ДОНИШ @donish_su Channel on Telegram

ДОНИШ

@donish_su


Дуруд!
Мақолаҳо аз
🌐 donish.net
🌐 donishju.net
🌐 savoltj.com
🌐 kitobkhon.net

ДОНИШ, ОМӮЗИШ, ПАНДНОМА, фактҳо, шоҳбайтҳо, муваффақият - шабакаи омӯзишӣ - @donish_su

Пайвандҳои муфид:
@nomnoma_bot
@kitobkada
@adab_tj

Тамос: @web_tj

ДОНИШ (Tajik)

ДОНИШ is a motivational and educational Telegram channel that aims to inspire and educate its followers. With a variety of content including articles, facts, stories, and success tips, this channel is your go-to source for motivation and learning. Whether you're looking to expand your knowledge, boost your motivation, or simply enjoy interesting reads, ДОНИШ has something for everyone.

The channel provides valuable links to resources such as donish.su, donishju.
et, and savoltj.com, making it easier for followers to access more educational content. By joining the community at @donish_su, you become part of a network dedicated to personal growth and success.

In addition to the engaging content, ДОНИШ also offers useful connections to other beneficial channels such as @nomTJbot, @kitobkada, and @adab_tj. These additional resources further enhance the learning experience and provide a well-rounded education for followers.

For those looking to connect with like-minded individuals and expand their knowledge in a motivating environment, ДОНИШ is the perfect Telegram channel. Join today and embark on a journey of self-improvement and inspiration!

Contact: @web_tj

ДОНИШ

19 Feb, 13:18


Тафаккур кун ниҳонӣ, эй башар, дар даҳри паҳновар
Ту бошӣ беҳтарин махлуқ, аз ин беҳтар чӣ мехоҳӣ?!
© Шайх Камоли Хуҷандӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

19 Feb, 11:25


Хитой имрӯз яке аз кишварҳое мебошад, ки соҳаи саноат хеле пеш рафтааст. Зеро дар ин кишвар ба таълиму тарбия диққати калон медиҳанд.

Дар ин ролик оқибатҳои вобастагии ҷавонон ба телефон хеле хуб нишон дода шудааст!

#навор
Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
https://t.me/sadoi_tojik

ДОНИШ

18 Feb, 13:18


Мункири Ҳақ назди мулло кофар аст,
Мункири худ назди ман кофартар аст.
© Иқбол

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

18 Feb, 06:16


Таърихи Артиш (артиши милли)

Ҳеҷ як давлат бе лашкари тавонову разманда вуҷуд дошта наметавонад. Ин аст, ки давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталифи лашкар созмон медоданд. Сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ месозанд, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо…

Бахш: Иншо ва мавзӯи озод

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=3310
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

18 Feb, 06:16


23 Феврал – Рузи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 февраля рузи Артиши милли Чумхурии Точикистон! Рузи куввахои мусаллах, Рузи артиш, Рузи Артиши милли.

Рӯзи 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Бахш: Дониш | Иншо ва мавзӯи озод

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=1912
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

18 Feb, 06:15


Табрикот ва шеър барои Артиши милли (ба падар, шавхар)

23 феврал рузи Артиши милли, дар ин саҳифа табрикнома барои Артиши милли ба падар, бародар, дуст ва хамкор оварда мешавад. Табрикот барои Артиши милли >>

-------------

Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон, муборак бод! Ба…

Бахш: Табрикнома

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.net/?p=5902
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

18 Feb, 05:11


Сараввал корҳои заруриро анҷом диҳед, баъд он корҳоеро, имконият даст медиҳад, ногаҳ шумо мефаҳмед, ки амали ғайриимконро анҷом додаед.


#донистан_хуб_аст
Ба дӯстон ирсол намо:
👇👇👇
@tafakkur_tjk

ДОНИШ

17 Feb, 13:17


Асри мову ту, ки помоли риёст,
Дар вуҷуди меваҳо ҳам кимиёст.
© Гулноз Тоҳириён

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

16 Feb, 13:17


Ҳар он васфе,ки гӯям беш аз онӣ
Яқин дорам, ки бешак ҷони ҷонӣ.
© Аттори Нишопурӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

16 Feb, 12:25


Танҳо бо нон зинда нест инсон ...

ДОНИШ

16 Feb, 04:09


Андар фарзанд парваридан ва оини он

Бидон, эй азизи ман, ки агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падар… яке ин аст. Дуввум он, ки ба доя…и меҳрубон супор ва ба вақти хатна кардан суннат ба ҷой овар ва ба ҳасби тоқати хеш шодӣ кун… Чун бузург шавад, агар раият бошӣ, вайро пешае биомӯзӣ ва агар аҳли силоҳ бошӣ, ба илми силоҳаш диҳӣ… Ҳунар дигар асту пеша дигар. Аммо аз рӯи ҳақиқат наздики ман пеша бузургтарин ҳунарест. Ва агар фарзанд…и муҳтарам сад пеша донанд, чун ба кай бикунанд, айбе нест, балки ҳунар аст, ҳар яке рӯзе ба кор ояд.

Унсуралмаолии Кайковус

ДОНИШ

15 Feb, 13:18


Ба ризо кӯш, Ҳилолию зи қисмат махурӯш,
Ҳар киро ҳар чӣ насиб аст, муайян карданд.
© Бадриддин Ҳилолӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

15 Feb, 10:01


Оё бидуни таҷвид Қуръон хондан ҷоиз аст? #10

Суоли шаръӣ – 10. Оё бидуни тачвид Куръон хондан чоиз аст?

-------------

Оё бидуни таҷвид Қуръон хондан

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4314
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

14 Feb, 17:54


Агар ин мардум суду зиёнашонро медонистанд, магар дар шаҳри бегона сарсону саргардон кор кофта мегаштанд?!

ДОНИШ

14 Feb, 14:32


Имлои ҳарфи и ва ӣ (ӣ-зада, дароз)

Дар ин мақола имлои харфи и ва ӣ-и дароз оварда мешавад.

Садоноки и ду тарзи навишт дорад: и ва ӣ.

Ҳарфи и дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

а)

Бахш: Забони тоҷикӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=10123
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

14 Feb, 13:17


Сухан гар наафтад аз гӯш ба ҳуш,
Чӣ сӯрохи гӯшу чӣ сӯрохи муш.
© Ҷомӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

14 Feb, 04:42


Забон дар ҷойи худ истад, забон аст, агар андак бурун ояд, зиён аст.

ДОНИШ

13 Feb, 13:17


Ҳаст чун қалбошноӣ назди хубон муътабар,
Аз тилло гаштан пушаймонем, моро мис кунед!
© ?

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

13 Feb, 04:58


ОРЗУ (ҲИКОЯ) - РАВШАНИ МАХСУМЗОД / ГУФТОРИ 3
____
Китобхон - китобҳои савтӣ | کتاب های صوتی

ДОНИШ

13 Feb, 04:42


Доно донаду пурсад, нодон надонаду напурсад.

ДОНИШ

12 Feb, 15:22


Марги миллат аз марги забон сар мешавад. Гулрухсор

ДОНИШ

12 Feb, 13:18


Тиҳидастӣ надорад ҷуз хиҷолат ҳосили дигар,
Ки бори беди маҷнун сар ба зер андохтан бошад.
© Соиби Табрезӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

12 Feb, 12:33


"Ҳуши маснӯӣ (ё ҳамон Зеҳни сунъӣ, ИИ, AI) моро бесавод мекунад, расман" - олимони Microsoft

Пажӯҳишгарон ба ин хулоса омадаанд, ки ҳар чӣ қадар бештар мо аз ин ҳуш истифода барем, ҳамон қадар кори майнаи сар суст мешавад.

Ҳангоми кор бо "Ҳуши маснӯӣ" инсон қобилияти фикрронии интиқодиро аз даст медиҳад.

Натиҷа: майнаро бояд бештар кор фармоему машқ диҳем, вагарна тамом....

Аз Дониш:
Вақте муқоиса мекунам, воқеан пажуҳиш дуруст. Ҳозир барои оддитарин чиз фикр намекунаму намеандешам, балки аз ЧатGPT мепурсам...


#маълумот #фанновариҳои_иттилоотӣ
@donish_su

ДОНИШ

12 Feb, 10:01


Макруҳоти намоз #7

Суоли шаръӣ – 7. Макрухоти намоз

-------------

Макруҳоти намоз

Суол:

Макруҳоти намоз кадомҳоянд?…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4308
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

12 Feb, 04:41


Бингар, ки чӣ мегӯяд, мангар, ки кӣ мегӯяд.

ДОНИШ

11 Feb, 13:18


Чун бо касе ҳамраҳ шудӣ, аз нимаи раҳ барнагард,
Чун аз паи мардон равӣ, дигар зи номардон мабош!
© Розиқи Фонӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

11 Feb, 09:32


Варзиш аз афсурдагӣ наҷот медиҳад

Донишмандони Чин дар пайи як пажуҳиш ба ин натиҷа расидаанд ҳар нафаре, ки каме ба варзиш машғул мешавад, аз афсурдагӣ, танҳоӣ ва вобастагиҳои мухталиф (вобастагӣ аз интернет ё харид) камтар азият мекашад.

ДОНИШ

11 Feb, 04:31


Аввал андеша, баъд гуфтор.

ДОНИШ

11 Feb, 03:03


https://youtu.be/559VO2GMpzM?feature=shared

ДОНИШ

10 Feb, 16:15


Фароҳам будани ниёзҳои асосии рӯзгор барои фарз будани закот шарт аст? #6

Суоли шаръӣ – 6. Ахкоми закот. Оё фарохам будани ниёзхои асосии рузгор барои фарз будани закот шарт аст?

-------------…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4303
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

10 Feb, 13:18


Мурғи боғи малакутам, наям аз олами хок,
Чанд рӯзе қафасе сохтаанд аз баданам.
© Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

10 Feb, 05:28


Дарвеше ба дари деҳе расид. Ҷамъе кадхудоёнро дид он ҷо нишаста. Гуфт:
– Маро чизе бидиҳед вагарна, ба Худо, бо ин деҳ ҳамон кунам, ки бо он деҳи дигар кардам.
Эшон битарсиданд, гуфтанд:
– Мабодо, ки соҳире ё валие бошад, ки аз ӯ харобӣ ба деҳи мо расад.
Он чи хост, бидоданд. Баъд аз он пурсиданд, ки бо он деҳ чӣ кардӣ?
Гуфт:
– Он ҷо суоле кардам, чизе надоданд, ба ин ҷо омадам, агар шумо низ чизе намедодед, ин деҳро низ раҳо мекардам ва ба деҳи дигар мерафтам.
© Убайди Зоконӣ

#ханда
@donish_su

ДОНИШ

09 Feb, 13:18


Шуд чу оламгир ғафлат,ҷоҳилу доно якест,
Хона чун торик шуд,бинову нобино якест.
© Саййидо

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

09 Feb, 07:16


Дуруд дӯстони гиромӣ, умедворам, ки хубу шод ҳастед!
Воқеъан канали хуб ҳаст, метавон гуфт дар ҳама бора фаъолият дорад.
Эҳтиромона хоҳиш мекунем обуна шавед:
👇👇👇
https://t.me/KoriIsmat1917

ДОНИШ

08 Feb, 13:18


Донад, ки рӯҳ дар тани хокӣ чӣ мекашад,
Ҳар нозпарваре, ки ба ғурбат фитодааст.
© Соиби Табрезӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

07 Feb, 14:08


📖Боз ҳам перомуни китобу китобхонӣ

Ҷомеаи мо чунон аз китобхонӣ дур шуда, ки ҳатто қишре ки вазифааш китобхонӣ аст, яъне донишҷӯ 🎓(ДОНИШ + ҶӮ) ҳам хеле кам китоб мехонад. Ба наздикӣ аз ҳамаи донишҷӯёни шуъбаи ғоибона бо навбат суол кардам, ки охирин китобе ки хондаед, чӣ ном дошт, 70 дар сади онҳо гуфтанд, ки китоб нахондаанд. Даҳ дар сад, ки муаллим будаанд, гуфтанд, гоҳе китоб мехонанд ва даҳ дар сади дигар изҳор доштанд, ки китобҳои динӣ (он ҳам қиссаву ривоят) мехонанд. Танҳо даҳ дар сад китоб мехондаанд ва номи китобҳояшонро ҳам гуфтанд. Шояд боваратон нашавад, акнун ки умри ман аз панҷоҳ гузашта, каме ҳам бошад, аз ин гузари умр таҷриба андӯхтаам, бо як нигоҳ ба донишҷӯён (ва афроде дар ҳар маҷлис) метавонам ташхис диҳам, ки китоб мехонаду ки аз китобхонӣ безор аст. Афроде ки китоб мехонанд, ҳатто забон боз накунанду чизе ҳам нагӯянд, аз дигарон фарқ мекунанд. Нишастан, нигоҳ кардан, хестан аз ҷой ва дигар рафтори онҳо бо дигарон тафовут дорад.
Чанд соли охир хабаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки бар асоси он дар яке аз кишварҳо (агар иштибоҳ накунам Бразилия) муҷозоти он маҳбусоне ки китобхон бошанд, кам мекунанд. Беназир аст ин таҷриба!
Ин ҷо мехоҳам як қиссаеро ки сад сол муқаддам дар ИМА рух додааст, бикорам. Онро метавон судмандии китобхонӣ номид ё чӣ гуна китоб хондан сабаб шуд, ки як ҷинояткор аз зиндону ранҷу маҳрумиятҳои дигар наҷот ёбад. Ин аст он воқеа.

Соли 1923 бонкдори маъруф Уилям Морган ғайб мезанад. Полиси ИМА моҳҳо дунболи ӯ гашта ба натиҷае намерасад ва аз пайдо карданаш ноумед мешавад. Аммо, як тасодуф сабаб шуду Морганро пайдо карданд. Маълум шуд, ки ин корманди бонк, ки қарздор шуда буд, аз тарси талабкорон, ки пули худро аз ӯ талаб доштанду ба додгоҳ муроҷиат карда буданд, ба китобхонаи шаҳрӣ рафта он ҷо пинҳон мешавад. Вай ҳар рӯз либоси кормандони китобхонаро ба бар карда, дар ҷое пинҳон мешуд ва азбаски ба китоб шавқу рағбати фаровон дошт, китоб мехонду сипас дар поёни рӯз, ки мардум ба хонаҳо мерафтанд, дар миёни китобҳо худро пинҳон мекард. Ҳамин тавр ӯ садҳо китоб хонду рӯзҳоро карона кард ва касе аз ҷойи ӯ огоҳ нашуд. Аммо, Уилям дӯстдори қаҳва ҳам буду он ҷо қаҳва омода мекарду менӯшид. Боре бӯйи қаҳва ба машоми яке аз кормандони воқеии китобхона зад ва ин ҷустуҷӯ сабаб шуд, ки “корманди” китобхона Уилям Морганро пайдо кунанд. Полиси ИМА ӯро дастгир кард ва кори ӯ ба додгоҳ кашида шуд. Аммо раиси додгоҳ, Самбеинг ном шахс, ки ӯ низ ошиқи китобу китобхонӣ буд, вақте аз қазия огоҳ шуд, Морганро наҷот дод. Ӯ ҳукме содир кард, ки Морганро вазифадор месохт, ки қарзҳои гирифтаашро тадриҷан пардохт кунад ва ба кори худ ҳам идома диҳад. Ӯ дар ҷаласаи додгоҳ гуфт, ки “кош дигар ҷинояткорон низ мисли Морган аз додгоҳ фирор мекарданд”. Ҳамин тавр, китобхониву китобдӯстӣ сабаби наҷоти Уилям Морган шуд.

✍️Сайфуллоҳ Муллоҷон

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед

ДОНИШ

07 Feb, 13:18


Чашми ёрӣ рӯзи бад з-ин одамирӯён мадор,
Соя дар торикии шаб бо касе ҳамроҳ нест.
© Ваҳиди Қазвинӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

07 Feb, 08:13


Ҳама ҷойи Эрон саройи ман аст,
Чу неку бадаш аз барои ман аст.
© Абулқосими Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

07 Feb, 04:25


Шахсе меҳмонеро дар зерхона хобонда, ними шаб садои хандаи вайро дар болохона шунид. Соҳиби хона пурсид:
– «Дар он ҷо чӣ мекунӣ?»
Гуфт: «Дар хоб ғалтидаам».
Гуфт: «Мардум аз боло ба поин ғалтанд, ту аз поин ба боло ғалтидӣ?»
Гуфт: «Ман ҳам ба ҳамин механдам».
© Убайди Зоконӣ

#ханда
@donish_su

ДОНИШ

06 Feb, 17:43


Чу ёқут аз замин ҳам дар ватан гар пасттар бошӣ,
Аз он беҳтар, ки дар ғурбат ба рӯйи тахти зар бошӣ.
© Туғрои Машҳадӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

05 Feb, 14:06


🔹 TuronTech – Сомонаҳои замонавӣ бо сифати баланд ва нархи дастрас! 🚀💻
🔹 Сайти шахсӣ, тиҷоратӣ ё мағоза? Мо барои шумо ҳама чизро омода мекунем! 🛒
🔹 Бо TuronTech тиҷорати худро онлайн гардонед! 🌍📈

📩 Барои фармоиш ва машварат: 👉 Дар Direct нависед

ДОНИШ

05 Feb, 13:18


Бетамаъ нашнидаам аз хосу ом,
Ман саломе, эй бародар, вассалом!
© Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

05 Feb, 06:56


Чашми дилро илми таърих мекушояд.

© Оташ дар хонаи қадим

ДОНИШ

04 Feb, 13:18


Бояд салом доду алайке талаб накард,
Некӣ тамаъ, ки дошт, ҳамоно ҳаром шуд.
© Фарзонаи Хуҷандӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

03 Feb, 13:18


Ба рӯзгор чу корам фитод, донистам,
Ки ғайри ёр наояд касе ба кори касе.
© Толиби Омулӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

03 Feb, 05:52


Романи "Теғи пурасрор"-и Ҳабибулло Ёров аз лаҳзаҳои хеле шавқовари пурмоҷаро моломол буда, бо хислати детективиаш зуд диққати хонандаро ба худ мекашад. Мавзуи асар доманадор асту лаҳзаҳои ҳаёти мардуми тоҷикро аз давраи бунёдшавии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон то барҳамхӯрии СССР – Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ дар бар мегирад. Дар рафти сужети роман қисса андар қиссаҳо рӯ мезананд ва хонандаро ба ҳаёти Тоҷикистон, давраҳои кулаку «душмани халқ» хондани одамони босавод, муллоҳо, китобсӯзониҳо, давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 шинос менамояд.

Нависанда аз оғоз то анҷоми китоб аз тарзи зиндагии мардуми Афғонистон, пеш аз ҳама, аз урфу одатҳо, расму русум, анъанаҳои қабилаи кӯчиҳо, маълумоти фаровон медиҳад, ки бисёр аҷибанд...
_____

Шакли савтии китоби мазкур аз Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон дар қироати Бобохон Сатторӣ оварда мешавад.

«Теғи пурасрор» - и Ҳабибулло Ёров дар шакли савтӣ (садо) дар зер
👇🏻👇🏻👇🏻
Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб 💚

ДОНИШ

02 Feb, 13:18


Ин васият кард Маҷнун дар дами охир ба ман,
То тавон девона шуд, фарзона будан хуб нест.
© Воқифи Лоҳурӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

02 Feb, 06:11


Барои #тафаккур
@donish_su

ДОНИШ

01 Feb, 13:18


Шеър гуфтан гарчи дур суфтан бувад,
Нек фаҳмидан беҳ аз гуфтан бувад.
© ?

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

01 Feb, 11:12


Аз мо мапурс хунватани Карбало куҷост?
Бошад агар, ба дасти фироқи хаёли мост.

Аз мо мапурс Тӯру фурӯзанда оташаш,
Моему куҳи хилвати гуфтор бо Худост.

Кӯчондаем бар ватани сина Каъбаро,
Аз Африқо бузургтар азбаски Осиёст.

Колумб рафт бар сафар аз рӯи тарҳи мо,
Синбоди мо ба даҳр нахустин ҷаҳонкушост.

Салмони порсӣ зи ҳама бартарӣ, ки дошт,
Гуфтанд даст дониши ин қавм бар самост.

Аз мо фасонае зи гилеми кабуд пурс,
Рози фалак ба миллати Хайём ошност.

Пурс аз табиб навъу зи қассоб ранги хун,
Ин аст як далел, ки Сино аз они мост.

Бо ин ҳама зи мо ғалат афзун гузаштааст,
Орист он ки аз ғалат андешааш, Худост.

© Устод Муҳаммад Ғоиб
@donish_su

ДОНИШ

01 Feb, 07:19


Маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои Равшан Махсумзод.

Маҷмӯаи мазкур бо садои Субҳон Ҷалилов таҳия шудааст.
____
Маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои Равшан Махсумзод дар шакли савтӣ (садо) дар зер
👇🏻👇🏻👇🏻
Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб 💚

ДОНИШ

01 Feb, 06:11


Вақтатонро бо нафароне, ки намехоҳед, нагузаронед! Ҳаёт хеле кутоҳ аст. Аз ин рӯ кӯшиш кунед, дар иҳотаи шахсоне бошед, ки ба Шумо писанданд.

@donish_su

ДОНИШ

31 Jan, 14:41


Мо ва оинаи нилгун (қоидаҳои тамошои телевизор)

Ҳамаи мо дар хонаамон телевизор (оинаи нилгун) ва мавҷгир (антенна) дорем. Ҳар рӯз мо телевизор тамошо мекунем, радио гӯш мекунем. Албатта, бо мақсади муайян тамошо мекунем. Масалан, ҳаловат мебарем, аз хабарҳои кишвари худ ва…

Бахш: Дониш

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=8504
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

31 Jan, 13:18


Маро зи оташи дӯзах наметавон тарсонд,
Зи шармсории рӯзи шумор метарсам.
© Соиби Табрезӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

31 Jan, 06:11


@donish_su

ДОНИШ

27 Jan, 13:18


Ишқ аз раҳи таклиф ба дил по нагузорад,
Селоб напурсад,ки дари хона кадом аст.
© Соиби Табрезӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

27 Jan, 06:12


Ноил шудан ба ҳадаф на ҳамеша осон аст. - @donish_su

ДОНИШ

27 Jan, 04:36


https://youtu.be/dnihy1uwIjs

ДОНИШ

26 Jan, 13:18


Ҳузури қалб бувад шарт дар адои намоз,
Ҳузури халқ туро дар намоз меорад.
© Соиб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

26 Jan, 06:11


Ҳар субҳ ба варзиш машғул шавед. Шарт нест, варзиши сангин иҷро кунед. Аз содатарин машқҳо оғоз намоед. Ҳадаққал 5-10 дақиқа машқҳои осони субҳгоҳӣ анҷом диҳед.

Ин гардиши хунро дар бадан хуб намуда, кайфиятатонро баланд мебардорад ва давоми рӯз қувваи Шуморо дучанд мегардонад. Агар ин корро давоми ҳафта бе танаффус анҷом диҳед, бадани Шумо ба он одат хоҳад кард.

@donish_su

ДОНИШ

25 Jan, 13:18


Гар баде гуфт ҳасудеву рафиқе ранҷид,
Гӯ, ту хуш бош, ки мо гӯш ба аҳмақ накунем.
© Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

25 Jan, 06:11


#панд
__________
Ҳамванд бошед 👉🏼 @donish_su

ДОНИШ

24 Jan, 13:18


Фироқу васл чӣ бошад? Ризои Дӯст талаб,
Ки ҳайф бошад аз Ӯ ғайри Ӯ таманное.
© Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

24 Jan, 06:11


#маълумоти_ҷолиб

Дар тамоми китоби Қуръони карим калимаи “Ҷазо” 117 маротиба зикр шудааст. Калимаи “Бахшидан” бошад, 234 маротиба зикр шудааст.

Яъне Худованд бахшиданро расо ду баробар бештар ёдрасамон мекунад. Бораҳму шафқат буданамонро талқин менамояд.
__________
Ҳамванд бошед 👉🏼 @donish_su

ДОНИШ

23 Jan, 13:18


Чу дахлаш нӯздаҳу харҷаш бист,
Ба ҳоли чунин банда бояд гирист.
© ?

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

23 Jan, 06:11


Барои #тафаккур
@donish_su

ДОНИШ

22 Jan, 13:18


Дахли беҷо надиҳад ғайри хиҷолат асаре,
Тири каҷ боиси расвоии тирандоз аст.
© Калими Кошонӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

22 Jan, 06:11


Одоби Салом додан ва Салом кардан

– пок будан;

– савора бар пиёда, истода бар нишаста ва нишаста бар такязада салом кунад;

– он ки хурдтар аст, бояд бар бузургтар ва ақал бар аксар
салом кунад;

– дар салом кардан рӯй хандон ва пешонӣ кушода дорад;

– ба ишорат салом накунад, балки ба лафз (бо овози шунаво) бигӯяд, ки “Ассалому алайкум”;

– чун ду ба якдигар рӯ ба рӯ оянд, вохӯрӣ кунанд.

Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su

ДОНИШ

21 Jan, 13:18


Битарс аз Худову маёзор кас,
Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас.
© Ҳазрати Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

21 Jan, 06:11


Баъзе #ҳақиқатҳо

* Бисёр одамон дар бораи корҳое, ки иҷро намекунанд, гап мезананд…

* Бо онҳое, ки боварӣ надоранд, дӯст мешаванд…

* Ба одамоне, ки ҳурмат намекунанд, хушомадгӯянд…

* Ба касоне, ки эҳтиром намекунанд, итоат мекунанд…

* Ба чизҳои эҳтиёҷ надоштааш соҳибӣ мекунанд…

* Чизҳои бекораро ҷамъ менамоянд…
__________
Ҳамванд бошед 👉🏼 @donish_su

ДОНИШ

20 Jan, 13:18


Ҷуз аз ростӣ ҳар ки ҷӯяд зи дин,
Бар ӯ бод нафрини беофарин.
© Ҳазрати Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

20 Jan, 06:12


#маълумотҳо

Фарзандатон ба худ бовар намекунад? Шумо ба ӯ илҳом намедиҳед!

Фарзандатон хуб сухан гуфта наметавонад? Шумо бо ӯ ҳамсӯҳбат намешавед!

Фарзандатон дуздӣ мекунад? Шумо ба ӯ тӯҳфаҳо намедиҳед!

Фарзандатон тарсончак аст? Шумо ӯро бисёр ҳимоя мекунед!
__________
Ҳамванд бошед 👉🏼 @donish_su

ДОНИШ

19 Jan, 13:18


Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад.
© Сайидои Насафӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

19 Jan, 06:11


#ҳикоя

Марде ду духтар дошт, якеро ба як кишоварз ва дигареро ба як кӯзагар шавҳар дод.

Чанде баъд ҳамсараш ба ӯ гуфт: эй мард саре ба духтаронат бизан ва аҳволи онҳоро ҷӯё шав!

Мард низ аввал ба хонаи кишоварз рафт ва ҷӯёи аҳвол шуд. Духтарак гуфт, ки заминро шудгор кардаву дон пошидаем агар борон биборад хеле хуб аст ва агар наборад бадбахтем.

Мард ба хонаи кӯзагар рафт. Духтарак гуфт кӯзаҳоро сохтаем дар офтоб чидаем. Агар борон биборад бадбахтем ва агар наборад хуб аст.

Мард ба хонаи худ баргашт занаш аз авзо пурсид мард гуфт:

Чи борон биборад ва чи наборад мо бадбахтем…!

Ҳоли ҳикоят имрӯзи мост. Борон биборад хелеҳо бехонумон мешаванд ва хоб надорад ва агар наборад бисёриҳо обу ғизо надоранд…

…. ва ҳеҷ кори Худо бе ҳикмат нест…
__________
Ҳамванд бошед 👉🏼 @donish_su

ДОНИШ

18 Jan, 13:18


Ман киям, то дар талаб чун мавҷ барбандам камар,
Як нафас ҷоне, ки дорам, чун ҳубобам бар лаб аст.
© Ҳазрати Бедил

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

18 Jan, 06:11


Се чиз бародарро аз бародар ҷудо месозад:

1️⃣ Зан;
2️⃣ Зар;
3️⃣ Замин.
__________
Ҳамванд бошед 👉🏼 @donish_su

ДОНИШ

17 Jan, 13:18


Иззат натавон ёфт ба тақлиди азизон,
Юсуф нашавад ҳар ки дарафтод ба чоҳе.
© ?

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

17 Jan, 11:01


Тиҷорати духтурон бо доруфурӯшиҳо (аз нигоҳи ислом) #14

Суоли шаръӣ – 14. Тичорати духтурон бо доруфурушихо

-------------

Аз аҳком ва ахлоқи табибон

Суол:

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4296
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

17 Jan, 06:11


Се чиз ҳофизаро қавӣ мегардонад:

1️⃣ Рӯза;
2️⃣ Мисвок;
3️⃣ Тиловати Қуръон.
__________
Ҳамванд бошед 👉🏼 @donish_su

ДОНИШ

16 Jan, 13:18


Ба ҳашрам ваъдаи дидор агар додӣ, намеранҷам,
Висоли чун туеро сабр ин миқдор мебояд.
© Шифоии Исфаҳонӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

16 Jan, 06:12


#фактҳои_ҷолиб | ДОНИШ
Танҳо 3%-и одамон кор ва шуғли худро дӯст медоранд.
__________
Шумо коратонро дӯст медоред?
Нависед
👇👇👇

ДОНИШ

15 Jan, 13:18


Иззати шоҳу гадо зери замин яксон аст,
Мекунад хок барои ҳама кас ҷо холӣ.
© Ғании Кашмирӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

15 Jan, 08:13


ЯК ПАНД

Леонардо Ди Каприо мегӯяд:
"Ман дар Африқо будам ва дидам, ки мардуми онҷо чӣ гуна бо мушкилиҳо рӯбарӯянд. Баъде он ки ба хона баргаштам, дарк намудам, ки дигар тоқати шунидани он мушкилиҳои ночизе, ки наздиконамро безобита месозад, надорам."

👉👉👉 Таҳияи Н.РАҲМОН

#андарз
Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
https://t.me/sadoi_tojik

ДОНИШ

15 Jan, 06:11


Се чиз дар зиндагӣ ба инсон якбор дода мешавад:

1️⃣ Волидайн;
2️⃣ Ҳусн;
3️⃣ Ҷавонӣ.
__________
Ҳамванд бошед 👉🏼 @donish_su

ДОНИШ

15 Jan, 03:08


Каме шухӣ 😁😂

#ханда
@donish_su

ДОНИШ

14 Jan, 13:18


Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр, ё ҳар ду?
Мусибат аз мусулмонҳост, ё куффор, ё ҳар ду?

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,
Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳар ду?

Ватанро аз хатар фикри вакилон мекунад эмин,
Ва ё сарнайзаи як лашкари ҷаррор (1), ё ҳар ду?

Ватанро фитнаи маснаднишинон дод бар душман,
Ва ё ин мардуми бедониши бозор, ё ҳар ду?

Каманди бандагӣ бар гардани бечорагон маҳкам,
Зи банди сабҳа (2) шуд, ё риштаи зуннор, ё ҳар ду?

Ба қатлу ғорати деҳқону истисмори заҳматкаш,
Фақат масҷид бувад бонӣ ва ё дарбор, ё ҳар ду?

Бинои зулму истибдоди синфи муфтхӯр вайрон
Зи чаккуш (3) мешавад, ё доси ҷавҳардор (4), ё ҳар ду?

Вакил аз хидмати миллат тағофул (5) мекунад амдан (6),
Ва ё бошад вазир аз мамлакат безор, ё ҳар ду?

Ба маҷлис нисбати Эронфурӯшӣ медиҳанд, аммо
Намедонам кунам иқрор, ё инкор, ё ҳар ду?

Вакилону вазиронанд хоин, фош мегӯям,
Агар дар зери теғам, ё ба рӯйи дор, ё ҳар ду!

Туро рӯзе ба куштан медиҳад ночор, Лоҳутӣ,
Забони ростгӯ, ё табъи оташбор, ё ҳар ду?

Абулқосим Лоҳутӣ

1. Ҷаррор – бадхоҳ.
2. Сабҳа – тасбеҳ.
3. Чаккуш – болға.
4. Ҷавҳар – санги қиматбаҳо, ин ҷо ба маънои тез, обутобдода.
5. Тағофул – ғафлат, худро ба нодонӣ задан.
6. Амдан – қасдан, дидаву дониста.


#шеър
@donish_su

ДОНИШ

14 Jan, 13:18


#дари_ҷаннат

Яке ба дӯсташ гуфт:
Имрӯз, пой модаратро бӯса кардӣ?
Гуфт: Имрӯз на, фаромуш кардам.
Гуфташ, вақто ширхора будӣ, сер намудани туро фаромуш карда буд?!

Аз саҳифаи Иброҳими Саиднуриддин
@donish_su

ДОНИШ

14 Jan, 11:01


Ушр чист? Андозаи закоти маҳсулоти замин чӣ қадар аст? #13

Суоли шаръӣ – 13. Ушр / ъушр чист? Андозаи закоти махсулоти замин чи кадар аст?

-------------

Аз

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4293
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

13 Jan, 13:18


Панд арчи ҳазор судманд аст,
Чун ишқ бувад, чӣ ҷойи панд аст?!
✍🏻 Низомии Ганҷавӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

13 Jan, 08:27


ЯК АКСУ ЯК ҶАҲОН МАЪНӢ (9)

ДОНИШ

13 Jan, 06:11


#беҳтарин_ғизо

Дусте аз рафиқаш пурсид: Беҳтарин ғизо дар кадом ошхона аст то ин бегоҳ онҷо таом хурем?
Гуфт, дар масҷиди фалонӣ.
Онҷо имом қироати зебо дорад.

Аз саҳифаи Иброҳими Саиднуриддин
@donish_su

ДОНИШ

04 Jan, 13:18


Санои Худованд бар Саъдӣ бод!... 📚

Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Бирав панҷ навбат бизан бар дарат,
Чу ёре мувофиқ бувад дар барат.
Ҳама рӯз агар ғам хӯрӣ, ғам мадор,
Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор.
Киро хона ободу ҳамхоба дӯст,
Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст.
Чу мастур бошад зану хубрӯй,
Ба дидори ӯ дар биҳишт аст шӯй.
Касе баргирифт аз ҷаҳон коми дил,
Ки якдил бувад бо вай ороми дил.
Агар порсо бошаду хушсухун,
Нигаҳ дар накӯиву зиштӣ макун.
Зани хушманиш дилнишонтар, ки хуб
Ки омезгорӣ бипӯшад уюб.
Бибурд аз паричеҳраи зиштхӯй
Зани девсимои хуштабъ, гӯй.
Чу ҳалво хӯрад сирка аз дасти шӯй,
На ҳалво хӯрад сирка, андуда рӯй.
Дилором бошад зани некхоҳ,
Валекин зани бад, Худоё, паноҳ!
Чу тӯтӣ калоғаш бувад ҳамнафас,
Ғанимат шуморад халос аз қафас.
Сар андар ҷаҳон неҳ ба оворагӣ,
Вагарна бинеҳ дил ба бечорагӣ.
Тиҳипой рафтан беҳ аз кафши танг,
Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг.
Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ,
Ки дар хона дидан бар абрӯ гиреҳ.
Сафар ид бошад бар он кадхудой,
Ки бонуи зишташ бувад дар сарой.
Дари хуррамӣ бар саройе бибанд,
Ки бонги зан аз вай барояд баланд.
Чу зан роҳи бозор гирад, бизан,
Вагарна ту дар хона биншин чу зан.
Агар зан надорад сӯи мард гӯш,
Саровели куҳлӣ-ш бар мард пӯш.
Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ,
Бало бар сари худ, на зан хостӣ.
Чу дар кулба як ҷав амонат шикаст,
Аз анбори гандум фарӯ шӯй даст.
Бар он банда Ҳақ некӯӣ хостаст,
Ки бо ӯ дилу дасти зан рост аст.
Чу дар рӯйи бегона хандид зан,
Дигар мард, гӯ лофи мардӣ мазан.
Зани шӯх чун даст дар қаля кард,
Бирав, гӯ бинеҳ панҷа бар рӯи мард.
Чу бинӣ, ки зан пой бар ҷой нест,
Субот аз хирадмандиву рой нест.
Гурез аз кафаш дар даҳони наҳанг,
Ки мурдан беҳ аз зиндагонӣ ба нанг.
Бипӯшон-ш аз чашми бегона рӯй
Ва гар нашнавад, чӣ зан он гаҳ чи шӯй.
Зани хуби хуштабъ ганҷ асту бор,
Раҳо кун зани зишти носозгор.
Чи нағз омад ин як сухан з-он ду тан,
Ки буданд саргашта аз дасти зан.
Яке гуфт: Касро зани бад мабод,
Дигар гуфт: Зан дар ҷаҳон худ мабод.
Касеро, ки бинӣ гирифтори зан,
Макун, Саъдиё, таъна бар вай мазан.
Ту ҳам ҷавр биниву бораш кашӣ,
Агар як саҳар дар канораш кашӣ.

🕯Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт-ҳо
@donish_su

ДОНИШ

04 Jan, 11:01


Оё никоҳи зани мусалмон бо марди ғайри мусалмон ҷоиз аст? #9

Суоли шаръӣ – 9. Аҳкоми хонаводаи мусулмон.

-------------

Суол:

Оё никоҳи зани мусалмон бо марди ғайри мусалмон…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4285
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

04 Jan, 06:11


— Барои кор кардан вақт ёбед! Он дари муваффақиятро боз мекунад.

— Барои фикр кардан вақт ёбед! Ин сарчашмаи нерӯст.

— Барои варзиш вақт ёбед! Сирри ҷавонӣ дар варзиш ниҳон аст.

— Барои мутолиа вақт ёбед! Он асоси дониш аст.

— Барои дӯстӣ вақт ёбед! Он асоси хушбахтист.

#муваффақият
@donish_su

ДОНИШ

03 Jan, 13:18


Шарт набвад ҳама яксон бошем,
Шарт ин аст, ки Инсон бошем.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

03 Jan, 06:15


“Овардаанд, ки Исмоили Сомонӣ (р) чунин одат дошт, ки ба назди Ҷӯйи Мӯлиён ҳар рӯз ба вақти намози аср менишаст ва амр мекард, ки ба мардум нидо кунанд ва ҳар касе, ки аз раъият агар аз дигаре зулм дида аст, ва ё ниёзу ҳоҷате дошта бошад ба наздаш биёяд, то худ шахсан ба адл миёни хасмҳо ҳукм кунад ва ё ниёзу ҳоҷотро бароварда созад.
Ӯ ҳаррӯз ин амал иҷро мекард ва чун ба қаср бармегашт, рӯйи худ сӯйи осмон намуда ин дуъово ниёишро мехонд:
ЭЙ ХУДОИ МАН!
ОНЧИ ДАР ТАВОНИ МАН БУД ҲАМИН АСТ ВА ОНРО АНҶОМ ДОДАМ.
САЙЮ ТАЛОШИ ХУДРО БАРОИ БАРОВАРДА НАМУДАНИ НИЁЗҲОИ РАЪИЯТ САРФ НАМУДАМ, ТУ ДОНАНДАИ АСРОРУ НИҲОНҲОӢ, АЗ НИЯТИ МАН ОГОҲ ҲАСТӢ.
МАН НАМЕДОНАМ БА КИ ПУРРА ИНСОФ КАРДА БОШАМ ВА БА КИ АЗ НАДОНИСТАН ШОЯД ЗУЛМЕ РАВО ДИДА БОШАМ.
ПАРВАРДИГОРИ МАН, АГАР ЧУНИН ШУДА БОШАД МАРО БУБАХШ!”
--------------
Манбаъ: “Дурр-ул ғарро фи насиҳат- ис- салотини ва-л- умаро” -и Маҳмуд ибни Исмоили Хайрбайтӣ, ваф, 843 ҳиҷ./1440 мил.

Аз саҳифаи Иброҳими Саиднуриддин
@donish_su

ДОНИШ

03 Jan, 04:26


#ҷумъаи_муборак
@donish_su

ДОНИШ

02 Jan, 13:18


Ҳамон ҳайкал, ки мардум мепарастандаш,
Агар мегуфт ҳарфе, мешикастандаш.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

02 Jan, 12:01


Оё масеҳиён кофиранд?

Оё масехиён кофиранд?

-------------

Худованд (азза ва ҷалл) фармуда аст:

لَقَدْ كَفَرَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ هُوَ الْمَسِيحُ ابْنُ…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4282
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

02 Jan, 11:42


Саъй накунед, ки печени ғарқшуда дар пиёлаи ҷоятонро бо як печени дигар наҷот диҳед. Талафот дубаробар мешавад. )

ДОНИШ

02 Jan, 06:11


Дар маҳаллаи ҳамсоя миршаб вафот карду Афандӣ ба таъзияхона рафту аз "Шоҳнома" шеърхонданро сар кард.
- Афандӣ, эй Афандӣ дар таъзия Қуръон мехонанд - гуфт бойе.
- Чӣ кор кунам, охир ҳамин миршаб маро аз омӯзиши Қуръон боз дошта буд. Ба ҷои ин "Шоҳнома" - ро хонда омӯхта будам - гуфта ҷавоб дод Афандӣ.


© Саид Комил

Онҳое, ки монеъаи ба масҷид рафта илм омӯхтани бачаҳо мешаванд, пагоҳ миранд ҷанозаашонро киҳо хонданашонро фаромӯш накунанд!!!

Таҳиягар: Озод Ҳодизода


#ҳикояи_ибратнок
Ба дӯстон ирсол намо:
👇👇👇
@ajoiboti_olam

ДОНИШ

01 Jan, 13:18


#шоҳбайт

Ҷомаро бар тан нашояд духтан,
Бояд аз мардон адаб омухтан.

@donish_su

ДОНИШ

01 Jan, 06:11


Зиндагие, ки ту аз он қаноатманд нестӣ

Шояд орзуи каси дигаре бошад.
_________________
@donish_su

ДОНИШ

01 Jan, 05:25


Гумон надоштам ин сон ба ман қарин бошад,
Видоъи соли равон бо ман оташин бошад.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

31 Dec, 13:18


Ҳар кӣ ӯро маърифат ҳосил нашуд,
Ҳеч бар мақсуди худ восил нашуд.
© Шайх Аттор

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

31 Dec, 06:11


Аз кӣ буданат хурсанд неву аз кӣ шуданат андеша кун!

@donish_su

ДОНИШ

30 Dec, 13:18


То мард ба ранги лаъл дилхун нашавад,
Дар мулки вафо қимматаш афзун нашавад.
Ҳар санги табиатӣ нагардад ёқут,
Ҳар қатраи обе дури макнун нашавад.
© Ҳазрати Бедил

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

30 Dec, 06:11


Барои #тафаккур
@donish_su

ДОНИШ

29 Dec, 13:18


Андаруни дили худ бо ту сухан мегӯям,
Ҳам ту манзури манӣ, гоҳ ки "ман" мегӯям.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

29 Dec, 06:11


ХОҲАРАМ
Мувозиби қадамҳои пурарзишат бош!!!
ИЗЗАТИ ЯК ПАДАР
ҒУРУРИ ЯК БАРОДАР
Ва Биҳишти як авлодро бо худ дори.

@donish_su

ДОНИШ

28 Dec, 13:18


Касе пурсад: Забони мо дарӣ аст?
Бигӯ: Оре, забони модарӣ аст.
© Рустами Ваҳҳоб

Муаллиф: "Хулосаи байт: Забони моро ба ҳар номе бихонед, асл ин аст, ки забони модарии мост. Ҳаммазмуни шеъри машҳури устод Қаноат."

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

28 Dec, 06:11


Барои #тафаккур
@donish_su

ДОНИШ

27 Dec, 13:18


Эй он, ки маро ба кӯю барзан бинӣ,
Айбу гунаҳам ҳазор хирман бинӣ.
Бо дидаи таҳқиқ ба худ ҳам бингар,
Дар худ бинӣ, ҳар он чӣ дар ман бинӣ
© Лоиқ Шералӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

27 Dec, 06:11


#ҷумъаи_муборак
@donish_su

ДОНИШ

25 Nov, 08:18


ХОНЕД, МУҲИМ АСТ!

• Покизагии зан дар либоси мард намоён аст;
• Мардонагии шавҳар дар либоси зан намоён аст;
• Ахлоқи модар дар либоси духтар намоён аст;
• Ҷаҳонбинии падарро аз либоспӯшии писар дидан мумкин аст.

👉👉👉 Таҳияи ФАРАҲМАНД.

#ахлоқ
Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
http://t.me/sadoi_tojik

ДОНИШ

23 Nov, 14:14


Романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ» дар мавзӯи муҳим навишта шудааст. Нависанда ҳаёти тоинқилобии мардуми меҳнаткаши тоҷик ва рӯзҳои аввали инқилоби Бухороро бо маҳорати баланд тасвир кардааст. Дар роман мавзӯи дӯстии халқҳо ҷои муҳимро ишғол мекунад.

Романи мазкур бо садои Субҳон Ҷалилов таҳия шудааст.
______

«Духтари оташ» - и Ҷалол Икромӣ дар шакли савтӣ (садо) дар зер
👇🏻👇🏻👇🏻
Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб 💚

ДОНИШ

21 Nov, 10:27


https://kitobkhon.net/10-romani-bartar-kitobkhon/

ДОНИШ

21 Nov, 04:18


#Иқтибос
Ҳама шуниданд, ки Тайсон мағлуб шудааст, аммо касе номи ғолибро дар ёд надорад.

Ту низ чунон роҳи зиндагиро паси сар кун, ки онҳо туро мағлуб карда ҳам, аз номи ту баландтар нашаванд.

ДОНИШ

20 Nov, 11:01


Пас аз никоҳ арусу домодро то 40 рӯз баъди шом танҳо гаштан намемонанд?

# Савол

Пас аз никоҳ арусу домодро то 40 рӯз баъди шом танҳо гаштан намемонанд? Ҳамин масъала асоси…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4256
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

19 Nov, 13:41


Вақте ки ба як тараф хобидан барои одам нороҳати меорад ӯ ба тарафи дигар рӯй мегардонад, аммо вақте ки зиндагӣ барояш нороҳати меорад вай танҳо шикоят мекунад. Аммо шумо кӯшиш намуда - рӯятонро тарафи дигар гардонед.

Максим Горкий "Мещане"

#иқтибос
Ба шабака ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
@tafakkur_tjk

ДОНИШ

18 Nov, 14:28


Эй, ки аз олами маънӣ хабаре нест туро,
Беҳтар аз мӯҳри хамӯшӣ сипаре нест туро.
© Соиб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

18 Nov, 10:01


Рӯзаи Марям чӣ гуна рӯза аст?

# Савол

Ман мехоҳам дар бораи чи тавр рӯзаи марям гирифтан маълумот гирам ва он чи тавр аст?…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4254
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

17 Nov, 14:18


Нест дар беҳунарӣ офати нахват*, Соиб,
Шиква аз бахт макун гар ҳунаре нест туро.
© Соиб

* худпарастӣ, худбинӣ, такаббур, калонгирӣ, ғурур

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

16 Nov, 11:42


📖 "МАСНАВИИ МАЪНАВӢ" ✍️Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
📖 "ГУЛИСТОН" ✍️Саъдии Шерозӣ
📖 "ТАЗКИРАТ-УЛ-АВЛИЁ" ✍️Фариддудини Аттор
📖 "ШОҲЗОДАИ ХУРДАКАК" ✍️Антуан Де-Сент Экзюпери
📖 "РОБИНЗОН КРУЗО" ✍️Даниэл Дефо

@fonustj
@kitobkhon_2021

ДОНИШ

16 Nov, 10:01


Оё малоика ҳам мемиранд?

# Савол

Оё малоика ҳам мемиранд?

# Ҷавоб

Оре, тамоми махлуқот мемиранд, малоика ҳам махлуқ ҳастанд.

Шӯрои уламо (2956)

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4249
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

16 Nov, 06:12


#Назм

Охирин фалсафаи ҳастии инсон ин аст,
Ки муҳаббат дин аст.

✍️ Гулрухсор

Telegram | YouTube | Facebook | Site

ДОНИШ

16 Nov, 06:06


Парчам рамзи давлатдорӣ! (иншо, эссе дар бораи парчам)

Иншо ва ё эссе дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон. Парчами Чумхурии Точикистон 24 ноябр.

Парчам рамзи давлатдорӣ!

Ҷашни Рӯзи…

Бахш: Блог - Мақолаҳо

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3094
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

16 Nov, 06:06


Табрикот ба Рузи Парчами Чумхурии Точикистон (шеър)

Парчами Чумхурии Точикистон, 24 ноябр рузи Парчами Чумхурии Точикистон Парчам

-------------

Худо кунад, ки ин як порча матоъ барои…

Бахш: Блог - Мақолаҳо

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=1057
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

16 Nov, 06:05


Парчами Чумхурии Точикистон (иншо дар бораи парчам)

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Парчами Чумхурии Точикистон. Иншо дар бораи парчам.

Парчам – рамзи давлатдорӣ ва сармояи ифтихори миллӣ…

Бахш: Блог - Мақолаҳо

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3091
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

16 Nov, 06:04


Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ва иҷлосияи тақдирсоз (иншо)

Пешвои миллат – Эмомали Рахмон ва ичлосияи такдирсоз (иншо). Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ва иҷлосияи тақдирсоз (иншо, эссе)

Бахш: Блог - Мақолаҳо

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=2678
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

14 Nov, 10:01


Дар дохили ҳавопаймо таяммум карда намоз гузоридан дуруст аст?

# Савол

Дар дохили ҳавопаймо таяммум карда намоз гузоридан дуруст аст ё не?

# Ҷавоб

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4247
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

13 Nov, 08:34


Барои дӯст доштани фарзандонатон имкон ёбeд... Онҳо хеле зуд бузург мешаванд....


🎨  Brooklyn Swenson


#ҳикмат
Ба дӯстон ирсол намо:
👇👇👇
@tafakkur_tjk

ДОНИШ

12 Nov, 14:47


Родиёву телевизион ва расонаҳои умум бо як забони кӯчабозории шевагию китобии махлуту ғализ ва дурушт суҳбат мекунанду менависанд. Калимаҳои аҷибе мисли «хӯрока», «пӯшока»-ро сохтаанду мегӯянд. Дур нест, ки «нӯшокӣ»-ро низ «нӯшока» гӯянду нависанд. Ин ҳама бефарҳангӣ ва надонамкорӣ ва сардаргумиҳо то ба ҷое расидааст, ки намедонем Лайлӣ мода буд ё нар... (Пӯзиш мехоҳам!)

Лоиқ Шералӣ
📖 Хуросон аст инҷо

ДОНИШ

12 Nov, 13:07


Шеър дар бораи парчам – Парчами Точикистон

парчам шеър дар бораи парчам, шеър дар бораи парчами Точикистон шеър дар васфи парчам шеър дар бораи парчам бо забони точики

-------------

Рангҳои парчами мо хушҷило,
Тоҷи он мероси кайшоҳӣ бар мо.

Ҳафт ахтар…

Бахш: Гуногун

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=7686
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

12 Nov, 13:06


Рузи Парчами Чумхурии Точикистон (24 ноябр эссе)

Маълумот дар бораи парчам, Парчами Чумхурии Точикистон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон иншо эссе ессе дар ин мақола аз сомонаи www.DONISH.su барои шумо >>

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи…

Бахш: Гуногун

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=7684
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

12 Nov, 11:01


Санҷоб ҳалол аст ё ҳаром?

# Савол

Санҷоб ҳалол аст ё ҳаром?

# Ҷавоб

Дар китоби “Ҳаётул-ҳайвон” зикр шудааст, ки…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4245
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

12 Nov, 05:09


Мардуми мо мақоли зебое дорад: “дар гуфтам, девор гӯш дор”… Яъне ин муроҷиат танҳо ба Раҳими Ғармӣ дахл надорад, ба ҳамаи онҳое дахл дорад, ки соҳибкоранд ва мехоҳанд кори хайру савоб ба нафъи ин миллату давлат кунанд… Инак, он шарҳ:

Ҳар кори хайре мекунед, подош хоҳед гирифт, сипос барои ҳама корҳои хубатон.

Аммо як хоҳиш: дар зодгоҳатон – Рашт як китобхонаи бисёр зебо бисозед ва онро пур аз китоб кунед, номатон ҷовидона хоҳад монд…

Аз тамоми дигар корҳои хайр сохтани китобхона муҳимтар аст!

Китобхона созед, агар мехоҳед манфиате ба мардум бирасонед…

Китобхона созед, то исматон то Тоҷикистон ҳаст, боқӣ монад…

Китобхона созед, то насли ҷавон ҳамарӯза Шуморо ба ёд биёранд…

Китобхона созед, то мардум, бавижа насли ҷавон, беҳтару хубтар ба озмуни “Фурӯғ” омодагӣ бинанд (ҳоло шароит барои омодагӣ тамоман надоранд), чун на китобхонаи дурусте ҳаст, на китобҳои лозим, на тарҷумаҳо…

Китобхона созед, то ки аз навоҳии атроф ҳам ба он биёянд ва нафъаш ба 5 ноҳияи ҳамон минтақа ҳам бирасад…

Китобхона созед, ҳоло ки имкону тавоноӣ доред, фардо, ки пир шудед, ҳамон ҷавонони аз китобхонаи сохтаи Шумо истифодакарда ба суроғатон хоҳанд омад…

Китобхона созед, то дороӣ ва умри дарози маънавиятонро бақо бибахшад…

Китобхона созед ва онро пур аз китоб кунед, зеро ки аз ин беҳтар ва волотар хайроте нест, ҳама корҳои дигар поинтар аз ин ҳастанд…

Китобхона созед бо расми меъмории миллӣ, бо рамзи китоб, то ки хушнамотарин бинои ноҳия бошад, зеботару бошукуҳтар аз ҳар бинои дигар…

Ин корро ҳаргиз ба таъхир нагузоред, ҳарчӣ зудтар ба сохтмонаш шуруъ кунед…

Китобхона созед, агар китобро манбаи нуру сафо меҳисобед, агар ба китоб эҳтироме доред…

Китобхона созед, то ҷаҳолату таассубу хурофот аз байн биравад ва офтоби донишу фарҳангу ҳунар шуълапошӣ кунад…

Китобхонае созед, то ҳама навъи нишасту тадбирҳои тарғиби китоб дар ҳамон бино бигзарад ва барои мардум ҷойи роҳати маънавӣ бошад…

Китобхона созед ва исбот кунед, ки ҳама навъи кумакҳои пуливу иқтисодиву молӣ ҳеч аст, агар муҳаббат ба китоб набошад…

Китобхона созед, агар бовару эътимод доред, ки маҳз китоб мардумро ба саодат мерасонад, бидуни китоб ягон миллат ба саодат нарасидааст…

Китобхона созед ва худатонро якумин шуда дар он номнавис кунед, то барои дигарон ибрат шавад…

Китобхона созед, баъди 60 ё 80 сол насли баъдӣ барои ин коратон нимпайкараи Шуморо дар даромадгоҳи ҳамон китобхона хоҳанд гузошт…

Бо салому дуруд…

Ҳафиз РАҲМОН
Муфассал

ДОНИШ

12 Nov, 04:47


Шеър дар васфи Ватан

Якчанд шеър дар бораи Ватан меорем, шеърхо дар васфи Ватанам – Точикистон аз сайти Донишчу – www.Donishju.Net

Ватан, ишқи ту ифтихорам,
Ватан, дар раҳат ҷоннисорам.
Ватан, хоки покат биҳиштам,
Ватан, гулханат лолазорам.
Ба ман,…

Бахш: Шеър, ғазал, рубоӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=6808
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

12 Nov, 04:47


МЕҲРИ ВАТАН

Мехри ватан, иншо эссе дар бораи Ватан

-------------

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

Ватан, зодгоҳ калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш…

Бахш: Иншо ва мавзӯи озод

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=2888
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

06 Nov, 13:17


Магар?

Васати ҳодиса асҳоби назар нест магар?
Ханда пайғоми хушовои шарар нест магар?

Эй намояндаи хушбовари ахбори умум,
Хабари марги гули ёс хабар нест магар?

Ҳаст як шаҳр ҳунар дар паси девор асир,
Аҷабо, роҳкушои баҷигар нест магар?

Чи касе баст раҳи чашма дар ин ташназамин?
Ба дарахтон амалаш айни зарар нест магар?

Хоксорӣ накун, эй хуб, дар ин кибрсаро,
Кафш, ҳар ҷо ки равӣ, дар паси дар нест магар?

Ҳайф, уфтод яке, бурд яке, мурд яке,
Мурдани замзамаи ишқ хатар нест магар?

Сухани харбузаву турбу каду куҳна шудаст,
Ҳарфпардози нав аз байни башар нест магар?

Орзу, ҷоизаи гунгтарин гунг зи туст,
Зистан бо даҳани баста ҳунар нест магар?

© Орзу Исо

#шеър
@donish_su

ДОНИШ

06 Nov, 11:01


Ман ҳамчун донор панҷ сол боз хун месупорам. Хун додан ҳаром аст?

# Савол

Ман ҳамчун донор панҷ сол боз хун месупорам. Шунидам, ки хун додан ҳаром аст. Оё ин…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4238
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

06 Nov, 07:01


Нияти ду ракъат намозе, ки барои ҳаққи масҷид хонда мешавад, чигуна аст?

# Савол

Тарзи нияти ду ракъат намозе, ки барои ҳаққи масҷид хонда мешавад, чигуна аст?

#

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4234
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

06 Nov, 07:01


Агар мард ба ҳамсараш тариқи паёмак “се талоқат кардам” нависад, вале

# Савол

Агар мард ба ҳамсараш тариқи паёмак “се талоқат кардам” нависад, вале ба забон чизе нагӯяд, талоқ…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4236
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

05 Nov, 13:17


Хона он аст, ки хонанд дар он,
Гар нахонанд, варо хона махон.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

05 Nov, 06:10


Барои #тафаккур
@donish_su

ДОНИШ

05 Nov, 05:11


#тавсия

https://www.youtube.com/watch?v=46gy0hR2xBg

ДОНИШ

04 Nov, 13:17


Ба айвони дабистон сабт дидам инчунин байте,
Падар оқил набошад тифл бадомӯз мегардад.
© Абдурраҳмони Ҷомӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

04 Nov, 06:53


Конститутсия – бахтномаи миллат (иншо, эссе)

Рузи конститутсия дар Точикистон, аввалин конститутсия, мақола / макола / эссе / иншо дар бораи Конститутсияи Чумхурии Точикистон / Сарконун, конституция дар ин саҳифа

Зери мафҳуми “конститутсия” дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан Қонуни

Бахш: Дониш

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=20972
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

04 Nov, 06:53


Табрикот барои рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон

Табрикнома ва табрикот дар васфи рузи контитусия, Конститутсияи Чумхурии Точикистон. 6 ноябр рузи Сарконун, конституция.

Ҳамватанони азиз! Табрикоти самимонаи моро ба муносибати ҷашни Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Дар ин рӯзи муҳимму идона Шумо ва…

Бахш: Табрикнома

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=20970
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

04 Nov, 06:52


Конститутсия – гуфтаниҳои ногуфта (далелҳои ҷолиб)

Яке аз калонтарин конститутсияҳои амалкунандаи олам қонуни асосии Ҳиндустон мебошад. Конститутсияи Ҳиндустон аз 395 боб иборат буда, то ин дам ба он 500 маротиба тағйироту иловаҳо ворид шудааст. Конститутсияи мазкур аз 117400 калима иборат…

Бахш: Дониш

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=2903
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

04 Nov, 06:52


Конститутсия – бахтномаи миллат

Дар ин мақола ки Конституция – бахтномаи миллат ном гирифтааст, иншо ё реферат дар бораи конститутсияи Чумхурии Точикистон оварда мешавад >>

-------------

Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар…

Бахш: Дониш | Иншо ва мавзӯи озод

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=4157
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

04 Nov, 06:52


Шеър дар бораи Конститутсия (Сарконун, Қонуни асосӣ)

Шеърхо дар васфи Конститутсия, Сарконун. 6 ноябр – рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон, рӯзи Қонуни асосӣ / Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърхо.

Сад нома аз ин пеш агар буд маро,
Аз номаи бахт кай хабар буд…

Бахш: Шеър, ғазал, рубоӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=11753
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

04 Nov, 06:10


Бо корҳои беҳуда машғул шудан, аз мақсади асосӣ дур шудан аст.

#муваффақият
@donish_su

ДОНИШ

04 Nov, 04:26


Масал дар бораи савдогар

Пирамарде дар бозор тарбуз мефурӯхт ва дар тахтачае навишта буд:
"Як дона тарбуз — се сӯм. Се дона тарбуз — даҳ сӯм".
Ҷавонмаре меояду бо се сӯм як тарбуз мегирад. Баъд боз як тарбузи дигар бо се сӯм. Баъд боз бо се сӯми дигар як тарбуз. Ҳангоми рафтан хушҳолона ба савдогар мегӯяд:
– Бубин ман се дона тарбуз гирифтам, аммо нӯҳ сӯмат додам. Савдо карданро ҳам намедонед, мӯйсафед.

Мӯйсафед чизе нагуфт ва аз пасаш нигоҳ карда гуфт:

— Чун ҳамешагӣ ба ҷои як тарбуз се тарбуз мегиранд, аммо боз ба ман ақл ёд дода тарзи савдоро омӯзонадани мешаванд.

Тарҷумон: Озод Ҳодизода


#масал
Ба шабака ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
@tafakkur_tjk

ДОНИШ

03 Nov, 13:17


Мешавад гулзор, нор аз лутфи Ҳақ,
Мешавад гулзор нор, аз қаҳри Ҳақ.
© ?

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

03 Nov, 06:10


Аввалин чопи китоби Қуръон соли 1537.

#маълумот
@donish_su

ДОНИШ

03 Nov, 02:16


❗️📖 Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

👇Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем:

👉 Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода натавонем.

👉 Коҳиши тавонои таҳлил ва тафаккури интиқодӣ. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба тақвияти маҳорати тафаккури интиқодӣ ва мантиқӣ кумак мекунанд. Бидуни китоб хондан ин маҳоратҳо заъиф мешаванд.

👉 Аз даст додани дониши ҷадид. Китобҳо манобеи ғании иттилоот ва донишанд. Бидуни мутолиа мумкин аст аз пешрафтҳо ва ёфтаҳои ҷадид дар ҳавзаҳои мухталиф бехабар бимонем.

👉 Коҳиши халлоқият. Китобҳо ба тавсеаи халлоқият ва таҳрики тахайюл кумак мекунанд. Бидуни хонадони онҳо халлоқият ва тавоноии фикр кардан ба ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид мумкин аст уфт кунад.

👉 Заъф дар ҳалли масъала. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба фард кумак мекунад то роҳкорҳои мутанаввеъе барои мушкилот пайдо кунад. Бидуни китоб хондан маҳоратҳои ҳалли масъала коҳиш меёбад.

👉 Коҳиши ҳамдилӣ. Китобҳо ба афрод ин имконро медиҳанд то аз нигоҳи дигарон ба дунё бингаранд ва эҳсосоти онҳоро дарк кунанд. Бидуни мутолиа ин ҳамдилӣ ва дарк мумкин аст коҳиш ёбад.

👉 Заъф дар маҳоратҳои навишторӣ. Нахондани китоб боиси коҳиши тавоноӣ дар навиштан мешавад, зеро мутолиа ба беҳбуди сабки навишторӣ ва баён кумак мекунад.

👉 Афзоиши ҳаяҷон (стрес). Мутолиаи китоб метавонад ба коҳиши ҳаяҷон ва изтироб кумак кунад. Агар китоб нахонем, мумкин аст равишҳои муассири муқобила бо ҳаяҷонро аз даст бидиҳем.

👉 Коҳиши диққат ва тамаркуз. Хондани китобҳо ниёз ба тамаркуз дорад ва боиси тақвияти ин тавоноӣ мешавад. Бидуни китоб хондан мумкин аст тавоноии тамаркуз ва таваҷҷӯҳ ба ҷузъиёт коҳиш ёбад.

👉 Кунд шудани ҳофиза. Мутолиаи муназзами китобҳо ба тақвияти ҳофиза кумак мекунад. Бидуни ин одат мумкин аст ҳофиза заифтар шавад.

👉 Маҳдуд шудани дунёи зеҳнӣ. Китобҳо ба шумо дидгоҳҳои мутанаввеъе аз ҷаҳон медиҳанд. Бидуни онҳо додгоҳҳо ва афкори мо маҳдудтар хоҳанд шуд.

👉 Коҳиши эътимод ба нафс. Афроде, ки иттилооти бештаре доранд, маъмулан дар баҳсҳо ва муколимот эътимод ба нафси бештаре доранд. Бмдуни китоб хондан мумкин аст дар муколимот эҳсоси заъф кунӣ.

👉 Заъф дар иртибототи иҷтимоӣ. Китобҳо мавзуъҳои ҷолибе барои баҳс дар муколимоти иҷтимоӣ фароҳам мекунанд. Бидуни мутолиа мумкин аст доира муколимот маҳдудтар шавад.

👉 Коҳиши ангеза барои ёдгирӣ. Мутолиаи китоб ба таври доимӣ ангеза ва алоқа барои ёдгириро афзоиш медиҳад. Бидуни он мумкин аст ин ангезаро аз даст бидиҳем.

👉 Аз даст додани илҳои ва ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид. Китобҳо метавонанд илҳомбахш бошанд ва ғояҳои ҷадид ба зеҳни ту биёранд. Бидуни онҳо мумкин аст дар фикр кардан дар идеяҳои наву халлоқона дучори мушкил шавем.

👉 Уфти таҳсилӣ ё ҳирфаӣ. Дар муҳитҳои таҳсилӣ ва корӣ мутолиаи доимӣ барои пешрафт зарурӣ аст. Бидуни он мумкин аст дар масири таҳсилӣ ё ҳирфаии худ пешрафти камтаре дошта бошем.

👉 Афзоши замони талафшуда. Афроде, ки мутолиа намекунанд, мумкин аст заони бештареро сарфи фаъолиятҳои беарзиш ё вақтгир кунанд. Хондани китобҳо як фаъолияти созанда аст, ки аз талаф шудани замон ҷилавгирӣ мекунад.

👉 Адами ошноӣ бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои дигар. Китобҳо ба шумо ин фурсатро медиҳанд, то бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои мухталиф ошно шавед. Бидуни мутолиа дидгоҳи мо мумкин аст маҳдудтар ва тангназаронатар шавад.

👉 Коҳиши қудрати тасмимгирӣ. Мутолиаи китобҳо ба беҳбуди маҳоратҳои тасмимгирӣ кумак мекунад. Агар мутолиа накунем, мумкин аст дар шароити буҳронӣ ва муҳим тасмимҳои нодуруст ва зиф бигирем.

👉 Эҳсосӣ пучӣ ва беҳадафӣ. Китобҳо метавонанд ба фард маъно ва самт диҳанд. Бидуни хондан мумкин аст эҳсосӣ беҳадафӣ ё адами рушди шахсӣ дошта бошем.

👆Ин паёмадҳое ҳастанд, ки бо адами мутолиа метавонанд дар зиндагии фард зоҳир шаванд ва бар кайфияти зиндагии шахсӣ, иҷтимоӣ ва ҳирфаӣ таъсир бигзоранд.

📃 Баргардон аз форсӣ ба сириллик.

Баргардонанда: Муҳаммадназар

📖 Китобхонро дар 📱 📱  📱 📱 пайгир бошед

ДОНИШ

02 Nov, 13:17


Ҳар касе бар Худо таваккул кард,
Дар дили нор хори ӯ гул кард.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

02 Nov, 11:01


Давлати Ҳахоманишиён (Хахоманишиён)

Давлатхои форсизабон. Ахоли. Таъсиси давлати Хахоманишиён. Забткорихои Куруши II. Иктибос аз навиштачоти Бехсутуни Дорои I.

-------------

Аҳолӣ

Дар замонҳои қадимтарин дар марзи имрӯзаи Эрон қабилаҳои ориёӣ зиндагӣ мекарданд. Баъдтар ба он ҷо қабилаҳои…

Бахш: Таърихи умумӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13458
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

02 Nov, 06:10


#муваффақият
@donish_su

ДОНИШ

01 Nov, 13:17


Дилеро ношикастан санъати бисёр мехоҳад,
Ба каф оина раҳ рафтан фарози дор мехоҳад.
© ?

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

01 Nov, 06:10


@donish_su

ДОНИШ

31 Oct, 13:17


Биë эй, ки умрат ба ҳафтод рафт,
Магар хуфта буди, ки барбод рафт.

Зи панҷоҳ дирҳам, агар панҷ кам шавад,
Дилат реши сарпанҷаи ғам шавад.

Чу панҷоҳ солат бурун шуд зи даст,
Ғанимат шумур панҷ рӯзе, ки ҳаст.

© Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

31 Oct, 11:01


Чидани абру (кош) дар ҳолати розӣ будани шавҳар

# Савол

Дар ҳолати розӣ будани шавҳар зан метавонад, ки абрӯҳояшро бичинад?

# Ҷавоб

Чидани…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4232
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

31 Oct, 06:10


Ғамгин машав! Худо бо мост!

@donish_su

ДОНИШ

30 Oct, 13:17


#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

30 Oct, 06:10


Чаро хатоҳои дӯстони фақирро зуд қабулу дарҳол қаҳр мекунем, аммо ба хатоҳои дӯстони дорову вазифадор фурсат мебахшем?

Барои #тафаккур
@donish_su

ДОНИШ

30 Oct, 06:01


Давлати Мод

Давлатхои форсизабон. Ба вучуд омадани давлати Мод. Пурзур шудани давлати Мод. Бархам хурдани давлати Мод.

-------------

Ба вуҷуд омадани давлати Мод

Тахминан дар асри IX пеш аз милод дар тарафи ҷанубу ғарбии баҳри…

Бахш: Таърихи умумӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13451
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

29 Oct, 13:17


То тавонӣ бигрез аз ёри бад,
Ёри бад бадтар бувад аз мори бад.
Мори бад танҳо туро бар ҷон занад,
Ёри бад бар ҷону бар имон занад.
© Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

29 Oct, 11:01


Маълумот дар бораи савганд. Намуд ва каффораи он

# Савол

Дар бораи савганд ва намудҳои он маълумот диҳед. Ҳар як намуди он чӣ каффорат ва тарки…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4230
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

29 Oct, 06:10


Агар манзили зист, ғизо ва дар тан либос дошта бошед, аз 45 дарсади сокинони сайёра доротаред.

Пурра: donish.su/agar-shumo

#агар
@donish_su

ДОНИШ

28 Oct, 13:17


#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

28 Oct, 06:10


Идеяи бунёди парашют ба Леонардо да Винчи марбут аст. Ӯ ҳанӯз соли 1483 нусхаи пирамидашакли парашютро тарҳрезӣ намуда, чунин гуфта буд:

«Агар одам чодаре аз матои канабии крахмалзада ба андозаи арзу баландии 12 оринҷ дошта бошад, метавонад аз баландии масофааш гуногун, бе ягон хатар худро ҳаво диҳад».

#маълумот
@donish_su

ДОНИШ

28 Oct, 06:01


Давлати Элом

Давлатхои форсизабон. Давлати Элом. Ташкилёбии давлати Элом. Мубориза бахри истиклолият. Бархам хурдани давлати Элом.

-------------

Ташкилёбии давлати Элом

Дар қаламрави Эрон ва як қисми Байнаннаҳрайн аҷдоди мардуми ориёнажод ҳанӯз дар ҳазорсолаи IV пеш…

Бахш: Таърихи умумӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13450
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

27 Oct, 17:06


Бештар аз 600 пайгир дар Китобкада. Шумо ҳам китобҳои савтиро ҳангоми пиёда гаштан, дар роҳ, дар нақлиёт, дар кор ... гуш кардан мехоҳед? Пас ...

ДОНИШ

27 Oct, 13:17


Нест шайдои баҳорон ҳеҷ кас монанди барф,
Об мегардад, чу ӯ аз дур пайдо мешавад.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

27 Oct, 11:01


Оё гузоштани номи Илоҳа ба фарзанд дуруст аст?

# Савол

Оё гузоштани номи Илоҳа ба фарзанд дуруст аст?

# Ҷавоб

Дар фарҳанги номгузорӣ…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи | Маънои ном

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4227
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

27 Oct, 06:10


Агар дар давоми зиндагиатон ҷанг, ранҷи зиндон, шиканҷа ва гуруснагиро надида бошед, аз 500 миллион одами ба ин ранҷҳо гирифтор хушбахттар ба шумор меравед.

Пурра: donish.su/agar-shumo

#агар
@donish_su

ДОНИШ

26 Oct, 13:17


#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

26 Oct, 06:10


Мутахассисони Донишгоҳи Стэнфорди Амрико зимни тадқиқот ба хулосае омаданд, ки истифодаи лак, ё худ ҷилобахш ба саломатӣ зарари ҷиддӣ дорад.

Хусусан, ҳангоми ороиши нохун ба безурётӣ ва ҳатто ба бемории саратон оварда мерасонад.

Пурра: www.DONISH.su/lak

#маълумот
@donish_su

ДОНИШ

25 Oct, 13:17


Замона саросар фиреб асту баст,
Набошад ба сахтит фарёдрас.
Ҷаҳонро намоиш чун кирдор нест,
Бад-ӯ дил супурдан сазовор нест.
© Абулқосим Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

25 Oct, 11:01


Додани закот ба ҳамсаре, ки аз ӯ ҷудо шуда аст, дуруст аст?

# Савол

Агар шавҳар аз ҳамсараш ҷудо шуда ва соҳиби як фарзанд бошад, закоти худро ба онҳо диҳад,…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4223
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

25 Oct, 06:10


@donish_su

ДОНИШ

24 Oct, 13:17


Гуфтам: давои дарди диламро хате навис!
Гуфто: давот чун бинависам давот нест.
© Камоли Хуҷандӣ

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

24 Oct, 06:10


Агар ҳангоми ҷӯшондани тухм як қошуқча сода андозед, вақти тоза кардани тухм пӯчоқаш осон ҷудо мешавад.

Пурра: donish.su/maslihati-mufid

#маслиҳатҳои_муфид
@donish_su

ДОНИШ

23 Oct, 13:17


Шарқ Ҳақро диду оламро надид,
Ғарб дар олам хазид, аз Ҳақ рамид.
© Муҳаммад Иқбол

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

23 Oct, 11:01


Болои сари шахси ғайри мусулмон дар вақти маргаш талқин намудани калимаи шаҳодат дуруст аст, то имон биёрад?

# Савол

Болои сари шахси ғайри мусулмон дар вақти маргаш талқин намудани калимаи шаҳодат дуруст аст, то имон…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4219
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

23 Oct, 06:10


Гармии хона дар муҳаббат аст.

#оила
@donish_su

ДОНИШ

22 Oct, 13:17


Муъмине бадбахт дар дунё наяст,
Чунки муъмин дар ҷаҳон танҳо наяст.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

22 Oct, 06:10


Барои #тафаккур
@donish_su

ДОНИШ

22 Oct, 05:16


Дар пасманзари навори охирини мо, ки дар мавриди пантуркизм суҳбат кардем, аз китоби "Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон"-и устод Муҳаммадҷон Шакурӣ иқтибос оварда будем, мардум ин китобро бисёр пурсуҷӯ карданд. Барои ҳамин тасмим гирифтем гунаи электронии онро ба шумо пешниҳод кунем, то мутолиа кунед.
https://kitobkhon.net/book/panturkizm-va-sarnavishti-tarikhii-tojikon/

ДОНИШ

21 Oct, 18:33


"ҲАР КАСЕ БА ТОҶИКӢ ГАП ЗАНАД 5 СУМ ҶАРИМА МЕШАВАД"

Наворро инҷо тамошо кунед:
👇👇👇
https://youtu.be/Yx0mTHAk_RM

ДОНИШ

21 Oct, 13:17


Марги касе ибрати мо кай шавад,
Ибрати ҳар банда ба марги худ аст.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

21 Oct, 11:01


Қазои намози витр чанд ракъат гузорида мешавад? Оё дуои қунут хонда мешавад?

# Савол

Қазои намози витр чанд ракъат гузорида мешавад? Оё дар ин ҳолат дуои қунут хонда мешавад ё…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4217
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

21 Oct, 06:10


Сарвати хона дар шодӣ аст.

#оила
@donish_su

ДОНИШ

20 Oct, 13:17


Агар ба гӯшаи чашме назар кунӣ моро,
Ба як нигоҳ кунӣ сайди хеш дилҳоро.
Ҳазор обиду зоҳид ҳамешавад майнӯш
Ба маҳфиле, ки ту гирӣ ба даст саҳборо.
© Тӯғрал

#шоҳбайт
@donish_su

ДОНИШ

20 Oct, 09:01


Ташкилёбии давлати Исроил (таърих)

Дар асрҳои XI-X пеш аз милод Фаластин рӯ ба таназзул ниҳод. Ин ҳолат имконият дод, ки дар ҳудудҳои он давлатҳои мустақил ба вуҷуд оянд. Яке аз онҳо Исроил буд. Мувофиқи дастхатҳои таърихӣ асосгузори сохти…

Бахш: Таърихи умумӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13440
Канали мо » @donish_su

ДОНИШ

20 Oct, 06:10


Барои #тафаккур
@donish_su

ДОНИШ

20 Oct, 06:09


https://t.me/kitobkada/625

ДОНИШ

19 Oct, 13:17


Кофири бедордил пеши санам,
Беҳ зи диндоре, ки хуфт андар ҳарам.
© Аллома Иқболи Лоҳурӣ

#шоҳбайт
@donish_su

2,334

subscribers

1,943

photos

76

videos