ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН @tajikistanleague Channel on Telegram

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

@tajikistanleague


Официальный канал Футбольной лиги Таджикистана

Лигаи Футболи Тоҷикистон (Tajik)

Лигаи Футболи Тоҷикистон ҷойи равобарии футболӣ барои тамоми футболфурушон ва душворони спорт дар Тоҷикистон аст. Канали официалӣ Федерасияи Футболи Тоҷикистон мебошад ва пешбинӣ ёфтани хабарҳо, натиҷаҳо ва маводҳои таҳлили дар бораи лигаи футболии Тоҷикистонро фарохам мекунад. Канал "Лигаи Футболи Тоҷикистон" як лоиҳаи андешаи гармонии футбол ва фарзушӣ дар Тоҷикистон аст. Дар ин канал, шоҳияҳо, ташрифхондаҳо ва душворон метавонанд бо ярандагони дигар тамос доранд ва тазахоётҳои футболии оммаи ворид кунанд. Ба коргузории канал "Лигаи Футболи Тоҷикистон" ба шахрвандон ва дустони футбол, мехоҳем, ки барои кӯшорои умумӣ дар сфераи футбол дар Тоҷикистон, ин канал ягона танзими, педагогии официалӣ дар ҳудуди китобии анҷомӣ ба маълумотро фарохам менамояд. Муайян кардани канал "Лигаи Футболи Тоҷикистон" барои кӯшорои ҷамъиятӣ дар футбол ва тавонири кӯмакро монанд аз анҷоми танзимиёто мулоҳиза мекунад. Ин канал ё ягона танзимии, ки пешбинӣ ёфта кардани хабарҳо, пешгириҳо ва танзимиётҳо дар ин сфера аст. Ба коргузории канал "Лигаи Футболи Тоҷикистон", ҷамъиятҳо, футболфурушон ва тавондагон метавонанд дар қадами худ аз фарзиётҳои нав бо ярандагон тамос доранд ва ба кӯшишҳои иловагии дар сфераи футбол дастгирихои фарзиётӣ насл кунанд. Канал "Лигаи Футболи Тоҷикистон" як иҷодгардонӣ бузург барои пешбинии хабарҳо, наврасҳо ва маводҳои таҳлили дар бораи лигаи футболи Тоҷикистон мебошад. Ба манзили баъзаи камтарин, канал "Лигаи Футболи Тоҷикистон" барои футболфурушон, тавондагон ва ҷамъиятҳои футбол карданҳои маънавӣ макон дорад.

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

13 Feb, 12:05


Мавқеи дастаҳо пас аз бозиҳои даври 2-юм

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

13 Feb, 11:41


КМВА 🇹🇯 гарчанд аввалин шуда гол сар дод, ниҳоят бар «Ҳосилот» 🇹🇯 зафар ёфт

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

13 Feb, 10:05


«Панҷшер» 🇹🇯 дастаи «Мастчоҳ»-ро шикаст дод

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

12 Feb, 11:03


«Истиқлол» 🇹🇯 пирӯзии дуюми худро дар марҳилаи гурӯҳӣ ба даст овард

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

12 Feb, 08:59


«Сомон» 🇹🇯 бо ду гол дар қисми аввали рақобат «Саразм»-ро 🇹🇯 ноком гардонд

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

12 Feb, 04:52


#Matchday2 #TFFCup2025

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

11 Feb, 14:30


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал пас аз бозиҳои даври аввал

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

11 Feb, 13:12


Дубли Ҷозеф Акомади ғалабаи «Ҳосилот»-ро 🇹🇯 бар «Мастчоҳ»таъмин намуд

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

11 Feb, 08:34


КМВА 🇹🇯 🤝 🇹🇯 «Панҷшер»

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

11 Feb, 04:06


Бозиҳои имрӯзаи Ҷоми ФФТ-2025

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

10 Feb, 16:04


🎥Маросими тамдиди созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкати “Париматч” ва Лигаи футболи Тоҷикистон

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

03 Feb, 19:19


Бозии охирини марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

03 Feb, 15:49


ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ БО ҶОМЕАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 3 феврал дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин аҳли ҷомеаи футболӣ мулоқот доир кард.


Дар ҷаласаи васеъ рафти иҷрои дастуру супоришҳои президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ дар мулоқоти охирин бо ҷомеаи футболи кишвар дар моҳи ноябри соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Президенти ФФТ дар оғози ҷаласа баромади муваффақи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар, ки онҷо даста ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт, қайд кард. Баромади дастаи мунтахаби футзал дар Ҷоми Осиё-2024 дар Таиланд низ зикр шуд, ки тими мо ба чаҳоргонаи беҳтаринҳо ворид гардид ва бори аввал дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон-2024 ширкат кард. Илова бар ин, рӯйдоди фараҳбахш дар соли 2024 ин буд, ки Ассамблеяи генералии СММ қатъномаро бобати 25 май эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд.

Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи футбол гузоришҳои раисони вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот шунида шуданд.

Раиси ФФТ Рустам Эмомалӣ дар суханронии худ қайд кард, ки бисёре аз варзишгоҳҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ то ҳол дар ҳолати ногувор қарор доранд.

Президенти ФФТ ба масъулин ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ислоҳи вазъ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар, «Исмоили Сомонӣ Арена»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор ва инчунин дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд нурафканҳо насб карда шаванд. Инчунин дар варзишгоҳҳои Истаравшан, Фархор ва Ҷалолиддини Балхӣ мониторҳои иттилоотӣ насб гарданд. Илова бар ин, роҳрав барои дави варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бояд ҳарчӣ зудтар нав карда шавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар мавсими зимистон бошгоҳҳои вилояти Суғд барои тамрин танқисӣ мекашанд, дар робита ба ин дастур дода шуд, ки дар шаҳри Гулистон майдонҳо бо чамани сунъӣ бунёд шаванд, ки дар он бошгоҳҳои хориҷӣ барои гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ меоянд.

Дар вохӯрӣ бо масъулони футбол вазъи кунунии варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор дар экран намоиш дода шуд. Президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ ба раиси шаҳри Ваҳдат дастури мушаххас дод, то Варзишгоҳи марказии шаҳр, ки соли 2017 ба истифода дода шудааст, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ карда шавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон тибқи лоиҳаи Конфедератсияи футболи Осиё чамани сунъии Варзишгоҳи марказии Ҳисорро ба гибридӣ иваз кард. Дар назди раиси шаҳри Ҳисор вазифа гузошта шуд, ки дигар биноҳо дар варзишгоҳ тамрину таҷдид карда шаванд.

Рустам Эмомалӣ ба ширкати «ТАЛКО» дастур дод, ки чамани варзишгоҳи шаҳри Турсунзодаро пурра ба гибридӣ иваз кунад ва ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳи КМВА воқеъ дар Душанбе рӯшноӣ ва чамани сунъӣ насб кунанд. Инчунин илова гардид, ки варзишгоҳи КМВА-и пойтахт бояд пурра азнавсозӣ карда шавад.

Ширкати «Барқи Тоҷик» муваззаф шуд, ки дар Ҳисор пойгоҳе барои бошгоҳи футболи «Барқчӣ» бунёд намояд, ки он ҷойгоҳи асосии тамрини бозигарони тими мунтахаби ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон аст.

«Бисёр бозигарони боистеъдоди Бадахшон дар дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд, аммо қариб ҳамаашон дар Душанбе футболро омӯхтаанд. Аз ин рӯ, дар ВМКБ барои омода кардани футболбозони наврас баҳри бошгоҳҳо ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Академияи футбол сохтан лозим, инчунин дар Бадахшон байни кӯдакону наврасон ва калонсолон баргузории мусобиқаҳои гуногуни футбол зарур аст», – қайд кард раиси ФФТ Рустам Эмомалӣ.

Дар робита ба ин, ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар мувофиқа бо ФФТ дар яке аз шаҳру навоҳии ВМКБ Академияи футбол барои омода кардани бозигарони ҷавон бунёд намояд.

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

03 Feb, 15:49


Раиси ФФТ аз намояндагони бонкҳои Тоҷикистон даъват кард, ки дар самти дастгирии футбол фаъол бошанд ва аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, ки кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, дастгирӣ кунанд.

Илова бар ин, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз бозии бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/2025 ва тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти дӯстона дар Малайзия ва Тайланд шадидан интиқод кард, масъулинро муваззаф намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ дар чемпионати Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешанд.

Дар ҷаласаи имрӯза ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъсиси Маркази тибби варзишӣ дар шаҳри Душанбе корҳои лозима амалӣ гарданд, ки дар он раванди барқарорсозии саломатии на танҳо футболбозон, балки варзишгарони Тоҷикистон сипарӣ шавад.

Ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати иштироки фаъолонаи мактабҳои варзишии футбол дар мусобиқаҳои лигаҳои кӯдакону наврасон ва занонаи ҷумҳурӣ, инчунин ҷалби мутахассисон ва коршиносони ин соҳа, таҳияи барномаҳои таълимӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ чораҳои дахлдор андешанд.

Ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин супориш дода шуд, ки варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро барои баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ омода созанд.

Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мавзӯи футзал дахл карда, ба масъулин дастур дод, ки барои мизбонии бозиҳои Суперлигаи футзали Тоҷикистон маҷмааи варзишии «Далерон»-и шаҳри Истаравшан ва маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и Гулистон омода карда шаванд. Илова бар ин, супориш дода шуд, ки дар вилояти Хатлон бошгоҳҳои футзал таъсис дода шаванд.

Раиси ФФТ Рустам Эмомалӣ ба тамоми бахшҳо дастур дод, ки рӯзи 25 майро дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласаи корӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ аз тамоми чеҳраҳои футболи кишвар, масъулин ва соҳибкорон даъват ба амал овард, ки барои рушди футбол дар Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ дода, баҳри тарбияи футболбозони асил ва дастгирии онҳо камари ҳиммат банданд.

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

03 Feb, 11:10


«Шодмон» бо пирӯзӣ бо ҳисоби калон Ҷоми ФФТ-2025-ро ба анҷом расонид

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

03 Feb, 10:04


Вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо масъулини соҳаи футболи кишвар оғоз гардид.

Началась встреча Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе, Президента Федерации футбола Республики Таджикистан, уважаемого Рустама Эмомали с руководителями футбольной сферы страны.

The meeting of the Chairman of the Majlisi milli Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, the President of the Football Federation of the Republic of Tajikistan, honourable Rustam Emomali, with the leaders of the country's football sector has begun.
@RustamEmomali

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

03 Feb, 09:32


🤝

Лигаи Футболи Тоҷикистон

27 Jan, 11:14


Намояндаи Лигаи якум бар дастаи Лигаи олӣ ғолиб омад

Лигаи Футболи Тоҷикистон

27 Jan, 07:45


«Ҳулбук» - ягона дастаи гурӯҳи “Б”, ки дар 2 бозии худ имтиёз аз даст надодааст

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Jan, 22:49


Бозиҳои рӯзи аввали даври сеюм

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Jan, 18:04


#Matchday3 #TFFCUP #TFFCup2025 #DushanbeZone

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Jan, 12:25


Вазъи дастаҳо пас аз бозиҳои даври дуюм

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Jan, 10:15


Покери Абдухалил Боронов ва дубли Ҷонибек Шарипов ғалабаи калони КМВА-ро 🇹🇯 таъмин карданд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Jan, 03:16


Бозии охирини даври 2-юми Ҷоми ФФТ-2025: КМВА - “Рангон”

Лигаи Футболи Тоҷикистон

25 Jan, 11:27


«Шодмон» 🇹🇯 ва «Душанбе» 🇹🇯 ғолибро муайян карда натавонистанд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

25 Jan, 07:46


“Регар-ТадАЗ” 🇹🇯 дар бозии дуюми худ дар Ҷоми ФФТ 🇹🇯 ғалаба ба даст овард

Лигаи Футболи Тоҷикистон

24 Jan, 19:06


Бозиҳои имрӯза дар Ҷоми ФФТ-2025

Лигаи Футболи Тоҷикистон

08 Jan, 08:21


Тақвими бозиҳои даври аввали марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе

Лигаи Футболи Тоҷикистон

04 Jan, 15:44


ҚУРЪАПАРТОИИ МАРҲИЛАИ МУҚАДДАМОТИИ ҶОМИ ФФТ-2025 ДАР МИНТАҚАИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Румӣ”-и пойтахт қуръапартоии марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дар минтақаи Душанбе баргузор гардид. Бозиҳои муқаддамотӣ дар се минтақа роҳандозӣ мегарданд – Душанбе, Хатлон ва Суғд.

Дар минтақаи Душанбе аз Лигаи олӣ дастаҳои “Истиқлол”, КМВА, “Ҳосилот”, “Регар-ТадАЗ”, “Барқчӣ”, “Ҳулбук”, аз Лигаи якум “Шодмон”, “Сардор”, “Ёқут”, “Душанбе” ва “Рангон” иштирок мекунанд. Дастаҳои “Ҳосилот” ва “Ҳулбук”, ки аз минтақаи Хатлон ҳастанд, дархост намуданд, ки дар минтақаи Душанбе бозӣ кунанд, чун қароргоҳ ва машқҳои дастаҳо дар Душанбе ҷараён доранд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳхат меёбанд.

Дар натиҷаи қуръапартоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ба таври зайл тақсим шуданд:

Гурӯҳи “А”: КМВА, “Регар-ТадАЗ”, “Ёқут”, “Душанбе”, “Рангон”, “Шодмон”

Гурӯҳи “Б”: “Барқчӣ”, “Истиқлол”, “Сардор”, “Ҳулбук”, “Ҳосилот”

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Душанбе рӯзи 20-уми январ оғоз меёбанд. Ҳамаи рақобатҳо дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд.

Лигаи Футболи Тоҷикистон

31 Dec, 09:35


🎉 СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ МУБОРАК БОШАД!

🎉 ПОЗДРАВЛЯЕМ С НОВЫМ ГОДОМ!

Лигаи Футболи Тоҷикистон

31 Dec, 09:20


МЕДАЛҲО БА ДАСТАҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ СОЛ ТАҚДИМ ГАРДИД

Дирӯз, 30-юми декабр, дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти соли Федератсияи футболи вилояти Суғд доир гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ширкат варзиданд.

Дар доираи барномаи маросим ба бошгоҳи “Хуҷанд” медалҳои нуқраи Лигаи олӣ, ба бошгоҳи “Парвоз” медалҳои нуқраи Лигаи якум ва ҳайати ҷавонони дастаи “Эсхата” медалҳои биринҷии мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонон тақдим гардид.

Лигаи Футболи Тоҷикистон

08 Dec, 13:05


“Равшан” дар бозии мавқуфмондаи даври 21-уми Лигаи олӣ бо “Регар-ТадАЗ” мусовӣ бозӣ кард

Барои ишғоли зинаи дуюми мусобиқа дастаи шаҳри Кӯлобро дар дидор муқобили “Истиқлол” танҳо пирӯзӣ лозим аст

Лигаи Футболи Тоҷикистон

07 Dec, 10:51


ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН МУХЛИСИ СОЛИ 2024 ДАР ТОҶИКИСТОН» МУАЙЯН ШУДАНД

Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаи озмуни «Мухлиси беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон»-ро ҷамъбаст карда, ғолибон ва мухлисони фаъоли солро қадрдонӣ намуд. Маблағи умумии ҷоизаҳои озмун 100 ҳазор сомониро ташкил дод.

Озмун миёни дӯстдорони футбол тибқи протоколи вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболи кишвар, ки моҳи ноябри соли гузашта доир гардида буд, баргузор шуд.

Имрӯз, 7-уми декабр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе озмун ҷамъбаст гардид, ки дар он мухлисони дастаҳо, инчунин ҳаводорони футбол аз рӯйи категорияҳои инфиродӣ ва махсус мукофотонида шуданд.

Ғолиб дар бахши фаъолтарин мухлисони сол дастаи мухлисони «Истаравшан» гардид. Ба онҳо 30 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ дода шуд. Ҷойи дуюм насиби мухлисони тими «Равшан»-и Кӯлоб гардид. Ба онҳо 25 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Ҷойи сеюмро мухлисони бошгоҳи «Хуҷанд» ишғол намуданд, ки 15 ҳазор сомонӣ дарёфт карданд.

Дастаи мухлисони «Ҳулбук» ҷоизаи махсуси Лигаи футболи Тоҷикистонро гирифт. Мухлисони тими Восеъ бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Илова бар ин, Лигаи футболи Тоҷикистон ба мухлисони дастаҳои «Истиқлол», «Вахш», «Эсхата», «Регар-ТадАЗ», «Ҳосилот» ва «Саройкамар», ки дар озмун фаъолона ширкат варзиданд, ҷоизаҳои инфиродӣ тақдим намуд.

Мухлисони фаъоле, ки имсол дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳҳои кишварро дар мусобиқоти байналмилалӣ дастгирӣ карданд, низ соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.

⚽️ ⚽️ ⚽️

ОПРЕДЕЛЕНЫ ПОБЕДИТЕЛИ КОНКУРСА «ЛУЧШИЙ БОЛЕЛЬЩИК СЕЗОНА-2024 В ТАДЖИКИСТАНЕ»

Футбольная лига Таджикистана подвела итоги конкурса «Лучший болельщик сезона-2024 в Таджикистане» и наградила победителей и самых активных болельщиков в уходящем году. Общий призовой фонд конкурса составил 100 тысяч сомони.

Конкурс среди футбольных болельщиков был проведен во исполнении протокола встречи председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли РТ, президента Федерации футбола Таджикистана Рустама Эмомали с футбольной общественностью страны, которая прошла в ноябре прошлого года.

Сегодня, 7 декабря, в душанбинском отеле «Руми» состоялось подведение итогов конкурса, где были награждены фан-клубы команд, а также поощрены болельщики в индивидуальных и специальных номинациях.

Победителями в номинации самые активные болельщики года стал фан-клуб «Истаравшана». Им был вручен денежный приз в размере 30 тысяч сомони. Второе место досталось фан-клубу кулябского «Равшана». Им был вручен чек на 25 тысяч сомони. Замкнули тройку лучших болельщиков фан-клуб «Худжанда», которые получили 15 тысяч сомони.

Специальный приз со стороны Футбольной лиги Таджикистана получил фан-клуб «Хулбука». Болельщики Восейской команды были награждены 5 тысячами сомони.

Кроме того, Футбольная лига Таджикистана индивидуальными призами наградила фан-клубы «Истиклола», «Вахша», «Эсхаты», «Регар-ТадАЗа», «Хосилота» и «Саройкамара», которые приняли активное участие в конкурсе среди болельщиков.

Также призы получили самые активные болельщики, которые в этом году поддерживали сборные команды Таджикистана и клубы страны на международных соревнованиях.

Лигаи Футболи Тоҷикистон

27 Nov, 12:25


«Панҷшер» дар бозии мавқуфмондаи даври 19-ум бар “Регар-ТадАЗ” ғалаба кард

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Nov, 13:40


Тақдири чемпионӣ дар Лигаи якум дар даври охирин ҳал мешавад.

“Ҳулбук” муқобили “Душанбе” ва “Парвоз” зидди “Саразм” бозӣ мекунанд.

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Nov, 07:22


🏁Бозиҳои даври ниҳоии Париматч - Лигаи якум-2024

Лигаи Футболи Тоҷикистон

25 Nov, 13:26


Бозии мавқуфмондаи даври 19-уми 1XBet - Чемпионати Тоҷикистон миёни “Панҷшер” ва “Регар-ТадАЗ” рӯзи 27-уми ноябр баргузор мегардад

Лигаи Футболи Тоҷикистон

25 Nov, 12:24


«Моҳир» дар бозии мавқуфмондаи даври 22-юми Париматч - Лигаи якум бар “Душанбе” зафар ёфт

Лигаи Футболи Тоҷикистон

24 Nov, 12:43


«Регар-ТадАз» ва «Барқчӣ» дар бозии мавқуфмондаи даври 18-ум мусовӣ бозӣ карданд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

23 Nov, 23:14


РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!!!

Лигаи Футболи Тоҷикистон

21 Nov, 05:30


Вазъи ҷадвали 1XBet - Чемпионати Тоҷикистон-2024

Лигаи Футболи Тоҷикистон

20 Nov, 11:44


“Равшан” ғалабаи мушкил дар майдони худ бар “Хуҷанд” ба даст овард

Лигаи Футболи Тоҷикистон

20 Nov, 11:33


Чемпиони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвари ҳамин мавсим байни ҳам мусовӣ бозӣ карданд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

19 Nov, 15:01


МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА БАР ТИМИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН ПИРӮЗ ШУД

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар бозии дӯстона пайиҳам дуюмин пирӯзиашро ба даст овард. Тими миллии мо дар майдони худ бар яккачини Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуд.

Ин вохӯрӣ имрӯз, 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, 12 350 тамошобинро ба ҳам овард. Футболбозони мо сар аз дақиқаи 39-ум муборизаро даҳнафара идома доданд, зеро дарвозабон Рустам Ятимов корти сурх гирифт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Самиев ва Рустам Соиров заданд.

Ин охирин бозии тими миллии Тоҷикистон дар соли 2024 мебошад. Дастаи мо вохӯрии навбатии худро 25 марти соли оянда дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 баргузор мекунад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ рӯзи 9 декабр дар маросими қуръакашӣ муайян хоҳанд шуд.

Лигаи Футболи Тоҷикистон

19 Nov, 05:20


ЗОДРӮЗИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН САЙВАЛӢ ДОНИЁРЗОДА МУБОРАК БОШАД!

Имрӯз, 19-уми ноябр, роҳбари бевоситаи мо, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ҷашни мавлуд доранд.

Сайвалӣ Дониёрзодаро бо ҷашни фархундаи мавлудашон сидқан шодбош гуфта, барояшон умри дарози бехазон, толеи баланд, хушбахтии ҷовидона ва муваффақияти кориро таманно менамоем.

Лигаи Футболи Тоҷикистон

17 Nov, 12:29


Бозиҳои охирини даври 25-уми Париматч - Лигаи якум ба анҷом расиданд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

17 Nov, 06:05


“Моҳир” ва “Парвоз” чор голӣ ба дарвозаи рақибони худ заданд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

16 Nov, 05:49


📆 16-уми ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз ! 🇹🇯

Лигаи Футболи Тоҷикистон

15 Nov, 11:42


«Равшан» 🇹🇯 дар сафар дар бозии мавқуфмондаи даври 16-уми Лигаи олӣ 🇹🇯 бар «Истаравшан» 🇹🇯 зафар ёфт

Лигаи Футболи Тоҷикистон

14 Nov, 11:28


💣💣💣 «Ҳосилот» 🇹🇯 ва «Истиқлол» 🇹🇯 мусовии ҷолиб ба қайд гирифтанд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

13 Nov, 17:23


Гол дар дақиқаи 91-уми бозӣ ба “Сомон” дар дидор муқобили “Душанбе” ғалаба овард

Лигаи Футболи Тоҷикистон

13 Nov, 15:23


МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА БАР ТИМИ МИЛЛИИ НЕПАЛ БО ҲИСОБИ КАЛОН ПИРӮЗӢ БА ДАСТ ОВАРД

Имрӯз, 13-уми ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими миллии Непалро бо ҳисоби калон мағлуб намуд.

Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Алишер Ҷалилов ва Шервонӣ Мабатшоев муаллифони дубл шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаи навбатии худро рӯзи 19 ноябр муқобили яккачини Афғонистон анҷом медиҳад.

⚽️ ⚽️ ⚽️

НАЦИОНАЛЬНАЯ СБОРНАЯ ТАДЖИКИСТАНА ОДЕРЖАЛА КРУПНУЮ ПОБЕДУ НАД СБОРНОЙ НЕПАЛА В ТОВАРИЩЕСКОМ МАТЧЕ

Национальная сборная Таджикистана одержала крупную победу над сборной Непала в товарищеском матче, который прошел сегодня, 13 ноября, на Центральном стадионе Душанбе.

Встреча завершилась со счетом 4:0 в пользу нашей команды. В составе сборной Таджикистана дубли сделали Алишер Джалилов и Шервони Мабатшоев.

Свой следующий домашний товарищеский матч национальная сборная Таджикистана проведет во вторник, 19 ноября, против сборной Афганистана.

🤝 Товарищеский матч
🇹🇯 ТАДЖИКИСТАН 🆚 🇳🇵 Непал – 4:0
⚽️ Голы:
Шервони Мабатшоев, 19 (1:0). Алишер Джалилов, 29 (2:0). Шервони Мабатшоев, 44 (3:0). Алишер Джалилов, 49 (4:0).
Нереализованный пенальти: Алишер Джалилов (🇹🇯 Таджикистан), 29 – вратарь.
🇹🇯 Таджикистан: Олег Баклов, Вахдат Ханонов, Зоир Джурабоев, Ахтам Назаров (Рустам Соиров, 58), Манучехр Сафаров, Амирбек Джурабоев (Алишер Шукуров, 65), Шервони Мабатшоев, Парвизджон Умарбоев (Табрез Исломов, 58), Эхсони Панджшанбе (Далер Шарипов, 65), Алишер Джалилов (Манучехр Джалилов, 58), Шахром Самиев (Шухрат Элмуродов, 58).
🚩 Главный судья: Евгений Кукуляк (Россия).
🏟 13 ноября. Душанбе. Центральный республиканский стадион. 6350 зрителей.

#TajikistanNationalTeam #FriendlyMatch #ТочикистонБаПеш

Лигаи Футболи Тоҷикистон

12 Nov, 16:30


Рақобати мавқуфмондаи даври 20-уми Париматч - Лигаи якум “Саразм” - “Душанбе” рӯзи 17-уми ноябр баргузор мегардад

Лигаи Футболи Тоҷикистон

12 Nov, 05:54


Тақвими бозиҳои даври 25-уми Париматч - Лигаи якум-2024

Лигаи Футболи Тоҷикистон

11 Nov, 10:15


Рӯзҳои баргузории чанде аз бозиҳои мавқуфмондаи 1XBet - Чемпионати Тоҷикистон-2024 маълум гардид

Лигаи Футболи Тоҷикистон

11 Nov, 09:52


Вазъи дастаҳо дар ҷадвал пас аз бозиҳои даври 24-ум

Аз миёни “Ҳулбук” ва “Парвоз” яке мустақиман роҳхати иштирок дар Лигаи олии мавсими оянда ба даст меорад, дигаре бозиҳои гузаришӣ бо “Панҷшер” анҷом медиҳад

Лигаи Футболи Тоҷикистон

11 Nov, 08:11


Вазъи ҷадвал пас аз бозиҳои даври 22-юм

Як рақобати ин давр “Истиқлол” - “Равшан” бинобар иштироки дастаҳо дар Лигаи Чемпионҳои Осиё-2 мавқуф гузошта шуд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

09 Nov, 17:46


«Куктош» барои мавсими оянда тарки Лигаи олӣ мекунад, “Панҷшер” бо дастае, ки зинаи дуюмро дар Лигаи якуми кишвар ишғол мекунад, рақобатҳои гузаришӣ анҷом медиҳад

Лигаи Футболи Тоҷикистон

09 Nov, 15:48


🏆Ба беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи октябр дар Париматч - Лигаи якум Ҳусейн Яқубов (“Саройкамар”) ва Алишер Полвонов (“Парвоз”) ҷоизаҳо ва мукофотпулӣ аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон тақдим гардид

Лигаи Футболи Тоҷикистон

09 Nov, 15:33


🟡 «Парвоз» ғалабаи навбатии худро дар мавсим ба даст овард

🟡 Бозиҳои бе ғалабаи “Сардор” ҳоло ҳам давом доранд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

09 Nov, 12:08


“Эсхата” 🇹🇯 бар “Панҷшер” 🇹🇯 ғалаба кард. Ин шашумин бозии бе бохти “Эсхата” 🇹🇯 дар Лигаи олӣ 🇹🇯 пайиҳам аст

Лигаи Футболи Тоҷикистон

08 Nov, 12:36


🟡Натиҷаи ду бозии имрӯзаи даври 24-уми Париматч Лигаи якум

Лигаи Футболи Тоҷикистон

07 Nov, 11:48


Тақвими бозиҳои даври 24-уми Париматч - Лигаи якуми Тоҷикистон

Лигаи Футболи Тоҷикистон

07 Nov, 11:33


«Вахш» 🇹🇯 сеюм пирӯзии худро пайиҳам дар Лигаи олӣ 🇹🇯 ба даст овард ✔️

Лигаи Футболи Тоҷикистон

06 Nov, 11:41


«Хуҷанд» 🇹🇯 дар бозии мавқуфмондаи 🇹🇯 даври 16-ум «Барқчӣ»-ро 🇹🇯 ноком сохт

Лигаи Футболи Тоҷикистон

06 Nov, 07:25


Ду бозии мавқуфмондаи даврҳои 16-ум ва 18-ум имрӯзу фардо доир мешаванд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

06 Nov, 06:08


Бозиҳои даври 22-юми 🇹🇯 1XBet - Чемпионати Тоҷикистон-2024

Рақобати «Истиқлол» 🇹🇯 - «Равшан» 🇹🇯, ки мебоист дар ин давр доир шавад, бинобар иштироки дастаҳо дар бозиҳои 🇹🇯 Лигаи Чемпионҳои Осиё-2 мавқуф гузошта шуд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

05 Nov, 23:50


Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!

Конститутсия асоси зиндагии шоистаи моро бо тамоми рангорангиаш муайян намуда, ҳуқуқҳои асосиву озодиямонро кафолат медиҳад.

Бигзор Конститутсия ҳамеша қудбнамо ва чароғи роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!

Лигаи Футболи Тоҷикистон

05 Nov, 18:32


“Истиқлол” дар даври 4-уми Лигаи Чемпионҳои Осиё-2 аз “Ал-Ваҳдат” мағлуб гардида, имконияти баромаданро аз гурӯҳ аз даст дод

Лигаи Футболи Тоҷикистон

04 Nov, 14:21


Ҷадвали мусобиқат Париматч - Лигаи якум пас аз бозиҳои даври 23-юм

Лигаи Футболи Тоҷикистон

04 Nov, 09:31


Мавқеи дастаҳои Лигаи олӣ пас аз бозиҳои даври 21-ум.

Мубориза барои ишғоли зинаи дуюм дар охири мавсим шадид мегардад

Лигаи Футболи Тоҷикистон

03 Nov, 13:55


🟡 «Сомон» дар сафар аз пешсафи ҷадвал “Ҳулбук” имтиёз ситонид

🟡“Душанбе” бар “Ёқут” ғолиб омад

Лигаи Футболи Тоҷикистон

03 Nov, 13:50


«Куктош» 🇹🇯 наздик буд, то аз бохт наҷот ёбад. Аммо Эргашев бо голи худ дар дақиқаи 88-ум ба «Эсхата» 🇹🇯 ғалаба овард

Бояд гуфт, ки Ҷаҳонгир Эргашев дуюм бозӣ пайиҳам дубл ба номи худ сабт мекунад

Лигаи Футболи Тоҷикистон

29 Oct, 13:26


АССОТСИАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ СОЛИ ДУЮМ ПАЙИҲАМ БЕХТАРИН ИТТИҲОДИЯИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁ ЭЪТИРОФ ШУД

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ соли дуюм пайиҳам беҳтарин Ассотсиатсияи минтақавии сол дар Осиё эътироф гардид.

Имрӯз, 29 октябр дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ шаҳри Сеул маросими тантанавии ҷамъбасти соли Конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардид.

CAFA соли 2015 таъсис ёфта, ҷавонтарин Ассотсиатсияи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё аст, ки зуд эътироф шудааст.

Ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) федератсияҳои футболи шаш кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Қароргоҳи CAFA дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Лигаи Футболи Тоҷикистон

28 Oct, 17:03


Мавқеи дастаҳо пас аз бозиҳои даври 22-юм

“Шодмон” ба зинаи сеюм баромад, аммо таъқибкунандагон “Сомон” ва “Моҳир” бозии камтар гузарондаанд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

28 Oct, 16:59


“Ҳулбук” дар сафар ва “Шодмон” дар майдони худ пирӯзӣ ба даст оварданд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

28 Oct, 13:17


НАТИҶАИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КУМИТАИ НАЗОРАТӢ-ИНТИЗОМИИ ФФТ

Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода, баррасӣ шуданд.

⚽️ ⚽️ ⚽️

ИТОГИ ОЧЕРЕДНОГО ЗАСЕДАНИЯ КОНТРОЛЬНО-ДИСЦИПЛИНАРНОГО КОМИТЕТА ФФТ

В офисе Федерации футбола Таджикистана состоялось очередное заседание Контрольно-дисциплинарного комитета под председательством Тохира Нурзода, на которым были рассмотрены нарушения при проведении матчей под эгидой Футбольной лиги Таджикистана.

– За нарушение статьи 5 пунктов 12 и 13 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в необеспечении общественного порядка на стадионе и невыполнении условий и требований Регламента соревнований в матче Кубка Таджикистана-2024 «Регар-ТадАЗ» – «Истиклол» (10 октября), команда «Регар-ТадАЗ» оштрафована на 1000 сомони.

– За нарушение статьи 6 пункта 18 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в выходе на поле для конфронтации с официальным лицом матча Кубка Таджикистана-2024 «Регар-ТадАЗ» – «Истиклол» (10 октября), главный тренер команды «Истиклол» Игорь Черевченко дисквалифицирован на 2 матча и оштрафован на 500 сомони.

– За нарушение статьи 5 пункта и 12 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в необеспечении общественного порядка на стадионе в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд высшей лиги «Худжанд» – «Истаравшан» (26 октября), команда «Худжанд» оштрафована на 500 сомони.

– За нарушение статьи 7 пункта 28.1.8 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в оказании физического воздействия на игрока соперника в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд высшей лиги «Худжанд» – «Истаравшан» (26 октября), игрок команды «Истаравшан» Илхомджон Баротов дисквалифицирован на 4 матча и оштрафован на 1000 сомони.

– За нарушение статьи 7 пункта 28.1 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в агрессивном поведении в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд высшей лиги «Худжанд» – «Истаравшан» (26 октября), игрок команды «Худжанд» Давронджон Эргашев дисквалифицирован на 2 матча и оштрафован на 500 сомони.

– За нарушение статьи 7 пункта 25 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в серьезном нарушении правил игры в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд высшей лиги «Хосилот» – «Панджшер» (12 октября), игрок команды «Хосилот» Абдурахмон Нозимов дисквалифицирован на 3 матча и оштрафован на 500 сомони.

– За нарушение статьи 7 пункта 25 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в серьезном нарушении правил игры в матче Кубка Таджикистана-2024 «Регар-ТадАЗ» – «Худжанд» (20 октября), игрок команды «Худжанд» Фируз Караев дисквалифицирован на 3 матча и оштрафован на 500 сомони.

– За нарушение статьи 7 пункта 26 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в серьезном нарушении правил игры (нарушение повлекло к травме соперника) в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд высшей лиги «Худжанд» – ЦСКА (15 октября), игрок команды «Худжанд» Артём Сердюк дисквалифицирован на 3 матча и оштрафован на 1000 сомони.

– За нарушение статьи 5 пункта 24 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в непринятии дальнейших мер о подаче протеста после матча чемпионата Таджикистана-2024 среди команд высшей лиги «Хосилот» – «Панджшер» (12 октября), команда «Панджшер» оштрафована на 500 сомони.

– За нарушение статьи 5 пункта и 35 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в отсутствии фамилии игроков на игровой форме команды в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд высшей лиги «Хосилот» – «Равшан» (27 октября), команда «Равшан» оштрафована на 1000 сомони.

– За нарушение статьи 7 пункта 28.1 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в агрессивном поведении в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд высшей лиги «Баркчи» – «Хосилот» (5 октября), игрок команды «Баркчи» Патрик Артур дисквалифицирован на 2 матча и оштрафован на 500 сомони.

Лигаи Футболи Тоҷикистон

28 Oct, 13:17


– За нарушение статьи 6 пункта 2 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в оскорблении судейской бригады в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд первой лиги «Душанбе» – «Шодмон» (5 октября), главный тренер команды «Шодмон» Собирджон Умаров дисквалифицирован на 3 матча и оштрафован на 500 сомони.

– За нарушение статьи 5 пункта и 12 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в необеспечении общественного порядка на стадионе в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд первой лиги «Сомон» – «Мохир» (4 октября), команда «Сомон» оштрафована на 500 сомони.

– За нарушение статьи 6 пункта 18 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в выходе на поле для конфронтации с официальным лицом матча чемпионата Таджикистана-2024 среди команд первой лиги «Сомон» – «Мохир» (4 октября), главный тренер команды «Мохир» Сиёвуш Боев дисквалифицирован на 2 матча и оштрафован на 500 сомони.

– За нарушение статьи 6 пункта 2 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в оскорблении судейской бригады в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд первой лиги «Сомон» – «Мохир» (4 октября), главный тренер команды «Сомон» Джаваршо Шохгиёсов дисквалифицирован на 4 матча и оштрафован на 500 сомони.

– За нарушение статьи 5 пункта 13 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в невыполнении условий и требований Регламента соревнований в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд первой лиги «Исфара» – «Саразм» (4 октября), команда «Исфара» оштрафована на 500 сомони.

– За нарушение статьи 5 пункта 4 а) Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в опоздании на матч чемпионата Таджикистана-2024 среди команд первой лиги «Парвоз» – «Исфара» (11 октября), команда «Исфара» оштрафована на 500 сомони.

– За нарушение статьи 5 пункта 13 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в невыполнении условий и требований Регламента соревнований в матче чемпионата Таджикистана-2024 среди команд первой лиги «Файзканд» – «Сардор» (11 октября), команда «Файзканд» оштрафована на 250 сомони.

– За нарушение статьи 5 пункта 24 Дисциплинарного кодекса ФФТ, выразившееся в непринятии дальнейших мер о подаче протеста после матча чемпионата Таджикистана-2024 среди команд первой лиги «Сархадчи» – «Саразм» (18 октября), команда «Саразм» оштрафована на 500 сомони.

Лигаи Футболи Тоҷикистон

27 Oct, 14:12


Мавқеи дастаҳои Лигаи олӣ пас аз бозиҳои даври 20-ум

Лигаи Футболи Тоҷикистон

27 Oct, 13:02


Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 95-ум «Эсхата»-ро 🇹🇯 аз бохт наҷот дод

Лигаи Футболи Тоҷикистон

27 Oct, 12:31


«Равшан» 🇹🇯 дар сафар бар «Ҳосилот» 🇹🇯 ғолиб омад

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Oct, 17:09


📸Суратгузориш аз бозии даври 22-юми Париматч - Лигаи якум “Парвоз” - “Сарҳадчӣ” (8:0)

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Oct, 16:20


“Ёқут” дар майдони худ пирӯзӣ ба даст овард

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Oct, 13:48


Дубли Исматуллоев ғалабаи “Саразм”-ро бар “Сардор” таъмин намуд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Oct, 13:28


«Истиқлол» 🇹🇯 чор голи беҷавоб ба дарвозаи «Панҷшер» 🇹🇯 зад

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Oct, 12:54


«Куктош» 🇹🇯 8-ум бозии худро пайиҳам дар Лигаи олӣ 🇹🇯 бохт

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Oct, 12:50


КМВА 🇹🇯 бори дуюм дар мавсим бар «Регар-ТадАЗ» 🇹🇯 зафар ёфт

Лигаи Футболи Тоҷикистон

26 Oct, 12:42


Дербии «Суғдзамин» ба суди «Хуҷанд» 🇹🇯 ба анҷом расид

Лигаи Футболи Тоҷикистон

25 Oct, 17:18


«Парвоз» муқовимати “Сарҳадчӣ”-ро эҳсос накард

Лигаи Футболи Тоҷикистон

25 Oct, 05:50


Бозиҳои даври 22-юми Париматч - Лигаи якум-2024

Лигаи Футболи Тоҷикистон

25 Oct, 03:15


Бозиҳои даври 20-уми 1XBet - Чемпионати Тоҷикистон ва мавқеи дастаҳо пеш аз оғози давр

Лигаи Футболи Тоҷикистон

24 Oct, 16:17


ТАШАККУР, ИСТАРАВШАН!!!

Лигаи футболи Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати кумак дар роҳандозии бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” самимона изҳори сипос менамояд.

Лигаи Футболи Тоҷикистон

23 Oct, 17:28


«Равшан» дар даври сеюми Лигаи Чемпионҳои Осиё-2 аз “Трактор”-и Эрон мағлуб гардид

Лигаи Футболи Тоҷикистон

22 Oct, 16:13


“Истиқлол” бозии сеюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2 доир намуд

Лигаи Футболи Тоҷикистон

22 Oct, 14:57


«Истаравшан» бар «Куктош» ғалаба карда, худро аз минтақаи хатарноки поёни ҷадвал дур кард

Лигаи Футболи Тоҷикистон

22 Oct, 08:22


Мавқеи дастаҳои Париматч - Лигаи якум пас аз бозиҳои даври 21-ум

Лигаи Футболи Тоҷикистон

22 Oct, 05:24


БА «ИСТИҚЛОЛУ» “РАВШАН” МУВАФФАҚИЯТ ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2 ТАМАННО МЕНАМОЕМ!!!

Дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Осиё-2 дастаҳои Тоҷикистон “Истиқлол” ва “Равшан” муқобили “Ал-Ваҳдат”-и Урдун ва “Трактор”-и Эрон рақобат мекунанд.

Бозии “Истиқлол” - “Ал-Ваҳдат” имрӯз, 22-юми октябр, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Дидори “Равшан” - “Трактор” бошад фардо, 23-юми октябр, дар ҳамин варзишгоҳ соати 19:00 оғоз меёбад.

Лигаи футболи Тоҷикистон ба дастаҳои ватанӣ муваффақият ва пирӯзӣ таманно менамояд.