🌿🌿🌿🌿🌿🌿
📖🟢АИША, УММ-УЛ-МУЪМИНИН
Аиша бинт Абӯбакр (Аллоҳ аз ӯ рози бод) яке аз ҳамсарони Паёмбар (ﷺ) буд. Ӯ тақрибан 7 сол пеш аз ҳиҷрат таваллуд шуда буд. Модараш Умм Румон ва падараш якумин халифаи Расулуллоҳ (ﷺ), Абӯбакр (☝) буд.➊
🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦
➡️Ӯ нисбат ба ҳамаи занон бартарӣ дошт.
➡️Инчунин, Ҷибриил саломи худро бо воситаи Паёмбар (ﷺ) ба ӯ расонд.
➡️Ваҳй ба Паёмбар (ﷺ), дар муқоиса бо дигар ҳамсаронаш, танҳо дар ҳоле ки таҳти лиҳофи Аиша буд, нозил шуда буд.
📎Анас (☝) нақл мекунад, ки Паёмбар (🩷) фармуд: «Бартарии Аиша аз ҳамаи занон, мисли бартарии хуроки сарид аз ҳамаи хӯрокҳо аст.» ➋ Сарид беҳтарин хурок ба шумор мегафт дар замони Паёмбар (🩷).
📎Ҳадиси Умм Салама, ки Паёмбар (🩷) фармуд: «…Маро дар масъалаи Аиша озор надиҳед, зеро ки ваҳй ҳеҷ гоҳ бар ман нозил намешавад дар ҳоле ки ман дар лиҳофи яке аз шумо бошам, магар дар лиҳофи Аиша.» ➌
📎Аз Аиша (☝) ривоят аст, ки ӯ нақл кард: Паёмбар (🩷) ба ман гуфт: «Ҷибриил бар ту салом мефиристад". Аиша гуфт: "Ва бар ӯ салом ва раҳмати Аллоҳ бод». ➍
🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦 🇸🇦
Ӯ як зиндагии сода пеш мебурд. Либосҳои куҳна мепӯшид ва вақте, ки барои ӯ моли зиёде мешниҳод шуда буд, ӯ радд кард. Ӯ доимо рузадор мебуд ва ҳангоми хондани Қуръон гирма мекард.
🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦 🇸🇦
▫️Имоми Ҳоким (☝) дар китобаш «Ал-Мустадрак» гуфтааст: «Чоряки қонунҳои Шариат аз номи Аиша ривоят шудааст.» ➎
▫️Қосим ибни Муҳаммад (☝), ки ҷиян ва яке аз шогирдонаш буд гуфтааст: «Аиша дар замони Абӯбакр, Умар, Усмон ва баъди онҳо мустақилона фатво медод.» ➏
▫️Ҳишом ибни Урва (☝) аз падараш ривоят мекунад, ки: «Ман касеро надидаам, ки нисбат ба Аиша дар Фиқҳ, Тиб ё Шеър донотар бошад.» ➐
▫️Абу Мӯсо ал-Ашъарӣ (☝) гуфтааст: «Ҳеҷ ҳадисе набуд, ки барои мо, асҳоби Расули Аллоҳ (ﷺ) нофаҳмо бошад ва мо аз Аиша дар бораи он пурсем, магар ин ки ҳамеша аз ӯ донише дар бораи он ҳадис мегирифтем.» ➑
▫️Ҳар гоҳ Масруқ (☝) аз Аиша ривоят мекард, чунин мегуфт: «Ҳадис ривоят кард ба мо маро саддиқа духтари саддиқ, маҳбубаи маҳбуби Аллоҳ.» ➒
▫️Имоми Аз-Зуҳрӣ (☝) дар бораи ӯ мегӯяд: «Агар илми Аиша ҷамъ карда шавад ва бо илми ҳамаи занон муқоиса карда шаванд, илми ӯ бешубҳа аз онҳо болотар хоҳад буд.» ➊⓿
🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦 🇸🇦
🇸🇦🇸🇦🇸🇦 🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦
Ӯ яке аз ровиёни бузурги ҳадис дар миёни саҳобагон буд ва дар ҷойгоҳи чорум аз рӯи шумораи ҳадисҳо меистад. Имом Ибни Ҷавзӣ (☝) мегӯяд: «Аиша, Умму-л-Муъминин, 2210 ҳадис ривоят кардааст.» ➊➊
Инро ҳамчунин Аллома Ироқӣ, Шайх Закариё Ансорӣ, Имом Суютӣ ва Имом Нававӣ тасдиқ кардаанд.
🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦 🇸🇦
Аиша (☝) дар соли 57 ҳиҷрӣ дар синни 66-солагӣ вафот кард ва дар қабристони Бакиъ дафн карда шуд. ➊➋
رضـي الله عنـها وأرضاها…💚
📚МАНБАЪҲО:
➊ Имом Ибн Абдил Барр, «ал-Истиъаб фӣ Маърифат ал-Асҳаб» 4:881 (Мактаба Наҳза Қоҳира).
➋ Имом Бухорӣ, «Саҳеҳ ал-Бухорӣ 5428.
➌ Имом Насаъӣ, «Сунан ан-Насаъӣ 3950.
➍ Имом Бухорӣ, «Саҳеҳ ал-Бухорӣ 6253.
➎ Имом Заркашӣ, «ал-Иҷаба ли ма-стадракатҳу Аиша ъалас-саҳаба» саҳ.59.
➏ Имом Заҳабӣ, «Сияру Аълам ан-Нубала» 2:186.
➐ Имом Заҳабӣ, «Сияру Аълам ан-
Нубала» 2:180.
➑ Имом Тирмизӣ, «Ҷомеъ ат-Тирмизӣ» 3883.
➒ Имом Заҳабӣ, «Тарих ал-Ислам» 4:247.
➊⓿ Имом Малик, «ал-Муватта» 1:45.
➊➊ Имом Ибн ал-Ҷавзӣ, «Талқиҳ Фаҳум ал-Асар дар таъриху сиррҳо» (Дор ал-Арқам, 1997) саҳ. 263.
➊➋ Шайх Закарийё Кандеҳлавӣ, «Ауҷаз ал-Масолик», (Дор ал-Қалам, 2003) 1:267.
..............................................………