Сад дабистон бигзари аз ин дабистон панд гир.
Айби нодонро бубину нуктаи доно шунав,
Аз касу аз нокасу донову нодон панд гир.
Эҳтироми ғайр дору мазҳаби худро параст,
Аз насору будию габру мусалмон панд гир.
Хуни ноҳақро марезу мардумозори макун,
Қасри доро чун фитод аз сели борон панд гир.
Зиндаги пасту баланди дораду радду бадал,
Коссаи даврест бар дарвешу султон панд гир.
Ҳоли аҳли дил чи мепурси аё озодмард,
Бар қафас рӯ ору аз кабки ғазалхон панд гир.