Dernières publications de Tajikistan Хабарҳои криминалӣ (@tajikistankriminal) sur Telegram

Publications du canal Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

Tajikistan Хабарҳои криминалӣ
Ягон наворҳои муҳим дошта бошед барои мо фиристед @tajikistankriminalbot
3,896 abonnés
2,579 photos
2,529 vidéos
Dernière mise à jour 06.03.2025 04:27

Le dernier contenu partagé par Tajikistan Хабарҳои криминалӣ sur Telegram

Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

06 Mar, 02:40

40

📍 Сурия

‼️🔻Ин бошад наворе аз Сувейда — як сокини маҳаллӣ шӯрои пирон ва шахсони бонуфузи друзҳоро ташвиқ мекунад, ки ба гурӯҳи хадамоти шаҳрвандии низоми нав (маъруф бо номи "Кулоҳҳои сафед") иҷозати ворид шудан ба шаҳрро диҳанд.
#Сурияи_Озод
@Tajikistankriminal
Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

06 Mar, 02:38

39

📍Сурия

‼️🔻Ин ҳодиса низ сабаби норозигӣ дар заминаи маъмулии ихтилофҳо гардид — фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қайд карданд, ки низом ба друзҳо дар Сувейда бо эҳтироми зиёд муносибат мекунад: ҳатто барои ворид шудан ба маҳаллаҳои онҳо, нерӯҳои низоми нав бояд иҷозати пешакӣ гиранд ва беҳтараш, ҳатто парчами онҳоро ҳамчун аломати эҳтиром боло кунанд. Аммо ба шаҳрҳои сунниҳои Дараа метавон бе ягон мушкил ворид шуд, бо худ силоҳ овард, ба хонаҳои мардум тир андохт ва ҳар гуна норозигӣ бо истифода аз зӯр пахш карда мешавад.
#Сурияи_Озод
@Tajikistankriminal
Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

06 Mar, 02:36

39

📍 Сурия

❗️🔻Дар шаҳри Санамаийн, воқеъ дар деҳоти Дараа, нерӯҳои амниятии низоми нав, ки аз собиқ кормандони низоми кӯҳна иборатанд, ҳангоми гузаронидани амалиёти бозрасӣ ба сӯи хонаҳои шаҳрвандони маҳаллӣ оташ кушоданд.
#Сурияи_Озод
@Tajikistankriminal
Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

06 Mar, 02:30

29

📍 Сурия 📍 Миср

❗️🔻Дар гузориш аз ҳамоиши изтирории кишварҳои араб, хабарнигори Ал-Ҷазира боз ҳам шахсони гуногунро иштибоҳ гирифт — зангзадаро бо сайқалёфта, риштарошидаро бо ришдор.

❗️Аз забони инсонҳо баъзе вақтҳо суханони ба ҳақиқат монанд мебарояд.
#Миср #Сурия
@Tajikistankriminal
Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

06 Mar, 02:16

37

❗️🔻Нерӯҳои мудофиаи шаҳрвандӣ тамоми шаб сӯхторҳои ҷангалиро дар деҳоти Латакия ва Тартус хомӯш мекарданд.
#Сурия
@Tajikistankriminal
Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

06 Mar, 01:56

39

❗️🔻Суханронии Трампи кала каду дар Конгресси ИМА

🔻Илова бар изҳороти баҳсбарангези ӯ дар бораи боздошти ташкилкунандаи ҳамла ба амрикоиҳо дар Кобул, Трампи кала каду дар бораи нақшаҳо ва ҳадафҳои ҳукумати худ низ сухан гуфт. Вай боз ҳам даъват кард, ки Гренландия ба ИМА ҳамроҳ карда шавад ва Канали Панама зери назорати Вашингтон қарор гирад. Маълум шуд, ки ин танҳо як ҳарфи тасодуфии президенти солхӯрда нест, балки ҳадафи ҷиддии ҳукумати кишвар аст.

Дар қисми воқеъбинонаи суханронии худ, ӯ барқарорсозӣ ва рушди саноати кишварро таъкид карда, баргардонидани низоми консервативии бештарро дар ИМА эълон намуд. Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки қасд дорад низоми боҷҳои тиҷоратиро барои ҳавасмандгардонии истеҳсоли молҳои амрикоӣ сахттар кунад. Дар ин замина, картелҳои маводи мухаддир ва гурӯҳҳои ҷиноии қавмии Амрикои Лотинӣ ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид карда шуданд, ки бо онҳо мубориза бурда мешавад.

Инчунин, ӯ каме дар мавриди Украина сухан ронда, изҳор дошт, ки Зеленский хоҳиши музокироти сулҳ бо Русияро нишон дода ва омода аст созишномаи захираҳои кишварро бо ИМА имзо кунад.
#ИМА
@Tajikistankriminal
Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

06 Mar, 01:51

38

❗️💬 Мушовири раиси дафтари сиёсӣ ҲАМОС:

➡️  Мулоқот бо давлати ИМА барои таъмини субот дар минтақа муфид аст.

➡️ Мо аз ҳар гуна тағйир дар тафаккури давлати ИМА истиқбол мекунем ва мехоҳем, ки он дар бархӯрди худ бо ҳаракати мо як қадами ҷиддӣ гузорад.

➡️ Дар гуфтори сиёсии ИМА тағйироте ба вуҷуд омадааст, ки аз ҳукуматҳои қаблӣ фарқ мекунад ва раванд барои расидан ба як созишномаи фарогир дар минтақа вуҷуд дорад.
#ИМА #Исроил #Фаластин
@Tajikistankriminal
Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

06 Mar, 01:49

31

🔴 Бори дигар даргирии дохилии дар вилояти Даръо байни гурӯҳҳои низомии режими нав.

🚨 Ин навбат задухӯрдҳо дар шаҳри Санамайн пас аз он оғоз шуданд, ки як гурӯҳи «инқилобгарон» таҳти раҳбарии Мӯҳсин Ал-Ҳаймад ба ҳамкорӣ бо режими пешин ва нигоҳ доштани силоҳ муттаҳам карда шуд (гарчанде тамоми қувваҳои маҳаллии режими нав дар гузашта тобеи Асад буданд).

– Баъзе манбаъҳо бо ишора ба беасос будани ин иттиҳомот изҳор доштанд, ки гурӯҳи Ал-Ҳаймад бо ДИ иртибот дорад ва маҳз бо ҳамин сабаб алайҳи онҳо меҷанганд.

Бар асари ин ҳодиса, танкҳо ва мошинҳои зиддиҳавоӣ ба самти хонаҳои шаҳр оташ кушоданд. Ҳамзамон гузоришҳо дар бораи талафоти шаҳрвандони осоишта бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои амниятии режими нав вуҷуд доранд.

✈️ @khabarhoijahon
Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

06 Mar, 01:45

38

📍Афғонистон

❗️🔻Таркиш ва задухӯрд дар шоҳроҳи Кобул – Нангарҳор

🔻Манбаъҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки дирӯз тақрибан соати 19:45 таркише дар шоҳроҳи Кобул – Нангарҳор ба амал омадааст.

Тибқи иттилои ибтидоӣ, як мошини Толибон, ки бо силоҳи вазнини «DC» муҷаҳҳаз буд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

То ҳол мақомоти Толибон дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаанд ва ҳеҷ гурӯҳе масъулияти онро бар уҳда нагирифтааст.
#Афғонистон_Толибон
@Tajikistankriminal
Tajikistan Хабарҳои криминалӣ

06 Mar, 01:28

41

‼️ Вазифаи давлатӣ назди Толибон ва Ансоршайтон чунин будааст: ба дом андохтани муваҳиддин тавассути сайтҳои занони ҳиҷобпӯш ё тавассути сайтҳои мухолифонашон.
#Афғонистон_Толибон_Ансорушайтон
@Tajikistankriminal