𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ @alhanafiya Channel on Telegram

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

@alhanafiya


▫️Ақидаи саҳеҳи ҷаҳор мазҳаб💯📚
▪️Фиқҳ тибқи мазҳаби Имом Абу Ҳанифа
▪️раҳимаҳуллоҳ.
Саҳифаи мо дар телеграм: https://t.me/alhanafiya
Саҳифаи мо дар Ютуб: https://www.youtube.com/@Alhanafiya
Саҳифаи мо дар гугл: https://alhanafiya.ru/

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ (Tajik)

Дар саҳифаи телеграми 𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ, шумо метавонед маълумотҳои муваффақияти ҷаҳони ақидаи мазҳаби Имом Абу Хонифа равона кунед. Дар ин саҳифа, шумо ба маълумотҳо ва дарсҳои фиқҳи тибқи мазҳаби Имом Абу Хонифа равонед ва метавонед маълумотҳои забони донишмандонан барои таълим дар бароварди худ дар мазҳаби ал-Ханафия пайдо кунед. Ин саҳифа ҷудо маводҳо ва маводҳои дарсӣ дар дохилийат ва фи слайдҳо матни дар рамзҳои тасвирӣ пешҷоя карда шудаанд, ки бо мушаҳҳасавӣ нигаронед. Барои дарёфти илми фавқулодда, ба саҳифаи телеграми 𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ барои кӯмак ва танзим кардани маишиятҳои худ ё фарзиёти танзими ягон шахсӣ обуна мезонед. Маблағҳои маълумот дар вебсайт: https://alhanafiya.ru/ ёғли мешаванд. Барои барномаҳо ва вирусҳои дигар, кӯшиш накунед, зеро ин саҳифа маводҳои фарзиютарини пешниҳод кардааст ва ба мушаҳҳасавон маълумот меберад.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

10 Feb, 15:52


Алҳамдуллилоҳ имруз аз ҷониби яке аз бародарони динӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод ) ба мо ҳадяи қимматбаҳое расид, ки бароямон хеле арзиш дорад ва онҳам бошад китоби "Фатҳу-л-бари шарҳу саҳеҳу-л-бухорӣ " таълифи Шайхул Ислом ибни Ҳаҷари Асқалонӣ 🇧🇬 аст.
................................................
💛https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

07 Feb, 15:29


................................................
💛https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

07 Feb, 03:51


Суннат ва адабҳои рӯзи ҷумъа:

🚿 Таҳорати комил ( ғусл ),

🪥 Дандонҳои худро бо мисвок шустан,

✂️ Нохунҳо ва муйлабҳои худро кутоҳ кардан,

💯 Такрори ба такрор салавот гуфтан,

📖 Сураи Каҳфро хондан,

👕 Барои намози ҷумъа беҳтарин либосҳоро пӯшидан,

⚱️Бухурро истифода бурдан,

🕌 Ба масҷид барвақт ва пиёда рафтан,

🗣 Хутбаи Ҷумъаро бодиққат гӯш кардан,

🤲 Дар байни намози аср ва шом бештар дуъо кардан.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

05 Feb, 10:34


https://m.youtube.com/watch?v=g1ijB9RImuc&list=PLzkpgTbKYG-tFW2oYOjSIOP9EcQS3WWVL&index=8&pp=iAQB

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

04 Feb, 19:55


................................................
💛https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

04 Feb, 04:09


قال يحيى بن معاذ الرازي رحمه الله:

"لا تستبطئ الإجابة وقد سددت طريقها بالذنوب".
📕 سير أعلام النبلاء: ( ١٥/١٣)

💬 Яҳё ибни Муъози Розӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) мегӯяд: «Аз дер қабул шудани дуоҳоят шикоят накун, зеро роҳҳои иҷобати дуоро бо гуноҳонат бастаӣ».

📘 [Сияри аъломи нубало: (13/15)].

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

03 Feb, 18:23


Қиссаҳои дардовар аз ҳаёти Паёмбар ﷺ ва асҳобаш.
................................................
💛https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

03 Feb, 10:23


Шейх Шаннар حفظه الله сказал :


شراء الكتب يورث الغنى ،
و بيع الكتب يورث الفقر.

Покупка книг приводит к богатству,
А продаже книг приводит к бедности.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

02 Feb, 19:26


https://youtu.be/MOoZv9gjrlc?feature=shared

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

31 Jan, 05:52


Суннат ва адабҳои рӯзи ҷумъа:

🚿 Таҳорати комил ( ғусл ),

🪥 Дандонҳои худро бо мисвок шустан,

✂️ Нохунҳо ва муйлабҳои худро кутоҳ кардан,

💯 Такрори ба такрор салавот гуфтан,

📖 Сураи Каҳфро хондан,

👕 Барои намози ҷумъа беҳтарин либосҳоро пӯшидан,

⚱️Бухурро истифода бурдан,

🕌 Ба масҷид барвақт ва пиёда рафтан,

🗣 Хутбаи Ҷумъаро бодиққат гӯш кардан,

🤲 Дар байни намози аср ва шом бештар дуъо кардан.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

30 Jan, 17:11


https://t.me/Hanafiyia

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

29 Jan, 17:43


РОБИТА МИЁНИ ИЛМИ САРФ, НАҲВ ВА БАЛОҒАТ!
♦️♦️♦️♦️♦️♦️♦️
1️⃣ Илми сарф аз сохтмони калима ва тағйироте, ки дар он ба вуҷуд меояд баҳс мекунад.

2️⃣ Илми наҳв аз охири калимоти арабӣ ва чигунагии таркиби онҳо ба якдигар баҳс мекунад.

3️⃣ Ва илми балоғат аз чигуна зебосозии калимоти арабӣ баҳс мекунад.
................................................
💛https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

29 Jan, 13:17


Ҳукми бози кардан бо нардӣ:

Савол:

Салому алайкум ва рахматуллох. Бародари азиз оиди ХУКМИ БОЗИИ НАРД (нардй) ДАР ИСЛОМ маълумот дихед. Таърихи ин бозй аз кучост? Оё кабл аз ислом пайдо шуда ё баъд? Имкон бошад оиди инаш хам маълумот дихед. Зеро бештари бародарон харом будани ин бозиро кабул надоранд.

Ҷавоб:

Ваалайкумсалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародари азиз бози кардан бо нардӣ яке аз амалҳоест, ки аз замони ҷоҳилият боқи мондааст ва ин навъи бозӣ баъд аз омадани ислом барои мусалмонон ҳаром гардонида шудааст, паёмбар алайҳиссалом мефармояд:

مَنْ لَعِبَ بِالنَّرْدَشِيرِ فَكَأَنَّمَا صَبَغَ يَدَهُ فِى لَحْمِ خنزير وَدَمِهِ"

«Касе бо нардӣ бози кунад, ҳамчунонест ки дастҳояшро дар гушт ва хуни хуг даровардааст (омехта кардааст) ». (ривояти имом муслим)

Бози кардан бо нардӣ назди уламои мазоҳиби чаҳоргона ҳаромаст, ва ҳар касе ба ингуна бози даст мезанад ҳамчунонаст, ки худо ва паёмбарро нофармони кардаву хилофи фармудаи онон амал кардааст, дар ривояти дигаре чунин омадааст:

عَنْ أَبِي مُوسَى الْأَشْعَرِيِّ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ "من لعب بالنرد فقد عصى الله ورسوله"

«Аз абӯ мусои ашъарӣ ривоят аст, ки гуфт: Расули худо (дуруд бар ӯ) фармуд: Касе нардӣ бози кунад ба таҳқиқ худо ва паёмбари худоро нофармони кардааст» (ривояти имом аҳмад, абудовуд, ибни моҷа ва ғайра)

Аз ин лиҳоз бози кардани нардӣ ҳаромасту хилофи фармони худо ва паёмбар алайҳиссалом ва бояд ҷавонон азин бози дури ҷӯянду ба бозиҳое ки хилофи шариати исломӣ нестанд ба мисоли аспдавонӣ, об бозӣ, ва... рӯй биёваранд.

Валлоҳу аълам.

🪶 АбуАсмоа Файзуллоев.
17/02/2016.

................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

28 Jan, 17:40


📖 Мусталаҳул ҳадис аз китоби  Усусу-н-назар Фи илми-л-асар.

🌟Таърифи "суннат" назди муҳаддисин, усулиҳо, фуқаҳо ва уламои ақида.

Дарси 🤍.

🔉 Устод: Аҳмад Фарид 🇧🇼 .
..............................
💛УСУСУ-Н-НАЗАР

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

22 Jan, 07:17


Сураи Нисо ояи 23 .

۞ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَّحِيمًا ۞

Ба дурусти, ки Аллоҳ бахшоянда ва меҳрубон аст.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

22 Jan, 05:20


Удивительная смерть Имама, Хафиза Абу Зур‵а ар-Рази, (да помилует его Аллах). Профессионал своего дела даже при смерти.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

18 Jan, 15:57


📖 Мусталаҳул ҳадис аз китоби  Усусу-н-назар Фи илми-л-асар.

🌟Сарлавҳаи дарс: муқаддимаи (2).

Дарси 🤍.

🔉 Устод: Аҳмад Фарид 🇧🇼 .
..............................
💛УСУСУ-Н-НАЗАР

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

17 Jan, 15:11




الْحَمْدُ لِلَّهِ الْوَاحِدِ الْأَحَدِ الْفَرْدُ الصَّمَدُ الَّذِي تَنَزَّهَ عَنْ صِفَاتِ الْمَخْلُوقَاتِ مِنْ رُوْحٍ و جَسَد وَوَالِدٍ وَوَلَد، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي عَصِمَ مَذْهَب أَهْلِ السُّنَّةِ وَالْجَمَاعَةِ عَنْ الزَّيْغِ وَالضَّلَالِ وَالِانْحِرَاف فِي المُعْتَقَدِ، وَأَشْهَدُ أَنَّ لَا إلَهَ إلَّا اللَّهُ الْكَرِيمُ الَّذِي تَعَالَى عَنْ وُجُوهِ التَّشْبِيهِ وَلَوَازِم التَّجْسِيم، وَصَلَّى اللَّهُ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ الدَّاعِي إلَى الرُّشْدِ وَ عَلَى الِهِ وَصَحَابَتِهِ أَجْمَعِينَ.         
                                                                               
       Ҳамду сипосу ситоиш Аллоҳи яккаву ягона ва бениёзро, ки аз тамоми сифоти махлуқот аз рӯҳ ҷисм ва падару фарзанд пок аст ва ҳамду сано он илоҳеро, ки мазҳаби аҳли суннати валҷамоъатро аз каҷиву гумроҳи ва парокандаги дар эътиқод нигоҳ доштааст.

       Ва шаҳодати медиҳам, ки нест маъбуди бар Ҳақ ба ҷуз Аллоҳи Меҳрубоне, ки пок аст аз ҳама вуҷуҳи ташбеҳ ва лавозими таҷсим ва дуруди Аллоҳ бар Паёмбарамон ﷺ даъваткунада ба сӯӣ ҳидоят ва бар оли у ва ҷамъи асҳоби Ӯ бод.

          Аммо баъд:

Дар ин шабака дарсҳои мусталаҳул Ҳадис аз китоби «Усусу-н-назар Фи илми-л-асар» пешкаши шумо хоҳем кард. Ба умеди дуо.

💙 https://t.me/ususunnazar

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

17 Jan, 15:11


📖 Мусталаҳул ҳадис аз китоби Усусу-н-назар Фи илми-л-асар.

🌟Сарлавҳаи дарс: муқаддимаи (1).

Дарси 🤍.

🔉 Устод: Аҳмад Фарид 🇧🇼 .
..............................
💛УСУСУ-Н-НАЗАР

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

15 Jan, 14:07


Қиссаи пешниҳоди он Ҳазрат 🕋 ба қавми худ ҳангоми вафоти Абутолиб.

Аз Ибни Аббос 🇧🇳 ривоят аст, ки мегӯяд: - Ҳангоме, ки Абутолиб бемор шуд, гурӯҳе аз сарони Қурайш назди ӯ омаданд ва Абуҷаҳл низ ҳамроҳи эшон буд.

Онҳо гуфтанд: - Бародарзодаи ту маъбудҳои моро таҳқир карда ва чунину чунон мегӯяд. Кош ӯро назди худ мехонди ва аз ин кор манъаш мекарди. Абутолиб нафареро равон кард ва Паёмбар 🕋 -ро ба назди худ хонд.

Паёмбар 🕋 дохили ҳуҷра шуд ва байни нишастагон ва Абутолиб миқдори ҷои нишасти як шахс холи буд.

Рови мегӯяд: - Абуҷаҳл хавф бурд, ки агар Паёмбар 🕋 дар паҳлӯи амакаш Абутолиб нишинад, ӯ нармдил мешавад, аз ин рӯ дарҳол аз ҷояш ҷаста хест ва он ҷо нишаст.

Паёмбар 🕋 назди амакаш Абутолиб ҷои нишаст наёфта, назди дар нишаст. Абутолиб ба вай гуфт: - Эй бародарзодаам, барои чи қавмат аз ту шикоят доранд ва даъвогаранд, ки ту Худоҳои эшонро дашному носазо мегӯи?

Ров и мегӯяд: - Чун дар борааш бисёр суханњо гуфтанд, Паёмбар 🕋 билохира оғози сухан намуда гуфт: - «Эй амак, ман аз эшон танҳо гуфтани як калимаро мехоҳам, ки дар натиҷаи он ҳамаи араб тобеъи онҳо мешаванд ва ҳамаи аҷам ҷизяпардозашон мегарданд».

Аз ин суханони он ҳазрат 🕋 онҳо дар ҳарос афтода гуфтанд: - Танҳо як калима!! - Садақаи сари падарат, як не даҳ калима бигӯй.
Сипас қавм гуфтанд: - Чист он калима? Абутолиб гуфт: - Эй бародарзода, чист он як калима? - Паёмбар 🕋 гуфт: - «Ло Илоҳа Иллаллоҳ».

Қавм, пас аз шунидани ин калима ҳаросон аз ҷой бархоста доманҳояшонро афшонда ва (суханеро, ки Худованд, дар сураи «Сод», ояти 5, ҳикоятан аз забони онҳо овардааст) мегуфтанд:

أَجَعَلَ ٱلۡأٓلِهَةَ إِلَٰهٗا وَٰحِدًاۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٌ عُجَابٌ ۝٥

«Оё ҳамаи маъбудонро Худои якто гардонидааст? Ва ҳароина, ин чизи аҷиб аст?». (Сураи Сод, ояти 5).

Рови гуфтааст: - Аз ин, яъне ҳамин ояти (панҷуми сураи «Сод») то охири ояти:
بَل لَّمَّا يَذُوقُواْ عَذَابِ ۝٨
"бал ламмо язуқу ъазоби" (яъне, балки ҳанӯз азоби Маро начашидаанд) нозил шудааст.¹
♦️♦️♦️♦️♦️
¹ Аҳмад (227-228/1) ва Тирмизи (3232), Табари (125/23) Ҳоким (432/2) Байҳақӣ (188/9) имом Ҳоким ва Байҳақӣ гуфтаанд: Исноди ҳадис дуруст аст.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

15 Jan, 09:06


🥋БАРОИ ШАХСИ ОМИ ДУЗДИ ВА ЗИНО БЕҲТАР АЗ ДАХОЛАТ КАРДАН ДАР МЕСОИЛИ ДИНИСТ➡️.

🖋 Имом Ғазолӣ мефармояд: 🇧🇬.

الإمام الغزالي رحمه الله.
حق العوام أن يؤمنوا ويسلموا، ويشتغلوا بعبادتهم ومعايشهم، ويتركوا العلم للعلماء. فالعامى لو يزني ويسرق كان خيرا له من أن يتكلم في العلم.

«Ҳаққи мардуми авом ин имон овардану таслим шудан ва машғул будан ба ибодат ва ризқу рӯзӣ рузгор буда ва вогузор кардани онҳо илм (ва масоили дини) ба донишмандон аст. Зеро шахси оми агар зино ва дузди кунад, барояш беҳтар аз онест, ки дар илм (ва масоили дини) сухан намояд».
................................................
https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

12 Jan, 10:13


Мавлоно Беҳзод фиқҳи!

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

12 Jan, 10:13


Мавлоно Беҳзод фиқҳи!

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

10 Jan, 12:13


ҚУВВАИ ХУДОИ ТАВОНОИ БЕҲАМТО ВА ҚУВВАИ ЗОЛИМ

Ҳолати Ғазза дар давоми 458 рӯз ва зиёни молии он, ки ба 13 миллиард доллар баробар аст.

Ҳолати Лос Анҷелес дар зарфи ҳамагӣ 48 соат ва зиёни молии он, ки ба 800 миллиард баробар аст.

Оё ин дарси ибрате нест, ки аз он ибрат гирем?!

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

10 Jan, 07:18


🌟Дустон ва бародароне ки дар диёри ғурбат ташнаи илму маърифати Исломӣ буда, дар ҷустуҷӯи донишманде ҳастанд то барояшон дарсе омӯзад, вале наметавонанд пайдо кунанд, тавсия медиҳам ба дарсҳои донишманди дақиқу зебобаён Устод Абдуллоҳ Оқилзода.

Хело дарсҳои содда, ва дақиқу зебо гуфтаанд, фурсати хубест барои ташнагони илми шаръӣ, дарсҳои фиқҳӣ, усулӣ, сарфу наҳв ва мусталаҳул-ҳадис
Дар ин ссылкаи зерин метавонед Канали телеграмми ва ютубт устодро пайдо кунед.

👍➡️ https://t.me/abdulloh_oqilzoda

👍➡️https://youtu.be/MipmWYbBdTg?si=mq4gNi-Eio0jtMy1

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

07 Jan, 07:04


МАҲР ВА АҲКОМИ ОН

Пардохти маҳр дар ақди никоҳ яке аз ҳуқуқи воҷиб бар ӯҳдаи мард мебошад. Муқарраршавии ин ҳақ аз ҷониби шариат дорои ҳикматҳои зиëде аст, ки поëнтар онро зикр мекунем. Мо дар ин бахш оиди маънои маҳр дар луғат ва истилоҳ, вожаҳои ҳаммаънои он, далели машрӯияти ин ҳаққи молӣ, ҳукму ҳикматҳо, сабаб, миқдору навъҳои гуногуни маҳр ва дигар масоили марбут ба ин мавзӯъ маълумот пешкаш месозем.

Маънои “маҳр” дар луғат:

Калимаи “маҳр” бо вожаи “маҳорат” ҳамреша буда, вожаи дуюм дар луғат ба маънои “оиди чизе маҳорат пайдо намудан” омадааст. Сабаби дар ақди никоҳ “маҳр” ном ниҳодани ивази молӣ он аст, ки гӯë мард дар мавриди шинохти зани никоҳшаванда маҳорати комил ҳосил карда, бо додани мол мехоҳад бо ӯ издивоҷ кунад.

Маънои “маҳр” дар истилоҳ:

Аммо маънои истилоҳии “маҳр” дар фиқҳ аз ҷониби фуқаҳо шарҳ ва тафсирҳои гуногун ëфтааст. Ин ҷо бо мақсади қиëс байни навиштаи ду фақеҳи ҳанафӣ ва зикри қавли саҳеҳтар ҳамагӣ ду маънои истилоҳии онро зикр мекунем.

Якум:

Имом Бобуртӣ (р) оиди маънои истилоҳии “маҳр” навиштааст:

“Маҳр иборат аз молест, ки ҳангоми ақди никоҳ ба сабаби ном бурдан ë бастани ақд дар ивази фоидаҳои баҳрабардории шаҳвонӣ аз зан бар зиммаи мард воҷиб мегардад.”

Дуюм:

Мавлоно Абдулҳайи Лакнавӣ (р) зимни тавзеҳи маънои истилоҳии калимаи мазкур чунин мегӯяд:

“Маҳр иборат аз чизе аст, ки аз сӯи мард ба зан дар ивази баҳра бурдани шаҳвонӣ аз ӯ тақдим мегардад.”

Аз ин ду маънои зикршуда навиштаи Имом Муҳаммади Ботурӣ (р) ҷомеътар ва дақиқтар аст. Чунки дар он сабаби воҷиб шудани маҳр ҳам дарҷ карда шудааст, ки он ë ба сабаби ҳангоми ақди никоҳ ном бурдан ë ба муҷарради бастани ақд воҷиб мешавад. Дарҷи ин қайд дар тафсири маънои истилоҳӣ хеле зарур мебошад. Поëнтар дар ин бобат маълумот хоҳем дод. Вале маънои овардаи Мавлоно Абдулҳайи Лакнавӣ (р) аз ин қайд холӣ аст.

Калимаҳои ҳаммаънои “маҳр”:

Фуқаҳо ба ғайри калимаи “маҳр” ҷамъан даҳ калимаи дигарро дар қатори муродифоти он зикр кардаанд, ки ҳамааш баргирифта аз оятҳо ва аҳодиси Паëмбар (с) мебошад. Он вожаҳоро бе овардани оëту аҳодис зикр менамоем. Вожаҳои “аҷр”, “фариза”, “ъалиқа”, “ъуқр”, “садоқ”, “садуқа”, “ниҳла”, “ъатийя”, “тавл” ва “никоҳ” гоҳо ҳамчун синоним-муродифи калимаи “маҳр” истифода мешаванд.

Далели машрӯияти “маҳр”:

Маҳр ба сифати ҳаққи воҷиби молӣ бар зиммаи мардон бо Қуръон, суннат ва иҷмоъ собит гаштааст. Худои Таъоло дар якчанд оятҳо оид ба пардохти ин ҳаққи молӣ таъкид карда, мегӯяд:

﴿وَآتُوا النِّساءَ صَدُقاتِهِنَّ نِحلَةً﴾ [النساء: ٤]

“Ва ба занон маҳрҳояшонро чун ҳадяи бидуни иваз диҳед...”.

Ҷои дигар мегӯяд:

﴿وَأُحِلَّ لَكُم ما وَراءَ ذلِكُم أَن تَبتَغوا بِأَموالِكُم مُحصِنينَ غَيرَ مُسافِحينَ﴾ [النساء: ٢٤]

“Ва барои шумо ғайри занони зикршуда ҳалол гардонида шуда аст, то бо истифода аз молҳои худ аз роҳи ҳалол покии нафсатонро талабида, ба зино майл накунед...”.

Инчунин мегӯяд:

﴿وَآتوهُنَّ أُجورَهُنَّ بِالمَعروفِ﴾ [النساء: ٢٥]

“Ва маҳри онҳоро ба ваҷҳи нек (бе нуқсону таъхир) диҳед...”.

Роҷеъ ба машрӯияти маҳр ҳадисҳои зиëде аз Паëмбар (с) омадааст, ки ин ҷо фақат ба зикри як ҳадис иктифо менамоем.

Дар ривояти саҳеҳ аз Абдурраҳмон ибни Авф (р) ривоят шудааст, ки вақте бо зани ансорие никоҳ кард, ба Паëмбар (с) аз ин кораш хабар дод. Он Ҳазрат (с) баъд аз дуои баракат аз ӯ пурсиданд: “Чӣ миқдор ба он зан маҳр додӣ?” Абдурраҳмон (р) “Ба вазни донае аз тилло” гуфт. Эшон фармуданд: “Агарчи бо забҳи як гӯсфанд ҳам бошад, зиëфате ороста намо.” (Ривояти Бухорӣ, Муслим ва ғайра)

Илова бар оëт ва аҳодиси набавӣ, ҳамаи мусалмонон ба машрӯияти маҳр дар ақди никоҳ иттифоқи назар доранд.

МАЪХАЗҲО:

1. Имом Муҳаммад ибни Муҳаммади Бобуртӣ; Ал-ъиноя; 3/304

2. Мавлоно Абдулҳайи Лакнавӣ; Умдату-р-риъоя; 3/104

3. Имом Бадриддини Айнӣ; Биноя; 5/130

4. Имом Ҳаскафӣ; Дур-р-ул-мухтор; с/188

5. Доктор Мустафо Диб Буғо; Ал-фиқҳ-ул-ҳанафӣ биади-л-латиҳи; 2/895

6. Доктор Ваҳбаи Зуҳайлӣ; Ал-фиқҳ-ул-исломӣ ва ади-л-латуҳ; 7/251

7. Доктор Абдулкарим Зайдон; Ал-муфассал фӣ аҳкоми-л-маръа; 7/50

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

04 Jan, 17:53


📎 АКЫДА МУТАЗИЛИТОВ И АШАРИТОВ В ВОПРОСЕ МЕСТОНАХОЖДЕНИЯ АЛЛАХА

👤 Автор: Мухаммад Рахбани

Данная статья является опровержением на статью псевдосаляфитского блогера, который утверждал, что у ашаритов и мутазилитов одна акыда. Репост приветствуется.

— Кто такие мутазилиты, и когда они появились?
— Ранние мутазилиты: их взгляды и убеждения
— Позиция мутазилитов в вопросе «истива»
— Позиция ашаритов в вопросе «истива»
— Убеждения мутазилитов в вопросе описания Аллаха местом
— Позиция ашаритов в вопросе места Аллаха
— Что значит отрицание места от Аллаха?
— Что значит отрицание стороны от Аллаха?
— Цитаты мутазилитов, на которые ссылается автор статьи
— Может ли заблудший говорить словами суннитов?
— Вражда между мутазилитами и ашаритами

➡️ https://darulfikr.ru/articles/akyda-mutazilitov-i-asharitov-v-voprose-mestonahozhdenija-allaha/

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

04 Jan, 08:55


ФАРЗҲОИ ВУЗӮ!

Амалҳое, ки дар вузӯ анҷом додани онҳо фарз аст, иборатанд аз:

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

31 Dec, 14:17


Ҳукми ҷашни Соли нав дар Ислом ⬇️.

Шайхул Ислом Ҷалолуддини Суюти Шофеъӣ [849-911 ҳ] дар китоби «Амру би-л-иттибаъ ва наҳю анил-бидаъ» [саҳ 44-49] мефармояд:

ومن البدع المنكرات مشابهة الكفار في أعيادهم ومواسمهم الملعونة، كما يفعل كثير من جهلة المسلمين في مشاركة النصارى وموافقتهم فيما يفعلونه في خميس البيض الذي هو أكبر أعياد النصارى.

«Аз ҷумла бидъатҳои инкоршуда ин мушобаҳати намудан бо куффор дар идҳо ва мавсимҳои лаънатшудаи онҳост, он гунае, ки аксари мусалмонони ҷоҳил, дар баробари насрониҳо ба мисли онҳо рафтор намуда ва дар «Иди Мавлуди Масеҳ», ки яке аз бузургтарин иди насрониҳост мувофиқат намуда аъмоле ба мисли аъмоъи онҳо анҷом медиҳанд.

ومن ذلك : تعطيل الوظائف الرئيسية من الصنائع والتجارات، وغلق الحوانيت، واتخاذه يوم راحة، وفرح على وجه يخالف ما قبله وما بعده من الأيام.

«Аз ҷумла амалҳои мункар [ки дар идҳои насрониҳо анҷом меёбад] : ин таътили вазифаҳои раиси ва кору тиҷорат ва қарор додани он рӯз ба истироҳат ва фараҳ [хурсандӣ] ба шакле, ки мухолифи рӯзҳои қаблӣ ва баъдии он мебошад».

كل ذلك منكر وبدعة، وهو شعار النصارى فيه .

«Ҳама ин [аъмолу кирдор] бидъат ва инкор шуда мебошанд, зеро, ки дар он шиъори насрониҳост».

فالواجب على المؤمن بالله ورسوله أن لا يحدث في هذا اليوم شيئاً أصلا، بل يجعله يوماً كسائر الأيام .

«Пас воҷиб аст, аз барои шахсе, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш дорад ин, ки аслан сухан [яъне табрику таҳния]-е дар он рӯз назанад, балки онро ба мисли рӯзҳои оддии дигар шуморад».

ومما يفعله كثير من الناس في فصل الشتاء، ويزعمون أنه ميلاد عيسى عليه السلام، فجميع ما يصنع أيضاً في هذه الليالي من المنكرات، مثل: إيقاد النيران، وإحداث طعام، وشراء شمع، وغير ذلك؛ فإن اتخاذ هذه المواليد موسماً هو دين النصارى، وليس لذلك أصل في دين الإسلام. ولم يكن لهذا الميلاد ذكر في عهد السلف الماضين، بل أصله مأخوذ عن النصارى.

«Ва ончи, ки аксари мусалмонон дар фасли зимистон [ки идҳоро таҷлил] намуда ва иддаои онро доранд, ки он зодрӯзи Исо (алайҳиссалом) аст, ҳар он чи дар ин шабҳо аз корҳои зишт рӯх медиҳад, мисли: ба афрӯхтани оташ, пухтани хӯрок, харидани шамъ ва ғайраҳо, ба таҳқиқ, ки таҷлили ин рӯзҳо дар ин мавсим бахше аз дини насрониҳо аст ва дар дини Ислом ин аслан вуҷуд надорад. Ин ҷашни мелоди дар аҳди салафи солеҳ низ зикр нашудааст, балки асли ин мелод аз насрониҳо гирифта шудааст.

Имом Суютӣ дар идома меафзояд:

والتشبه بالكافرين حرام وإن لم يقصد ما قصده، بدليل ما روي عن ابن عمر عن رسول الله ﷺ : «من تشبه بقوم فهو منهم. رواه أبو داود.

«Ташбеҳ ба кофирон ҳаром аст, агарчи он чиро, ки онҳо [насрониҳо] қасд доранд, қасд надошта бошад ҳам [ҳаром аст], бо  далели он, ки аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки  Расули Худо ﷺ  фармуданд:

مَن تشبَّه بقومٍ فهو مِنهُم.

«Ҳар, ки ба қавме тақлид [шабоҳати] кунад, Ӯ аз ҷумлаи анҳост». Абу Довуд №4031.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

31 Dec, 09:00


📓Соли нав .

Сураи Марям, ояи 88-95.

🎙️ Сиратулло Раупов.
..............................................
➡️https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

28 Dec, 08:58


Ибни Муборак фармуд:

قال ابن المبارك: ”من استخفّ بالعلماء ذهبت آخرته“.

«Ҳар, ки бо уламо бе эҳтироми намуд, охираташро аз даст хоҳад дод...»

«Сияру аълами нубала». 8/408.
﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏
➡️https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

26 Dec, 07:31


🔉 إلى ربّي - عبدالعزيز الراشد

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

25 Dec, 15:37


https://youtu.be/CvUj-WxxFRs?feature=shared

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

25 Dec, 11:24


🎙 Ҳукми истифодабари испанд ва ё сипанд, аз дидгоҳи тиб ва дини мубини Ислом!

🌟Мавлави Имронҷон.
...............................................
https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

24 Dec, 16:51


🌟Ҳукми дуд кардани испанд дар Ислом чист?

🌟Мавлавӣ Муҳаммад Ҷовиди Ҳанафӣ.
................................................
https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

24 Dec, 09:01


بِسۡمِ ٱللهِ ٱلرَّحۡمَـٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Ассаламу ъалайкум ва раҳматулоҳ, хӯш омадед!

Дар ин шабака ссылка (пайванд)-ҳои дарсҳои шаръӣ бо тариқи сабти (mp3) ҷамъоварӣ карда мешаванд. Аллоҳ моро дар ин кори хайр муваффақ гардонад.
برادران و خواهران به کانال و شبکه فهرست و آرشیو دروس اهل سنت و الجماعت خوش آمدید! اشتراک را فراموش نکنید تا درس ها را از دست ندهید.

⚫️Ақида:
1) Шарҳи Ақидаи Таҳовӣ аз Аллома Акмалуддини Бобиртӣ (Устод Юсуф).
2) Илҷом-ул-ъаввом ъан Ъилм-ил-калом (Устод Юсуф).
3) Фиқҳи Акбар (Устод Наврӯз)
4) Шарҳи Ақоиди Насафи (استاد: مفتى حضرت اكبرى)

⚫️Фиқҳ:
1) Мухтасар Қудурӣ (Устод Абдуллоҳ Оқилзода)
2) Мухтасари Қудурӣ (аз аввал то охири китоб) (أستاد: عتيق الله)
Ал Лубоб фӣ шарҳ-ил-Китоб (Устод Юсуф)
Мухтасар-ул-виқояҳ бо шарҳи Ихтисор-ур-ривояҳ

⚫️Усули Фиқҳ:
1) Мабодиул Усул (Устод Юсуф).
2) Усули Шошӣ (أستاد: عتيق الله)

⚫️Ҳадис:
1) Риёзу-с-солиҳин (أستاد: عتيق الله)

⚫️Мусталаҳул Ҳадис:
1) Нузҳату-н-назар (Устод Абдуллоҳ Оқилзода)
2) манзумату-л-байқуния

⚫️Сират:
Оинаи зиндагӣ

⚫️Сарф ва наҳв...:
1) Ҳидаятун-наҳв ( أسناد مولوی عمران)
2) Наҳви Мутаввасит (استاد: عتيق الله)
3) Авомил (Устод Абдуллоҳ Оқилзода)
4) Дурусул балоға
5) Тайсиру-л-Мантиқ (أستاد: عتيق الله)

⚫️Раддия:
Дидгоҳи Ваҳҳобият аз барои тавҳид ва ақсоми он
⚫️Ахлоқ:
Хонаи бахт | بیت عامر
Хатари гуноҳ ва оқибатҳои он
Таълими мутаъаллим

hashtags #
Навъи дарсҳо (نوع دروس)
#ақида #фиқҳ #арабӣ #ахлоқ #шарҳ #раддия #шарҳи_алвасият #сират
#الوصية #شرح_وصية

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

24 Dec, 05:50


🌟Баррасии китоби «Ал-Ибана».

Оё Абулҳасани Ашъарӣ аз ақидаи худ даст кашидаст?

🌟Саъди ал-ҳанафӣ.
................................................
https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

24 Dec, 03:59


Сарфи Мир бо ҳошия ва ҷадвалҳои аъло.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

21 Dec, 04:42


🔵📖 Ал Лубаб фи Шарҳил Китоб

🔴 Рӯйхати дарсҳо🔴

🎙️ Дарси 1 ➡️ 🎙️ Дарси 2 ➡️ 🎙️ Дарси 3

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

20 Dec, 08:45


Саҳобаҳое, ки аз ҳама бештар ҳадиси Расулуллоҳ 🕋-ро ривоят кардаанд:

1. Абу Ҳураи‌ра (розияллоҳу анҳу) - 5374 то ҳадис.
2. Абдуллоҳ ибн Умар (р) - 2630 то.
3. Анас ибн Молик (р) - 2286 то.
4. Оиша бинти Абу Бакр Сиддиқ (р) - 2210 то.
5. Абдуллоҳ ибн Аббос (р) - 1660 то.
6. Ҷобир ибн Абдуллоҳ (р) - 1540 то.
7. Абу Саъии‌д Худрии‌ (р) - 1170 то.
8. Абдуллоҳ ибн Амр ибн Ос (р) - 700 то.
9. Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) - 848 то.
10. Умар ибн Ҳаттоб (р) - 537 та.
11. Али ибн Абу Толиб (р) - 536 то.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

07 Dec, 09:44


................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

07 Dec, 07:58


امام غزالی و علم کلام

Ҳуҷҷатул Ислом имом Ғазолӣ (505 ҳ) ва илми калом.

🌟Саъди ал-ҳанафӣ 🇧🇼.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

06 Dec, 07:26


أوراد الصباح والمساء اليومية:

ـ لا إله إلا الله وحدَه لا شريكَ له، له الملكُ وله الحمد، وهو على كلِّ شيءٍ قديرٌ (10 مرات)

ـ حسبي الله لا إله إلا هو، عليه توكلتُ وهو ربُّ العرشِ العظيم (7 مرات)

ـ باسم الله الذي لا يضرُّ مع اسمه شيءٌ في الأرضِ ولا في السماءِ وهو السميعُ العليم (3 مرات)

ـ قراءة سورةِ:
الإخلاص (3 مرات)
‏الفلق (3 مرات)
‏الناس (3 مرات)

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

05 Dec, 12:35


Ҳукми сафар намудани зан бидуни маҳрам!

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

03 Dec, 16:43


https://youtu.be/Dd_EiaRcpyM?feature=shared

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

03 Dec, 13:21


00:42 🤍🤍 - Чист он хулосае, ки воҷиб аст то ин, ки мо ба он эътиқод дошта бошем?

05:31 🤍🤍 - Бо чанд сифат Паёмбарамон ﷺ аз дигар Паёмбарон (алайҳимуссалом) бартари дорад?

08:09 🤍🤍 - Чаро Паёмбарамон ﷺ аз охирин Паёмбарони Илоҳи буд?

14:51 🤍🤍 - Чигуна гуфта мешавад ин, ки Паёмбар ﷺ охирин фиристода аз ҷониби Аллоҳ ﷻ аст, дар ҳоле, ки ҳазрати Исо 🇧🇫 дар охири замон нозил мешавад?
♦️♦️♦️♦️♦️♦️
Дарси 1⃣4⃣

🎙 Муъоз Нурӣ
...................................................
https://t.me/javahirulkalamiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

03 Dec, 03:40


0:33  🤍🤍 - Чи чизҳо бар Паёмбарон (алайҳиссалом) мустаҳил мебошад?

03:20 🤍🤍 - Агар исён кардан бар Паёмбарон мустаҳил бошад, пас чаро ҳазрати Одам 🇧🇫 аз дарахти манъшуда тановул кард?

18:03 🤍🤍 - Чи чизҳо аз ҷониби Паёмбарон ҷовози содир шуданро дорад.

21:08 🤍🤍 - Ҳикмат дар чист, ки бемори ва ҳис кардани дардҳо дар Паёмбарон (алайҳимуссалом) воқеъ мегардид?
♦️♦️♦️♦️♦️♦️
Дарси 1⃣3⃣

🎙 Муъоз Нурӣ
...................................................
https://t.me/javahirulkalamiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

02 Dec, 17:44


🌟Саъдӣ ал-ҳанафӣ.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

02 Dec, 13:25


Вааҳҳҳ...
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

01 Dec, 16:26


https://youtu.be/zlvS3076Sc4?feature=shared

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

01 Dec, 13:47


🥋ҲУКМИ ХУРДАНИ ҲАЙВОНОТИ ОБӢ!➡️

Барои посухро хондан аксро пахш намоед ва ё хати кабути боло бударо зер намоед.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

01 Dec, 08:47


🎧 Гуфтугу бо яке аз шогирдони Абу Мухаммади Мадании такфири.

Мавзӯъ: ҳукм биғайри мо анзалаллоҳ.

🌟Саъди ал-ҳанафӣ Vs Абӯ Аҳмади такфири (Шогирди Абӯ Муҳамммади такфири)..
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

29 Nov, 14:39


📓 Аз Абу Ҳурайра رضی الله عنه ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ фармуд:

وعنْهُ (عن أبي هريرة) عنْ رَسُولِ اللَّه ﷺ قالَ:📜
مَنْ سَبَّحَ اللَّه في دُبُرِ كُلِّ صلاةٍ ثَلاثًا وثَلاثينَ، وَحمِدَ اللَّه ثَلاثًا وثَلاثين، وكَبَّرَ اللَّه ثَلاثًا وَثَلاثينَ، وقال تَمامَ المِائَةِ: لا إلهَ إلاَّ اللَّه وحْدَه لا شَريك لهُ، لَهُ المُلْكُ وَلَهُ الحمْد، وهُو عَلَى كُلِّ شَيءٍ قَدِيرٌ، غُفِرتْ خطَاياهُ وَإنْ كَانَتْ مِثْلَ زَبدِ الْبَحْرَ.
رواهُ مسلم 598.

📜 «Ҳар шахсе, ки баъд аз охири ҳар намозаш бигӯяд 33 - бор Субҳоналлоҳ ва 33 - бор Алҳамдуллилоҳ ва 33 - бор Аллоҳу Акбар ва дар садум маротиба бигӯяд
« Ло илоҳа илла Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд ва ҳува ъала кулли шайин қадир» гуноҳонаш бахшида мешавад агар чанде, ки мисли кафки баҳр бошад гуноҳонаш».

📝 Муслим №598.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

25 Nov, 13:48


0:48 🤍🤍- Фарқ байни мӯъҷиза ва сеҳр дар чист?

12:20 🤍🤍 - Фарқ байни мӯъҷиза ва каромат дар чист?

26:05 🤍🤍- Чи чиз бар Паёмбарон (алайҳимуссалом) воҷиб аст?

Дарси 1⃣2⃣

🎙 Муъоз Нурӣ
...................................................
https://t.me/javahirulkalamiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

25 Nov, 06:58


Ҳукми сиҳр аз дидгоҳи Шайхул Ислом имом Нававӣ ▪️ :

🖋 Имом Нававӣ дар «Шарҳи Саҳеҳ Муслим» (14/176) мефармояд:

قَالَ النَّوَوِيُّ فِي شَرْحِ صَحِيحِ مُسْلِمٍ ١٧٦ / ١٤ : الْمَشْهُورُ إِجْمَاعُ الْمُسْلِمِينَ عَلَى أَنَّ السِّحْرَ لَا يَظْهَرُ إِلَّا عَلَى فَاسِقٍ . . . فَعَمَلُ السِّحْرِ حَرَامٌ ، وَهُوَ مِنْ الْكَبَائِرِ بِالْإِجْمَاعِ . . . وَقَدْ يَكُونُ كُفْرًا
وَقَدْ لَا يَكُونُ كُفْرًا بَلْ مَعْصِيَةً كَبِيرَةً ، فَإِنْ كَانَ فِيهِ قَوْلٌ أَوْ فِعْلٌ يَقْتَضِي الْكُفْرَ كَفَرَ ، وَإِلَّا فَلَا . وَأَمَّا تَعَلُّمُهُ وَتَعْلِيمُهُ فَحَرَامٌ » . اهْ .

«Қавли саҳеҳ ва иҷмоъи мусалмонон бар он аст, ки сеҳр зоҳир намегардад магар ба дасти шахси фосиқ...
• Анҷом додани амали сиҳр ҳаром аст ва он ба иҷмоъи уламои Ислом аз ҷумлаи гуноҳони кабир ба шумор меравад. Ва гоҳо ин амал куфр ҳисобида мешавад ва гоҳо гуноҳи бузург на балки куфр. Ва агар дар анҷом додани он ягон сухан ва ё феъле бошад, ки тақозои куфрро кунад пас дар чунин ҳолат инсон кофир хоҳад шуд.
• Аммо омӯхтан ва таълим додани он бошад ҳаром аст».

📝 «Ал-Ҷаваҳир Ал-Каламийя Фи Изаҳил Ақидатил Исламийя», чоп: дорулфатҳ, (саҳ 40, таҳти суоли №46).
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

25 Nov, 06:39


Логотип
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

19 Nov, 14:58


................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

18 Nov, 17:39


#Фоидаи_Илми_ДИБ

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

18 Nov, 17:00


ШУБҲАИ №18: ҚУРЪОН ТАҲРИФ ШУДААСТ
 
РАДДИЯ:

 
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
 
Ҳамду сано ба Аллоҳи мутаол ва дуруду салом бар Паёмбару хонавода ва саҳобагонашон бод.
 
Бисёре аз бадбинони ислом, аз ҷумла баъзе гурӯҳҳое, ки худро мусалмон медонанд, даъво мекунанд, Қуръон таҳриф шудааст, яъне пурра ё қисман тағйир дода шудааст, ё қисман нобуд шудааст.
 
Қуръон китоби Аллоҳ мебошад, ки ба паёмбари ислом Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил шудааст. Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар давоми 23 сол дар Макка ва Мадина   ба саҳобагони худ, ки ададашон бештар аз 100 ҳазор аст, Қуръонро таълим доданд. Садҳо нафар саҳоба Қуръонро ба пуррагӣ ҳифз карданд. Ҳамчунин, дар замони паёмбари ислом Қуръон дар варақҳо, пӯстҳо ва тахтаҳо навишта шуда буд. Аллакай дар замони саҳобагон ҳамаи он дастхатҳоро ҷамъ карда, ба шакли як китоб дароварданд ва ба ҳар гӯшаи ҷаҳони исломӣ фиристоданд.
 
1. Ваъдаи Аллоҳ
 
Аллоҳ Таоло худ ваъда додааст, ки ин китобро ҳифз хоҳад кард.
Аллоҳи таъоло фармудааст:
 
إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ
 
{Ба ростӣ, ки Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва албатта, худ нигаҳбони он ҳастем}. (Сураи Ҳиҷр, 9).
Имом Қуртубӣ дар тафсири ин оят мегӯяд:
 
“(Аллоҳ Қуръонро нигоҳ медорад), ки ба он чизе илова нашавад ва ё аз он чизе кам нашавад”.
 
Ҳамчунин Имом Табарӣ мегӯяд:
 
“Мо Қуръонро нигоҳ медорем, ки бар он ботиле, ки аз он нест, зиёд карда шавад ё ҷузъе аз он, аз ҷумла: аҳком, ҳаддҳо ва фарзҳои он  кам карда шавад”.
 
Аллоҳ ба умматҳои пешин низ китоб нозил карда буд, вале нигаҳ доштани онҳоро ба худи он умматон вогузор карда буд. Вале он умматҳо ё китоби худро гум карданд, мисли Забур, ва ё таҳрифу табдил карданд, мисли Тавроту Инҷил.
 
Қуръон ягона китоби осмониест, ки худи Аллоҳ муҳофизат намудани онро ваъда додааст.
 
 
2. Санади пайваста
 
Қуръон то замони мо бо санади мутавотир ривоят шудааст, яъне онро адади зиёди ровиён аз адади зиёди ровиёни пешин, ки то ба худи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мерасад, нақл кардаанд. Шахсияти ҳар як ровӣ, ҷои тавваллуд ва замони зисташ маълум аст, ростгӯ ва содиқ буданаш яқин аст. Ҳар яки онҳо Қуръонро комилан ҳифз карда буданд ва пайваста онро назди мусалмонон дар намозҳои фарзӣ ва таровеҳ қироат мекарданд ва аз самъи ҳамагон мегузарониданд.
 
Ҳеҷ китобе дар таърих чунин ҳифз нашудааст ва монанди он санади собиту дақиқ надоштааст.
 
3. Дастхатҳои қадимтарин
 
Қадимтарин нусхаи Қуръон бо номи Қуръони Усмонӣ маъруф аст. Он дар замони халифаи севвум Усмон разияллоҳу анҳу дар шаш нусха ё тибқи қавли дигар, дар ҳафт нусха навишта шудааст. Яке аз ин нусхаҳо то имрӯз дар Мадрасаи Мӯйи Мубораки Тошканд маҳфуз аст. Он бо хатти кӯфӣ навишта шудааст. Шаҳодатномаи созмони бонуфузи ЮНЕСКО тасдиқ кардааст, ки он дар асри 7 милодӣ навишта шудааст.
 
Ҳамчунин дар музеи Бритониё нусхаи дигаре маҳфуз аст. Он бо номи “Дастхати Қуръони Бирмингем” маъруф аст ва қадимтарин нусхаи Қуръон ба ҳисоб меравад. Он ҷо аз се ду ҳиссаи ин нусхаи Қуръон нигоҳ дошта мешавад. Олимонбо истифода аз таҳқиқоти радиокарбонӣ муайян кардаанд, ки он байни солҳои 568 ва 645 милодӣ навишта шудааст. Яъне мешавад тахмин кард, ки дар зарфи чанд сол пас аз марги Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам навишта шудааст.
 
Лоиҳаи таҳқиқотии донишгоҳи Берлин Corpus Coranicum маҷмӯае аз дастхатҳоро ба қайд гирифтааст. Тибқи он, то имрӯз зиёда аз 60 порча, аз ҷумла зиёда аз 4000 саҳифа дастхатҳои Қуръон маҳфуз мондаанд, ки то соли 800 милодӣ навишта шудаанд. Яъне ин дастхатҳо ҳамагӣ дар ду садаи аввали ислом ба қалам оварда шудаанд.
 
Ҳамаи ин дастхатҳо бо он Қуръоне, ки мо имрӯз дар даст дорем, ҳеҷ фарқе надоранд. Ин дастхатҳо собит мекунанд, ки ҳамаи сураҳо ва оятҳо дар давоми 1400 сол бетағйир то замони мо расидаанд.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

18 Nov, 11:59


تريـد على مـكارمـنا دليـلا
متى احتاج النهار إلى دليل؟
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

17 Nov, 11:15


Масҷиди ҳазрати Абӯ Барки Сиддиқ ▪️.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

16 Nov, 04:49


Чаро шиаҳо зардуштиёнро аҳли китоб медонанд?
 
Бисёре аз олимони шиа гуфтаанд, ки зардушиён соҳиби китоб ҳастанд. Шиаҳо ҳатто ривоятеро ба Паёмбар нисбат медиҳанд, ки гӯё фармудаанд:
 
“Паёмбари акрам саллалоҳу алайҳи ва олиҳи посух дод: “Маҷусиён пайғамбаре доштанд, ки ӯро куштанд ва китобе низ доштанд, ки онро сӯзонданд. Пайғамбари онон китоби худро бар рӯи дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов навишта буд”. (Ҳурри Омилӣ. Васоил-уш-шиа, ҷ. 11, саҳ. 96).
 
Санади ин ривоят маълум нест. Дар ривояти мазкур силсилаи санади ривоят оварда нашудааст.
 
Аммо дар мавриди он, ки чаро шиа зардуштиёнро ба мартабаи аҳли китоб бардоштаст, ду фарзияи асосӣ вуҷуд дорад.
 
Фарзияи аввал: Форсҳо аз ҷиҳати қавмгароӣ дини аҷдодони худро воло донистаанд.
 
Агарчи ин фарзия маъмул ҳаст, вале заиф аст, зеро форсҳои аҳли суннат маҷусро аҳли китоб намедонистанд. Дар боло қавли Имом Табарӣ қайд шуд, ки маҷусро мушрик медонист. Тавре, ки маълум аст, Имом Табарӣ форс буд. Аҳли китоб донистани зардуштиён бештар дар доираи шиаён маъмул аст.
 
Фарзияи дуввум: Қотили Умар разияллоҳу анҳу маҷусӣ буд
 
Чун шиаён Умар разияллоҳу анҳуро шадидан бад мебинанд, қотили ӯро бузург донистанд. Қотили ӯ Фирӯзи Наҳовандӣ, ки бо номи Абулуълуъи маҷусӣ маъруф аст, зардуштӣ буд. Чун ӯро шиа қаҳрамони миллӣ эълон карданд, аз мушрик буданаш хиҷолат кашида, бо далелҳои бепояву беасос ӯро ба аҳли китоб нисбат доданд.
 

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

15 Nov, 13:11


Масҷидул ҳаром 🕋
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

14 Nov, 07:31


Шайх Муҳаммад Ҳасан Ҳиту дар беморхона қарор дорад, Аллоҳ барояш шифои комилу оҷил насиб гардонад!

Дар ҳақи шайх дуо намоед!

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

14 Nov, 03:05


إعراب ( لا إلهَ إلا اللهُ )

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

09 Nov, 19:13


الحنفية

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

09 Nov, 15:31


😤😷😷😷😷

Инро паҳн намоед...
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

09 Nov, 04:44


اللهم تقبل منه

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

07 Nov, 13:31


Ар рияд

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

05 Nov, 10:18


📗 Дарси “Ай-юҳал-валад”

Дарси 6: Илми бе амал, туро ба раҳмати Аллоҳ намерасонад!
📜.

🎙
@nasihat99

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

05 Nov, 10:18


🎧 Дарси «Ай-юҳал-валад».

Мавзӯъ: Илми бе амал туро ба раҳмати Аллоҳ намерасонад.

Дарси (6).

🎙 @nasihat99 ✓

https://t.me/ayyuhalwalad_tj

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

04 Nov, 13:14


😆😆😆

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

02 Nov, 19:04


Гоҳо завқ мета...😉

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

02 Nov, 14:55


الكتاب: زجاجة المصابيح (موسوعة حديثية لمستدلات الفقه الحنفي)
المؤلف: العلامة المحدث السيد ابو الحسنات عبدالله بن السيد مظفر حسين الحيدرآبادي (ت١٣٨٤ه‍)
المحقق: أبو سهل محمد سعد رحمت الله
الناشر: مكتبة إسماعيل
الطبعة: الأولىٰ (١٤٤٣ه‍-٢٠٢٢م)

أول طبعة كاملة محققة مخرجة
رتبه المؤلف على منوال مشكاة المصابيح

الكتب الحنفية

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

01 Nov, 16:34


📝 Сураи Тавба, ояҳои, 48:54

🌟Муъоз Нурӣ.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

01 Nov, 07:06


Логотипи нави шабакаи Ал Ҳанафия.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

31 Oct, 15:19


Хайбаро дар ёд биёваред эй яҳудиён.
Хайбаро дар ёд биёваред эй яҳудиён.
Лашкари Муҳаммад боз хоҳад гашт .
Лашкари Муҳаммад боз хоҳад гашт.

الله اكبر الله اكبر الله اكبر الله اكبر

👆👆👆👆👆👆👆👆👆👆

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

30 Oct, 06:57


🔖ЧИ ТАВР БОЯД МИННАТДОРӢ КАРД?

Изҳори миннатдорӣ кардан тибқи суннат!

1. Аллоҳ ба ту подоши нек диҳад↓

ҶазакАллоҳу Хайран (ба мард)
Ҷазакиллаҳу Хайран (ба зан)
Ҷазакумуллоҳу Хайран (ба ҷамъи одамон)

Дар ҷавоб:

1. Ва иййака (ба мард)
2. Ва иййаки (ба зан)
3. Ва иййакум (ба ҷамъи одамон)

2.Аллоҳ ба ту Баракот диҳад ↓

1. БаракАллоҳу фика (ба мард)
2. БаракАллоҳу фики (ба зан)
3. БаракАллоҳу фийкум (ба ҷамъи одамон)

Дар ҷавоб:

Ва фика (ба мард)
Ва фики (ба зан)
Ва фикум (ба ҷамъи одамон).
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

29 Oct, 07:02


Гурбаамро боз чашм накунед ...

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

28 Oct, 21:13


Дуоҳои толибъилм:

Кадом дуоҳоро бихонем, ки дар талаби илм муваффақ бошем?

Дуои аввал:
"رَبِّي زِدْنِي عِلْمًا".

1⃣ Ё Раб! Илми маро зиёда бигардон.

Дуои дуюм:

رَبِّ اشرَح لي صَدري۝وَيَسِّر لي أَمري۝وَاحلُل عُقدَةً مِن لِساني۝يَفقَهوا قَولي﴾
2⃣ Ё Раб! Синаамро кушода ва корамро осон гардон ва гиреҳ аз забонам бикушо, то суханамро бифаҳманд.

Дуои сеюм:

"اللهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ عِلْمًا نَافِعًا، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ عِلْمٍ لَا يَنْفَعُ".
3⃣ Ё Аллоҳ! Ман аз Ту илми судманд талаб дорам ва паноҳ мебарам ба сӯят аз илме, ки муфид нест.

Дуои чаҳорум:

اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ عِلْمًا نَافِعًا، وَرِزْقًا طَيِّبًا، وَعَمَلًا مُتَقَبَّلًا".

4⃣ Ё Аллоҳ! Ман аз Ту илми нофеъ, ризқи ҳалол ва амали қабулшударо мехоҳам.

Дуои панҷум:

اللَّهُمَّ عَلِّمْني التَّأْوِيلَ وَفَقِّهْني فِي الدِّينِ وَاجْعَلْني مِنْ أَهْلِ الْإِيمَانِ».

5⃣ Ё Аллоҳ! Ба ман илми тафсиро насиб бигардон ва дар дин донишмандам бисоз ва маро аз аҳли имон бигардон.


Дуои шашум:

《اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْتَهْدِيكَ لأَرْشَدِ أَمْرِي، وَأَسْتَجِيرُكَ مِنْ شَرِّ نَفْسِي، عَلِّمْنِي مَا يَنْفَعُنِي، وَانْفَعْنِي بِمَا عَلَّمْتَنِي، وَزِدْنِي عِلْمًا يَنْفَعُنِي.

6⃣ Ё Аллоҳ! Маро ба роҳи дуруст ва кори беҳтар ҳидоят намо ва аз шарри нафси худ ба Ту паноҳ меоварам, ба ман илме, ки муфид бошад, насиб бигардон ва фоидаам бидеҳ ба он илме, ки ба ман додаӣ ва зиёд бигардон илмеро, ки ба ман муфид аст.

Дуои ҳафтум:

رَبَّنا آتِنا فِي الدُّنيا حَسَنَةً وَفِي الآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنا عَذابَ النّارِ﴾

7⃣ Ё Рабби мо! Дар дунё некӣ (рузӣ, саломатӣ, дониш ва имон...) ба мо ато кун ва дар охират (низ) некӣ (ато фармо) ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

28 Oct, 17:22


Акыда имама аль-Бухари. Часть 1
https://darulfikr.ru/articles/akyda-imama-al-buhari-chast-1/

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

28 Oct, 14:29


Киттоби раддияи Ҳофиз Ал Ъирлқи бар ибни Абилъиззи ҳанафӣ.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

27 Oct, 14:09


Барои нафарҳои зан гир 😁😁😁...

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

26 Oct, 12:06


📚 Книга на тему правил фикха с приведением примеров, комментариями и различными примечаниями. Хорошая база для студента перед чтением таких книг, как «аль-Ашбах ва ан-Назоир» хафиза ас-Суюты и т.п.

✒️ Автор книги брат Мухаммад ад-Дагестани. Выложил с его личного разрешения.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

25 Oct, 08:50


Суннат ва адабҳои рӯзи ҷумъа:

🚿 Таҳорати комил ( ғусл )

🪥 Дандонҳои худро бо мисвок шустан

✂️ Нохунҳо ва муйлабҳои худро кутоҳ кардан

💯 Такрори ба такрор салавот гуфтан

📖 Сураи Каҳфро хондан

👕 Барои намози ҷумъа беҳтарин либосҳоро пӯшидан

⚱️Бухурро истифода бурдан

🕌 Ба масҷид барвақт ва пиёда рафтан

🗣 Хутбаи Ҷумъаро бодиққат гӯш кардан.

🤲 Дар байни намози аср ва шом бештар дуъо кардан.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

25 Oct, 05:49


Имам аш-Шафии, да помилует его Аллах, говорил:

«Споры в вопросах религии ожесточают сердце и порождают вражду»

📖 Сияру А’лям ан-Нубаля 10/28

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

24 Oct, 17:44


https://youtu.be/scoKIhaoGKg

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

24 Oct, 15:38


Дунёи Толибилм ин китобхонаи ӯст.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

23 Oct, 19:26


https://youtu.be/4k4XoPzG0LE?si=viJPQDohBpgkaHoI

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

23 Oct, 14:52


🌟🌟

⚫️Шабакаи раддиявии бародарони ҳанафимазҳабамон бар шубуҳоти атеистҳо ва ғайра.

https://t.me/raddiya_bar_shubhaho

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

23 Oct, 14:51


ШУБҲАИ №1: ИЛМИ МУОСИР ВУҶУДИ ХУДОРО СОБИТ НАКАРДААСТ

РАДДИЯ:
Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон.

Ҳамду сано ба Аллоҳи мутаол ва дуруду салом бар Паёмбару хонавода ва саҳобагонашон бод.

Суоли ин, ки олами ҳастӣ чӣ гуна пайдо шудааст, аз қадим диққати одамон ва донишмандонро ҷалб кардааст. Илми кайҳоншиносии имрӯза чанд назарияро дар мавриди пайдоиши ҳастӣ пешниҳод кардааст.

Ду назарияи асосӣ, ки оид ба пайдоиши ҳастӣ машҳур шудаанд, инҳоанд:

Якум: Назарияи “Таркиши бузург” (The Big Bang theory) яке аз мӯътабартарин назарияҳо буда, дар доираҳои илмӣ аз тарафи аксарияти олимони соҳаи кайҳоншиносӣ ва физика ҳамчун назарияи асосӣ қабул шудааст.

Ин назарияро аввалин маротиба физик ва математики рус Александр Фридман соли 1922 пешниҳод кардааст.

Ҳамчунин соли 1931 пас аз таҳқиқоти ҷудогона физики белгиягӣ Ҷорҷ Леметр низ назарияеро пешниҳод кард, ки кайҳон аз як “атоми ибтидоӣ” ба вуҷуд омадааст ва сипас бузург шудааст. Дертар ин назария бо номи “Таркиши бузург” шуҳрат пайдо кард.

Тибқи ин назария, ҳастӣ аз таркиши як нуқтаи дорои зичӣ ва ҳарорати баланд, ё “атоми ибтидоӣ” пайдо шудааст. Пас аз “Таркиши бузург” кайҳон васеъ шудааст ва аз чангу ғубори дар натиҷаи таркиш пайдошуда дар давоми миллиардҳо сол ситораҳо, сайёраҳо ва Офтобу Замин пайдо шудаанд.

Бо вуҷуди рушди илми физикаву кайҳоншиносӣ, касе то ҳол собит карда натавонистааст, ки ҳамон нуқтаи аслӣ, ё атоми ибтидоӣ аз куҷо пайдо шудааст. Албатта, дар ин маврид назарияҳое вуҷуд доранд, вале собит кардани он аз нуқтаи назари илм имкон надорад.

Дуввум: Назарияи “Ҳолати устувор” (The Steady-State theory), ки тибқи ин назария коинот ҳамеша дар ҳолати васеъ шудан аст. Дар ҷои васеъшуда барои ташаккул ёфтани ситораҳову сайёраҳои нав моддаи нав пайдо мешавад. Ин фарзия, ки моддаи нав дар ҷои васеъшудаи коинот пайдо мешавад, то ҳол далели қавие надорад. Таҳқиқоти нави физикӣ ва математикӣ заиф будани ин фарзияро собит кардааст.

Кайҳоншиносии муосир Қуръонро тасдиқ мекунад

Тавре қаблан зикр кардем, назарияи “Таркиши бузург” яке аз мӯътабартарин назарияҳо ба шумор меравад. Қуръон зиёда аз 1400 сол пеш ба ин ҳақиқат дар коинот ишора кардааст.

Аллоҳи мутаол мефармояд:

وَالسَّمَاءَ بَنَيْنَاهَا بِأَيْدٍ وَإِنَّا لَمُوسِعُون
{Ва осмонро бо тавони худ бино ниҳодем ва Мо ҳамвора онро вусъат мебахшем}. (Сураи Зориёт, 47).

Инҷо Қуръон ошкоро мегӯяд, ки Аллоҳ осмонҳо, яъне коинотро офаридааст ва онро пайваста васеъ мекунад. Дар асоси таҳқиқоти илмӣ аксари физикон ва кайҳоншиносон собит кардаанд, ки коинот пайваста васеъ мешавад ва маҳз ҳамин таҳқиқот боиси пайдоиши ду назарияи мазкур, яъне назарияи “Таркиши бузург” ва назарияи “Ҳолати устувор” шудааст.

Ҳамчунин Қуръон равшан баён кардааст, ки замоне замину осмонҳо дар як ҷо ба ҳам часпида буданд, яъне аслан моддаи ягонае буданд ва Аллоҳ онҳоро аз ҳам ҷудо кард.

Аллоҳи мутаол мефармояд:

أَوَلَمْ يَرَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنَّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ كَانَتَا رَتْقًا فَفَتَقْنَاهُمَا
{Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин ба ҳам якҷоя часпида буданд, Мо онҳоро ҷудо кардем?} (Сураи Анбиё, 30)

Ояти мазкур далели равшане ба пайдоиши ҳастӣ аст. Ин оят ҳақиқати пайдоиши ҳастиро ба шакли равшан баён кардааст. Имрӯз олимон онро бо назарияи “Таркиши бузург” шарҳ додаанд.

Ҳамаи далелҳои илмӣ нуқтаҳои зеринро равшан собит мекунанд:

1. Ҳар чиз, аз ҷумла ҳастӣ, оғози худро дорад.

2. Дар пайдоиши кайҳон энергияи бузурге истифода шудааст.

3. Ҳар коре, ки дар ҳастӣ воқеъ мешавад, аз рӯи барномаи дақиқ амалӣ мешавад.

Агар ҳамаи ин нуқтаҳоро ҷамъ намоем, яқин мебинем, ки як қувваи бузург ва дорои қудрати беинтиҳо ин ҳастиро аз рӯи як барномаи муайян пайдо кардааст ва равиши онро бо қонунҳои дақиқ муайян кардааст.

Ин назария, ки ин ҳама тасодуфан, худ аз худ шудааст, аз эҳтимол хеле дур аст. Албатта, инро Аллоҳ, Худои қодиру тавоно офаридааст.

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

23 Oct, 10:12


СУОЛИ2⃣6⃣:

⚫️Мурод аз калимаи яад "يد" дар Қуръони Карим чист?
مَا الْمُرَادُ بِالْيَدِ هُنَا ؟
ج: الْمُرَادُ بِالْيَدِ هُنَا مَعْنًى يَلِيقُ بِجَلَالِهِ سُبْحَانَهُ ، وَكَذَلِكَ الْأَعْيُنُ ، فَإِنَّ كُلَّ مَا يُضَافُ إلَيْهِ سُبْحَانَهُ يَكُونُ غَيْرَ مُمَاثِلٍ لِمَا يُضَافُ إلَى شَيْءٍ مِنْ الْمَخْلُوقَاتِ ، وَمَنْ اعْتَقَدَ أَنَّ لَهُ يَدًا كَيَدِ شَيْءٍ مِنْهَا أَوْ عَيْنًا كَذَلِكَ، فَهُوَ مِمَّنْ غَلَبَ عَلَيْهِ الْوَهْمُ، إذْ شَبَّهَ اللَّهَ بِخَلْقِهِ وَهُوَ لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ .

🖋 Посух : «Мурод аз калимаи яад "يد" дар ин фармудаи Худованд (ба чунон) маъное мебошад, ки лоиқи шаъну бузургии Ӯ таъолост. Инчунин лафзи аъюн "أعْيُن" низ ба чунин маъност. Ба дурусти он ҳама сифоте, ки ба Худованд нисбат дода мешаванд, монанди он (сифот)-е нестанд, ки нисбати махлуқ дода мешаванд. Ва ҳар кӣ эътиқод намояд ин, ки Худованд ба мисли махлуқот даст ва ё чашм дорад, пас ӯ аз ҷумлаи касонест, ки ваҳм (ва хаёл) бар ӯ ғалаба кардааст, зеро ӯ Аллоҳ ﷻ ро ба махлуқоти хеш ташбеҳ кардааст, (аммо бе тардид) Ӯ таъоло зотест, ки ҳеҷ чиз монанди ба ӯ надорад».
♦️♦️♦️♦️♦️♦️
¹ 📚 «Ал-Ҷаваҳир Ал-Каламийя Фи Изаҳил Ақидатил Исламийя», (суол таҳти №26). #ақидаи_исломи
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

22 Oct, 16:04


🔖00:45 🥋БОБИ ЧАҲОРУМ➡️: Дар баёни имон ба Пайғамбарон (алайҳимуссалом).

🤍🤍 01:00 - эътиқодот нисбат бар Паёмбарон (алайҳимуссалом) чигуна аст?

🤍🤍 04:23 - Маънои Наби (яъне Паёмбар) чист?

😷 06:20 - Фарқ байни Наби ва Расул.

🤍🤍 10:04 - Адади Паёмбарони ирсол кардаи Худованд чандо мебошад?

🤍🤍 11:44 - мӯъҷиза чист?

🤍🤍 14:22 - ҳикмад дар чист, ки мӯъҷизаҳо аз ҷониби Паёмбарон (алайҳимуссалом) ба вуқуъ меоянд?

🤍🤍 18:40 - ваҷҳи далолат намудани мӯъҷиза бар ростгӯии Паёмбарҳо дар чист?

Дарси 1⃣1⃣

🎙 Муъоз Нурӣ
...................................................
https://t.me/javahirulkalamiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

20 Oct, 18:57


Номҳои Аллоҳ ﷻ

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِیَ اَللهُ عَن‍‍‍‍ْهُ عَنِ النَّبِىِّ ﷺ قَالَ: «لِلَّهِ تِسْعَةٌ وَتِسْعُونَ اسْمًا مَنْ حَفِظَهَا دَخَلَ الْجَنَّةَ، وَإِنَّ اللَّهَ وِتْرٌ، يُحِبُّ الْوِتْرَ».

📓 Абу Хурайра (Разияллоҳу Анҳу) мегуяд: Набийи Акрам ﷺ фармуд: Аллоҳи муттаъол наваду нуҳ ном дорад, ҳар касе, ки онҳоро ҳифз намояд, ба биҳишт меравад, ва Аллоҳ фард аст, ва адади фардро дуст медорад.

Муслим (2677).

#Ҳадис
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

19 Oct, 18:07


ДУОИ БЕДОР ШУДАН АЗ ХОБ.

الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي أَحْيَانَا بَعْدَمَا أَمَاتَنَا، وَإِلَيْهِ النُّشُورُ.

«Алҳамдулилаҳиллази аҳёна, баъдама аматтана, ва илайҳи-ннушур»

Тарҷума: «Сипоси Аллоҳ, ки моро пас аз мирондан, зинда кард». (Ривояти Бухорӣ 7395)
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

19 Oct, 13:53


Барои наҳвиҳо 😁😁😁

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

19 Oct, 10:08


⚫️🥋 ҚАТЛИ 70 САҲОБА ДАР САРЗАМИНИ НАҶД ➡️.

(Сарзамине, ки аз он Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб хориҷ шудааст).

🔉 Устод Аммари Ҳанафӣ.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

19 Oct, 06:56


Фаида из разговора с устазом Абу Али на тему определения таклида

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

18 Oct, 04:57


Суннат ва адабҳои рӯзи ҷумъа:

🚿 Таҳорати комил ( ғусл )

🪥 Дандонҳои худро бо мисвок шустан

✂️ Нохунҳо ва муйлабҳои худро кутоҳ кардан

💯 Такрори ба такрор салавот гуфтан

📖 Сураи Каҳфро хондан

👕 Барои намози ҷумъа беҳтарин либосҳоро пӯшидан

⚱️Бухурро истифода бурдан

🕌 Ба масҷид барвақт ва пиёда рафтан

🗣 Хутбаи Ҷумъаро бодиққат гӯш кардан.

🤲 Дар байни намози аср ва шом бештар дуъо кардан.
................................................
🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

17 Oct, 21:28


Тезис Имама аль-Ашари: Если утвердить Аллаху качество يدان и при этом сказать, что под этим не подразумевается милость, то это не означает, что это орган.

1,156

subscribers

1,011

photos

249

videos