Таъбири хоб!
Марде дар ҷангалҳои Африқо мегашт. Ногаҳ садои ваҳмангезе баланд гардид. Мард ба қафо нигоҳ кард ва бо кадом чашм бинад, ки як шери бадҳайбат босуръат ба тарафи ӯ меояд. Мард зуд аз пайи гурез шуд. Дар чашмони шер хун ҷӯшидаву аз ваҷоҳаташ аён буд, ки гурусна аст. Шер то рафт ба мард наздиктар мешуд. Ногоҳ мард дар рӯ ба рӯйи худ чоҳеро дид, ки банде аз боло ба даруни он овезон буд.
Дарҳол худро даруни чоҳ андохт ва дар банд овезон шуд. То ҳадде наъраҳои шер камтар шуд ва мард андак ба худ омада, ба поёни чоҳ нигоҳ кард. Дар зери чоҳ аждаҳое буд, ки сарашро боло карда, ба мард менигарист. Гӯё лаҳза мешумурд, ки мард зудтар ба чоҳ афтаду вай шикам сер кунад. Мард акнун дар бораи наҷот ёфтан аз аждаҳо фикр мекард. Рӯй ба боло карду чашмаш ба ду муш афтод, ки яке сафед буду дигаре сиёҳ. Онҳо бо ҳарос бандро мехоиданд. Мард, ки тарсида буд, бо шитоб ҳаракат кард ва бандро ҷунбонд, то мушҳо поён афтанд. Худро ба деворҳои чоҳ зад ва ногоҳ пай бурд, ки як чизи мулоиме ба баданаш мерасад. Мард ба девор нағзтар нигоҳ карда, хонаи оруи асалро дид. Даст ба асал бурд ва аз он хӯрд. Асал ширину болаззат буд. Мард асалхӯриро сар карду шер, аждаҳо, мушҳоро фаромӯш кард ва бо ҳарос аз хоб ҷаста хест.
Хоби нороҳаткунанда буд. Мард барои фаҳмидани таъбири хоб пеши олиме рафт. Хоби дидаашро пурра нақл кард. Олим дар ҷавоб гуфт:
- Таъбири хобби ту хеле сода аст. Шере, ки аз дунболи ту медавид, Азроил аст... Чоҳе, ки дар он аждаҳо буд қабр аст... Танобе, ки ба он овезон будӣ, ин умр аст... Ва муши сафеду сиёҳе, ки танобро мехӯрданд, шабу рӯзҳои умри ту ҳастанд.
Мард гуфт:
- Эй шайх, пас асале, ки дар даруни чоҳ хӯрдам, чист?
Донишманд гуфт:
- Асал ҳамон дунёст, пулу сарват аст, ки аз лаззату ширинии он одам маргу ҳисобу китобро фаромӯш мекунад...
🦋
@nidoi_qalb