FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965) @fcravshan Channel on Telegram

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

@fcravshan


🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965) (Russian)

Добро пожаловать на официальный канал футбольного клуба "Равшан" Куляб! 🇹🇯 Если вы являетесь поклонником футбола и интересуетесь успехами команды "Равшан" Куляб, то этот канал - именно для вас! Футбольный клуб "Равшан" Куляб был основан в 1965 году и с тех пор стал символом города Куляба. Клуб имеет богатую историю и множество побед на своем счету. Он является неотъемлемой частью жизни местных жителей и источником гордости для всех поклонников. На канале "fcravshan" вы сможете найти всю актуальную информацию о команде, расписание матчей, новости о игроках, эксклюзивные интервью и многое другое. Мы следим за всеми событиями вокруг клуба и делимся этой информацией с нашими подписчиками. Присоединяйтесь к нам, чтобы быть в курсе всех новостей о футбольном клубе "Равшан" Куляб! Подписывайтесь на наш канал и будьте первыми, кто узнает обо всех важных событиях и достижениях команды! Давайте вместе поддерживать наш любимый футбольный клуб! ⚽️💪

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

17 Feb, 08:27


Ҳимоятгари марказӣ Артём Литвякови 28-сола аз кишвари Молдова ба дастаи «Равшан»-и Кӯлоб пайваст. Артём қаблан дар дастаҳои «Динамо-Авто», «Сперанца», «Тигина», «Сфинтул Георге» (ҳама аз Молдова), «Андиҷон» (Ӯзбекистон), «Динамо-Брест» (Беларус), «Ал-Неймаҳ» (Лубнон) ва «Қизил-Жар» (Қазоқистон) бозӣ кардааст. Аз соли 2022 ӯ мунтазам ба дастаи мунтахаби Молдова даъват мешавад.

28-летний центральный защитник Артём Литвяков из Молдовы пополнил ряды кулобской команды «Равшан». Ранее Артём выступал за клубы «Динамо-Авто», «Сперанца», «Тигина», «Сфынтул Георге» (все из Молдовы), «Андижан» (Узбекистан), «Динамо-Брест» (Беларусь), «Аль-Неймех» (Ливан) и «Кызыл-Жар» (Казахстан). С 2022 года он регулярно вызывается в сборную Молдовы.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

17 Feb, 07:26


БОЗИИ САНҶИШӢ БА АНҶОМ РАСИД!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

17 Feb, 06:04


ПОЁНИ ҚИСМИ ЯКУМ

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

17 Feb, 05:19


🎉Зодрӯзи Директори Генералии Лигаи Футболи Тоҷикистон, муҳтарам Субҳон Шодиев муборак!

Аз номи дастаи "Равшан" Шумо, муҳтарам Субҳон Шодиев, бо самимият ва эҳтироми баланд табрик менамоем!

Мо қадрдонии баланди Шуморо дар рушди футболи тоҷик ва пешрафти Лигаи футболи Тоҷикистон изҳор намуда, бароятон саломатии бардавом, бурдборӣ ва комёбиҳои нав таманно дорем.
Барои меҳнату заҳматҳои шабонарӯзиатон дар рушду такомули футболи кишвар миннатдорем ва умедворем, ки бо роҳбарии Шумо боз ҳам дастовардҳои нав ба даст хоҳем овард.


Бо эҳтиром,
Дастаи "Равшан"

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

16 Feb, 10:33


БОЗИИ САНҶИШӢ

🔴«Равшан» 🆚 «Парвоз»🔵

🗓️ 17 феврал

Вақт: 10:00

🏟️Макон: Варзишгоҳи "БАҲОРИСТОН"

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

14 Feb, 11:59


БОЗИИ ДӮСТОНА БА АНҶОМ РАСИД!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

13 Feb, 10:33


БОЗИИ ДӮСТОНА

🔴Равшан (Тоҷикистон) 🆚 Арис (Қазоқистон)

🗓️14.02.2024

15:00

🏟️Макон: шаҳри Гулистон (Маркази таълимии Бонки миллӣ)

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

13 Feb, 06:59


ТАЪЗИЯ БАЁН МЕКУНЕМ! 

Ҳайати дастаи "Равшан" аз даргузашти ПАДАРИ футболбози даста СОРБОН ҒИЁСОВ сахт андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ баён менамояд. Худованд гузаштаҳоро раҳмату мағфират кунад!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

11 Feb, 11:22


Қаблан эълон шуда буд, ки Азизбек Ҳаитов бо бошгоҳи “Арсенал”-и Дзержински кишвари Беларус шартнома баста буд. Аммо бинобар вазъи оилавӣ шартномаашро бо “Арсенал” қатъ карда, бо “Равшан” созишномаи як сола баст

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

10 Feb, 12:07


БОЗИИ САНҶИШӢ БА АНҶОМ РАСИД!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

09 Feb, 11:34


Се футболбози хориҷӣ дар баррасии дастаи “Равшан” қарор доранд. Инҳо ҳимоятгари марказӣ Одри Йола Зепаттаи 25-сола аз кишвари Камерун, нимҳимоятгари марказии 25-сола Олувасеун Микел Бадеҷо аз кишвари Нигерия ва ҳимоятгари марказӣ Артем Литвякови 28-сола аз кишвари Молдова мебошанд. Хотиррасон мекунем, ки дастаи “Равшан” айни замон дар машқу тамринҳои дастаҷамъӣ дар вилояти Суғд қарор дошта барои мавсими нав омодагӣ мегиранд.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

09 Feb, 06:05


Маъмурияти дастаи "Равшан" бо эҳсоси андӯҳи амиқ даргузашти ПАДАРИ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Сайвалӣ Дониёрзодаро тасаллият мегӯяд. Ба пайвандон, наздикон ва аҳли хонадони марҳум ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, барои эшон сабри ҷамил ва барояшон таҳаммулпазирӣ таманно дорем.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

08 Feb, 03:46


БОЗИИ САНҶИШӢ

«Эсхата» 🆚 «Равшан»🔴

🗓️ 10 феврал

Вақт: 15:00

🏟️Макон: Варзишгоҳи "БАҲОРИСТОН"

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

07 Feb, 08:45


БОЗИИ САНҶИШӢ БА АНҶОМ РАСИД!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

07 Feb, 05:45


Натиҷаи қуръапартоии мавсими 2025-и 🇹🇯 Лигаи олии Тоҷикистон ва бозиҳои даври аввали мусобиқа

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

07 Feb, 04:00


БОЗИИ САНҶИШӢ

🔴«Равшан» - «Мастчоҳ»

Вақт: 11:00

🏟️Макон: Варзишгоҳи "БАҲОРИСТОН"

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

05 Feb, 14:01


🎉Зодрӯз муборак, Холмурод Назаров! Ба Шумо шифои комил, неруву тавоноӣ, қувват ва баргашти пурқудрат ба майдон таманно дорем. Зодрузотон муборак бошад!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

05 Feb, 13:44


🎉С днем рождения Евгений Гриценко.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

05 Feb, 06:26


🎉С днем рождения Евгений Гриценко, опора и надежда всей команды! Пусть в твои ворота не попадает даже самый сильный соперник, пусть твои руки всегда ловят не только летящие мячи, но и большую удачу жизни. А ещё мы желаем тебе крепких сил, личного счастья и доброй славы!

Имрӯз дарвозабони дастаи Равшан Евгений Гритсенко зодрӯз дорад. Хоҳони онем, ки рақиби пурқувваттарин ҳам имкони ба дарвозаат гол заданро наёбад, бигзор дастонат ҳамеша на танҳо тӯбҳои парвозкунанда, балки бахти бузурги зиндагиро ҳам ба каф гирад. Мо ба Шумо нерӯи қавӣ, хушбахтии оилавӣ ва шӯҳрати бардавомро ҳамроҳ бо дастаи дӯстдоштаамон орзумандем!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

05 Feb, 02:20


Марҳилаи дуюми омодагиҳои дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома меёбад. 
Шогирдони Дмитрий Черишев давоми 20-рӯз машқу тамринҳои худро дар Осоишгоҳи “Баҳористон” роҳандозӣ менамоянд ва интизор аст, ки дар ин давра дастаи “Равшан” бо дастаҳои кишвари Ӯзбекистон, Қазоқистон ва яке аз дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон бозиҳои санҷишӣ барпо намояд.
КФ “Равшан”

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

03 Feb, 16:28


Иттилоъ дар бораи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот роҳбарони гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони Федератсияи футбол дар минтақаҳои кишвар, роҳбарони бонкҳои давлатию тиҷоратӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок доштанд.
Дар оғози мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои мулоқот бо масъулони соҳаи футболи мамлакат аз 3 ноябри соли 2023 вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту идораҳо дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон корҳои муайянро ба сомон расонидаанд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ татбиқи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 бомаром идома ёфта, дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда барои рушди муназзами футбол дар кишвар шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.
Аз дастовардҳои футболи тоҷик дар соли 2024, аз ҷумла ширкати муносиби тими миллии дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ва дар миёни ҳашт дастаи беҳтарини қитъаи Осиё ҷой гирифтани он,  дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба таври арзанда ҳунарнамоӣ кардани дастаи мунтахаби футзали кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Бо пешниҳоди Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказ аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамчун рӯйдоди таърихӣ барои миллати тоҷик ва кулли ҳаводорони футбол маънидод гардид.
Дар ҷараёни мулоқот гузоришҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вилоятҳои Суғд ва Хатлон оид ба натиҷаҳои амалисозии дастуру супоришҳои  мулоқот бо масъулони соҳаи футболи мамлакат аз 3 ноябри соли 2023 ва вазъи рушди футбол дар минтақаҳо шунида шуд.
Дар фарҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба тадбирҳои минбаъда ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои рушди футбол, аз ҷумла рушди инфрасохтори соҳа, ба масъулони соҳа як қатор дастуру супоришҳо доданд.
Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ уҳдадор гардиданд, ки ҷиҳати мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолияти варзишгоҳҳое, ки дар онҳо дастаҳои лигаҳои касбӣ бозиҳои худро мегузаронанд, чораҳои мушаххас амалӣ намоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифадор гардид, ки толорҳои варзишии ҳудуди вилоятро барои гузаронидани мусобиқаҳои дохилӣ омода карда, ҷиҳати таъсиси мактаби варзишӣ оид ба футзал тадбирҳои дахлдор андешад.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

01 Feb, 17:21


Ғалаба муборак бошад
Мухаммад Наимов

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

01 Feb, 02:44


Ба шумо муваффақият
хоҳонем
Муҳаммад Наимов.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

29 Jan, 02:47


ЗОДРӮЗ МУБОРАК
Ғайраталӣ Мираҳмадов!
🎉

Бо самимияти зиёд Шуморо бо зодрӯзатон табрик мегӯем!

Орзумандием, ки дар оянда низ бо роҳбарии Шумо клуб боз ҳам баландтар қуллаҳои варзиширо фатҳ намояд. Барои Шумо тансиҳатӣ, умри дароз, саодатмандӣ ва муваффақиятҳои беинтиҳо хоҳонем!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

25 Jan, 08:04


Машқу тамринҳои дастаи "Равшан" барои мавсими нави соли 2025 дар як рӯз ду маротиба дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

23 Jan, 14:25


🇹🇯Девид Мавутор ба машқу тамринҳои дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ҳамроҳ шуд. Ҳарду ҷониб омодаанд, ки шартномаи ҳамкориро ба муҳлати як соли дигар тамдид намоянд. Дар ҳоли ҳозир Девид дар машқҳои якҷояи дастаи “Равшан” ширкат мекунад ва дар рӯзҳои наздик оид ба идома ҳамкории ҳарду ҷониб барои як соли дигар маълум хоҳад шуд. 

🇷🇺Давид Мавутор присоединился к тренировкам Кулябской команды «Равшан». Обе стороны готовы продлить соглашение о сотрудничестве еще на год. В настоящее время Давид участвует в сборах «Равшан», и в ближайшие дни станет известно о продолжении сотрудничества обеих сторон еще на год.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

23 Jan, 14:22


🇹🇯Ҳамлавари марказии дастаи “Равшан” Амирҷон Сафаров низ фаъолияти худро дар дастаи “Равшан” идома медиҳад. Дар ҳоли ҳозир Амирҷон ба машқу тамрини даста пайваст шуда эҳтимол аст, ки рӯзҳои наздик бо даста барои як соли дигар тамдиди шартнома намояд.

🇷🇺Центральный нападающий команды «Равшан» Амирчон Сафаров также продолжит карьеру в команде «Равшан». В настоящий момент Амирчон присоединился к тренировкам команды, скорее всего, в ближайшие дни продлит контракт с командой еще на год.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

21 Jan, 17:17


Шартномаи ҳамкорӣ миёни дастаи “Равшан” ва Бахтиёр Зарипов ба итмом расид. Ташакур барои ҳамкорӣ!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

21 Jan, 11:06


🇹🇯Мутахассиси ватанӣ Амоншо Содатсайров ба ситоди нави мураббиёни дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шомил гардид ва шартномаи ҳамкорӣ бо мураббии дарвозабонҳо ба муҳлати як соли дигар тамдид карда мешавад. 

🇷🇺В новый тренерский состав кулябской команды «Равшан» вошел отечественный специалист Амоншо Содатсайров, а контракт о сотрудничестве с тренером вратарей будет продлен до конца сезона.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

21 Jan, 10:47


🇹🇯Шартномаи ҳамкорӣ бо Масъуд Назарзода ба итмом расид ва ҳамзамон Руслан Абдулмавлонов низ баъди анҷоми шартнома ба дастаи дигари ватанӣ гузашт. Масъуд Назарзода аз оғози соли 2024 ба ҳайси мудири фанӣ ва дар идомаи мавсим ба ҳайси сармураббии даста ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. 
Руслан Абдумавлонов низ дар нимаи дуюми мавсим ба даста ҳамроҳ шуда дар ситоди мураббиён ба ҳайси ёвари сармураббӣ кору фаъолият намуд. 
Роҳбарияти дастаи Равшан ба ҳарду мутахассис барои заҳматҳояшон изҳори миннатдорӣ баён намуда ба онҳо дар кору фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно менамояд.

🇷🇺Контракт о сотрудничестве с Масудом Назарзода закончился, при этом Руслан Абдулмавлонов после окончания контракта также перешёл в другую отечественную команду. С начала 2024 года Масуд Назарзода добился значительных результатов в качестве технического менеджера и по ходу сезона в качестве главного тренера команды. 
Руслан Абдумавлонов присоединился к команде во второй половине сезона и работал помощником главного тренера в тренерском штабе. 
Руководство команды «Равшан» выражает благодарность обоим специалистам за их труд и желает им успехов в дальнейшей работе.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

21 Jan, 10:20


🇹🇯Нимҳимоятгари дастаи "Равшан"-и Кӯлоб Масрур Қиёмиддинов ҷашни мавлуд доранд. Ба Масрур Қиёмиддинов дар кору фаъолияти варзишӣ барору комёбӣ ва дар зиндагиаш тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорем. Зодрӯз муборак Масрур!

🇷🇺Полузащитник команды «Равшан» Куляб Масрур Киёмиддинов сегодня отмечает свой день рождения. Желаем Масруру Киомиддинову успехов в спортивной деятельности и счастья в жизни. С днем ​​рождения, Масрур!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

20 Jan, 13:12


Дастпарвари “Равшан”-и Кӯлоб Муҳаммадҷон Мираҳмадов дар шаҳри Анталияи Туркия якҷо бо тими мунтахаби наврасон U-17 барои омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2025 дар машқҳои дастаҷамъӣ ширкат намуда истодааст. Дар робита ба ин, имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон U-17 бо ҳамсолони худ аз тими «Лехия Зелена Гура» рақобат кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мунтахаби мо анҷом ёфт ва Муҳаммадҷон дар ин бозии санҷишӣ дар ҳайати аввалия ба майдон омад. Ёдрас мешавем, ки баъди анҷоми давраи омодагӣ ин футболбози наврас ба ҳайати асосии дастаи “Равшан” дар машқу тамринҳои дастаҷамъӣ ҳамроҳ мешавад.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

19 Jan, 07:04


Дастпарвари "Равшан"-и Кӯлоб Абдураҳмон Нозимов дигарбора ба даста баргашт. Баъди анҷоми шартнома бо дастаи "Ҳосилот", ки давоми ду мавсим дар ин бошгоҳ фаъолият дошт Абдураҳмон ба сафи дастаи "Равшан"-и Кӯлоб пайваст. Ин мавсим мо Абдураҳмонро дар хатти нимҳимояи дастаи "Равшан"-и Кӯлоб хоҳем дид.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

19 Jan, 07:03


Абдулфаттоҳ Худойдодзода бо  дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба мӯҳлати як сол шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Абдулфаттоҳро ин мавсим мо дар хати ҳамлаи дастаи Равшан хоҳем дид.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

19 Jan, 07:00


Муҳсинҷон Абдуғаффоров бо  дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба мӯҳлати як сол шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Пас аз анҷоми шартномааш бо дастаи "Регар-ТадАЗ", ӯ ба "Равшан"-и Кӯлоб гузашт.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

19 Jan, 06:59


Шодиҷон Муродов барои як соли дигар фаъолияти худро дар дастаи "Равшан" идома медиҳад.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

18 Jan, 16:03


Дмитрий Черишев ба Тоҷикистон омад!
Субҳи 18-уми январ дастпарварони футболи Россия Дмитрий Черишев ва Константин Северянович ба Тоҷикистон омаданд. 
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мураббиёни маъруфро роҳбарият ва кормандони дастаи Равшан самимона истиқбол гирифтанд. 
Нимаи дуюми рӯз алакай Дмитрий Черишев бо роҳбарият ва ситоди мураббиёни бошгоҳ мулоқот анҷом дод.  
Дар ин мулоқот сармураббии нави дастаи “Равшан” вобаста ба анҷом додани машқҳои дастаҷамъӣ дар се марҳила ҷиҳати омода шудани даста ба мавсими нави футбол ва ҷалби боз чандтан аз футболбозони хориҷӣ маслиҳатҳои судманд карданд. 
Вобаста ба омодагии дастаи “Равшан” ба мавсими нави 2025-ум ва ҷалби футболбозони хориҷиву ватанӣ дар рӯзҳои иттилоъ хоҳем дод. 

Дмитрий Черышев приехал в Таджикистан!
Утром 18 января в расположение клуба прибыли Дмитрий Черышев вместе с Константином Северьяновычом Галкином.  
В международном аэропорту Душанбе известных тренеров тепло встретили руководство и сотрудники команды «Равшан».
Во второй половине дня Дмитрий Черышев провел встречу с руководством и тренерским штабом клуба.  
На этой встрече новый главный тренер команды «Равшан» дал полезные советы относительно завершения командных учений в три этапа по подготовке команды к новому футбольному сезону и привлечению ещё несколько иностранных футболистов.
О деталях плана подготовке команды «Равшан» к новому сезону 2025 года и наборе иностранных и отечественных футболистов мы будем сообщат дополнительно.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

15 Jan, 23:58


ТУЙ МУБОРАК АЗИЗБЕК,
нимҳимоятгари дастаи "Равшан"-и Кӯлоб Азизбек Хаитов оила барпо намуд.
Ба ин муносибат Азизбекро аз номи роҳбарият, ҳайати футболбозон ва мухлисони даста табрик менамоем. Бароятон беҳтарини хӯшаҳои зиндагиро таманно дорем!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

13 Jan, 23:17


📽"Лаҳзаҳои махсуси сафари даста.
"Ал Вақра - Равшан"

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

13 Jan, 16:06


Шартномаи ҳамкорӣ миёни дастаи “Равшан” ва Салам Ашурмамадов ба итмом расид. Ташакур барои ҳамкорӣ!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

13 Jan, 16:05


Шартномаи ҳамкорӣ миёни дастаи “Равшан” ва Азизбек Султонов ба итмом расид. Ташакур барои ҳамкорӣ!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

11 Jan, 12:29


Бахтовари Хуршед барои як соли дигар дар дастаи “Равшан” фаъолияти худро идома медиҳад. Бахтовар дастпарвари дастаи “Равшан”-и Кӯлоб буда аз соли 2021 инҷониб ба ҳайси ҳимоятгари каонрӣ ва ҳам марказӣ, дар дастаи асосии “Равшан” майдондорӣ карда истодааст. 

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

11 Jan, 12:29


Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев низ ин мавсим фаъолияти худро дар дастаи “Равшан” идома медиҳад. Муҳаммадрабӣ ҳамзамон ба ҳайси дарвозабони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пайваста ба тими олимпӣ даъват карда мешавад.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

10 Jan, 07:19


Ҳамзамон дастаи "Равшан" бо ҳимоятгари канорӣ Кристиан Мочич баъди итмоми шартномаи ҳамкорӣ хайру хуш карданд. Ба Кристиан Мочич дар фаъолияти минбаъда бурдборӣ таманно дорем!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

10 Jan, 07:18


Дастаи "Равшан" бо ҳимоятгари марказӣ Сиддиқ Камол хайру хуш карданд. Ба Сиддиқ Камол дар фаъолияти минбаъда бурдборӣ таманно дорем!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

10 Jan, 07:04


Ҳамлавари 25-солаи тоҷик Шериддин Бобоев, ки дар гузашта дар дастаҳои Истиқлол, Барқчӣ, Пенанг (Малайзия), Мақтарал (Қазоқстон) Санат-Нафт (Эрон), ва Ҳосилоти Фархор майдондорӣ намудааст ба сафи дастаи Равшан пайваст шуд. Шериддин Бобоев то давраи ҷароҳат бардоштанаш пайваста дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъват мешуд. Муваффақият хоҳонем!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

08 Jan, 13:18


📽"Тӯшае аз Роҳ"
🗓12.01.2025
🕤21:30
📺 Тв Варзиш

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

08 Jan, 12:52


Вобаста аз ҳайати асосӣ ба ҳайати ҷавонон гузаронидани Бахтиёр Зарипов дар нимаи дуюми мавсими 2024 масъалаи бисёр доғе буд, ки дастаи "Равшан" намехост оид ба ин масъала дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё расонаҳои хабарӣ ҳарфе занад. Зеро обрӯи футболбоз, мардонагии ӯ ҳангоми гузариш ба дастаи "Равшан" дар аввали мавсим, барои мо арзиши хеле балнд дошта дар лаҳзаҳои муташаниҷ шудани муносибати ӯ ва ситоди мураббиён мо аз нашр намудани иттилоъ дар бораи ба майдон наомаданаш худдорӣ карда будем. Мо бо Бахтиёр Зарипов ҳатман дар тамос мешавем ва агар воқеан ин иттилоъ ро худӣ ӯ расонаӣ карда бошад ҳолати баамал омадаро пурра дар расонаҳо ифшо мекунем. Дар ҳоли ҳозир бошад мо бояд даққиқ кунем, ки оё худи ӯ ҳамин иттилоъро ба GOAL.TJ додааст ва ё дар арафаи гузариши футболбозон ҳиллаю найрангбозии ба ном шабакаҳои "футболдӯсти Тоҷикистон" маъракаи нави зидди "Равшан"-ро оғоз намудаанд.
Ягона ҷавоби мо дар ҳоли ҳозир ҳамин аст, ки ҳамон гунае, ки футболбоз дар вақти имзои шартнома пеши даста шартҳои худро мегузорад, ҳамин гуна дастаи низ дар ҳолати фаъолияти ғайриварзишӣ ва ё натиҷаи ғайриқаноатбахш аз футболбоз ҳаққи худро талаб мекунад. Албатта, ки бо ҳуҷҷату далел.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

08 Jan, 05:56


Имрӯз яке аз аъзоёни дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, Наврӯзҷон Ҷабборов, ки бо маҳорати хоссааш ҳамчун аксбардор (фотооператор) дар рушди даста саҳм мегузорад, ҷашни зодрӯз дорад. Наврӯзҷонро аз номи роҳбарият, ҳайати даста ва мухлисони сершумори “Равшан”-и Кӯлоб бо рӯзи мавлудаш самимона табрик мегӯем ва барояш саломатӣ, муваффақиятҳои бештар ва рӯзгори пурфайзу бобарор таманно дорем.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

07 Jan, 18:46


Танзими филм бахшида ба ғалабаи таърихи "Равшан" дар ЛЧ Осиё фардо ба анҷом мерасад
Мухлисони Равшан"и Кӯлоб ва умум Мухлисони футбол рӯзи шанбе соати 21:30 филмро аз Варзиш ТВ мунтазир бошед.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

04 Jan, 19:47


РОҲБАРИЯТИ ФФТ ВА ЛФТ МУЛОҚОТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ ВА ЛИГАИ ЯКУМ АНҶОМ ДОД

Имрӯз аввалин мулоқоти кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар бо роҳбарони дастаҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум вобаста ба масъалаҳои мубрами мавсими нави Лигаи футболи Тоҷикистон 2025 баргузор гардид.

Дар он ноибони президенти Федератсияи футболи кишвар Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев иштирок карданд.

Дар рафти мулоқот масъалаи омодагии дастаҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум ба мавсими нав, гузаштани дастаҳо аз марҳилаи литсензиякунонӣ, тағйиру иловаҳо дар талаботҳои молиявӣ нисбати дастаҳо ва бақайдгирии бозигарони хориҷӣ матраҳ гардид.

Қайд гардид, ки равзанаи гузаришҳои зимистона санаи 1-уми январ боз гардида, 5-уми март ду рӯз пеш аз аввалин бозии Лигаи олӣ-2025 баста мешавад. Равзанаи гузаришҳои тобистона бошад аз 1-уми июл то 28-уми июли соли ҷорӣ давом мекунад.

Барномаҳои рақамии CLAS (системаи маъмурии литсензиякунонии бошгоҳҳо) ва FIFA Connect (барномаи қайди гузаришҳо ва бозигарони нави даста) аллакай боз гардида, дастаҳо то муҳлати муқаррар шуда, бояд талаботҳои барномаҳои мазкурро иҷро намоянд.

Роҳбарияти Федератсия аз таҷрибаи мавсимҳои гузашта камбудиҳои дастаҳоро ишора карда, аз масъулини дар муҳлати кутоҳтарин бартараф кардани онҳоро вазифагузорӣ намуданд. Рӯз то рӯз тақозои футболи муосир меафзояд, барои ҳамин дастаҳои Тоҷикистон бояд ҳамқадами замон бошанд, то футболи дар кишвар рушд кунад.

Имсол низ озмуни “Мухлиси беҳтарини сол” роҳандозӣ мегардад. Роҳбарони фан-клубҳои дастаҳо даъват гардида, ба онҳо критерияҳои нави баргузории озмун фаҳмонда шуд. Дар қиёс ба соли гузашта маблағи ҷоизавии озмун афзоиш ёфт – аз 100 000 сомонӣ ба 150 000 сомонӣ.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, роҳбарони ФФТ ва ЛФТ ба суолҳои рӯзмара ҷавоб гардонданд. Инчунин ба дастаҳое, ки мавсими гузашта муваффақона аз марҳилаи литсензиякунонии КФО аз барномаи CLAS гузаштанд, сипосномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим гардид.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

02 Jan, 14:00


Равзанаи гузариши футболбозон аз 1-уми январ кушода шуда,  то 5-уми март

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

31 Dec, 09:41


Соли нави мелодӣ муборак!

Мухлисони азиз!

Даста ва роҳбарияти "Равшан" Кӯлоб Шуморо бо фарорасии Соли нави 2025 самимона табрик мегӯяд! Орзу дорем, ки ин сол барои ҳар яки Шумо пур аз саломатӣ, шодмонӣ ва комёбиҳо бошад.

Итминон дорем, ки бо дастгирии шумо мо метавонем ба ҳадафҳои бузург ноил шавем. Инак, барои соли 2025 нақшаҳои калон дорем ва аз Худованд умеди зиёд дорем, ки бо меҳнати якҷоя ва дастгирии шумо ба унвони чемпионӣ мерасем.

Бо эҳтиром,
Дастаи футболи "Равшан" Кӯлоб

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

30 Dec, 14:29


Кӯмакҳои идонаи роҳбарияти клуби футболи “Равшан” Кӯлоб ба кормандони варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”, кормандони хоҷагидорӣ ва қисмате аз ниёзмандону эҳтиёҷмандон дар арафаи Соли нави мелодӣ расонида шуд. Кӯмаки мазкур аз анвои хурока ва либосҳои замистона иборат мебошад. Соли нави мелодӣ ба кулли ҳамватанон муборак бошад!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

26 Dec, 06:43


🔝 Беҳтарин дарвозабони лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2024 – Евгений Гритсенко  («Равшан»).

***

🔝 Лучший вратарь высшей лиги Таджикистана в сезоне-2024 – Евгений Гриценко («Равшан»).

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

21 Dec, 11:43


МУТАХАССИСИ ВАТАНӢ ЗОИР БОБОЕВ БА ҲАЙСИ ДИРЕКТОРИ ТЕХНИКӢ ДАР ДАСТАИ “РАВШАН”-И КӮЛОБ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД. 
Зоир Бобоев дар гузашта ду маротиба ба ҳайси сармураббӣ солҳои 1998-1999 ва 2002-2003 дар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб фаъолият намуда ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб шудааст. 
Ҳамзамон ӯ дар дастаҳои “Сарҳадчӣ”-и ҳозира ноҳияи Ҳамадонӣ, “Ҳосилот”-и Фархор ва дигар дастаҳои ватанӣ фаъолияти мураббигӣ намудааст. 
Зоир Бобоев ба ҳайси сармураббии дастаи “Ситора”-и шаҳри Душанбе ду маротиба унвони қаҳрамониро дар Чемпионати Тоҷикистон ба даст овардааст. 
Зоир Бобоев ҳамзамон солҳои 1997 то соли 2000 ва аз соли 2003-2004 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси сармураббӣ кору фаъолият намуда ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.
Зоир Нуралиевич ҳамзамон дар аз соли 2008-2009 дар дастаи наврасон ва солҳои 2010-2011 мунтахаби ҷавонони кишварро ба ҳайси сармураббӣ ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё баровардааст.
Соли 2013 то соли 2022 Зоир Бобоев дар дастаҳои водии Краснодари Федератсияи Россия  аз ҷумла дастаи “Кубан” фаъолияти мураббигии худро давом додааст. 
Баъди бозгашт ба Тоҷикистон Зоир Бобоев таи як соли охир дар бо фармони Президенти ФФТ аъзои кумитаи махсуси Федератсия ва таҳлилгари ТВ “Варзиш” фаъолият кардаст.
Зоир Бобоев ба ҳайси директори техникии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб барои мукаммал гардонидани ҳайати асосӣ ва ҷавонони даста кӯмак хоҳад кард.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

20 Dec, 05:18


ДМИТРИЙ ЧЕРИШЕВ БА ҲАЙСИ САРМУРАББИИ ДАСТАИ “РАВШАН” ТАЪИН ШУД.
Имрӯз Президенти Клуби футболи “Равшан” Кӯлоб Зафар Соҳибназар дар меҳмонхонаи “Ритс-Карлтон”-и шаҳри Москав бо мураббии шинохта Дмитрий Черишев гуфтушнид намуда барои фаъолияти якҷоя дар мавсими нави 2025 ба мувофиқа расида шартномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Интизор меравад, ки мутахассиси рустабор Дмитрий Черишев рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон омада машқу тарминҳои дастаҷамъонаро дар шаҳри Душанбе ва яке аз давлатҳои хориҷи кишвар баргузор менамояд.
Ситоди мураббиёни Дмитрий Черишев дар давраи танаффуси футболбозон муайян карда мешавад ва баробари шурӯъ ба машқу тамринҳо дар аввали моҳи январ чанд тан аз футболбозони ботаҷриба бо даъвати ин мутахассис ба даста шомил хоҳад шуд.

ДМИТРИЙ ЧЕРЫШЕВ НАЗНАЧЕН ГЛАВНЫМ ТРЕНЕРОМ КОМАНДЫ «РАВШАН»!
Сегодня Президент футбольного клуба «Равшан»-Куляб Зафар Сахибназар встретился с известным тренером Дмитрием Черышевым в отеле «Ритц-Карлтон» в Москве и подписал соглашение о сотрудничестве для совместной деятельности с нового сезона.
Ожидается, что российский специалист Дмитрий Черышев в ближайшие дни приедет в Таджикистан и проведет командные тренировки в Душанбе и за границе.
Тренерский состав Дмитрия Черышева будет определен во время перерыва футболистов и в начале января начнутся тренировки, к команде по приглашению этого специалиста присоединятся опытные футболисты.

Фаъолияти мураббигии Д. Черишев.
Тренерская карьера Д. Черышева.

2003 Аранхуэс
2006—2010 Реал Мадрид Дастаи кӯдакона
2010—2011   Сибир Директори варзишӣ
2011—2012   Волга (НН)
2013—2014   Зенит-м
2014—2015   Иртиш (Павлодар)
2015—2016   Севиля мураббӣ
2016 Мордовия
2018—2019 Нижний Новгород
2022—2023   Санта-Колома
2024 Шинник

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

18 Dec, 20:04


Зодрӯз муборак, муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Роҳбарияти бошгоҳи футболи Равшан"и Кӯлоб ситоди мураббиён ва футболбозон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон  муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати зодрӯзашон табрик менамоянд!

Ба Шумо  дар ин рӯзи фараҳ саломатии бардавом, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ  ва дар рушду пешрафти футболи кишвар муваффақиятҳои навро таманно дорем!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

18 Dec, 20:03


Менеджери бошгоҳи футболи "Равшани Кӯлоб" Меҳровари Кишвар ҷашни зодрузӣ дорад!
Футболбозон, ситоди мураббиён ва кормандони даста ба он кас аз самими қалб саломатӣ умри дароз, ва дар корҳояшон барору муввафаққият орзу мекунанд!
Зодруз Муборак Меҳроварҷон!!!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

17 Dec, 12:37


Анҷумани ҳаводорони "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб таҳти унвони "Шерони Кӯлоб"  дар озмуни "Беҳтарин мухлиси сол-2024" мақоми ифтихории дуюмро соҳиб шуда маблағи 25-ҳазор сомонӣ ба даст оварданд. Мухлисони мо маблағи мазкурро чи гуна сарф карда истодаанд, ҳисоботи бачаҳо аз харҷи як қисмати маблағибадаст омада.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

16 Dec, 11:07


🎖️Маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 рӯзи 26-уми декабр баргузор мегардад.

Дар он исми беҳтарин бозигари сол ва ғолибони дигар номинатсияҳо эълон мешаванд.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

14 Dec, 08:29


Channel photo updated

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

14 Dec, 08:05


РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ДИГАРБОРА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муҳлати чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Имрӯз, 14 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.

Рустам Эмомалӣ бори чаҳорум – то соли 2028 ба мансаби раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Хуршед Мирзо ноиби якуми президенти ФФТ интихоб гардид. Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов ноибони президенти Федератсияи футболи кишвар интихоб шуданд.

Илова бар ин, дар Конгресс ҳайати нави кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ФФТ ба ҷуз аз президент ва чаҳор муовини ӯ инчунин Шоҳрух Саидзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид, Аҳтам Абдуллозода, Дилшод Ҷӯразода, Фарҳод Расулзода, Нурҷахон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Ҳусейн Халилзода ва Фарҳод Мирзоев шомил гардиданд.

Дар Конгресси ФФТ ҳамчунин гузориш дар бораи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2023, буҷаи созмон барои соли 2025, гузориши аудитори мустақил дар бораи фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи кишвар дар соли 2023 ба тасвиб расид ва инчунин аудитори мустақили фаъолияти молиявию иқтисодии ФФТ барои солҳои 2025-2026 таъйин карда шуд.

Дар кори Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё ширкат карданд.

⚽️ ⚽️ ⚽️

РУСТАМ ЭМОМАЛИ ПЕРЕИЗБРАН ПРЕЗИДЕНТОМ ФЕДЕРАЦИИ ФУТБОЛА ТАДЖИКИСТАНА

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали переизбран президентом Федерации футбола Таджикистана на новый четырехлетний срок.

Отчетно-выборный Конгресс Федерации футбола Таджикистана прошел сегодня, 14 декабря, в гостинице «Хаятт Ридженси Душанбе».

Рустам Эмомали был переизбран на пост главы Федерации футбола Таджикистана на четвертый срок – до 2028 года.

Первым вице-президентом ФФТ избран Хуршед Мирзо. Другими вице-президентами Федерации футбола страны были избраны Алишер Урунов, Сайвали Дониёрзода и Искандар Джалилов.

Кроме того, на Конгрессе был выбран новый состав Исполнительного комитета Федерации футбола Таджикистана. В состав Исполкома ФФТ, помимо президента и четырех его заместителей, вошли Шохрух Саидзода, Зулфикор Гулахмадзода, Раджаббой Ахмадзода, Давлатали Саид, Ахтам Абдуллозода, Дилшод Джуразода, Фарход Расулзода, Нурджахон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхоликзода, Хусейн Халилзода и Фарход Мирзоев.

На Конгрессе ФФТ также был утвержден отчет о финансовой деятельности Федерации футбола Таджикистана за 2023 год, бюджет организации на 2025 год, отчет независимого аудитора о финансово-хозяйственной деятельности Федерации футбола страны за 2023 год, а также назначен независимый аудитор финансово-хозяйственной деятельности ФФТ на 2025-2026 годы.

В работе Конгресса Федерации футбола Таджикистана в Душанбе приняли участие представители Международной федерации футбольных Ассоциаций (ФИФА) и Азиатской футбольной Конфедерации

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

11 Dec, 16:15


🥉 «РАВШАН» - БАРАНДАИ НИШОНҲОИ БИРИНҶИИ ЛИГАИ ОЛӢ-2024!

Даста бори чорум дар таърихи худ зинаи сеюмро дар Чемпионати Тоҷикистон ишғол намуд.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

11 Dec, 15:47


Суратгузориш аз рафти бози Истиқлол ва Равшан

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

05 Dec, 13:23


Суратгузориш аз рафти бози Ал-Вакра ва Равшан дар Лигаи Чемпионҳои 2 |

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

05 Dec, 13:12


Суратгузориш аз рафти бози Ал-Вакра ва Равшан дар Лигаи Чемпионҳои 2 |

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

05 Dec, 05:06


Бозиҳои мавқуфмондаи дастаи Равшан

08.12.2024
Соати 14-00
Равшан 🆚 Регар-Тадаз
Варзишгоҳи "KULOB-ARENA"

11.12.2024
Соати 14-00
Истиқлол 🆚 Равшан
Варзишгоҳи марказӣ ҷумҳуриявӣ

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

04 Dec, 22:08


Ғалаба муборак бошад

Лигаи Чемпионҳои 2 |

«Ал-Вақраҳ» 0:2 «Равшан»

Қатар варзишгоҳи Ал-Вақра.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

04 Dec, 21:26


Сипос ба МУХЛИСОН🤝 ❤️🫡

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

04 Dec, 19:12


Голи ⚽️ Амирҷон Сафаров дар Лигаи Чемпионҳои 2 дар дақиқаи 81 'ба дарвозаи Ал-Вақраи Қатар

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

21 Nov, 07:51


📽️Голи Холмурод Назаров ба дарвозаи дастаи Хуҷанд дар Чемпионати Тоҷикистон 2024

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

21 Nov, 07:50


📽️Голи Амирҷон Сафаров ба дарвозаи дастаи Хуҷанд аз зарбаи 11-метра дар Чемпионати Тоҷикистон 2024

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

21 Nov, 07:46


📽️Голи Муҳаммадҷон Раҳимов ба дарвозаи дастаи Хуҷанд дар Чемпионати Тоҷикистон 2024

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

21 Nov, 05:42


Вазъи ҷадвали 1XBet - Чемпионати Тоҷикистон-2024

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

20 Nov, 11:31


БОЗӢ БА АНҶОМ РАСИД!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

20 Nov, 07:07


https://www.youtube.com/live/uiezrtpGw9c?si=6G_QzTRuGjhTNtNy

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

20 Nov, 03:14


#𝐌𝐀𝐓𝐂𝐇𝐃𝐀𝐘 🔥
🏆 Чемпионати Тоҷикистон | Даври 19
⚽️ «Равшан» 🆚 «Хуҷанд»
🏟️ Кӯлоб / Варзишгоҳи «KULOB ARENA»
📆 20.11.2024
14:30
📺 ТВ «Варзиш»
🛑 Мустақим

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

19 Nov, 16:31


ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!!!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

19 Nov, 06:17


ЗОДРӮЗИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН САЙВАЛӢ ДОНИЁРЗОДА МУБОРАК БОШАД!  

Клуби футболи “Равшан”-и Кӯлоб Сайвалӣ Дониёрзодаро бо ҷашни фархундаи мавлудашон самимона табрику шодбош намуда, ба эшон умри дарози пурбаракот, муваффақияту комёбӣ дар фаъолияти корӣ, ва саломативу сарбаландӣ таманно менамояд. 
Зодрӯз муборак бошад!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

15 Nov, 20:47


Бо камоли эҳтиром дастаи “Равшан”-и Кӯлоб яке аз шахсони пурмасъул, сардори дафтари матбуотии Федератсия Футболи Тоҷикистон Фаридун Солиевро бо ҷашни мавлудашон табрику шодбош мегуяд.
Ба Фаридун Солиев дар рӯзи зодрӯзашон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда дар кору фаъолият ва зиндагии шахсияш бурдбориву муваффақиятро орзу дорем!
КФ "Равшан".

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

15 Nov, 19:25


🗓 16-УМИ НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ🇹🇯

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

15 Nov, 18:53


Сипос ба МУХЛИСОН
Истаравшан 1:3 Равшан

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

15 Nov, 11:28


БОЗӢ БА АНҶОМ РАСИД!
Истаравшан 1:3 Равшан

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

15 Nov, 04:12


#𝐌𝐀𝐓𝐂𝐇𝐃𝐀𝐘 🔥
🏆 Чемпионати Тоҷикистон | Даври 16
⚽️ «Истаравшан»🆚«Равшан»
🏟️ Истаравшан / Варзишгоҳи "Истаравшан Арена"
📆 15.11.2024
14:30

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

13 Nov, 17:07


ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!!!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

11 Nov, 18:44


Суратгузориш аз рафти пешвозгирии футболбозони дастаи "Помир"Бадахшон" аз тарафи мудирони Бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру минтақаи Кӯлоб дар якҷоягӣ бо муовини раиси шаҳр ва роҳбарияти дастаи "Равшан"-и Кӯлоб!
Масъулин меҳмононро ботантана ва дар сатҳи олӣ бо туҳфаю иномҳо самимона пешвоз гирифтанд!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

11 Nov, 11:17


Бозиҳои мавқуфмондаи дастаи Равшан

15.11.2024
Соати 14-30
Истаравшан-Равшан
Варзишгоҳи "Истаравшан-Арена"

20.11.2024
Соати 14-30
Равшан-Хуҷанд
Варзишгоҳи "КӮЛОБ-АРЕНА
"

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

11 Nov, 10:44


СИПОС БА МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН!!!

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БА АЁДАТИ НИМҲИМОЯТГАРИ «РАВШАН» ҶАМШЕД МАҚСУМОВ РАФТ
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш»-и шаҳри Душанбе барои аёдати нимҳимоятгари «Равшан»-и Кӯлоб Ҷамшед Мақсумов рафт, ки чанд рӯз пеш ба садамаи вазнини нақлиётӣ дучор шуда буд.
Бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллии Тоҷикистон ба Ҷамшед шифои оҷилу комил таманно намуданд.
Нимҳимоятгари «Равшан» дар навбати худ ба ҳамаи аъзои тими миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба даста дар бозиҳои дӯстонаи дар пешистода бо тимҳои миллии Непал (13 ноябр) ва Афғонистон (19 ноябр) муваффақият орзу кард.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

06 Nov, 17:58


БОЗӢ БА АНҶОМ РАСИД!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

06 Nov, 14:56


Дастаи Равшан ба варзишгоҳ ҳозир шуд!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

06 Nov, 09:13


🇹🇯 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Дар ин рӯзи таърихӣ ба кишварамон сулҳу оромӣ, шукуфоӣ ва озодиро таманно дорем!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

06 Nov, 05:18


ИМРӮЗ «РАВШАН» ДАР ДОИРАИ ДАВРИ ЧОРУМИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ КФО-2 БО «ТРАКТОР » БОЗӢ МЕКУНАД!

Имрӯз, 6 ноябр дар Варзишгоҳи Тани Бин Ҷассим, Ал-Раён бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 дар чаҳоргонаи «А» баргузор мешавад, ки дар он бошгоҳҳои «Трактор» (Эрон) ва «Равшан» (Тоҷикистон) Соати 21:00 бо ҳам вомехӯранд.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

05 Nov, 11:35


НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПЕШ АЗ БОЗИИ «ТРАКТОР»🇮🇷 ВА «РАВШАН»🇹🇯 БАРГУЗОР ГАРДИД!

Имрӯз, 5 ноябр, нишасти матбуотии қабл аз дидори дастаҳои “Трактор”🇮🇷 ва “Равшан”🇹🇯 бо иштироки намояндагони дастаҳо ва доираи васеи хабарнигорон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ аз дастаи “Равшан” - сармураббӣ Масъуд Назарзода, нимҳимоятгар Масрур Қиёмиддинов ва менеҷери даста Меҳровар Кишваров иштирок карданд. Дар ҳамин зимн намояндагони дастаи “Равшан”🇹🇯 ба суолҳои хабарнигорон посух дода, интизориашонро пеш аз бозӣ бо "Трактор"🇮🇷 баён доштанд.

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

25 Oct, 03:27


🏆Чемпионати Тоҷикистон -2024
⚽️Лигаи олӣ / Даври 20
🔴Ҳосилот - Равшан🔵
📆27-уми октябр (Якшанбе)
⏰️Оғоз соати 15:00
🏟Фархор / Варзишгоҳи марказӣ

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

24 Oct, 04:39


Голи ДЕВИД МАВУТОР ба дарвозаи «ТРАКТОР»-И ЭРОН дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 2

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

23 Oct, 16:37


ДАР ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ- 2024/25 БО ДАСТАИ «ТРАКТОР» БОЗИРО БОХТЕМ!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

23 Oct, 14:52


ҚИСМИ АВВАЛ БА ПОЁН РАСИД!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

23 Oct, 14:11


Тамрин пеш аз бозӣ ба анҷом расид!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

23 Oct, 13:35


https://ok.ru/live/7662505565860

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

23 Oct, 13:21


ҲАЙАТИ «РАВШАН»-И ТОҶИКИСТОН🇹🇯 ДАР БОЗИИ ДАВРИ СЕЮМИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ МУҚОБИЛИ ДАСТАИ «ТРАКТОР»-И ЭРОН🇮🇷!

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

23 Oct, 13:05


Дастаи Равшан ба варзишгоҳ ҳозир шуд!