ЛОИК ШЕРАЛИ Telegram Posts

Дерзкий, гордый и необыкновенно талантливый лирик Лоик Шерали, к сожалению, умерший в 2000 году. Как говорил о нём Мирзо Турсун-заде, оберегавший поэта от всех житейских неурядиц, «это космонавт, запущенный к нам из будущего».
3,295 Subscribers
101 Photos
95 Videos
Last Updated 10.03.2025 01:48
Similar Channels

21,823 Subscribers

11,082 Subscribers

5,693 Subscribers
The latest content shared by ЛОИК ШЕРАЛИ on Telegram
Бо ин рӯзи баҳори ҳамаи модарону хоҳаронро ва умуман бонувони азизи тоҷикро бо фарорасии фасли баҳор ва Иди Занон табрику муборак бод намуда, барои ҳамаи Шумо азизон беҳтарин рӯзҳои зиндагиро аз самими қалб таманно дорам. Бигузор шодиву хушбахтӣ дар хар як хонадони зану модари тоҷик ҳамеша шукуфон бошад!
instagram.com/loiqsherali
instagram.com/loiqsherali
Ромиш Шералӣ, писари шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ санаи 6-уми март дар синни 54-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар бораи марги ӯ бародараш Диловар Шералӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи бародараш, Ромиш Шералӣ чанд сол боз аз бемории қалб азият мекашид ва дар беморхона табобат мегирифт. "Субҳи имрӯз ӯ аз хоб бедор шуд, бо наздикон суҳбат кард ва гуфт, ки худро хуб ҳис намекунад. Гуфт, ки каме хоб меравад. Пас аз чанд соат ӯ дар хобаш вафот кард",- мегӯяд Диловар Шералӣ.
Ӯ инчунин қайд мекунад, ки бародараш 3-юми март 54-солагии худро ҷашн гирифт.
Ромиш Шералӣ писари дуюми Лоиқ Шералӣ ва солҳои зиёд бо таҳрир ва тарроҳии китобҳо машғул буд. Вай муддати дароз дар нашриёти "Адиб" кор кардааст.

Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест,
Як камон сад тирро дар хок пинҳон мекунад.
#АбдулқодириБедил
Як камон сад тирро дар хок пинҳон мекунад.
#АбдулқодириБедил
Ҳамчу гули сурх бирав даст - даст,
Ҳамчу майӣ, халқ зи ту маст, маст!
Бозуи ту қавси Худо ёфт, ёфт,
Тири ту аз чарх бурун ҷаст, ҷаст!
Ғайрати ту гуфт: "Бирав, роҳ нест!",
Раҳмати ту гуфт: "Биё ҳаст, ҳаст!"
Лутфи ту дарёст, манам моҳияш,
Ғайрати ту сохт маро шаст, шаст!
Марҳами ту толиби маҷрӯҳҳост,
Нест ғам, ар шасти туам хаст, хаст!
Ай ки ту наздиктар аз дам ба ман,
Дам назанам пеши ту ҷуз паст-паст!
Гарчи яке Юсуфу сад гург буд,
Аз дами Яъқуб карам раст, раст!
Маст ҳамегард дар ин шаҳри мо,
Дузду асасро шаҳи мо баст, баст!
#ҶалолиддиниРумӣ
Ҳамчу майӣ, халқ зи ту маст, маст!
Бозуи ту қавси Худо ёфт, ёфт,
Тири ту аз чарх бурун ҷаст, ҷаст!
Ғайрати ту гуфт: "Бирав, роҳ нест!",
Раҳмати ту гуфт: "Биё ҳаст, ҳаст!"
Лутфи ту дарёст, манам моҳияш,
Ғайрати ту сохт маро шаст, шаст!
Марҳами ту толиби маҷрӯҳҳост,
Нест ғам, ар шасти туам хаст, хаст!
Ай ки ту наздиктар аз дам ба ман,
Дам назанам пеши ту ҷуз паст-паст!
Гарчи яке Юсуфу сад гург буд,
Аз дами Яъқуб карам раст, раст!
Маст ҳамегард дар ин шаҳри мо,
Дузду асасро шаҳи мо баст, баст!
#ҶалолиддиниРумӣ
#наворҳо
#лоикшерали #loiqsherali
Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
#лоикшерали #loiqsherali
Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
Хазонрезу хазонрезу хазонрез,
Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез?
Чаро одам надонад қимати умр?
Чаро ночиз гардад аз паи чиз?
#аксҳо #резаборон #дубайтиҳо #лоикшерали #loiqsherali

* * *
Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз,
Сад боғ мева чидаму беҳосилам ҳанӯз.
Сад бандро кушодаму растам зи сад бало,
Накшодааст уқдаи банди дилам ҳанӯз.
Сад марг пушти сар шуду сад дард зери по,
Дар ҳифзи хеш он қадар ноқобилам ҳанӯз.
Бишнида асрҳои аср андарзи шоирон,
Касби камол кардаву нокомилам ҳанӯз.
Як умр роҳ ҷуставу як ҷо ситодаам,
То осмон паридаву по дар гилам ҳанӯз.
[1979]
#ғазалҳо #лоикшерали #loiqsherali

Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем,
Маҳруми якеву бо дигар ҳамнафасем.
Имрӯз гузашту мо напурсем чӣ буд,
Бар қадри ҷавонӣ вақти пирӣ бирасем.
#аксҳо #рубоиёт #ҷомихайём #лоикшерали #loiqsherali