إِنَّا بَلَوْنَاهُمْ كَمَا بَلَوْنَا أَصْحَابَ الْجَنَّةِ إِذْ أَقْسَمُوا لَيَصْرِمُنَّهَا مُصْبِحِينَ
وَلَا يَسْتَثْنُونَ
فَطَافَ عَلَيْهَا طَائِفٌ مِّن رَّبِّكَ وَهُمْ نَائِمُونَ
فَأَصْبَحَتْ كَالصَّرِيمِ
فَتَنَادَوْا مُصْبِحِينَ
أَنِ اغْدُوا عَلَىٰ حَرْثِكُمْ إِن كُنتُمْ صَارِمِينَ
فَانطَلَقُوا وَهُمْ يَتَخَافَتُونَ
أَن لَّا يَدْخُلَنَّهَا الْيَوْمَ عَلَيْكُم مِّسْكِينٌ
وَغَدَوْا عَلَىٰ حَرْدٍ قَادِرِينَ
فَلَمَّا رَأَوْهَا قَالُوا إِنَّا لَضَالُّونَ
بَلْ نَحْنُ مَحْرُومُونَ
قَالَ أَوْسَطُهُمْ أَلَمْ أَقُل لَّكُمْ لَوْلَا تُسَبِّحُونَ
قَالُوا سُبْحَانَ رَبِّنَا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ
فَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ يَتَلَاوَمُونَ
قَالُوا يَا وَيْلَنَا إِنَّا كُنَّا طَاغِينَ
عَسَىٰ رَبُّنَا أَن يُبْدِلَنَا خَيْرًا مِّنْهَا إِنَّا إِلَىٰ رَبِّنَا رَاغِبُونَ
Ба дурустӣ, Мо онҳоро озмудем, чунон ки соҳибони бӯстонро озмуда будем; чун қасам хӯрданд, ки албатта, бӯстонро дар вақти субҳ дарав кунанд.
Ва «иншоаллоҳ» нагуфтанд.
Пас, балое аз Парвардигори ту бар он бӯстон ба гирд омад(Яъне: оташ даргирифт) ва онҳо хуфта буданд.
Пас, монанди зироати буридашуда гардид.
Пас, дар вақти субҳ ба якдигар овоз доданд,
ки агар даравкунанда ҳастед, пагоҳӣ ба кишти худ равед.
Ва рафтанду бо якдигар пинҳон сухан мегуфтанд:
«Имрӯз ҳеҷ фақире бояд ки дар бӯстони шумо дохил нашавад».
Ва пагоҳӣ ба нияти бухл тавоно рафтанд.
Ва он гоҳ, ки он бӯстонро диданд, гуфтанд; «Ҳар оина мо роҳро ғалат кардаем.(Яъне: ин бӯстони дигар аст, бӯстони мо нест)
На, балки мо маҳруммондагонем».
Беҳтаринашон гуфт: «Оё ба шумо нагуфта будам, ки чаро тасбеҳ намегӯед?»(Яъне: руҷӯъ ба Худо кунед)
Гуфтанд: «Парвардигори худро ба покӣ ёд мекунем, ҳамоно мо ситамкор будем».
Пас, якдигарро маломаткунон баъзеашон рӯ ба баъзе оварданд,
гуфтанд: «Эй вой бар мо, ҳамоно мо аз ҳад гузашта будем.
Умед аст, ки Парвардигори мо бӯстоне беҳтар аз ин дар иваз ба мо диҳад; ба дурустӣ ки мо ба сӯи Парвардигорамон рағбаткунандаем».
Тафсир:
Ибн Ҷузай ал Қалбӣ мегӯяд:
Соҳибони боғ бародарони яҳудие буданд, ки дар Сано (Яман) зиндагӣ мекарданд. Онҳо қасам хӯрданд, ки аз ҳосили боғ ба ниёзмандон ягон чиз нахоҳанд дод. (Падари бародарон - соҳиби пешини боғ мардӣ софдил ва дастбахайре буд, ки баъд аз ҳар дафъаи ғундории меваҳо қисматашро ба фақирон хайр мекард. Фақирон ки инро медонистанд, ҳар рӯзҳои ғунди меваҳо дар назди боғ қатор кашида интизорӣ мекарданд, то ки хайре гиранд. Аммо фарзандонаш чунин набуданд. )
Бо якдигар маслиҳат карда, ба хулосае омаданд, ки ба мӯҳтоҷон чизе нахоҳанд дод мисли падари худ. Ва онҳо ин кирро саҳар барвақт карданӣ буданд, то ки то он дам фақирон нафаҳманд. Аммо Аллоҳ оташеро фиристод, ки боғи онҳоро ба пуррагӣ ба хокистар мубадал намуд. (Дар тафсирҳо - оташе буд,ки аз ҳаво омада буд ва тамоми боғро фурӯ бурд). Вақти саҳар боғ аз шаба дида торик тар ба назар мерасид. Бародарон, ки ҳоло дарак надоштанд, саҳари барвақт якдигарро бедор менамуданд, то ки барвақттар рафта ҳосил ғундоранд. Онҳо дар роҳ оҳиста оҳиста гап мезаданд, то фақире шунида наояд ва онҳо ба ин ақидаи худ устуворона ҳаракат мекарданд. Вақте ки боғро дар он ҳолат пайдо намуданд гуфтанд:
"Мо хато омадем". Аммо баъдтар пайхас намуданд, ки не онҳо ба ҷои лозима омадаанд. Аз ҳама донотарашон (ба қавле бародари мобайнияшон) дарҳол фаҳмид, ки онҳоро ҷазо аз ҷониби Аллоҳ омадааст. Соҳибони боғ хатогии худро иқрор намуданд вале аз паи гунаҳкор намудани якдигар шуданд. Ва гуфтанд : "Вой бар мо ки аз ҳад гузаронидем". Ва тавба намуданду умед карданд, ки Аллоҳ ба онҳо боғи хубтареро барояшон насиб хоҳад кард.
Эмом Бағови ривоят мекунад, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд (р.а) мегуфт, ки баъди тавбаашон Аллоҳ ба онҳо боғеро иноят кард, ки барои ғундоштани як хӯша ангур ба онҳо як мул (савора) лозим мешуд.
Аллоҳу Аълам
Сураи Қалам #ояти 17 то 32
•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃