- ДАР БОРАИ РӮЗАДОРЕ КИ АЗ РӮИ ФАРОМӮШИ БИХӮРАД Ё БИНӮШАД
Аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
مَنْ نَسِيَ وَهُوَ صَائِمٌ، فَأَكَلَ أَوْ شَرِبَ، فَلْيُتِمَّ صَوْمَهُ، فَإِنَّمَا أَطْعَمَهُ اللَّهُ وَسَقَاهُ
Агар касе рӯзадор буд ва дар ҳоли фаромӯши чизе хӯрд ва ё нӯшид, рӯзаашро комил кунад; зеро Аллоҳ ба ӯ об ва ғизо додааст.
[Ривояти Муслим: 1155 ва Бухорӣ: 6669]