АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 @azharzoveya Channel on Telegram

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

@azharzoveya


АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 (Russian)

Добро пожаловать в канал "АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊"! Этот канал создан для всех любителей красивых и вдохновляющих цитат. Здесь вы найдете мудрые слова, которые помогут вам найти внутренний покой и гармонию. Название канала переводится как "Каждый зов", что символизирует уникальность каждого человека и его внутренние качества. Мы уверены, что каждый из нас может найти в себе что-то особенное и прекрасное

Канал "АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊" приглашает вас на путь самопознания и саморазвития через прочтение красивых цитат и философских мыслей. Наши публикации помогут вам увидеть мир по-новому и обрести внутреннюю гармонию. Присоединяйтесь к нашему каналу, чтобы каждый день получать дозу вдохновения и мудрости. Делитесь своими мыслями и впечатлениями в комментариях, ведь только вместе мы сможем создать атмосферу добра и позитива

Являйтесь участником нашего сообщества и открывайте для себя новые горизонты мышления и чувствования. Пусть слова, которые мы делимся с вами, станут вашими компасами на пути к себе. Приглашайте друзей и близких присоединиться к каналу "АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊", ведь вместе намного веселее и интереснее идти к цели самопознания

Присоединяйтесь к нам сегодня и дайте вашей душе возможность расцвести подобно цветку весны. "АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊" - канал, который наполнит вашу жизнь светом и добротой. Ждем вас у нас!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

13 Jan, 12:57


Ҳазрати Умар (р) мегӯяд: Вақте сахтӣ ё мушкилие ба сарам меояд, ман барои он якчанд шукр ба даргоҳи Худо анҷом медиҳам.

1. Шукр, ки ин мушкилӣ ё мусибат ба дунёи ман ворид шуд, на ба дини ман.

2. Худованд метавонист нисбат ба ин мушкилӣ, мушкили сахттаре ба сарам орад, аммо шукр, ки чунин накард.

3. Шукр, ки ин мушкилӣ фаҳму шуури маро бедор кард ва ман фаҳмидам мусибат аз ҷониби Худованд аст ва агар ба он сабр кунам, Худоро ба даст меорам.

Зовияи диди мо ба сахтиҳо чи гуна аст?

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

12 Jan, 09:37


Хайрият дар Лос-Анҷелес хона нахаридам. )

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

10 Jan, 11:53


Зану шавҳари ҷавоне ба маҳаллаи нав кӯчиданд. Рӯзи баъд ҳангоми тановули субҳона, зан мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳамсояааш либосҳои шустаро овезон карда истодааст. Дар ин ҳангом зан рӯ ба ҳамсараш карду гуфт: Либосҳоро чандон тоза нашустааст, шояд либосшуиро хуб сарфаҳм намеравад.
Мард чизе нагуфт.
Муддате бо ҳамин минвол гузашт ва ҳар боре, ки зани ҳамсоя либосҳои шустаро овезон мекард, ӯ ҳамон ҳарфҳоро такрор менамуд.
Як рӯз бо тааҷҷуб дид, ки ҳамсояаш либосҳои тамизро овезон карда истодааст. Пас гуфт: Акнун либосшуиро ёд гирифт.
Мард бо табассум посух дод: Ман имрӯз барвақттар аз хоб хестам ва шишаҳои тирезаамонро тамиз кардам.
-----------------------
Он кас, ки бинои айби хеш бошад ва чашмони хешро барои ҷӯстани айби дигарон боз накунад, хирадмандтарини мардумон аст.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

08 Jan, 10:13


Доимо яксон намонад вазни инсон, кам бихӯр! )

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

08 Jan, 05:07


Гулшане, к-аз гил дамад, гардад табоҳ,
Гулшане, к-аз дил дамад, вофарҳатоҳ.

— Мавлоно

Ҳар чизе, ки заминӣ бошад, муваққатӣ ва маҳкум ба фано аст. Ҳар лаззат ва зебоие, ки дар олами моддӣ вуҷуд дорад, рӯзе фонӣ хоҳад шуд. Зеботарин гулҳо, паррандагон, инсонҳо ва мавҷудоти дигар, рӯзе аз байн хоҳанд рафт. Он чи боқӣ мемонад, аз ҷинси замин нест, балки аз осмону малакут ҳаёт гирифта, зинда аст.
Мавлоно барои тавзеҳи ин мавзӯъ гулро мисол меоварад, ки дар айни латофат ва зебоӣ, рӯзе хушк хоҳад шуд ва аз байн хоҳад рафт. Аммо дар муқобил ҳар чи аз дил мерӯяд, монанди некӣ, ишқ, муҳаббат ва хушиҳои маънавӣ, то абад боқӣ хоҳанд монд, зеро аз ҷинси осмонанд ва ҳамвора шодобу тарабнок хоҳанд буд.

#маснавӣ

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

06 Jan, 05:31


Одами барфӣ танҳо як по дораду чашмонаш аз тугма аст ва бинияш шояд аз сабзӣ ё чӯб, аммо механдад.
Одами барфӣ таку танҳо дар ҳавлӣ истодааст, аммо механдад.
Одами барфӣ нигоҳаш ба осмон аст.... бачаҳо хилваташро мешикананд, аммо механдад.
Одами барфӣ медонад, ки тобистон наздик аст, аммо механдад.
Одами барфӣ мерақсад вақте, ки офтоб шаваду об шавад, аммо бо ханда.
Одами барфӣ ишқ дорад, ишқи осмону барфу соли ояндаро, пас механдад.
Одами барфӣ механдад, чун фурсати инро доштааст, ки вуҷуд дошта бошад.
Мисли одами барфӣ бош!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

03 Jan, 04:09


Тоҷи зикрҳо дар рӯзи ҷумъа, дуруд фиристодан бар Паёмбар (салому дуруди Худо бар ӯ) аст. Кaсоне, ки бештар ин зиккро мегӯянд, дар осмон бештар ёд мешаванд ва дар замин бештар оромиш меёбанд.

— Гуфтаи уламо
t.me/azharzoveya

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

03 Jan, 02:40


Ҳадис: "Ё Аллоҳ, яқинан фақат зиндагии охират зиндагист (на зиндагӣ дунё)".

Ҳадис: "Дунё дар баробари охират монанди ин аст, ки яке аз шумо ангушташро дар оби дарё фурӯ барад ва он гоҳ бингарад, ки ангушташ чи қадар аз оби дапё бо худ овардааст".
______

Зиндагии хуш, роҳат ва абадӣ, зиндагии охират аст. Зиндагии дунё ҳар қадар хуш ва роҳат бошад, саранҷом поён меёбад ва рӯ ба фаност. Аммо агар аъмоли нек ва шоиста бо он ҳамроҳ набошад, саросар зиён аст.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

02 Jan, 11:26


Саъй накунед, ки печени ғарқшуда дар пиёлаи ҷоятонро бо як печени дигар наҷот диҳед. Талафот дубаробар мешавад. )

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

02 Jan, 11:20


Бар сари ҳар реш ҷамъ омад магас,
То набинад қубҳи реши хеш кас.
Он магас андешаҳо в-он моли ту.
Реши ту, он зулмати аҳволи ту


— Мавлоно

Ҳар гоҳ дар бадани касе захм пайдо шавад, магасҳо бар рӯйи он ҷамъ меоянд ва монеъи дидани он захм мешаванд.
Ҳар сифати нописанде ҳам, ки дар вуҷуди одамӣ реша давонад, ба табъи он, афроде давру бари фард ҷамъ мешаванд, ки ҳукми он магасҳои гирди захм ва уфунатро доранд.
Молу мансаб ва мавқеияти иҷтимоӣ низ аксар вақт чун магасҳоеанд, ки боис мешаванд фард аз гандида шудани даруни худ ғофил бимонад.

#маснавӣ

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

01 Jan, 14:42


Дар соли 2024 ҳама чи "бераҳм" буд. Умедворем, ки дар соли нав раҳму шафқат зиёд мешавад. )

АЗ ҲАР ЗОВИЯ

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

01 Jan, 10:50


Агар фикр мекунед, ки дар ҳини 20 солагӣ ба қадри як фарди 50 сола фаҳму идрок доред, ҳаддиақал ба андозаи 30 сол номаъқул кардаед. )

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

01 Jan, 05:00


Чанд тамрини сода барои пешгирӣ аз фаромушхотирӣ ва заволи ақл:

︎ Наққошӣ ё расмкашӣ кунед
︎ Бидуни ҳисобкунаки электронӣ ҳисобу китоб намоед.
︎ Соатро дар дасти рост бандед.
︎ Калимаҳоро баръакс талаффуз кунед.
︎ Аз роҳ ё хиёбони нав ба кор равед.
︎ Якчанд оят ва шеър ҳифз кунед.
︎ Дар ҷои амн ба қафо роҳ гардед.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

01 Jan, 04:03


Он чи аз дарё ба дарё меравед,
Аз ҳамон ҷо омад, к-он ҷо меравад.


— Мавлоно

Ҳар касе дӯст медорад, ки ба асли хеш бар гардад ва асли мо, рӯҳи илоҳӣ аст. Мумкин аст мо дар зиндагӣ ба ҷойҳои мухталиф сар бизанему тафреҳот ва барномаҳои гуногун дошта бошем, аммо фаромӯш накунем ки оромиши ҳақиқӣ, танҳо дар оғӯши нури илоҳӣ аст.

#маснавӣ

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

31 Dec, 04:10


Субҳ ба хайр!

Имрӯз 1-уми моҳи Раҷаб.
Худованд ҳамаамонро ба моҳи пурбаракати Рамазон расонад.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

30 Dec, 05:23


Нигаронии рӯзӣ ҳастем?
Пас тақвои илоҳиро (ба маънои воқеӣ ва комил дар саросари зиндагӣ) пеша намоем.

Худованди мутаол мефармояд:

"Ҳар касе аз Худо битарсад ва парҳезгорӣ кунад, Худованд роҳи наҷот (аз ҳар мушкилиро) барои ӯ фароҳам месозад ва ба ӯ аз ҷое, ки тасаввурашро надорад, рӯзӣ медиҳад.
(📖 Талоқ - 2)

Ва ин фармудаи Худованди мутаолро низ фаромӯш накунем:

"Ва чи касе аз Худо ростгӯтар аст?".
(📖 Нисо - 87)

Дар ин ду оя тафаккур кунем!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

30 Dec, 05:21


Бо хоҳиши дӯстон функсияи "переслать" фаъол шуд.
"Копировать" фақат бо зикри манбаъ! 🕊

Ташаккур аз лутфу дастгириҳоятон! 🤲

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

30 Dec, 04:07


Рӯзе Абусаид Абулхайр бо ёрони худ аз канори осиёбе мегузашт. Ногаҳон истод ва бидуни ин, ки ҳарфе ба ёронаш бигуяд, лаҳзае ба садои гардиши сангҳои осиёб ва кор кардани он, гӯш кард.
Пас аз он рӯ ба ёронаш карду гуфт: Мешунавед? Медонед, ки ин осиёб чи мегӯяд?
Ёронаш, ки чизе ҷуз садои кор кардани осиёб намешуниданд, гуфтанд: Не, мо чизи хосе намешунавем.
Абусаид гуфт: "Ин осиёб мегӯяд, ки ман аз шумо беҳтарам, зеро дурушт меситонам ва нарм пас медиҳам".
Дурушт меситонад ва нарм пас медиҳад. Яъне агар шумо ҳам сухани дурушт, тунд ва талх аз касе шунидед ва бихоҳед, ки аз ӯ беҳтар бошед, пас ба ӯ нарму нозук посух диҳед. Монанди осиёб.

📗 Асрори тавҳид
t.me/azharzoveya

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

29 Dec, 23:02


Сипос махсуси Худованд аст, ки бандагиаш муҷиби наздикӣ ба ӯст ва шукргузориаш сабаби неъмат.

Субҳ ба хайр!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

29 Dec, 15:00


Агар медонистам, ки оянда зиндагӣ мушкил мешавад, дар ҳамон кудакӣ ҳар ки бағалам мекард, аз ҷайбаш пул бардошта, касса мекардам. )

АЗ ҲАР ЗОВИЯ

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

29 Dec, 13:29


Нори хандон боғро хандон кунад,
Сӯҳбати мардонат аз мардон кунад.


— Мавлоно

Мавлоно мегӯяд як анори хандон метавонад як боғро хандон кунад. Ин байт бисёр умедбахш аст.
Барои сайқал ёфтани вазъияти равонии мардум як анори хандон кофӣ аст, ки битавонад як боғро шодоб кунад. Агар дар ҳар хонавода ё ҷамъ як нафар битавонад ба рушди маънавӣ бирасад, бақияро наҷот медиҳад.

#маснавӣ

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

29 Dec, 13:07


Барои ин, ки ҳарфамон бар мухотаб таъсири мусбат дошта бошад, бояд аз дили солим ҷорӣ шавад. Дили солим ҳамон ҷое аст, ки буғзу кина, ҳасаду бадхоҳӣ ва ғаразу ҷаҳолат вуҷуд надошта бошад.
Аз дили солим агар бар кофир носазо бигӯйӣ, мӯъмин шавад.

— Элиф Шафак

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

29 Dec, 02:46


Марде аз Имом Аҳмад пурсид: Чи гуна дилам нарм шавд?
Фармуд: Ба қабристон бирав ё сари ятимро сила намо
.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

28 Dec, 03:59


Гуфт пайғамбар: «Худош имон надод,
Ҳар киро сабре набошад дар ниҳод».


— Мавлоно

Инсоне, ки ба имони комил расидааст, ҳамаи рӯйдодҳоро натиҷаи қазову қадари илоҳӣ медонад, ҳаргиз амреро хориҷ аз иродаи худовандӣ намебинад ва агар рӯйдоде дилхоҳи ӯ буд, шукр мекунад ва дилхоҳаш набуд, сабр мекунад.

#маснавӣ

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

27 Dec, 06:38


🌱 Паёмбар (саломудурудиХудобарӯ) фармуданд: "Ба Худо қасам, ки ҳақро дар рӯзи қиёмат ба соҳибаш хоҳед пардохт. Ҳатто қасоси гӯфсфанди бешох аз гӯсфанди шохдор гирифта мешавад".

Ҳеҷ касе гумон накунад, ки Худованд нидои мазлумро намешунавад. Рӯзи ҳисобрасӣ фаро хоҳад расид ва ҳеҷ кӯчаку бузурге аз Худо пинҳон нахоҳад монд.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

26 Dec, 15:14


Хок дар сари LG.
Ҳар гоҳ яхдони ин ширкати таърифиро мекӯшоям, дарунаш чизе надорад. )

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

26 Dec, 03:10


Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон!

Қасам ба замон, ки ҳар оина одамӣ дар зиён аст, магар онон, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста карданд ва якдигарро ба дини дуруст васият карданд ва якдигарро ба шикебоӣ васият карданд. (Сураи Аср)

Субҳ ба хайр!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

24 Dec, 05:26


Ҳар субҳ, пилкҳоямон саҳифаи ҷадиди зиндагиро варақ мезананд. Сатри аввал ҳамеша ин аст: Худо ҳамеша бо мост.

Субҳ ба хайр!

2,663

subscribers

1,920

photos

85

videos