Ширкати Wildberries тасдиқ кардааст, ки ният дорад дар соли 2025 фаъолияти худро дар бозори Тоҷикистон оғоз кунад. Дар ин бора намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Кореньков дар суҳбат бо plusworld.ru хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ширкат нақша дорад ширкати нуқтаҳои гирифтани фармоишҳоро боз кунад ва дар оянда маркази логистикиро низ бунёд намояд.
“Тоҷикистон дорои иқтидори назаррас барои рушди савдои электронӣ мебошад, ки ин имкониятҳои навро барои соҳибкорони маҳаллӣ фароҳам меорад ва гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистонро тақвият мебахшад”,-зикр кардааст Кореньков.
Инчунин, Wildberries ният дорад ширкатҳои содиротии Тоҷикистонро дастгирӣ ва ба рушди савдои электронии кишвар мусоидат кунад.