СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ @islomtaj Channel on Telegram

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

@islomtaj


Бародаро подписаться кунед ва ба дустонатон равон кунед токи дигаронхам бо хабар шаванд....

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ (Tajik)

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ is a Telegram channel created by isomtaj. This channel is dedicated to sharing valuable insights, knowledge, and wisdom with its subscribers. Whether you are looking for motivation, inspiration, or simply want to learn something new, this channel has got you covered. By subscribing to СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ, you will have access to a wide range of topics and discussions that will enrich your life and provide you with a fresh perspective. Join the community of like-minded individuals who are passionate about personal growth and self-improvement. Don't miss out on the opportunity to expand your horizons and connect with others who share your interests. Subscribe to СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ today and start your journey towards a more fulfilling and enlightened life!

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

31 Aug, 10:35


The owner of this channel has been inactive for the last 5 months. If they remain inactive for the next 8 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

09 Aug, 19:41


The owner of this channel has been inactive for the last 5 months. If they remain inactive for the next 29 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

13 Jan, 18:41


(69) - عَنْ أَنَسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ : لَا يُؤْمِنُ أحَدُكُمْ حَتَّى أَكُونَ أحَبَّ إلَيْهِ مِنْ وَالِدِهِ وَوَلَدِهِ وَالنّاسِ أَجْمَعِينَ.
( صحيح البخاري - 15).
مُتَّفَقٌ عَلَيهِ.


Хадис!
Аз Анас разияллоҳу ъанҳу, ривоят аст, аз Паёмбари Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ки гуфт!
Ягон нафари шумо имони (комил) намеорад, то ин, ки ман дар назди ӯ аз падараш, ва аз писараш, ва аз тамоми мардум, махбубтар набошам.

(#Бухори - 15).
Муттафақун ъалайҳ.

Шарх!
Дар ин ҳадис зикр кардани падар пеш аз писар омадааст, ва дар дигар хадис акси ҳол омадааст.
Сабабаш дар ин аст, ки зикр кардани падар пеш аз фарзанд, ин ба иътибори аксари ъуламо мебошад, чунки кадом инсоне, ки набошад ҳатман ӯ падар дорад, аммо на ҳама падар фарзанд дорад.
Аз ҳамин сабаб вуҷуди падар аз фарзанд зиёдатар мебошад.
Аммо дар ривоятҳое, ки аввал фарзанд зикр шудааст, ба ин иътибор аст, ки муҳаббат ва шафқати инсон ба фарзанд зиёдатар мебошад.
Аз ҳамин сабаб дар дигар ривоятҳо аввал фарзанд зикр шудааст ва баъд падар зикр шудааст.
Аллоҳу аълам.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
Магӯ эй ташна фардо об нӯшам,
Ба пири дар раҳи тоат бикушам.
Ба бӯйи пири чандин навҷавонӣ,
Бирафт бе тоба аз ин дори фонӣ.

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

10 Jan, 16:36


Сураи 81 (Таквир) #ояти 10-15
#ояти 10 Ва вақте ки Номаҳои аъмол кушода шаванд;
#ояти 11 ва вақте ки осмон пӯстбарканда шавад;(Яъне: сурх шавад – монанди баррае, ки пӯсти ӯ масх карда бошанд)
#ояти 12 ва вақте ки дӯзах барафрӯхта шавад;
#ояти 13 ва вақте ки биҳишт наздик оварда шавад,
#ояии 14 – ҳар шахс бидонад, ки чӣ ҳозир сохтааст.
#ояти 15 Пас, қасам мехӯрам ба ситораҳои бозгардандаи

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
Магӯ эй ташна фардо об нӯшам,
Ба пири дар раҳи тоат бикушам.
Ба бӯйи пири чандин навҷавонӣ,
Бирафт бе тоба аз ин дори фонӣ.

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

10 Jan, 16:13


Ҷавонмарде ҷуз Алӣ (р) нест

Паҳлавони номдори араб Амр ибни Абдувад бо кибру ғурур шамшер ба даст гирифта, ба аспи худ савор шуда, ба майдони нобард баромад ва бо овози ғул-ғуладори баланд гуфт: Оё касе ҳаст бо ман мубориза кунад?
Он лаҳза сукуту хомушӣ ва даҳшат ҳамаро фаро гирифта касе аз саҳобагон ба вай посух намедод. Касе ҷураъат намекард, ки дар муқобили Амр ибни Абдувад ба мубориза барояд. Чунки ў яке аз беҳтарин паҳлавонони мушрикини араб буда, бо як зарба мухолифони худро зинда намегузошт.
Ҳамин тавр хомушӣ чанд лаҳза идома дошт, то ин ки ҷавоне бо қалби пур аз шўри ҷавонмардӣ ва имони ба Худо ва муҳаббати Расул (с) бархоста, садо баланд кард ва гуфт:
Эй Расул Худо, ман бо ў мубориза мекунам!
Он ҷавон Алӣ ибни Абўтолиб (р) буд.
Паёмбар (с) бо шафқату меҳрубонӣ ба Алӣ (р) нигариста гуфт:
Бинишин, ў Амр аст.
Алӣ (р) баргашта нишаст. Суханҳои масхараомезу мутакаббиронаи Амр то рафт зиёд мешуд. Ў Ислом ва мусулмононро истеҳзову масхара карда мегуфт: Оё касе нест дар муқобили ман биҷангад? Куҷост он ҷаннате, ки шумо даъво мекунед?
Пас чаро бо ман намеҷангед, ки дохили он ҷаннат шавед? Оё ҷаннатро намехоҳед? Алӣ (р) бори дуввум аз ҷой бархоста аз Паёмбар (с) иҷозат пурсид, то дар муқобили он паҳлавони мутакаббир биҷангад. Аммо Паёмбар (с) иҷоза намедод ва мегуфт: Эй Алӣ биншин, ки ў Амр аст.
Алӣ (р) сухани Паёмбар (с)-ро пазируфта нишаст. Ва Амр ибни Абдулвад низ аз масхара кардан даст намекашид. Вай дар майдон баҳри тамсхури мусулмонон бо шамшери худ бозӣ мекард ва суханони носазо мегуфт.
Чун аз чунин суханони зишту носазои Амр ибни Абдувад қалби Алӣ (р) ба танг омада ғайрату ҷавонмардияш ба ҷўш омад, дигар сабру тоқат накарда ба назди Паёмбар (с) шитофт ва бо садои балад гуфт: Эй Расули Худо, ман бо ў меҷангам.
Паёмбар (с) ба Алӣ (р) гуфт: Эй Алӣ биншин, ки ў Амр аст.
Алӣ (р) бо имони комил ба Худо гуфт: Агар чӣ Амр бошад.

Баъд аз он Алӣ (р) бо як иродаи қавӣ барои мубориза ба майдон баромада, дар рў ба рўи Амр истод. Амр баъд аз дидани Алӣ (р) ба даҳшат афтода гуфт: Эй ҷавон ту кистӣ?
Алӣ (р) гуфт: Алӣ ибни Абўтолиб.
Амр гуфт: Эй писари бародар! Ман намехоҳам хуни туро резонам, зеро амакҳоят аз ту бузургтаранд ва дар ин ҷо ҳузур доранд.
Алӣ (р) гуфт: Эй Амр ту назди Худо аҳд кардаӣ ба ин, ки агар марде аз Қурайш туро ба яке аз ду роҳи нек даъват кунад, ту онро қабул хоҳӣ кард.
Амр гуфт: Бале чунин аҳд кардаам.
Алӣ (р) гуфт: Пас ман туро ба сўи Худо ва Расулаш ва ба дини Ислом даъват мекунам.
Амр хандакунон гуфт: Ман ба ин ҳар се эҳтёҷе надорам. Алӣ (р) гуфт: Ин тавр бошад туро ба ҷанг мехонам.
Амр гуфт: Барои чӣ эй бародарзода, савганд ба Лот намехоҳам туро бикушам.
Алӣ (р) гуфт: Аммо ман, савганд ба Худо, мехоҳам туро бикушам.
Амр аз ин рафтори Алӣ (р) дар ғазаб шуд ва барои каромати аз дастрафтааш шамшер аз ғилофаш кашида оташи ғазабашро болои Алӣ (р) сарозер кард. Алӣ (р) бо сипари худ дифоъ кард, ки аз зарбаи ў сараш каме лат хурд. Аммо зарбаи ҷавобии Алӣ (р) раги гардани Амрро бурида ўро ба замин афканд ба хуни худ оғушта кард.
Садои «Аллоҳу-акбар», «Аллоҳу-акбар» ва «ҷавонмарде ҷуз Алӣ нест», «ҷавонмарде ҷуз Алӣ нест» баланд гардид.
Алӣ (р) бо пирўзӣ аз майдон баргашт. Умар ибни Хаттоб (р) ба ў гуфт: Чаро ҷавшани ўро нагирифтӣ, зеро ҷавшане беҳтар аз он дар араб нест. Алӣ (р) гуфт: Аз ин ки писарамакам мебошад, шарм доштам, ки молашро бигирам.

Қисса: #Алӣ_ибни_Абутолиб

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
Магӯ эй ташна фардо об нӯшам,
Ба пири дар раҳи тоат бикушам.
Ба бӯйи пири чандин навҷавонӣ,
Бирафт бе тоба аз ин дори фонӣ.

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

10 Jan, 16:09


495 - عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضى الله عنه قَالَ: زَارَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَبْرَ أُمِّهِ، فَبَكَى وَأَبْكَى مَنْ حَوْلَهُ، فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : اسْتَأْذَنْتُ رَبِّي فِي أَنْ أَسْتَغْفِرَ لَهَا، فَلَمْ يُؤْذَنْ لِي، وَاسْتَأْذَنْتُهُ فِي أَنْ أَزُورَ قَبْرَهَا فَأُذِنَ لِي، فَزُورُوا الْقُبُورَ، فَإِنَّهَا تُذَكِّرُ الْمَوْتَ. (مسلم - 976).

Хадис!
Абуҳурайраҳ, разияллоҳу ъанҳу мегӯяд!
Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, қабри модарашро зиёрат кард ва гиряҳ кард, ва атрофиёнашро низ ба гиряҳ даровард.
Онгоҳ гуфт!
Аз Парвардигорам иҷозат хостам, ки барой модарам талаби мағфират кунам, аммо ба ман иҷозат надод.
Пас иҷозат хостам, то қабрашро зиёрат намоям, ба ман иҷозат дода шуд.
Барой ҳамин ба зиёрати қабрҳо биравед, зеро инсонро ба ёди марг меандозад.
(#Муслим - 976).

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
Магӯ эй ташна фардо об нӯшам,
Ба пири дар раҳи тоат бикушам.
Ба бӯйи пири чандин навҷавонӣ,
Бирафт бе тоба аз ин дори фонӣ.

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

10 Jan, 16:08


Пиразани шоира
Дар як гўшаи шаҳри Мадина кулбаи кўчаке ҷойгир буд. Нури хирае чароғи кулбаро равшан мекард. Умар (р) ба он кулба наздик шуд. Пиразане бо либосҳои сиёҳ дар хона менишаст. Нури чароғ он қадар тира буд, ки дидани шахс дар хона номумкин буд. Пиразан чунин мисраҳоро замзама менамуд:
Бар Муҳаммад дуруди бепоён,
Саҳархез буду чашмаш буд гирён.
Гўянд варо дуруд беҳтаринон,
Вале шеърам зи васфаш дар гил афтон.
Ҳамехоҳам, ки андар рўзи маҳшар,
Ба зери байрақаш бошам санохон.
Ин мисраҳо Умар (р)-ро ба ҳаяҷон оварданд ва рўзҳои рафта ба ёдаш омад. Ў беихтиёр гирён шуд ва ашки сўзон ба рухсораҳояш равон гардид. Сипас, каме ором шуда, дари кулбаи пиразанро кўфт. Пиразан гуфт:
- Кистӣ?
Дар ҳоле ки Умар (р)-ро гиря гулўгир намуда буд, гуфт:
- Ин манам Умар ибни Хаттоб.
Пиразан гуфт:
- Маро ба Умар коре нест. Чӣ шуд, ки дар ин бевақтии шаб Умар омад?.
Умар (р) гуфт:
- Туро боке набошад, Худованд бар ту раҳм кунад. Лутфан дарро боз намо. Пиразан дари кулбаашро кушоду Умар (р) вориди он шуд. Ў бо лутф аз пиразан хоҳиш кард:
- Он шеъреро, ки пештар хондӣ, замзама бинамо. Пиразан дубора он шеърро хонд. Ҳангоме ки шеърхониро ба поён расонид, Умар (р) гуфт:
-Мехоҳам, ки маро низ дар шеър зикр кунӣ. Он пиразан гуфт:
- Ё Омурзгор! Умарро биёмурз.
Инро шунида, Умар (р) хушнуд шуд ва бозгашт.

Қисса: #Умар_ибни_Хаттоб

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
Магӯ эй ташна фардо об нӯшам,
Ба пири дар раҳи тоат бикушам.
Ба бӯйи пири чандин навҷавонӣ,
Бирафт бе тоба аз ин дори фонӣ.
🕌

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

10 Jan, 16:03


Паёмбар (с) қадамҳои Алӣ (р)-ро масҳ мекунад

Торикии шаб тамоми Маккаро фаро гирифта буд ва касе дар он вақт дида намешуд. Ҷавоне қурайшӣ асо ба китф ниҳода, дар зери пардаи шаб пинҳонӣ роҳи Мадинаро пеш гирифт. Ин ҷавон Алӣ (р) буд, ки барои расонидани амонатҳои мардум, ки назди Паёмбар (с) буданд, се шабонарўзи дигар баъд аз ҳиҷрати Расули Худо (с) дар Макка истода буд.
Алӣ (р) дар шаб далерона қадам мезад ва чун субҳ медамид, дар кунҷе худро аз чашми мардум дур нигоҳ медошт. Чун ба Мадина расид, пойҳояш варам намуда ва кафида буд. Паёмбар (с) чун аз расидани Алӣ (р) огоҳ шуд, ўро ба наздаш даъват кард.
Ба он Ҳазрат (с) гуфтанд: Ў роҳ рафта наметавонад, зеро пойҳояш аз бисёр роҳ рафтан варам намудаанд.
Паёмбар (с) назди Алӣ (р) рафт ва ўро рўи замин хобида дид. Аз шафқату раҳмат гирён шуд ва ба зонў нишаста ўро дар оғўш гирифт. Баъд аз он Паёмбар (с) оби даҳони муборакашро ба дасташ гирифта ба қадамҳои Алӣ (р) молид. Ў дарҳол шифо ёфт ва то вафоташ аз пояш шикояте накард .

Қисса: #Алӣ_ибни_Абутолиб

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
Магӯ эй ташна фардо об нӯшам,
Ба пири дар раҳи тоат бикушам.
Ба бӯйи пири чандин навҷавонӣ,
Бирафт бе тоба аз ин дори фонӣ.
🕌

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

10 Jan, 15:49


🔷 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: "Бузургтарин оят дар Қуръон, Ояталкурсӣ аст." (Саҳеҳи #Муслим 810). Чун дар он аз тавҳиди рубубият, улуҳият ва асмову сифот зикр шудааст.
🔹 Дар ҳадисҳои саҳеҳ ворид шудааст, ки ин оят манзилатҳои бузургро шомил аст, ба монанди:
🔹 Касе, ки баъди ҳар намози фарз онро бихонад, дохили ҷаннат мешавад.
🔹 Касе, ки пеш аз хоб онро бихонад, дар ҳифзи Аллоҳ аст.
🔹 Касе, ки онро субҳу шом бихонад, аз шайтон дар амон мемонад.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•

Ба зикри Ҳақ касе ки кард оҳанг,
Зи ҳар сӯ навкари шайтон занад санг.
Зи ҳар сӯ меҷакад саг бар сари роҳ,
Назар бар саг макун рӯ суйи Аллоҳ.

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

09 Dec, 10:53


🎞 Тарбияи Фарзанд
Ҳоҷи Мирзо

Ин ро хатман ба дигарон ва наздикони худ бирасонед👆

обуна шудан

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

09 Dec, 10:39


Эй Муҳаммад мо ошиқи дини туем
То абад пойбанди оини туем
Дуст дорам ҳақ зӣ бад дурам кунад,
Рузи Машҳар бо ту машҳурам кунад,

🌱Аллоҳумассали ала сайидино ва набийино Муҳаммад (с а в)

Рузи Саиди Ҷумъа Муборак

СУРАХОИ КУРЬОНИ КАРИМ

10 Nov, 13:50


📹 МАВЗӮЪИ РӮЗ.ОЁ КУШТАШУДАГОНИ ҶАНГИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ҲУКМИ ШАҲИДРО ДОРАНД Ё НЕ? ВА САВОЛУ ҶАВОБ ДУЪО ДАР ҲАҚИ ҲАМВАТАНОН
ҲОҶӢ МИРЗО

Инро хатман ба дигарон ва наздикон бирасонед👆👆

@HojiMirzo_NurTv 👈🏻 обуна шавед

1,596

subscribers

113

photos

262

videos