Китобхоон @kitobxoon Channel on Telegram

Китобхоон

@kitobxoon


Фикру ақидаи як инсон.

Китобхоон (Tajik)

Дар канали "Китобхоон" маърузаи худро пахш мекунем! Китобхоон як канал онлайн аст, ки барои арзиш ва хариди китобхо таабири хурд ва осон мебошад. Агар шумо дар хонагоҳи китобҳо аз нав ва палак кардан, ё лозим шудани тавсифот ва маълумоти нав, Китобхоон муайян мекунад, ки фикру мебарозад. Барои тамошо ва пайванд кардани бо истифодаи китобҳои матнӣ, барои фарз аиш намудани ва гурандиҳои дарёфтӣ, яке аз беқайдгуҳои онлайн хастем. Китобхоон ёфтан бо худ китобхониён, ки дар ягона даштаки худ нигоҳ доштаанд, китобҳоешироҳнави ва замонавиро даркад ва хуб метавонанд аз онҳо фойда браданд. Аз рӯи такмилҳо ва бархиқацийон маълумотҳо, канали "Китобхоон" барои ҳамаи дилфурошиҳо ва китобхонандагон баргузор мебошад. Пешниҳодҳои нав, ҳадафҳо ва тавсияҳои кинот, видеокитобҳо ва дигар қисмиётҳои музаккиратӣ, ки дар Китобхоон эълон карда мешаванд, барои шумо ҳама фарзандонаш ва фарзандони нишонахои илмо дастгирияшодани нигоҳ дошта ба мошнагирӣ, китобкорӣ ва азмӯоздории китобҳо ба уҳия ва фарзандони шумо кардан. Ба Китобхоон пайванд кунед ва бародари беоварии намунаҳо, маълумот ва тавсияҳои дигар бо кампанияи беқайдгуҳо, китобҳо ва кандидонҳои мақбул, ки ба онлайн кишварҳо пешгофт мешаванд. Пешниҳодҳо ва маслиҳотҳои мосалсал бо маҷмӯаи аз мақолаҳо, барноишҳо ва навлеганиҳои мо кадомна дар тавсифкунӣ ва таҷрибаҳои маълумотии навиштаҷрибаҳо дар маводҳои китобхонӣ ба шумо пешниҳод карда мешавад. Китобхоон: Ҳар ҷо ҳар вақт, ҳар ҷо китобхонон.

Китобхоон

04 Jan, 17:39


Илм омузед, исломро омузед то дар дунё ва охират муваффақ шавед.

Беҳтарин Мавзуъҳо

Сирати Паёмбар

Қиссаҳои Паёмбарон

Беҳтарин Суханҳо Русси

Нишонаҳои қиёмат

Занони покдоман

Қироати Қуръон

Китобхоон

04 Jan, 17:39


Аллоҳ дар касбу корҳои ҳар яки мо баракат ато намояд, гуноҳони аввалин ва охиронамонро бахшад,
Ба муҷаррадҳои мо ҳамсарони боимону боҳаё насиб гардонад, онҳое, ки оиладоранд, Бигзор ҳамеша байнашон Меҳру муҳаббат бошад. Фарзандони Солеҳу солиму солеҳа ба ҳар яки мо Аллоҳ насиб гардонад.
Аллоҳ нигаҳбонатон бод

Китобхоон

04 Jan, 17:24


|Туро ба ҷойи ҳамаи он чизҳое, ки намедонистам ва нашинохтаам, дӯст медорам. Туро барои ҳар як лаҳзаи нодида ва эҳсосоти ногуфта дӯст медорам. Барои хотири хотирот, барои орзуҳое, ки ба хаёл табдил ёфтанд, ва барои ҳар лаҳзаи шодиву андӯҳ. Туро ба андозаи ҳамаи он чизҳое, ки надидаам, дӯст медорам. Туро барои худат ва барои он қалби покат дӯст медорам. Туро барои муҳаббат, барои зиндагӣ ва барои ҳар чизе, ки наметавонам баён кунам, дӯст медорам.

Китобхоон

04 Jan, 16:47


|Фасл дигар мешавад, ва бо он тағйиротҳое меояд, ки мо ҳеҷ гоҳ онҳоро пешбинӣ намекунем. Шохаҳои дарахте, ки як замон сояи худро ба мо инъом мекард, акнун хушк мешавад, ва мо ногаҳон мефаҳмем, ки он ҳамеша ҳамроҳи мо нахоҳад буд. Сабр, ки онро беинтиҳо мепиндоштем, рӯзе нопадид мешавад, ва ишқе, ки онро самимӣ медонистем, моро тарк мекунад ва дар паси худ танҳо саргардониро мегузорад.

Дӯст, ки ба он дилгармӣ мекардем, ба душман мубаддал мешавад, ва душман, ки аз он метарсидем, ногаҳон ба дӯст табдил меёбад. Ин ҷаҳони аҷибест, ки дар он ҳама чиз метавонад як лаҳзаи чашм пӯшидан иваз шавад. Ҳар он чизе, ки мо ғайриимкон мешуморидем, ногаҳон амалӣ мешавад, гӯё ки қонунҳои воқеият тағйир ёфтаанд.

Шумо мегӯед «Намеафтам», ва ногаҳон меафтед. Мегӯед «Ман хато намекунам», ва бо хатои худ рӯ ба рӯ мешавед. Ва аҷибтарин чиз ин аст, ки вақте мегӯед «Ин охир аст», шумо дарк мекунед, ки зиндагӣ ҳанӯз идома дорад ва сафар ҳанӯз нотамом аст.

Ҳамаи ин тағйиротҳо моро ёдрас мекунанд, ки мо дар ин дунё танҳо мусофироне ҳастем, ва ҳама чиз муваққатӣ аст. Танҳо роҳи мо ба сӯи Ӯ, ки тавассути озмоишҳо ва таҷрибаҳое, ки ҳаёт номида мешавад, мегузарад, воқеан муҳим аст. Дарки ин ҳақиқат моро водор мекунад, ки ҳар лаҳзаи ҳаётро қадр кунем ва аз он омӯзем, зеро ки ҳар чизе, ки имрӯз дорем, фардо метавонад дигаргун шавад
.

Китобхоон

04 Jan, 16:45


Интихоби ҷаҳолат ва бетаваҷҷӯҳӣ ба дониш дар ҷомеа метавонад ба бесаводии умумӣ ва пастравии фарҳангӣ оварда расонад. Шабакаҳои иҷтимоии пур аз маълумоти бемаънӣ, бе таваҷҷӯҳӣ ба наздикон ва набудани рағбат ба китобу дониш метавонад иллатҳои ҷомеаро зиёд кунад. Агар мо ин ҳолатро ислоҳ накунем, фарҳанги мо аз реша хушк мешавад. То ба кай мо инро қабул мекунем? Вақт расидааст, ки ба ин масъала аҳамият диҳем ва барои ислоҳи он талош кунем.

Китобхоон

04 Jan, 16:36


|Аслан ин китобро каму беш навистам,вале Бо худ машварат кардам, ки Китоб ба ҳеҷкас фоидае намеовард, аз ҳамин лиҳоз то ба охир нанавистам.
Ва навистанро қатъ кардам.

Ва нахоҳам навишт.

Китобхоон

03 Jan, 11:16


|Мардуми мо аз як тараф ба ғарб майл доранд ва дар либос, урфу одат ва ҳатто дар тафаккур ба онҳо монанданд, аммо ҳамин ки касе аз Ислом ва шариат сухан ба миён орад, ӯро маҳкум ба бегонапарастӣ мекунанд. Ин нишонаи дурӯягии мост.

Мо бояд фаҳмем, ки Ислом ва фарҳанги миллии мо ба ҳам пайванданд ва ҷудо кардани онҳо имконнопазир аст. Ислом на танҳо дини мост, балки ҳамчун як фарҳанг ва тамаддуни пурғановат баромад мекунад, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти моро - аз либос ва урфу одат то муносибатҳо ва тарзи тафаккур - дар бар мегирад
.

Китобхоон

02 Jan, 15:53


|Мо асири технология шудаем, на соҳиби он. Ҳар рӯз даҳҳо соат дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронем, вале барои хондани як саҳифа китоб вақт намеёбем.

Имрӯз "маърифат" маънои нав гирифтааст - кӣ бештар пайрав дорад, кӣ зеботар акс мегирад, кӣ қиматтар либос мепӯшад.

Фарзандонамон медонанд чӣ тавр барномаҳои навтаринро насб кунанд, вале намедонанд чӣ тавр бо бобою бибиашон сӯҳбат кунанд.

Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки одамон медонанд нархи ҳама чизро, вале қадри ҳеҷ чизро намедонанд.

Биёед ба худ оем. Фарҳанги ғании миллати мо дар китобҳост, на дар лайкҳо. Дар сӯҳбати чеҳраҳои воқеист, на дар суратҳои сохта.

То кай мо асири ин "бесаводии замонавӣ" мемонем?

Китобхоон

01 Jan, 16:29


|Дар гузашта, ҳангоме ки мо он ҷо будем, ҳаёт дигар гуна буд. Одамон бо ханда аз пеши мо мегузаштанд, ҳангоме ки боғҳо пур аз шукуфтани гулҳо буданд. Он замон мо дар он ҷо будем, ҳаёти хуб ва хотирмон доштем. Агар чунин воқеае дар ҷои дигаре дар он тарафи баҳр рух медод, албатта дар бораи мо як филми зебо ва ҳаяҷонбахш месохтанд.

Аммо ногоҳ тобистон ба охир расид ва ҳамаи он хотираҳо ва лаҳзаҳои хуб низ ба охир расиданд. Мо дигар он ҷо нахоҳем буд, зеро он замон ба анҷом расид ва мо низ бо он ба охир расидем. Акнун танҳо дар ёдҳои мо боқӣ мондааст, аммо ҳеҷ гоҳ дубора ба вуқӯъ намепайвандад. Ҳамаи он хотираҳо ва лаҳзаҳои хуб дигар бозгашт надоранд.

Китобхоон

01 Jan, 15:21


|Насли имрӯза...
Афсӯс аз ин насл

Дар замоне, ки бояд пешрав бошем, ақиб мондаем. Бо таърихи пурғановати худ танҳо дар суханҳои холӣ мефахрем. Забони шевои тоҷикӣ дар лабони мо мемирад, вале мо инро намебинем.

Аҷаб аст! Ҳама аз Рӯдакиву Фирдавсӣ ҳарф мезананд, вале як ғазали комилро хонда наметавонанд. Забони кӯчагиро беҳтар медонанд, то забони адабиро.

Имрӯз ҷавонони мо ба ҷои омӯхтани илму маърифат, дар олами маҷозӣ саргардонанд. Фарҳанги бегонаро пайравӣ мекунанд, вале фарҳанги худро намедонанд.

Ҳамсоягони мо пеш мераванд - технологияҳои навинро азхуд мекунанд, мактабҳои замонавӣ месозанд, дар арсаи ҷаҳонӣ номи худро баланд мебардоранд.

Мо бошем? Мо ҳанӯз дар хоби ғафлатем. Дар асри технология, мо ҳанӯз аз дастовардҳои аҷдодӣ мефахрем, бе он ки худ чизе офарида бошем.

Фарҳанги қадимаи моро дигарон беҳтар медонанду қадр мекунанд. Мусиқии миллии моро дигарон азхуд кардаанд. Ҳунари миллии моро дигарон инкишоф медиҳанд.

Вақти он расидааст, ки на аз гузашта, балки аз ояндаи худ андеша кунем. Вақти он расидааст, ки ба ҷои фахр кардан аз мероси гузашта, мероси нав офарем.

Биёед, аз кори нек фахр кунем, на аз насаби худ. Аз дастовардҳои шахсӣ ифтихор кунем, на аз корнамоиҳои аҷдодон.

Инсоният дар амал аст, на дар сухан...
Пеш равем
!

Китобхоон

01 Jan, 15:14


Бадтарин коре, ки як тоҷик мекунад:
Аз миллати худ шарм медорад.

Китобхоон

01 Jan, 12:57


Ҳар он ҷизе, ки дар ин сомона дидед гар ба шумо фоидаовар буд, дар ҳақи модари ман дуогу бошед, чун ӯ маро чунин тарбия кард.

Китобхоон

31 Dec, 22:39


|Шахсе, ки ба ман Мисли модар буд, ҳамеша дастгири мекард, Дусташ медоштам зиндагиамро беҳ карда буд айни ҳол дар барам нест.Дар зери хок аст.
Шахсияте, ки Ба ман Исломро роҳи дурусташро нишон дод, гар у намебуд, то Ман дар гумроҳиву бадахлоқӣ умр ба сар мебурдам. Нопадид шуд, ҳеҷ кас намедонад ба ҷуз Аллоҳ,ки ӯ зинда аст ё мурда.
Олиме,ки ба ман Ақидаи дурустро омузонд, Қалби маро ба дин мустаҳкамтар кард, бидъатро аз хурофот ҷудо кард. Шаҳид шуд.
Шахсе, ки ба ман илҳом бахшид, Дунёи маро рангинтар кард, Дигар аз ӯ хабаре нашуд.
Ва ин 9 соли охири ман буд.
Ва Алҳамдулиллоҳ ҳами ин Сабабҳои худро дорад.
Ва то охири умр инҳоро фаромӯш нахоҳам кард
Дар хоб баъзе вақт мебинамшон.
Ин шо Аллоҳ дар ҷаннат бо ҳам вомехурем
.

Китобхоон

31 Dec, 20:15


Сторисҳои мусалмонон
дар Якум сторисшон: Соли нав ҳаром, аз дини мо нест.
Сториси дуюм: дастархон оростаанд, меҳмон гап задагиянд, самбӯсаву тортҳо пухтаанд.
Гар онҳоро пурси мегӯянд: соли навро ҷашн намегирем, меҳмонам даъват кардан мумкин Нест?
Аҷоиб мусалмон ҳастем.
Аллоҳ бубахшад ин уммати заифро
.

Китобхоон

31 Dec, 14:49


Ва ин зан модари ман буд)))
Ба орузояҳш расид. Алҳамдулиллоҳ
Баъди намози Бомдод ва пеш аз хоб Қуръонро тарҷумаашро мехонд, ва онҳоро ба мо тафсир мекард.
Илми динни надошт, вале истеъдоди илоҳи дошт
.

Китобхоон

31 Dec, 14:41


Духтаре буд,ҳеҷ кас ба ӯ исломро нафаҳмонда буд, Ва медид чи тавр модараш намоз мехонад, ҳамон тавр намоз мехонд, аз китобҳо Сураҳоро азёд мекард. Солҳо гузаштанд, ӯ бузург шуд ва ба шахсе ки ҳатто як бор ҳам надида буд, Ба шавҳар баромад, чун модараш инро хост, шавҳараш баъзе вақтҳо мегуфт, бовариям намеояд, ки туро ба ман дода бошанд, мо оилаи аз ислом дур ва шумо оилаи бомаданият, ин чи тавр шуд ҳайронам. Аз байн чандин сол гузашт, соҳиби чанд фарзанд, вале мутасифона бева шуд, шавҳараш ин дунёро падруд гуфт.Аз рузе, ки ба ин хона омад то Фарзандашро оиладор кардан ягон рузи хуш надошт, азобҳои хуштоманаш хело бисёр буд.
Фарзандҳоро Муслими ҳақиқӣ кард, ба онҳо устод мекофт, ва хеле кушиш мекард онҳо соҳиби ахлоқи хуб, ва дониши судманд бошанд. Оилаи падарии онҳо аз ислом дур буданд хело дур, замоне, ки Модаронашон мулоро гуфт фарзандҳоямро дарс деҳ мулло гуфт: Аз ин авлод инсони хуб намебарояд, ва онҳоро дарс надод, бо гузашти вақт ба фарзандон илми шаръӣ ва диниро омузонд, ва замоне, ки Онҳоро мепурсанд, фарзанди киед? Онҳо номи падарашонро мегиранд ҳеҷкас бовар намекунад, аз чунин падар фарзандони солеҳ баромадааст, ба ин бо хости Аллоҳ ва кушиши зиёди модар.замоне, ки Фарзандҳояш хурд буд, худ онҳоро то пеши дари масҷид мебурд, ки аз хурди Меҳру муҳаббати масҷид дар дилашон пайдо шавад
.

Китобхоон

17 Dec, 09:07


Ёди он рӯзҳои хурдсолӣ дилро |мешикофад! Вақте ки сармо ба устухон мерасид ва гармии либосҳои гарму болаззат танҳо орзуи дур буд, танҳо гармии меҳру муҳаббати модарона буд, ки моро аз ларзидани дилҳо нигоҳ медошт. Моро на хӯроки болаззат, балки чашмони пур аз меҳри модар сер мекард. Дар он рӯзҳои пур аз барф ва шодии содда, вақте ки бо бародарон барфбозӣ мекардем, ман эҳсос мекардам, ки ҳеҷ чиз дар ин дунё бо он чизе, ки модарам ба мо ато карда буд, баробар шуда наметавонад. Модари ман нотакрор аст, зеро вай бо муҳаббаташ дунёро барои мо равшан мекард. Вай ҳамчун офтоб дар зимистони сард буд, ки бо нури худ ҳаётро ҷилва медод ва моро аз сармои ҳаёт ҳифз мекард. Ёдҳои он рӯзҳо ҳамчун шаҳпарии нозук дар дилам парвоз мекунанд ва ҳар бор, ки онҳоро ба хотир меорам, дил аз меҳри модарона лабрез мешавад.

Китобхоон

14 Dec, 15:34


Як як

Китобхоон

17 Aug, 05:51


Беҳтарин Мавзуъҳо

Сирати Паёмбар

Қиссаҳои Паёмбарон

Беҳтарин Суханҳо Русси

Китобхоон

17 Aug, 05:44


На ту они ки ҳамони
На ман онам, ки ту дони.

Китобхоон

17 Aug, 05:39


|Магар балое бузургтар аз тарки намоз ҳаст?

Китобхоон

17 Aug, 05:37


|Бо касе ҳамнишинӣ кун, ки диданаш туро ба ёди Худо андозад ва ҳайбату виқораш бар ботину дарунат таъсир кунад ва суханаш бар донишат биафзояд ва амалу рафтораш туро аз (ишқ ба дунё) рӯйгардон кунад ва то замоне, ки дар канораш бошӣ, аз умури Худо сарпечӣ накунӣ ва ӯ бо амалу рафтораш туро панд диҳад, на бо қавлу гуфтораш.

Китобхоон

17 Aug, 05:35


|Кош дил ҳам мисли бинӣ ба як афшондан холӣ мешуд. ))

Китобхоон

17 Aug, 05:34


|Мутаассифона ҳоло занон ва духтароне, ки барҷастагиҳои бадани худро дар сафҳаҳои маҷозӣ ба намоиш мегузоранд, бештар аз духтуру муҳандису муаллим даромад доранд.

БАДБАХТОНА.

Китобхоон

17 Aug, 05:31


|Он дӯсте, ки ман ба ӯ сахт эътимод доштам, ба ман омӯхт, ки ба КАСЕ эътимод нашояд

Китобхоон

17 Aug, 05:28


|пас аз издивоҷ хоҳам гуфт:

«Барои расидан ба ту лозим омад, ки садақаҳои зиёде бидиҳам, дар дили шаб ба Аллоҳ бисёр ва бисёр Дуо кунам.Дар ҳама Масҷидҳои Шаҳр будам.

Рох ба суи ту сахт буд. Аммо ваъдаи Худо ҳақ буд. Ман дар қалби ту ҷой гирифтам».

Китобхоон

17 Aug, 05:24


|Бузургтарин иштибоҳи мо ин аст, ки фикр мекунем ҳоло вақт дорем...

Китобхоон

17 Aug, 05:24


|Эй ман фидои он, ки дилаш бо забон якест.

Китобхоон

17 Aug, 05:24


|Ҳеҷ касе дар роҳи сахти зиндагӣ ёрирасони ман набуд,
Ман фақат аз ҷониби Парвардигорам пуштибонӣ дидаам.

Китобхоон

17 Aug, 05:23


|Овози худро барои онҳое, ки шуморо мешунаванд, ва сухани худро барои онҳое, ки шуморо мефаҳманд, нигоҳ доред.

Китобхоон

17 Aug, 05:21


|Вақт ошкорсози ҳама чиз аст. Ба вақт вақт бидеҳ.

Китобхоон

17 Aug, 05:20


|-Баъди оиладор шудан чизу чораатонро дур кардед?

-Баъди издивоҷ андӯҳро аз дилам дур кард.

Китобхоон

17 Aug, 05:18


|Ғуссае дорам ба ҷон, ман донаму ҷонони ман.

Китобхоон

17 Aug, 05:17


|Ҳа, шояд ман ба замонҳои дури гузашта бахшида шудаам,
одамоне, ки дигар дар атроф нестанд,
чизҳое, ки арзиши пештараи худро гум кардаанд.

аммо ман содиқ ҳастам
Ман дигар тавр карда наметавонам.
Ман хотираро нигоҳ медорам.
ва бигзор ин хотира танҳо аз они ман бошад
.

Китобхоон

17 Aug, 05:16


|Нармдил бошӣ латта мегӯянд. Сахтдаст бошӣ бемеҳру сангдил меҳисобанд.
Аз илм сухан гӯйӣ, амал кардан ҳам лозим мегӯянд. Амал кардан хоҳӣ, аввал хубтар омӯз мегӯянд.
Бидъатро тарк намоӣ туро ваҳҳобӣ медонанд, зикрро афзун намоӣ туро сӯфӣ мегӯянд.
Таъриф кардӣ  маддоҳ, танқид кардӣ дилсиёҳ гӯянд.
Ҳақро гӯйӣ бемаврид шуморанд, андеша намоӣ тарсончак  донанд.
Бой бошӣ аз ҳаром ёфт мегӯянд, камбағал бошӣ коргурез мехонанд.
Одамон ҳамин хел бародар. Онҳо хоҳу нохоҳ гап мезананд. Хоҳу нохоҳ осуда намегузоранд. Онҳо розӣ намешаванд. Ба онҳо аҳамият надеҳ! Ту барои ризоияти Офаридгор кӯшиш намо! Баҳои ҳақиқиро ба ту Ӯ мегузорад
.

Китобхоон

17 Aug, 05:13


|Бовар кунед так таки одамҳо захминанд.Ҳар касе дарди худашро дорад, дағдаға ва машғулотро дорад.Бовар кунед зеҳнҳо хастаанд, қалбҳо захмианд, забонҳо бастаанд.
Барои дигарон орзу кунем беҳтаринҳоро роҳатиро ёри кунем ҳамдигарро то зиндаги бароямон лаззатбахш шавад.
Одамҳо ором ором пир намешаванд одамҳо дар як лаҳза бо як тилфон бо як ҷумла як нигоҳ як иттифоқ як наомадан як дер расидан як бояд биравем ва бо як тамом кунем пир мешаванд...

Одамҳоро лаҳзаҳо пир намекунанд одамро одамҳо пир мекунанд...
Сайъ кунем ҳавои дили ҳамдигарро бештар дошта бошем...