ㅤ ☪☪☪☪☪️. ㅤ
ㅤ ㅤ 🤎🤎
ㅤ 🤎🤎🤎🤎🤎🤎🤎🤎🤎🤎🤎🤎
ㅤ 🤎🤎🤎🤎🤎
Бидон, ки дар байни навоқизи (шиканандаҳои) Ислом аз ҳама даҳшатноктарин даҳто мебошанд.
(дар асл зиёданд)
🤎🤎🤎🤎
Дар ибодати Аллоҳ шарик овардан, дар ҳоле ки У шарике надорад. Касе шарик оварад (кофир мешавад "иҷмоъ").
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
«Ба дурустӣ, Аллоҳ касонеро, ки ба У шарик овардаанд, намебахшад. Ва ҳамаи гуноҳони дигарро барои ҳар ки бихоҳад, мебахшад.» (
[ Сураи Нисо, 116 оят ]
Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:
«Ба дурустӣ, касе ба Аллоҳ шарик меорад, пас Аллоҳ ба ӯ Чаннатро ҳаром кардааст; ва ҷойи ў дўзах аст. Ва золимонро ягон ёридиҳандае нест.»
[ Сураи Моида, 72 оят ]
Аз намудҳои он (Ширк): ба мурдагон дуову муроҷиат ва фарёдрасӣ намудан ва барои онҳо назру қурбонӣ кардан ва монанди ин.
🤎🤎🤎🤎🤎🤎
Шахсе, ки байни худ ва байни Аллоҳ (миёнарав) воситаҳо мегирад, онҳоро ба дуо муроҷиат менамояд, ва аз онҳо шафоат (тарафгирӣ) талаб менамояд ва ба онҳо таваккал мекунад, пас ба таҳқиқ ба иҷмоъ кофир мешавад.
🤎🤎🤎🤎🤎🤎
Шахсе, ки мушриконро кофир нашуморад (ҳисоб накунад), ё дар кофирии онҳо шак (шубҳа) намояд, ё мазҳаби (дини/роҳи) онҳоро дуруст гӯяд, ба иҷмоъ кофир мешавад.
🤎🤎🤎🤎🤎🤎🤎
Шахсе эътиқод (боварӣ) намояд, ки ғайри роҳнамои (нишондоди) Паёмбар ﷺ пурратар роҳнамоие (нишондоде) ҳаст, ва ё ҳукми беҳтаре аз ҳукми Паёмбар ﷺ вуҷуд дорад, монанди касоне, ки ҳукми тоғутҳоро аз ҳукми Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло беҳтар медонанд, пас онҳо кофиранд (ичмоъ).
🤎🤎🤎🤎🤎🤎
Шахсе чизеро, ки Паёмбар ﷺ бо он омадаанд, бад бинад ва агарчи худаш ба он амал намояд, пас ба таҳқиқ кофир аст (иҷмоъ).
🤎🤎🤎🤎🤎
Шахсе ба ягон чизе аз дини Аллоҳ, ё савобаш, ё азобашро истеҳзо (масхара) намояд, кофир мегардад (иҷмоъ).
Ва далели ин фармудаи У Таъолост:
«Бигӯ! Оё ба Аллоҳ, оятҳои ӯ ва пайғамбари У истеҳзо (масхара) бозӣ мекардед? Дигар узре напурсед, дар ҳақиқат баъд аз имон оварданатон кофир шудед.»
[ Сураи Тавба, 65-66 оятҳо ]
🤎🤎🤎🤎🤎🤎
Сеҳр (ҷодугарӣ). Аз намудҳои он, сарфу атф (гарму хунук кардан). Пас касе онро ба ҷо орад, ё ба баҷо овардани он розӣ шавад, кофир мешавад (иҷмоъ). (Мисол:фолбинӣ)
Ва далели ин фармудаи У Таъолост:
«Ҳеҷ касро он ду (Ҳорут ва Морут), чизе таълим надиҳанд, магар он ки бигӯянд: Ҳамоно мо фитна (барои озмоиши бандагон) ҳастем, пас кофир нагардед.»
[ Сураи Бақара, 102 оят ]
🤎🤎🤎🤎🤎🤎
Ёрию нусрат додани мушрикон ба ғалаба ёфтани онҳо бар мусалмонон (куфр иҷмоъ).
Ва далел фармудаи У Таъолост:
«Агар касе аз шумо онҳоро дӯст бигирад ў низ аз онҳост. Ба дурустӣ, Аллоҳ гурӯҳи золимонро ҳидоят намекунад.»
[ Сураи Моида, 51 оят ]
🤎🤎🤎🤎🤎
Шахсе эътиқод (боварӣ) намояд, ки бархе (баъзе) одамонро аз шариати Муҳаммад ﷺ баромадан мумкин аст, ҳамчуноне ки Хизр (алайҳиссалом) аз шариати Мусо (алайҳиссалом) хориҷ шуд, пас ӯ кофир мешавад (иҷмоъ).
Шахсе эътиқод (боварӣ) намояд, ки ба бархе (баъзе) одамон воҷиб нест ба шариати Муҳаммад ﷺ пайравӣ кунанд, ва ин ки ба онҳо иҷозат аст аз доираи шариати Муҳаммад ﷺ берун бароянд, чӣ хеле ки ба Хидр (алайҳиссалом) иҷозат буд аз доираи шариати Мусо (алайҳиссалом) берун барояд, пас ў кофир мешавад (иҷмоъ).
🤎🤎🤎🤎🤎
Аз дини Аллоҳ рӯй гардонидан, яъне онро таълим намегирад ва ба муҷиби он амал намекунад (бо қонунҳояш зиндагӣ намекунад) - (куфр).
Далели ин фармудаи У Таъолост:
«Ва кист золимтар аз касе, ки бо оятҳои Парвардигри худ панд дода шавад, сипас аз он рӯй бигардонад? Ба ростӣ ки Мо аз гунаҳгорон интиқомгирандагонем.»
[ Сураи Саҷда, 22 оят ]
🤎🤎🤎🤎🤎🤎
Дар ҳамаи ин шиканандаҳо фарқ байни масхаракунанда (шухи), ҷиддияткунанда (ҳақиқӣ), тарсанда (аз тарс) нест ба ғайри шахси маҷбур кардашуда (икроҳ). Ва ҳамаи ин шикананда аз бузургтарини хатарҳо ҳастанд ва бисёртар мардум дар инҳо воқеъ мешаванд. Пас барои мусалмон сазовор аст, ки аз инҳо парҳез (дурӣ) намояд ва аз воқеъ шудани дар он битарсад. Ба Аллоҳ аз сабабҳои барангезандаи ғазабаш ва иқоби дарднокаш паноҳ мебарем.
❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️