Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

@kmt_tj


Национальная библиотека Таджикистана

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 23:07


📣ДИҚҚАТ!
📣ДИҚҚАТ!
📣ДИҚҚАТ
🔹Дӯстони азиз 🔜шуъбаи илмӣ-методи ва тадқиқотии Китобхонаи миллӣ тасмим гирифтаст бо мақсади муайян намудани сатҳу сифати фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар 📲фазои маҷозӣ, омӯзиши афкори умум роҷеъ ба дастоварду комёбиҳо ва муайян намудани талаботи иттилоотии истифодабарандагон ✔️пурсишномаи маҷозӣ гузаронад.

🔝 Бо иштирок дар пурсишнома саҳми худро дар рушди фаъолияти мо гузоред. Андешаҳои созандаи шумо барои пешрафти кори мо муҳим хоҳад буд.
↪️ПУРСИШНОМА
💢ТАШАККУР БАРОИ ҲАМКОРӢ💢

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 22:55


ДОНИСТАН ХУШ АСТ!

🔉ҲОДИСАИ ҲАЙРАТОВАР ДАР КИТОБХОНА

📅Хамин ҳодиса соли 1957 дар китобхонаи шаҳрии Шефелд ба вуқуъ омада буд. Ба ин китобхона китоберо таҳти унвони «Ҳунарҳои дастии занон» баргардондаанд. Китоби мазкур 47 сол дар дасти хонанда мондааст.

📌Ба ҳамин монанд кормандони китобхонаи Сидней- Сасекс колеҷи Кэмрбриҷ аз як сокини шаҳр китоберо қабул кардаанд, ки вай дар хусуси ба кӣ ва аз кадом китобхона будани китоб тасаввурот надошт. Албатта сабаби ба кӣ додани китобро муайян кардан кори осон набуд. Зеро аз рӯи навиштаи дохили муқова китоб 300 сол қабл ба хонанда дода шудааст.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 22:48


📕АСАРҲОИ МУНТАХАБ
✍️ШАРИФБЕК АЗИЗӢ
🔹Дар «Асарҳои мунтахаб», ки аз даҳ ҷилд иборат аст, қиссаҳои дохилшуда дар таҳриру иловаҳои нав пешниҳод шудаанд. Яъне адиб онҳоро аз нав қалам зада, суфтаву равон ва боз ҳам ҷолибтар намудаанд. Ҳамчунин як ҳикоя, ду қиссаи бори аввал рўи чоп омада ва чанд мақолаву мусоҳибаро дар атрофи эҷодиёташон низ ҷо додаанд, ки ин ба хонанда писанд хоҳад омад.
Аз суроғаи зерин китобҳоро дастрас намоед:

🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 1
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 2
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 3
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 4
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 5
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 6
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 7
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 8
📕Асарҳои мунтахаб ҷилди 9
📕Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 22:45


❇️Нест аммо дар ду дунё Тоҷикистони дигар...

Метавонӣ ёфт ҳар ҷо хонаву хони дигар,
Метавонӣ кард ҳар ҷо аҳду паймони дигар.
Метавонӣ ёр хондан як замон ағёрро,
Бар фаромӯшӣ супурдан ёди ёрони дигар.
Метавонӣ ҷон фитондан пеши ҳар ҷононае,
Дил ниҳодан, сар супурдан баҳри ҷонони дигар.
Метавонӣ ҳамчу боди булҳавас доман кашӣ
Аз хиёбони дигар сӯи хиёбони дигар.
Метавонӣ ханда кардан, гиря кардан, зистан,
Ҳар куҷо, аммо намеёбӣ Зарафшони дигар.
Метавонӣ як каф аз хоки Ватан бо худ барӣ
Нест аммо дар ду дунё Тоҷикистони дигар...

✍️Озарахш

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 21:55


Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана pinned «»

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 21:08


ТАРҶУМАИ АНГЛИСИИ РУБОЁТИ УМАРИ ХАЙЁМ
Китобе, ки 173 сол пеш дар як гӯшаи олам ва аз Тоҷикистон ҳазорҳо километр дур чоп шудааст, имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон маҳфуз аст ва ҳамоно мавриди истифода қарор дорад...

Ононе, ки мехоҳанд шоҳкориҳои Умари Хайёмро ба забони англисӣ мутолиа кунанд, метавонанд ба толори хониши адабиёти хориҷӣ муроҷиат
намоянд.
..

Тарҷумаи англисии рубоиёти Умари Хаём, ки китобаш умри 173-сола дорад

https://t.me/pdf_library_kmt

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 21:07


Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана pinned «Чаро таърихи офариниши “Шоҳнома” то кунун дақиқ нест? Академик Бертелс чӣ мегӯяд? Метавон гуфт, ҳамаи касоне ки дар бораи “Шоҳнома” кор кардаанд, дар ин нукта ҳамрайъанд, ки Фирдавсӣ дар соли 998/99-и милодӣ пеш аз он ки ба Султон Маҳмуд рӯй оварад, кӯшида…»

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 21:07


ТӮФОНИ НӮҲ ДАР РИВОЯТҲО, КИТОБҲОИ МУҚАДДАС ВА УСТУРАҲОИ ҶАҲОНӢ

Тӯфони бузург тӯфоне аст, ки аз сӯи Худованд барои нобудии тамаддун фиристода шуд. Достони тӯфон дар Таврот ва Қуръон ба Нуҳ нисбат дода шудааст. Ба ҳамин далел яҳудиён, масеҳиён ва мусалмонон аз он ба номи Тӯфони Нуҳ ёд мекунанд.

Ин достон як достони роиҷ дар байни миллатҳо бо нажоди сомӣ (арабҳо, ибриҳо ва ошуриён) аст. Назири ин достон дар Авесто, китобҳои ҳинду, матнҳои қадими юнонӣ ва ҳамосаҳои Гилгамеш (қаҳрамони ҳамосаи шумериву аккадӣ ва яке аз шоҳони сулолаи аввали Урук (охири асри 27 — аввали асри 26 то м., писари Лугулбанд, фармонравои Урук дар Бобил)-и ошуриён омадааст...

муфассал ⤵️
Тӯфони Нуҳ дар ривоятҳо, китобҳои муқаддас ва устураҳои ҷаҳонӣ

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 21:07


Чаро таърихи офариниши “Шоҳнома” то кунун дақиқ нест? Академик Бертелс чӣ мегӯяд?

Метавон гуфт, ҳамаи касоне ки дар бораи “Шоҳнома” кор кардаанд, дар ин нукта ҳамрайъанд, ки Фирдавсӣ дар соли 998/99-и милодӣ пеш аз он ки ба Султон Маҳмуд рӯй оварад, кӯшида буд, ки манзумаи худро ба фармонравоии Хони Линҷон (ҷое дар канори Зиндарӯд дар ҳафтфарсахии Исфаҳон) пешкаш кунад. Аммо ҳеҷ як аз инон дар паи он барнаёмадаанд, ки чӣ чизе пирамардро аз Тӯс ба Исфаҳон кашида будааст. Танҳо К.И.Чайкин он ҳам на чандон равшан, бар ин гумон буд, ки Фирдавсӣ ба ҳангоми бозгашт аз Бағдод, ки дар соли 988/96-и милодӣ ба он ҷо рафта буд, ба Исфаҳон рафтааст...

https://kmt.tj/charo-tarihi-ofarinishi-shohnoma-to-kunun-da-i-nest-akademik-bartold-chy-meguyad/

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 21:06


💢Китоб📚 умри дубора аст. Дар дунё лаззате, ки бо лаззати мутолиа баробар бошад, нест.

✍️Монтескё

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 21:06


Ҳар чӣ аз ман рафт, дар ман кам нашуд…

Ин як мисраъ шеъри Ҳайрат Шанбезода аст. Таронасарои Бадахшон, шахсе, ки хеле ғазалҳои равону дилчасп гуфт. Шоире, ки аз Қудрати бадахшӣ зиёд ёд кард ва як силсила шеърҳои солҳои ҷавониашро ҳам ба ӯ бахшид. Дар хонаводаи шоир бузург шуд, гоҳ бо сабки падар шеър гуфт ...
➡️Муффасал...

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 20:57


🔝 ҒАЗАЛЕ АЗ СОИБ ТАБРЕЗӢ

Мояи аслу насаб дар гардиши даврон зар аст,
Ҳар касе сохиб зар аст, ӯ аз ҳама болотар аст
Дуд агар боло нишинад, касри шони шӯъла нест,
Ҷойи чашм абрӯ нагирад, чункӣ ӯ болотар аст.
Нокасе гар аз касе боло нишинад, айб нест,
Рӯйи дарё хас нишинад, қаъри дарё гавҳар аст.
Кокул аз болонишинӣ рутбае пайдо накард,
Зулф аз афтодагӣ ҳамсони мушку анбар аст.
Шасту шоҳид ҳарду даъвии бузургӣ мекунанд,
Пас чаро ангушти кӯчак лоиқи ангуштар аст?!
Оҳану фӯлод аз як кӯра меояд бурун,
Он яке шамшер гардад, дигаре наъли хар аст.
Соибо, айби худат гӯ, на айби дигарон,
Ҳар кӣ айби худ бигӯяд, аз ҳама болотар аст.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

20 Jan, 20:44


⁉️Ҳаҷви Султон Маҳмуд дар “Шоҳнома”. Буд ё набуд?

Яке аз муаммоҳое, ки аз мутолиаи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фикдавсии Тӯсӣ бармеояд ва муддати даҳ аср аз офариниши он то кунун сараш баҳс аст, ҳаҷви шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ буд. Пӯшида нест, ки баъди итмоми “Шоҳнома” ҳакими Тӯс онро ба Султон Маҳмуд пешкаш кард, ба умеди он ки қадрдонӣ мешавад. Аммо хилофи интизор шоҳ онро напазируфт.

❗️Ин ҷо сухан зиёд аст. Ҳатто гӯмагӯҳое ҳам ҳастанд, ки Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро аввал мехост ба каси дигар пешкаш кунад (мо дар бахшҳои баъдӣ ба ин мавзуъ бармегардем). Аммо ҳоло гап сар ҳаҷвияи Фирдавсӣ ба Султон Маҳмуд меравад, ки ҳеч касе то ба имрӯз қотеъ нагуфт, ки оё онро Фирдавсӣ навиштааст ё каси дигар.

Аз миёни андешаҳои пажӯҳишгарони “Шоҳнома” таҳқиқоти Евгений Эдеардович Бертелсро аз китоби “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ меорем, ки басо ҷолиб ва қобили мулоҳиза аст.

Муфассал