Дар ду саройи олам :- " бегона дуст намешад ".
Ҳар хислате ба тинат бо шири модар ояд,
Бадкина бо насиҳат, ҳаргиз дуруст намешад.
Танпарваре куҷо буд, вазни тани худ афзуд,
Ғофил дар олами хоб, чолоку чуст намешад.
Дар аҳд устувор бош, аз сустирода дур бош,
Одам ба аҳду паймон, сусту фулуст намешад.
Ҳар кору бори одам дар чашми Ҳақ аён аст,
Дар пеши дидаи марг, ҳеҷ банда руст намешад.
Дар ҷӯши зиндагонӣ, бигзашта рафт ҷавонӣ,
Умри равони одам, орому суст намешад.
Даҳ панҷа ҳамзамоне, кай ғунҷад дар даҳоне,
Молу матоъи дунё, аз мову туст намешад.
Худ омадан ба Кайҳон, ҷурми шикасти паймон,
Ҳар як гуноҳи одам, бори нахуст намешад.
Кайҳон Суфӣ.
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh