Медони ё не?

@medoni_yone


Медони ё не?

22 Oct, 02:39


Зиндагӣ дарди туро донад, надонад, ғам махӯр,
Ҳамраҳат боре қадам монад, намонад, ғам махӯр.

Ҳарфи пинҳони дилатро бо касу нокас магӯ,
Дӯст ҳамрозат шудан тонад, натонад, ғам махӯр.

Гирумони донаи шатранҷ дар як қолаб аст,
Гар рақиб андешае ронад, наронад, ғам махӯр.

Эй хуш он марде, ки худ даҳмардаи моли худ аст,
Подабон гови туро бонад, набонад, ғам махӯр.

Озарахшо, аз Худованди сухан лутфе талаб,
Беғаме шеъри туро хонад, нахонад, ғам махӯр.

ОЗАРАХШ

https://t.me/Xirad

Медони ё не?

18 Oct, 13:43


ҲАМВАТАН ВА ҲАМЗАБОНОНИ АРҶМАНД!

Мо ҳайати эҷодии рӯзнома ба муносибати 100-умин солгарди таъсиси нашрияи сарнавиштсози тоҷикон – “Овози тоҷик”, ки як аср боз кошонаи ҳар як соҳибзабонро мунаввар месозад ва барои дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия кардани насли ҳамзабонони мо саҳм мегузорад, дар телеграм фаъолияти канали “ОВОЗИ ТОҶИК”-ро ба роҳ мондем.

Хуб медонем, ки нахустин шумораи рӯзнома соли 1924 маҳз дар Самарқанд чоп гардид.
Инак, имрӯз Рӯзи шаҳри Самарқанд аст ва мо хостем дар ин рӯзи накӯ фаъолияти каналро ҳамоҳанг бо талаби замон роҳандозӣ кунем!

БО МО БОШЕД ВА МО БАРОИ ШУМО:
– беҳтарин мақолаҳоро дар мавзӯи муҳими рӯз;
– тозатарин ахбор аз ҳаёти Ӯзбекистон;
– муҳимтарин рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳон;
– матолиби ҷолиб аз бойгонии садсолаи рӯзнома
ва наворҳои ибратбахшро пешкаш мекунем!

Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".

Telegram | Facebook | Site

Медони ё не?

16 Oct, 08:01


Аз азал устоди инсон модар аст,
Раҳбару раҳёбу раҳдон модар аст.
Рамзи ҳастӣ, рамзи покӣ, рамзи меҳр,
Дар ҷаҳони гирдгардон модар аст.
Дар суруди аллааш маънои умр,
Шоири дар даҳр дастон модар аст.
Кӯдаконаш ғунчаҳои орзу,
Навбаҳори сабздомон модар аст.
Дар саховатмандиву лутфу карам,
Ҳотами бемислу ҳамсон модар аст.
Ҷаннати ҷовид зери пои ӯ,
Бандаи поку мусалмон модар аст.
Мекунад доим зафар бар дарду ғам,
Қаҳрамони сахтимон модар аст.
Нур бахшад зиндагиро ҷовидон,
Офтоби гарму тобон модар аст.
Силаи дастони нармаш рӯҳбахш,
Дардҳоро ҷумла, дармон модар аст.
Мо ба ҳар ҳолат барояш кӯдакем,
Дар ҷаҳон моро саробон модар аст.
Нест кас чун ӯ ҳалиму меҳрубон,
Ғамбару ғамхору ғуфрон модар аст.
Баъди Ҳақ бошад Худо бе ҳеҷ шак,
Бо дуо моро нигаҳбон модар аст.

        ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM

Медони ё не?

13 Oct, 09:56


https://youtube.com/shorts/6gtqRks7KJw?si=PWoAcg4trnxWYrYG

1,916

subscribers

13,329

photos

7,232

videos