⚠️ХОБ ДИДАНИ МОЛИК ИБНИ ДИНОР РӮЗИ МАҲШАРРО⚠️
✍🏻Яке аз донишмандони бузург ва имомони тобеи, Молик ибни Динор дар бораи худ мегуяд:
✍🏻Зиндагии ҷавониям бо гунаҳ ва шаробнушию масти шуруъ шуд. Ба мардум ситам мекардам ва ҳаққи онҳоро мехурдам. Аз судхури даст намекашидам ва ҳеҷ маъсияте набуд, ки ба он даст назанам.
Гуноҳ кардан дар назарам ҳеҷ буд, то инки ҳама мардумон аз ман мегурехтаги шуданд . Рузе дилам маил кард, ки зан ва фарзанд дошта бошам. Ҳамсар интихоб намуда издивоҷ кардам ва як соли тамом ҳам нагузашта буд, ки Худо ба ман духтараки ширинруе ато кард ва уро Фотима ном гузоштам. уро бениҳоят дуст медоштам.
✍🏻Ҳар қадар, ки Фотима бузург мешуд, ҳамон қадар имонам бештар мешуд ва аз маъсият оҳиста - оҳиста дур мешудам. Фотимаи хурдсол, ки ҳануз ду солагиро пурра накарда буд, ҳар вақт медид, ки ман ба даст косаи шаробро бардоштаам наздик мешуд ва қадаҳи дар даст доштаамро мезад, то аз дастам ба замин бирезад. Гуе Худо ба дили ин тифли бегуноҳ ин хислатро андохта буд, ки падарашро аз ин роҳ баргардонад. Ҳар қадар, ки Фотимаи хурдсолам бештар бузург мешуд ҳамон қадар имон дар дилам роҳ мекушод ва аз гуноҳ ва маъсият қадам ба қадам дур мешудам.
⚠️Духтари ягонаам Фотима ҳангоме, ки се сола шуд аҷал омаду уро аз наздам бурд.😰😰
✍🏻Акнун ҳолам аз ончи, ки пеш буд бадтар шуд ва калимаи сабр ба гушам намедаромад ва гуе калимаи «сабру истиқомат дар баробари мусибату бало» дар дуне вуҷуд надошт. Роҳи шаитон ба суям ҳамвор шуд, рузҳо мегузашт ва фикр мекардам, ки чи гуна худро таскин бахшам? Ба чунин хулосае омадам, ки имшаб то саҳар маи менушам ва шояд аз масти ҳамаи ғамҳоро фаромуш кунам.
⚠️Пас аз нимаи шаб буд, ки маро хоб бурдааст ва дар хоб дидам, ки дар маҳшаргоҳ қарор дорам ва нури офтоб гирифта шуду торики ҳама ҷоро фаро гирифт, баҳрҳо ба ғорҳои оташ мубаддал гаштанд, замин меларзид, мардумон даста даста ба қиематгоҳ меомаданд.😰😰
⚠️Ногоҳ овозеро шунидам, ки якеро пас аз дигаре фаред мезад ва мегуфт: фалон ибни фалон барои ҳисоб бие!😭 Медидам, ки он шахс руяш аз тарс сиеҳ мегашт, то инки маро фаред зада гуфт: фалон ибни фалон барои ҳисоб бие!😭 Дидам, ки дар маҳшаргоҳ касе ғаир аз ман нест, гуе дар ин дашти бекасу торик танҳоям, пас аз он дидам, ки мори сиеҳи азимҷусае даҳонашро кушода ба суям меояд.😭
👉🏻Аз тарс намедонам ба кадом тараф гурезам, ногаҳон пирамардеро дидам ва ба у гуфтам: Хоҳиш мекунам маро аз ин мор наҷот деҳ!😭 У гуфт: эи писарам ман пиру нотавонам, чи гуна туро наҷот диҳам? Ба он тараф гурез шояд наҷот еби. Ба ҷонибе, ки пирамард ишора намуда буд, фиғонкунон давидам, ки ногаҳон оташеро пеши руям дидам, гуфтам ое аз мор мегурезам ва худро ба оташ меандозам?😢 Пас аз роҳам баргаштам ва боз ба пирамард наздик шудам ва гуфтам: қасам ба Худое, ки туро офаридааст маро наҷот деҳ! 😭😭
✍🏻Пирамард аз ҳолам ба гиря омад ва гуфт: писарам! Чуноне, ки мебини ман заифу нотавонам, чизе аз дастам намеояд, аммо ба тарафи ин куҳ бирав шояд наҷот еби.😭
⚠️Ман ба тарафи куҳ мегурехтам ва мор ҳамчунон ба ман наздик мешуд.
👉🏻 Ҳамин вақт дар болои куҳ тифлакони хурдсолеро дидам, ки фаредкунон мегуянд: Фотима! Фотима! Дасти падаратро бигир - дасти падаратро бигир.😭😭
✍🏻Дидам, ки Фотимаи хурдсолам ба ман наздик шуд ва бо дасти росташ аз дастам гирифт ва бо дасти чапаш морро аз наздам дур кард. Ман аз тарс гуе дар танам ҷон намонда буд, ки ба замин нишастам ва Фотимаи хурдсолам чуноне ки дар дуне дар бағалам менишаст, ҳамон гуна ба оғушам даромад ва гуфт: Падарҷон! (ин оятро тиловат кард) 😭😭😭😭
أَلَمْ يَأْنِ لِلَّذِينَ آمَنُوا أَن تَخْشَعَ قُلُوبُهُمْ لِذِكْرِ اللَّهِ وَمَا نَزَلَ مِنَ الْحَقِّ
«Ое муъминонро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробари еди Худо фурутан шавад?»
(Сураи Ҳадид: 16)😭😭😭
- Гуфтам: эи духтаракам, чаро ин мор дунболи ман буд?
- Гуфт: ин ҳамон корҳои бад ва ношоистаатон буд, ки бо дасти худатон тарбият ва бузургаш кардаед ва наздик буд, ки шуморо бихурад..😭😭
- Падарҷон! Ое намедонистед, ки амалҳои банда дар рузи қиемат ба сурати шаклҳо мубаддал мегарданд? 😰😰👇🏻