ Владислав Даванков пешниҳод кард, ки арзиши патентро то 250 ҳазор рубл дар як сол баланд бардоранд, ки ин қариб 21 ҳазор рублро дар як моҳ ташкил медиҳад. Хадамоти Федералии андоз изҳор дошт, ки мехоҳад саҳмҳои нафақа ва суғуртаи иҷтимоиро ба арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дохил кунад. Дар ин ҳолат арзиши ҳуҷҷат дар Маскав аз 7500 то 30 ҳазор рубл меафзояд.
Мақомоти вилояти Нижегородка бошад эълон кардааст, ки додани патент ба муҳоҷирони меҳнатӣ қатъ карда мешавад.

Бо
@Parviz_TV бошед

Parviz TV | Hodisa TV

28 Oct, 07:10


#хабар Садамаи вазнин дар роҳи Душанбе Норак. Садама субҳи имрӯз рух додааст.

Бинобар боридани борон роҳҳо каме вазнин ҳастанд. Аз ҳамаи ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки дар роҳ эҳтиёт бошанд. Мошинро бо суръати баланд наронед
.

Бо @Parviz_TV бошед

Parviz TV | Hodisa TV

26 Oct, 11:18


#Новости Диққат! Навор даҳшатнок аст!

Садамаи даҳшатноки мошини Обкашон ( Водовоз) дар Чорбоғ.

Бори дигар аз хамаи ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки дар роҳ эҳтиёт бошанд. Дар хотир дошта бошед,ки шуморо дар хона наздикону пайвандон интизор ҳастанд.

Қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоед. Мошинро бо суръати баланд наронед


Бо @Parviz_TV бошед

Parviz TV | Hodisa TV

25 Oct, 19:35


⚡️Пагоҳ, 26-уми октябр бозори "Корвон" фаъолият намекунад.

Гуфта мешавад, ки дар ин рӯз дар ин бозор корҳои тозакунӣ ва безараргардонӣ сурат мегирад.

Бо @Parviz_TV бошед

Parviz TV | Hodisa TV

25 Oct, 05:59


Дар шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат 100% иҷро гардид.

В городе Душанбе план осеннего призыва молодежи в Вооруженные Силы Республики Таджикистан выполнен досрочно на 100%.

In the city of Dushanbe, the plan for the autumn conscription of young people into the Armed Forces of the Republic of Tajikistan was fulfilled ahead of schedule by 100%.
@RustamEmomali

Parviz TV | Hodisa TV

22 Oct, 13:04


#Новости Салом. Имрӯз дар роҳ равон будем,ки шоҳиди ин ҳодиса шудем. Модар фарзандро бераҳмона латукӯб дошт. Рӯяш пур аз хун буд. Мо дар ин ҳодиса бетараф шуда натавонистем. Аз мошин фаромадем ва кудакро халос кардем. Наход модар кӯдакро то ин дараҷа бераҳмона латукӯб кунад? Ҳазорҳо нафар модароне ҳастанд,ки ба нохуни фарзанд зор ҳастанд.

Ман аз ҳамаи падару модарон эҳтиромона хоҳиш менамоям,ки нисбати фарзанд бераҳм набошанд. Қонун ҳам озори ҷисмониро нисбати фарзандон аз тарафи падару модар манъ кардааст ва ҷазо дорад.

Менависанд ба мо як нафар шоҳиди ҳодиса,ки кӯдакро наҷот додаанд.

Ба фикри шумо барои тарбияи фарзандон истифода бурдан аз латукубизация дурст аст?

👎 - Не, дурст нест

👍 - Бале дуруст аст.

🔥 - Барои тарбияи фарзандон бояд ҳамаи методҳоро истифода бурд. Аз он ҷумла латукубизацияро

Parviz TV | Hodisa TV

22 Oct, 04:30


#Новости Дар Тоҷикистон таътили мактабӣ кам шуд

Акнун ба ҷойи 10 рӯз хонандагон дар таътили дарпешистодаи тирамоҳӣ 7 рӯз истироҳат мекунанд.

Ба иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ҳамчунин таътили зимистона як ҳафта ва баҳорӣ панҷ рӯз муайян шудааст.

“Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 тартиб чунин муайян карда шудааст”, — иттилоъ медиҳад  вазорат.

Гуфта мешавад, ки то соли 2016 тартиб ҳамингуна буд, ки акнун дигарбора ҷорӣ шуд. Аммо дар ин ниҳод сабаби бозгаштро шарҳ надодаанд.

Зимнан, давомнокии соли хониши имсола беназардошти аттестатсияи ҷамъбастӣ 35 ҳафта, барои хонандагони синфи якум бошад 34 ҳафтаро дарбар мегирад.

🕯Таътилҳои соли хониш ба рӯзҳои мазкур рост меоянд:

🕯Таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1 ноябр то 7 ноябр);

🕯Таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 январ то 7 январ);

🕯Таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29 март)

Обуна шавед ба @Parviz_TV

Parviz TV | Hodisa TV

21 Oct, 15:49


#Новости Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия 5 нафар ҷавононро барои латукӯби муҳоҷири меҳнати,ки  хамчун " Курьер- Доставщик" кор мекардааст дасгир кардаанд.

Ин нафарон аввал ба чашми муҳоҷир газ мепошанд ва баъдан латукӯб мекунанд. Гуфта мешавад,ки аз 6 нафаре,ки ин ҷавонро латукӯб кардаанд, 5 нафарашон дасгир шудаанд ва як нафари дигар бошад дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Муҳоҷири меҳнати аз кадом давлат аст аниқ гуфта намешвад.

Акнун сабабҳои латукӯбро кормадони мақомотҳои қудрати муайян хоханд кодн.

Дар ин бора сомонаҳои хабарии Руссия хабар медиҳанд
.

Обуна шавед ба @Parviz_TV

Parviz TV | Hodisa TV

20 Oct, 20:30


Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мототсикли ғайриоддиро қати ронандааш дида ба навор гирифтаанд.

Як савол ба миён меояд, ки ҳамин ронанда духтар бошад ё бача?

Дар комментарияҳо менависанд, ки ронанда мардаки 46 сола аст
.

Обуна шавед ба @Parviz_TV

Parviz TV | Hodisa TV

20 Oct, 03:40


#Новости Шоми Дирӯз 19 октябр 2024 садамаи вазнин дар шахри Вахдат рух додааст, ки дар натиҷа як чанд нафар чарозатхо бардоштанд ва дар беморхона бистари шудаанд. Дар садама мошини Лексус ва Тико аст назди мактаби 8.

Обуна шавед ба @Parviz_TV ☑️

Parviz TV | Hodisa TV

19 Oct, 17:02


Имруз АвтоФестивал дар шаҳри
Хуҷанд😄🤦‍♂️

Обуна шавед ба @Parviz_TV

Parviz TV | Hodisa TV

17 Oct, 11:54


#Новости Садама дар рохи Мастчох, Хучанд. Ба гуфти гуфти шохидон садама шаби
гузашта рух додааст ва халокшудагон хастанд.
Аз руи баъзе маълумото дар ин садама дусти
наздики Диловар Сафаров,ки актёр буд ба халокат расидааст. Ин актёр дар филми нави Диловар Сафаров накш дошт.
Агар рост бошад, Худо Рахмат кунад. Ба наздиконаш хамдардии худро мерасонем
Аз хамаи ронандагон эхтиромона хохиш карда
мешавад, ки дар рох, эхтиёт бошанд


Обуна шавед👇
@Parviz_TV

Parviz TV | Hodisa TV

17 Oct, 03:38


Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ 5-нафарро дастгир намуданд. Онҳо аз ҶДММ «Чашма», воқеъ дар кӯчаи Арбобхотун беш аз 401-ҳазор сомониро рабудаанд.

Parviz TV | Hodisa TV

15 Oct, 16:51


#менависад 👇
Ака мо аз хамин бача билет харидем 4 кас ба мо билети фаршибка навеста додаст. Мо белитамонро проверка кардем дани базада намеброра хозир да ин бача телефон кардаистем телефонош хомуш ин бача аз Калхозобод
Номерхои падарашро ëфта хамашро фахмондем падараш мегуйд ман намедонам хударо ëфта пулатонро аз худащ гиред.
Ака илтимос да хама каналатон монен то дигархо фиреб нахуранд

Parviz TV | Hodisa TV

14 Oct, 20:25


#Новости Манзили истиқоматӣ дар назди ЖД вокзал оташ гирифтааст. Айни ҳол оташ пурра хомӯш кардашуда сабабҳои он муайян карда мешавад.

Аз оташ эҳтиёт бошед!

Parviz TV | Hodisa TV

12 Oct, 12:10


Расулова Зокирахон ва Раҷабзода Меҳрона, сокинони 19 ва 20-солаи ш.Душанбе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам аксу наворҳои ғайриахлоқӣ паҳн мекарданд, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шуданд. Ҳамзамон, зимни санҷиш ноболиғ Расулова М. ки дар наворҳои ғайриахлоқии онҳо инъикос ёфтааст, ӯ низ ба милитсия дастрас карда шуд.
Вобаста ба ин, бо Қарори Суд нисбати Расулова З. ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз ва нисбати Раҷабзода М. ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуданд.

Обуна шавед ба @Parviz_TV