БОРОНИ АНДЕША 🕊️

@boroni_andesha


📖Панду андарзҳои бузургон!📝
💡Андешаву ақидаҳои олимон!📚
📘 Ҳикояҳои тарбиявию ахлоқӣ!📃
🌃Аксҳои илмию адабӣ!📷
🎬Наворҳои тарбиявию ахлоқӣ!📽️
📚Ҳадису ривоятҳои саҳеҳ!📒 ва ғайраҳоро Шумо дар ин канал дида метавонед!

Мудир: 🧑🏻‍ @aslamzoda0909

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

22 Oct, 19:52


🌗Аз Муҳаммадазиз - китобфурӯши Марокашӣ пурсиданд:
– Чаро вақте, ки дар китобхона нестӣ дари китобхонахоро намебандӣ?
Посух дод:
– Онҳое, ки савод надоранд, китоб намедузданд...
– Онҳое, ки китоб мехонанд, дуздӣ намекунанд...🌓

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

20 Oct, 16:24


Эй, воқифи асрори замири ҳама кас,
Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас.
Ё Раб, ту маро тавба деҳу узр пазир
Эй, тавбадеҳу узрпазири ҳама кас.

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

14 Oct, 18:40


Ҳазл:😁

Дар айёми хурдӣ ин гуна шириниҳоро намехӯрдам...😔

Ҳозир бошад пешрафт кардаам: расмашонро тамошо мекунам... 😅😉

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

07 Oct, 02:09


◽️Вақте дар автобус бо хиёли роҳат нишастаӣ, бо ин ки ронандаро намешиносӣ;🚌
◽️Вақте бо хиёли роҳат ба ҳавопаймо нишастаӣ, бо ин ки халабонро намешиносӣ;✈️
◽️Вақте бо хиёли роҳат дар қаиқ нишастаӣ, бо ин ки капитанро намешиносӣ...

✔️Пас, чаро дар зиндагӣ ин қадар роҳат нестӣ, вақте медонӣ контроли зиндагият дар дасти Худост?!
Пас, коратро мисли ронанда, халабон идома бидеҳ, бақияи контроли зиндагиятро бисупор ба Худованд...!📝

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

05 Oct, 08:00


Ёдаш ба хайр давраи мактабӣ:😁

Яку якбора ёдам ба он рӯзҳои мактабӣ афтод, ки вақте дарсҳои кушод (намунавӣ) мешуд, муаллими дарсиямон мегуфт, ки ҷавоби саволро ҳам надонед, дастатонро бардоред, ман худам медонистагиро мепурсам...!😅

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

05 Oct, 05:45


Дар шакли шеърӣ😁:

Он кӣ айби дигарон пеши ту оварду шумурд,
Бегумон айби ту пеши дигарон хоҳад бурд.

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

05 Oct, 05:21


🗣Як ҷумлаи хеле қашанге буд, ки навишта буд:👇

🌗Ҳеҷ вақт сари мизе нашинед, ки дар бораи дигарон ҳарф мезананд, чун вақте аз онҷо бармехезед, мавзӯи баъдияшон шумо ҳастед...!🌓

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

30 Sep, 14:56


Ҳеҷ касе бештар аз худи одам фитна нест...
Ҳеҷ касе бештар аз худи одам наметавонад худашро ғамгинтар бикунад, худашро ноумедтар бикунад...

☑️Ҳазрати Мавлоно хеле қашанг мефармоянд:👇

🌗Ё Раб, Ту маро ба нафси танноз мадеҳ,
Бо ҳарчӣ ҷуз аз Туст, маро соз мадеҳ.
Ман дар Ту ҳамегурезам аз фитнаи хеш,
Ман они Туам, маро ба ман боз мадеҳ...🌓


БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

15 Sep, 11:28


🌙Саъдиё, Шерозиё, таълим мадеҳ бадзотро,
🌙Бадзот агар доно шавад, санге занад устодро!

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

15 Sep, 07:53


🌗Дарду ранҷи зиндагиро ҷуз таҳаммул чора нест,
Ҳар шикасти зиндагиро мардонавор бояд чашид...!
🌓

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

15 Sep, 03:30


▫️Як зане буд, ки сухани хеле ҷолибе дошт, ки мегуфт:💬

🌻Дастонам бӯи гул медод... Муттаҳам шудам ба гул чидан; аммо ҳеҷ кас гумон ҳам накард, ки шояд гуле кошта бошам...!😔

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

13 Sep, 10:22


🌗Ёдат бошад то роҳи маро нарафтӣ, то ҷои ман зиндагӣ накардӣ, то дарди маро накашидӣ, дар мавриди "ман" қазоват накун...!🌓

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

08 Sep, 18:59


Happy birthday to me 🥳🥹

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

08 Sep, 16:39


🪐Аз Саъдии бузургвор шеъре хондам, ки бо дарки он ашк дидагонамро тар намуд:

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,
То ту ноне ба каф орию ба ғафлат наравӣ.
Ҳама аз баҳри ту дар гардишу фармонбардор
Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.



🌒Саъдӣ бисёр оқилона ишора кардааст, ба он ки абр, бод, моҳ ва хуршеду фалак ҳама барои зиндагии инсон ҳар рӯз дар гардишанд ва аз Холиқи худ ҳар лаҳза фармонбардоранд. Агар лаҳзае замин биларзад ва ё хуршед як рӯз тулӯъ накунад ҳоли инсон чӣ гуна хоҳад буд? Воқеан тамоми офариниш фармонбардори Офаринандаанд, то мо-инсонҳо ба рӯйи ин Замин зиндагӣ намоем. Каломи Саъдӣ, ки мегӯяд Хуршеду Моҳ, Замину Осмон, боду абру борон ҳама фармони Ҳақ мебаранд, пас шарти инсоф нест, ки инсон итоат ба фармон набошад, таҷассумгари ҳақиқати ҳастӣ аст🌘

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

05 Sep, 08:38


ҲАЗЛ:😁

🗣Рӯзе шахсе аз ман пурсид:
📱Ин қадар бисёр телефон истифода мебарӣ, магар сарат дард намекунад?!🧐
👨‍💻Ман ҷавоб додам: аслан чаро, бале дард мекунад:
👇
"дар ҳолате, ки телефонам дар дастам набошад!"😅

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

02 Sep, 14:49


Зиндагӣ ҷонбозӣ аз баҳри намурдан будааст,
З-ин ҷаҳон бар он ҷаҳон чизе набурдан будааст.
Ҳарчӣ дорад одамӣ аз молу амволи ҷаҳон,
Дар бақои зиндагӣ аз даст додан будааст.
Қадфарозӣ дар ҷавонӣ ҳамчу сарви бӯстон.
Ҳамчу маҷнунбед дар пири хамидан будааст.
Бодаи талхи аҷал дар зери гардуни аҷал,
Дар таги чархи само рӯзе чашидан будааст.
Риштаи умри башар ҳарчанд тулонӣ бувад,
Чор такбири салоти худ шанидан будааст.


БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

19 Aug, 09:00


🌙Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,
🌙Сина мегӯяд,ки ман танг омадам, фарёд кун.

🖍️Бедил

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

17 Aug, 07:37


🌗Як қадам роҳ аст Бедил аз ту то домони хок,
Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ ҳушёр бош.🌓


Бедили Деҳлавӣ ✏️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

11 Aug, 15:29


📝"Монанди дарё васеъ бош, пок бош, бигзор ҳама чиз дар ту гум бишавад, бе он ки ту олуда шавӣ..."


Фурӯғи Фаррухзод - шоири муосири Эрон, ҳамон ки бо қалам олами шеърро тасхир намудааст
🖍️

2,789

subscribers

490

photos

13

videos